Чойгохи масчид дар Ислом

Масҷид ҳамчун муҳимтарин ниҳоди исломӣ дар таълимоти дини мубини ислом ҷойгоҳи бисёр хосса ва баланд дорад. Дар баёни ҷойгоҳ ва аҳаммияти масҷид ҳамин кофист, ки Худованди мутаъол онро хонаи худ номидааст. Чунон ки дар муқаддимаи китоб зикр шуд, масҷид маҷмӯае аз нақшу вазифаҳои бисёр муҳиммеро дар ҷомеаи мусалмонон бар дӯш дошта, ҳамчун як ниҳоди нигаҳбони ахлоқу маънавияти инсонӣ, зиндадорандаи арзишҳои волои исломӣ, ташаккулдиҳандаи тафаккури ҷамъии ҷомеа ва танзимкунандаи бисёре аз масъалаҳои фарҳангию иҷтимоии рӯзгори мусалмонон фаъолият мекунад. Ин ҷойгоҳи масҷид дар таълимоти исломӣ ва ҷомеаи мусалмонон боис гаштааст, ки масҷид ба муҳимтарин ниҳод ва рамзҳои дини мубини ислом табдил гашта, имрӯз чигунагии масҷидҳои ҳар қавм ва ҳар ҷомеа баёнгари чигунагии вазъи диндорию динфаҳмии он қавм ва он ҷомеа мебошад.

Мавзӯи масҷид ва ҷойгоҳи он дар таълимоти исломӣ аз паҳлӯҳои ниҳоят гуногун матраҳ гашта, дар кулл, аҳкому масъалаҳои масҷид як бахши бузург ва муҳимми таълимоти шариати исломиро ташкил медиҳанд. Ин таълимоти васеъ ва аз он миён масъалаҳое чун ҷойгоҳи куллии масҷид дар ислом, одобу қоидаҳои сохтани масҷид, фазилату савоби созандагони масҷид, савоби масҷидравӣ ва намози ҷамоат, одобу фарҳанги вуруду хуруҷ ва рафтор дар масҷид, қоидаҳои намозгузорӣ ва ибодоти дигар дар масҷид, одоби ибодати занон дар масҷид, қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи масҷид, ҳукми таҳқиргарон ва манъкунандагони ибодат ва маҳкамкунандагону харобкунандагони масҷид ва даҳҳо масъалаҳои дигарро дар бар мегирад.

Ҳар яке аз масъалаҳои зикршуда ҳукму меъёри муайяншудаи шаръии худро дошта, маҳз огоҳии кофӣ аз онҳо боис мешавад, ки мусалмонон нақшу ҷойгоҳи воқеии масҷидро дуруст бишиносанд ва аз он дар ҳаёти худ ба наҳви комил истифода кунанд. Аз ин рӯ, дар бахши аввали ин рисола кӯшиш ба кор рафт, ки масоили усулии масҷид ва масҷиддорӣ аз назари шариати исломӣ ба таври мухтасар ба хонадагони азиз баён шавад.    

1.Фазилат ва мақоми волои масҷид дар таълимоти исломӣ

Тавре ки зикр шуд, масҷид ё ибодатгоҳ ва намозгоҳ аз муҳимтарин ва сутудатарин ниҳодҳо ва рамзҳои исломӣ буда, таълимоти дини мубини ислом ба он арзиши ниҳоят баланд қоил мебошад. Болотарин сифату унвони масҷид дар ислом «Байту-л-лоҳ», яъне «хонаи Худо» будани он аст. Ин сифатест, ки Худованд ба аввалин масҷид дар рӯи замин, яъне ба Масҷиду-л-ҳаром дар Маккаи Мукаррама арзонӣ дошт ва он гувоҳи арзиши баланд ва қудсияти фавқулодда доштани масҷид дар таълимоти исломист.

Каъба аввалин масҷид ва ибодатгоҳ дар рӯи замин буда, Худованд онро ҳамчун аввалин хона дар Қуръони карим чунин меситояд:

Матни оя:

«إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِى بِبَكَّةَ مُبَارَكاً وَهُدًى لِّلْعَالَمِينَ».

Тарҷума: Аввалин хонае, ки барои мардум (ҷиҳати барпо доштани) бино карда шуд, ҳамон аст, ки дар Бакка (Макка) мебошад ва он мубораку ҳидояте барои ҷаҳониён аст.

