Акидаи ахли суннат ва чамоат

عقيدة أهل السنة والجماعة

Муаллиф

Муҳаммад Cолеҳи Усаймин

فضيلة الشيخ: محمد بن صالح العثيمين

رحمه الله

بسم الله الرحمن الرحيم

МУҚАДДИМА

Ҳамду ситоиш парвардигори оламиёнро ба ваҳдонияти У Таоло шаҳодат медиҳам, ки уро шарике нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва фиристодаи уст, дуруду салом мар он ҳазрат ва олу асҳобашонро.

Аммо баъд: Аз ҳама авлотар бояд эътикоди устувор дошт ба ин, ки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристодаи Аллоҳ Таоло ҳастанд ва расонидани шариати исломиро Аллоҳ Таоло ба он ҳазрат(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)супурдааст ва аз ҷониби парвардигори оламиён ба суи мардум ба ҳидояти дини ҳак фиристода шудаанд.

Аллоҳ Таоло ба воситаи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мардум шоиставу салоҳияти онҳоро дар ҳама умур, чи дар умури дунё бошад ва чи дар умури охират бошад, баён намуд. Ва инчунин онҳоро ба суи эътиқоди саҳеҳ, амалҳои солеҳ, ахлоқи нек ва одоби хубу зебо иршод фармуд.

Баъди рафтани паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дунё, ёрони он ҳазрат ба ҳамон ро сайр карданд. Онҳо дар роҳи таблиғи рисолати ислом ба мардум аз ҷону мол гузаштанд ва дар роҳи Худо ҷиҳоду мубориза карданд, то исломро ба мо ва ҳамаи мусалмонони ҷаҳон расонданд. Ва дар ҳаққи онҳо ин гуфтаи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳқиқ ёфт: «Тоифае ва гуруҳе аз уммати ман пирузанд то ин, ки қиёмат барпо шавад».

Бо камоли амонатдори ва дурусти ба насли баъди нақл карданд. Ҳамд мар Худоро, ки моён ба тарикаи онон сайр мекунем ва ин неъмат аст, ки Аллоҳ Таоло барои моён онро ато фармуд. Ва инчунин мегуем, ки барои ҳар муъмин воҷиб аст, ки тариқаи онҳоро бар худ манҳаҷ қарор диҳад.

Бор Худоё, моён ва бародарҳоямонро дар роҳи ҳақ устувор гардон.

Муҳимтарин илм илми ақида мебошад ва бинобар ин ман ин рисолаи мухтасарро барои хонандагон тақдим мекунам ва ба он «Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат» ном гузоштам. Ин рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.

Дар поён аз зоти меҳрубон мепурсем, ки ин амали моро мавриди ихлос қарор диҳад, ва ин рисола мавриди таваҷҷуҳи хонандагони гироми қарор гирад.

* * *

АҚИДАИ МОЁН

Ақидаи моён иборат аст: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло, ва ба фариштагон, китобҳои У Таоло, ва ба паёмбарон, ва ба рузи қиёмат, ва ба тақдири неки ва бади.

Имон дорем ба парвардигор будани Аллоҳ Таоло, яъне ягона медонем Худовандро, ки офарандаи тамоми оламиён аст.

Имон дорем ба илоҳияти Аллоҳ Таоло, яъне Аллоҳ Таоло зотест, ки лоиқи ибодату парастиш аст ва ғайри У ҳама маъбудон ботилу дуруғ аст.

Имон дорем ба ному сифатҳои У Таоло. Аллоҳ Таоло дорои ному сифатҳои пурраву воло аст.

Имон дорем ба ваҳдонияти Аллоҳ Таоло, яъне Аллоҳ Таоло илоҳи ягонаву танҳо аст. Шарике нест уро чи дар рубубият бошад ва чи дар улуҳият.

Чунончи Аллоҳ Таоло мефармояд:

“رب السماوات والأرض و ما بينهما فاعبده و اصطبر لعبادته هل تعلم له سميا”مريم-65 .

«Уст парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни инҳост, пас ибодати У кун ва устувор бош бар ибодати вай оё медони барои у ҳамноме (монанде)». (Марям-65).

