М А Р Г ДАР МЕЗАНАД

                        Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

Сухани худро бо касоне оғоз мекунам, ки дар адои намоз сустӣ мекунанд. Закотро зиён мепиндоранд. Қуръонро аз худ дур қарор додаанд. Дуруғро пеша ва вазифаи худ кардаанд. Бутҳои дохилро ба ибодат гирифтаанд. Волидайнро оқ шудаанд. Дар дарёи гуноҳ ва маъсият ғутавар шудаанд. Шабро бар мусиқӣ ва тамошои филм ва ғафлат ба хоб мераванд ва субҳ низ бо ин ҳол аз хоб бедор мешаванд. Намози бомдодашон фидои шабзиндадорӣ дар нишастҳои айшу нуши шабона мешавад. Суханам бо ғарқшудагоне аст, ки номи футболистҳои дунё ва рузи таваллуди онҳоро аз ёд медонанд, аммо аз зиндагии Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ва ёронаш бехабаранд.  Сухан бо шахсони ғофиле аст, ки ҳама ҳастии худро дунёи ночиз қарор додаанд. Сухан бо бидъатгузороне аст, ки ислом аз онҳо безор ва онҳо аз ислом дуранд. Сухан бо афродест, ки бо дасти хеш дустонро ба хоки гур месупоранд ва худ аз гур ва марг ғофиланд. Сухан бо мардон ва заноне аст, ки либоси гаронбаҳо мепушанд, аммо аз либоси қабр фаромушанд.

Оре, бо касоне, ки барои зиндагии дунё туша ҷамъ мекунанд ва аз зоди охират фаромушанд. Аз хашми бандагон метарсанд, вале аз хашми Худои Қодиру Қаҳҳор ғофиланд. Ба қабр ва азоби он, ба қиёмат ва аҳволи он, ба ҳисоб ва тарозуи аъмол имон доранд, вале барои он руз талош намекунанд.

                                                           Хабар

Оё шунидӣ???? Фалонӣ тасодуфи автомобилӣ кардааст!!! На, мутаассифона вафот кардааст….

«Мо ҳама аз они Худо ҳастем ва ба суи У бозгашт мекунам.»

Фикрҳо ва саволҳои гуногуне маро такон дод. Ростӣ дустам ҳафтаи гузашта… на ҳамин дируз бо ман буд. Солиму тандуруст ва ҳоло куҷост?!

Марг, башоратҳо, биҳишт, дузах, пули сирот, мизон ва…

Баъзеҳо мегуянд марг ва сакарот сахт ва вазнин аст. Баъзеҳои дигар мегуянд, ки на, марг чизе нест, ки аз он битарсем ва иддаи дигар мегуянд, мо аз марг наметарсем, вале аз амалҳои худ метарсем ва бархеи дигар комилан ғофиланд. Гуё ҳаргиз нахоҳанд мурд. Сохтмонҳоеро бино мекунанд, ки то ҳазор сол устувор бимонад.

Ба андешаи амиқе фуру рафтам. Ростӣ, он сония ва дақиқаҳое, ки дар қабр гузошта шавам. Аз торикӣ ва зулмати он. Аз ваҳшати танҳоӣ. Аз ин, ки дигар маро мунис ва рафиқе нахоҳад буд. Аз саволи Мункару Накир, оё ҷавоб дода метавонам? Аз қабр, ки чуқурие аз дузах ва ё қитъае аз биҳишт хоҳад буд. Аз хонаи зебое, ки бояд таркаш кунам. Аз хонаводае, ки фаромушам мекунанд ва зиндагии худро бе ман идома хоҳанд дод. Аз фарзандонам, ки дороиямро чигуна ва куҷо сарф хоҳанд кард. Оре!  ба дустони азизе, ки ба хотири онҳо ибодати Худоро тарк карда, молу вақти азизи худро бо онҳо ба хушгузаронию айшу нуш гузаронидам.

Баъд аз ман чи хоҳанд кард? Оё ҳар руз ба ёди ман хоҳанд буд? Бароям гиря хоҳанд кард, ё масхараам мекунанд? Ба мансабу мақом ва курсии худ, ки ба дигарон вогузор мекунам. Ба молу шуҳрате, ки аз ин курсӣ ба даст оварда будам ва аз он истифода накардам. Ба кудаконам, ки дар оғуши худ онҳоро мегирифтам ва баъд аз имруз оғуши ман барояшон боз нахоҳад буд ва хандаҳояшонро нахоҳам шунид. Шодӣ ва бозии онҳоро нахоҳам дид.

       Ба вақт ва фурсатҳое андешидам, ки ба содагӣ барбод додам. Аз онҳо барои имруз истифода накардам. Ба фурсатҳои тиллоӣ, ки бояд намоз мехондам, руза мегирифтам ва ба фарзандонам, ки бояд ба онҳо илм меомухтам, вале наомухтам. Ба ҳуқуқе, ки барбод додам ва ба нишастҳои ғайбат ва суханчиниҳои худам, ки набояд мекардам. Ба ятимоне, ки бояд кумакашон мекардам, вале накардам. Ба мусалмононе, ки бояд мушкилоти онҳоро бартараф мекардам, вале аҳамият надодам. Ба зану духтаронам, ки бояд ҳиҷоби исломиро ба онҳо меомухтам, вале наомухтам.