Сураи «Оли Имрон», ояи 96

Аз ин рӯ Худованд ба таври ошкор ба мӯътабар донистану пок доштани масҷидҳо таъкид мекунад:

Аз матни оя:

 …»وَعَهِدْنَآ إِلَى إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ أَن طَهِّرَا بَيْتِىَ لِلطَّآئِفِينَ وَالْعَاكِفِينَ وَالرُّكَّعِ السُّجُود».

Тарҷума: … ва ба Иброҳим ва Исмоил фармон додем, ки хонаи маро (яъне Каъбатуллоҳро) барои тавофкунандагон ва эътикофкунандагон ва рукӯъу саҷдакунандагон покиза нигаҳ доред.

Сураи «Бақара», ояи 125

Ҳамчунин, Худованд бо ҳамин мазмун такроран дар сураи «Ҳаҷҷ» хитоб ба ҳазрати Иброҳим, алайҳиссалом, мегӯяд:

Аз матни оя:

 …» وَطَهِّرْ بَيْتِىَ لِلطَّآئِفِينَ وَالْقَآئِمِينَ وَالرُّكَّعِ السُّجُودِ».

Тарҷума: … ва хонаи маро барои тавофкунандагон, қиёмкунандагон, рукӯъкунандагон ва саҷдакунандагон пок бисоз.

                                      Сураи «Ҳаҷҷ», ояи 26  

Албатта, дар ин ду оя мафҳуми «байт» ё хонаи Худо ба таври мустақим ба Масҷиду-л-ҳаром, яъне Каъба ишора дорад, вале муфассирон ва уламои исломӣ фармудаанд, ки ин амри Худованд хусусияти ом дошта, ба масҷидҳои дигар низ тааллуқ мегирад. Масалан, фақеҳи номдорӣ ҳанафӣ, Шамсу-л-аимма – Имом Шамсуддини Сарахсӣ фақат ба Каъба маҳдуд набудани ин масъаларо таъкид карда, дар ин маврид дар китоби бузурги худ «Ал-мабсут» мефармояд, ки «ҳамаи масҷидҳо «хонаи Худо» мебошанд.»

Имом Шамсуддини Сарахсӣ. «Ал-мабсут», ҷилди 30, саҳ. 213

Ибни Таймия низ дар бораи ояи 26 сураи «Ҳаҷҷ» мегӯяд: «… ин ҷо манзур аз «байт» хонаи Каъба аст, вале ин ҳукм ба дигар масҷидҳо низ дахл дорад, зеро Паёмбари Худо, алайҳиссалом, ба покиза нигоҳ доштани масҷидҳо супориши зиёде мекарданд ва мегуфтанд, ки Худованд тамоми ҷойҳои поки заминро барои ман масҷид қарор додааст.»

«Кутуб ва расоил ва фатовои Ибни Таймия фил фиқҳ», ҷилди 21, саҳ. 584-585

Масъалаи ҷойгоҳи воло ва фазилати масҷид дар ҳадисҳои Паёмбар, алайҳиссалом, низ ба таври бисёр рӯшан ва муфассал баён гаштааст. Расули Худо, дуруд бар ӯ, баробари ба Мадина ворид шуданашон пеш аз ҳама на ба сохтани хона, балки ба сохтани масҷид шурӯъ карданд, ки ин як амали бисёр  рамзӣ ва пурҳикмат буд. Ишон дар чандин ҳадиси худ хабар додаанд, ки масҷидҳо дар назди Худованд беҳтарин ва маҳбубтарин ҷойҳои рӯи замин ба ҳисоб мераванд ва бар ҳамаи маконҳои дигар фазилат доранд:

Матни ҳадис:

         «عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ y قَالَ: أَحَبُّ الْبِلَادِ إِلَى اللَّهِ مَسَاجِدُهَا…»

        Тарҷума:  Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармудаанд: Маҳбубтарини сарзаминҳо дар назди Худо масҷидҳост…

                                     «Саҳеҳи  Муслим», китоби «Масоҷид ва мавозеъи салот», ҳадиси 1076

  ва «Саҳеҳи  Ибни Ҳиббон», ҷилди 4, саҳ. 477, ҳадиси 1600[1]

Тавре ки болотар зикр шуд, муҳимтарин сифати масҷид дар таълимоти исломӣ хонаи Худованд будани он аст. Паёмбари акрам, алайҳиссалом, ин сифати масҷидро дар ҳадисҳои худ пайваста зикр карда, мусалмононро ба эҳтироми ҷойгоҳи масҷид даъват намудаанд:

Матни ҳадис:

…»عن عبد الله بن مسعود Z قال: قال رسول الله y: إن بيوت الله في الأرض المساجد وإن حقا على الله أن يكرم من زاره فيها».

