Усулҳои арзёбии бехатарии иқтисодӣ ва таснифоти нишондиҳандаҳои он

 

  • Моҳияти мониторинги хатари иқтисодӣ
  • Таснифоти зинаҳои объекти амнияти иқтисодӣ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии бехатарӣ
  • Нишондиҳандаҳои заминавӣ ва ҷузъии бехатарии иқтисодӣ
  • Нишондиҳандаҳои ҳадди ногувори ниҳоии бехатарии иқтисодӣ ва аҳамияти онҳо

5.1. Моҳияти мониторинги хатари иқтисодӣ

Амнияти иқтисодии мамлакат ба хотири муайян намудани таъсири хатари бамиёномада ва пешгӯи намудани он бо ёрии чунин тарзи ташхиси махсус – усули мониторинг арзёбӣ мешавад. Мониторинг – усули муқоисаи мунтазами ҳолати воқеии иқтисодиёт бо ҳолате, ки мувофиқи табъ аст. Вай бо ёрии нишондиҳандаҳои махсус гузаронида шуда, вазъияти иқтисодиётро мавриди таҳлилу ташхис қарор медиҳад ва аз рӯйи натиҷаҳои он таклифоту пешниҳодоти заруриро пешкаш менамояд. 1)[1]* Ҳадафи тадқиқоти амнияти иқтисодии мамлакат дар он ифода меёбад, ки қобилияти иқтисодиётро дар бобати таъмини дархостҳои ҷамъиятӣ дар зинаи миллӣ ва байналмилалӣ муайян созад ва инчунин, рақобатпазирӣ, кафолати безараркунии онро аз ҳар гуна хатару нокомӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таъмин намояд.

Бехатарии иқтисодии мамлакат ва минтақаҳову соҳаҳои алоҳидаи он аз рӯйи воқеъгардии даромаду хароҷотҳо, мубодилаи молу хизматрасонӣ, истифодашавии захираҳо таҳқиқ карда мешаванд. Мавриди чунин таҳқиқ зараре, ки омилҳои бехатарӣ ба миён меоваранд, бояд ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам сифат арзёбӣ карда шаванд.

Санҷиши бехатарии иқтисодӣ аз рӯйи ҷараёнҳои муҳиме, ки моҳияти ингуна бехатариро дар худ инъикос мекунанд, бояд ба меъёрҳои зайл асос ёбанд:

  • арзёбии нерӯи (иқтидори) иқтисодии мамлакат ва имкониятҳои густариши он – арзёбии сатҳи истифодашавии захираҳо, сармоя ва қувваи корӣ дар мамлакат то дараҷае, ки воқеъшавии хатари дохилӣ ва берунаро дар ин бобат аз байн барад;
  • арзёбии рақобатпазирии иқтисоди миллии мамлакат;
  • арзёбии якпорчагии марзии мамлакат ва фазои иқтисодии он;
  • арзёбии истиқрору устувории вазъи иҷтимоӣ ва пешгирии бавуҷудойии низоъҳои иҷтимоӣ.

Меъёрҳои номбаршудаи амнияти иқтисодӣ бо ёрии як қатор нишондиҳандаҳо баррасӣ мешаванд, ки онҳоро чунин гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст:

  • аз рӯйи зинаҳои объекти бехатарии иқтисодӣ;
  • аз рӯйи аҳамияти нишондиҳандаи бехатарии иқтисодӣ;
  • аз рӯйи таркибу намудҳои хатари иқтисодӣ;
  • аз рӯйи мӯҳлати таъсири хатари иқтисодӣ;
  • аз рӯйи самтҳои таъсирбахшӣ ба иқтисодиёт ва ғайра.

Номбаркунии нишонаҳои ингуна гурӯҳбандиҳоро шояд давом додан мумкин буд, зеро ки, масалан, ҳолати ҷанг, дигар ҳолатҳои фавқулодда, агар ба вуҷуд оянд, онҳо тақозо мекунанд, ки нишондиҳандаҳои дигари ғайрианъанавӣ истифода шаванд.

5.2. Таснифоти зинаҳои объекти амнияти иқтисодӣ

 

Нишондиҳандаҳо аз рӯйи зинаҳои объекти амнияти иқтисодӣ ба чунин гурӯҳҳои зинагӣ ҷудо мешаванд:

  • зинаи макроиқтисодӣ, ки ба чорчубаи тамоми мамлакат дахл дорад;
  • зинаи мобайнӣ – минтақавӣ ва соҳавӣ;
  • зинаи микроиқтисодӣ – корхонаҳо, ташкилотҳо, ҷамъиятҳои саҳомӣ, бонкҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра;
  • зинаи оилавӣ ва шахсиятҳои алоҳида, ки ба амнияти иқтисодии ҳар як шаҳрванди мамлакат дахл дорад.

