Масъалаи ибодати занон дар масчид

3. МАВҚЕИ ҲАЗРАТИ УМАР (Р)

ВА АБДУЛЛОҲ ИБНИ УМАР(Р)

ДАР МАСЪАЛАИ

БА МАСҶИД РАФТАНИ ЗАНОН

Тавре ки аз матолиби овардашуда маълум гашт, назари Қуръон ва назари Пайғамбари ислом, алайҳиссалом, дар масъалаи ба масҷид рафтани занон комилан мусбат буда, хусусан бо сабаби дар ин мавзӯъ ворид шудани теъдоди зиёди ҳадисҳои саҳеҳи набавӣ, дар он ҷои шакке боқӣ намемонад. Табиист, ки назари Амирулмӯъминин Умар(р) ва назари фарзанди бузургворашон Абдуллоҳ ибни Умар(р) низ дар ин масъала ғайр аз назари Қуръон ва ё хилофи назари Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, буда наметавонад. Вале, мутаассифона, баъзе аз уламо ва домуллоҳо мехоҳанд бо такя ба ривоятҳои мавзӯъ (бофташуда) ва аз манбаъҳои бисёр заиф исбот бикунанд, ки гӯё Ҳазрати Умар(р) ва писарашон Абдуллоҳ ибни Умар(р) ба масҷидравии занон мухолиф будаанд.

Ин даъвои комилан беасос ва нодуруст барои инсони солимақл пеш аз ҳама бо се далели зерин қобили қабул нест:

1. Модом ки ҳукми Қуръон ва Пайғамбар, алайҳиссалом, дар ин масъала дақиқан муайян аст, назари ин ду шахсияти бузурги исломӣ ҳаргиз хилофи назари ислом шуда наметавонад ва ин тӯҳматест бепоя дар ҳаққи ин ду саҳобии бузурги ислом.

2. Дар ҳеҷ як китоби мӯътабари ҳадис, хусусан “Саҳеҳи Бухорӣ” ва “Саҳеҳи Муслим” ягон ҳадиси саҳеҳ, ё ақаллан ҳеҷ як ҳадиси заифе дар бораи мухолафати ин ду бузургвор ба масъалаи ба масҷид рафтани занон оварда нашудааст.

3. Баръакс, дар китобҳои мӯътабари исломӣ дар мавриди ин ҳукми исломро комилан риоят кардани ҳазрати Умар(р) ва аз он шадидан ҳимоят кардани ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар(р) ҳадисҳои саҳеҳ омадаанд.

Пас маълум мегардад, ки фикри ба рафтани занон ба масҷид мухолиф будани ин ду бузургвор тӯҳмати бепоя дар ҳаққи ин азизон аст. Ва барои бо далелҳо исбот шудани ин фикр, дар зер намунаҳое аз ҳадисҳои саҳеҳ дар ин мавзӯъ пешкаш мешаванд: 

Ҳадиси якум:

Ҳазрати Имом Бухорӣ(р) бо ривояти ҳадисе дар китоби худ “Саҳеҳи Бухорӣ” ин тӯҳматро аз болои Ҳазрати Умар(р) радд кардаанд:

Матни ҳадис:

«قالَ البُخارِىًٌ: حَدَّثَنَا يُوسُفُ بْنُ مُوسَى حَدَّثَنَا أَبُو أُسَامَةَ حَدَّثَنَا عُبَيْدُ اللَّهِ بْنُ عُمَرَ عَنْ نَافِعٍ عَنْ ابْنِ عُمَرَ Z قَالَ: كَانَتْ امْرَأَةٌ لِعُمَرَ- و فى رواية أحمد و عبدالرزاق: كانَتْ عاتِكةُ بنْتُ زَيْدٍ [اُخْتُ سَعيد بن زيد، أحَد المُبَشرين بالجَنة] عِنْدَ عُمَرَ بْنِ الْخَطَّابِ Z تَشْهَدُ صَلَاةَ الصُّبْحِ وَالْعِشَاءِ فِي الْجَمَاعَةِ فِي الْمَسْجِدِ. فَقِيلَ لَهَا: لِمَ تَخْرُجِينَ وَقَدْ تَعْلَمِينَ أَنَّ عُمَرَ Z يَكْرَهُ ذَلِكَ وَيَغَارُ؟ قَالَتْ: وَمَا يَمْنَعُهُ أَنْ يَنْهَانِي؟ قَالَ: يَمْنَعُهُ قَوْلُ رَسُولِ اللَّهِ y لَا تَمْنَعُوا إِمَاءَ اللَّهِ مَسَاجِدَ اللَّهِ. و فى رواية أحمد و عبدالرزاق: وَ كَانَ عُمَرُ Z يَقُولُ لَها: وَاللَّهِ إِنَّكِ لَتَعْلَمِينَ مَا أُحِبُّ هَذا. قَالَتْ:  وَاللَّهِ لَا أَنْتَهِي حَتَّى تَنْهَانِي قَالَ- الراوى- فلقد طُعِنَ عُمَرُ Z وَإِنَّهَا لَفِي الْمَسْجِدِ»

