Агар гуянд фардо хоҳӣ мурд, чӣ мекунӣ?

       Агар молу сарват ва сохтмонҳои як шаҳрро ба ту бибахшанд, оё хушҳол мешавӣ?

Агар туро ҳокими он мамлакат қарор диҳанд оё қабул мекунӣ?

Агар беҳтарин лаҳзаҳо ва хуштарин барномаҳоро иҷро кунанд шод мешавӣ?

Агар беҳтарин таом ва хурданиҳоро бароят омода кунанд, мехурӣ?

Агар беҳтарин филм ва мусиқиро биоваранд, гуш мекунӣ?

Агар беҳтарин симо ва чеҳраро ба ту ато кунанд, дар оина ба он менигарӣ?

Гумон кун мурдаӣ ва аҳлу фарзандон бар ту гиря мекунанд.

Гумон кун бар ту сидру кофур мерезанд ва туро хушбу мекунанд.

Гумон кун либосҳои зебои танатро канда бар ту кафани сафеду сода андохтаанд.

Гумон кун туро дар тобут андохта ва аз чаҳор тарафи он гирифта давон давон туро ба қабристон мебаранд.

Гумон кун имом бар ту намози ҷаноза мехонад ва охирин такбиротро адо мекунад.

Гумон кун туро бар қабр гузошта ва охирин хишт бар дарвозаи он мегузоранд.

Гумон кун бар ту хок мерезанд.

Гумон кун инак дар қабр танҳо ва бекас дар торикии он дароз кашидаӣ.

Гумон кун инак Мункиру Накир аз ту савол мекунанд.

Яқин кун, ки ин силсила корҳо ва амалиётро рузе таҷриба хоҳӣ кард. Ҳамон гуна, ки дустони ту пештар аз ту ва подшоҳону қудратмандон таҷриба карданд. Ҳар руз мо ба он наздиктар мешавем. Қадам ба қадам, сол ба сол, моҳ ба моҳ, ҳафта ба ҳафта, соат ба соат ва сония ба сония ва тамом.

“قل إن الموت الذي تفرون منه فإنه ملاقيكم ثم تردون إلي عالم الغيب والشهادة فينبئكم بما كنتم تعملون”

«Бигу (эй Паёмбар) ҳамон марге, ки аз он мегурехтед, албатта ба шумо  хоҳад расид ва сипас баргардонида мешавед ба суи Худои донандаи ниҳону ошкоро, пас У шуморо ба он чӣ мекардед хабар хоҳад дод.» сураи «Ҷумъа» ояти 8.

test

Добавить комментарий