Масъалаи ибодати занон дар масчид

1. НАЗАРИ ҚУРЪОН ДАР БОРАИ

ИШТИРОКИ ЗАНОН ДАР НАМОЗИ ҶАМОАТ

1. Дар ояҳои қуръонӣ дар мавриди намози ҷамоат занҳо истисно карда нашудаанд

Масъалаи намози ҷамоат яке аз арзишҳои таъкидшудаи исломӣ буда, аҳаммият ва фалсафаи хоси худро дорад. Ислом намози ҷамоатро чун саҳнаи ҳамдилию ваҳдати уммати мусалмон ва чун мактаби таълиму тарбияти неки исломӣ қарор дода, дар қуръони карим бар аҳаммият ва зарурати он бо ибораҳои “ақиму-с-салот” (барпо доред намозро) ва “варкаъу маъа-р-рокиъин” (бо ҳамроҳии рукӯъкунандагон рукӯъ намоед, яъне бо ҷамоат) таъкид кардааст, ки ин як мавзӯи ҷудогона аст.

Вале дар бораи иртиботи ин ояҳо бо мавзӯи рисолаи ҳозир бояд гуфт, ки агар ба тарзи баён ва мазмуни тамоми оятҳои қуръонии марбут ба намози ҷамоат таваҷҷӯҳ намоем, мебинем, ки дар ҳамаи онҳо Худованд ба тамоми мусалмонон баробар муроҷиат карда, марду занро бидуни истисно ба намози ҷамоат фаро хондааст. Дар ҳеҷ як ояи қуръонӣ, ки ба намози ҷамоат марбут аст, занон истисно нашудаанд ва гуфта нашудааст, ки ин даъват ба мардон дахл дошта, занон аз ин муроҷиат берунанд.

Тавре ба донандагони Қуръон ва дар кулл ба донандагони забони арабӣ маълум аст, дар оятҳои қуръонӣ дар сиғаи музаккар (мардона) истифода шудани феълҳо аксаран аз ҷиҳати “тағлиб” мебошад. Тағлиб ба он маъност, ки ғолибан дар забони арабӣ муроҷиатҳои ҷамъӣ бо сиғаи мардона ифода меёбанд. Аксари кулли амрҳои қуръонӣ, ки ба ҳамаи мусалмонон дахл доранд, маҳз бо лафзи ҷамъи музаккар омадаанд: мисли “ақиму-с-салот” (намоз баргузоред),  “ва оту-з-закот” (ва закотро бидиҳед), “кулу ва-шрабу ва ло-тусрифу” (бихӯреду бинӯшед, вале исроф накунед). Маълум аст, ки ин фармудаҳои исломӣ на танҳо ба мардон, балки ба тамоми мусалмонон, чи мард ва чи зан тааллуқ доранд.

Албатта, нидоҳое, ки дар Қуръон ба сиғаи феъли амр омадаанд, асосан маънои воҷиб ва ҳатмӣ будани иҷрои ин амрҳо бар мусалмононро доранд. Агар фақат ба зоҳири лафзи қуръонӣ иттико бикунем, намози ҷамоат барои занон низ ҳаммонанди мардон воҷиб мешавад, зеро дар Қуръон занону мардон баробар ба намози ҷамоат даъват шудаанд. Вале аз ҳадисҳои Пайғамбари гиромӣ, алайҳиссалом, ки аввалин муфассиру шореҳи Қуръон ҳастанд, дақиқан мушаххас аст, ки намози ҷамоат барои занон ҷоиз ва равост ва барои онҳо ҳукми воҷиб ё суннати муаккадаро надорад.

Дар ин ҷо бамаврид аст, ки хулосаи ҳукми исломро дар мавриди намози ҷамоат зикр намоем: аз назари ислом, иштирок дар намозҳои ҷамоати панҷвақта, намози ҷумъа ва намозҳои идайн барои мардон воҷиб ё суннати муаккада[1] мебошад. Ин ҳукм ба он маъност, ки дар сурати бидуни узри шаръӣ иштирок накардан дар ин намозҳо мардон гунаҳкор мешаванд. Аммо иштирок дар намозҳои ҷамоати панҷвақта, намози ҷумъа ва намозҳои идайн барои занон воҷиб ё суннати муаккада набуда, дар сурати дар он иштирок накарданашон гунаҳкор намешаванд. Аз ин рӯ, дар ин рисола низ на аз боби воҷиб будани намози ҷамоат бар занон, балки дар бораи аз назари ислом ҷоиз будани иштироки занҳо дар намозҳои ҷамоати масҷид ва хусусан, намозҳои ҷумъа ва идайн сухан меравад.

