Хатари иқтисодии дохилӣ ва беруна дар хоҷагии миллии Тоҷикистон

 

  • Хатари иқтисодии дохилӣ ва омилҳои пайдоиши он
  • Хатари иқтисодии берунае, ки ба амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ таҳдид мекунад
  • Зарурати пешбинии баъзе маҳдудиятҳои сиёсати «дарҳои кушод»

6.1. Хатари иқтисодии дохилӣ ва омилҳои пайдоиши он

Дар иқтисодиёти Тоҷикистони имрӯза хатари иқтисодӣ аз оқибатҳои дарозмуддати ҷанги шаҳрвандӣ ва таъсири фалаҷшавии низоми иқтисодии он давра бармеояд. Ҳоло сатҳи истеҳсолоти давраи тоҷангӣ ба даст наомадааст, такрористеҳсолоти васеъ ҷорӣ нашудааст, даромади воқеии мардум дар сатҳи паст қарор гирифтааст, камбизоатӣ, қашшоқӣ, ҷинояткорӣ ва беназоратии наврасон ва ғайра ба вазъи иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Хатари иқтисодии дохилӣ аз омилҳои зайл бармеояд:

  1. Паст рафтани сатҳи истеҳсолот ва аз даст додани бозорҳои молӣ. Ин омил дар он ифода меёбад, ки дар натиҷаи аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ сатҳи истеҳсолот торафт паст мефарояд. Дар як қатор корхонаҳо ва ҳатто соҳаҳои саноат ширкатҳои хориҷӣ метавонанд бо осонӣ ҳукмронии пурраи худро ба даст оваранд. Дар натиҷаи пастравии истеҳсолот маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ на танҳо дар бозори ҷаҳонӣ, балки ҳатто дар бозори дохилӣ мавқеи худро гум намуда истодаанд, ки ин боиси хатари иқтисодии дохилӣ мешавад.
  2. Рақобатнопазирии маҳсулоти ватанӣ, ки бо сабаби истифодаи технологияи қафомонда, фарсудашавии фондҳои асосӣ, сатҳи баланди арзиши аслии маҳсулот паст мегардад. Азбаски маҳсулоти камсифату ба болои ин нархаш баланд дар бозор харидорӣ намешавад, корхона боиси муфлисшавӣ мешавад.
  3. Сатҳи баланди монополизм дар иқтисодиёт яке аз сабабҳои афзоиши хатари иқтисодӣ мебошад.
  4. Яке аз сабабҳои пастшавӣ ё ҳатто гумшавии таваҷҷӯҳ ба комёбиҳои илму техника, сустшавии нерӯи илмию техникӣ дар истеҳсолот дар он аст, ки шумораи зиёди мутахассисон аз мамлакат фирорӣ намуданд ё тахассусашонро иваз намуданд, фаъолияти соҳаи зеҳнӣ қадру эътибори худро як қадар гум намудааст.
  5. Сустшавии фаъолнокии инвеститсионӣ ва навҷорисозӣ (инноваттсионӣ) ва иқтидори илмию техникӣ.
  6. Сармоягузорӣ дар мамлакат маҷрои ғайриистеҳсолиро пеш гирифта, боиси коҳиши инкишофу пешравии истеҳсолот мешавад. Ҳоло маблағҳои асосие, ки ба иқтисодиёт сафарбар мешаванд, бештар ба соҳаи тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, инфраструктураи нақлиётӣ равона карда мешаванд.
  7. Зиёдшавии шумораи табақаҳои аҳолие, ки даромадашон аз ҳадди ақали рӯзгузаронӣ паст аст, дар натиҷа шумораи бекорон, нашъамандон, ҷинояткории муташакккилона, фоҳишакорӣ ва дигар амалиётҳои ношоям дар ҷомеа афзоиш меёбад.
  8. Номукаммалии сохтори истеҳсолот, махсусгардонии корхонаҳои мавҷуда, ки бештар на барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, балки ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва ашёи хом нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз содироти ашёи хом аз мамлакат бо нархи арзон ва воридоти маҳсулоти тайёр аз хориҷи кишвар бо нархи гарон доир мегарданд.
  9. Пурзӯр шудани вобастагии истеъмолот аз маҳсулоти воридотӣ.
  10. Нобаробарии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои мамлакат дар натиҷаи ҷойгиркунии номусоиди қувваҳои истеҳсолкунанда, вайроншавии баланси байнисоҳавии иқтисодиёт, мавҷуд набудани барномаҳои асосноки дурнамои тараққиёт.
  11. Ривоҷ ёфтани иқтисоди ниҳонию мушоҳиданашаванда (пинҳонӣ) – рӯпуш кардани даромадҳо ва пардохт накардани андоз, имконияти сафарбар шудани маблағҳои калон барои гирифтани пеши роҳи кушодашавии ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои калони соҳаи иқтисодӣ.
  12. Пурзӯр гаштани ҷараёни ришвахурӣ, ҷинояткории муташаккилона дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, суст будани интизоми давлатӣ, номукаммалии низоми андозгузорӣ, ҷой доштани боҷгузории гуногуни ғайрирасмӣ, ки ба хазинаи давлат ворид намешавад, иҷро нагардидани қонунҳо, беадолатӣ дар мақомоти низомӣ ва ҳуқуқӣ, қафомони дар таҳияи қонун ва институтҳои иқтисоди бозорӣ ва ғайра – ҳамаи ин боиси афзоиши хатари иқтисодӣ дар дохили хоҷагии халқи мамлакат мешавад.

