Саргузашти имом Абуҳанифа

Имом Абуҳанифаи Нуъмон дар соли 80-уми ҳиҷри дар шаҳри Куфаи Ироқ  ба дунё омадааст.

Номи У Нуъмон ибни Собит ибни Нуъмон ибни Марзбон мебошад.

Вақто ки мо ба номи ин имом менигарем чунин мебарояд, ки ин ном номи араби нест пас маълум мешавад ки имом Абуҳанифа араб набудааст.

Балки У аз аслу насаб форсизабон мебошад.

Бо вуҷуди ин ки У форсизабон буд, чуноне олими бузурге  шуд, ки ба У лақаби Имоми Аъзамро доданд, ва яке аз бузургтарин имомони мусулмонҳо шинохта шуд.

Азизони ман! шумо бубинед ин адолати исломро ки чигуна ҳақи ҳар як инсонро ба ҷо меорад, чи дини адолатхоҳу бузургест дини ислом, дар у на қавмпарасти асту на миллатчиги, дини ислом на ба ранг нигоҳ мекунаду на ба пуст балки тарозуи беҳтарини, дар ислом, ин фақат амали нек асту тарси аз Худо, чуноне ки Худованд мегуяд: “Мукаррамтарини шумо назди ман бо тақвотарини шумост”.

Оилае ки имом Абуҳанифа дар он нашъунамо ёфта буд, оилаи озод буданд яъне касе аз ин оила ғуломи накарда буд.

Аз Исмоъил набераи имом Абуҳанифа ривоят аст ки ба

Худо қасам хурду гуфт: Ман Исмоъил ибни Ҳаммод ибни Нуъмон яъне имом Абуҳанифа, ибни Собит ибни Нуъмон ибни Марзбон аз фарзандони форсизабонҳой озодагон ҳастем ба Худо қасам ки касе аз ойлаи мо ғуломи накардааст.

Дар баъзе ривоятҳо омадааст ки миёни Ҳазрати Аливу падаркалони имом Абуҳанифа, Нуъмон, рафтуомаду алоқаҳои хубе будааст, имом Абуҳанифа мегуяд: Вақто ки падараш Собит хурд буд ба назди ҳазрати Али

разияллоҳу анҳу– рафт, Ҳазрати Али –разияллоҳу анҳу– дар ҳаққи у дуои нек карда аз Худованд талаб кард ки дар зуррияти У баракаташро бирезонад.

Ва шояд ҳам ин дуъои ҳазрати Али –разияллоҳу анҳу– буд ки Худованд уро иҷобат карду аз зурияти Собит ҳамчун имом Абуҳанифа халқ кард ки имруз аксари мусалмонони ҷаҳон бо пайрави аз мазҳаби У Худовандро ибодат мекунанд.

Имом Абуҳанифа дар талаби илмаш аз имомони се мазҳаб мисли имом Молику Шофиъиву Аҳмад ибни Ҳанбал фарқ дошт.

Ин се имом аз хурдсолияшон дар талаби илм машғул буданд, аммо имом Абуҳанифа ин хел набуд, чунки У дар аввал машғул ба тиҷорат буд, ва бисёри вақтҳояш дар бозор мегузашт, ва ин ҳам дар ҷавонияш буд яъне ҳануз ҷавон буд.

Чуноне ки худи имом Абуҳанифа қиссаи ба талаби илм машғул шуданашро нақл мекунад, мегуяд ки касе ки манро барои талаби илм шавқманд сохт имом Шаъби буд, ва имом Шаъби яке аз олимону фақиҳони он вақта ба ҳисоб мерафт.

Ин олим вақто ки донишу заковати имом Абуҳанифаро дид, фаҳмид ки агар ин донишу заковат дар талаби илм сарф шавад чи олиму фақиҳи бузурге мешавад соҳибаш.

