Моҳияти бехатарии иқтисодии мамлакат

Моҳияти бехатарии иқтисодии мамлакат

  • Мафҳуми «хатар» ва «бехатарӣ» дар

замони муосир

  • Бехатарии иқтисодӣ дар низоми

амнияти миллии мамлакат

  • Бехатарии байналмилалӣ
  • Бехатарӣ ва манфиатҳои миллӣ

 

  1. Мафҳуми «хатар» ва «бехатарӣ» дар замони муосир

«Масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он як қисми таркибии сиёсати давлати мо мебошад».

Э.Ш. Раҳмонов

Маълум аст, ки барои давлати соҳибистиқлол таъмини амнияти миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҳоло замоне расидааст, ки мафҳуми «бехатарӣ» (амният) маънои васеъ пайдо намуда, усулҳои хосаи таъмини худро тақозо менамояд. Хусусияти асри XXI дар ин аст, ки амнияти миллӣ бо ҷиҳати ҳарбӣ маҳдуд намешавад. Гузашта аз ин ҷиҳати ҳарбӣ аҳамияти аввалиндараҷаи худро гум кардааст. Ба мадди аввал даҳҳо дигар омилҳои ғайринизомӣ баромадаанд. Дар байни онҳо амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, технологӣ, экологӣ, хӯрокворӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, демографӣ, этникӣ, маънавию маданӣ, психологӣ ва ғайра ба аҳамияти хоса соҳиб гаштаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки душвориҳои давраи гузаришро аз сар мегузаронад ва то ҳол оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф месозад, омилҳои устувории сиёсию иқтисодии дохилӣ ба аҳамияти баланд соҳиб мебошанд. Дар ингуна шароит ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мубаддал гаштааст. Дар самти таъмини амнияти иқтисодӣ пеш аз ҳама зарур аст, ки дар иқтисодиёти кишвар низоми такрористеҳсоли васеъ ҳукмрон бошад, дар асоси рушди босубот ва суръати баланди тараққиёти иқтисодӣ сатҳи баланди зиндагии мардум таъмин гардад, ҷараёни сармоягузорӣ ва навҷорисозӣ фаъол гашта, бозори дохилӣ ва мавқеи молистеҳсолкунандагони ватанӣ ҳарҷониба ҳифз карда шаванд.

Таҷрибаи даҳсолаҳои охир дар олам нишон дод, ки бо усулҳои ғайринизомӣ, бе истифодаи нерӯи ҳарбӣ ҳадафҳои пешкашшуда ҷомаи амал пӯшиданд. Инро дар мисоли чандин давлатҳои ҷаҳон, ки ба мағлубият дучор гаштанд, дидан мумкин аст. Муҳосираи Куба, таъсиррасонӣ ба сиёсати Эрон, Ливия, аз рӯйи оқибатҳои «ҷанги сард» бо СССР, ки дар натиҷа ин давлати азими дунё аз саҳна фаромад, мушоҳида кардан мумкин аст.

Хатар чист? Хатар ин эҳтимолияти аз дохил ё аз хориҷ ба миён омадани таъсири манфие мебошад, ки дар натиҷаи он ба организми иҷтимоӣ ягон намуди зарар, зиён расонида шуда, оқибат косташавии ҳолати онро ба вуҷуд меорад. Ингуна таъсири манфӣ, яъне хатар метавонад ба давлат, корхона, шахсият, бар асари намудҳои гуногуни хатар – иқтисодӣ, экологӣ, техникӣ, офати табиӣ,хатари психологӣ, идеологӣ ва ғайра ба миён ояд.

Хатар аз манбаҳои гуногун сар мезанад. Ин манбаъҳо омилҳову шароите мебошанд, ки дар ҳолатҳои муайян бар асари ҳолатҳои табиӣ, техногенӣ ё сабабҳои иҷтимоӣ сар зада, чун ҳодисаи зараровар зоҳир мешаванд. Бавуҷудоии ингуна хатарҳо ду намуди эҳтимолияти худро дорад – эҳтимолияти воқеӣ ва эҳтимолияти имконпазир. Инчунин хатар метавонад таҳти омили субъективӣ ё омили объективӣ сар занад. Омили субъективӣ ҳолате мебошад, ки дар натиҷаи фаъолияти худи субъект вазъи номусоид ё оқибати ғайридилхоҳро ба миён меорад; омили объективӣ бошад дар натиҷаи таъсири сабабҳое ба миён меояд, ки аз фаъолият ё хоҳиши худи субъект вобаста нестанд.

Таҳдид ё хатар? Мафҳуми «таҳдид» тарзи мушаххаси зоҳиршавии хатар ё ба миён омадани чунин шароит ва ҳолатҳое мебошад, ки ба манфиати шаҳрвандон, ҷомеа, давлат ё ин ки арзишҳои миллӣ ва тарзи зиндагии миллӣ зараровар мебошанд.

Хатари бавуҷудомада аз рӯйи ҳаҷми (бузургии) фарогирии оқибатҳои манфии худ метавонад ба чунин гурӯҳҳо ҷудо шавад:

  • хатари байналмилалӣ, глобалӣ;
  • хатари минтақавӣ (минтақаҳои ҷаҳон);
  • хатари миллӣ ё хатари ҷузъии минтақаҳои мамлакат;
  • хатари ҷузъӣ (корхонаю шахсият).

