Масъалаи ибодати занон дар масчид

(Соли 2004 рисолаи банда бо номи «Ибодати занон дар масҷид аз назари шариати ислом ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба чоп расида буд. Вале аз он ҷо, ки китоби ҳозир ба мавзӯи масҷиддорию масҷидравӣ бахшида шуда, ибодати занон дар масҷид яке аз муҳимтарин масъалаҳои ин мавзӯъ мебошад, зарур донистам, ки он рисоларо бидуни тағйири ҷиддӣ ҳамчун бахши сеюм ба ин китоб замима намоям.)

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Бо дуруду салом ба рӯҳи поки Пайғамбари ислом, саллаллоҳу алайҳи ва саллам

Боиси хушбахтии ҳар фарди тоҷик аст, ки дар байни кишварҳои минтақа Тоҷикистон феълан ягона кишварест, ки дар он муносибати дину давлат ҳам аз назари ҳуқуқӣ ва ҳам аз назари сиёсӣ ҳалли муносиби худро ёфтааст. Ин дастоварди муҳимми ҷумҳурии мо мавриди таваҷҷӯҳи аксари созмонҳои сиёсии байналмилалӣ қарор гирифтааст. Бешубҳа, барои кишваре, ки беш аз 99% аҳолии он мусалмон аст, ин сиёсати дуруст яке аз омилҳои муҳимми таъмини суботи умумӣ ва амнияти миллӣ мебошад.

Мувофиқи Сарқонуни Тоҷикистон, ҷомеаи мо моҳияти ҳуқуқбунёд дошта, дар он ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандон эътироф ва таъмини онҳо кафолат дода шудаанд. Аз ҷумла ҳуқуқҳои асосие, ки Конститутсияи ҶТ ба шаҳрвандони кишвар додааст, ҳуқуқи иштироки озодона дар маросимҳои динӣ мебошад. Ин масъала дар моддаи 26 Сарқонуни ҶТ чунин омадааст: “Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд”. Тавре мебинем, Сарқонуни кишвар ин ҳуқуқи муҳиммро бе ҳеҷ гуна истисно ва шароити хоссе ба ҳамаи шаҳрвандон, чи марду чи зан ба таври мутлақ таъмин мекунад. Вуҷуд доштан ва риоят шудани ин меъёри конститутсионӣ дар ҷомеаи мусалмоннишини Тоҷикистон аҳаммияти бас бузурги суботбахш ва мӯтаъдилкунандаи вазъият дорад. Ин неъматест, ки онро бояд қадр ва ҳифз кард.   

Мутаассифона, ахиран дар атрофи масъалаи “ба масҷид рафтан ва дар намозҳои ҷамоат иштирок кардани занон” баҳсҳое пеш омад, ки фазои солими ҷамъиятӣ ва татбиқи ин меъёри муҳимми конститутсиониро халалдор кард. Албатта, маълум аст, ки пайдо шудани ин масъала дар Тоҷикистон ва ба шакли як мавзӯи пурбаҳс даромадани он ҳеҷ гуна заминаи ҷиддии шаръӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ё фарҳангӣ надошт. Зеро ҳам назари Конститутсияи Тоҷикистон ва ҳам шариати ислом ба ин масъала комилан мусбат буда, он барои фазои сиёсиву фарҳангии кишвар низ пайомадҳои судманди зиёде дорад. Аз ин рӯ, дар шароити Тоҷикистон ба миён гузошта шудани ин мавзӯъ хусусияти таҳмилӣ дошта, ба воқеиятҳои ҷомеа ва ба манфиатҳои имрӯзу ояндаи кишвар ҷавобгӯ намебошад.

Бояд гуфт, ки дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳое, ки мардумашон пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд, мисли Туркия, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, ӯзбекистон, Қирғизистон, манотиқи мусалмоннишини Русияву Ҳиндустон ва ғайра ба масҷид рафтани занон як амри бисёр одиву маъмулист. Вале дар Тоҷикистон онро ҳамчун як масъалаи муҳимм вонамуд карда, то ҳадде расониданд, ки мавриди гуфтугузори ҳамагонӣ гашт ва дар ин робита миёни уламои динии кишвар, зиёиён ва мардуми одии мусалмон назару дидгоҳҳои гуногун пайдо шудааст. Дар садри ислом ин масъала ҳаргиз мавриди баҳс набуда, далелҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба таври возеҳ ба иштироки занон дар намози ҷамоати масҷид далолат мекунанд.

