Одоби хамхобаги бо хамсар пас аз издивоч

Дар ин мақолаи кучак хулосаи одоби ҳамхобагии зану шавҳарро пас аз издивоҷ аз дидгоҳи дини муқаддаси ислом баён мекунем, то завҷайнҳангомииздивоҷ ва пас аз он ин аҳкому одобро риоя кунанд.

Мустаҳаб аст, ки домод бо ҳамасараш мулотафат кунад. Масалан вақте, ки бори аввалбо у якҷоя ва хилват мешавад ба вай шарбат ё ширинӣ ва монанди он бидиҳад. Дар ин мавридҳадисе ривоят шудааст, ки Асмоа духтари Язид гуфт: «Оишаро барои Паёмбар (алайҳиссалом) ороиш кардам. Сипас назди Паёмбар (алайҳиссалом) рафтам ва Уро барои ба назди Оиша даромадан даъват кардам. Омад ва канори Оиша нишаст. Сипас зарфе аз шир оварда шуд. Паёмбар (алайҳиссалом) аз он нушид ва ба Оиша дод. Оиша сарашро поин овард ва шарм кард». Асмоа мегуяд: «Бар сари у овозамро баланд кардам ва гуфтам зарфи ширро аз дасти Паёмбари Худо (алайҳиссалом) бигир! Оиша ширро гирифта каме аз он нушид». Ривояти Аҳмад 458/438/6.

Суннати дигар дар шаби аввали арусӣ ин аст, ки домод дасташро бар пешонии ҳамсараш гузошта бисмиллоҳ бигуяд ва аз Худо талаби баракат кунад ва ин дуоро,  бихонад: «Аллоҳумма инни асьалука мин хайриҳо ва хайри мо ҷабалтаҳо ъалайҳи ва аъузу бика мин шарриҳо ва шарри мо ҷабалтаҳо ъалайҳи». Яъне (Худовандо! хайри у ва хайри он чи дар вай офаридаатро  аз Ту мехоҳам ва ба Ту аз шарри у ва шарри он чи дар вай офаридаӣ паноҳ мебарам». Саҳеҳи ибни Моҷа 1557

Инчунин суннат аст ду ракаат намоз бо ҳам бихонанд. Зеро ин кор аз салаф нақл шудааст. Аз Абусаид ривоят аст, ки : «Дар ҳоле, ки ғулом будам издивоҷ кардам. Ҷамоате аз ёрони Паёмбарро даъват кардам, ки дар миёни онҳо ҳазрати ибни Масъуд, Абузарр ваҲузайфа  ҳузур доштанд. Сипас  барои намоз иқома гуфта шуд. Абузарр пеш рафт, то имом шавад. Ба ман гуфтанд: Ту имоматӣ кун! Абусаид гуфт: Ман имомати кунам? Гуфтанд: Бале. Гуфт: Дар ҳоле, ки ғулом будам, имом шудам. Онҳо ба ман ёд доданд ва гуфтанд: Ҳаргоҳ ба назди ҳамсарат даромадӣ, ду ракаат намоз бихон, сипас аз Худованд хайри он чи ба хонаи ту воридшударо бихоҳ ва аз шарри у ба Худованд паноҳ бибар. Сипас ба кори худат ва хонаводаат машғул бишав!». Саҳеҳ: ибни Абушайба 4/311.

Дар вақти ҳамхобагӣ бо ҳамсар хондани ин дуо суннат аст: «Бисмиллоҳ, Аллоҳумма ҷаннибнаш шайтона ва ҷаннибиш шайтона мо разақтано». Яъне (Ба номи Худо, Худовандо! шайтонро аз мо ва аз ончи ба мо неъмат додаӣ дур бигардон!». Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар фазли ин дуои зикршудафармуданд: «Ҳар шахсе, ки ин дуоро бихонад, агар кудаке аз онҳо таваллуд шавад, шайтон ҳаргиз ба у зарар намерасонад». Ҳадиси муттафақун алайҳ.Мард метавонад дар маҳалли насл (шармгоҳ) ва аз ҳар тарафе, ки бихоҳад, аз  пеш ё аз пушт локин фақат дар маҳалли насл бо ҳамсараш ҳамхобагӣ кунад. Дар ин бора Худованд фармудааст: «Занони шумо маҳалли кишти шумоянд, пас бо ҳар роҳе, ки мехоҳед ба он маҳал (яне фақат дар маҳалли насл) дароед». Сураи «Бақара» ояти 223.