Оре, фарзандонам, ҷигаргушаҳоям ё беҳтар бигуям душмани молу сарватам, ки баъд аз ман онҳоро ғорат мекунанд. Шояд чанд таҳқиру ҳақорат низ нисорам кунанд, ки чаро сарвати бештаре барояшон ҷамъ накардам. Оҳ, намедонам дигар ба чи фикр кунам. Ба корҳое, ки метавонистам анҷом диҳам, вале надодам.

Ба молу сарвате, ки бо қасами дуруғ, фиребу найранг ҷамъ кардам. Чи қадар мусибат ва мушкилотро барои ҷамъоварии онҳо ба ҷон харидам. Чи қадар сармо ва гарморо таҳаммул кардам. Инак дигарон беягон ранҷу заҳмат онҳоро соҳиб мешаванд. Кош мешуд онҳоро низ бо ман дафн мекарданд. Ба тамоми солҳое, ки гузаштааст, ба ҷавонӣ ва шодобие, ки доштам, ба муйҳои сиёҳ ва чеҳраи соф ва дурахшони ҷавониям, ки фиреби онҳоро хурдам ва гумон кардам, ки дар ҷавонӣ марг ба суроғам нахоҳад омад.

Навори зиндагиям пеши руям буд. Ҳама амалҳоямро медидам. Дар ҳамин афкор ногаҳон аз ҷо паридам. Бедор шудам ва бо хушҳолӣ Худоро сипос гуфтам, ки ҳануз зинда ҳастам. Вақт дорам, то ба суи Парвардигорам бозгашт кунам. Бар гузаштаҳоям тавба кунам ва роҳи зиндагии худро ба гунае баргардонам, ки ба афкори гузаштаам афсус нахурам.

 Он руз хоҳад омад.

Оре, он руз хоҳад омад, ки пардаҳои ғайбро аз пеши дидагонат канор мезанад. Малакул мавти боҳайбат барои қабзи руҳи ту фуруд меояд. Оре, ба он лаҳза биандеш, ки чун пилкҳои чашмонат барои абад баста шаванд. Ҷасади беҷону беҳаракати туро барои шустан бибаранд. Он руз ту ҳеч қувва ва қудрате бар ҷасадат нахоҳӣ дошт. Дигарон туро мешуянд.

Он руз хоҳад омад, ки туро кафан бипушонанд. Либосҳои зеборо аз баданат берун кунанд ва туро дар чуқурии тангу торики дохили қабр (лаҳад) бигузоранд. Ростӣ, он руз барқ ва рушноиро фаромуш кун, ки ҳатто равзанаҳо ва сурохиҳои хурдро бо хишту гил мебанданд. Дуст, бародар ва ҳатто ҳамсари азизат, ки дар тамоми сахтиҳо бо ту ҳамроҳ буд, туро танҳо хоҳанд гузошт. Ҳатто аз қабр ва ҷасади ту метарсанд. Пас аз он, ки қабри туро бо хок пур кунанд, ҳама бо забон мегуянд, ки Худо раҳматаш кунад. Ту мемонию танҳоии қабр. Ту хоҳӣ буд ва амалҳоят. Ту ва Накиру Мункар. Ту ва ту…

Пас аз он чанд рузи фотиҳахонӣ, ҳатто дар ҳамон рузҳои фотиҳахонӣ, ки барои руҳи марҳуми ту анҷом медиҳанд, аз тақсими моли ту сухан хоҳад буд. Баъд аз он туро фаромуш хоҳанд кард. Аммо ту акнун ба ҳолу аъмоли худ гирифтор ҳастӣ. Онҷо оташи сузонро хоҳӣ дид ё боғҳои сарсабзу хуррамро. Агар бад бошӣ, онҷо гирёнӣ. Ба ту хоҳанд гуфт; инро бо дасти худ коштӣ! Аммо агар хубу нек бошӣ онҷо саодатманд ҳастӣ.

Ростӣ он руз Худоро чи ҷавобе хоҳӣ дод, вақте аз умри ту савол шавад? Бар он забонат, ки онҷо бар зидди ту гувоҳӣ медиҳад?

Оре, он руз хоҳад омад. Марг хоҳад омад ва туро илоҷу дармони табиб наҷот нахоҳад дод. Гиряи дустон ва хонавода низ коре нахоҳад кард. Бедор шав! ки сохтмон, пул ва айшу нуш садди роҳи марг нахоҳад шуд. Шояд фардое надошта бошӣ. Чӣ медонӣ, ки ин китобро тамом накарда бимирӣ. Ба суи корҳои хайр ва тоат бишитоб! Қуръон нур ва равшании қабр аст. Намоз роҳи саодат ва хушбахтӣ аст. Бар бенавоён бахшиш намо, ки дар бонки охиратат захира хоҳад шуд.