Тарҷума: Абдуллоҳ ибни Масъуд мегӯяд, ки Расули Худо, дуруд бар ӯ, фармудаанд: Масҷидҳо хонаҳои Худо дар рӯи заминанд ва Худованд шахсонеро, ки Ӯро дар масҷидҳо зиёрат мекунанд, бузургу мӯҳтарам медорад.

 «Мӯъҷами Кабири Табаронӣ», ҷилди 10, саҳ. 161, ҳадиси 10324

ва «Канзу-л-аъмол», ҷилди 7, саҳ. 266, ҳадиси 20740

Сифати дигаре, ки барои ифодаи ҷойгоҳи баланди масҷид оварда шудааст, ҳукми ситорагони рӯи замин ва манбаи нурро доштани масҷидҳо мебошанд. Масалан, саҳобии машҳӯр Абдуллоҳ ибни Аббос чунин мефармояд:

«عن ابن عباس Z قال: المساجد بيوت الله في الأرض تضيء لأهل السماء كما تضيء نجوم السماء لأهل الأرض».

Тарҷума:  Ибни Аббос мегӯяд, ки масҷидҳо хонаҳои Худо дар рӯи заминанд ва ҳамон гуна, ки ситорагони осмон барои аҳли замин нур меборанд, масҷидҳо низ барои аҳли осмон нур меафкананд.

                                         «Мӯъҷами Кабири Табаронӣ», ҷилди 10, саҳ. 262, ҳадиси 10608

Модоме ки масҷидҳо назди Худованд чунин ҷойгоҳи баланду воло доранд ва хонаи Худованд ба ҳисоб меоянд, пас бар ҳар фарди мусалмон  зарур аст, ки масҷидҳоро дӯст дорад ва дар пайи ободу тоза нигоҳ доштани онҳо бошад, зеро ҳар касе, ки Худованди мутаъолро дӯст дорад, хонаи ӯро низ дӯст ва гиромӣ медорад. Чунончи, муаллифи тафсири мӯътабари Қуръон Имом Қуртубӣ дар тафсири худ аз ҳазрати Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ҳадисеро овардаанд, ки аз ҷумла ба ҳамин маъно далолат мекунад:

Матни ҳадис:

« رواه أنس بن مالك Z عن رسول الله y قال: من أحب الله عز وجل فليحبني, ومن أحبني فليحب أصحابي, ومن أحب أصحابي فليحب القرآن, ومن أحب القرآن فليحب المساجد, فإنها أفنية الله أبنيته أذن الله في رفعها وبارك فيها, ميمونة ميمون أهلها, محفوظة محفوظ أهلها هم في صلاتهم والله عز وجل في حوائجهم هم في مساجدهم والله من ورائهم».

Тарҷума: Анас ибни Молик ривоят кардааст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Ҳар ки Худои поку тавоноро дӯст дорад, бояд маро дӯст дошта бошад ва ҳар ки маро дӯст дорад, бояд асҳобамро дӯст дошта бошад ва ҳар, ки асҳобамро дӯст дорад, бояд Қуръонро дӯст дошта бошад ва ҳар ки Қуръонро дӯст дорад, бояд масҷидҳоро дӯст дошта бошад, зеро масҷидҳо хонаҳои Худованд ва биноҳои Ӯянд, ки вай ба баланд бардоштани мақоми онҳо амр карда ва дар онҳо баракат ниҳодааст. Масҷидҳо муборак ва хуҷастаанд ва аҳли онҳо низ муборак ва хуҷастаанд, масҷидҳо маҳфузанд ва аҳли онҳо низ маҳфузанд, онҳо дар намози хешанд ва Худои поку тавоно дар баровардани ҳоҷатҳо ва ниёзҳои эшон аст, онҳо дар намози хешанд ва Худои поку тавоно пуштибони эшон аст.     

                                       «Тафсири Қуртубӣ», ҷилди 12, саҳ. 266

       Ҳамин тавр, таъкидҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ нишон медиҳанд, ки масҷид дар таълимоти исломӣ ҷойгоҳи бисёр хосса дошта, беҳтарин қитъаи замин ва сутудатарин макон барои мусалмонон мебошад. Дарки ин мақоми баланди масҷид дар ислом ҳар мусалмонро водор месозад, ки дӯстдори масҷид ва ободгари он буда, онро ҳамчун ҳарими поки илоҳӣ гиромӣ дорад.