Пешравии иқтисодиёти мамлакат бештар аз вусъатёбии барқароркунии истеҳсолот, ба кор даровардани корхонаҳои калону хурди соҳаҳои гуногун, таҷдиди истеҳсолот, навкунии таҷҳизот, ҷорӣ намудани технологияи нав, ташкили истеҳсолот, ташкили илмии меҳнат вобаста аст. Беқурбшавии пул ба он оварда мерасонад, ки маблағҳои барои сармоягузорӣ пешбинишуда (қисми фоидаи корхонаҳо, маблағи фонди истеҳлок, маблағҳои буҷетӣ) то давраи ба кор даровардани иқтидорҳои истеҳсолӣ қурби худро гум намуда, боиси баландшавии хароҷотҳои моддию молиявии истеҳсолӣ ва нархи маҳсулот мегарданд. Ин ба харидорӣ нашудани мол сабаб мешавад.

Фазои номусоиди инвеститсионӣ дар кишвар

аз омилҳои зайл бармеояд:

  1. Ноустувории асосҳои қонунгузорӣ;
  2. Сатҳи баланди андозбандии расмӣ ва ғайрирасмӣ;
  3. Сатҳи баланди таваррум;
  4. Ҷинояткорӣ ва ришвахӯрии мансабдорон;
  5. Қобилияти пасти харидории аҳолӣ;
  6. Сатҳи баланди боҷу хироҷи гумрукӣ;
  7. Бюрократизму бесалоҳиятии ҳокимияти маҳаллӣ;
  8. Кафолати пасти суғуртавӣ;
  9. Нобоварии шарикони бизнес дар масъалаи пардохт;
  10. Камбудиҳои соҳаи инфраструктураи бозорӣ;
  11. Маҳдудиятҳои соҳаи хизматрасонии бонкӣ;
  12. Норасоии иттиллоотӣ;
  13. Кам будани ҳамкорони боваринок;
  14. Норасогии иқтидорҳои истеҳсолӣ;
  15. Зиёд будани зуҳуроти инҳисорӣ (монополизм) дар бозори молу хадамот;
  16. Муаммоҳои тайёр намудан ва ҷобаҷокунии кадрҳо.

Омилҳои номбаршуда таъсири худро та танҳо ба сармоягузории дохилӣ, балки сармоягузории хориҷӣ низ мерасонанд, яъне омили на танҳо хатари дохилӣ, балки омили хатари беруна низ мебошанд.