Имом Абуҳанифа мегуяд: Рузе аз пеши Шаъби мегузаштам, ки дар каҷие нишаста буд, вақто манро дид, ба наздаш хонд, ва гуфт: куҷо мерави? Яъне Ба ҳузури ки мерави? Гуфтам: ба суй бозор! Ба ҷой ки ҳар руз мерафтам! Шаъби гуфт: мақсади ман бозор нест, балки мақсади ман инаст ки ба назди кадом ҳалқай илми ва ба ҳузури кадом олим мерави? Ва дар назди кадом олим талаби илм мекуни? Гуфтам: ман онқадар зиёд ба назди уламо намеравам, ва дар дарсҳои илмиҳам онқадар зиёд иштирок намекунам, Шаъби ҳайрон шуд, ва гуфт эй Нуъмон ғофил мабош, ту бояд ҳаммай корҳоро як су гузошта ба талаби илм машғул шави, ту бояд ҳамроҳи уламо боши чунки ман дар чеҳраи ту, як шахси бедору соҳиби фикри расоеро мебинам, имом Абуҳанифа гуфт: ин сухани Шаъби дар дили ман таъсирашро гузошт, сипас роҳи бозорро тағиир дода, роҳ ба суй ҳалқаҳой илми пеш гирифтам, ва ҳаркуҷое ки уламо менишастанд онҳоро ҳамроҳи карда ба талаб кардани илм шуруъ кардам то ки Худованд манро муваффақ гардонд, ки дар ин роҳ собит бимонам.

Дар инҷо як чизи назаррасест азизони ман, шумо бубинед ки имом Шаъби яке аз уламои машҳуртарини замонаш буд, вақто дид ки имом Абуҳанифа як ҷавони бо истеъдоду ояндадор аст, уро насиҳат карда роҳе ки муносиби уст ва шойстай уро дорад, ба суй ҳамон роҳ уро даъват кард, ва забони ҳолаш ин буд, ки эй Абуҳанифа! роҳе ки ту пеш гирифтай яъне тиҷорат ин роҳ шойстагий туро надорад балки он роҳе ки барой ту муносиб аст ва шойстагии туро дорад ин фақат талаби илмасту расонидани у ба мардум.

Бубинед азизони ман!уламои ҳақиқи чиқадар масъулияти худро дарк мекарданд ва барой худ ҷойз намедонистанд, ки чунин ҷавонони бо истеъдоду доноро бубинанду онҳоро ба суй он роҳе ки бояд аз у пайрави кунанд даъват накунанд.

Барои ҳамин олимони имруза низ бояд бидонанд ки масъулияти роҳнишондиҳии ҷавонони боистедоди имруза дар уҳдай онҳост, ва бояд ин масулятро дарк карда, баҷой ин ки онҳоро бо сабаби ҳар як айбҳой хурду калон аз гирду атрофашон дур созанд, бояд онҳоро роҳи ростро нишон диҳанд, ва бояд онҳоро қонеъ кунонанд ки агар онҳо роҳи талаби илмро пеш нагиранд  дар оянда масъуляти гумроҳии тамоми мусалмонон дар гардани онҳост.

Ин чунин падарону модарон низ бояд ин масъуляташонро фаромуш накунанд.

Баъди ин роҳнамои ва насиҳати имом Шаъби, имом Абуҳанифа дар фикр афтод, бояд ман чикор кунам?! Бояд кадом илмҳоро аз худ кунам?! Кадоми илмҳо фойдааш зиёдтар бошад?! Ва фоидааш ба мардум зиёдтар мерасида бошад?!

Имом Абуҳанифа бисёр донову зирак буд, илмҳоро мисли ҷавоҳирот аз назар мегузаронду кушиш мекард ки аз ҳама навъи хубашро ихтиёр кунад.

Имом Абуҳанифа мегуяд: илмҳоро аз назарам мегузаро- нидаму фикр мекардам, оқибати кадоми аз ин илмҳо чи гуна бошад! ва вақто ки яке аз ин илмҳоро аз худ кардаму мутахасиси он илм шудам пас оқибатам чи мешавад, яъне имом Абуҳанифа фикр мекард ки кадоми аз ин илмҳоро аз худ кунад, ки ҳамон қадар мушкилоти мардумро ҳал карда тавонад.

Бубинед азизони ман ҳиммати ин ҷавонро, пеш аз ин ки ба талаб кардани илм бипардозад чиқадар дур фикр мекунад, ва ягона мақсадаш инаст ки, бояд олиме шавад ки на танҳо худаш балки тамоми мардум аз илми у истифода баранд, Худо раҳматат кунад эй имоми бузург.