Ва инчунин ба ин қавли Аллоҳ Таоло имон дорем:

“الله لا إله إلا هو الحي القيوم لا تأخذه سنة و لا نوم له ما في السماوات و الأرض من ذا الذي يشفع عنده إلا بإذنه يعلم ما بين أيديهم و ما خلفهم و لا يحيطون بشيء من علمه إلا بما شاء وسع كرسيّه السماوات و الأرض و لا يؤده حفظهما و هو العلي العظيم”. (البقرة-255).

«Аллоҳ Таоло он зоте аст, ки ҳеҷ маъбуди барҳақе нест ба ҷуз вай зинда тадбиркунандаи олам аст, намегирад уро пинаки (яъне, хоби сабук) ва на хоб, урост ончи дар осмонҳо аст ва ончи дар замин аст, кист онки шафоат кунад назди у магар ба иҷозати у. Медонад ончи пеши дасти эшон аст ва ончи паси пушти эшон аст ва фаро намегиранд мардум аз маълумоти ҳақ чизеро, магар ба ончи вай хостааст, фаро гирифтааст курсии у осмонҳо ва заминро ва гирон намешавад бар вай нигаҳбони ин ҳарду, ва у воломакому бузург аст». (Бақара-255).

Ва ба ҳамаи сифатҳои илоҳи имон дорем, сифатҳое, ки худро дар Қуръони карим ба он васф намудааст:

“هو الله الذي لا إله إلا هو عالم الغيب و الشهادة هو الرحمن الرحيم. هو الله الذي لا إله إلا هو الملك القدوس السلام المؤمن المهيمن العزيز الجبار المتكبر سبحان الله عما يشركون . هو الله الخالق البارئ المصور له الأسماء الحسنى يسبح له ما في السماوات و الأرض و هو العزيز الحكيم” . (الحشر-22-24).

«Уст он Худо, ки нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар у донандаи ниҳон ва ошкор, уст бахшояндаву меҳрубон.Уст он Худо, ки нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар у, подшоҳи пок,саломат аз ҳама айб, амндиҳанда,нигаҳбон, ғолиб, худихтиёр, бузургвор, поки Худорост аз шарик қарор додани эшон. Уст Худо, холиқ, офаридгор, созанда, урост номҳои нек, ба поки ёд мекунад уро ҳар ончи дар осмону замин аст, ва уст ғолибу ҳаким».(Ҳашр: 22-24).

Имон дорем,ки Аллоҳ Таоло дорои салтанати зами- ну осмон аст.Чунончи Аллоҳ Таоло хабар медиҳад:

“يخلق ما يشاء يهب لمن يشاء إناثا و يهب لمن يشاء الذكور.أو يزوّجهم ذكرانا و إناثا و يجعل من يشاء عقيما إنه عليم قدير”. (الشورى-49-50).

«Меофарад ҳар чи хоҳад, ҳар киро хоҳад духтар ато мекунад ва ҳар киро хоҳад писар ато мекунад. Ё ҷамъ мекунад барои эшон писар ва духтарро ва безуриёт месозад ҳар киро хоҳад, ҳар оина у донову тавоно аст». ( Шуро 49-50).

Имон дорем, ки ҳеҷ махлуқе ба Худованд монанд нест, на дар зот ва на дар сифот. Далели ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

“ليس كمثله شيء و هو السميع البصير. له مقاليد السماوات و الأرض يبسط الرزق لمن يشاء و يقدر إنه بكل شيء عليم.” (الشورى- 11-12).

«Нест монанди У Таоло ҳеҷ чизе (на дар зот ва на дар сифот)ва уст шунаво ва бино.Урост калид- ҳои осмонҳо ва замин кушода мекунад ризқу рузи- ро барои ҳар ки хоҳад ва танг мекунад барои ҳар ки хоҳад, ҳар оина у ба ҳар чиз доност».(Шуро 11-12)

Имон дорем ба ин, ки ризқи бандагон аз Аллоҳ Таоло аст. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“و ما من دابة في الأرض إلا على الله رزقها و يعلم مستقرها و مستودعها كل في كتاب مبين” (هود-6).

«Ва нест ҳеҷ чунбандае (махлуқе) дар замин, магар бар Худост ризқу рузии у, ва медонад ҷои мондани уро ва ҷои нигоҳдоштани уро ва ҳама дар китоб равшан аст».( Ҳуд –6).