Хатар аз рӯйи хелҳои худ ба гурӯҳҳои гуногун, чунончи, ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, фарҳангӣ, зеҳнӣ, илмию техникӣ, иттилоотӣ, демографӣ, обу озуқаворӣ, энергетикӣ ва ғайра ҷудо мешавад.

Бехатарсозӣ фаъолияте мебошад, ки дар натиҷаи он имконият ва эҳтимолияти хатар аз байн бардошта шуда, амният таъмин карда мешавад. Бехатарӣ инчунин ҳолате мебошад, ки дар он манфиатҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, арзишҳои миллӣ1)[1] ва тарзи миллии зиндагии аҳолӣ аз таҳдиди дохилию беруна эмин мешаванд.

Ҳоло амнияти иқтисодӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст. Давлатҳои душман тавассути ин роҳи ғайринизомӣ ба мақсади худ мерасанд. Бо кадом роҳ? Ингуна роҳҳо гуногунанд:

якум, бо роҳи аз низом баровардани иқтисоди миллӣ то дараҷае, ки онро ба ҳолати муфлисшавӣ мерасонад. Масалан, бо роҳи найрангбозӣ дар бозори коғазҳои қиматнок ё бо роҳи пешкаш намудани талаботҳои бениҳоят шадид оид ба пардохти қарз, ба дараҷае, ки амволи хориҷӣ ҳабс (манъи бозорӣ) карда мешавад, суратҳисобҳои бонкӣ баста мешаванд ва ғайра;

дуюм, бо роҳи муҳосираи иқтисодӣ (тиҷоратӣ), ки дар натиҷаи он ҳаргуна воридот манъ карда мешавад;

сеюм, бо роҳи коҳиши хӯрокворӣ. Ингуна ҳолат дар он ифода меёбад, ки мамлакат бо истеҳсоли ватании озуқаворӣ аҳолиро таъмин карда наметавонад. Нуқтаи ҳудудии истиқлолияти озуқаворӣ агар 30% – ро ташкил диҳад, он гоҳ бояд давлат на камтар аз 70% талаботро аз ҳисоби захираҳои дохилӣ таъмин созад. Ҳоло, мутаассифона, дар бисъёр мавридҳо ин меъёри ҳудудии ақал ба даст наомадааст. Дар ҳолатҳои шароити номусоид дар бозори озуқаворӣ вазъият дар мамлакат метавонад муташанниҷ гардад.

Муҳосираи технологӣ низ яке аз намудҳои хатарсозии иқтисодии кишвар мебошад. Намуди дигари ингуна хатарсозӣ ба соҳаи иттилоотӣ ва иртиботӣ (коммуникатсионӣ) вобаста буда, таҷовузи компютерӣ ва вайрон кардани низоми назоратро дар соҳаи манбаъҳои иттилоотӣ дар бар мегирад.

Бар асари намудҳои хатарҳои мавҷуда таъмини бехатарӣ дар самтҳои зайл сурат мегирад:

  • бехатарии миллӣ
  • бехатарии давлатию миллӣ
  • бехатарии ҷомеа ва ғайра.

Бехатарии миллӣ дар навбати худ амнияти давлатӣ, амнияти минтақавӣ ва ҷузъии шахсию корхона (субъектҳои хоҷагидориро) дар бар мегирад. Таркиби ҷузъии бехатарӣ дар нақшаи 4.1 оварда шудааст.

Амнияти байналмилалӣ ва миллӣ намудҳои зерини таъмини бехатариро фаро мегирад:

  • амнияти сиёсӣ;
  • амнияти иқтисодӣ;

КИТОБИ НАВ Нақшаи 4.1. Сохтори мафҳуми «бехатарӣ»

  • амнияти иҷтимоӣ;
  • амнияти молиявӣ;
  • амнияти ҳарбӣ;
  • амнияти экологӣ;
  • амнияти технологӣ
  • амнияти иттилоотӣ
  • амнияти фарҳангӣ
  • амнияти ҳуқуқӣ
  • амнияти демографӣ;
  • амнияти илмию техникӣ;
  • амнияти энергетикӣ;
  • амнияти зеҳнӣ;
  • амнияти генетикӣ
  • психологӣ ва ғайра.
    1. Бехатарии иқтисодӣ дар низоми амнияти миллии мамлакат

Мафҳуми «амнияти (бехатарии) иқтисодӣ» нахустин бор дар солҳои 70–ми асри ХХ ба вуҷуд омада, дар мамолики ҷаҳон зуд густариш ёфт. Маҳз дар ҳамон давра давлатҳои Аврупои Ғарбӣ вазъи воқеии байналхалқиро арзёбӣ намуда, истифодаи усулҳои иқтисодии амнияти миллии худро пеш гирифтанд. Ҳадафи асосии амнияти иқтисодии мамлакат таъмини мавқеи қавии кишвар дар арсаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ мебошад.

Амнияти иқтисодӣ – ин маҷмӯи тадбирҳои давлатие мебошанд, ки барои рушди босубот ва таҳкими иқтисодиёти мамлакат равона шуда, дар шароити истиқлолияти давлатӣ мӯтадилии вазъи иҷтимоиву сиёсӣ ва механизми боэътимоди пешгирии хатари дохилӣ ва беруниро тақозо менамояд. Амнияти иқтисодӣ – ин маҷмӯи шарту шароитҳое мебошад, ки мустақилият, устуворӣ, қобилияти пешравӣ ва худтакмилёбии иқтисоди миллиро таъмин месозад.