Хулоса имом Абуҳанифа оқибати тамоми илмҳоро пеши руи оварду сари ин фикр омад ки илми фиқҳ тамоми илмҳоро дар бар мегирад, мисли илми ҳадис, илми тафсир, ва дигар илмҳоро, ва илми фиқҳро ихтиёр карда уро таълим гирифта аз худ кард.

Ин чунин имом Абуҳанифа як хислати дигаре дошт ки бисёр муноқашаву баҳсу ҷадалро дуст медошт, ба ҳамин хотир илми каломро ки чунин хислатро дошт, низ таълим гирифт, ва дар ҳар куҷое ки мешунид муноқашаву баҳс меравад, албатта дар онҷо ҳозир мешуд, аз баски аҳли Басра дар он замон машҳур ба илми калом буданду доймо дар баҳсу ҷидол буданд, имом Абуҳанифа мегуяд: ман зиёда аз бист бор барои баҳсу муноқаша ба Басра рафтам, ва мешуд вақтҳое ки қариб як сол дар онҷо мемондам, ва вақтҳое мешуд аз инҳам камтар, бо ҳар касе ки даъвои илми каломро мекард бо у дохили баҳсу ҷадал мешудам то ин ки бар у ғолиб меомадам.

Имом мегуяд, аз аҳли мазоҳиб ва хоссатан мисли хориҷиҳо, касе аз онҳо намонда бо онҳо баҳсу муҷодала кардам, ва фикр мекардам ки ягона роҳе ки аз дин дифоъ карда мешавад, ин таълим гирифтани илми калом ва баҳсу муноқаша кардан бо пайравони уст, локин баъди чанд мудате ба фикр афтодам, оё ин коре ки ман мекунам, гузаштагон ин корро мекарданд? Оё саҳобаҳое ки Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам– тамоми чизро ба онҳо таълим дода буд, ва аз тамоми нозукиҳой дин бохабар буданд, ва ҳеҷ кори хайре набуд ки онҳо анҷомаш надиҳанд, пас агар ин кори хайр бошад! оё ин корро мекарданд? Чунки онҳо ба ҳақ наздиктар буданд, бо ҷашми сар Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам-ро дида буданд, ва динро бе ягон восита аз у омухта буданд, ва нозил шавии қуронро бо ҷашми сар медиданд! Пас  Оё корашон ҳамеша баҳсу ҷидолу муноқаша буд? Вақто ки ба торихи онҳо нигоҳ кардам баръакс, дидам ки онҳо аз ин кор манъ мекарданд, ва мардумро огоҳи медоданд ки аз пушти баҳсу ҷидолу муноқашаҳо нагарданд, ва дидам ки худро машғули масъалаҳой фиқҳи месохтанду, онҳоро ба мардум меомузониданд, ва ба мардум фатво медоданду аз ҳамдигар фатво мегирифтанд.

Вақто дидам ки роҳи пеш гирифтай онҳо дигар аст, аз баҳсу ҷидол даст кашидаму машғули талаби илми фиқҳ шудам ва дар он роҳе ки саҳобаҳо мерафтанд пайрави он роҳро кардам ва ба уламо шишту хез кардаму аз онҳо илмро гирифтам.

Ин чунин як ривояти дигаре низ ҳаст ки чигуна аз илми калом гузаштани имом Абуҳанифаро ба илми фиқҳ баён мекунад,

Яке аз шогирдони имом Абуҳанифа, аз У нақл мекунад, ки имом Абуҳанифа гуфт: ман дар илми калом чунон мустаҳкам шуда будам ки мардум ба суям ишора мекарданд, яъне дар миёни дигарон бо ин илм шинохта ва машҳур шуда будам, ва рузе ҳалқаи илмии ман бо шогирдонам  дар наздикии ҳалқаи илмии Ҳаммод буд, ва Ҳаммод яке аз бузургтарин олимону фақеҳони онвақта буд, зане омаду аз ман суол кард, гуфт: агар марде бихоҳад ки занашро талоқи мувофиқи суннат кунад, бояд чи кор кунад?.

