Имон овардан ба улуҳияти Худо

Маънои имон овардан ба улуҳияти Худованд:
Имон овардан ба улуҳияти Худо

Бояд ҳар инсон тасдиқи қатъӣ намояд ба ин ки танҳо Аллоҳ таъоло сазовори ибодат ва парастиши зоҳирӣ ва ботинӣ мебошад; монанди дуъо, хавфу тарс аз Худо, таваккал намудан, мадад хостан, намоз, закот ва рўза. Бино бар ин банда яқин менамояд, ба ин ки фақат Аллоҳ таъоло маъбуди барҳақ ва бе мисли монанд мебошад, чуноне ки Аллоҳи бузург фармуда:

«Ва Худои шумо якест, нест худое ҷуз Худованди бахшанда ва меҳрубон.»(Бақара-163)
Худованд дар ин оят хабар медиҳад, ки ў маъбуди якто буда, парастидани ғайри Худо барои банда дуруст нест.
   Имон овардан ба улуҳияти Худованд иборат аз ин аст, ки банда чунин эътироф ва иқрор менамояд, ки фақат Худованд сазовори парастиш ва бандагӣ буда, тамоми анвоъи ибодату бандагиро барояш анҷом медиҳад, бино бар ин ба касе ки ғайр аз Ў дуъо намекунад ва ба ҷуз аз ў аз ҳеҷ кас наметарсад фақат бар Ў таваккал менамояд ва танҳо дар назди Ў сар фурўд оварда, Ўро саҷда мекунад, зеро ки ба ҷуз Аллоҳи пок касе сазовори ибодар ва парастиш нест. Чи тавре ки Худованд мефармояд:

«Фақат ўро ибодат мекунем ва аз Ў мададу ёри мехоҳем.» (Фотиҳа-5)

   Аҳамити имон овардан ба улуҳияти Худованд аз гуфтаҳои зайл маълум мегардад:
1. Дар ҳақиқат ҳадаф аз офариниши ҷинну инсон парастидани Худованди якто мебошад, зеро ки Ў фармуда:

«Ва на офаридам ҷинн ва инсро барои ибодат карданашон маро.» (Зориёт-56)
2. Дар ҳақиқат ҳадаф аз фиристодани Паёмбарон ва китобҳои осмонӣ иқрор намудани бандагон аст, ба ин ки танҳо Худованд сазовори парастиш ва ибодат кардан мебошад.
3. Албатта, аввалин масъулият аз тарафи Худо мебошад, чи тавре ки дар васияти Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Муъоз писари Ҷабал чунин омадааст: «Эй Муъоз! Ҳароина ту ба тарафи мардуми аҳли китоб (насрониён) меравӣ, пас аввалин чизе ки онҳоро ба он даъват мекунӣ , ин аст, ки эшон гувоҳи диҳанд ба ин ки нест худое сазовори ибодат ҷуз Аллоҳи пок.» Яъне онҳоро ба ин даъват кун, ки тамоми анвоъи ибодатро барои Худои якто анҷом диҳанд. (Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим)

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.