Сохтори ниҳодии иқтисоди миллӣ.

 

«Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли қонунбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад»

Э.Ш. Раҳмонов

Мафҳуми «ниҳод» («институт») маънои васеъ дорад. Дар ин ҷо сухан дар бораи ниҳодҳои иҷтимоӣ меравад, ки бе ташаккул ва таҳқиқи онҳо дар шароити кунунӣ пешрафти иқтисодиётро таъмин кардан амри маҳол мешавад. Ниҳод чист, аз ҷумла ниҳоди иқтисодиву иҷтимоӣ чист?

Мафҳуми ниҳоди иқтисодӣ дар назарияи иқтисод аз ҷониби муҳаққиқони самти институтсионалию сотсиологӣ, ки яке аз асосгузорони он Торстейн Веблен, шогирди ӯ, мутахассиси соҳаи даврҳои (сиклҳои) саноатӣ У. Митчелл, назариячӣ, ходими сиёсӣ Ҷ. Гэлбрейт, иқтисодшинос ва таҳиягари муаммоҳои глобалӣ Я. Тинберген ва дигарҳо таҳқиқ шудааст. Намояндагони институтсионализмро бештар ду муаммо – ҳокимияти иқтисодӣ ва назоратбарӣ аз рӯйи иқтисодиёт ба худ ҷалб намудааст. Назарияи ниҳодгузориро онҳо маҳз ба ҳамин хотир истифода мекунанд.

Дар адабиёт маънои якзайлу дақиқи ниҳод пешкаш карда нашудааст. Бо ақидаи як қисми олимон ниҳод механизме мебошад, ки рафтори ҷомеаро тавассути қонун муқаррар менамояд. Бо ақидае ниҳод «маҷмӯи қоидаҳои бозӣ дар ҷомеа» буда, маҳдудиятҳоро дар муносибатҳои одамон муайян менамояд. Ниҳод чун меъёру қоидаҳо, механизмҳое, ки доиршавии ҳуқуқро таъмин мекунанд. Ташкилот (созмонҳо)-ро низ чун институт муаррифӣ мекунанд – ташкилотҳоеро, ки ин меъёрҳоро ба хотири ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ ҷорӣ менамоянд.

Баъзеҳо ниҳодро, бахусус, ниҳоди иҷтимоиро ҳамчун расму русми васеъ паҳншуда мефаҳманд, дигарҳо бошанд онро чун табақаи одамон, гурӯҳи иҷтимоии мавқеи мустақил, меъёрҳо ё нақши иҷтимоии алоҳидаи худро дошта маънидод менамоянд. Ниҳодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба ақидаи олимони дигар – ин субъектҳои хоҷагидорӣ, муносибату алоқаҳо, инчунин меъёрҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоие мебошанд, ки дар ҷомеа дар муддати тӯлонӣ ба таври устувор ҷой гирифтаанд. Аз ин хулосаҳо маълум мешавад, ки мафҳуми ниҳодҳои иқтисоди миллӣ ба мафҳуми сохт ё ташкили иктисод наздик буда, аммо як маъноро надорад. Сохти иқтисод маҷмӯи қисмҳо ва робитаҳои дохилии низоми иқтисодро дар худ таҷассум мекунад, институт бошад як узви сохтори иқтисоди миллӣ буда, барои иқтисод ҳамчун муҳит, омили беруна (ғайридохилӣ) хизмат мекунад, бо фаъолияти меъёргузории худ низоми болоӣ мебошад. Ҳамин тариқ, ниҳод – ин маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии сохти ҷамъиятӣ, ки дар қонунҳо таҷассум ёфтаанд, созмонҳо (ташкилотҳо), идораҳо, маҷмӯи қоидаҳо ва механизмҳои вобастаи ҷорикунии онҳо мебошад.

Ниҳодҳои иҷтимоӣ на танҳо аз ҷониби давлат, балки аз ҷониби шахсони алоҳида, сиёсатмадорон, соҳибкорон ва дигар ашхоси узви ҷомеа созмон дода мешаванд. Қонунгузорӣ дар бораи корхонаҳо, муфлисшавӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҷамъоварии андоз ва дигар мақомоти батанзимдарорӣ ниҳодҳои давлатӣ мебошанд. Дар қатори ин, ниҳодҳои ҷузъие ҷой доранд, ки онҳо дар зери назорати ниҳодҳои ҷамъиятӣ фаъолият мебаранд.

Дар шароити ҳозира барои таҳлили инкишофи иқтисоди миллӣ таҳқиқи сохтори институтсионалӣ аҳамияти муҳим пайдо намудааст, зеро ҳамбастагии ин ниҳодҳо ва фарди ҷомеа маҳз дар чорчӯбаи маҷмӯи институтсионалӣ сурат мегирад. Масалан, сохтори институтсионалии бозори меҳнат ниҳодҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо чун инфраструктураи ниҳодӣ институтҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ҳамбастагии созишномаҳоро дар ҷараёни хариду фурӯши хизматрасониҳои меҳнатӣ таъмин мекунанд.

