АФЗОИШИ (МУЛТИПЛИКАТСИЯИ) ПУЛ

Афзоиши пул дар бонк – омили зиёд шудани пул дар суратҳисоби бонкҳои тиҷоратӣ дар замонест, ки  онҳо  аз

як бонки тиҷоратӣ ба дигараш ҳаракат мекунанд. Ҷараёни афзоиш (мултипликатсия) бояд қатънашаванда бошад.

Таносуби (коэффитсиенти) афзоишро дар шакли таносуби миқдори пули ҷамъшуда дар суратҳисоб ба миқдори маблағи аввалия (гузошташуда) ҳисоб мекунанд.

Миқдори пул – маҷмўи маблағҳои ғункардашуда, воситаҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ барои харид ва пардохт, ки гардиши бомувафаққияти молҳо ва хизматрасониро дар хоҷагии халқ таъмин менамоянд. Соҳиби ин қабил маблағҳову воситаҳо шахсони алоҳида, созмонҳо ва давлат мебошанд.

Коэффитсиенти афзоиш нисбат ба меъёри захираҳои асосӣ дар таносуби чаппа қарор дорад.

Ҳисоби коэффитсиенти афзоиш ба давраи баробари 1 сол дар назар дошта мешавад. Коэффитсиенти афзоиш дараҷаи зиёд шудани миқдори пули дар гардиш бударо дар муддати 1 сол нишон медиҳад.

Миқдори пул агрегатҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Агрегати М1 пулҳоро ба маънои танг дар бар мегирад. Ин гуна пулро «пул барои муомилот» меноманд ва аз ин қабил гурўҳҳо иборатанд:

а) пулҳои нақд, ки берун аз бонк гардиш мекунанд;

б) пулҳои мавҷуд дар суратҳисоб (суратҳисоби то дархост) дар бонкҳо, амонатҳои ба шаклҳои гуногуни чекӣ – чекҳои сафарӣ, чекҳои кредитӣ ва ғ. Агрегати М1 барои амалиёт оид ба татбиқи маҳсулоти умумии дохилӣ, тақсими даромади миллӣ, ҷамъоварӣ ва истеъмол хизмат мекунад.

2) Агрегати М2 пулҳоро дар бар мегирад. Ин пулҳо ҳамаи ҷузъҳои М1+ депозитҳои мўҳлатноки дар бонкҳои тиҷоратӣ гузошташударо дар бар мегиранд.

3) Агрегати М3 ҷузъҳои М2+ депозитҳои калони мўҳлатноки дар муассисаҳои махсус қарздиҳанда нигоҳдошташаванда, ҳар гуна коғазҳои арзишдори дар бозори пул гардишкунанда, аз он ҷумла векселҳои тиҷоратиеро, ки корхонаҳо менависанд, дар бар мегирад. Инчунин ба ин ҷо як қисми маблағҳое дохил мешаванд, ки ба шакли коғазҳои арзишноканд, вале берун аз низоми бонкӣ пайдо мешаванд, аммо дар зери назорати он мебошанд.

4) Агрегати М4 ҷузъҳои М3 + шаклҳои гуногуни депозитҳоеро дар бар мегирад, ки дар муассисаҳои калони қарздиҳанда мавҷуданд.

Дар Тоҷикистон чунин агрегатҳои пул мавҷуданд:

  1. Агрегати МГ. Ҳамаи пулҳои дар муомилот мавҷуда, яъне пулҳои коғазӣ ва филиззиро дар бар мегирад.
  2. Агрегати М1. МГ + маблағҳои мавҷуда дар суратҳисобҳои ҷорӣ ва махсуси корхонаҳо ва аҳолӣ + депозитҳои то дархости аҳолиро, ки дар бонкҳо мавҷуданд, дар бар мегирад.
  3. Агрегати М2. М1+ депозитҳои мўҳлатноки аҳолиро дар бонкҳо дар бар мегирад.
  4. Агрегати М3. М2+ сертификатҳои депозитӣ ва амонатӣ + вомбаргҳоро дар бар мегирад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.