Илми ғайбро ба ҷуз Аллоҳ Таоло каси дигаре намедонад.Далели ин иршоди парвардигори ҷаҳониён аст , ки мефармояд:

“و عنده مفاتح الغيب لا يعلمها إلا هو و يعلم ما في البر و البحر و ما تسقط من ورقة إلا يعلمها و لا حبة في ظلمت الأرض و لا رطب و لا يابس إلا في كتاب مبين”(الأنعام-59).

«Ва назди уст калидҳои ғайб, ки ҳеҷ касе ба ғайри у ғайбро намедонад, ва барге аз дарахт намеафтад, магар ин ки Аллоҳ Таоло ба афтодани он барг доно аст. Ва намеафтад донае дар торикиҳои замин ва на ҳеҷ таре ва на ҳеҷ хушке, магар ин, ки дар китоб (лавҳи маҳфуз) ошкор аст.» (Анъом-59).

Имон дорем ба ончи Аллоҳ Таоло дар ин оят зикр кардааст:

“وعنده علم الساعة و ينزّل الغيث و يعلم ما في الأرحام و ما تدري نفس ماذا تكسب غدا و ما تدري نفس بأي أرض تموت، إن الله عليم خبير”. ( لقمان -34).

«Ҳар оина Худост, ки назди уст илми қиёмат ва фуруд мефиристад боронро ва медонад ончи дар раҳми модар бошад ва намедонад ҳеҷ шахсе, ки чи кор хоҳад кард фардо ва намедонад ҳеҷ шахсе, ки дар кадом замин хоҳад мурд, ҳар оина Худо донову хабардор аст». (Луқмон-34).

Имон дорем ба сифати каломи парвардигори оламиён, яъне Аллоҳ Таоло сухан мегуяд ва каломи уст мутааллиқ ба хости У Таоло, яъне ҳар вақте, ки мехоҳад сухан мегуяд. Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“و كلم الله موسى تكليما”. ( النساء-164).

«Аллоҳ Таоло ба Мусо сухан гуфт». (Нисо-164).

Ва инчунин дар ояти дигар мефармояд:

“ولما جاء موسى لميقاتنا و كلمه ربه”. (الأعراف- 143).

«Ва чун омад Мусо ба ваъдагоҳи мо ва сухан гуфт бо у парвардигори у». (Аъроф-143).

Ва чуноне, ки дар мавриди дигар Аллоҳ Таоло хабар медиҳад:

“و ناديناه من جانب الطور الأيمن و قربناه نجيّا” . (مريم-52).

«Ва нидо кардем уро (Мусоро) аз ҷониби рости куҳи Тур ва наздик сохтем уро, то бишунавад нидои парвардигори худро». (Марям-53).

Ва инчунин имон дорем,ки сухани парвардигора- мон ҳадд надорад.Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“قل لو كان البحر مدادا لكلمات ربي لنفد البحر قبل أن تنفد كلمات ربي”

(الكهف-109).

«Агар баҳр сиёҳи (ранг) бошад барои навиштани суханони парвардигорамон, албатта тамом шавад баҳр пеш аз он, ки ба охир расад суханони парвардигори ман». (Каҳф-109).

Ва дар ояти дигар Аллоҳ Таоло мефармояд:

“ولو أنما في الأرض من شجرة أقلام و البحر يمدّه من بعده سبعة أبحر ما نفدت كلمات الله، إن الله عزيز حكيم”. (لقمان-27).

«Ва агар ончи дар замин аст аз дарахтон қаламҳо ҳосил шавад ва баҳр сиёҳи бошад, ва илова бар ин баҳр ҳафт баҳри дигар бошад, бо вуҷуди ин ҳама ба поён нарасад суханони Худо, ҳар оина Худо ғолибу боҳикмат аст». (Луқмон-27).

Бовари дорем, ки суханони парвардигорамон комил аст, дар ростиву дар хабарҳо ва дар аҳком одилона аст ва дар сухангуи зебо аст.

Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“و تمت كلمت ربك صدقا و عدلا”. ( الأنعام –115).

«Комил аст сухани парвардигори ту дар рости ва адолат». (Анъом-115).

Ва дар мавриди дигар мефармояд:

“و من أصدق من الله حديثا”. (النساء-87).

«Кист ростгуфтор аз Аллоҳ Таоло дар сухан».

(Нисо-87).