Маълум аст, ки бахши иқтисодӣ самти муҳимтарини фаъолияти ҷамъият, давлат ва шахсият буда, таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз бартариятҳои асосии сиёсати ҳар як давлати соҳибистиқлол мебошад. Амнияти иқтисодӣ дар қатори таъмини мудофиаи мамлакат, таъмини сулҳу салоҳ дар ҷомеа, бехатарии экологӣ ва ғайра яке аз унсурҳои асосии бехатарии давлатӣ мебошад.

Рушди иқтисодӣ ва иқтидори ҳар як давлат, устувории мавқеи он дар байни давлатҳои ҷаҳон ба бехатарии иқтисодӣ вобаста аст.

Таъмини бехатарии иқтисодӣ, – менависад академики Академияи илмҳои Русия Л.И.Абалкин, – ин кафолати истиқлолияти кишвар, шарти устуворӣ ва самаранокии фаъолияти зисти ҷомеа ва инсон мебошад. Чунин аст қоидаи умумие, ки истисно надорад. Бинобар ин таъмини бехатарии иқтисодӣ ба гурӯҳи муҳимтарин афзалияти миллӣ мансуб аст. Инро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.1)[2]

Дар Федератсияи Россия ба хотири таъмини бехатарии иқтисодии мамлакат як қатор санадҳои давлатӣ қабул шудаанд, аз ҷумла: Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 29 апрели соли 1996 № 608 «Дар бораи Стратегияи давлатии бехатарии иқтисодии Федератсияи Россия»; Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 10 январи соли 2000 № 24 «Дар бораи Консепсияи бехатарии миллии Федератсияи Россия»; // Маҷмӯи қонунҳои Федератсияи Россия, 1997, № 52, моддаи 5909, соли 2000; Қонуни Федералӣ «Дар бораи бехатарии озуқавории Федератсияи Россия». Лоиҳа.-Думаи Давлатӣ, 1996; Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 7 феврали соли 1996 № 135 «Дар бораи чораҳои устуворсозии вазъи иқтисодии комплекси агросаноатии Федератсияи Россия дар соли 1996»; Қарои Думаи Давлатии Федератсияи Россия аз 31 январи соли 1996 № 52-1 ГД «Дар бораи бехатарии озуқавории Федератсияи Россия ва чораҳои беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокаи истеҳсоли ватанӣ». Танҳо номгӯи ин ҳуҷҷатҳо дар бораи зарурати чораҷӯиҳои давлатӣ дар бахши таъмини бехатарии иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд.

Фаҳмиши мафҳуми амнияти иқтисодӣ дар пайвастагӣ бо мафҳумҳои «тараққиёт» ва «устуворӣ» хубтару возеҳтар мешавад. Бе тараққиёт, ки яке аз шартҳои амнияти иқтисодӣ мебошад, мамлакат бар зидди хатари дохилӣ ё беруна мубориза бурда наметавонад. Устувории иқтисодиёт мустаҳкамӣ ва боэътимодии бахшҳои иқтисодиёт, тобоварии онро дар ҳамагуна холатҳои фишори дохилӣ ва беруна мефаҳмонад.

Дар бораи рушди босубот сухан ронда қарори Конфронси СММ-ро, ки соли 1992 бо иштироки роҳбарони аксари давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид, бояд ёдовар шуд. Дар он зикр гардида буд, ки азбаски қисми зиёди захираҳои табиии сайёраи мо ба охир мерасад, зиёдшавии аҳолӣ хислати таҳдидкунанда мегирад, вазъи экологӣ ҳарчӣ номусоидтар мегардад, инсоният набояд бо роҳи қаблӣ пеш равад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки роҳи рушди босуботро пеш гирад. Ин роҳест, ки дар он таъмини талаботи ҳаётии насли ҳозира тавре бояд сурат гирад, ки барои наслҳои оянда чунин имкониятро боқӣ гузорад.

Баъдан дар қарорҳои СММ, алалхусус, дар маърӯзаи «Дар бораи рушди нерӯи (потенсиали) инсонӣ» (1994) консепсияи рушди босубот тағйир дода шуда, ин тавр эътироф гашт: …«рушди босубот чунон аст, ки на танҳо рушди иқтисодӣ, балки тақсимоти боадолати самараи он, барқарорсозии муҳити атрофро бештар аз харобсозии он, афзоишдиҳии имкониятҳои одамон, на ин ки харобкунии онҳоро таъмин созад…Ин чунон рушде мебошад, ки дар он инсон дар маркази диққат воқеъ аст, рушде, ки ба нигоҳдории табиат, таъмини шуғл, ҳимояи ҳуқуқи зан нигаронида шудааст».

Аз рӯйи ингуна ақидаҳо дар адабиёт ҳоло мафҳумҳои рушди босуботро бо маънои маҳдуд ва маънои васеъ маънидод мекунанд. Бо маънои маҳдудаш рушди босубот рушди экологиро ифода мекунад. Бо маънои васеяш – ҳамагуна устувориро, на танҳо экологӣ, балки устувории иқтисодӣ, демографӣ, иҷтимоӣ, техногенӣ ва дигар намудҳои устувориро ифода мекунад.

Ҳамин тариқ, рушди босубот ин ҷиҳати устуворӣ, тобоварӣ, бехавфии ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиро инъикос намуда, тақозо мекунад, ки заминаҳои (нишондиҳандаҳои) устуворӣ аз ҷиҳати ҳам миқдору ва ҳам сифат арзёбӣ гарданд.

