Иқтисодиёти миллӣ

Иқтисодиёти миллӣ – маҷмўи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад.

Асоси иқтисодиёти миллиро такрористеҳсоли ҷамъиятӣ ташкил менамояд.

Ҳисобу китоби миллӣ – як навъ тавозунест иборат аз системаи ба ҳам алоқаманди натиҷаҳои нишондиҳандаи истеҳсолот, тақсимот, азнавтақсимкунии маҳсулот ва даромади миллӣ.

Ба ин натиҷаҳо мансубанд:

  1. маҳсулоти холиси умумимиллӣ – арзиши бозории маҷмўи ҳамаи неъматҳои ниҳоие, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби корхонаҳои миллӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он истеҳсол карда шудаанд;
  2. маҳсулоти умумии дохилӣ – арзиши бозории маҷмўии ҳамаи неъматҳои ниҳоӣ, ки дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар новобаста аз мансубияти миллии корхонаҳои вуҷуддошта дар марзу ҳудуди давлат истеҳсол карда шудаанд;
  3. маҳсулоти софи (холиси) миллӣ – арзиши маҷмўии маҳсулоти ниҳоӣ ва хизматрасонӣ пас аз ивази таҷҳизоти соқит кардашуда; маҳсулоти холиси умумии миллии тақсимкардашуда ба маблағҳои хароҷоти хўрдашавии таҷҳизот.
  4. даромади миллӣ–маҷмўи андозаи даромадҳои ҳамаи таъминкунандагони захираҳои истеҳсолот, ки бо ёрии онҳо маҳсулоти софи (холиси) миллӣ офарида мешавад;
  5. даромади шахсӣ – маблағҳои пуле, ки барои истеъмоли шахсии аҳолӣ таъин гардидаанд. Ҳангоми ҳисобу китоби даромади шахсӣ дар таносуби даромади миллӣ маблағҳои пардохтҳои трансфертиро ба аҳолӣ ҷамъ менамоянд ва дар айни замон аз он маблағҳои зеринро тарҳ мекунанд:

а) маблағи андозро аз даромади корпоратсияҳо;

б) ҳаҷми даромади тақсимнашудаи корпоратсияҳо;

в) маблағи пардохтҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ;

6) даромади дар ихтиёр дошта – маблағи он қисми даромади аҳолӣ, ки онро ба салоҳдиди худ харҷ мекунад; ин маблағест ба маҷмўи ҳамаи андозҳо тақсим карда шудааст ва аҳолӣ онро ба буҷети сатҳҳои гуногун пардохт менамояд;

7) дорои миллӣ – маҷмўи арзишҳои моддӣ, ки ба тавассути меҳнати ҷамъиятӣ офарида ва дар марзу ҳудуди кишвар андўхта шудаанд.

Ба таркиби дорои миллӣ дохил мешаванд:

а) захираҳои асосии истеҳсолӣ;

б) захираҳои асосии ғайриистеҳсолӣ;

в) воситаҳои моддии гардишӣ дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ;

г) захираҳо ва андўхтаҳо дар соҳаи истеҳсол ва хидматрасонӣ;

д) захираҳои давлатии воситаҳои истеҳсолот ва ашёи истеъмолӣ;

е) ашёи истифодаашон дарозмуддат, ки дар ихтиёри аҳолӣ қарор доранд;

ж) амволи арзишманди фарҳангӣ, ки дороии ҷамъият мебошанд;

з) дороии арзишманди ғайримоддӣ.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.