Cозмонҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ

Созмонҳои тиҷоратӣ – номи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва ширкатҳо ва дигар ташкилотҳо, ки ба соҳибкорӣ, бизнес машғуланд ва мақсадашон даромад гирифтан аст. Созмонҳои тиҷоратӣ ашхоси ҳуқуқӣ мебошанд.

Мақсади асосии фаъолият кардани корхонаҳои тиҷоратӣ фоида ба даст овардан мебошад; онҳо чун ширкатҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, чун корхонаҳои давлатӣ ва мунитсипалии воҳид, чун кооперативҳои истеҳсолӣ амал менамоянд. Ин навъ созмонҳои тиҷоратӣ корхона ном доранд. Ҳамаи онҳо, ба истиснои корхонаҳои воҳид дар моликияти худ молу дороии махсус доранд ва аз ҷиҳати ўҳдадориҳову масъулият мустақиланд, бе муассисон амал менамоянд. Дар ҳолати кам будани воситаҳои хусусӣ (дороӣ, молу амвол) принсипи субсидияҳо ва ё масъулияти ба муассис вогузоршуда ба кор бурда мешавад.

Принсипҳои созмонҳои тиҷоратӣ инҳоянд:

  1. мустақилият дар хоҷагидорӣ;
  2. манфиати моддӣ;
  3. худмаблағгузорӣ;
  4. таъмин будан бо захираҳои молиявӣ;
  5. ҷавобгарии моддӣ;

Созмонҳои ғайритиҷоратӣ – ташкилотҳое, ки мақсадашон ба даст овардани фоида нест. Ба гурўҳи созмонҳои ғайритиҷоратӣ ташкилотҳои динӣ, ташкилотҳои хайрия, фондҳои дастгирӣ ва ёрирасон илм, маданият, маориф, тандурустӣ варзиш ва ғайра, ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳо, муассисаҳо дохил мешаванд. Созмонҳои ғайритиҷоратӣ танҳо дар ҳудуди зарурӣ барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд.

Созмонҳои ғайритиҷоратӣ дар шакли маблағгузорӣ аз ҷониби соҳиби моликияти хусусӣ ба муассисаҳои соҳаи ғайриистеҳсолӣ дахлдошта (муассисаҳои давлатӣ ва мунитсипалӣ), кооперативҳои матлубот, созмонҳои ҷамъиятӣ ва динӣ (иттиҳодияҳо), фондҳои хайрия (созмонҳои ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ) фаъолият менамоянд.

Муассисаҳои давлатӣ ва мунитсипалӣ дар тарзи идораи худ моликияти махсус доранд ва танҳо барои маблағи пули дар ихтиёр доштаашон масъул мебошанд.

Ҳангоми кофӣ набудани ин маблағҳо ба мисли корхонаҳои воҳид принсипи масъулияти иловагии  масъулият амал менамояд, ки бар дўши муассиси корхона мебошад. Ҳар як созмон хароҷотнома  дорад, ки аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.

Созмонҳои ғайритиҷоратиро одатан созмон ё ташкилот меноманд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.