2. Мақому фазилати касоне, ки масҷид бино мекунанд

Дар таълимоти шариати исломӣ дар баробари фазилат ва мақоми баланди худи масҷид, мақому мартабаи созандагон ва ободкунандагони он низ бисёр гиромӣ мебошад. Ин ҷойгоҳи баланди онҳо ҳам дар Қуръони карим ва ҳам дар ҳадисҳои Расули акрам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба таври бисёр рӯшан ва муфассал баён гаштааст.

Ба таври мисол, Худованд дар Қуръони карим дар сураи «Тавба» созандагону ободкунандагони масҷидро ба сурати зерин васф мекунад:

Матни оя:

«إِنَّمَا يَعْمُرُ مَسَاجِدَ اللَّهِ مَنْ ءَامَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الاٌّ خِرِ وَأَقَامَ الصَّلَواةَ وَءاتَى الزَّكَواةَ وَلَمْ يَخْشَ إِلاَّ اللَّهَ فَعَسَى أُوْلَائِكَ أَن يَكُونُواْ مِنَ الْمُهْتَدِينَ».

Тарҷума: Масҷидҳои Худоро танҳо касоне обод мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи охират имон оварда ва намоз барпо дошта ва закот дода ва ҷуз аз Худо аз касе натарсидаанд. Пас умед аст, ки ин гурӯҳ аз ҳидоятёфтагон бошанд.

Сураи «Тавба», ояи 18   

Муаллифи яке аз мӯътабартарин тафсирҳои Қуръон Имом Ибни Касир дар тафсири ин ояи муборака мефармояд, ки ба воситаи ин оя «Худои таъоло ба мӯъмин будани касоне, ки масҷидҳоро обод мекунанд, гувоҳӣ додаст.»

Ниг.: «Тафсири Ибни Касир», ҷилди 2, саҳ. 341

Дар китобҳои мӯътабари ҳадис ба мисли «Сунани Тирмизӣ», «Сунани Насоӣ» ва «Муснади Имом Аҳмад» аз Абусаъиди Хударӣ ҳадисе оварда шудааст, ки дар он Расули акрам, алайҳиссалом, бо истинод ба ҳамин ояи Қуръон алоқа ва дилбастагӣ ба масҷидро ҳамчун яке аз сифатҳои устувори марди мӯъмин нишон додаанд:

 Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي سَعِيدٍ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y: إِذَا رَأَيْتُمْ الرَّجُلَ يَتَعَاهَدُ الْمَسْجِدَ فَاشْهَدُوا لَهُ بِالْإِيمَانِ, فَإِنَّ اللَّهَ تَعَالَى يَقُولُ: إِنَّمَا يَعْمُرُ مَسَاجِدَ اللَّهِ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَأَقَامَ الصَّلَاةَ وَآتَى الزَّكَاةَ

Тарҷума: Абусаъид мегӯяд, ки Расули Худо, дуруд бар ӯ, фармуданд: Чун мардеро бинед, ки бо масҷид аҳд бастааст (ҳамеша дар намозҳои ҷамоат  аст), ба мӯъмин будани ӯ гувоҳӣ диҳед. Зеро Худои таъоло мефармояд: «Масҷидҳои Худоро танҳо касоне обод мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи охират имон оварда ва намоз барпо дошта ва закот дода…»

«Сунани Тирмизӣ», китоби «Имон», ҳадиси  2542,

          «Сунани Насоӣ», китоби «Масоҷид ва ҷамоъот», ҳадиси  794,

           «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 11300.

Модоме ки шахсони созанда ва ободкунандаи масҷидҳо дар назди Худованд чунин ҷойгоҳи баланд доранд, Худованд барои ин амали нек савобу натиҷаҳои бузургеро низ ваъда кардааст. Аз ҷумла, дар чандин ҳадисе, ки аз Пайғамбари Худо, алайҳиссалом, расидаанд, хабар дода мешавад, ки Худованд ба созандаи масҷид дар биҳишт қасреро бино хоҳад кард.

