Масъалаи ибодати занон дар масчид

4. БА ҶАРАЁНҲОИ СИЁСИИ ИФРОТӢ

ВА ДИНҲОИ ДИГАР ГАРОИШ

ПАЙДО КАРДАНИ ЗАНОН

Оқибати ногувори дигаре, ки аз масҷид манъ кардани занон ба бор меорад, ба домани динҳои дигар ва ҷараёнҳои сиёсии ифротӣ гароиши занон мебошад. Зеро ҳангоме ки занони мусалмон аз тариқи масҷид талаботи динии худро бароварда натавонанд, табиист, ки ба роҳҳои дигари таъмини он рӯ меоваранд, ки дар шароити мо он пеш аз ҳама ҷараёнҳои ифротии сиёсӣ ва дину мазҳабҳои дигари ғайриисломӣ хоҳад буд.

Хусусан, агар ба гузоришҳо дар бораи дар солҳои охир ба суръат афзоиш ёфтани шумораи занон дар сафҳои гурӯҳҳои ифротӣ, мисли «Ҳизби таҳрир» диққат кунем, мебинем, ки таваҷҷӯҳи ин нирӯ ба ҷалби занон афзудааст.

(Дар ин маврид муроҷиат шавад ба мақолаи муаллиф “Ҳизби таҳрир: аз номи ислом, бар зидди ислом!”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, №17, 2004) 

Ҳоло бошад, бегумон метавон гуфт, ки баъзе аз уламои гиромии мо бо пеш гирифтани маъракаи аз масҷид манъ кардани занон онҳоро аз муҳити солиму мӯътадили маънавию ахлоқии масҷидҳо маҳрум карда, ба сафҳои фаъолони ифротӣ роҳнамун мешаванд. Ҷои шубҳа нест, ки чунин раванд ҳам барои муҳити динии кишвар, ҳам барои давлат ва ҳам барои ҷомеа бас номатлуб аст.      

Аз масҷидҳо манъ кардани занон дар гароиши онҳо ба дину мазҳабҳои дигар, хосса ба динҳои ба истилоҳ “навбаромад” такони бузурге хоҳад шуд. Тавре дида мешавад, имрӯз паҳншавии дину мазҳабҳои бегона дар Тоҷикистон суръати ҳайратангез дошта, бар тибқи омори расмӣ то имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 60 дину мазҳаби ғайриисломӣ расман ба қайд гирифта шудааст, ки аксари онҳо 10-15 сол пештар дар Тоҷикистон умуман вуҷуд надоштанд. Фаъолияти васеъ ва озодонаи мубаллиғони насронӣ (миссионерҳо), фирқаҳо ва ҷамъиятҳои онҳо боис шудааст, ки ҳазорон тоҷики мусалмон, хусусан занон ва ҷавонон аз ислом хориҷ шуда, ба пайравии мазҳабҳои масеҳии навбаромад гароидаанд. Дар ҳоле, ки фаъолияти ташкилотҳои хайрияи хориҷии исломӣ дар ҷумҳурӣ маҳдуд ё аслан манъ мегардад, ташкилотҳои хайрияи динҳои ғайриисломӣ озодона фаъолият доранд, хусусан бо ироаи кӯмакҳо ва хидматрасониҳои моддӣ мардуми тоҷикро ба сафҳои пайравони худ ҷалб мекунанд.  

Ба таври мисол, имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 70 000 нафар марду зани тоҷик шохаҳои гуногуни дини масеҳиро қабул кардаанд, ки қисме аз онҳо маҳз ба масҷидҳо роҳ надодани занони мусалмонро сабаби гароиши худ ба дини дигар эълон кардаанд. Масалан, як зани масеҳишудаи тоҷик мушкили худро чунин баён мекунад: “Мо кадом масҷидро рафта ибодат кунем? Кадом масҷид моро ба намоз роҳ дода буд? Ба кадом масҷид рафта насиҳат бишнавем ва маслиҳат бипурсем? Гар чунин мешуд, ҳатман мемондем он ҷо. Лекин муллои қозиёт (масҷиди марказӣ) моро ба масҷид роҳ надода гуфт: занҳо ҳақ надоранд биёянд намоз бихонанд ин ҷо. Хоҳар, баро аз ин ҷо. Ин ҷо намозхонӣ наё…” Он зан рӯзи ҷумъа барои намози ҷумъа ба масҷиди марказӣ рафта будааст.

