Маънои «ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ»

 
Ин калимаи бузург аввалин ва охирин воҷибот бар ҳар шахс мебошад, бино бар ин агар касе баъди иқрор намудани ин калима бимирад, бегумон дохили ҷаннат хоҳад шуд. Чи тавре ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: «Ҳар касе, ки бимирад дар ҳоле, ки ў ба ин бовар аст, ки нест худое ғайри Аллоҳ таъоло ҳароина шахси мазкур ба биҳишт медарояд.» (Ба ривояти Муслим)
Аз ҳамин ҷиҳат иқрор намудан ба «ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ» бузургтарин ва муҳимтарин масъўлиятҳо бар души ҳар инсон ба шумор меравад.
Маънои «ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ» инкор карадани улуҳияти ғайри Худо ва собит сохтани тамоми улуҳияти барои Худованди якто мебошад.
Аз ин ҷо бар меояд, ки маънои «ИЛОҲ» маъбуд (парастидашуда) мебошад, бино бар ин касе ки ғайри Худо чизи дигарро парастиш намояд, дар ҳақиқат онро «ИЛОҲ» баргузидааст. Ба ҷуз Худованди якто тамоми илоҳҳо ва худоёни сохта «БОТИЛ» ва «ДУРЎҒ» мебошад.

Аллоҳ таъоло ҳамон илоҳест, ки дилҳои бандагон би муҳаббату таъзим, тарсу фармонбардорӣ ва бо таваккал кардану дуъо намуданаш машғули ибодати Ў мебошанд ва шодмониву хушбахтӣ фақат ба татбиқ намудани маънои «ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ» дар ҳаёт ба даст меояд, зеро ки хурсандӣ ва зиндагии гуворо танҳо дар сояи улуҳият (хос гардондани ҳамаи ибодат барои Аллоҳ) мебошад.
    Аркони «ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ»:
Ин калимаи бузург ду рукн дорад, ки рукни аввали он нафи (инкор) ва рукни дуввумаш исбот мебошад.
Рукни (қисми) аввали он, «ЛО ИЛОҲА» буда, инкор кардани парастиши ғайри Худо ва кофир шудан ба худоёни сохтаро ифода менамояд ва рукни дуввуми он «ИЛАЛЛОҲ» буда, собит намудани ибодату парастиши Худоро ва хос гардондани тамоми ибодатҳоро барои ҳақтаъоло ифода менамояд.
Далели гуфтаҳои боло оятҳои мубораки зайл мебошад:

«Ҳар касе, ки ба тоғут (бут) кофир шуда (ин маънои рукни аввал «ЛО ИЛОҲА» аст) ба Худо имон меорад (ин маънои рукни дуввуми «ИЛАЛЛОҲ» мебошад) ҳаққо, ки ў ба дастовези устувор чанг задааст. » (Бақара-256)

  Шартҳои «ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ»: Ҳар касе, ки мехоҳад калимаи «ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ»-ро ба забон биёрад, барои ў ҳафт шарти зерин зарур аст, ки бидуни ин шартҳо гуфтани ин калима фоидае надорад;
1. Донистани маънои «ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ» мебошад, чи тавре ки Худованд мефармояд: «Пас, яқин кунед, ки нест илоҳе ҷуз Худованд»(Муҳаммад-19)
2. Яқин кардани гўянда ба маънои калимаи мазкур, пас агар дар маънои он шакку гумон дошта бошад, ба забон овардани ин калима ба гўяндааш ҳеҷ фоидае намебахшад. Худованд мефармояд:

