НАЗАРИЯИ «МАВҶҲОИ ТЎЛОНӢ»-И КОНДРАТЕВ

Саҳми олими рус Н.Д.Кондратев дар таҳияи назарияи давраӣ калон аст. Вай рушду пешрафти Франсия, ИМА ва Англияро дар тўли 100–150 сол таҳқиқ кардааст. Дар натиҷаи таҳқиқ ва хулосабарорӣ аз рўи маводи охири асри XVIII Н.Д. Кондратев давраҳои  калони зеринро нишон дод:

Давраи I: аз соли 1787 то соли 1814 – мавҷи болоравӣ, аз 1814 то 1851 – мавҷи пастравӣ;

Давраи II: аз соли 1844 то 1875 – мавҷи болоравӣ, аз соли 1870 то соли 1895 мавҷи пастравӣ;

Давраи III: аз соли 1898 то соли 1920 – мавҷи болоравӣ;

Оғози пешрафти бештарро Н.Д. Кондратев бо татбиқи усулу технологияи нав дар истеҳсолот, бо ҷалби кишварҳои нав ба хоҷагидории ҷаҳонӣ, тағйирот дар ҷустуҷў ва дарёфти ҳаҷман зиёдтари тилло марбут медонист. Дар ин давра бекорӣ кам шуд, музди меҳнат ва маҳсулнокии меҳнат афзоиш ёфт. Ин ҷараён ба ҳаёти иқтисодӣ ва дигаргуншавии зиндагии мардум таъсир мерасонид.

Дар давраи аввал ба пешрафти иқтисодиёт ҷангҳои маҳаллӣ таҳарруки иловагӣ дода метавонанд. Ба мурури пешрафти давраӣ ҷангҳо хусусияти харобиоварӣ гирифта метавонанд. Аксар таконҳои иҷтимоӣ дар охири пешрафтҳои калон, инчунин дар нуқтаи поёнии давра рўй медиҳанд.

Тайиди ба нуқтаи баланди давра расидани иқтисодиёт дар заминаи афзоиши камёфтии баъзе молҳо, ба миён омадани пешрафт дар низоми тақсими даромадҳо, зиёд шудани хароҷоти истеҳсолот, коҳиш ёфтани даромадҳои ва ғ. мебошад.

Пас аз ҳар як пешрафти калон давраи нисбатан кўтоҳе пеш меояд; дар ин давра иқтисодиёт гўё, ки ба пастравии оянда омода мешавад. Дар айни замон, зоҳиран, шукуфоӣ боқӣ мемонад (мардум чун пештара умеду орзуҳо дорад, беибо қарз мегиранд) вале мушкилот бештар ҷамъ мешаванд. Зиддиятҳои ҷамъшуда рўи об мебароянд; фаровон гардидани нерўҳои истеҳсолот ба назар мерасанд; корхонаҳои зиёде барҳам мехўранд, сатҳи бекорӣ баланд мешавад, нархҳо поён мефароянд. Н.Д.Кондратев махсусан ба вазъи хеле бад дучор гардидани хоҷагии қишлоқро (яке аз нишонаҳои асосии пастрави тўлонӣ) таъкид кардааст.

Болоравии давраи нахустини калонро Н,Д.Кондратев марбут ба инқилоби саноат дар Англия, дуюмро бо пешрафти роҳи оҳан, сеюмро бо ихтирои қувваи барқ, телефон ва радио, чорумро бо ихтирои автомобил марбут медонист. Давраи панҷумро донишмандони муосир ба пешрафти электроника, муҳандисии геннӣ ва микропротсессорҳо вобаста медонанд.

Хидмати бениҳоят азими илмии Н.Д. Кондратев дар он аст, ки вай кўшид низоми назариявии иҷтимоӣ-иқтисодиеро таҳия бикунад, ки худаш қудрати танзим кардани навасоноти тўлониро дошта бошад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.