Чойгох ва ахкоми намози Чумъа

Намози ҷумъа аз муҳимтарин ибодатҳои исломӣ буда, ҳамчун як маросими бузурги ибодати ҷамъии мусалмонон аҳаммияти бисёр болои ибодӣ ва рамзӣ дорад. Он маросимест, ки мусалмонон дар он рӯз бо ҳам дар хонаҳои Худованд ҷамъ омада, дар канори ҳам ба ибодати Парвардгорашон мепардозанд ва ба ваҳдату якпорчагии худ таъкид менамоянд.

Аҳаммияти намози ҷумъа дар таълимоти исломӣ то ҷое бузург аст, ки Худованди мутаъол дар Қуръони карим сураи махсусеро бо номи «Ҷумъа» оварда, ба воситаи ин сураи муборака намози ҷумъаро барои мусалмонон фарз гардонидааст. Ҳамчунин бисёре аз муфассирони бузургвори Қуръон ба ин назаранд, ки худи рӯзи ҷумъа ба шарофати дар ин рӯз доир гаштани намози ҷумъа ҳамин номро гирифтааст, вагарна то ҷорӣ шудани намози ҷумъа арабҳо ин рӯзро «аруба» меномиданд.

Асосу далелҳои шаръии фарз будани намози ҷумъа кадомҳоянд ва шароити барои мусалмонон фарз гаштани он аз чӣ иборат аст? Савобу аҷри иштирок дар ҷумъа дар шариати исломӣ чист ва  гуноҳу уқубати тарки он чӣ гуна таъйин гаштааст? Амалҳои зарурӣ дар рӯзи ҷумъа ва одобу қоидаҳои адои намози ҷумъа кадоманд? Ва ниҳоят, бо таваҷҷӯҳ ба ин шароит, меъёри сохтану фаъолияти масҷидҳои ҷомеъ дар шаҳру деҳоти мусалмоннишин, аз ҷумла шаҳру деҳоти Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Ин саволҳои асосиест, ки бахши дувуми китоб дар пайи ҷустани ҷавобҳои шаръӣ ба онҳо мебошад. Яъне дар ин бахш кӯшиш мешавад, ки бо такя ба сарчашмаҳои асосии шариати исломӣ таълимоти дини мубини ислом дар ин маврид ба рӯшанӣ баён шавад.

1. Далелҳои фарз будани намози ҷумъа

Дар ҳар замону маконе, ки шароити таъйиннамудаи шариат барои баргузории намози ҷумъа фароҳам оянд, дар он ҷо ба ҷой овардани намози ҷумъа барои мусалмонон ҳатмӣ ва воҷиб мегардад. Фарзияти намози ҷумъа барои мусалмонон ҳам бо насси қотеи Қуръони карим, ҳам бо ҳадисҳои саҳеҳи набавӣ ва ҳам бо иҷмои уламои исломӣ собит шудааст, ки шарҳи мухтасари он чунин аст:

  1. Далели Қуръонӣ:

Муҳимтарин далели воҷиб будани намози ҷумъа ояи 9-уми сураи «Ҷумъа» аз Қуръони карим мебошад, ки дар он Худованд мусалмононро ба таври мустақиму ошкоро ва ба сиғаи амрӣ ба баргузории намози ҷумъа даъват менамояд: 

Матни оя:

« يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إلَى ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ذالِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ»

Тарҷума: Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои намози рӯзи ҷумъа даъват шавед, ба сӯи зикри Худованд биштобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед ва  бидонед, ки ин бароятон беҳтар аст.

Сураи «Ҷумъа», ояи 9  

Муфассирони Қуръони карим ин ояро далели ошкор ва қатъӣ барои фарз будани намози ҷумъа дониста, дар тафсирҳои мӯътабар паҳлӯҳои гуногуни ин масъаларо шарҳ кардаанд. Масалан, дар зимни шарҳу тафсири ин ояи муборака дар тафсири «Анвору-л-Қуръон» аз ҷумла чунин омадааст:

«…Мурод аз зикри Худованд дар оя, бар асоси назари ҷумҳури уламо ва фақеҳон, шунидани хутба ва адо намудани намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъ аст… Ва манзур аз «саъй» дар оя, яъне «шитофтан» таъбир шудааст. Зеро хуб аст, ки инсони мусалмон бо ҳиммат ва нишот ва ҷиддияту азм барои адои намози ҷумъа бархезад, зеро лафзи «саъй» ифодагари ҷиддият ва азм аст… Ба далели ин оя, адои намози ҷумъа бар ҳар мусалмоне фарзи айн аст ва ин назари ҷумҳури уммат ва ҷумҳури имомон мебошад…

