Соҳибистиқлолӣ – заминаи асосии ташаккулёбии иқтисоди миллӣ

Иқтисоди миллӣ  маҳз ба давлати миллии мустақил хос буда, чун хоҷагии бисёрзинаи мамлакат танҳо дар шароити истиқлолияти давлатии кишвар метавонад арзи вуҷуд намояд. Бинобар ин,  агар давлат мустақил набошад, яъне дар тобеияти ягон давлати  дигар бошад, дар ин ҳолат   иқтисодиёти онро  миллӣ гуфтан ҷоиз  намешавад, зеро он  маҳз ба давлати миллии соҳибистиқлол мансуб аст.

Дар аҳди  шӯравӣ  Тоҷикистон,  гарчанде ки зоҳиран «Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии мустақил дар ҳайати ҷумҳуриҳои иттифоқӣ» ном гирифта бошад ҳам, ба иқтисоди миллии худ соҳиб набуд, зеро иқтисодиёти он узви ҷудонашавандаи  иқтисоди миллии ИҶШС буда, асосан ба манфиатҳои умумииттифоқӣ нигарон буд. Мантиқан як иқтисоди миллӣ дар дохили иқтисоди миллии дигар  ҷой дошта наметавонад. Бинобар ин дар Точикистон, ҳамчунон дар дигар давлатҳои собиқи шӯравӣ,  иқтисодиёти воқеии миллӣ  пас аз оғози соҳибистиқлолии давлатӣ   ба вуқӯъ пайваст.

Истиқлолияти давлатӣ имкониятҳои беназирро барои шукуфонии кишвар,  эҳёи тамаддуни миллӣ, рушди оқилонаву пурсамари иқтисодиву иҷтимоӣ ба миён меоварад.

«Озодӣ ва истиқлолият – гуфта буд Э.Ш.Раҳмонов, – дар ҳар давру замон  неъмати  бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат  мебошад. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати  миллат аст.»

Мазмуни воқеии мафҳуми истиқлолият дар бисёр мавридҳо бо маънои маҳдудаш тасвир мешавад, бинобар ин мехостем оиди ин суханҳои барҳаққи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмоновро  ёдовар шавем, ки гуфта буд:

«Истиқлолият – ин соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комили давлат дар танзими фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар аст.

Истиқлолият дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми  давлатдорӣ, мустақилона пеш бурдани  сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии мамлакат мебошад.

Истиқлолият – ин шарафу номусу ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу ранҷи бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост.

Истиқлолият – ин бародариву баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа, сарфи назар аз халқият, миллат,  урфу одат ва ақоиду афкор.

Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар як фарди соҳибдавлату соҳибватан аст»[1])

Истиқлолияти давлатӣ ва истиқлолияти иқтисодӣ. Дар бисёр мавридҳо мустақилияти давлатиро бо маънои ба вуҷуд омадани мустақилияти иқтисодӣ мефаҳманд, ки ин ақидаи нодуруст мебошад.

Дар ин чо бояд қатъиян иброз намуд, ки соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ маънои  соҳибшавиро ба истиқлолияти иқтисодӣ  надорад. Мафҳуми истиқлолияти иқтисодӣ маънои мустақилии хоҷагидории мамлакат,  пешбарии иқтисодиётро новобаста аз ягон давлати дунё  мефаҳмонад. Яъне ин маънои онро дорад, ки гуё кишвари мазкур фаъолияти иқтисодии  хешро бе ҳамкорӣ бо хориҷа пеш бурда метавониста бошад. Аммо  ингуна  мақсадро ягон давлати дунё дар назди худ гузошта наметавонад, зеро равнақи равобитҳои хориҷии иқтисодии ба бартариятҳои  тақсимоти баналхалқии меҳнат асосёфта яке аз омилҳои асосии пешравии мамлакатҳои ҷаҳони имрӯза гаштааст. Бинобар ин иқтисодиёти мамлакати мустақил комилан мустақил шуда наметавонад. Ҳатто ИМА,  ки дар ҷаҳон бузургтарин  давлат аст,  ба мустақилияти  комили иқтисодӣ соҳиб нест, иқтисоди миллии Амрико бе ҳамкорӣ бо дигар давлатҳои ҷаҳон пеш рафта наметавонад.

Истиқлолияти иқтисодии мамлакат бештар  аз нигоҳи бехатарии иқтисодӣ маънидод  мешавад. Таъмини бехатарии иқтисодии мамлакат дар асоси рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ,  ҳаёти мӯътадили сиёсӣ,  истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, бартараф намудани ҳаргуна таҳдидҳои коҳишдиҳандаи иқтисодиёт сурат мегирад. Дар ҷумҳурӣ дар асоси ин омилҳо тамоюли сол аз сол беҳтаршавии вазъи иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои тараққиёт баръало мушоҳида мешаванд, ки онҳо дар замимаи 1 оварда шудаанд.

   1) Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Э.Ш.Рањмонов ба муносибати Рўзи истиќлолияти Тољикистон, шањри Душанбе, 8 сентябри  соли 2004.

 

test

Добавить комментарий