Нишондиҳандаҳо аз рӯи аҳамияти онҳо ба гурӯҳҳои зайл тақсим мешаванд:

  1. Нишондиҳандаҳои умумиии аҳамияти макроиқтисодӣ дошта;
  2. Нишондиҳандаҳои аҳамияти соҳавӣ дошта;
  3. Нишондиҳандаҳои аҳамияти ҷузъӣ дошта;
  4. Нишондиҳандаҳои аҳамияти беруна дошта.

Маҷмуи нишондиҳандаҳо аз рӯйи аҳамияти худ боз ба ду гурӯҳи дигар ҷудо мешаванд:

    • нишондиҳандаҳои миқдорӣ;
    • нишондиҳандаҳои сифатӣ.

5.3. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии бехатарӣ

Таснифоти нишондиҳандаҳои умумии макроиқтисодӣ вазъи иқтисодии мамлакатро ба таври хоса муайян намуда, ҳоло дар аксари давлатҳои мутараққии ҷаҳон истифода мешаванд. Ҳайати ин нишондиҳандаҳо чунин аст:

1. Сатҳу сифати ҳаёти мардум. Ин нишондиҳанда ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯйи меъёрҳои зерин ҳисоб карда мешавад:

  • Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) номиналӣ;
  • Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) реалӣ;
  • Даромади воқеии (дар ихтиёри худ доштаи) шахсӣ;
  • Музди меҳнати миёна;
  • Музди меҳнати ҳадди ақал дар мамлакат;
  • Ҳиссаи музди меҳнат дар ММД;
  • Хароҷотҳои истеъмолӣ;
  • Пасандозҳои шахсӣ;
  • Меъёри пасандоз, яъне ҳиссаи пасандозҳои шахсӣ дар даромади шахсии дар ихтиёраш буда;
  • Шохиси (индекси) фарқкунии даромадҳо;
  • Ҳадди ақали рӯзгузаронии физиологӣ (ҳудуди поёнии камбизоатӣ);
  • Ҳадди ақали рӯзгузаронии иҷтимоӣ (ҳудуди болоии камбизоатӣ);
  • Сатҳи камбизоатии (қашшоқии) аҳолӣ;

– Нишондиҳандаҳои некӯаҳволии иқтисодии соф.

  1. Дараҷаи беқурбшавӣ (тағйирёбии қудрати харидории пули миллӣ).
  2. Сатҳи бекорӣ (бекорон нисбати захираҳои қувваи корӣ, %).
  3. Рушди иқтисодӣ – суръати афзоиши ММД дар як сол, %;
  4. Суръати афзоиши истеҳсолоти саноатӣ (аз ҷумла дар миқёси соҳаҳо) ва ҳиссаи он дар маҷмӯи ММД;
  5. Суръати афзоиши истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла аз рӯйи соҳаҳо ва ҳиссаи он дар маҷмӯи ММД.
  6. Сатҳи тағйирёбии нарх дар мамлакат, аз ҷумла нархҳои молҳои истеъмолӣ, саноатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ.
  7. Камчинии буҷети давлатӣ, аз ҷумла ҳаҷм ва ҳиссаи он нисбати ММД.
  8. Қарзи хориҷӣ ва дохилии давлат, қарзҳо нисбати маҷмӯи ММД.

10. Мадохилот ба иқтисоди ҷаҳон:

– Ҳаҷми содирот;

– Ҳаҷми воридот;

– Фарқият;

– Сохтори содирот, бахусус ҳиссаи содироти маҳсулоти тайёр ва молҳои дорои технологияи баланд;

– Мутеии воридотӣ: ҳиссаи воридот дар истеъмоли дохилии мамлакат;

11. Қурби асъори миллӣ нисбати асъори озодиваз-шаванда.

12. Фаъолияти иқтисоди «ниҳонӣ»(пинҳонӣ):

  • истеҳсоли мол, хизматрасонӣ ва даромад аз фаъолияти қайднашуда ё манъшуда;
  • Ҳаҷми онҳо нисбати ММД, даромади миллии мамлакат;
  • Азхудкунии ғайриқонунии молу мулк.

Дар байни нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ нишондиҳандаи ҷамъбасткунанда – ин сатҳу сифати зиндагии одамон мебошад.