Имом Абуҳанифа гуфт: ман надонистам ба у чи ҷавоб бидиҳам, ба у гуфтам: бирав аз Ҳаммод бипурсу омада манро аз ҷавобаш хабар деҳ, ин зан ба назди Ҳаммод омада аз у пурсид, Ҳаммод гуфт: талоқи мувофиқи суннат, яъне мард занашро дар вақти покияш талоқ мекунаду бо у муошират намекунад то ин ки дубор ҳайз бинад, хулоса ин масалай фиқҳиро барояш баён кард, сипас ин зан омаду ба имом Абуҳанифа ҷавоби Ҳаммодро хабар дод, имом Абуҳанифа баъде ки ҷавобро шунид гуфт: ман дигар ба илми калом эҳтиёҷ надорам, ин чи илмаст ки ба суоли содае ҷавоб гуфта натавонистам, сипас попушиҳояшро гирифта, рафта дар ҳалқаи илмии Ҳаммод нишаст.

Ин шогирдии имом Абуҳанифа дар назди Ҳаммод ҳаждаҳсол давом кард.

Ҳаммод имом Абуҳанифаро ба хотири бисёр донову зеҳни хубаш бисёр дуст медошт, то ҳаддеки доймо миёни шогирдонаш эълон мекард, ки дар паҳлуям ба ғайр аз Абуҳанифа каси дигаре нашинад.

Имом Абуҳанифа мегуяд: вақто ки дар назди Ҳаммод даҳ сол шогирди кардам бо худам хулоса баровардам, ки ман дигар ба устодам Ҳаммод эҳтиёҷ надорам, чунки илми уро аз худ кардам, ва бояд ҳалқаи илмии худамро ташкил бидиҳам, лекин ҳамаи он вафодориҳову меҳрубонии устодам манро нагузоштанд, ки аз у ҷудо шавам, ва дубора омада дар паҳлуяш нишастам,

Имом Абуҳанифа мегуяд: дар ҳамон шаб хабаре омад ки касе аз хешовандони Ҳаммод дар Басра вафот кардааст ва касе ҷуз Ҳаммод меросбаре надорад, пас бояд дар Басра ҳозир шавад, Ҳаммод сафар карду манро дар ҷой худ ҳамчун устоди шогирдон таъин кард,

Субҳоналлоҳ бубинед азизони ман, кори Худоро, имом мехост ки ҳалқай илмияшро ҷудо кунад, ва ин ҳам ба сафар кардани Ҳаммод рост омад, ва ба иҷозати устодаш Ҳаммод, ки уро ҳамчун фарзанд дуст медошт,  Устоди шогирдон шуд, имом Абуҳанифа мегуяд: ягон вақте набуд ки дар ҳақи падару модарам дуъо карда бошаму дар ин дуъоям номи устодам Ҳаммодро нагирифта бошам.

Худо раҳматат кунад имоми Аъзам бубинед ин одобу бо вафоги шогирдро бо устодаш.

Азизони ман! мо ин қисаҳо ва саргузаштҳои бузургонро барои он мегуем, ки аз онҳо ибрат биёмузему аз онҳо пайрави кунем, ва агар мо роҳи саодати дунёву охиратро меҷуем пас бояд аз ин бузургон паирави кунем, чунки онҳо ин комёбиву бузургиро бо ин одобу ахлоқи ҳамидаашон пайдо карданд.

Хуб боз мегардем сари қисаи устод шудани имом Абуҳанифа.

Имом Абуҳанифа, вақто ки ба ҷой устодаш нишаст, дар ин вақт синаш ба сисолаги расида буд, имом Абуҳанифа мегуяд, ман дарсро шуруъ кардаму мардум оҳиста оҳиста омада, аз ман фатво мегирифтанд, ва ҳар руз суолҳой нав банаве меомаданд, ки аз устодам Ҳаммод онҳоро таълим нагирифта будам, локин иҷтиҳод мекардаму фатво медодам, ва ба ҳар як масалаи навеки дуҷор мешудам уро навишта мекардам, ва ин кор тақрибан ду моҳ давом ёфт то ин ки Ҳаммод аз сафараш баргашт, ман ҳамаи масъалаҳое ки дар набудани устодам Ҳаммод ба онҳо фатво дода будам, ҷамъ кардам, ададашон ба шастто расид, онҳоро ба устодам пешкаш кардам, устодам манро дар чилтои ин масалаҳо мувофиқати карду дар бистоаш мухолифати, сипас фаҳмидам ки ман то ҳол ҳамай илми Ҳаммодро нагирифтам ва то ҳозир у чизҳоеро медонад ки ман намедонам, баъд аз ин бо худам ъаҳд кардам ки то вақте ки Ҳаммод зинда аст ҳалқаи уро тарк накунам, ва то вақто ки у зинда буд манҳам, аз ҳалқаи дарсии у берун наомадам.