Тарҷума: Имом Бухорӣ(р) дар китобашон бо ривояти Нофеъ аз Абдуллоҳ ибни Умар(р)овардаанд, ки ҳазрати Умар(р) ҳамсаре доштанд бо номи Отика (духтари Зайд, хоҳари Саъид ибни Зайд, яке аз башоратёфтагон ба ҷаннат), ки дар ҳама намозҳо, ҳатто намозҳои шаб (хуфтану бомдод)  дар ҷамоати масҷид ҳозир мешуданд. Ба Отика гуфтанд: Чаро аз хона берун мешавӣ (ва ба масҷид меоӣ), дар ҳоле, ки медонӣ, ки Ҳазрати Умар(р) хеле марди боғайрат ва борашк аст, ки хориҷ шудани туро аз хона намеписандад. Отика дар ҷавоб гуфт: Вақте ки намехоҳад, пас чаро манъ намекунад ва чӣ чизе ӯро аз манъ кардани ман боз медорад? Гуфт: Ягона чизе, ки Умарро аз манъ кардани ту боз медорад, ҳадиси Паёмбари Худо, алайҳиссалом,  аст, ки хитоб ба мардон гуфтаанд: (Эй мардҳо), канизони Худоро, яъне занонро, аз рафтан ба хонаи Худо, яъне масҷид, манъ накунед!

Дар ривояти Имом Аҳмад ва Абдурраззоқ дар ин маврид чунин омадааст: Ҳазрати Умар(р) худашон шахсан ба ҳамсари худ Отика гуфтанд: Эй Отика, ту хуб медонӣ, ки ман (аз сабабе, ки ғайрату рашки зиёде дорам) берун шудани туро аз хона дӯст намедорам. Отика дар ҷавоби Умар(р) фармуданд: Қасам ба Аллоҳ, ман ҳам аз намози масҷид боз намеистам, то замоне, ки Шумо сароҳатан маро манъ бифармоед. Ровии ҳадис мегӯяд: Субҳдаме, ки Ҳазрати Умар(р) аз дасти Абулӯълӯъаи маҷус ханҷар хӯрданд (ва саранҷом ба зарби он ханҷар шаҳид гаштанд), бонуи ишон Отика дар масҷид ҳозир буданд.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 849,

«Мусаннафи Абдурраззоқ», ҷилди 3, саҳ. 148, ҳадиси 5111

 ва «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 4293

Ин ҳадиси саҳеҳ, ки Имом Бухорӣ овардаанд ва ин муносибати Ҳазрати Умар(р) бо ҳамсарашон, ки дар ҳадис баён шудааст, бар чанд нуктаи муҳимм далолат мекунад, ки бародарони мусалмон ва хусусан, уламои мӯҳтарам бояд ба он таваҷҷӯҳ дошта бошанд:

1. Ин ҳадиси саҳеҳ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки Ҳазрати Умар(р) ҳаргиз занонро аз масҷид манъ накардаанд ва ҳатто ҳамсари худашон то охирин лаҳзаи умрашон ба масҷид мерафтааст ва дар охирин намозе, ки худ дар он имом буданд ва дар он аз дасти душман ханҷар хӯрданд ва шаҳид шуданд, ҳамсарашон Отика бо ишон дар намози ҷамоат ҳузур доштанд. 