Вале дар айни замон аз назари ислом манъ кардани занон аз намозҳои ҷамоат дар масҷид гуноҳ аст, зеро ин амр хилофи Қуръон ва хилофи ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ва поймол кардани ҳуқуқи зан дар ибодат мебошад. Худованд дар Қуръони карим касонеро, ки мусалмононро аз масҷид манъ мекунанд, бо лаҳни шадидтарин накӯҳиш карда, онҳоро “ситамгортарин касон” номидааст. Ин маънои возеҳ дар ояи 114, сураи “Бақара” омадааст:

Матни оя:

« وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَاجِدَ اللَّهِ أَن يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَى فِى خَرَابِهَآ أُوْلَائِكَ مَا كَانَ لَهُمْ أَن يَدْخُلُوهَآ إِلاَّ خَآئِفِينَ لَهُمْ فِى الدُّنْيَا خِزْىٌ وَلَهُمْ فِى الاٌّ خِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ».

Тарҷума: Ва кист ситамгортар аз он ки мардумро аз зикри номи Худо (яъне ибодат) дар масоҷид манъ кунад ва дар харобии он ҳаракату кӯшиш намояд? Чунин гурӯҳ дар масоҷиди муслимин дарнаёянд, ҷуз он ки аз худ (аз аъмоли зишти хеш) тарсон бошанд. Ин гурӯҳро дар дунё зиллату хорӣ насиб аст ва дар охират азобе бузург.

Сураи «Бақара»,, ояи 114

Ҳамин тавр, дар Қуръони карим ояте вуҷуд надорад, ки дар он занон аз масҷид манъ шуда бошанд ва дар ҳамаи оятҳои қуръонӣ, ки мусалмононро ба намози ҷамоат даъват мекунанд, ҳаргиз занон истисно нашудаанд ва баръакс Худованд дар Қуръони карим манъкунандагони мардум аз масҷидро ҳамчун ситамгортарини касон муаррифӣ кардааст.

2. Дар Қуръони карим дар мавриди ҷоиз будани иштироки занон дар намози ҷамоат ояти мушаххас омадааст.

Аммо, илова бар оятҳое, ки мазмуни онҳо ба таври куллӣ ба мардон ва занон тааллуқ дорад, дар Қуръони карим дар бораи иштироки занон дар намозҳои ҷамоат ояти мустақиму мушаххас низ омадааст. Худованд дар ояи 43-юми сураи “Оли Имрон” чунин мефармояд:

Аз матни оя:

« يامَرْيَمُ اقْنُتِى لِرَبِّكِ وَاسْجُدِى وَارْكَعِى مَعَ الرَاكِعِينَ».

Тарҷума аз матни оя: Эй Марям, мутеъ ва фармонбурдори Худо бош ва намозатро ҳамроҳ бо рукӯъкунандагон (яъне намозгузорон) ба ҷой овар!

Сураи «Оли Имрон», ояи 43

    Аввалан, маънои ин ояти қуръонӣ возеҳу равшан буда, амр шудани намози ҷамоат бар Марям, модари ҳазрати Исо, алайҳиссалом, ки зан аст, аз матни оят ба рӯшанӣ фаҳмида мешавад. Сониян, дар тафсирҳои мӯътабари исломӣ низ ин оя ба ҳамин маъно шарҳ шудааст.

Муфассирини кироми аҳли суннат ва ҷамоат ва хусусан, муфассирони мазҳаби ҳанафӣ дар тафсирҳои худ ҷумлаи охири ин ояти муборакаро чунин тафсир кардаанд:

1. Тафсири “Хозин”:

Матн:

        «أى صلى مع المصلين فى الجماعة»

Тарҷума: Намозатро бо ҷамоати намозгузорон бигузор.

2. Тафсири “Рӯҳу-л-баён”:

Матн:

        «أمرت بالصلواة باالجماعة».

Тарҷума: Ба Марям, алайҳоссалом, амр шуд, то намозашро бо ҷамоат адо кунад.

3. Тафсири “Ҷомеъу-л-аҳком”-и Қуртубӣ:

Матн:

« مع الركعين   قيل معناه افعلى كفعلهم وإن لم تصلى معهم وقيل المراد به صلاة الجماعة وقد تقدم في البقرة ».

Тарҷума аз матн: Мурод аз ин амри илоҳӣ намози ҷамоат аст.

