Гавхари барчида аз Махосини Дини Ислом

Ҳудуд ва ҷазои ҷиноятҳо

Масъалаи ҳудуд ва ё ҷазо додани шахси муҷрим, ки шариат ба он амр кардааст, бинобар он аст, ки ҷаримаҳо поймол кардани ҳуқуқи худованд ва ҳуқуқи бандагон мебошад. Ситам ва зулмест, азим, ки ба қавонин ва низомҳо халали бузург ворид месозад, балки умури дунёро номунтазам мегардонад.

Ҳудуд ва ҷазоҳое, ки шариат дар муқобили ҷиноятҳо қарор додааст, пеш аз ҳама дар қалби худи муҷрим хавф эҷод мекунад ва сабаби доштани ў аз воқеъ шудан дар ҷиноят мешавад. Зеро ҳудудҳои шаръи подошҳоест шадид, ки аз тасаввури он ҳар фарде ба ҳарос меояд ва иродаи ҷиноятро аз зеҳнаш хориҷ месозад. Ба монанди қатл, буридани аъзо, дарра задан, хориҷ кардан аз ватан ва ғайраҳо.

Дар ҳар як аз ҳудудҳои шаръи масолеҳи хусуси ва умуми вуҷуд дорад, ки ҳар фарди оқил онро дарк мекунад. Шарру бади ва ҷиноятҳоро наметавон дафъ намуд, магар бо ҷори кардани ҳудудҳои шариати ислом, ки дар он бар андозаи ҳар як ҷинояте, ҷазои сазовореро муқаррар карда шудааст.



МИСОЛИ ДУВОЗДАҲУМ

Манъ аз тасарруфи ноҷо дар мол

Манъи баъзе аз инсонҳо аз тасарруф дар амволашон.

Ҳаргоҳ тасарруфи шахсе дар молаш зараровар бошад ва ё хурдсол, аҳмақ ва ё девона бошад, инчунин ашхос аз нуктаи назари шаръ аз тасарруф кардан дар молҳояшон манъ карда мешаванд.

Ин низ аз маҳосини шариат аст, ки ба хотири ҳифзи моли инчунин ашхос, ононро аз тасарруфи ноҷо дар амволашон манъ мекунад. Чун зарари тасарруфи онон пеш аз ҳама ба худашон ворид мешавад ва зарари он бештар аз нафъи он аст, муваққатан манъ намудани онон ба масолеҳ ва манфиати худи онон аст.

Инчунин ин ҳукми шаръи дигаронро иршод ба тасарруфи нек ва оқилона дар дороиву амволашон мекунад.



МИСОЛИ СЕЗДАҲУМ

Аҳду паймон дар муомилот

Машруияти аҳду паймон ва иттифоқҳое, ки мутааллиқ ба ҳуқуқи моли аст ва нигошта кардани он.

Ин ба хотири ҳимояи ҳуқуқи молии мардум, зоил намудани шакку шубҳа ва пешгири аз ихтилофот дар аҳду паймон мебошад.

Муомилоте, ки барқарор кардани аҳду паймон дар он ва нависта кардани он зарури аст, ба монанди гузоштани моли амнат дар назди касе, замонат додан, қарз додан, ба кафолат гирифтан ва ғайраҳо, ки ба ҳангоми воқеъ шудани ихтилоф ва ё инкор, ба суи он муроҷиат карда мешавад.

Дар навиштани аҳдномаҳо ва муҳофизати он манфиатҳои зиёдест, ба мисли ҳифзи ҳуқуқ, паҳноии доду гирифт, барпо доштани адолат, салоҳияти аҳволи мардум ва устувор намудани асосҳои муомилот мебошад.

Агар ин васиқаҳову аҳдномаҳо вуҷуд намедошт, қисми зиёде аз муомилот ва доду гирифти мардум ба табоҳи мепайваст.



МИСОЛИ ҶОРДАҲУМ

Қарз ва садақот

Ноил шудан ба аҷру савоб дар муқобили накўи ба мардум, бо қарз додан ва ё садақа кардан ва боз гардонидани худованд ба шахси садақакунанда айнан моли сарфкардаи ўро ва ё бадали онро, ин худ аз роҳҳои беҳтарини ба даст овардани аҷру савоб мебошад, бе он, ки ба соҳибаш зараре ворид шавад. Балки дар он аз масолеҳи гуногуни мардум, ба монанди бароварда кардани ҳоҷатҳо, сабук сохтани мўсибатҳо ва ҳусули хайру накўи умурест, ки наметавон ба шумор овард.

Оне, ки молашро дар роҳи худо сарф кардааст, боз ба худаш баргардонида мешавад. Дар назди худованд ба аҷре фаровон ноил мешавад ва инчунин дар назди бародари мўъминаш фазилату икромро соҳиб мегардад. Бо вуҷуди он, ки баракат дар молаш афзун мегардад, калбаш фараҳманд мешавад ва улфату муҳаббати бародари ҳосил мегардад.