2. Ин ҳадиси саҳеҳ бар камоли эҳтирому таслими асҳоби Паёмбар, алайҳиссалом, дар баробари фармудаҳои он Ҳазрат, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, далолат мекунад. Он тавре ки дар ҳадис баён шуд, ҳазрати Умар(р) дӯст намедоштааст, ки ҳамсараш аз хона берун шавад (Албатта, ин масъала махсуси бонуи худаш будааст, на ҷамиъи занони мусалмон, зеро калимаи “яғору” маънои рашк барои ҳамсари худро медиҳад). Вале бо вуҷуди ин, ҳазрати Умар(р) ҷуръат накарданд, ки бонуи худро аз рафтан ба намози масҷид манъ кунанд. Зеро диданд, ки агар манъ бикунанд, мухолифат бо ҳадиси Расули Акрам, алайҳиссалом, мешавад, ки фармудаанд: “Занонро аз масҷидҳои Худо манъ накунед!”

Оре, шояд майли Ҳазрати Умар(р) он буд, ки ҳамсарашон ба берун, аз ҷумла ба масҷид наравад, вале чун ин амал мухолиф ба суннати Паёмбари Акрам, дуруд бар ӯ, мешуд, аз ин хоҳиши нафсии худ сарфи назар карданд ва ҳамсари худро то охирин лаҳзаҳои зиндагӣ аз ибодати масҷид маҳрум насохтанд. Ин эҳтироми Умар(р) ба ҳадиси Пайғамбар, алайҳиссалом, барои уламои азизи мо, ки бар хилофи даҳҳо ҳадиси саҳеҳи Пайғамбар, алайҳиссалом, бар манъи занон аз масҷид фатво додаанд, намунаи хуби ибрат мебошад.

Ҳадиси дувум:

Далели дигаре, ки ғубори ин тӯҳмати бепояро аз домани Ҳазрати Умар(р) пок мекунад, ҳадиси саҳеҳест, ки Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва Абу Яъло ва Абу Саъид ибни Мансур ривоят мекунанд:

Мазмун: Рӯзе дар солҳои хилофаташон ҳазрати Умар(р) дар масҷиди набавӣ рӯи минбари Расули Акрам, алайҳиссалом, нишаста бо ҷамъе аз мардум, ки чун ҳарвақта иборат аз мардону занони зиёде буд, дар масъалаи маҳрияи занон сухан мегуфт: Эй мардум, дар маҳри занонатон зиёдаравӣ накунед. Аз дувоздаҳ уққия ва ё аз чаҳорсад дирҳам беш ба бонувонатон маҳр надиҳед! Зеро маҳри зиёд додан агар каромат ва тақво мебуд, албатта, Расули Худо, алайҳиссалом, ба ҳамсарон ва духтаронашон муқаррар мекарданд. Дар ҳоле ки маҳри ҳамсарон ва духтарони Паёмбари Худо, алайҳиссалом, аз дувоздаҳ уққия нуқра ва ё чаҳорсад дирҳам беш набуд.

Ҳазрати Умар(р) дар охири сухани худ ба касоне, ки дар бардоштани маҳри занон зиёдаравӣ мекунанд, таҳдид карда гуфтанд: “Ҳар ки дар маҳри занон як уққия аз дувоздаҳ уққия ва ё даҳ дирҳам аз чаҳорсад дирҳам зиёда мекунад, ҳамоно ман он маблағҳои зиёдатиро меситонам ва дар байтулмоли муслимин мениҳам.

    Ҳангоме ки ишон аз рӯи минбар мефаромаданд, яке аз занони дар сафи масҷид нишаста, ки аз қабилаи Қурайш буд, аз ҷои худ баланд шуд ва ба оҳанги эътироз ба Ҳазрати Умар(р) гуфт: Эй амири мӯъминон, Шумо ҳаққ надоред, ки маҳрияи занонро маҳдуд созед. Ҳазрати Умар(р) пурсиданд, ки чаро? Он зани мӯъмина гуфт: Зеро Худованди азза ва ҷалл дар Қуръони азимуш-шаън дар ин робита фармудааст: Агар Шумо, эй мардҳо, моли бисёр (ва номаҳдуде) ба унвони маҳр ба ҳамсарони худ дода бошед (баъд аз хилвати саҳеҳа ва талоқ), дигар ҳаққ надоред, ки он маҳри худро аз ишон бозпас бигиред!

Умар(р), ки дар баробари сухани Худову Расул таслими комил доштанд, вақте ин ояи каримаро аз забони он зани мусалмон шуниданд, ошкоро аз раъйи худ баргаштанду гуфтанд: Эй Худо, аз хатоям даргузар! Мардум дар илми шариат аз ман дида олимтару донотаранд. Ин зан рост мегӯяд, ман хато кардам. Дар ривояти Имом Аҳмад омада, ки ишон аз роҳи худ баргаштанд, дубора рӯи минбар омаданд ва гуфтанд: Ҳар мард ҳар қадар, ки мехоҳад, ба арӯсаш маҳр бидиҳад.