5.4. Нишондиҳандаҳои заминавӣ ва ҷузъии бехатарии иқтисодӣ

Дар қатори нишондиҳандаҳои дар боло номбаршудаи макроиқтисодие, ки тавсифи умумӣ доранд, як қатор нишондиҳандаҳои мушаххаси заминавӣ (пайдеворӣ) истифода мешаванд. Онҳо нишондиҳандаҳое мебошанд, ки ҷараёни ислоҳотро инъикос намуда, муносибатҳои нави истеҳсолиро дар асоси хусусигардонӣ, барҳамдиҳии мавқеи инҳисороти истеҳсолот ва хизматрасонӣ, ташаккулёбии институтҳои бозорӣ ва дигар ҷараёнҳои навро дар бар мегиранд.

Ба ингуна нишондиҳандаҳо дохил мешаванд:

  • сохтори моликият. Ҳиссаи бахши давлатӣ ва хусусӣ дар истеҳсоли ММД, даромади миллӣ, вазни хоси теъдоди корхонаҳо, шумораи кормандон ва маҳсулот дар бахши давлатӣ ва хусусӣ;
  • рафти хусусигардонии моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ;
  • монополизм ва пешгирии инҳисорӣ;
  • ташаккулёбии сохторҳои (институтҳои) бозорӣ;
  • механизми идоракунӣ (сифати идоракунӣ ба маънои танзими ҳуқуқӣ ва давлатӣ);
  • тарзи андозбандӣ, андозҳои мустақим ва ғайримустақим, ҳиссаи фоидае, ки барои пардохти андоз меравад, сатҳи мизони (ставкаи) андоз;
  • тарифҳои савдои хориҷӣ;
  • вазъи муомилоти пул, гардиши пул дар муомилот ва афзоиши ҳаҷми пули дар муомилот буда, маблағгузориҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати қарзӣ, сатҳи фоизи қарз.

Нишондиҳандаҳои ҷузъии истеҳсолӣ чунин нишондиҳандаҳоро дар бар мегиранд:

    1. Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ ва вазни хоси он дар истеҳсоли маҷмӯи ММД;
    2. Сохтори (таркиби) ММД аз нуқтаи назари истеҳсоли мол, истеҳсоли хадамот, андоз, даромади миллӣ;
    3. Таҳлили ММД- и истифодашуда аз рӯйи масрафшавии он барои истеъмолоти ниҳоии миллӣ, истеъмолшавӣ дар хоҷагиҳои оилавӣ, андӯхт, пасандоз барои бунёди сармояи асосӣ ва захираҳои моддии гардон, содироти соф (фарқи байни содироту воридоти молу хадамот);
    4. Сармоягузорӣ1)[2]* дар иқтисодиёти мамлакат. Аз ҷумла:
        • ҳаҷми сармоягузорӣ нисбати ММД;
        • ҳаҷми сармоягузорӣ нисбати даромади миллӣ;
        • ҳаҷми сармоягузорӣ нисбати фоидаи умумӣ;
        • ҳиссаи сармоягузории хориҷӣ дар маҷмӯи сармоягузорӣ.
    5. Таъминшавӣ бо захираҳои моддӣ (ашъё, мавод).
    6. Маблағи умумии пардохтнашуда.
    7. Шумораи корхонаҳои қобилияти пардохт надошта.
    8. Маблағи тиҷорат ва ғайра.

Маълум аст, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташаккули амнияти иқтисодии мамлакат дар асоси стратегияи махсуси интихобшудаи кишвар сурат гирифта, хусусиятҳои худро дорад. Аммо ба ин нигоҳ накарда усулҳои намунавии таҳияи воситаҳои ташкили он аз аҳамият берун нест.

5.5. Нишондиҳандаҳои ҳадди ногувори ниҳоии

бехатарии иқтисодӣ ва аҳамияти онҳо

Ба хотири арзёбӣ намудани ҳолати амнияти иқтисодии мамлакат усулҳои зерин истифода мешаванд:

– муайян намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат ва муқоисаи онҳо бо ҳадди ногувори ниҳоии бехатарии иқтисодӣ,1)[3]* ки дар сатҳи миёнаи умумиҷаҳонӣ муқаррар карда мешаванд, бузургиҳое, ки номутобиқӣ бо онҳо дар бораи вуҷуд доштани хатари иқтисодӣ огоҳӣ медиҳад;

– санҷиши тағйирёбии суръати рушди иқтисодӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ;

– истифодаи усули экспертӣ, ки дар асоси ҳукми ҳайати мумайизон (экспертҳо) ин ё он қарор оиди бехатарии иқтисодӣ бароварда мешавад. Ҳайати мазкур дар асоси дониш, таҷрибаи ғанӣ ва мушоҳидаҳои шахсии худ усули мантиқии санҷишро истифода намуда, дар ҳалли масъалаҳои душвори иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳукми лозимиро мебароранд.

Тавре ки иброз доштем, барои муқоисаи ҳолати кунунии амнияти иқтисодӣ бояд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бо ҳудуди ногувори ниҳоӣ (ҲННБИ) муқоиса карда мешаванд.