МИСОЛИ ПОНЗДАҲУМ

Ҳалли ихтилофот

Асосҳое, ки шариат барои бартараф кардани хусуматҳо, ихтилофоту ишколот ва ҳалли ниқошҳои тарафайн муайян намудааст, мабни бар адолат, мувофиқи фитрат ва раҳои аз урфу одатҳои ҷоҳилона мебошад.

Ҳаргоҳ даъвогаре ҳаққашро талаб намуд, пеш аз ҳама аз ў далелу ҳуҷҷат ва исботи он дархост карда мешавад. Чун тавонист даъвои хешро бо бурҳон исбот кунад ва собит намояд, ки ҳақ бар ҷониби ўст, даъвои ў қабул карда мешавад. Аммо чун натавонист даъвои хешро исбот намояд, ба тарафи муқобил, ки даъвои ўро рад менамояд, ба номи худои таоло қасам дода мешавад ва аз ў ҳаққе дархост намешавад.

Вале ба ҳангоми иштибоҳ ва бароба будани мухолифон дар ҷиноят, шариат бар сабили сулҳи одилонае, ки муносиби ҳар қазияҳо ва роҳи ҳалли тамоми мушкилот аст, иршод менамояд.

Шариат ба тариқе, ки холи аз зулму ситам буда муҷиби воқеъ шудан дар маъсият набошад ва бар нафъи мардум бошад, ба сўи он фаро мехонад, хусусан дар масоили ҳалли ихтилофот.

Дар баробари ҷазои ҷиноятҳо ҳама кас, чи соҳибқудрату нотавон, чи сардору тобеъ ва чи сарватманду фақир, ҳама кас яксон ва баробарҳуқуқ мебошанд.

Аҳкоми шариат ба андозае мувофиқ ба адлу фитрат аст, ки ҳар як соҳиби хусуматро қонеъ мегардонад.

МИСОЛИ ШОНЗДАҲУМ

Амр ба машварат

Дини ислом ба маслиҳату машварат кардан дар умури дини ва дуняви аҳамияти махсус медиҳад. Ононеро, ки дар тамоми умури дохиливу хориҷиашон байни ҳамдигар машваратро барпо медоранд, сано фармудааст.

Ин асосе мебошад, ки ҳар як соҳибхирад онро накў мешуморад. Ин роҳи ягонаест дар паймудани тариқи салоҳиятнок ва беҳтарин василаест дар ноил шудан ба мақсаду ҳадафҳо, дар ёфтани натиҷаи дуруст ва дар пеш гирифтани роҳи адолат.

Ҳар миллате, ки ин асоси бузургро барпо намояд, хайру салоҳи азимеро ба даст меорад.

Ҳаргоҳ донишу маърифати мардум рўй ба пешрави ниҳад ва афкори онон ба паҳнои гаравад, ба ҳамон андоза эҳтиёҷоти онон ба барпо доштани машварат зиёдтар мегардад.

Чун дар ибтидои ислом мусалмонон ин аслро барпо намуданд ва онро дар умури диниву дунявиашон татбиқ намуданд, тамоми умури онон муназзам ва барқарор гардид ва аҳволи онон руй ба сўи бартари ниҳод. Онгоҳ, ки мусалмонон аз ин асли азим рўй бартофтанд ва асосҳои онро паси сар гузоштанд, дар дунё ва динашон рўй ба коҳиш ниҳоданду пароканда шуданд, то ба он ҳоле расиданд, ки имрўз мушоҳида мекунем.

Агар мусалмонон ба дини хеш бозгарданд ва дар корҳояшон машваратро барпо намоянд, ихтилофоти онон бартараф гашта, растагору пирўз хоҳанд шуд ва аз ин зиллату хори, ки имрўз дар онанд, наҷот хоҳанд ёфт.

МИСОЛИ ҲАБДАҲУМ

Ислом ислоҳгари дин ва дунё аст

Ислом ҳамон тавр, ки ба умури дини эҳтимом медиҳад, инчунин ба умури дуняви низ аҳамияти махсус додааст. Салоҳи дину дунёро ҷамъ намудааст ва масолеҳи рўҳу ҷасадро ба ҳам пайвастааст.

Ин амрест, ки Қуръон ва суннат ба он ташвиқ менамоянд ва ба барпо доштани умури дини ва ҳам дуняви фаро мехонанд. Зеро ҳар як аз умури дуняви ва ухрави созгор ва алоқаманди ҳамдигаранд.