Институтҳое, ки ба инфраструктураи бозори муосир тааллуқ дошта, барои инкишофи тавсифи мутамаддиндоштаи фаъолияти субъектҳои бозорӣ мусоидат мекунанд, инҳо мебошанд:

– биржаҳои молӣ, ашёвӣ, фондӣ, арзӣ ва миёнаравҳои онҳо, ки ба таври ташкилӣ созмон ёфта, расман ба қайд гирифта шудаанд;

– музоядаҳо, ярмаркаҳо ва шаклҳои дигари миёнаравҳои ғайрибиржавӣ;

– низоми қарздиҳӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ;

– низоми эмиссионӣ ва бонкҳои эмиссионӣ (интишори пул ва коғазҳои қиматнок);

– низоми танзими шуғл ва марказҳои давлатию ғайридавлатии мусоидаткунӣ ба шуғли аҳолӣ (биржаҳои меҳнат);

– технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои иртиботи кориву тиҷоратӣ;

– низоми андоз ва нозироти андоз;

– низоми суғуртаи тиҷоратию хоҷагӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ;

– агентиҳои махсуси рекламавӣ;

– марказҳои иттилооотӣ[1]);

– палатаҳои савдо, иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ, ихтиёрӣ ва давлатии доираи тиҷорату соҳибкорӣ;

– низоми гумрукӣ;

– иттифоқҳои касабаи коргароне, ки бо усули кироя фаъолият менамоянд;

– намоишгоҳҳои тиҷоратӣ;

– ширкатҳои аудиторӣ;

– ширкатҳои машваратгузорӣ (консалтингӣ), ки ба соҳибкорон бо дархости онҳо дар соҳаи назария ва амалияи бозору бизнес маслиҳатҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ медиҳанд;

– бунёдҳои ҷамъиятӣ ва давлатие, ки барои фаъолгардонии соҳибкорӣ мутасаддӣ мебошанд;

– минтақаҳои махсуси соҳибкории озод.

 

Инфраструктураи институтсионалии бозор фаъолияти ниҳодҳои бозори меҳнат ва дигар бозорҳоро таъмин менамоянд. Онҳо метавонанд расмӣ ё ғайрирасмӣ, мураккаб ё оддӣ бошанд, аммо дар ҳама ҳолатҳо инкишофёбии сохтори ниҳодӣ самаранокии кори худи ниҳодҳоро ба монанди биржаҳои меҳнат, хоҷагии хонавода, фирмаҳо ва ғайраро муайян мекунанд.

Дар ин ҷо инчунин қайд намудан бамаврид аст, ки ниҳодҳои иқтисодӣ дар натиҷаи худфаъолияти тӯлонии одамон, аз моҳияти худи муносибатҳои бозорӣ ба вуҷуд омада, хислати худруйи табиӣ доранд ва бинобар ин тағйирдиҳии сунъии онҳо ба натиҷаҳои дилхоҳ намеорад.

Моҳияти ниҳодҳои иҷтимоиву иқтисодиро танҳо бо вазифаву амалҳои онҳо пурра тасаввур кардан мумкин аст, ки аз инҳо иборатанд:

1. Вазифаи ҳамоҳанг намудани фаъолияти субъектҳои иқтисоди миллӣ бо усули ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодии байни онҳо. Ниҳодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин ҷо нақши ҳамоҳангсозро иҷро намуда, амалу ҳаракатҳои субъектҳои истеҳсолоти ҷамъиятиро бо ҳам мутобиқ месозанд ва бо ҳамин роҳ хароҷотҳои муомилотии (трансаксии) онҳоро камхарҷтар мекунанд.

2. Вазифаи иттилоотгузорӣ дар он ифода меёбад, ки ниҳодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ахбори заруриро ҷамъ, захира, ҷамбаст, интиқол ва пахш менамоянд. Иҷрои ин вазифа дар шароити кунунӣ ба аҳамияти хоса соҳиб шуда истодааст.

3. Вазифаи танзимгузорӣ ё батанзимдарорӣ дар он ифода меёбад, ки ниҳодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо усулҳои хоси худ фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро ба сӯи ҳадафҳои ҷамъиятӣ сафарбар мекунанд, аз фаъолияти номусоид онҳоро боз дошта ба самарабахшии фаъолияти иқтисодии мамлакат мусоидат менамоянд.

4. Таъмини босуботии иқтисоди миллӣ, сатҳи муташаккилии он ва бартараф намудани ҳаргуна майлоншавиҳои номақбул дар иқтисодиёт вазифаи навбатии ниҳодҳои иқтисодиву иҷттимоӣ мебошанд.

  1. ) Бизнеси иттилоотї дар ќатори он, ки худ ба њайати инфраструктураи бозорї дохил мешавад, њоло ба намуди алоњидаи соњибкорї мубаддал гаштааст. Бо ингуна сифати нав, яъне чун бахши хосаи фаъолияти соњибкорї вай на танњо истењсоли мошинњои электронии њисоббарор, компутерњо, балки њамаи намудњои дигари фаъолияти бо иттилоот вобастаро дар бар гирифта, ба комплекси бузурги бисёрсоња табдил ёфтааст.
0 Загрузки
test

Добавить комментарий