6.2. Хатари иқтисодии берунае, ки ба амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ таҳдид мекунад

Хатари иқтисодие, ки ба амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ аз берун таҳдид мекунад, аз фаъолияти ҳамкорони хориҷӣ бармеояд ва ба чунин ҳолатҳо вобаста аст:

  1. Аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ забт кардани бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи намудҳои гуногуни молҳои ниёзи мардум. Ин ҳолат дар натиҷаи беҳудуд ворид шудани маводи хӯрока, молҳои саноатӣ, молҳои таъиноти маданӣ ва маишӣ бо нархи нисбатан арзон ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа мо мутеи воридот гашта аз маҳсулоти ватанӣ то андозае даст мекашем. Дар байни садҳо номгӯй маҳсулоти хориҷӣ маҳсулоти ватанӣ ҷои худро ёфта наметавонад.
  2. Аз хориҷи кишвар кашондани (ворид намудани) маҳсулоти камхарҷи тайёр (бо нархи арзон) ва ба ивази он бурдани (содироти) ашъёи хом, масалан, нахи пахта ё алюминий.
  3. Аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ харидорӣ намудани корхонаҳои ҷумҳурӣ бо хотири танг намудани маҳсулоти ватанӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам беруна.
  4. Афзоиши қарзи хориҷӣ ва сол аз сол зиёдшавии масрафи маблағҳои буҷаи давлатӣ барои баргардонидани («хизматрасонии») қарзи беруна.

Дар доираи хатари беруна вусъатёбии ҷараёни ҷаҳонпайвандӣ солҳои охир як силсила зуҳуроти барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарнок, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ҷинояткории трансмиллӣ ва қочоқи маводи мухадддир ба миён омада, боиси ташвиши башарият шуда истодааст. Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз хатарҳои нисбатан нави ҷаҳонӣ буда, на танҳо ба тандурустии шахсони алоҳида, балки ба оромиву осудагии сокинони бисёр кишварҳо ва умуман сайёра таҳдид менамояд.

Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов изҳори ташвиш намуда иброз дошт, ки проблемаҳои қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бар зидди он мушкилоти танҳо Тоҷикистон, Афғонистон ё Осиёи Марказӣ нест. «Ин хатари глобалӣ, – мегӯяд ӯ, – дар радифи терроризми байналмилалӣ қарор дошта, ҳамзамон яке аз сарчашмаҳои асосии молиявии он ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ, муборизаи муштарак, ҳамоҳангшуда ва муассири ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама давлатҳои тараққикардаро талаб мекунад» 1)[1]*

Саҳмгузории Тоҷикистон дар мубориза бар зидди паҳншавӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дар айни ҳол, қувватгирии гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ назаррас мебошад. Дар тӯли 10 соли охир аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бештар аз 60 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист даҳҳо миллион одамонро гирифтори нашъамандӣ намояд ва якчанд миллиард доллар даромаде, ки ҷинояткорон ба даст меоварданд, барои амалиётҳои нави террористию ҷинояткорӣ маблағгузорӣ шаванд.

 

6.3. Зарурати пешбинии баъзе маҳдудиятҳои сиёсати

«дарҳои кушод»

Тавре ки аён аст, Тоҷикистон дар сиёсати берунаи худ сиёсати «дарҳои кушод»-ро пеш гирифтааст. Ин, албатта, иқдоми нек буда, таҷрибаи ҷаҳонӣ дуруст будани ин роҳро собит кардааст. «Иқтисоди кушод» барои мамлакат имкониятҳои калон фароҳам меорад. Дар қатори ин бояд дар назар дошт, ки ингуна «кушодагӣ» бояд дар доираи зарурати оқилона бошад, то ҳадде ки ба самаранокии иқтисодиёт, рақобатпазирии он мусоидат намояд. Аммо ҷумҳурӣ бо шароитҳои хос ба низоми иқтисодии байналмилалӣ ворид мешавад. Душвориҳои давраи гузариш, камбизоатӣ, нарасогии сармоя ва дигар ҳолатҳои номусоид водор месозанд, ки давлат дар масъалаи «кушодагардонии» иқтисодиёт эҳтиёткориро аз даст надиҳад. Ҳини «кушодагардонӣ» бояд ҳолати ҳифзшавии истеҳсолоти ватанӣ, молия ва низоми бонкӣ, муомилоти пул, бахшҳо ва соҳаҳои стратегии мамлакат ба инобат гирифта шаванд. Бояд ки ҳамаи ҷиҳатҳои ин ҷараён, танзими давлатии кушодагардонӣ мавриди таҳлилу мулоҳизаи хуб қарор гиранд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари кишварҳои ҷаҳон мавриди кушодагардонии иқтисодиёти худ дар давоми даҳсолаҳо ин масъаларо таҳти назорати давлат қарор медиҳанд. Ҳатто як қатор давлатҳои мутараққӣ (ба монанди Япония, ИМА, Фаронса, Шветсия) ҳоло ҳам номгӯи бахшҳо ва соҳаҳоеро муайян кардаанд, ки воридшавии сармояи хориҷиро ба онҳо аз тариқи қонунгузории давлатӣ манъ карда шудааст.

