Марҳилаҳои таърихии ташаккули иқтисоди миллии мамлакат

 

«Таҷрибаи башарӣ – мегӯяд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов, – собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол  бо осонӣ ба даст намеояд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият  даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро аз даст додаанд. Мо имрӯз низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва милливу фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рӯ, онҳо истиқлолиятро чун василаи   ягонаи  ҳифзи  асолату ҳуввият ва бақои таърихии худ медонанд…

Истиқлолияти Ватани мо зоҳиран ба осонӣ ба даст омад… Вале  дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд доштанд:  асолат ва ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои  беш аз сеҳазорсолаи  давлатдорӣ, арзишҳои  бузург ва созандаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва маънавиёти дурахшон,  ки ҳамаи онҳо  дар асл шаҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд.

Бар хилофи гуфтаҳову навиштаҳои бадхоҳонаву ғаразноки  баъзе муаллифон ва пиндошти  гурӯҳҳои алоҳидаи  зиёиён тоҷикон дар тамоми даврони ҳастии иҷтимоии худ мардуми  мубориз, фидокор  ва ватандӯст буда, пайкор барои Ватан ва озодӣ дар рӯҳу равони онҳо  сахт решадор  будааст.

Дар таърихи халқи мо ҷунбиши бузурги  сарбадорон маъруф аст, ки  дар  он даҳҳо ҳазор афроди озод ва ватандӯст таҳти шиори муқаддаси «зиндагии бошарафона ё сар ба дор» дар муддати даҳсолаҳо  пайкори озодихоҳона  ва фидокорона намудаанд. Ин муқовимати  ватандӯстона ва озодихоҳона дар асрҳои минбаъда низ дар шароити боз ҳам сангинтари таърихӣ идома ёфт.  …фарзандони огоҳ ва фарзонаи миллати мо аз афроди асотирии  намунаи иҷтимоишудаи Рустами Достон,  Сӯҳроби паҳлавон, Сиёвуши ҷавонмард ва сарварони шуҷоъ ва мубориз – Куруши Кабир, Дорои бузург, Спитамен, Оксиарт, Канишкои бузург, Хусрави Анушервон,  Тоҳир  ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс, Муқаннаъ, Темурмалик ва бахусус Исмоили Сомонӣ  таҷассумгари барҷастаи омезиши табиӣ ва оқилонаи иродаи босубот  ва шикастнопазири озодиву истиқлол буданд. Ба шарофати талоши онҳо давлатдории мо  таърихан бунёди нерӯманди маънавӣ ва фарҳангӣ касб кардааст»1)*.

Дар натиҷаи инқилоби соли 1917, таъсисёбии Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС, соли 1922), бунёдшавии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати   Ҷумҳурии Ӯзбекистон (соли 1924), ташкилёбии Ҷумхурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) марҳилаҳо ва заминаҳои асосии пайдоиши давлати тоҷикон дар давраи шӯравӣ буд. Эъломияи соли 1991 дар бораи истиқлолият –  марҳилаи бузурги бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ва ташаккули иқтисоди миллии он мебошад.

«Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва навсозии давлатдорӣ сарфи назар аз иштибоҳҳои  тақсимоти марзии Иттиҳоди Шӯравӣ  барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои кӯҳани таърихӣ ва ташаккули  фарҳангу ҷаҳонбиниии  нав мусоидат кард… Таърихи ҳафтод соли ҳамзистӣ дар ҳайати   Иттиҳоди Шӯравӣ як порчаи фаромӯшнашавандаи бунёдкорию  созандагӣ ва эҳёи давлату давлатдории мо  дар фазои нави  сиёсӣ буда, бо вуҷуди маҳдудиятҳояш Тоҷикистонро ба сӯи иқтисоди пешрафта, техникаю технологияи нав ва  маърифати волои замонавӣ ҳидоят намуд…»2).

Пайдоиш ва инкишофи иқтисоди миллии давлатҳои дунё тамоман гуногун буда, ба якдигар монандӣ надоранд. Сабабҳои пайдоиш ё пош хӯрдани иқтисоди миллӣ, манбаҳои ташаккулёбӣ, ангезаҳои ривоҷу равнақи он  гуногунанд. Таърихи пайдоиши иқтисоди миллии мамлакат аз таърихи пайдоиши забони миллӣ, фарханги миллӣ  ба куллӣ фарқ мекунад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи Тоҷикистон ва давлати миллии он, ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон  иродаи халқи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ифода намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ботантана эълон карда буд1).

Эъломияи  истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба роҳбарӣ гирифта, 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд2).

Таърихи ташаккулёбии иқтисоди миллии Тоҷикистонро аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шуморидан дуруст аст. Соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз лаҳзаи  аз Давлати Шӯравӣ (ИҶШС) чудо шудан ибтидо мегирад. Ин чудошавӣ, ки аз ҷиҳати сиёсиву   иқтисодӣ проблемаҳои гуногунро ба миён овард,   кори чандон осон набуд, зеро Тоҷикистон дар давраи тӯлонӣ  – аз давраи  барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ дар  Осиёи миёна ҳамчун узви сиёсӣ ва  хоҷагии  ягонаи   давлати бузурги дунё – Иттифоқи Ҷумҳуриҳои  Шӯравии   Сотсиалистӣ буд. Дар ин давра ҳамаи риштаҳои хоҷагидории  ҷумҳурии   мо  бо иқтисоди  пуриқтидори давлати   Шӯравӣ печ дар  печ   пайваст  гашта буд.