Фақат дар асрҳои баъд аз садри ислом баъзе аз уламо бо хоҳиши ҳокимони вақт бо истифода аз қоидаи усулии “садди зариъа” (пешгирии фасод) бар хилофи ҳукми Қуръону суннат доир ба макрӯҳияти ин масъала фатво содир намуданд. Гурӯҳе аз муллоҳои кишварамон низ аз ин равиш пайравӣ карда, балки аз ҳамфикрони пешинашон ҳам гузаштанд ва иштироки занонро дар намозҳои ҷамоат на танҳо макрӯҳ, балки мамнӯъ эълон карданд. Гурӯҳи дигаре аз уламои  кишвар бо такя бар ҳукми Қуръону суннат иштироки занонро дар намозҳои ҷамоати масҷид ҷонибдорӣ карда, аз назари шароити имрӯзи ҷомеаи мо низ онро зарур донистанд. Ҳамин тавр, масъалаи мазкур ба як мавзӯи нави ихтилофӣ табдил ёфт ва дар атрофи он баҳсу саволҳои зиёд пеш омад.

Назари дини мубини ислом дар ин масъала чист? Ҳукму назари сарчашмаҳои асосии ислом, яъне Қуръони карим ва ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, оид ба ин масъала чӣ гуна аст? Оё ягон олими муҷтаҳид ё ягон шӯро метавонад дар масъалае, ки ҳукмаш дар Қуръону ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ошкорову муайян аст, боз бар хилофи ҳукми Қуръону суннат фатвои дилхоҳи худро содир кунад? Оё барои манъ кардани занон аз ибодат дар масҷид ягон далели қавии шаръӣ ва ақлӣ вуҷуд дорад? Баҳои ҳуқуқии ин масъала аз назари Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои ҷории кишвар чӣ гуна аст? Пайомадҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангии ин масъала чӣ хоҳад буд? Ва ниҳоят, мавқеи як фарди мусалмон дар чунин мавридҳо бояд чӣ гуна бошад? Инҳо саволҳоеанд, ки имрӯз миёни мусалмонони кишвар ба миён омада, интизори посухи дурусти худ ҳастанд.

Ҳамчунин, бо пайдо шудани ин масъала бисёре аз мардуми мусалмон ва аз ҷумла бархе аз намояндагони масъули давлатӣ ба банда муроҷиат намуда, дар мавриди ҳақиқати ин масъала ва чигунагии назари ислом дар ин маврид пурсон шуданд. Теъдоди зиёди хабарнигорони дохиливу хориҷӣ низ шарҳи ин мавзӯъро аз банда хоҳиш мекарданд. Муҳиммтар аз ҳама, шумори зиёди модарону хоҳароне, ки аз пеш омадани мониа дар ибодати онҳо дар масҷид ҳайрону саргардон буданд, барои рӯшан кардани назари воқеии ислом ва хусусан, назари мазҳаби ҳанафӣ дар ин маврид борҳо муроҷиатҳои фардӣ ва гурӯҳӣ намуданд. Аз ин рӯ, ин рисола пеш аз ҳама барои посухгӯӣ ба ин пурсишҳо навишта ва барои ин азизон пешбинӣ мешавад. Дар ин рисола мо бо уламои киром ба баҳсу мунозира ворид шуданӣ нестем, зеро баҳси ҷузъии сирфан фиқҳӣ шароит, усул ва истилоҳоти хосси худро дорад.    

Ҳамин тавр, бо таваҷҷуҳ ба ин гуна саволҳое, ки имрӯз дар атрофи масъалаи “занон ва масҷид” дар ҷомеа пеш омадааст, банда зарур донистам, ки ҳамчун бародари исломӣ, бо такя ба манбаъҳои аслии исломӣ, яъне Қуръони карим ва ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, назари исломро дар ин маврид барои хонандагони азиз рӯшан сохта, андешаҳои худро дар мавриди ҷанбаҳои гуногуни ин мавзӯи бисёр муҳимму ҳассос ба хоҳишмандон пешниҳод бикунам. Зеро Худованди Бузург дар сураи «Нисо», ояи 59 фармудааст:

Матни оя:

« يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ أَطِيعُواْ اللَّهَ وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِى الاٌّ مْرِ مِنْكُمْ فَإِن تَنَازَعْتُمْ فِى شَىْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللَّهِ وَالرَّسُولِ إِن كُنتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الاٌّ خِرِ ذالِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلاً».

Тарҷума: Эй аҳли имон, ба фармони Худову Расул ва фармондороне, ки аз миёни худи шумо хостаанд, яъне мусалмон ҳастанд, итоат кунед ва чун дар чизе коратон ба ихтилоф ва низоъ кашад, ба ҳукми Худо ва Расул бозгардед, агар ба Худо ва Рӯзи қиёмат имон доред ин кор (муроҷиат ба ҳукми Худо ва Расул) барои шумо аз ҳар чӣ беҳтар ва хушоқибаттар хоҳад буд.

Сураи «Нисо», ояи 59

Оре, беҳтарин далел ва роҳнамоиҳо дар масъалаи мавриди баҳси мо пеш аз ҳама далелҳои Қуръонӣ ва роҳнамоиҳои Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, аст. Ин аст, ки бо чунин нияти хайр рисолаи ҳозирро хидмати хоҳарон ва бародарони мусалмони азизи кишвар арза медорам.