Амнияти иқтисодӣ – қобилияти иқтисодиёт мебошад, ки нигоҳ доштани вазъи мӯътадили хоҷагиро дар ҳолати таҳдиди дохилӣ ва хориҷӣ ё таъсири дигар омилҳои ғайричашмдошт таъмин мекунад.

Амнияти иқтисодӣ бо ёрии нишондиҳандаҳои (меъёрҳо, аломатҳо, ҳудудҳо, шохисҳо (индексҳо), хосиятҳо, мушаххасот, омилҳо) иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Барои пурра арзёбӣ намудани ҳолати амнияти иқтисодии мамлакат ин нишондиҳандаҳо ба таври мушаххас муайян карда мешаванд, яъне миқдори (ҳаҷм, бузургӣ, андозаи) онҳо ҳисоб карда шуда, муқоиса мешаванд. Дар ин ҷо муҳим аст, ки бо ёрии нишондиҳандаҳо маълум сохта шавад: то кадом ҳудуд вазъият тоқатфарсо аст ва берун аз он ба амнияти иқтисодӣ таъсирбахш (хатарнок) мешавад, яъне ҳолати мӯътадили иқтисодиётро вайрон месозад, сабаби омилҳои манфии пешравии он мегардад. Гузашта аз ин, нишондиҳандаҳо аз ҷиҳати мӯҳлатҳои гуногун – дар гузашта, ҳозира ва оянда бо дар назардошти тамоюли бавуҷудомада баррасӣ шуда, аз рӯйи онҳо қонуниятҳои тағйирёбии ҳолати иқтисодиёт мушоҳида мешаванд.

4.3. Бехатарии байналмилалӣ

Бехатарии байналмилалӣ – чунин ҳолати муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳарбию сиёсие мебошад, ки дар он кафолати амнияти берунаи ҳар як давлат таъмин карда шуда, дар ҷараёни ҳалли ҳаргуна зиддиятҳои байнидавлатии байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳдиди ҷанг ё муноқишаи мусаллаҳона аз байн меравад.

Маълум аст, ки ҳар як давлат дар доираи фаъолияти хориҷӣ ва сиёсии худ манфиатҳои миллии худро ҳифз менамояд, таҳдиди ингуна манфиатҳоро бартараф ва пешгирӣ менамояд. Ҳамҷоягии манфиатҳои миллӣ, таҳдиди хориҷӣ ва пешгирии он асоси амнияти миллии давлат мебошад. Ҳолати ҳифзшавии манфиатҳои миллии мамлакат дар шароити таҳдиди воқеӣ ё таҳдиди имконпазир таҳкурсии бехатариро ташкил медиҳад.

Шаклҳои низоми таъмини амнияти байналмилалӣ гуногун буда, аз мавқеи геополитикӣ, дараҷаи тараққиёти давлатҳо, нигаронии сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ғайра вобаста аст.

Нақши низомҳои бехатарии байналмилалии минтақавӣ низ гуногун буда, таъсири онҳо ба ҳалли муаммоҳои байналмилалӣ низ якзайл нест. Ин бештар аз мавқеи давлатҳои ба ин низом воридшаванда, «вазни хоси» давлати аъзо, сохтори дохилии он, аз мавҷуд будани механизми назоратбарӣ аз рӯйи риояи тартиботи қабулкардаи давлатҳои аъзои ин созмон вобаста аст.

Дар ин ҷо нақши Созмони Милали Муттаҳид ва дигар системаҳои амнияти байналмилалӣ – НАТО (Блоки ҳарбии Атлантикаи Шимолӣ, ки соли 1949 таъсис ёфта буд), Иттиҳоди Аврупоии Ғарб, Иттиҳоди Аврупо ва ғ. калон мебошад.

Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) яке аз ташкилотҳои бонуфузи минтақавии амният буда, дар фаъолияти худ чун низоми машварат дар зинаҳои гуногун аз рӯйи масъалаҳои мухталифи амнияти байналмилалӣ фаъолият мебарад. Инчунин, созмонҳои дигари байналмилалӣ:

ОЦАГ – Ташкилоти давлатҳои америкои марказӣ;

ОАЕ – Ташкилоти ваҳдати Африко;

ЛАГ – Лигаи Давлатҳои Араб;

АСЕАН – Созмони давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ;

АНЗЮС – Санади бехатарии Уқёнуси Ором;

СКИ – Созмони Конфронси Исломӣ.

Созмонҳои минтақавии Осиёи Марказӣ. Дар таъмини бехатарии сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамкориҳои судбахш нақши созмонҳои минтақавӣ сол аз сол афзун мегардад. Аз ҷумлаи созмонҳо ва барномаҳое, ки дар Осиёи Марказӣ дар 10-15 соли охир арзи вуҷуд намуданд, инҳо мебошанд:

Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ (СҲОМ). Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон аъзоҳои Созмон мебошанд. Афғонистон, Грузия, Туркия ва Украина чун мушоҳид иштирок мекунанд. Ин Созмон сараввал соли 1994 аз ҷониби Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ҳамчун Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ («ЦАЭС») ба хотири бунёди фазои умумии иқтисодӣ ва механизми мусоидаткунандаи лоиҳаҳои минтақавӣ таъсис дода шуда буд. Ба узвияти Созмон Тоҷикистон соли 1998, Россия соли 2004 ворид гаштанд. Моҳи феврали соли 2002 номи иттиҳод тағйир дода шуда, унвони Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ («ОЦАС»)-ро гирифт.