Қуръони карим каломи Худованди аст ва Аллоҳ Таоло дар ҳақиқат сухан гуфтааст, сипас онро ба ҳазрати Ҷибрил (а) супурдааст ва он ҳазрат Қуръонро ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фуруд овардаанд. Далел ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

“قل نزله روح القدس من ربك بالحق”. (النحل-102).

«Бигу фуруд овардааст уро руҳул қуддус(Ҷабра- ил)аз ҷониби парвардигори ту ба рости».(Наҳл-102).

Ва инчунин Аллоҳ Таоло хабар медиҳад:

“و إنه لتنزيل من رب العالمين. نزل به الروح الأمين. على قلبك لتكون من المنذرين. بلسان عربي مبين”.(الشعراء 195-192).

«Ва ҳароина Қуръонро фуруд овардааст парвар- дигори оламиён.Онро руҳул амин(Ҷабраил) фуруд овардааст,бар дили ту,то шави аз тарсо- нандагон ба забони арабии равшан».(Шуаро: 192-195).

Имон дорем, ки ҳароина Аллоҳ Таоло воломақом аст. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло дар сураи Бақара иршод мефармояд:

“و هو العليّ العظيم”. (البقرة-255).

«Ва у Худованди воломақом ва бузургқадр аст».

(Бақара-255).

Ва дар ояти дигар мефармояд:

“و هو القاهر فوق عباده و هو الحكيم الخبير”. (الأنعام-18).

«Ва уст ғалабакунанда бар бандагонаш ва уст соҳиби ҳикмат ва бохабар». (Аном-18).

Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло болои осмон бар Арш устувор аст. Далел ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

“خلق السماوات و الأرض في ستة أيام ثم استوى على العرش يدبر الأمر”. (يونس-3).

«Осмонҳо ва заминро дар шаш руз офарид, пас бар Арш устувор гардид, тадбир мекунад амрҳоро». (Юнус-3).

Ва устувор будани Аллоҳ Таоло бар Арш ба у лоиқ ва сазовор аст ва ҳеҷ махлуқе ба у монанд нест. Ва чигунагии ин сифатро ба чуз Аллоҳ Таоло каси дигаре намедонад.

Ва ҳамчунон имон дорем, ки Аллоҳ Таоло бо мост ба илм ва доноияш, ки мешунавад моро ва мебинад. Ва уст ризқдиҳандаи факирон. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“ليس كمثله شيء و هو السميع البصير”. (الشورى-11).

«Нест монанди Аллоҳ Таоло ҷизе (на дар зот ва на дар сифот) ва уст шунаво ва бино». (Шуро-11).

Набояд гуфт, ки Аллоҳ Таоло бо махлуқоташ аст дар замин, зеро ин сифати нақс аст ва ба Аллоҳ Таоло лоиқ нест,гуфтани ин ибора куфру залолат аст.

Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дар ҳар шаб (дар сеяки охири шаб) ба осмони дунё фуруд меояд.

Тавре, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

“من يدعوني فأستجيب له من يسألني فأعطيه من يستغفرني فأغفر له”.

«Аллоҳ Таоло дар ҳар шаб ба суи осмони дунё фуруд меояд, ва ба суи бандагонаш нидо мекунад: «Касе,ки маро дуо кунад,пас ман дуоашро маври- ди иҷобат мегардонам,ва касе,ки аз ман ҳоҷаташ- ро пурсад, пас ман ҳоҷаташро мебарорам, ва касе, ки аз ман талаби бахшиш гуноҳҳо кунад, пас ман гуноҳҳои уро мебахшам».

Ва инчунин имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дар рузи растохез ба назди бандагонаш ояд, ва байни онҳо қисмат мекунад ва онҳоро ҳисобу китоб хоҳад кард.

Далел бар ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

“كلا إذا دكت الأرض دكا دكا. و جاء ربك و الملك صفا صفا. و جىء يومئذ بجهنم يومئذ يتذكر الإنسان و أنى له الذكرى”. (الفجر: 21-23).

«На чунин аст, чун паст карда шавад баландии заминро, паст кардан паси паст кардан. Ва биёяд парвардигори ту ва биёянд фариштагон саф-саф шуда. Ва оварда шавад он руз дузахро, ва дар он руз инсон ёд кунад гуноҳҳои худро ва лекин ин амр уро манфиате нахоҳад расонид». (Фаҷр-21-23).

Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дорои ирода аст, яъне ҳар кореро, ки хоҳад онро анҷом медиҳад. Тавре, ки Аллоҳ Таоло баён мекунад:

“فعّال لما يريد”. ( البروج-16).

«Кунанда аст, ҳар чизеро, ки хоҳад». (Буруҷ-16).

Иродаи Аллоҳ Таоло бар ду қисм аст:

1) Кавни: Ҳар амале, ки анҷом дода мешавад ва он амал дар назди Аллоҳ Таоло ҳатман маҳбуб буданаш лозим нест. Ва ин ирода маънои машият ва хостанро дарбар мегирад. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“و لو شاء الله ما اقتتلوا و لكن الله يفعل ما يريد”. (البقرة-253).

«Ва агар Худо мехост бо якдигар ҷанг намекарданд, ва локин Аллоҳ Таоло чизе, ки мехоҳад анҷом медиҳад». (Бақара-253).

Ва дар ояти дигар хабар медиҳад:

“إن كان الله يريد أن يغويكم هو ربكم”. (هود-34).

«Агар Худо хоста бошад, ки гумрох кунад шуморо, уст парвардигори шумо». (Ҳуд-34).

2) Иродаи шаръи: Ҳар амале, ки дар назди Аллоҳ Таоло маҳбуб аст. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“و الله يريد أن يتوب عليكم”. (النساء-27).

«Худо мехоҳад, ки тавбаҳои шуморо қабул кунад». (Нисо-27).

Ва ҳама намудҳои иродаи илоҳи мувофиқи ҳикмати У Таоло мебошад. Ва ҳар амале, ки кавни бошад ва ё шаръи ҳама мувофиқи ҳикмати илоҳи қарор хоҳад гирифт. Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“أليس الله بأحكم الحاكمين”. (التين-7).

«Оё нест Худо ҳукмкунандатарини ҳокимон».

( Тин-7).

Ва дар мавриди дигар иршод мефармояд:

“و من أحسن من الله حكما لقوم يوقنون”. ( المائدة-50).

«Ва кист дар ҳукмрони хубтар аз Худо барои кавме, ки имон доранд». (Моида-50).

Аллоҳ Таоло авлиё (дустон)-и худро дуст медорад ва инчунин эшон У Таолоро дуст медоранд.

Аллоҳ Таоло ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

“قل إن كنتم تحبون الله فاتبعوني يحببكم الله”.( آل عمران-31).

«Бигу, агар Худоро дуст доред, пас пайравии ман бикунед,Худо шуморо дуст медорад».(Оли Имрон-31).

Ва дар ояти дигар мефармояд:

“فسوف يأتي الله بقوم يحبهم و يحبونه”. ( المائدة-54).

«Пас Худо гуруҳеро хоҳад овард, ки онҳоро дуст медорад ва онҳо низ уро дуст медоранд».(Моида-54).

Ва инчунин Аллоҳ Таоло мефармояд:

“و الله يحب الصابرين”.( آل عمران-146).

«Худованд сабркунандагонро дуст медорад».

(Оли Имрон-146).

Ва инчунин мефармояд:

“و أقسطوا إن الله يحب المقسطين”. (الحجرات-9).

«Адл кунед, ҳар оина Худованд одилонро дуст медорад». (Ҳуҷурот-9).

Ва инчунин хабар медиҳад:

“و أحسنوا إن الله يحب المحسنين”. ( البقرة-195).

«Некуи кунед, ҳар оина Худованд некукоронро дуст медорад». (Бақара-195).

Он амалҳое, ки Аллоҳ Таоло моёнро ба он фармудааст,ҳама мавриди ризоии Аллоҳ Таоло қарор гирифтааст ва он амалҳое, ки Аллоҳ Таоло моёнро аз он боз дошта наҳй кардааст,он амалҳо дар назди Аллоҳ мавриди нописанди қарор гирифтааст. Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“إن تكفروا فإن الله غني عنكم، و لا يرضى لعباده الكفر و إن تشكروا يرضه لكم”

( الزمر-7).

«Агар куфр варзед, пас ҳароина Худованд аз шумо бениёз аст ва барои бандагони худ куфрро писанд нахоҳад дид ва агар сипосдори кунед, писанд кунад онро барои шумо». (Зумар-7).