Ду фасли аввали ин рисола, ки моҳияти шаръиву истидлолӣ доранд, назари шариати исломро дар масъалаи ба масҷид рафтан ва дар намозҳои ҷамоат ширкат варзидани занон баён мекунанд. Ин қисмат бо мақсаде оварда шудааст, ки хонандаи гиромӣ имкони шинос шудан бо ҳукми Қуръони азимушшаън, суннати Расули Акрам, алайҳиссалом, ва назари соҳибони мазҳаби ҳанафиро дар ин маврид дошта бошад. Зеро бо сабаби ба ҳамагон имконпазир набудани мутолиаи манобеи исломӣ, на ҳар кас имкони таҳқиқи мустақилона дар ин мавзӯъро дорад. Ин аст, ки ин қисмати рисола барои муллоҳои мӯҳтарам, кормандони расмие, ки бино бар зарурати хидматиашон бо ин мавзӯъ сарукор доранд ва барои ҳамаи хоҳишмандон ҳамчун маълумотномаи мустанаде пешкаш мегардад. Тамоми далелҳои зикршуда аз китобҳои мӯътабари исломӣ ва бо зикри дақиқи сарчашмаҳо оварда шуд, то дар бораи чӣ гуна будани назари воқеии ислом дар ин масъала шакке боқӣ намонад.

Фасли сеюми рисола баъзе таҳлилу мулоҳизаҳоро дар мавриди ҷанбаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ин масъала дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон дарбар мегирад. Зарурати овардани чунин бахш дар он аст, ки дар ҳақиқат масъалаи “занон ва масҷид” мавзӯи басе ҳассосу печида мебошад. Ин аст, ки ҳангоми ҳар гуна мавзеъгирии шахсӣ ё ҷамъӣ нисбати ин масъала бояд ҷанбаҳо ва пайомадҳои гуногуни он санҷида шавад, то нохоста бар хилофи шариати исломӣ, бар хилофи муқаррароти конститутсионӣ ва бар хилофи манфиатҳои миллӣ қадаму ҳаракате содир нагардад. Умед аст, ин қисмати рисола низ мавриди таваҷҷӯҳ ва истифодаи аҳли ҷомеа қарор бигирад.

Фасли якум:

Назари ислом дар бораи

ба масҷид рафтани занон

Ҳазорон ҳазор достони мадҳу сано Парвардгореро, ки дарёи раҳматашро ҳадду канор ва неъмати бедареғашро ҳисобу шумор нест. Ва ҳазор дуруду таҳият Паёмбареро, ки пас аз баёни васфи ӯ дар китоби Худованд, дигар моро тавони васф кардани ӯ нест:

Чӣ васфат кунад Саъдии нотамом,

Алайка-с-салом, эй Набӣ, ва-с-салом

***

Мувофиқи қоидаҳои усулии ислом ва мувофиқи мантиқи ақлонӣ ҳар изҳори назар ва ҳар иҷтиҳоду фатвои шаръӣ дар ислом он гоҳ мӯътабар ба ҳисоб меравад, ки ба Қуръон ва ба суннати Пайғамбар, алайҳиссалом, мувофиқат дошта бошад, ё ҳадди ақалл мухолифат надошта бошад. Дар ислом манбае болотар аз ин ду манбаъ (Қуръон ва суннат) нест ва ҳар масъалае, ки ҳукми он дар ин ду сарчашма омада бошад, дигар ҳеҷ муҷтаҳид, олим ва шӯрои уламое наметавонад бар хилофи он фатво содир карда, онро тағйир диҳад. Фатво дар масъалаҳое дода мешавад, ки ҳукми он дар Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ маълум нашудааст.

Масалан, дар рӯзгори имрӯзаи мусалмонон чунин саволе пеш меояд: Сӯзандору (укол) рӯзаро мешиканад ё не? Азбаски ин масъала дар манбаъҳои фиқҳии гузашта мушаххасан наомадааст, олими муҷтаҳид метавонад дар доираи муқаррароти усули фиқҳи исломӣ ва бо риояти ҳатмии қоидаҳои иҷтиҳод фатвои худро дар ин маврид содир кунад.

Вале дар масъалаи ба масҷид рафтани занон ҳукми Қуръон ва ҳукми Пайғамбар, алайҳиссалом, муайяну мушаххас мебошад. Аз ин рӯ, ҳангоми пеш омадани савол дар ин мавзӯъ зарур аст, ки на фатвои дилхоҳи худ ё назари ягон муҷтаҳиди алоҳида, балки назари шариатро, ки дар Қуръон ва дар ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбар, дуруд бар ӯ, омадааст, ба мусалмонон фаҳмонда бидиҳем. Назари шариати ислом дар ин масъала чист? 

Барои посух ба ин суол дар фасли аввали ин рисола ҳукми Қуръон ва назари Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, дар ин мавзӯъ аз сарчашмаҳои мӯътабартарини исломӣ барои хоҳарон ва бародарони гиромӣ пешкаш мегардад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.