Ҳадафи Созмон таҳкими ҳамкории минтақавӣ, мубориза алайҳи ҷинояткории минтақавӣ, созгорсозии сиёсати гумрукӣ ва муносибатҳои сарҳадӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши захираҳои об ва экология, энергетика, кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои бехатарии минтақавӣ мебошад.

Созмони минтақавии ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ (СМҲИОМ). Аъзоҳо: Озорбойҷон, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон Муғулистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Ин ташкилот соли 1997 аз ҷониби Бонки рушди Осиё ба хотири густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ созмон гашта буд. Соли 2003 ба ҳайати он Бонки рушд ва таҷдиди Аврупо, ХБА, Бонки исломии рушд, Барномаи рушди СММ, Бонки Умумиҷаҳонӣ ворид гаштанд. Созмон дар минтақа дар фаъолияти ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои бисёрҷонибаи донорӣ чун механизми асоси хизмат мекунад. Ҳадафи асосии Барномаи Созмон мусоидатнамои ба рушди иқтисодӣ, баланд кардани сатҳи зиндагӣ ва дастгирии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа мебошад. Барномаи мазкур фаъолиятро дар бахши маблағгузории лоиҳаҳои инфраструктура ва бҳсозии иқлими сиёсӣ дар сарҳадҳои мошингузар, дар соҳаи энергетика, савдо ва мусоидаткуни ба муносибатҳои тиҷорати бахусус вобаста ба кори мақомоти гумрукӣ сафарбар менамояд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ). Аъзоҳо: Арманистон. Озорбойҷон. Белорус, Грузия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон. ИДМ-ро соли 1991 Белорусия, Россия ва Украина ташкил намуданд. Соли 1993 собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (бидуни давлатҳои Назди Балтика) ба ин Иттиҳод ҳамроҳ шуданд. Моҳи августи соли 2005 Туркманистон дар бораи маҳдуд намудани узвияти худ дар ИДМ то аъзои номӣ эълон намуд. Шартномаи иқтисодии иттифоқи дар фаъолияти идоракунӣ ва дастгирии ҳамкориҳои аъзоёни Иттиҳод расман соли 1993 ба имзо расида буд.

Берун аз доираи ИДМ якчанд созмонҳои минтақавӣ таъсис ёфтанд, ки дар доир намудани ҳамкориҳо бештар фаъол буданд. Аз ҷумла – Давлати иттифоқии Россия – Белоруссия, Фазои ягонаи иқтисодӣ, Ҳамкории иқтисодии Аврупоию Осиёи (ЕвроОсиё).

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ СААД). Соли 1992 Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Шартномаро оид ба амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расонда буданд. Баъдан соли 1993 ба ин Шартнома Озорбойҷон, Беларус ва Грузия ҳамроҳ шуданд. Соли 1999 Озорбойҷон, Грузия ва Ӯзбекистон аз ин ташкилот расман баромаданд. Соли 2002 шаш давлате, ки дар ҳайати шартнома боқӣ монда буданд, иштироки худро дар ҳайати ин ташкилот дар асоси оинномаи нав тасдиқ намуданд. Ташкилот унвони «Созмони Аҳдномаи амнияти дастачамъӣ» –ро гирифт.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ). Ба ин Созмон Афғонистон, Озорбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил ҳастанд. Ин созмонро Эрон, Покистон ва Туркия соли 1985 «ба хотири дастгирӣ ва мусоидат ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни давлатҳои аъзо» таъсис дода буданд. Соли 1992 ба ҳайати созмон Афғонистон, Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Тркманистон ва Ӯзбекистон ҳамроҳ шуданд. Рушди иқтисодии устувори давлатҳои аъзои Созмон бо роҳи бо зуди бартараф намудани монеаҳои тиҷоратӣ ва мусоидат барои рушди савдои дохили минтақа, афзоиши нақши минтақаи СХИ дар савдои ҷаҳонӣ ва ҳамгироии иқтисодиёти аъзоёни Созмон ба хоҷагии ҷаҳонӣ, рушди инфраструктура дар бахши нақлиёт ва иртиботи байнихудии давлатҳои аъзо ва дигар кишварҳо, сафарбаркунӣ ва истифодаи захираҳои давлатҳоро чун ҳадафи худ қарор додааст.

Иттиҳоди иқтисодии аврупоию осиёӣ (ИИАО). Аъзоҳо: Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон. Ду давлати дигар – Молдова ва Украина чун мушоҳид иштирок мекунанд. Таърихи соззмондиҳии ин Иттиҳод аз он ибтидо меёбад, ки соли 1994 Қазоқистон иттифоқи гумрукии байни Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус ва Россияро ташкил намуд. Баъди ба ин Иттифоқ ҳамроҳ шудани Қирғизистон (соли 19996) ва Тоҷикистон (соли 1999) иттифоқи мазкур Иттифоқи панч давлат ном гирифта, аз моҳи майи соли 2001 бо унвони «ЕврАзЭС» номгӯй гардид.

Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба узвияти худ давлатҳои зеринро мегирад: Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. СҲШ («ШОС») аз «гурӯҳи панҷгона», ки соли 1996 аз ҷониби Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон ташкил шуда буд, таъсис ёфт. Чун Созмон моҳи июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой ташаккул ёфт, ки ба он панҷ давлат бо ҳамроҳии Ӯзбекистон дохил шуданд. Соли 2005 Эрон ва Покистон низ барои ворид гаштан ба узвияти Созмон муроҷиат намуданд.