Ва инчунин хабар медиҳад:

“و لكن كره الله انبعاثهم فثبّطهم و قيل اقعدوا مع القاعدين”. (التوبة-46).

«Ва лекин нописанд дошт Худо барангехтани эшонро, пас аз ҳаракат боз дошт эшонро ва гуфта шуд ба онҳо бишинед бо нишинандагон».

(Тавба-46).

Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло ононеро,ки ба ягонагии У Таоло имон оварда амалҳои солеҳ анҷом медиҳанд, онҳоро мавриди ризову магфираташ қарор дода аст.

Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“رضى الله عنهم و رضوا عنه، ذلك لمن خشي ربّه”. ( البينة-8).

«Рози шуд Худо аз онҳо ва онҳо низ рози шуданд аз Худо, ин ваъда касерост, ки битарсад аз парвардигори худ». (Баййина-8).

Ҳамчунин ононе, ки ба Аллоҳ Таоло куфр ва ширк варзидаанд, онҳоро мавриди ғазаби худ карор хоҳад дод. Иршоди ҳақ Таоло аст, ки мефармояд:

“الظانّين بالله ظن السوء، عليهم دائرة السوء، و غضب الله عليهم”. ( الفتح-6).

«Гумонкунандаанд бар Худо гумони бад, бар эшон мусибату ғазаби Худо бод». (Фатҳ-6).

Ва инчунин дар ояти дигар мефармояд:

“و لكن من شرح بالكفر صدرا فعليهم غضب من الله و لهم عذاب عظيم”. (النحل-106).

«Ва лекин касе, ки дилашро кушода кунад ба куфр (яъне, рози шавад) бар эшон аст ғазаб аз Худо ва эшонрост азоби бузург». (Наҳл-106).

Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дорои сифати ваҷҳ аст, ки ба У Таоло лоиқ ва сазовор аст ва ҳеҷ махлуқе ба у монанд нест.Чуноне,ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“و يبقى وجه ربك ذو الجلال و الإكرام” ( الرحمن-27).

«Ва боқи монад руи парвардигори ту, Худованди бузургиву эҳтиром». (Раҳмон-27).

Ва инчунин имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дорои сифати ду даст мебошад, чуноне, ки иршод мефармояд:

“بل يداه مبسوطتان ينفق كيف يشاء”. ( المائدة-64).

«Балки ду дасти у кушода аст, сарф мекунад чунончи мехоҳад». (Моида-64).

Ва инчунин дар ояти дигар мефармояд:

“و ما قدروا الله حق قدره و الأرض جميعا قبضته يوم القيامة و السماوات مطويات بيمينه سبحانه و تعالى عما يشركون”. ( الزمر-67).

«Ва кадрдони накарданд Худовандро ҳаққи қадрдонии у, замин ҳама якҷо дар мушти у бошад рузи қиёмат ва осмонҳо печида шаванд дар дасти рости у, поки урост ва бузург аст У Таоло аз он чи ба у шарик қарор медиҳанд». (Зумар-67).

Имом Абу Ҳанифа гуфтаанд: Он чиро, ки Аллоҳ Таоло дар Қуръон зикр намуд, аз қабили ваҷҳ, даст ва нафс, ин ҳама сифати У Таоло аст, чигунагии онро намедонем, ва гуфта намешавад, ки даст ба маънои қудрати уст ва ё ба маънои неъмати уст, зеро дар ин тафсир ибтоли сифати парвардигор аст, ва чунин таъвил ақидаи кадария ва муътазила аст.Ва мо аҳли суннат мегуем,ки даст сифати уст ва бо он бовар ме- кунем ва чигунагии онро намедонем.

(Фиқҳи Акбар: 6-7).

Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дорои сифати ду чашми ҳақиқи аст. Далел бар ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

“و اصنع الفلك بأعيننا و وحينا”. (هود-37).

«Ва бисоз киштиро ба чашмони мо ва фармони мо». (Ҳуд-37).

Ва инчунин ин сифати бузург дар назди аҳли суннат ва ҷамоат мавриди иттифоқ қарор гирифтааст.

Ҳамчунон имони комил дорем, ки касе наметавонад Аллоҳ Таолоро дар дунё бибинад ва касе У Таолоро тасаввур карда наметавонад. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

“لا تدركه الأبصار و هو يدرك الأبصار و هو اللطيف الخبير”. (الأنعام-103).