Истиқлолият дар байни дигар масъалаҳои зарур   масоили тақсимоти  одилона ва оқилонаи  моликияти умумииттифоқиро ба миён  гузошт  –  тарзи тақсимоти  моликияте,  ки дар ихтиёри давлати ягонаи мутамаркази Шӯравӣ,  дар ихтиёри Маскав  буд.  Ба кадом   ҷумҳурии навбунёди мустақил чӣ қадар чӣ  дода мешавад?

______________

1) Ведомостҳои Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, с.1990, № 15, мод. 236)

2)Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 сентябри соли 1991, № 392 – Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1991, № 18, мод.239.

Ин масъала  муаммои  мушкил буд,  азбаски  захираҳои пул,  тилло ва ҳамаи  дигар  сарватҳои моддии  давлат дар Бонки давлатии ИҶШС ҷойгир буд, боигариҳо ба монанди   ёдгориҳои беназири таърихӣ, ки дар осорхонаҳои марказӣ –  шаҳрҳои   Москва ё Ленинград  воқеъ буданд. Сухан дар бораи  тақсимоти дигар боигариҳое меравад, ки дар қаламрави минтақаҳои гуногун нобаробар ҷойгир шуда буданд. Аз рӯйи кадом принсип,  чигуна тақсимоти одилона бояд гузаронида шавад  – ҳамаи ин саволҳои оддӣ набуданд. Мушкилии кор боз дар он буд, ки дар давраи Шуравӣ  аз ҳисоби маблағи мутамарказ  –  буҷети  иттифоқӣ  маблағгузорӣ ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ нобаробар тақсим шуда буд. Корхонаҳои азими саноатӣ ё иншоотҳои азими фарҳангӣ нобаробар бунёд шуда буданд, яроқу аслиҳаи  мудофиавӣ,  корхонаҳои мудофиавӣ низ  нобаробар ҷойгир шуда буданд. Аз ин рӯ тақсимоти  «мероси иттифоқӣ»  масъалаи душвор буд.

Тақсимоти моликияти дар ихтиёри марказ будаи иттиҳоди азбайнрафта, тақсимоти «мероси  иттифоқӣ» барои Тоҷикистон, ҳамчунон дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ як тарзи махсуси милликунонӣ – воситаи ташаккули иқтисоди миллӣ буд. Ин «мерос» барои  ташкил намудани иқтисоди миллии давлатҳои навбунъёди мустақил заминаи хубе гузошт.  Тақсимоти моликият дар қатори корхонаҳои калон, бонкҳо, роҳҳои оҳан ва дигар боигариҳои дохилии  мамлакат, инчунин қарзҳои собиқ давлати Шӯравиро дар бар гирифта буд – чӣ қарзҳои аз хориҷа  гирифташуда ва чӣ қарзҳои  ба  хориҷа  додашударо.

Мувофиқи созишномае, ки дар Бишкек бо иштироки роҳбарони давлатҳои ИДМ оид ба масъалаи тақсимоти моликияти иттифоқӣ  соли 1992 қабул шуда буд, ин тақсимот   аз рӯйи чунин принсип сурат гирифт:  ҳар як ҷумҳурии  иттифоқӣ соҳиби ҳамон моликияте мегардад, ки  дар  санаи тақсимот   дар  қаламрави  он  ҷойгир шуда бошад. Қарор  шуд, ки ҳамаи боигариҳои хазинаҳои давлатии дар марказ буда ба ихтиёри Федератсияи Русия мегузарад,  ҳамаи карзҳои  давлатҳои хориҷиро низ Русия медиҳад ва мегирад!1)*

Дар ҷараёни ин тақсимот Тоҷикистон соҳиби ҳамон боигарие  гашт, ки дар қаламрави мамлакат воқеъ буд –  корхонаҳои саноатӣ,  барқгоҳҳо, роҳи оҳан,  фурудгоҳҳо ва ғайра. Бояд ёдовар шуд,  ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурии мо аз фурсат истифода намуда, як қисми боигарии давлати  моро ба яғмо бурданд (берун аз марзи мамлакат).

1) Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Э.Ш.Рањмонов ба муносибати Рўзи истиќлолияти Тољикистон, шањри Душанбе, 8 сентябри  соли 2004/.

2)  Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Э.Ш. Рањмонов ба муносибати 80 –солагии таъсиёбии пойтахти Тољикистон. 19 ноябри соли 2004)

 

 

1)  Ќарзи собиќ ИЉШС, ки онро Федератсиияи Россия ба ўњда гирифта буд, дар аввали соли 1994 (якљоя бо маблаѓи фоизаш) 104 млрд долларро ташкил намуда бошад, соли 2000 ин ќарз (бо таѓйирёбии он аз њисоби фоиз ва дигар омилњо) дар маљмўъ ба 118,7 млрд доллар расидааст. Ќарзи нави Россия аз давлатњои хориљї – 8,8 млрд.долларро ташкил намудааст. Маблаѓи ќарзњои давлатњои хориљї ба Федератсияи Россия аз рўйи ќарзњои  аз собиќ ИЉШС гирифтаашон  170 млрд. доллар мебошад. То чї андоза ин ќарзњо рўёнда мешаванд – ин муаммоест  барои Федератсияи Россия.

 

test

Добавить комментарий