Аз Ҷобир (Худованд аз вай розӣ бод) ривоят аст: «Яҳудиён мегуфтанд, ки агар марде аз пушт ва дар маҳалли насл бо ҳамсараш ҳамхобагӣ кунад, бачаи аҳвал (чашмаш каҷ) таваллуд мекунад. Худованд дар радди ин иддиои яҳудиён ин ояти дар боло зикршуда фиристод». Ҳадиси муттафақун алайҳ.

Хулоса лаззат бурдани зани мард аз ҳамдигар ба ҳар роҳе, ки набошад ҷоиз аст фақат ба шарти ин, ки аз маҳалли насл ҳамхобагӣ кунанд ва амали қавми Лутро накунанд.  Худованд барои мардон дар ғайри маҳалли насл ҳамхобагӣ бо ҳамсаронашонро ҳаром кардааст. Дар ин замина Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд: «Ҳар шахсе, ки бо занаш дар ҳолати ҳайз ҳамхобагӣ мекунад (яъне дар шармгоҳаш духул мекунад) ва ё дарғайри маҳалли насл ҳамхобагӣ мекунад ва ё назди фолбине меравад ва ба гуфтаи вай бовар мекунад, чунин шахс ба он чи бар Муҳаммад фиристода шудааст, куфр варзидааст». Ибни Моҷа 1/209/639

Бар марду зан шоистааст, ки ҳадафашон аз издивоҷ покдоманӣ бошад, то худро аз он чи Худованд ҳаром кардааст, муҳофизат кунанд. Дар ин ҳолат ҳатто ҳамхобагӣ барояшон дар номаи аъмолашон садақа ва аҷр навишта мешавад. Ба далели ҳадиси Абузарр (Худованд аз вай розӣ бод): «Гуруҳе аз ёрони Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ба Паёмбар гуфтанд: Эй Расули Худо! сарватмандон аҷр ва савоби фаровоне дарёфт мекунанд. Зеро онҳо монанди мо намоз мехонанд, руза мегиранд ва изофа бар он аз молҳояшон садақа медиҳанд. Паёмбар (алайҳиссалом) фармуд: «Оё Худованд чизеро барои шумо қарор надодааст, ки бо он садақа бидиҳед? Ҳар «субҳоналлоҳ, аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳ ва алҳамду лиллоҳ», ки мегуед барои шумо садақа навишта мешавад. Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар садақа аст. Наздикӣ ва ҳамхобагиятон бо ҳамсаронатон барои шумо садақа маҳсуб мешавад». Гуфтанд: Эй Расули Худо! Охир якеи аз мо дар ҳамхобагӣ бо ҳамсар шаҳваташро мебарорад, боз ба болои ин барояш аҷру савоб низ ҳаст? Паёмбар фармуд: «Магар намедонед, ки агар ҳамон шаҳватро аз роҳи ҳаром бароварда кунад, гунаҳкор мешавад? Пас ба ҳамин тартиб агар дар роҳи ҳалол ва бо зани  никоҳии худаш бароварда кунад, аҷру савоб дарёфт мекунад». Саҳеҳи Муслим 2/697/1006.

Пас ба таври хулоса метавон гуфт, ки ислом дар мавриди ҳамхобагӣ бо ҳамсар фақат ду чизро ҳаром донистааст;

1- Ҳамхобагӣ дар вақти ҳайз (хунрезӣ ҳангоми одати моҳонаи занон), нифос (баъд аз таваллуд, то замоне, ки аз хун пок шавад), дар рузҳои моҳи шарифи Рамазон, вақти эҳром ҳангоми ҳаҷ ё умра, то ин ки аз эҳром берун ояд.

2- Ҳамхобагӣ аз пушти зан аз маҳалли мадфуъ яъне дар мақъад. Паёмбари Худо

(алайҳиссалом) фармуданд: «Лаънати Худо бод бар касе, ки ҳамсарашро аз мақъадаш кунад». Ривояти Абудовуд 2162. Аммо агар аз пушт истода дар маҳалли насл ҳамхобагӣ кунад боке надорад.Пас ҳар навъ ҳамхобагӣ бо ҳамсар ва бо ҳар равише, ки бошад ба ғайри ду мавриди дар боло зикршуда ҷоиз мебошад.

test

Добавить комментарий