Дар ин ҷода муқаррароти махсус дар Япония ҷой дорад. Тибқи он ба сармоягузори хориҷӣ барои харидорӣ намудани саҳмияи ширкатҳоеро, ки бо вобастагӣ ба саноати мудофиа, соҳаи алоқа ва чанди дигарон кор мекунанд, иҷозат намедиҳанд.

Манфиатҳои таъмини бехатарии иқтисодӣ водор месозад, ки баъзе маҳдудиятҳо дар соҳаи ҳамкории хориҷӣ сарфи назар нашаванд, масалан ба ширкатҳои хориҷӣ додани конҳои захираҳои табии барқарорнашаванда, телекомуникатсияҳо, роҳҳои нақлиёту интиқоли мол. Таҳти назорати давлатӣ фаъолияти ширкатҳои хориҷии суғуртавӣ ва бонкӣ низ бояд бошанд. Ба назорати давлатҳои хориҷӣ пурра вогузоштани идораи соҳаҳои стратегии иқтисодиёт, саноати мудофиа, ҷустуҷӯи захираҳои зеризаминии канданиҳои фоиданок, фаъолияти монополияҳои табиӣ ҷоиз нест.

Гуфтаҳои боло маънои онро надоранд, ки Тоҷикистон худро аз робитаҳои ҷаҳонии хоҷагидорӣ бояд ҷудо кунад, дар канор гирад. Дар ин ҷо сухан дар бораи зарурати сарфи назар накардан аз эҳтимолияти ба вуҷуд омадани натиҷаҳои манфӣ аз ҳолати аз андоза берун «кушода» будани бозори кишвар меравад. Дар ин ҷо дар назар дорем ҳолатеро, ки дар воридшавии сармояи хориҷӣ бидуни қонунгузории танзимӣ бемаҳдудиятиро ҷой дода, манфиатҳои миллии мамлакат сарфи назар мешаванд.

Албатта даврае мерасад, ки баъди гузаштани солҳо, паси сар намудани давраи душвори гузариш дар Тоҷикистон муносибатҳои бозорӣ равнақ ёфта, таҳкими низоми молиявию пулӣ, баланшавии дараҷаи рақобатпазирӣ доир мегардад. Дар он ҳолат масъалаи кушодагардонии иқтисодиёти мамлакат шояд, ки бағоят тез нашавад. Ҳоло бошад ин муаммо бевосита ба амнияти иқтисодии кишвар пайваста буда, бар асари бениҳоят «кушодагияш» иқтисодиётро метавонад бо хавфи хатари иқтисодӣ рӯбарӯ кунад. Бинобар он таҳияи чораҷӯиҳои лозимӣ дар ин ҷода зарурат дорад. Чунончӣ, аз манфиат дур намешавад, агар дар ҷумҳурӣ сохтори мустақили давлатие таъсис дода шавад, ки ба зиммаи он санҷиши (экспертизаи) пешакии ҳамаи шартномаҳои бузурги инвеститсионӣ бо ҳамкорони хориҷӣ вогузошта шавад. Назорати давлатиро аз рӯйи фаъолияти хориҷии ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли моликият пурзӯр намудан, албатта бе сӯистемолии маъмурӣ, низ мувофиқи матлаб мешуд. Дар ин самт ба тариқи қонунгузорӣ ба сармоягузорони хориҷӣ муайян намудани доираи на танҳо маблағгузории афзалиятнок, балки муайян кардани соҳаҳои дар ин бахш манъшуда; ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар нишондоди тарзи аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ харидани саҳмияҳо, ба тариқи арзон харидорӣ намудани боигарии миллии Тоҷикистон – масъалаҳое мебошанд, ки дар доираи талаботҳои амнияти иқтисодӣ бояд сурат гиранд.