Имом Абуҳанифа дар назди устодаш Ҳаммод то соли 120 уми ҳиҷри шогирди кард,

Азизони ман ! дар инҷо суоле ба миён меояд, ки барои чи, имом Абуҳанифа то вафоти устодаш Ҳаммод уро як бора тарк накарду дар ҳалқаҳои илмии дигар олимон иштирок кунад, бо вуҷуди ин ки олимон хело зиёд буданд? Сабабаш ин буд ки Имом Абуҳанифа ба хотири он ин корро накард ки чунки Ҳаммод, аз саҳобаҳои

Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам–  ва хоссатан аз бузургони саҳоба мисли Абубакру Умару Усмону Али  разияллоҳу анҳу-ва дигарҳо  бо диқат пайрави мекард.

Хатиби Бағдоди дар китоби таърихаш дар ҷилди 13 саҳифаи 334 аз имом Абуҳанифа ривоят мекунад ки имом Абуҳанифа гуфт: рузе назди халифа Абуҷаъфари Мансур дохил шудам, аз ман пурсид эй Абуҳанифа илматро аз ки гирифтай? Гуфтам аз Ҳаммод аз Иброҳими Нахаъи аз Умар ибни Хаттоб аз Али ибни Абутолиб аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ва аз Абдуллоҳ ибни Аббос гирифтам, халифа гуфт: офарин, офарин Абуҳанифа, аз боэътимодтарин масдар илматро гирифтаи, аз беҳтаринҳо аз поктаринҳо, аз бобаракаттарин одамҳо илматро гирифтай, салому дуруди Худо бар онҳо бод, имом Абуҳанифа вақто ки номҳои масдари илмашро гирифт, Абумансур агарчи халифа ҳам буду одами сиёси буд, локин медонист ки он саҳобаҳое ки имом Абуҳанифа номбар кард киҳоянд, онҳо ҳамеша дар атрофи Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам–  буданд, ва ҳар ояте ки нозил мешуд ё сухане ки аз Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам–  мешуниданд: дар ҳол уро ҳифз карда, ҳам амали мекарданду, ҳам ба дигарон мерасониданд, яъне саҳобаҳое буданд ки ҳам олими қурону тафсираш буданду ҳам олими фиқҳу ҳадис, Абуҷаъфари Мансур инро ки медонист, ба имом Абуҳанифа офарин гуфту масдари илми уро ҳамчун боқувватарин масдар эътироф кард.

Акнун азизони ман биёед, бубинем ки устоди устоди имом Абуҳанифа чигуна шахсият буд, устоди устоди иммом Абуҳанифа, яъне устоди Ҳаммод, Иброҳими Нахаъи гуфтани шахс буд.

Биёед азизони ман бубинем ки, ки бошад ин Иброҳими Нахаъи,

 Иброҳими Нахаъи яке аз бузургони тобеъин буд, яъне касе буд ки саҳобаҳоро бо чашми сар дидаву аз онҳо илмашро гирифта буд, У яке аз бузургтарини фақиҳон ва муҳадисони Ироқ буд, бисёр шахси Худотарсу хоксору обиде буд, вақто ки дар замони Ҳаҷҷоҷ соли 96уми ҳиҷри дар синипанҷоҳсолаги аз дунё гузашт, уро шабона ба хок супурданд, вақто ки субҳ шуд Шаъби гуфт: оё шумо он мардро шабона дафн кардед? Гуфтанд бале, гуфт: шумо фақеҳтарини мардумро дафн кардед, гуфтанд: ҳатто фақеҳтар аз Ҳасани Басриҳам? Гуфт: шумо чи мегуед! У аз Ҳасанҳам фақеҳтар буду аз Аҳли Басраву аз аҳли Куфаву аз аҳли шому аз аҳли Ҳиҷозҳам.