Чанде аз ин бузургиҳои ҳудудиро пешкаш карданием:

Дар соҳаи иқтисодӣ:

пастшавии ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба давраи пештара, % -30-40

маблағҷудокунӣ барои инкишофи илм ( % нисбат ба ММД) – на кам аз 2%

истифодаи маводи хӯрокаи воридотӣ, % – на зиёд аз 30-35

ҳиссаи маҳсулоти ба технологияи баланд асосёфта дар ҳаҷми умумии содироти мамлакат,% – на кам аз 10-15

Дар соҳаи иҷтимоӣ:

таносуби музди меҳнати ҳадди ақал ва миёна – на зиёда аз 1:3

коэффитсиенти даҳъякӣ (нисбати даромади 10 % ашхоси аз ҳама бой ба даромади 10% ашхоси аз ҳама камбизоат) – на зиёда аз 10:1

сатҳи бекорӣ, % — на зиёда аз 10%

миқдори ҷиноятсодиркунӣ ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ – на зиёда аз 5ҳазор.

Дар соҳаи сиёсӣ:

  • сатҳи эътирофи тартиботи давлатӣ (шоҳпа-растии мардум)-ҳиссаи шаҳрвандоне, ки ба мақомоти марказии ҳокимият боварӣ надорад, % – на зиёда аз 40

Муқоисаи ҳолати воқеӣ бо ин нишондиҳандаҳои ҳудуди ногувор нишон медиҳад, ки вазъият чӣ тавр аст: тоқатфарсо ё ба амнияти иқтисодии мамлакат хатаровар аст; агар хатаровар бошад, дар ин ё он бахши ҳаёти ҷомеа ба суботии он таҳдид кунад, дар он ҳолат бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Адабиёт:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ба Маҷлиси Олӣ, 20 апрели соли 2006.- «Ҷумҳурият», 22 апрели соли 2006.
  2. Концепция национальной стратегии развития. //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2006, № 1. стр.62-95
  3. Документ Стратегии сокращения бедности, Душанбе, 2002
  4. Илларионов А. Критерии уровня экономической безопасности //Вопросы экономики. – 1998, № 10, с.35-58.
  5. Каюмов Н.К. К вопросу об угрозах экономической безопасности Таджикистана. //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2006, № 1, с. 103-121
  6. Саидмурадов Л.Х. Теоретические вопросы соотношения внешнеэкономических и национальныҳ интересов страны //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2004, № 3, с. 52-75.
  7. Обследование мониторинга сокращения бедности – 2002. Госкомитет статистики Республки Таджикистан. Азиатский Банк Развития, Душанбе, 2003.
  8. Основы экономической безопасности (Государство, регион, предприятие, личность)./ Под ред. Е.А. Олейникова. – М.: ЗАО »Бизнес-школа «Интел-Синтез», 1997. –288 с.
  9. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Нашри расмӣ), 2005, Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, – Душанбе: 2005.
  10. Сенчагов В.К. Экономическая безопасность как основа обеспечения национальной безопасности России // Вопросы экономики. –2001, № 8, с.64-79.
  1. 1)*Вожаи «мониторинг» назораткунї, мушоњидакунї, огоњкуниро дар иљрои ин ё он барнома ва ё дигар њуљљат мефањмонад.
  2. 1)*Мафњуми сармоягузорї (инвеститсия) дар сатњи иќтисоди миллї аз фањмиши умумї фарќ мекунад. Дар иќтисоди миллї маънои инвеститсияро танњо хариди сармояи (капитали) нав, яъне капитале ки дар њамин давра истењсол шудаааст, дар бар мегирад. Хариду фурўши капитали пештара (хонаву љой, таљњизоти пеш сохта ё истењсолшуда) ба њаљми инвеститсияи мамлакат дохил намешавад. Хонае, ки масалан дар соли љорї сохта шуд, ба инвеститсия дохил мешавад, агар ягон шахс аз ашхоси дигар хонаи пеш сохташударо харидорї намояд, ин инвеститсия намешавад, гарчанде ки ба худи шахси хонахарида ин инвеститсия аст.
  3. 1)* «Њадди ногувори нињоии бехатарии иќтисодї(ЊННБИ)» – ин меъёрњое мебошанд, ки риоя нанамудани онњо метавонанд садди роњи инкишофи такрористењсолот гашта, омилњои манфии пешравї, тамоюли нораворо ба миён оранд. Њадди ногувор нишондињандањои миќдорие мебошанд, ки дар бахшњои гуногуни иќтисодиёт худуди хатардору бехатарро људо намуда, манфиатњои миллии њар як давлатро дар соњаи иќтисодиёт миќдоран сањењ месозанд.
0 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.