Марг

Инсон аз марг мегурезад ва чун бемор шавад аз тарси он, ки мабодо бимирад, дарҳол худро муолиҷа мекунад. Ҷое, ки эҳсос мекунад буи марг меояд, он ҷо по намегузорад. Вале марг аз роҳи дигар ворид мешавад. Ҳар қадар доно бошӣ, марг аз ту боҳуштар аст. Ҳар қадар саркаш ва пулдор бошӣ марг корашро мекунад. У ҳаргиз дари хонаеро ба нияти иҷоза гирифтан намезанад. Ҳеч мониа ва деворе садди роҳи у намешавад ва пора ҳам қабул намекунад. Кафил намехоҳад. Раҳм бар хурду бузург намекунад. Ришва қабул намекунад.Супориш ва амри касеро намепазирад.

Лаззатҳоро аз байн мебарад ва амали инсонро қатъ мекунад. У ҳақ аст. У меҳмоне аст, ки бехабар бар  хона дохил мешавад.Мақому мансабро ба дигарон медиҳад. Инсонро аз сарваташ ҷудо мекунад. Ҷисмро аз ҳаракат бозмедорад. Гарданкашонро гардан мезанад. Дустонро ҷудо мекунад. Фарёдҳоро хомуш мекунад. Барномаҳо ва барномарезиҳоро баҳам мезанад. Шарорат, зургуӣ ва ситамҳоро поён медиҳад.

Марг ҳақиқате аст, ки аз он мегурезем. Шарбатест, ки таъми онро гунаҳкорон ва фармонбардорон чашидаанд. Косаест, ки аз он паёмбарон ва авлиё нушидаанд. Ҳақиқатест, ки наметавон онро нодида гирифт ва аз он фирор кард.

“قل إن الموت الذي تفرون منه فانه ملاقيكم ثم تردون إلي عالم الغيب والشهادة فينبئكم بما كنتم تعملون”

«Бигу (эй Паёмбар) ҳамон марге, ки аз он мегурехтед, албатта ба шумо  хоҳад расид ва сипас баргардонида мешавад ба суи Худои донандаи ниҳону ошкоро, пас У шуморо ба он чи мекардед хабар хоҳад дод.» сураи «Ҷумъа» ояти 8.

Оре, у шуморо мулоқот хоҳад кард, ҳар ҷо, ки бошед. Бар ҳар шахсе гуруҳи дигаре гиря хоҳад кард. Ҳар номоваре фаромуш хоҳад шуд. Ҳар курсӣ ва мансабе холӣ хоҳад монд ва ҷои онро дигар кас хоҳад гирифт. Дустон, бародарон, ҳамсоягон, зан ва фарзандон тарк хоҳанд шуд. Либосҳои зебо бесоҳиб хоҳанд монд ва занги  куч бастан ва худоҳофизӣ навохта хоҳад шуд. Туфони марг барномаҳо ва умедҳоро бо худ хоҳад бурд. Парвандаи амалҳои неку бад баста хоҳад шуд.

Парда канор зада хоҳад шуд ва оятҳои Қуръон таъбир хоҳанд шуд. Ширинии зиндагӣ талх ва ё талхии он ширин хоҳад шуд. Ваъдаҳои илоҳӣ мутаҳаққиқ хоҳанд шуд. Оре он руз хоҳад омад ва ҳатман меояд.

Орзуҳо нобуд, биноҳо вайрон ва баданҳо зери хок пусида хоҳанд шуд. Баданҳои муаттар бо беҳтарини атрҳо буй гирифта туъмаи кирмҳо хоҳанд шуд.

 Аз мурдагон бипурсед

Бо шумо чӣ карданд? Руҳи зебо ва сурати нуронии шуморо чӣ шуд? Баданҳои нарм ва латифи шумо ку? Хок ва ҳашароти қабр бо бадани шумо чи карданд?

Дандонҳои сафед ва зебои шумо, ки ҳар субҳу шом мешустед, куҷост? Муйҳои барроқи шуморо чӣ шуд? Афкор, сиёсат, савод ва мудирияти шуморо чӣ шуд? Наъра ва фарёд амру наҳй, зургуӣ ва боҷситонии шумо куҷост? Либосҳои нарм ва гаронқиммати шуморо чӣ шуд?

Куҷост он рузе, ки шумо ҷавоби саломи инсонҳои ниёзмандро намедодед?

Куҷост суфраҳои рангин ва пурнозу неъмати шумо, ки бо тамоми иштиҳо ва лаззат мехурдед?

Куҷоянд занони зебо ва навозишгари шумо, ки бо тамаллуқ дасту поҳои шуморо молиш медоданд?

Куҷоянд мошинҳои моделболои шумо, ки камтарин харошеро бар бадани онҳо таҳаммул надоштед?

Куҷоянд оила, қавм ва қабилаи бузурги шумо, ки ба он ифтихор доштед?

Куҷост дастҳои қудратманд ва пулодӣ ва кубандаи шумо, ки устухонҳои бечорагон ва заъифонро дарҳам мешикаст?

Куҷост аслиҳа ва туфанги шумо, ки ба ноҳақ бар сар ва бадани инсонҳои бедифоъ холӣ мекардед?

Ростӣ, кучост умеду орзуҳои шумо? Куҷост?

test

Добавить комментарий