Худованд бандагонашро барои парастиш ва барпо доштани ҳуқуқҳо халқ намуд. Ба онҳо ризқу рўзии муайянро ҷори намуд ва сабабҳои ба даст овардани онро фароҳам сохт, то ба василаи он ба ибодати ў қуввату имдод дарёбанд. Ба василаи он корҳои мутааллиқ ба дунё ва охирати ононро созгор намудааст.

Шариат танҳо ба такомул ва парвариши рўҳ иктифо накарда, балки ба масолеҳ бадан низ эҳтимом додааст. Аз пайравии лаззатҳову шаҳавот ва побанди ба он наҳй фармуда ба тақвият додани масолеҳи қалбу рўҳ иршод намудааст.

МИСОЛИ ҲАЖДАҲУМ

Алоқаи илму дин ва давлатдори

Шариати ислом илму донишу диндори ва ҳукмрониву давлатдориро ба ҳам пайваст намуда вобастаи ҳамдигар гардонидааст. Илму дин ҳукуматро барқарор мекунанд, ки бар асоси он ҳукму салтанат бино меёбад. Зимомдори вобаста ва пойбанди илм ва дин аст, ки ҳикмату роҳи рост ва салоҳу наҷот дар он аст.

Ҳар ҷо, ки дину давлат ба ҳам пайвастааст, тамоми умур ба саоҳ омада аҳволи мардум рўй ба беҳбуди мениҳад. Чун яке аз инҳо аз ҳам ҷудо гардад, низом халал меёбад, хайру салоҳ зоеъ мегардад, тафриқа воқеъ мешавад ва қалбҳо аз ҳам дур шуда аҳволи мардум ба шикастагиву пасти мепайвандад.

Ҳар қадар, ки илму дониш вусъат ёбаду маданияту ирфони мардум гуногун шавад ва ихтироъот зиёд шавад, чизе пайдо намешавад, ки бар хилофи далолати Қуръон бошад. Шариати ислом ҳеҷ гоҳ ба пешравиҳои башарият зиддият ва ё халале эҷод намекунад.

Шариат чизеро наовардааст, ки муҳол бошаду ақл онро инкор кунад, балки ҳама умури шаръиро ақли солим мепазирад ва шриатро ҳамчу роҳнамои хеш дар тамоми умур қабул менамояд.

МИСОЛИ НУЗДАҲУМ

Шариат созгори илм ва ақл аст

Шариат чизеро наовардааст, ки илми ҳозир хилофи онро собит карда бошад. Ин далолат бар он мекунад, ки ончи худованд фуруд овардааст, мўҳкаму собит ва созгори ҳама давру замон мебошад.

Ин аслест, ки ҳар як соҳибақл метавонад онро дар натиҷаи ҷустуҷў аз ҳақоиқи илми, ҷамъи маълумоту кашфиётҳо ва омўзиши ҳодисаҳои табии ва ғайраҳоро ба тафсил биёмўзад ва ба натиҷахое дастрас гардад, ки ақлро ба ҳайрат андозад. Кашфиётеро пайдо нахоҳад кард, ки мухолифи хабарҳои Қуръону суннат бошад. Балки ҳамаро мутобиқи хабарҳои осмони хоҳад ёфт. Хоҳад дарёфт, ки китоби худованд баёнгари ҳама чиз аст ва ҳар кўчаку бузургеро дар бар гирифтааст.



МИСОЛИ БИСТУМ

Футўҳоти исломи

Назаре ба футуҳот ва кишваркушоиҳои ислом бияндозем, хоҳем дарёфт, ки ба андозае вусъату паҳноии он бузург аст, ки таърихи башариятро ба тамом дигаргун намудааст. Муқовиматҳои муборизони ислом ва корнамоиҳову пирўзиҳои онон ақлҳоро ба шигифт овардааст. Бо вуҷуди дасисаҳои душманон ва муқовиматҳои шадиди онон, исломи азиз бар азамату эҳтироми хеш устувор мондааст ва асрҳое тўлони ҳукмрони аксарияти сарзаминҳои рўи замин будааст.

Назаре ба манбаъи ин дини оламшумул кунем, ки чи гуна сокинони ба ҳам мухолифи нимчазираи Арабистонро, ки дар тафриқаву душманиҳо ба сар мебурданд, тавонистааст зери парчами як дин муттаҳид намояд. Ҳама адовату душманиҳои ононро барҳам задааст ва ба ивази он бародарии диниро чойгузин кардааст.