«Албатта, муъминони ҳақиқи касонеанд, ки ба Худо ва расулаш имон оварда, сипас дар имонашон ҳеҷ шакку гумон накарданд.» (Ҳуҷурот-15)
3. Қабул кардани мазмуни ҳамин калима дар зиндагӣ аст, ки он танҳо ибодат кардани Худо ва тарк намудани парастиши ғайри Ў мебошад пас агар касоне, ки ин калимаро гуфта, ибодати Худои якторо напазирад, аз ҷумлаи касоне мебошад, ки Худо дар васфашон чунин гуфта: «Чун барои кофирон гуфта шавад, ки нест ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ таъоло саркашӣ кардан мегўянд, ки оё мо ба сухани шоъири девона маъбудони хешро раҳо намоем?» (Соффот, 35-36)
4. Таслим шудан ва итоъат кардан ба мазмуни ин калима, ки Худованд мефармояд: «Ва ҳар касе, ки ба сўи Худо рўй оварда ўро итоат намояд, дар ҳоле, ки накўкор аст, ҳароина чанг зада аст ў ба дастовези* маҳкам ва устувор.»(Луқмон-22) (*Ва он дастовез «ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ» мебошад).
5. Садоқат кардан ба ин калима, яъне калимаи мазкурро содиқона аз таги дил бигўяд. Чуноне ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуда: «Касе, ки сидқан аз таги дил бигўяд, ки нест Худое ҷуз Аллоҳ таъоло ва Муҳаммад банда ва расули ўст, Худованд ҷасади ўро бар оташи дўзах ҳаром мегардонад» (Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим)

6. Ихлос намудан ба калимаи мазкур, яъне тамоми аъмоли худро аз доғҳои ширк тоза намояд ба ин тариқ, ки бо гуфтани ин калимаи кадом манофиъи дунявиро қасд накунад. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфта: «Худованд ҷасади ҳамон шахсеро бар оташи дўзах ҳаром гардондааст, ки “ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ”-ро ба забон оварда, ризои Худоро мегўяд.» (Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим)

 7. Дўст доштани муҳтавои калимаи мазкур ва низ муҳаббат варзидан нисбати касоне, ки ба ин калима иқрор намуда ва тибқи он амал менамоянд: «Баъзе аз мардум барои Худо шарику ҳамтоҳо қоил шуда, онҳоро мисли Худо дўст медоранд ва касоне ки имон овардаанд Худоро бештар дўст медоранд.» (Бақара-165)
Бино бар ин иқроркунандагони ба ло илоҳа илаллоҳ Худоро холисона (бешарику ҳамто) дўст медоранд ва аммо мушрикон ба Худо шарик ва ҳамто қарор дода, ҳамроҳи Худо дигар маъбудони сохтаро низ дўст медоранд ва ин амал мухолифи маънои «ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ» мебошад.

Маънои ибодат: Ҳар қавлу амали зоҳирӣ ва ботониеро, ки Худованд писандида қабул намояд, ибодар номида мешавад. Монанди парастиши Аллоҳ ва дўст доштани Паёмбар, тарси Худо, таваккал намудан бар Худо, пурсидани ҳоҷат аз Худо, намоз, закот, эҳсону накўи ба падару модар, зикри Худованд, ҷиҳоду пайкор намудан алайҳи куффор ва мунофиқон ва ғайра.Бино бар ин анвоъи ибодат зиёд буда, ҳар гуна тоъатҳо ва кори хубро дар бар мегирад, монанди тиловат кардани Қуръон, дасти ёри дароз кардан ба фақирон ва мўҳтоҷон, садоқат ва ростӣ, амонатдорӣ ва сухани хуш. Ибодат тамоми корҳои муъминонро дар бар мегирад ба шарте ки ў дар анҷом додани корҳои мазкур наздик шудан ба ризои Худоро қасд кардан бошад. Аз ин рў, агар яке аз мо бо нияти қувват ва нерў гирифтан барои ибодати Худо бихурад ё бинўшад ва ё бихобад бегумон аз тарафи Худо дар хўрдану нўшидан ва хобиданаш аҷру савоб дода мешавад. Ҳамин одатҳои рўзмара (хўрдан, ошомидан, хобидан) агар бо нияти нек бошанд дар назди Худованд онҳо ибодат ҳисобида мешаванд, ки анҷомдиҳандааш аҷру савоб ҳосил менамояд, бино бар ин мафҳуми ибодат ба намоз хондану рўза гирифтан ва амсоли он маҳдуд намебошад.