«Тафсири Анвору-л-Қуръон», ҷилди 6, саҳ. 252-256

Дар мавриди шарҳу тафсири ин ояи карима ҳамчунин метавон ба манбаъҳои зерини дигар муроҷиат намуд:

1. «Тафсири Қуртубӣ», ҷилди 18, саҳ. 97- 120,

        2.«Тафсири Ибни Касир», ҷилди 4, саҳ. 366-369

3.«Тафсири Руҳу-л-маъонӣ», ҷилди 28, саҳ. 98- 108

2. Далели фарз будани намози ҷумъа аз суннати набавӣ:

Далели дигари фарз будани намози ҷумъа бар мусалмонон ба таври қатъӣ ва мушаххас рӯшан будани фарзияти он дар суннат ё ҳадисҳои Паёмбари ислом, алайҳиссалом, мебошад. Ҷаноби Паёмбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом,  ки худ аввалин баргузоркунанда ва аввалин хатиби намози ҷумъа будаанд, ҳамеша бар фарзияти ин  ибодати муҳимми исломӣ таъкид карда, онро барои ҳар инсони болиғ ва дорои шароити  зарурӣ то рӯзи қиёмат фарз донистаанд. Ҳадисҳои зерин назари ишонро дар ин бора ба таври возеҳ баён мекунанд:

Ҳадиси 1:

«عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ Z قَالَ: خَطَبَنَا رَسُولُ اللَّهِ y  فَقَالَ:وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ قَدْ افْتَرَضَ عَلَيْكُمْ الْجُمُعَةَ فِي مَقَامِي هَذَا فِي يَوْمِي هَذَا فِي شَهْرِي هَذَا مِنْ عَامِي هَذَا إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ فَمَنْ تَرَكَهَا فِي حَيَاتِي أَوْ بَعْدِي وَلَهُ إِمَامٌ عَادِلٌ أَوْ جَائِرٌ اسْتِخْفَافًا بِهَا أَوْ جُحُودًا لَهَا فَلَا جَمَعَ اللَّهُ لَهُ شَمْلَهُ وَلَا بَارَكَ لَهُ فِي أَمْرِهِ أَلَا وَلَا صَلَاةَ لَهُ وَلَا زَكَاةَ لَهُ وَلَا حَجَّ لَهُ وَلَا صَوْمَ لَهُ وَلَا بِرَّ لَهُ حَتَّى يَتُوبَ »

Тарҷума: Ҷобир ибни Абдуллоҳ мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, бар мо хутба хонда ва фармуданд: … Бидонед, ки Худои таъоло ҳамин лаҳза барои шумо аз ҳамин ҷое, ки ман истодаам, дар ин рӯзи ин моҳи ин сол ҷумъаро то рӯзи қиёмат фарз гардонидааст. Касе, ки аз рӯи таҳқир ё инкор дар ҳаёти ман ё баъди ман ҷумъаро тарк кунад, чӣ дар он кишвар ҳокими  одил бошад ва чӣ золим, Худованд парешонию парокандагии ӯро ҷамъ намесозад ва дар кораш баракат намедиҳад. Огоҳ бошед, ки намозу рӯза, ҳаҷҷу закот ва хайру некиҳои ӯ мақбул нест, то вақте, ки (аз тарки намози ҷумъа) бозгашт накунад…

«Сунани Ибни Моҷа», китоби «Иқомат-ус-салоти вас-суннати фиҳо», ҳадиси 1071

Ҳадиси 2:

«عَنْ ابْنِ عُمَرَ Z عَنْ حَفْصَةَ رضى الله عنها زَوْجِ النَّبِيِّ y أَنَّ النَّبِيَّ y قَالَ: رَوَاحُ الْجُمُعَةِ وَاجِبٌ عَلَى كُلِّ مُحْتَلِمٍ.. »

         Тарҷума: Ибни Умар аз Ҳафса, ҳамсари Паёмбар, алайҳиссалом,  овардааст, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармуданд: Ба намози ҷумъа рафтани ҳар шахси болиғ воҷиб аст.