Чи қадар мехоҳӣ зиндагӣ кунӣ? Ҳафтод сол? Ҳаштод сол? Навад сол? Сад сол?… пас аз он чи? Пас аз он марг ва фано шудан. Пас аз он … қиёмат.

Он гуна, ки Малакул мавт бар болини дигарон омад ва ту шоҳиди ҷон додани онҳо будӣ, бидон ки бар болини ту низ хоҳад омад. Зиндагӣ ҳар қадар идома дошта бошад бо марг поён мепазирад. Ҳама хоҳанд мурд. Солиҳону фоҷирон, муттақиёну гунаҳкорон, паҳлавонону нотавонон, далерону тарсуҳо, дустдорони дунёву дустдорони охират, соҳибони ҳиммати баланду беҳимматон, ҳама ва ҳама хоҳанд мурд.

{كُلُّ مَنْ عَلَيْهَا فَانٍ}                                  ( الرحمن/26 )

«Ҳар нафси соҳиби руҳ фаношаванда аст.»

{كُلُّ نَفْسٍ ذَآئِقَةُ الْمَوْتِ}                              (آل عمران /185 )

«Ҳар нафс (хоҳад нахоҳад) чашандаи марг аст»

Эй ғофил! Пас биё бингар, ки ҳамагон ба суи У боз мегарданд, аммо ту ғофилӣ. Ғайр аз ту дигарон роҳи тавбаро пеш гирифтаанд ва ту ҳамчунон такаббурӣ мекунӣ. Такаббурӣ бо чи касе? Бо Парвардигорат? Бо У, ки туро аз нестӣ халқ кард? Бар намозе, ки намехонӣ. Ба амалҳое, ки саропо риё ва худнамоӣ аст. Ба рузаат, ки саҳараш бо ҳаром ва ифтораш бо ғайбат аст? Ба изҳори муҳаббате,ки ба Паёмбар (алайҳиссалом) мекунӣ, вале ба суннатҳояш амал намекунӣ? Ба дуое, ки бар забонат ҷорӣ мекунӣ, вале ба қалбат намерасад?

Бо кӣ такаббурӣ мекунӣ? Бо Худо? Пас инро бидон, ки ҳарифат хеле азим ва қудратманд аст.

Барҳамзанандаи лаззатҳо

Ин ҳамон лаҳзаҳое ҳаст, ки борҳо олимон аз он сухан гуфтаанд. Ҳамон лаҳзаҳое, ки Қуръон бар вуқуъи он таъкид кардааст: «Ҳама нафс чашандаи марг аст.»

Марг яъне поёни ҳама хушиҳо ва лаззатҳо, ҳама ранҷҳо ва мусибатҳо, поёни ҳама умедҳо.

Гумон кун, ки Малакул мавт руҳи туро аз ҷасадат хориҷ кардааст ва акнун ҷасаде беш нестӣ. Туро ғусл дода, аҳлу иёл бар ту гиря мекунанд. Ту низ гиряи онҳоро мебинӣ ва мешунавӣ. Аммо қудрат бар гуфтан ва ҳаракат надорӣ. Чан соати дигар туро ба қабристон мебаранд. Ҷое, ки аз онҷо нафрат доштӣ ва гурезон будӣ. Локин қабр интизори туст. Он чуқуриро барои каси дигар ба ҷуз ту накандаанд. Аввалин чизе, ки бар зеҳнат хоҳад омад, танҳоӣ ва бемунис будани туст. Дигар дусте нест бо ту сухан бигуяд ва ту бо у шухӣ кунӣ. Ба ростӣ, ки танҳоӣ сахт аст ва бадтар аз он ин, ки ҳамешагӣ бошад.

       Оре, мешавад ҳамаи ин мусибатҳои дар пеш бударо осон кард.Он тавре мешавад осон кард, ки дигар дар қабр эҳсоси танҳоӣ накард ва аз саволи Мункару Накир ва торикӣ ва азоби қабр дар амон буд. Инчунин мумкин аст инсон бо худ сохтмон ва сарвату мол ба дохили қабр бибарад, ки болотарин сарват ва дороӣ имон аст ва беҳтарин мунис дар қабр яқин ба раҳматҳои Худо баъд аз марг аст.

       Имруз метавон ҳар кореро анҷом диҳӣ. Ҳар гуноҳеро муртакиб шавӣ. Ҳар молеро ба зур соҳиб шавӣ ва касе монеа нашавад ва туро таъқиб накунад. Аз мансабат истифода бурда дастури қатли ҳар инсони бегуноҳеро содир кунӣ ва аз ту касе савол накунад. Моли ҳар ятим ва бечораеро бихурӣ ва касе ҷуръати ҳарф задан надошта бошад. Ҳар ҷиноятеро муртакиб шавӣ ва дар пайи ту набошанд… Вале марг поёни ҳамаи қудратҳост.

“و جائت سكرة الموت بالحق ذلك ما كنت منه تحيد”

«Ва биёмад сакароти марг ба ростӣ. Ин аст он чи аз он мегурехтед» сураи «Қоф» ояти 19.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.