Ҳадафи СҲШ «тахкими боэътимодии ҳамдигар, дӯстию муносибатҳои неки ҳамсоягии байни давлатҳои аъзои Созмон, дастгирии ҳамкории самаранок дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, илмию техникӣ, фарҳанг, маориф, энергетика ва ғайра; таъмини бехатарӣ ва ҳамкории иқтисодӣ бахши асосии фаъолияти СҲШ мебошад. Ҳамкории давлатҳои аъзо ба мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстремизм равона шудааст.

Фазои ягонаи иқтисодӣ (ФЯИ). Аъзоҳо: Беларус, Қазоқистон, Россия ва Украина. Ҳуҷҷати таъсисдиҳӣ дар шаҳри Ялта моҳи сентябри соли 2003 ба имзо расида буд. ФЯИ–ро инчунин фазои умумии иқтисодӣ ё фазои муттаҳидаи иқтисодӣ меноманд. Мақсади таъсиси фазои ягонаи иқтисодӣ дар он буд, ки дар он ҷое, ки қаблан минтақаи савдои озод ва дар минбаъда иттиҳоди гумрукӣ вуҷуд дошт, бо дарназардошти риоя намудани қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Фазои ягона таъсис дода шавад.

Дар байни созмонҳои минтақавии бехатарӣ Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз созмонҳои бонуфуз ва дорои механизмҳои муассири мубориза бо хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ, таъмини суботу амният ва ҳамкории васеи минтақавӣ мебошад. Дар Оинномаи Созмони мазкур дастгирии таъмини сулҳ, амният ва устуворӣ дар Осиёи Марказӣ, муқобилият бар зидди терроризм ва сепаратизм, ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ чун ҳадафи асосӣ эълон шудааст. Гарчанде ки масъалаи таъмини амният дар таъсисёбии СҲШ бартарӣ дошт, аммо созмони мазкурро чун созмони ҳарбӣ арзёбӣ намудан нодуруст мебошад.

«Мо, – таъкид намуда буд Э.Ш. Раҳмонов, – душманони эҳтимолӣ надорем: душманони мо «се нерӯи бад» – қочоқи маводи мухаддир, қашшоқӣ ва ақибмондагист. Сарфи назар аз вазъи минтақа ва ҷаҳон дар оянда… СҲШ бояд доиман сулҳ ва ҳамкориро ҳадафҳои асосии худ донад ва доиман нерӯи воқеии таъмини амният ва шароити мусоиди рушд бошад.

Солҳои сипаришуда аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро собит намуданд. Дар ҳадди муайян он ҷавоби давлатҳои минтақа ба таҳаввулоти рухдодаи глобалӣ (ҷаҳонӣ) буд. Тавре дар Эъломияи таъсиси СҲШ зикр гардидааст, он ба тамоюлоти ҳаёти имрӯз, воқеиятҳои минтақа ва манфиатҳои аслии халқҳои ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон ҷавобгӯ мебошад.

Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ Созмон омили муҳими сиёсати минтақавӣ ва глобалӣ гардид, ки ба равандҳои ҷаҳонӣ таъсири мусбат мерасонад. Фаъолияти он чӣ манфиатҳои ҷории ҳаётӣ ва чӣ манфиатҳои дарозмуддати стратегии давлатҳои аъзои СҲШ-ро ифода намуда, механизми комилан нави ҳамкории байналмилалиро дар масоили муқовимати комплексӣ ва босамар ба таҳдидҳои муосири амният ва субот ва таъмиқи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ падид овардааст. Имрӯз Созмон кишварҳоеро (бо ҳамроҳии нозирон) муттаҳид менамояд, ки ба онҳо нисфи башарият, нерӯи бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла захираҳои муҳими ҷаҳонии энергия ва намояндагии фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногун рост меояд…

…Бо андешаи ман, – мегӯяд Э.Ш.Раҳмонов посухдиҳии худро ба саволҳои хабарнигорон давом дода,- амният ва иқтисод бояд дар оянда низ чун шаҳсутунҳои СҲШ боқӣ монанд. Бо такя ба онҳо метавон муассирияти фаъолияти Созмонро таъмин кард ва худи онро ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон созгории зарурӣ дод».1)[3]

Тоҷикистон чун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ мувофиқи манфиатҳои миллии худ ба созмонҳои минтақавии характери сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ дошта ворид гаштааст.

 

4.4. Бехатарӣ ва манфиатҳои миллӣ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2006 омадааст: «Таҳлили равандҳо ва тамоюлоти ҷорӣ ва дарозмуддат бозгӯ менамояд, ки таъмини манфиатҳои миллии мо дар шароити мураккабтар ва динамикии минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт.

Ин воқеият тақозо менамояд, ки давлат, кишвар ва мардуми мо ҳамқадами замон бошанд, шинохти дақиқ ва комилро фаро гиранд ва бо масъулияту огоҳӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, дурандешиву эҳтиёт ва камоли ватандӯстӣ барои татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дарозмуддати миллӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон саъю талоши ҳаррӯза намоянд».1)[4]

Бехатарии миллӣ дар таъмини амнияти манфиатҳои ҳаётан муҳими шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат, инчунин арзишҳои миллӣ ва тарзи зиндагии аҳолии мамлакат аз хатари гуногуни хориҷӣ ва дохилӣ, таҳдиди сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, иттилоотӣ, экологӣ ва ғайра ифода меёбад.