Бузургтарин гирдоварандагони ҳадисҳои саҳеҳ Имом Бухорӣ(р) ва Имом Муслим(р) дар китобҳои ҳадиси худ аз Расули акрам, алайҳиссалом, аз ҷумла ҳадиси зеринро ба ҳамин мазмун овардаанд: 

Матни ҳадис:

        «عن عُبَيْدِ اللَّهِ الْخَوْلَانِيَّ أَنَّهُ سَمِعَ عُثْمَانَ بْنَ عَفَّانَ Z يَقُولُ عِنْدَ قَوْلِ النَّاسِ فِيهِ حِينَ بَنَى مَسْجِدَ الرَّسُولِ y: إِنَّكُمْ أَكْثَرْتُمْ وَإِنِّي سَمِعْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: مَنْ بَنَى مَسْجِدًا بَنَى اللَّهُ لَهُ مِثْلَهُ فِي الْجَنَّةِ».

Тарҷума:  Аз Убайдуллоҳи Хавлонӣ ривоят аст, ки эшон аз ҳазрати Усмон ибни Аффон(р) шунидаанд, ки дар ҷавоби мардуме, ки ҳангоми васеъ кардани масҷиди Расули Худо, алайҳиссалом, ба ӯ эътироз карданд, мегуфт: Шумо бисёр пургӯӣ мекунед, ман аз Расули Худо, алайҳиссалом, шунидам, ки мегуфт: «Касе масҷиде бино кунад… Худо барои ӯ мисли он масҷид дар ҷаннат (қасре) бино мекунад».   

                            «Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Салот», ҳадиси  431

                            ва «Саҳеҳи  Муслим», китоби «Масоҷид ва мавозеъи салот», ҳадиси 828

(Барои ошноӣ бо шарҳи  ин ҳадиси набавӣ ниг.: «Фатҳу-л-борӣ, шарҳи «Саҳеҳи -л-Бухорӣ», ҷилди 1, саҳ. 544-546)

Ин ваъдаи Худованд ба созандагон ва ободгарони масҷид ҳамчунин дар ҳадисҳои дигари Паёмбари акрам, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ба таври возеҳ зикр гаштааст, ки чанде аз онҳо чунинанд: 

Ҳадиси 1:                                                                                                       

        «عَنْ عُثْمَانَ بْنِ عَفَّانَ Z قَالَ: سَمِعْتُ النَّبِيَّ y يَقُولُ: مَنْ بَنَى لِلَّهِ مَسْجِدًا بَنَى اللَّهُ لَهُ مِثْلَهُ فِي الْجَنَّةِ».      

Тарҷума: Аз Усмон ибни Аффон(р) омадааст, ки эшон аз Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шунидаанд, ки мегуфтанд: Касе барои Худо масҷиде бино кунад, Худо барои ӯ мисли он дар ҷаннат бино месозад.

                                   «Сунани Тирмизӣ», китоби «Салот», ҳадиси 292

(Барои ошноӣ бо шарҳи  ин ҳадис ниг.: «Тӯҳфату-л Аҳвазӣ, шарҳи Тирмизӣ», ҷилди 2, саҳ. 222-225)

Ҳадиси 2:

«وَقَدْ رُوِيَ عَنْ النَّبِيِّ y أَنَّهُ قَالَ: مَنْ بَنَى لِلَّهِ مَسْجِدًا صَغِيرًا كَانَ أَوْ كَبِيرًا بَنَى اللَّهُ لَهُ بَيْتًا فِي الْجَنَّةِ».

Тарҷума: Аз Анас ривоят аст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармудаанд: «Касе барои Худо масҷиди хурде ё калоне бисозад, Худо барои ӯ хонае дар биҳишт месозад ».

                                                                 «Сунани Тирмизӣ», китоби «Салот», ҳадиси 293

Ҳадиси 3:

 «عَنْ عَلِيِّ بْنِ أَبِي طَالِبٍ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y: مَنْ بَنَى مَسْجِدًا مِنْ مَالِهِ بَنَى اللَّهُ لَهُ بَيْتًا فِي الْجَنَّةِ».

Тарҷума: Аз Алӣ ибни Абутолиб(р) ривоят аст, ки Расули Худо, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, фармудаанд: Касе аз моли худ масҷиде бисозад, Худо барои ӯ хонае дар биҳишт месозад.