 Ин чунин буд маконату манзилати Иброҳими Нахаъи дар миёни уламо.

Вақто ки Саъид ибни Ҷубайр ро фатво ё суоле мепурсиданд мегуфт: шумо аз ман дар ҳоле суол мекунед ки Иброҳими Нахаъи дар миёни мо асту ҳаёт аст?. Яъне мақсади ибни Ҷубайр ин аст ки то вақте ки Иброҳими Нахаъи зиндаву ҳаёт аст, У авлотараст ки аз У фатво бигиреду суолаш кунед, ин суханҳам ба хотири қадрдони аз илми Иброҳими Нахаъи буд.

Инҳо ҳастанд Иброҳиму Ҳаммоде ки имом Абуҳанифа илмашро аз саҳобаҳой Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам– аз тариқи онҳо гирифта буд.

Имом Абуҳанифа читавре ки дар гузашта гуфта будем дар назди Ҳаммод ҳаждаҳсол шогирди карда буд локин ба назди дигар олимон низ мерафт ва аз илми онҳо низ истифода мебурд хоссатан дар аёми ҳаҷ, баъзе таърих нависоне ки дар асри имом Абуҳанифа зиндаги мекарданд нақл мекунанд ки имом Абуҳанифа зиёда аз панҷову панҷ бор ҳаҷ карда буд, ва имом дар ин сафарҳояш бо уламои бузурги онвақта вохури карда, бо онҳо гуфтугуҳои илми мекард, ин чунин кушиш мекард ки ҳар олиме ки ба суй Куфа меояд дар маҷлиси илмияш бишинаду аз у истифода барад, аз ҷумлаи касоне ки имом Абуҳанифа дар ҳалқаи илмияш иштирок карда буд

Ҳазрати Анас ибни молик саҳобии ҷалил –разияллоҳу анҳумебошад, ҳазрати Анас ки умраш аз сад сол ҳам гузашта буд, дар Куфа ҳалқаи илмии мувақати дошт, ва имом Абуҳанифа дар он ҳалқаи илми иштирок карда буд, албатта ки дар хурд солияш, барои ҳамин бисёри уламо имом Абуҳанифаро тобеъин мегуянд, инчунин аз ҷумлаи уламое ки имом Абуҳанифа аз илми онҳо истифода бурда буд, Ҳишом ибни Ъурва ибни Зубайр ва Ато ибни Абирабоҳ буд.

Азизони ман оё медонед Ҳишом ибни Ъурва ибни Зубайр ва Ъато ибни Абурабоҳ киҳоянд.

Ҳишом яке аз наберагони Зубайр ибни Ъавом писари ъамма ва саҳобии Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам–   аст, ва амакаш Абдуллоҳ ибни Зубайр буд, ки у низ яке аз саҳобагони Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам– буд, Ҳишом, ғайр аз он ки бо баъзе аз саҳобагони Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам–  вохурда буду аз онҳо илм омухта буд, дар ойлае тарбият ёфта буд ки роҳбарони ин ойларо Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам–  тарбият карда буд.

Аммо Ато ибни Абурабоҳ, бошад ҳам фақиҳу ҳам муҳадису ҳам тобеъии ҷалил буд, Ато як шахси аҷибе буд, рангаш сиёҳ буд, то дараҷае ки мегуфтанд мисли зоғи сиёҳ буд, ва бо як ҷашмаш медид, ва бинии паҳм дошт, ва пояшҳам мелангид, ва инчунин дар охири умраш нобиноҳам шуд, локин он илму тақвое ки дошт, фазлу манзилаташ ҳамаи ин айбҳои ҷисмии уро пушонида буд.

Азизони ман Оё мехоҳед боз хубтар бидонед ки Ато ки буд?