Бехатарии миллӣ ин ҳолате мебошад, ки дар мамлакат амнияти манфиатҳои миллии кишвар таъмин буда, ҷиҳатҳои бехатарии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, экологиро дар бар мегирад, хатари фаъолияти иқтисодии беруна, паҳншавии яроқи қатли ом, таҳдидро ба арзишҳои маънавӣ ва зеҳнии мардум пешгирӣ мекунад.

Амнияти миллӣ бо манфиатҳои миллии мамлакат на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз ҳудуди он вобаста буда, барои таъмини чунин бехатарӣ дар ҳар як ҳолати мушаххас усулҳо ва мақомоти махсус сафарбар мешаванд.

Бехатарии миллӣ чун мафҳум ва фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ мавқеи хосаи худро соҳиб гашт. Дар даврони Шӯравӣ бошад ин вазифа ба дӯши мақомотҳои махсуси марказии ҳокимияти давлатии СССР вогузошта шуда буд ва дар Тоҷикистон бахши ҷузъии ин мақомот дар тобеияти Москва фаъолият менамуд.1)[5]

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «амнияти миллӣ» моҳиятан баъди ноил гаштан ба истиқлолияти давлатӣ ба миён омад. Ҳифзи манфиатҳои миллии давлат ба консепсияи амнияти миллӣ асос ёфта, дар доираи фаъолияти низоми ҳифзи миллӣ таъмин карда мешавад. Низоми амнияти миллӣ маҷмӯи конститутсионии меъёрҳои ҳуқуқӣ, мақомоти қонунгузор ва иҷроия, инчунин воситаю усулҳои пешбарии фаъолияти онҳо мебошад, ки барои ҳифзи боэтимоди манфиатҳои миллӣ дар мамлакат махсус ташкил карда мешаванд. Самаранокии баланди низоми амнияти миллӣ бо ҳамкории он бо низоми байналмилалӣ ва минтақавии амният ба даст меояд.

Ба андешаи ман,- мегӯяд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов, – натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст. Ҷараёни нисбатан равшани оғози асри ХХ1, ки бо равандҳои мазкур пайванди наздик ва таркибӣ дорад, ин сатҳ ва мазмуни нав гирифтани шиддати рақобат ва бархӯрдҳои гуногун аст». 1)[6]

Чун идомаи мантиқии ақидаи мазкур дар Паёми нави Президент ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2006 омадааст, ки мо – ҳама шоҳиди густариш ва рушди ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи возеҳи рӯз мебошем. Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст – таъкид мекунад Президент.

Дар бораи таҳдиду хатарҳои воқеии вуҷуддошта хотиррасон шуда, дар Паёми Президент зикр мешавад, ки дар шароити мушаххаси таърихии Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюлоти ба он пайванд бинобар омилҳои асосии зерин метавонистанд ба сарнавишти Ватан ва мардуми мо таъсири дарозмуддати манфӣ дошта бошанд:

Аввал ин ки ташаккули Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони сиёсиву идеологӣ ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти даврони баъди низоъ, мавҷуд набудани сохторҳо ва механизмҳои фаъоли идораи давлат ва ҷомеа, инчунин мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дахолати хориҷӣ сурат гирифт.

Дуюм. Давлати тозаистиқлоли мо ҳамзамон бо таъсис ва таҳкими асосҳои сохтори конститутсионии сиёсиву идорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама дар бахши иқтисод ногузир ва ба ислоҳоти бунёдӣ даст зад, ки ин иқдом табиатан равандҳои иҷтимоиро шиддат мебахшад ва барои фаъолияти доманадори нерӯҳои сиёсии дохилӣ ва талошу кӯшишҳои таъсиррасонии доираву гурӯҳҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.

Сеюм. Ҷаҳонишавӣ чун дар ҳама ҷо барои асолат ва ҳуввияти миллӣ, арзишҳои ахлоқию маънавӣ, симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ эҷод намуд. Ба ин сабаб талоши мунтазам ва қотеонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо намуд.

Чорум. Дар натиҷаи таъсири ҷиҳатҳои хоси ҷаҳонишавӣ фаъолияти доираҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки пештар доманаи нисбатан маҳдуд доштанд, хеле васеъ гардид ва ин падидаҳо ба хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд.

Ва Тоҷикистони тозаистиқлол дар хатти аввали муқовимат ба онҳо таҳти фишори шадид қарор гирифт. Бо вуҷуди мушкилоти дохилӣ ва таъсири харобиовари вазъи маълуми минтақавӣ мо дар муқобили ин хатарҳо мавқеи усулӣ ва қатъӣ гирифта, кишвари худ ва амнияту суботи минтақа ва ҳатто ҷаҳонро аз оқибатҳои фалокатбори онҳо то ҳадди имкон ҳифз кардем. Ҳаёт дурустӣ ва ҳаққонияти мавқеи моро собит сохт.

Панҷум. Ҷахонишавӣ ба тавозуни беҳтари муносибатҳо ва суботи бештари низоми байналмилалӣ мусоидат карда натавонист ва ба рафъи хатари эҳтимолии бархӯрди тамаддунҳо комёб нашуд, ки чунин вазъ барои ҳамаи давлатҳо ва кишварҳо, дар навбати аввал давлатҳои ҷавон таҳдиди нисбатан ҷиддӣ дорад.

Тамоюли дигари муҳим, ки ба татбиқи манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои мо таъсири рӯзафзун дошт, раванди рушдёбандаи минтақагароӣ бахусус дар муносибатҳои иқтисодӣ буд.