Таҳлили равобити хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи таъмини бехатарии иқтисодӣ нишон медиҳад, ки имкониятҳон соҳа ҳоло пурра истифода нашудаанд. Дар сохтори содироти мол аз ҷумҳурӣ ашё хом (пахта ва алюминий) мавқеи асосиро ишғол мекунад, дар сохтори воридот бошад асосан молҳои истеъмолӣ – молҳои ниёзи мардум ташкил мекунанд.

Равнақи робитаҳои иқтисодии хориҷиро бо дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) вобаста мекунанд. Гуфтан лозим аст, ки созмони номбурда, ҳамчунон дигар созмонҳои байналмилалӣ ба монанди корпоратсияҳои байналмилалӣ, гурӯҳҳои молиявию саноатӣ натиҷаи густариши ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) буда, чун ҷараёнии табиии ҳамкорию ҳамбастагии давлатҳо ба хотири равнақи таксимоти байналмилалии меҳнат, печдарпечшавии иқтисоди миллии давлатҳо ба иқтисоди ягонаи глобалӣ мебошад. Ҳоло зиёда аз 90% ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ дар асоси меъёрҳо ва қоидаҳои СУС танзим мешавад, ки дар бораи нақши ҳалкунандаи ин созмон дар танзими гардиши савдои хориҷии байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Таъмини интиқоли озоди байнисарҳадии молу хизматрасониҳо дар шароити шаффофии меъёрҳои танзим чун ҳадафи ин созмон қарор гирифтааст.

Воридшавӣ ба узвияти ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба давлатҳои тарраққикарда бештар фоидабахш аст – давлатҳое, ки дорои иқтидори бузурги содиротӣ, бозори дохилии калон ва саноати тараққикарда мебошанд. Аммо давлатҳои хурд наметавонанд дар канор бошанд. Воридшавии Тоҷикистон ба СУС ҳоло дар марҳилаи гуфтушунидҳо қарор дорад.

Воридшавии Тоҷикистон ба узвияти СУС аз ду ҷиҳат зарурати худро пайдо мекунад: аз нигоҳи сиёсӣ, ки барои канорҷӯ нашудани кишвар аз доираи байналмилалӣ кафолат пайдо шавад ва, дуюм, аз нигоҳи ширкатварзии он дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ.

Албатта воридшавии ҷумҳурӣ бояд аз ҷиҳати манфиатҳои миллӣ мавриди санҷиши дақиқ қарор гирад, яъне чун оқибат хатари имконпазирро барои инкишофи истеҳсолоти ватанӣ ба миён наорад.

Ҳоло ингуна санҷиши оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба СУС, ки ба таври объективӣ бехатарии иқтисодии кишварро арзёбӣ намояд, гузаронида нашудааст. Яъне ба таври оддӣ гӯем, аз узвият шудан ба созмон ҷумҳурӣ чӣ мебуррад ва чӣ бой медиҳад – саволе мебошад, ки то давраи воридшавии кишвар ба Созмон бояд посухи пурраи худро ёбад.

Тавре ки олимони ҷумҳурӣ дар ин бахш мулоҳизаҳои худро баён мекунанд, чорабинии мазкур ҷиҳатҳои на танҳо мусбат, балки манфӣ низ дорад. Ҷиҳатҳои мусбат:

  • ҷумҳурӣ ба механизми байналмилалии ҳал намудани масъалаҳои баҳсноки савдои хориҷӣ дастрас мешавад;
  • дар таҳияи қоидаҳои савдои байналмилалӣ бо назардошти манфиатҳои миллии худ ширкат меварзад;
  • ба афзоиши содироти маҳсулоти ватании ҷумҳурӣ шароити мусоид ба миён меояд.