Ин ҳадисро муҳаддисон Аҳмад ибни Ҳанбал, Абу Яъло, Саъид ибни Мансур ривоят кардаанд ва муфассирон Ибни Касир ва Қуртубӣ низ зимни тафсири ояти 20 сураи «Нисо» овардаанд ва Ибни Касир манбаъи онро бисёр хуб гуфтаанд. Юсуф Қарзовӣ низ ин ҳадисро дар “Фатовои муосира”, ҷилди 2, саҳ. 283 овардааст.

Аз ин ҳадис низ чанд нукта бармеояд, ки қобили таваҷҷӯҳ мебошад:

1. Тавре ин ҳадис хабар медиҳад, ин ҳодиса дар дохили масҷиди набавӣ дар замони хилофати Ҳазрати Умар(р) рух додааст ва дар он масҷид занон низ ҳузур доштаанд. Пас модом, ки дар масҷиди намозгузории худи Умар(р) занон ҳузур доштаанд ва аз паси худи ишон намоз мегузоштаанд, чигуна метавон гуфт, ки Ҳазрати Умар(р)  ҳузури занонро дар масҷид манъ мекардаанд?

2. Умар(р) бо вуҷуди он ки халифаи кулли муслимин буданд ва бо вуҷуди он ки дар асри худ қудрату сиёсату ҳайбати беназире доштанд, сухани як зани мусалмонро, ки аз Қуръон ҳарф зад, гӯш дода, бе кибру ғурур аз роҳашон баргашта, рӯи минбар баромаданд ва дар ҳузури ҳама ҳукми худро тағйир доданд ва эътироф карданд, ки хато кардаанд ва ин зан ҳаққ аст. Ин нукта бори дигар аз эҳтироми эшон ба ҳукми шариат шаҳодат медиҳад.

3. Аз сӯи дигар, ин ҳадиси саҳеҳ гувоҳи он аст, ки занон дар аҳди Хулафои Рошидин на танҳо дар масҷидҳо ҳузур доштаанд, балки дар баҳси масълаҳои давлатдориву ҷомеадорӣ низ фикри худро озодонаву ошкоро баён менамудаанд ва сардори давлат низ онро ба эътибор мегирифтааст.

Сӯиистифодаи уламо аз як ривояти заифсанад:

Аммо онҳое, ки аз ин ва дигар ҳадисҳои саҳеҳ чашм пӯшида, гӯё “ба масҷидравии занон мухолиф будани Умар(р)”-ро исбот карданӣ мешаванд, асосан ба ривояте такя мекунанд, ки фақат дар баъзе китобҳои фиқҳӣ зикр шудааст, на дар китобҳои мӯътабари ҳадис. Дар ин ривоят омадааст, ки гӯё Ҳазрати Умар(р) бо дуруштӣ ба масҷид рафтани занонро манъ карданд ва гурӯҳе аз занон аз ин кор ба назди ҳамсари Пайғамбари Худо, алайҳиссалом, Оиша(р) шикоят бурданд. Ҳазрати Оиша(р) аз ин мавқеи Умар(р) ҷонибдорӣ карда, фармуданд, ки “Агар Расули Худо, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, медиданд, он чиро ки имрӯз занон мекунанд (яъне, ороиш ва хушбӯиҳои фаровон), онҳоро аз рафтан ба масҷид манъ мефармуданд, ончунон ки занони Бани Исроил манъ карда шуданд”.

Онҳое, ки ҷонибдори аз ибодати масҷид маҳрум сохтани занон мебошанд, маъмулан аз ин ривоят фаровон истифода ва сӯиистифода  мекунанд. Чигунагии вазъи ин ривоят дар боби баъдӣ баррасӣ хоҳад шуд, вале дар ин ҷо танҳо барои нишон додани мавқеи Умар(р) ба чанд нукта дар бораи он таваҷҷӯҳ менамоем:

1.  Ин ривоят аз ду қисмат иборат аст: 1. Нақл дар бораи занонро аз масҷид манъ кардани Умар(р). 2. Изҳори назари Оиша(р) дар масъалаи масҷидравии занон дар он давра.

test

Добавить комментарий