Дар асоси ингуна таҳлил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов хулоса мебарорад, ки омилҳои босуръат маҳдуд шудани захираҳои ҳаётӣ ва стратегӣ, хусусан манбаъҳои ашёи хоми энергия ва дигар навъҳои сӯзишворӣ, афзоиши рӯзафзуни талабот ба василаҳои зарурии ҳаётӣ ва табиӣ сабабгори он шуданд, ки рақобат ва зиддияти мавҷудаи байналмилалӣ сатҳ ва мазмуни нисбатан нав пайдо намояд.

Ин хатар барои минтақаи Осиёи Марказӣ возеҳ аст, зеро он дорои сарватҳои бузурги ҳаётиву иқтисодӣ ва мавқеи ниҳоят муҳими геостратегӣ ва геополитикӣ мебошад. Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд. Ин тамоюлоти асосии ҷаҳони муосир ва равандҳои ба онҳо пайванд зарурати дарки масъулона ва пешбурди созандаи манфиатҳои глобалиро ба миён мегузоранд. Дар чунин шароит ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналмилалӣ ба хотири коҳиш ва рафъи хатарҳои асосии глобалӣ – терроризм, экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, ҳамчунин офатҳои экологӣ ва техногенӣ самти муҳимтарини амалиёти муштараки ҷомеаи башарӣ мебошад1).[7]

Дар ҳамин бахш меафояд Э.Ш. Раҳмонов «Шарикии мо дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи нашъаовар ва хатарҳои дигари ҷаҳонӣ барои амният ва суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзишманд аст. Хусусан, ҳамкориҳои марзӣ ва амниятии мо имкони тақвияти нерӯҳои моро дар ин ҷода фароҳам оварданд. Зарур аст, ки дар мубориза бо хатарҳои глобалӣ мавқеи усулӣ ва мутавозин минбаъд низ ҳифз шавад ва тақвият ёбад»2)[8]*

 

Адабиёт:

  1. Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонов ба шарафи таҷлили 15-солагии Истиқлолият ва Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, 9 сентябри соли 2006. -«Ҷумҳурият», 14 сентябри соли 2006
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ба Маҷлиси Олӣ, 20 апрели соли 2006. -«Ҷумҳурият», 22 апрели соли 2006.
  3. Раҳмонов Э.Ш. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2005-ум ва вазифаҳои минбаъдаи Ҳукумати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 30 январи соли 2006 – «Ҷумҳурият», 2 феврали соли 2006.
  4. Раҳмонов Э.Ш. Даҳ соли ризоият ва пешрафтҳо. Суханронии Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ, 7 апрели соли 2006. – «Ҷумҳурият», 11 апрели соли 2006
  5. Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 № 86 тасдиқ шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2004.
  6. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», Душанбе, 2003.
  7. Концепция национальной стратегии развития. //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2006, № 1. стр.62-95
  8. Концепция национальной безопасности Российской Федерации // Российская газета, 1997, 26 декабря, с. 4-5.
  9. Ализода Ҳ. Кӣ ба давлат, ба миллат хиёнат мекунад? Нуқтаи назар. – «Ҷумҳурият», 16 майи соли 2006.
  1. 1) Ба арзишњои миллї дастоварњои моддї, зењнї ва маънавии дар тасарруфи мамлакат буда дохил мешаванд. Тањдиди дохилї ё хориљї на танњо ба арзишњои миллї, балки ба тарзи миллии зиндагии мардум таъсири худро мерасонад. Тарзи зиндагї ин усулу тартиби устувори таърихан љоришудаи маънавї ва рафтори фардиву иљтимоие мебошад, ки ќасдан вайрон кардани он ба оќибатњои манфии иљтимої ё ин ки ба нобудшавии хусусиятњои миллї оварда мерасонад.
  2. 1)Вопросы экономики, 1994, № 12, сањ. 4
  3. 1) Рањмонов Э. «Созмони њамкории Шанхай дар њалли масоили љањонї наќши муњим мебозад». Љавобњои Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомали Рањмонов ба саволњои гурўњи хабарнигорони воситањои ахбори оммаи Љумњурии Халќии Хитой, ш. Душанбе, 22 майи соли 2006. – «Љумњурият», 2 июни соли 2006.
  4. 1)Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон Э.Ш.Рањмонов ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 20 апрели соли 2006
  5. 1) Мафњуми амнияти миллї дар давлатњои љањон таърихи гуногун дорад. Масалан дар ИМА ин мафњум нахустин бор дар Номаи президенти ИМА Теодар Рузвелт ба конгресси мамлакат соли 1904 дарљ ёфта буд, ки дар он ба тариќи истифодаи ќувваи њарбї њамроњ намудани минтаќаи канали Панама бо бехатарии миллї ва манфиати миллї вобаста карда шуда буд. Дар давраи минбаъда муаммои бехатарї ба яке аз муамммоњои асосии сиёсатмадорони америкої табдил гашт. Мафњуми «бехатарии миллї» дар давраи фаъолияти њар як маъмурияти нави ИМА маънои нав ва шархи хоса пайдо менамояд. Масалан дар давраи њокимияти Љорљ Буш аќидаи бехатарии миллии мамлакат ба сарнагун намудани њокимияти Саддом Њусейн дар Ироќ вобаста карда шуда, њуљуми Амрико бо ин далел ассоснок карда шуд.
  6. 1) Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 16 апрели соли 2005.- «Љумњурият», 19 апрели соли 2005.
  7. 1)Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 20 апрели соли 2006.
  8. 2)*Дар њамон љо.
0 Загрузки
test

Добавить комментарий