4. “Тафсиру-н-Насафӣ ал-Ҳанафӣ”:

        Матн:

 « واركعي مع الراكعين أى ولتكن صلاتك مع المصلين أى فى الجماعة أو وانظمى نفسك فى جملة المصلين وكونى فى عدادهم ولا تكونى فى عداد غيرهم».

Тарҷума аз матн: Бояд намози ту дар ҷамоати намозгузорон бошад…

5. “Зубдату-т-тафсир”:

Матн:

    «أى صلى الصلاة مع جماعة المصلين».

Тарҷума: Намозро бо ҷамоати намозгузорон бихон.

6. “Тафсилу-л-Карими-р-Раҳмон фи тафсири каломи-л-Маннон”:

Матн:

        «أى صلى مع المصلين».

Тарҷума: Намоз бигузор бо намозгузорони дигар.

7. Тафсири “Ғароибу-л-Қуръон”-и Нишопурӣ:

Матн:

        «قوله تعالى: واسجدى واركعى- فالأول أمر بالصلاة مطلقا و الثانى أمر بالصلاة فى الجماعة».

Тарҷума: Дар ин ояи карима Худованд аввал ба таври мутлақ ҳазрати Марям(р)-ро ба намоз ва, сониян, ба намози ҷамоат амр кардааст.

8. Дар тафсири Аллома Олусии Бағдодӣ ин оят хеле муфассал тафсир шуда аст:

Матн:

« والاكثرون على أن فائدة قوله سبحانه   مع الركعين   الإرشاد إلى صلاة الجماعة».        

        Тарҷума: Яъне аксари муфассирони киром бар ин ҳастанд, ки фоидаи қайди «مع الركعين» яъне «бо рукӯъкунандагон», ишорат ба намози ҷамоат мекунад.

Аз матни ин ояи муборака ва аз тафсири муфассирони киром, ки намунаҳои он зикр шуд, комилан мушаххас аст, ки аз назари Қуръони карим, ки аз аввалин оят то охирин оят сухани Худои бузург аст, иштироки занон дар намози ҷамоати масҷид пурра ҷоиз аст.

Баъзе аз домуллоҳои азиз мехоҳанд аз ин ҳукм бо ин баҳона канор раванд, ки ин ҳукм нисбат ба ҳазрати Марям, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, омадааст ва он кас пеш аз асри ислом будаанд. Ин сухан аз назари фиқҳи исломӣ мардуд ва комилан беасос ва номақбул аст (Агар ба ин мантиқи баъзе домуллоҳои имрӯза амал шавад, пас бояд хатна кардан низ аз байн мерафт, зеро Худованд ҳазрати Иброҳимро ба хатна амр карда буд ва ин суннат аз он замон боқист). Дар ин масъала қавли қатъӣ ва саҳеҳи усули фиқҳро дар мазҳаби ҳанафӣ Абусаиди Ходимӣ ал-Ҳанафӣ дар “Маҷомеъу-л-ҳақоиқ” чунин овардааст:

Матн:

        « شريعة من قبلنا شريعة لنا إذا قصها الله تعالى عزوجل أو أخبر بها الرسول عليه السلام بلا نكير، ما لم يظهر نسخه».

Тарҷума: Шариати умматони гузашта, ки дар Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ зикр шудааст, барои мо шариат ва қонуни зиндагӣ маҳсуб мешавад, ба шарте, ки Худо ва Паёмбар, алайҳиссалом, онро ба мо бидуни инкор баён карда бошанд ва ҳукми он дар шариати мо мансух ва бекор нагашта бошад.

Садру-ш-шариъа, муаллифи “Мухтасару-л-виқоя” дар китоби “Ат-танқиҳ”, ки дар илми усули фиқҳ аст, назари мазҳаби ҳанафиро дар ин масъала чунин меорад:

Матн:

        «والمذهب عندنا هذا – أى أن شرايع من قبلنا تلزمنا على أنها شريعة لنا لكن لما لم يبق الإعتماد على كتبهم للتحريف شرطنا أن يقص الله علينا من غير إنكار».

Тарҷума: Мазҳаби саҳеҳ ва мухтор назди уламои мо (мазҳаби ҳанафӣ) ин аст, ки шариати умматони гузашта ба унвони шариат ва қонуни амалӣ бар мо уммати ислом зарур ва лозим аст. Лекин китобҳои онҳо ба хотири он ки таҳриф ва тағйир ёфтаанд, дигар қобили эътимод нестанд, пас шарти амал ба шариати онҳо назди мо ин аст, ки Худо ва Расул, алайҳиссалом, онро бидуни инкор ба мо хабар дода бошанд.