                                  «Сунани Насоӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1354

                       ва «Сунани Абудовуд», китоби «Таҳорат», ҳадиси 289

Ҳадиси 3:

«عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرٍو Z عَنْ النَّبِيِّ y قَالَ الْجُمُعَةُ عَلَى كُلِّ مَنْ سَمِعَ النِّدَاءَ »

        Тарҷума: Абдуллоҳ ибни Амр мегӯяд, ки Паёмбар, алайҳиссалом, фармуданд: Намози ҷумъа барои тамоми касоне, ки садои азонро мешунаванд, воҷиб мешавад.

«Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 892

 ва «Мишкоту-л-масобеҳ», ҷилди 1, саҳ. 434, ҳадиси 1375

Барои ошноӣ бо шарҳи ин ҳадис метавон ба «Авну-л-маъбуд шарҳи «Сунани Абудовуд» (ҷилди 3, саҳ. 270-271) муроҷиат намуд. Ҳамчунин, бо ҳамин мазмун ҳадиси дигаре аз Саъид ибни Мусайиб низ расидааст, ки онро Имом Байҳақӣ дар «Сунан»-и худ ривоят намудааст (ҷилди 3, саҳ. 175, ҳадиси 5382).

Ҳадиси 4:

«عن جابر Z أن رسول الله y قال من كان يؤمن بالله واليوم الآخر فعليه الجمعة يوم الجمعة إلا مريض أو مسافر أو امرأة أو صبي أو مملوك فمن استغنى بلهو أو تجارة استغنى الله عنه والله غني حميد»

Тарҷума: Саҳобии бузург Ҷобир ибни Абдуллоҳ мегӯяд, ки Паёмбари Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Ҳар шахсе, ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, бар вай барпоии намози ҷумъа дар рӯзи ҷумъа воҷиб мегардад, магар шахси бемор, мусофир, зан, кӯдак ва ғулом. Ва касе, ки ба кори беҳуда ё тиҷорат машғул шуда, намози ҷумъаро тарк намояд, Худованд аз ӯ безор аст…

«Сунани Дорақутнӣ», ҷилди 2, саҳ. 3

        3.Назари фақеҳони аҳли суннат ба фарз будани намози ҷумъа:

Тавре, ки аз далелҳои зикршуда аз Қуръону суннат маълум гашт, мавзӯи фарз будани намози ҷумъа дар шариати исломӣ масъалаи тираву баҳснок нест ва ҳукми он рӯшан аст. Фақеҳони мӯътабари аҳли суннат фарзияти намози ҷумъаро бо далели қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ собит намуда, дар ин бора ба назари ягона, яъне иҷмоъ расидаанд. Ба таври мисол, чанд намуна аз фатвоҳои уламои шинохтаи ҳанафиро меорем:

Имом Сарахсӣ дар китоби машҳӯри «Ал-мабсут» дар ин бора чунин хулоса ироа намудааст:

Матн:

        …»  اعلم أن الجمعة فريضة بالكتاب والسنة أما الكتاب فقوله تعالى فاسعوا إلى ذكر الله والأمر بالسعي إلى الشيء لا يكون إلا لوجوبه والأمر بترك البيع المباح لأجله دليل على وجوبه أيضا والسنة حديث جابر Z قال خطبنا رسول الله y فقال أيها الناس واعلموا أن الله تعالى كتب عليكم الجمعة في يومي هذا في شهري هذا في مقامي»

        Тарҷума: … Бидон, ки намози ҷумъа бо Қуръону ҳадис фарз гаштааст. Далели Қуръон дар ин бора ин аст, ки Худои таъоло фармудааст: «Ба сӯи зикри Худо шитобед». Амр ба шитофтан ба сӯи чизе далолат бар воҷиб (фарз) будани он мекунад. Ва амр ба тарк кардани савдои мубоҳ (ҷоиз) низ далели воҷиб (фарз) будани ҷумъа аст. Далели суннати набавӣ дар ин бора ҳадисест, ки Ҷобир(р) нақл кардааст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, моро дар хутба чунин гуфтанд: «…бидонед, ки Худои таъоло барои шумо дар ин ҷо, дар ин рӯзи ин моҳи ин сол ҷумъаро то рӯзи қиёмат фарз гардонидааст.»