Пайравони ислом, ки ресмони илоҳиро маҳкам гирифтанд, кишварҳои ҷаҳонро, якеро аз паси дигаре фатҳ намуданд ва ба ҷори намудани ин маслаки ҷадиди илоҳи пардохтанд. Дар муқаддимаи мухолифони онон ду давлати бузургу соҳибқудрат; Эрону Рум меистоданд. Ду давлате, ки қавитарини миллатҳо буданд ва мулке азим доштанд. Тамоми кишварҳои ҷаҳони онрўз зери тасарруфи онон буд. Дорои қувваҳои бузурги ҳарби буданду адади бешумореро аз лашкариён доштанд. Мусулмонон буданд, ки ин ду қувваи бузургро шикаст доданду аз ҳам пошиданд ва нишоне аз он боқи нагузоштанд. Ин ба фазли дин ва қуввати имони онҳо буд. Побандиву устувории мўҳками онон буд, ки худованд нусраташон дод, то он, ки исломи азизро ба шарқу ғарб интишор доданд.

Ин аз нишонаҳои илоҳиву бурҳони дини ў ва аз мўъҷизоти расули акрам (с) буд.

Тамоми халқҳои ҷаҳон ҷун ҳақро мушоҳида намуданд, бо ихтиёри хеш ва оромиши хотир ба ин дин гаравиданд, на бо қаҳру маҷбурият. Бар хилофи даъвоҳои нависандагони муосир, аз шарқшиносон ва ғайраҳо, ки маншаъи фикри онон аз душманони ислом мебошад. Онҳо даъво менамоянд, ки интишори ислом ва футўҳоти ҳайратангези он мабни бар умури модди ва омодагиҳои ҳарбии онон асту бас. Пирўзиҳои мусалмононро ба сабаби заъфу сустии давлати Эрону Рум ва дар муқобили он қуввати саҳронишинони араб мепиндоранд. Ин ҳалли онон мабни бар тасаввури хато ва сатҳи мебошад. Зеро арабҳо дар он замон қуввати моддие надоштанд, ки бо кўчактарин ҳукумат муқовимат намоянд. Чи расад ба муҳорибаи ҳукуматҳои бузургу тавонгаре, ки дар замони хеш ҳамтое надошт. Чунин ҳукумати бузургро мусалмонон бо қуввати имону азми хеш пора намуданд ва ба ҷои қонунҳои золимонаи онон аҳкоми Қуръон китоби осмони ва дини одилу оламшумулро ҷори намуданд.

Имкон надорад, ки пирўзиҳои мусалмонони араб дар аввалҳои ислом бо қуввати моддиашон бошад. Балки ин даъвои ононест, ки мехоҳанд бар ислом таъна ворид созанд ва ҳақоиқи онро инкор намоянд. Онҳо ин каломро аз он шарқшиносоне гирифтаанд, ки манҳаҷашон муҳорибаи ислом ва сиёҳ кардани он аст.

Шакке нест, ки интишори ин дини бузург, устувории он дар муқобилияти душманон ва бақои он ба муддати асрҳои тўлони далели он аст, ки ин дин дини ҳақ аст.

Агар мусалмонон қувваи моддии кифояткунандае медоштанд, ки битавонанд мухолифонашонро ба тамом аз байн бубаранд, лаҳзае ин фурсатро аз даст раҳо намесохтанд ва дар ҷаҳон ба ҷуз ислом дини дигаре боқи намемонд ва тамоми мардуми ҷаҳон новобаста аз миллату нажодҳояшон, онро ихтиёри ва бо ризои том қабул мекарданд. Зеро он дини ҳақ, дини фитрат ва дин ислоҳ мебошад. Вале муборизаҳои шадиди душманони он ва дар муқобил заъфу нотавонии мусалмонон ва тафриқаву ихтилофи онон сабаби асосии боз истодани ин дин аз пешравиҳо дар асри ҳозир мебошад.

МИСОЛИ БИСТУ ЯКУМ

Мисоли вопасин

ҷомеъи мисолҳои собиқ

Дини ислом мабни бар ақоиди дурусту нофеъ, ахлоқи сутудаи инсони, оромиши рўҳи ва салоҳи аҳволи мардум мебошад. Мабни бар баркандани решаҳои бутпарасиву инсонпарасти буда амр ба ихлоси ибодат мекунад. Тамоми хурофот ва одатҳоеро, ки хилофи ақлу воқеъ аст, инкор мекунад ва ба сўи салоҳу дафъи шарру фасод, адолат ва бартараф кардани зулму ситам ва ба сўи камолоти олии инсони фаро мехонад.

Ин мавзўъест, ки ҳар мусалмони бохабару равшанфикр метавонад онро бар ваҷҳе, ки мувофиқи ҳоли ин замон бошад, баён намояд.

Бо зикри ин ибораҳои кўтоҳ, ки дарбаргирандаи усул ва қавоиде мебошад, ки бо он камолу азамати ҳақиқии ислом шинохта мешавад, иктифо менамоем.

Поёни сухани мо ситоиш ва сано ба худованди якто ва салому дуруди беинтиҳо ба Муҳаммади Мустафо ва бар оли ўву саҳобаҳо, то ба рўзи ҷазо.

Абдураҳмони Саъди

test

Добавить комментарий