«Дар намеёбад У Таолоро чашмҳо (яъне дар дунё) ва у дар меёбад чашмҳоро ва уст меҳрубону огоҳ». (Аном-103).

Имон дорем,ки муъминон дар рузи қиёмат парвардигорашонро мебинанд ва ба суйи У Таоло нозир мешаванд. Аллоҳ Таоло аҳволи муъминонро дар рузи қиёмат васф намуда мефармояд:

“وجوه يومئذ ناضرة، إلى ربها ناظرة”. (القيامة: 22-23).

«Ҷеҳраҳо дар он руз тоза бошанд ба суи парвар- дигори ҳуд назаркунанда бошанд». (Қиёмат: 22-23).

Худованди меҳрубонро масъалат дорем, ки моёнро дар рузи қиёмат сазовори ба зоти покаш назар кардан гардонад ва аз он маҳрум магардонад.

Имони комил дорем, ки сифатҳои парвардигорамон ҳама пурраву комил аст ва ҳеҷ чизе ба У Таоло монанд нест.

“ليس كمثله شيء و هو السميع البصير”. (الشورى-11).

«Нест монанди Аллоҳ Таоло чизе (на дар зот ва на дар сифот) ва уст шунаво ва бино». (Шуро-11).

Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло аз сифатҳои нуқсону очизи пок аст. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло фармуд:

“لا تأخذه سنة و لا نوم”. (البقرة-255).

«Намегирад уро пинаки ва на хоб». (Бақара-255).

Аллоҳ Таоло бар адолати комил доро аст ва касеро зулму ситам нахоҳад кард ва аз У Таоло амалҳои бандагонаш ҳаргиз пинҳон намешавад, зеро онҳо доимо зери назорату муроқабати у ҳастанд. Чизе, ки дар замин бошад ва ё дар осмон бар Аллоҳ Таоло ғалаба карда наметавонад, балки ҷамии махлуқот, чи дар замин бошад ва чи дар осмон ҳама дар назди парвардигор очиз ҳастанд. Аллоҳ Таоло ҳар чизеро, ки мехоҳад онро анҷом медиҳад. Чуноне, ки худованд дар сураи Ёсин иршод мефармояд:

“إنما أمره إذا أراد شيئا أن يقول له كن فيكون”.(يس-82).

«Ҷуз ин нест фармони Худо чун бихоҳад офари дани чизеро, бигуяд,бишав,пас мешавад».(Ёсин-82).

Сифатҳои машаққату монда шудан ва хаста шудан ба Аллоҳ Таоло лоиқ нест ва Аллоҳ Таоло аз инҳо пок аст. Тавре, ки дар сураи Коф аз ин сифатҳои очиз худро танзеҳ карда мефармояд:

“و لقد خلقنا السماوات و الأرض و ما بينهما في ستة أيام و ما مسنا من لغوب”.

(ق-38).

«Ва ҳар оина офаридем осмонҳо ва заминро ва ончи дар миёни ҳарду аст, дар шаш руз ва нарасид ба мо ҳеҷ мондагие». (Қоф-38).

Мавсуф медонем парвардигорамонро ба сифатҳое, ки худро дар Қуръони карим бо он васф намудааст ва паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ У Таолоро ба ин сифатҳо васф намудаанд. Ва чигунагии онҳоро намедонем ва дар кайфияти онҳо баҳсу ҷустуҷу нахоҳем кард, инчунин маънои ин сифатҳоро таъвилу таҳриф намекунем ва У Таолоро ба чизе аз махлуқот монанд намедонем.

Ҳар чизеро, ки Аллоҳ Таоло худро аз он пок кард, мо низ У Таолоро аз он чизҳо пок медонем.

Ин манҳаҷро чун манҳаҷи баргузида эътиқод мекунем. Бар ҳар фарди мусалмон воҷиб аст, ки пайравии ин манҳаҷ кунад. Сифоте,ки Аллоҳ Таоло худро бо он дар Қуръони карим васф намуд ва паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)низ бо он васф намуданд, қабул дорем. Касе салоҳияти рад кардани қавли Аллоҳ Таоло ва паёмбари у (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)надорад.Бинобар ин бар ҳар мусал- мон дар ин манҳаҷ сайр кардан ҳатман воҷиб аст.

* * *

test

Добавить комментарий