Пас модом ки Худованд дар Қуръони карим ин амр, яъне ба намози ҷамоат даъват шудани Ҳазрати Марям, алайҳоссаломро бо таъкид ва бидуни инкор овардааст, бешакк он ба мусалмонон низ тааллуқ дорад.

Хулоса, ҳам маънии возеҳи оятҳои қуръонӣ ва ҳам тафсирҳои муфассирони мӯътабари аҳли суннат аз онҳо ва ҳам қоидаҳое, ки дар илми усули фиқҳ омадааст, ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки аз назари Қуръон ба масҷид рафтан ва бо ҷамоат намоз гузоштани занон ҷоиз аст.

2. НАЗАРИ ПАЙҒАМБАРИ ИСЛОМ, алайҳиссалом,

 ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ЗАНОН

ДАР ҶАМОАТИ МАСҶИД

1. Хулосаи фармудаҳои Паёмбари ислом, алайҳиссалом, дар ин мавзӯъ бо ривоятҳои саҳеҳ

Пас аз Қуръони карим дувумин манбаи мӯътабари шариати ислом ҳадисҳои Пайғамбар, алайҳиссалом, мебошад. Ишон дар ҳадисҳои худ ба масъалаи намози ҷамоат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ба аҳаммияту зарурати он  таъкидҳои зиёде фармудаанд. Дар ҳадисҳое, ки дар ин масъала аз Расулуллоҳ, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ривоят шудааст, занон ҳаргиз аз иштирок дар намози ҷамоат истисно нашудаанд. 

Аммо илова бар ҳадисҳое, ки мазмуни умумӣ доранд, яъне ҳукмашон ҳам ба мардон ва ҳам ба занон тааллуқ мегиранд, дар масъалаи иштироки занон дар намозҳои ҷамоати масҷид низ аз Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, ҳадисҳои мушаххас ривоят шудаанд. Азбаски дар ин мавзӯъ теъдоди зиёди ҳадисҳои саҳеҳ мавҷуд аст, пеш аз овардани матни мушаххаси онҳо дар оғоз хулосаи мазмуни куллии онҳоро барои хонанда ироа менамоем.

Ҳам далелҳои зиёди таърихӣ ва ҳам ҳадисҳои саҳеҳ нишон медиҳанд, ки назари он Ҳазрат, алайҳиссалом, дар масъалаи ба масҷид рафтани занон комилан мусбат будааст ва дар замони ишон занон ҳамеша озодона дар намози ҷамоати масҷид ширкат доштаанд. Иловатан, Ҳазрати Пайғамбар, алайҳиссалом, на танҳо ба масҷид рафтани занҳоро иҷозат додаанд, балки касонеро, ки онҳоро аз рафтан ба масҷид манъ мекунанд, сахт сарзаниш кардаанд.

Тибқи ахбори ҳадисҳои саҳеҳ, занон дар он рӯзгор барои намозҳои ҷумъа ва ҷамоати панҷвақта ҳамеша аз паси он Ҳазрат, алайҳиссалом, дар масҷиди ишон ҳозир мешуданд ва мардону занон ҳама дар дохили як бино, дар ҳоле ки байни онҳо ҳатто ҳиҷоб ва пардае набуд, намоз мегузориданд. Дар ибтидо занон ва мардон ба таври омехта вориди масҷид мешуданд, аммо ниҳоят Расули Худо, дуруд бар ӯ, дар масҷиди худ дареро махсуси занон қарор доданд. Занон дар он замон ҳатто дар ҳавои сарди боронӣ ва торикиҳои шаб барои адои намози шом, хуфтан ва бомдод бо кӯдакҳои ширхораи худ ба масҷиди набавӣ меомаданд. Ширкати занон дар намози ҷамоат, аз ҷумла намозҳои ҷумъа ба сурати доимӣ буда, ҳатто баъзе аз ишон аз сабаби ҳузури зиёд доштанашон дар масҷид баъзе аз сураҳои Қуръонро аз забони худи Расули Акрам, алайҳиссалом, дар қироати намоз азёд карда буданд.

Дар намозҳои ид бо фармони махсус ва муаккади Расули Акрам, алайҳиссалом, ҳамаи занони Мадинаи Мунаввара дар намозгоҳ ҳозир гашта, дар адои намоз ва шунидани хутба ва дуъо бо ҷамъи мардон шарик мешуданд.

test

Добавить комментарий