(Мақолаи “Чаро масҷид барои зани тоҷик дастнорас аст?”,

ҳафтаномаи “Рӯзи нав”, 24.06.2004)

Ҳамин тавр, бо фатвои баъзе уламои кироми мо боз ҳазорон зани  тоҷики дигар ба домани динҳои “навбаромад” гусел карда мешаванд ва табиист, ки ҳам дар назди ҷомеа ва ҳам дар назди Худованд ҷавобгарии бузурги маънавию имонии он ба дӯши ҳамин “пешвоёни динӣ” мебошад. Инсофан, ин ҳолати бисёр нодир аст, ки пешвоёни як дин барои аз он дин хориҷ шудан ва ба динҳои дигар гаравидани ҳамдинони худашон мусоидат карда, тамоми шароитро фароҳам оваранд. 

5. ҶАНБАИ МАЪНАВИЮ АХЛОҚИИ МАСЪАЛА

Ҷанбаи дигари масъалаи пешомада ин аст, ки талошҳо барои аз ибодат дар масҷидҳо маҳрум кардани занон дар шароите сурат мегирад, ки мутаассифона, дар ҷомеаи мо фасоди ахлоқӣ ва хусусан фасоди ҷинсӣ дар ҳоли рушд аст. Бо сабаби фаъолияти васеъи теъдоди зиёди клубҳои шабонаву дискотекаҳо, марказу хонаҳои ғайрирасмии хидматрасонии ҷинсӣ, ҳаммому саунаҳои “махсус”, кабинаҳои “хилват”-и ресторанҳо ва ба болои ин, дар ҷомеа ошкоро пахш шудани маводди таблиғкунандаи фасоди ҷинсие мисли филмҳои ғайриахлоқӣ ва ғайра, солҳои охир ба иффату саломатии ҷинсии зани тоҷик таҳдидҳои зиёде пеш омадааст. Зану духтари тоҷик имрӯз ҳатто дар дохили манзили худ аз эҳтимоли вайронии ахлоқӣ эмин нест, зеро ҳамарӯза соатҳои дароз барояш аз чандин канал маводди ғайриахлоқӣ пешкаш мешавад.  

Дар чунин шароит, масҷид дар нигоҳдории ахлоқу иффати занон ва ба онҳо фаҳмондани ҳукму муқаррароти волои ахлоқи исломӣ нақши муассире бозида метавонист. Вале бо манъи занон аз масҷид онҳо аз охирин мактаби иффату ахлоқи исломӣ маҳрум мегарданд ва бо “дуъои ин хел пирони шариат ва тариқат” роҳашон ба водии беахлоқӣ боз ҳам ҳамвортар мегардад. Магар ҳар яки мо дар назди Худованд, дар назди  ҷомеа ва ниҳоят дар назди хоҳарону духтарони худ дар ин бора масъул нестем?  

6. ХУЛОСАИ ФАСЛИ СЕЮМ

Бо баррасии матолиби кӯтоҳе, ки дар ин фасл дар мавриди ҷанбаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ва иҷтимоиву ахлоқии масъалаи аз масҷид манъ кардани занон оварда шуд, метавон ба ин натиҷа расид, ки илова бар бепоягии шаръӣ, ки дар фасли якуму дуюм собит шуд, чунин фатво мушкилоту навоқиси зеринро низ дар пай дорад:

1. Бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои кишвар комилан мухолиф мебошад.

2. Ба чеҳраи байналмилалии кишвари озоду демократии мо доғ меорад.

3. Барои гароиши занон ба динҳои дигар ва равандҳои сиёсии ифротии динӣ замина ба вуҷуд меорад.

4. Имкони рушди фасоди ахлоқӣ дар ҷомеаро боз ҳам бештар менамояд.

Ҳамин тавр, бо қотеият метавон гуфт, ки манъи занон аз масҷид ба манфиати сиёсии давлат, ба манфиати суботу амнияти кишвар ва ба манфиати солимии ахлоқии ҷомеа нест. Модом ки чунин аст, дар шароити ҷомеаи имрӯзаи мо ин гуна иқдом илова бар он ки аз назари шаръӣ комилан беасос аст, аз назари ҳуқуқиву сиёсӣ ва маънавию ахлоқӣ низ қобили қабул нест.

test

Добавить комментарий