 Дар ҳақиқат ҳамин ибодат буд, ки Худованд ҳамаи мардумро барои он халқ кардааст. Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва наофаридам ҷин ва инсро, магар ин ки маро парастиш кунанд, аз онҳо ризқу рўзие намехоҳам ва низ аз эшон намехоҳам, ки дигаронро таъом бидиҳанд ҳамоно рўзидиҳанда танҳо Худоест, ки Ў соҳиби қувват ва иқтидори абадист.» (Зориёт, 56-58)
Худованд дар ин оят ҳикмати офариниши ҷинн ва инсонро баён карда мегўяд, ки онҳо барои парастиши холиқашон (Аллоҳ) офарида шуданд, дар ҳоле, ки Худованд аз ибодат кардани эшон бениёз буда, худи онҳо аз ҷиҳати мўҳтоҷ буданашон ба Худованд ниёзманди парастиш ва ибодати ў мебошанд. Дар ҳақиқат эҳтиёҷи банда ба ибодати Худо аз мўҳтоҷ буданаш ба обу нон зиёдтар ҳис мешавад, дили инсон агар лаззати ибодати Худоро бичашад ҳаргиз дар назди ў чизи аз ибодат ва бандагӣ ширинтар ва маҳбубтар намебошад ва ҳеҷ касе аз ранҷу мушкилоти дунё наҷот намеёбад, магар вақте ки, Худоро ба яктоӣ ибодат намояд.

Аркони ибодат: Ибодате ки Худо онро супориш дода, бар ду поя устувор мебошад:
Аввал: тарс ва фурўтанӣ дар баробари Худо
Дуввум: Муҳаббати комил ва гироиши том ба Аллоҳ таъоло
Бино бар ин, барои ибодати Худо фарз намуда лозим ва зарур аст, ки дар он фурўтанӣ ва тарси ом, муҳаббат ва умеди комил вуҷуд дошта бошад.
Муҳаббати сирф, ки дар он тарсу фурўтанӣ нест, ибодат ҳисобида намешаванд, монанди муҳаббати инсон нисбат ба таъом ва молу сарват, инчунин тарсу хавфи бе муҳаббат ҳам ибодат шуморида намешавад, монанди тарсидани инсон аз ҳайвони даранда, вале вақте тарсу муҳаббат дар амали банда ҷамъ шавад, ибодати мақсуд ба даст меояд. Бояд бидонем, ки ибодату бандагӣ танҳо барои Худованди якто мебошад.

Тавҳид сабаби қабули ибодат аст: Ба дурустие ки агар ибодати Худо тавҳиду яктопарастии ў риъоя шавад, амали мазкурро ибодату бандагӣ номида мешавад, зеро ибодате ки ки дар он ширк вуҷуд дошта бошад (барои Худо шарик ҳамто қарор додани чизе), ибодати мазкур нодуруст буда, Аллоҳ таъоло онро қабул нахоҳад кард.
Ҳамон шахсеро метавон бандаи Худо гуфт, ки ў Худоро воқеан бо тавҳидаш ибодат карда бошад, вале ҳар касе дар ибодати Худо чизеро шарик ва ҳамто қарор диҳад, шахси мазкур бандаи Худо намебошад.
Аз ин ҷо фаҳмида мешавад, ки ба якаву ягонагии Аллоҳ таъоло эътиқод кардан ва дар баробари ў шарику ҳамто қоил нашудан, шарти қабули ибодатҳо дар назди Худо мебошад. Илова бар ин анҷом додани ибодат бояд мувофиқи шариъат (қавонин Ислом) ва суннати Паёбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) сурат гирад.
Барои қабул шудани ҳар амал дар назди Худо ду шарти зерин лозим аст: Аввал ин ки банда фақат Худои якторо ибодат намояд. Дуввум ин ки тибқи фармудаи Худо ва Паёмбар ибодат намояд, чи тавре ки Худованд мегўяд: «Оре ҳар касе ки сари таслим барои Худо фуруд овар (дар ибодати Худо тавҳид ва ихлос намояд) ва ў накўкор бошад, (пайрави расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бошад) пас аҷру подоши ў дар назди Парвардигораш буда, онҳоро ҳеҷ хавфу тарс ва ғамгиние фаро намегирад.»(Бақара-112)

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.