               «Сунани Ибни Моҷа», китоби «Масоҷид ва ҷамоъот», ҳадиси 729

Аҷру савоби муҳимми дигаре, ки Худованд барои созандагони масҷид ваъда кардааст, ин аст, ки савоби масҷидсозӣ пас аз марги шахси созандаи масҷид низ ба ӯ расида меистад. Яъне, дар шариати исломӣ сохтани масҷид ҷузъи садақаҳои ҷорӣ ва ё хайри равон буда, бо марги инсон савобу самараи он хотима намеёбад ва то рӯзи қиёмат ҷорӣ мебошад. Ин мазмунро ҳазрати Паёмбар, алайҳиссалом, дар ҳадиси зерини худ ба сароҳат фармудаанд:

Аз матни ҳадис:

«عَنْ أَبِى هُرَيْرَةَ Z أَنَّ رَسُولَ اللَّّه y قَالَ: إِنَّ مِمَّا يَلْحَقُ الْمُؤْمِنَ مِنْ عَمَلِهِ وَ حَسَنَاتِهِ بَعْدَ مَوْتِهِ: عِلْماً عَلَّمَهُ وَ نَشَرَهُ وَ وَلَداً صَالِحاً تَرَكَهُ وَ مُصْحَفاً وَرَّثَهُ أَوْ مَسْجِداً بَنَاهُ أَوْ بَيْتاً لاِبْنِ السَّبِيلِ بَنَاهُ أَوْ نَهْراً أَجْرَاهُ أَوْ صَدَقَةً أَخْرَجَهَاَ مِنْ مَاِلهِ فِى صِحَّتِهِ وَ حَيَاتِهِ يَلْحَقُهُ مِنْ بَعْدِ مَوْتِهِ».

Тарҷума: Аз Абуҳурайра(р) ривоят аст, ки Расули Худо, дуруд бар ӯ, фармуданд: Аз он амалу некиҳое, ки бандаи мӯъмин дар ин дунё анҷом додаст, савоби илме, ки омӯзонда ва паҳн кардааст, фарзанди солеҳу неке, ки аз худ гузоштааст, Қуръоне, ки мерос мондааст, масҷиде, ки сохтааст, мусофирхонае, ки бино кардааст, ё ҷӯи обе, ки ҷорӣ кардааст, ё садақае, ки дар рӯзҳои тандурустӣ ва зиндагиаш аз моли худаш додааст, баъд аз маргаш низ ба ӯ хоҳад расид».

«Сунани Ибни Моҷа», китоби «Муқаддима», ҳадиси 238

        Шайх Саъдии Шерозӣ мазмуни ин ҳадиси  Паёмбари акрам, алайҳиссаломро чунин ба назм кашидааст:

Аз он кас, ки хайре бимонад равон,

Дамодам расад раҳматаш бар равон.

Ҳар он к-ӯ намонд аз пасаш ёдгор,

Дарахти вуҷудаш наёвард бор.

Намурд он, ки монад пас аз вай  ба ҷой,

Пулу масҷиду хону меҳмонсарой.

В-агар рафту осори хайраш намонд,

Нашояд паси маргаш алҳамд хонд.

Ҳамин тавр, сохтани масҷид ва обод доштани он яке аз амалҳои таъкидшуда дар шариати исломӣ буда, Худованди мутаъол барои шахсоне, ки ба ин кори неку бузург рӯй меоваранд, мақому дараҷаи боло ва савобу самараи ҷориро ваъда кардааст. Илова бар ин, Худованд ободдорандагони масҷидҳоро аз ҷумлаи маҳбубтарин ва дӯстдоштатарин бандагони худ шуморида, ваъда кардааст, ки онҳоро аз азоби қиёмат эмин хоҳад дошт, чунон ки дар ҳадиси зерин омадааст:  

Матни ҳадис:

«النبي y قال: قال الله: إن أحب عبادي إلي المتحابون في الدين يعمرون مساجدي ويستغفرون بالأسحار أولئك الذين إذا ذكرت  خلقي بعذاب ذكرتهم فصرفت عذابي عنهم».

Тарҷума: Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармудаанд, ки Худои таъоло мегӯяд: Маҳбубтарини бандагонам дар назди ман касонеанд, ки ба хотири дин бо ҳам дӯстӣ мекунанд, масҷидҳои маро обод медоранд ва саҳаргоҳон талаби омурзиш мекунанд. Эшон касонеанд, ки вақте бандагонро ба азоб гирифтор мекунам, дар рӯзи қиёмат азобамро аз ин бандагонам дур месозам.

 «Мусаннафи Абдурраззоқ», ҷилди 3, саҳ. 49, ҳадиси 4740

test

Добавить комментарий