Эй мискини ғарк дар гунох ту кистӣ?

Оё медонӣ ту Худоеро нофармонӣ мекунӣ, ки аввалин ва охирин Уст. Қодир ва тавоност ва ҳеҷ амре бе иҷозати вай анҷом намегирад.

Эй заифи нотавон! Ту Парвардигореро нофармонӣ мекунӣ, ки У подшоҳи қодир ва тавоност.

Эй мутакаббир мағрур! Битарс, ки у каломатро мешунавад ва ҷойгоҳатро медонад ва огоҳ ба ҳама аҳвол аст:

«Оё онҳо намедонанд, ки он чизеро, ки пинҳону ошкоро мекунанд, Худованд медонад». Сураи «Бақара» ояти 77.

Чи гуна аст, ки амалҳо ва кирдори ношоистаи худро аз бандагон мепушӣ ва аз У, ки Парвардигори бандагон аст, ҳаё намекунӣ?

Магар У набуд, ки аз нестӣ туро офарид? Либос надоштӣ, туро либос пушонид, гурусна будӣ, серат кард, ташна будӣ об ба ту иноят кард.

Чи гуна неъматро бо куфр ҷавоб медиҳӣ ва бахшиш ва аторо бо гуноҳ ва маъсият?

Дар мулк ва замину зери осмони У зиндагӣ мекунӣ ва аз фазо ва ҳавои У нафас мекашӣ, вале носипосӣ ва нофармонии Уро мекунӣ.

Оё намедонӣ, ки маргро сакарот ва қабрро торикӣ ва ҳашрро ҳайбат аст ва ту дар дунё дар имтиҳон ва озмоиши илоҳӣ қарор дорӣ ва ҳар имтиҳонеро қабул ё мардуд шудан аст?

Гумон мекунӣ ононе, ки гуноҳ намекунанд, қудрати анҷоми онро надоранд? Агар имруз барнагардӣ пас кай хоҳӣ баргашт? Он рузе, ки бигуӣ;

{رَبَّنَا أَخْرِجْنَا مِنْهَا فَإِنْ عُدْنَا فَإِنَّا ظَالِمُونَ }(المؤمنون /107 )

«Парвардигоро! моро аз оташи дузах берун ор! Пас агар мо дубора ба куфр баргардем, ҳамоно мо ситамгор бошем».

Ҷавоб ояд;

{قَالَ اخْسَؤُوا فِيهَا وَلَا تُكَلِّمُونِ}                          ( المؤمنون/ 108)

«Аллоҳ бигуяд; ба расвоӣ дохил шавед бар он ва ҳаргиз бо ман сухан магуед!».

Сокит бош! Дигар баргаште нест.

Рузҳо дер ё зуд мегузаранд. Хоҳ бо шодӣ бошад ва хоҳ бо ғам, бо тоат ё маъсият, бо фақру нодорӣ ё бо сарвату дороӣ. Дунёи ҷои гузарост, на қароргоҳи абадӣ. Чун либоси кафан пушидӣ ва номаи аъмол баста шуд, ҳама орзуҳои дунявӣ ва дороият аз ту боз мемонанд. Чун пилки чашм фуру бандӣ қабр ба ту хоҳад гуфт; Ман хонаи танҳо ва торикӣ ту ҳастам. Агар бо тоат ва омодагӣ омадаӣ, пас марҳабо ба омаданат ва агар бо маъсият  ва гуноҳ омадаӣ, пас вой бар ту!

Аз канори қабр мегузарӣ ва у бо забони безабонӣ худ туро панд медиҳад. Вале ту намешунавӣ. Дустонро савор бар тобут бар души худ мегузорӣ ва дар хонаи гур танҳо дафн мекунӣ ва бар фироқи онҳо ашк мерезӣ вале худ панд намегирӣ.

Ба хотири анҷоми корҳоят субҳи зуд мехезӣ, вале ба хотири фарзи илоҳӣ аз хоб барнамехезӣ. Аз назорати корфармо биму тарс дорӣ, вале аз муроқабату назорати Аллоҳ наметарсӣ. Ба ҳангоми анҷоми корҳои шахсӣ диққат дорӣ ва чун ба намоз меистӣ, хамёза дорӣ. Манзил ва хонаи худро оинакорӣ ва рангрезӣ мекунӣ, вале аз таъмири хонаи қабр ғофилӣ.

Рузе Умар ибни Абдулазиз аз қабристон бармегашт, ру ба дустонаш кард ва гуфт: қабр чизе гуфт. Оё мехоҳед бароятон бозгу кунам? Ёрон гуфтанд; Оре, фармуд; Қабр гуфт; кафанҳо пора шуданд. Баданҳо тика-тика  шуданд. Хунҳо хушкиданд. Гуштҳо хурда шуданд. Ангуштон аз даст ва пайванд ҷудо шуданд ва соқ аз оринҷ ва китф ҷудо шуданд ва камарҳо шикаста шуданд. Бақои дунё кам ва азизи он хору залил ва ҷавони он пир ва зиндаи он мемирад. Чи қадар аз ҷасадҳои солими мутаҳаррик ва чеҳраҳои зебо ва нуронӣ ва забонҳои суханвар, ки имруз зери садҳо хирвор хок хобидаанд ва бар фурсати аз даст дода шуда нолону пушаймонанд.

Эй сокини фардои қабр

ва эй инсони ғофил!

Чун бар қабр ворид шавӣ малакул мавт гуяд; эй фарзанди Одам, куҷост гуши ту, ки бишунавӣ? Куҷост чашми ту, ки бубинӣ? Забонат, ки забондарозӣ кунӣ? Молу дороии ту чи шуд? Ту дунёро ҷамъ кардӣ, ё дунё туро ҷамъ кард? Ту дунёро тарк кардӣ, ё дунё туро тарк кард? Аз хок баланд шудӣ ва ба хок баргаштӣ. Бегуноҳ таваллуд шудӣ ва бо бори гуноҳ мурдӣ. Заифу нотавону гирён ворид шудӣ, бо такаббуру ғурур аз дунё рафтӣ.

Ин марг аст нобудкунандаи лаззатҳо, парокандакунандаи ҷамоатҳо, ятимкунандаи духтарону писарон, рузи фироқу ҷудоӣ, рузи фарёду сукут, рузи гиряи гирякунандагон ва шодии шодикунандагон, рузи иқобу азоб, рузи подошу ҷазо, рузи ҳисоб, рузи сахттарин аҳвол, халосӣ ё иқоб, рузи пора шудани ҷигарҳо, рузи наҷот ё гирифторӣ,,, чи рузест, рузи мурдан!? Бикуш, ки роҳ тулонӣ ва душманон зиёданд ва дустон кам. Рузе, ки тумори амалҳо печида шавад ва мизон насб ва пули сирот лағжанда шавад ва бадбахт он, кӣ ин рузро фаромуш кунад ва бар гуноҳон исрор варзад ва фаромуш кунад, ки дар дорулимтиҳон аст ва замоне ба ҳуш ояд, ки дагар дер шуда ва узрҳо напазиранд.

test

Добавить комментарий