                        Имом Сарахсӣ. «Ал-Мабсут», ҷилди 2, саҳ. 21

        Ҳамин тавр, маълум мегардад, ки дар шариати исломӣ намози ҷумъа барои ҳар шахси мусалмон воҷиб буда, ин масъала ҳам бо ояҳои қуръонӣ, ҳам бо ҳадисҳои Паёмбари гиромӣ, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ва ҳам бо иҷмоъу фатвои уламои исломӣ собит гаштааст. Аз ин рӯ, бидуни шакк, шахсе, ки бо фароҳам омадани шароити муайяншуда ба намози ҷумъа наравад, дар ҳақиқат тарки воҷиби шаръӣ намуда, даъвати ошкору мустақими Худовандро радд кардааст. 

2. Шартҳои асосии фарз гаштани намози ҷумъа

        Тавре ки гуфта шуд, барои воҷиб шудани намози ҷумъа бар мусалмонон шариати исломӣ  шартҳои мушаххасеро таъйин кардааст. Баъзе аз ин  шартҳо ба вазъи ҷисмию рӯҳию ҳуқуқии фарди намозгузор ва баъзеи дигар ба муҳиту вазъият ва макону замон марбутанд. Пас, ҳар мусалмоне, ки дорои шартҳои воҷиб шудани намози ҷумъа буда, бо вуҷуди ин, дар ҷумъа иштирок намекунад, тарки воҷиб карда, ошкоро бар хилофи фармудаи Худои Бузург ва Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, амал менамояд.  

Мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ, аз миёни талаботи шаръӣ барои баргузории намози ҷумъа, шартҳои зерин аҳаммияти аввалиндараҷа доранд: 

1.Вақт:

Масъалаи вақти баргузории ҷумъа далели рӯшану устувор дошта, аз тариқи ҳадиси саҳеҳи набавӣ муқаррар ва собит шудааст. Мувофиқи ҳадиси набавӣ вақти намози ҷумъа ҳангоми гаштан ё завол кардани офтоб, яъне ҳангоми намози пешин аст:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ Z أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى y كَانَ يُصَلِّي الْجُمُعَةَ حِينَ تَمِيلُ الشَّمْسُ».

Тарҷума: Анас ибни Молик мегӯяд, ки Паёмбар, алайҳиссалом, намози ҷумъаро ҳангоме, ки офтоб завол мекард, мехонданд.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 853

 ва «Сунани Тирмизӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 462

Аз ин рӯ, дар матнҳои фиқҳӣ ва китобҳои фатвоҳои ҳанафӣ дар ин масъала асосан назари яксон омадааст, ки ба таври мисол ду маврид аз онҳоро меорем:

Имом Шамсуддини Сарахсӣ яке аз шартҳои барпо кардани намози ҷумъаро шинохтани вақт дониста мегӯяд:

Матн:

«وأما الوقت فمن شرائط الجمعة يعني به وقت الظهر لما روي أن رسول الله y لما بعث مصعب بن عمير رضي الله تعالى عنه إلى المدينة قبل هجرته قال له إذا مالت الشمس فصل بالناس الجمعة »

Тарҷума: Ва вақт низ аз шартҳои намози ҷумъа аст, яъне вақти пешин, бинобар ин ривоят, ки Паёмбари Худо, алайҳиссалом, вақте ки Мусъаб ибни Умайр(р)-ро пеш аз ҳиҷрат ба Мадина фиристод, гуфт: Вақте ки офтоб гашт бо мардум ҷумъаро гузор…

Шамсуддини Сарахсӣ. китоби «Ал-мабсут», ҷилди  2, саҳ. 24

Ё муфтии ҳанафӣ Муҳаммадошиқи Баранӣ дар мавриди вақти баргузории намози ҷумъа мегӯяд: «Иқомаи намози ҷумъа дар вақти пешин аст, пеш аз пешин ва баъд аз он саҳеҳ намешавад».

Муҳаммадошиқ Илоҳии Баранӣ. «Шарҳи Қаддурӣ» (Ат-тасҳилу-з-зарурӣ ли масоил-ил-Қаддурӣ), саҳ. 80

        Ҳамин тавр, дар мазҳаби ҳанафӣ вақти баргузории намози ҷумъа вақти завол ё гаштани офтоб буда, ба вақти намози пешин дар рӯзи ҷумъа рост меояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.