Дар ин қатор ҷиҳатҳои манфӣ низ мавҷуданд, ки онҳоро сарфи назар намудан ҷоиз нест. Чунончи:

  • паст намудани боҷи гумрукӣ, ки бо талаботи СУС ба молҳои воридотӣ муқаррар мешавад, ба воридшавии молҳо ва хизматрасониҳои арзони хориҷӣ имкон медиҳад, ки молҳои ватаниро дар бозор танг созад;
  • аз имкон дур нест, ки бизнесменҳои хориҷӣ ба ҷумҳурии мо ба ҷои сармоя молҳои арзони худро ворид мекунанд, чунки барои онҳо аз сармоя дида моли тайёри худро бе монеъгӣ оварда фурӯхтан фоидабахштар мешавад;
  • имкониятҳои иқтидори саноатии мо, ки дар натиҷаи фарсудашавии фондҳои истеҳсолии корхонаҳо чандон баланд нестанд, васеъ намудани номгӯи молҳои саноатиро дар содирот боз медорад. Шояд дигар омилҳои таъсири манфӣ низ ҷой дошта бошанд.

Масъалаҳои номбурда дар бахши равобити хориҷӣ на танҳо ба қабулшавии ҷумҳурӣ ба СУС, балки умуман ба доираи муаммоҳои таъмини бехатарии иқтисодӣ дахл доранд.

Адабиёт:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 апрели соли 2006. -«Ҷумҳурият», 22 апрели соли 2006.
  2. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонов ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон, 28 майи соли 2006. – «Ҷумҳурият», 30 майи соли 2006.
  3. Баромади Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Ғ. Оқилов дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамбасти соли 2005 ва вазифаҳо барои соли 2006. – Иқтисоди Тоҷикистон: стратегияи тараққиёт, 2006, № 1, саҳ. 26-44.
  4. Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 № 86 тасдиқ шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2004.
  5. Абалкин Л. Экономическая безопасность России: угрозы и их отражение //Вопросы экономики. – 1994, №12, с.4-13.
  6. Каюмов Н.К. К вопросу об угрозах экономической безопасности Таджикистана. //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2006, № 1 стр. 103-121
  7. Каюмов Н.К. Таджикистан и ВТО: реалии и перспективы. //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2005 г. Специаьный выпуск, посвященный Четвертому Бизнес-форуму ОЦАС. Душанбе, 2005, стр. 23-31.
  8. Рахимов Р.К. Некоторые вопросы воспроизводства и использования основного капитала в экономике Таджикистана //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2006, № 1, стр. 122 –139.
  9. Рахимов А.М. Открытая экономика: проблемы и перспективы //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2004, № 4, стр. 53 –70.
  10. Солиев Х.Х. Проблемы экономического роста и сокращение бедности в Таджикистане //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2004, № 3, стр. 5 – 14.
  11. Солиев Ҳ.Ҳ. Ҷамбасти сол ва нақшаҳои оянда. // Иқтисоди Тоҷикистон: стратегияи тараққиёт, 2006, № 1, саҳ. 45- 61.
  12. Таджикистан // Азиатский Банк Развития, Душанбе, 2003.
  13. Одинаев Ҳ.А. Эколого-экономическое регулирование природопользования в сельском хозяйстве. – М.: МАКС Пресс, 2004. – 240 с.
  14. Основы экономической безопасности (Государство, регион, предприятие, личность) //Под ред. Е.А. Олейникова. – М.: ЗАО «Бизнес-школа «Интел-Синтез», 1997. – 288 с.
  15. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Нашри расмӣ), Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: 2005.
  16. Петров Г.Н. Всемирная торговая организация (ВТО) и устойчивое рациональное использование энергетических ресурсов Республики Таджикистан //Экономика Таджикистана: стратегия развития, 2004, № 2, стр. 125 –142.
  1. *1) Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомали Рањмонов ба муносибати рўзи сарњадбонон, 28 майи соли 2006. – «Љумњурият», 30 майи соли 2006.
0 Загрузки
test

Добавить комментарий