 Ато дар худаш миёни илму зоҳидиву хоксориро ҷамъ карда буд, муфтии диёри Макка буд, дар онҷо умр ба сар бурд ва дар онҷо аз дунё гузашт, аммо дар бораи илмаш, оё медонед илмашро аз ки омухта буд? Аз Али ибни Абутолиб, аз Абдуллоҳ ибни Аббос аз Абдуллоҳ ибни

Умар, аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос, аз Абдуллоҳ ибни Зубайр, ва аз Муъовия, ва Усома ибни Зайд, ва инчунин аз модарони муъминон занони Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам-.

Чигунае ки худи Ато мегуяд: У бо зиёда аз дусад саҳобии

Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам– вохурда аз онҳо илм омухта будаст.

Вақто ки мардуми Макка дар атрофи Абдуллоҳ ибни Аббос саҳобии Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам– ҷамъ шуданду аз У фатво пурсиданд, гуфт: Шумо дар атрофи ман ҷамъ мешаведу аз ман фатво мепурсед? дар ҳоле ки миёни шумо Ато ибни Абурабоҳ аст? Ва Абдуллоҳ ибни Умар низ вақто ки мардум дар атрофаш ҷамъ шуданд ба онҳо ин суханро гуфт.

Ато яке аз устодони Имом Абуҳанифа низ ба ҳисоб мерафт, имом Абуҳанифа мегуфт: аз миёни уламое ки вохурда будам касеро аз Ато беҳтар надидам.

Азизони ман биёед назди ин сухани имом Абуҳанифа каме биистему фикр кунем, оё мақсади имом аз ин суханаш ки гуфт: касеро аз у беҳтар надидам, оё зебой Аторо дар назар дошт? Агар ин хел бошад пас ин ғайри ақлони аст, чунки чуноне гуфта будем, у ҳам сиёҳ буду, ҳам кур буду, ҳам шал, пас мақсади имом чист? Азизони ман мақсади имом инаст ки касеро дар илму тақвову хоксори мисли Ато надидам, инаст тарозуй беҳтари дар ислом, ислом на ба ранг нигоҳ мекунаду на ба пусту на ба ҷамоли инсон, ислом ба дилу амали инсон нигоҳ мекунад, агар амалҳояш солеҳ бошаду дар дилаш тақво, пас У беҳтарин инсон аст.

Вақто ки ин ду имом, имом Абуҳанифа ва имом Ато дар ҳарами Макка вохурданд, Ато гуфт: ту аз куҷо ҳасти? Имом Абуҳанифа гуфт: аз Куфа,  Ато гуфт: аз ҳамонҷое ки динашонро ба чанд қисм тақсим карданду доймо миёнашон ихтилоф аст?

Азизони ман Ато ин Суханро барои он гуфт, ки дар он вақт Куфа маркази пайдоиши аксари фирқаҳову гуруҳҳои навпаидо буд, ва уламо ки ин корро бад медиданд, ба ҳамин хотир Ато ба имом Абуҳанифа чунин гуфт.

Имом Абуҳанифа дар ҷавоб гуфт: бале, аз ҳамон ҷое ки шумо мегуед, Ато гуфт: ту аз кадом гуруҳашон ҳасти?/

Акнун гуш кунед азизони ман, имом Абуҳанифа дар ҷавоб чи мегуяд, имом Абуҳанифа дар ҷавоб, асли мазҳабашро шарҳ дода гуфт: аз ҳамон гуруҳе, ки дар ҳақи саҳобаҳо таънаву дашном намезананд, ва ба қазову қадар, яъне тақдири баду нек имон доранд, ва касеро аз мусалмонон, бо кардани гуноҳе кофир намегуянд,

Вақто Ато ин ақидаро аз забони имом Абуҳанифа шунид, бениҳоят хушҳол шуд, ва аз хушҳоли гуфт: эй Абуҳанифа ҳақро шинохтаи пайравияш кун, ҳақро шинохтаи пайравияш кун.

Чунин буд аввалин вохурии ин ду имоми бузург.

Худованд ҷояшонро фирдавси аъло гардонад.

Инчунин Дар ривояте аз Имом Абуҳанифа омадааст, ки мегуяд: ман дар панҷ масала дар вақти ҳаҷ хато кардам, ва сартарош онҳоро ба ман таълим дод, имом Абуҳанифа мегуяд, баъд аз ин ки фаризай ҳаҷро ба ҷо овардам, назди сартарош нишастаму пурсидам, ҳақи сартарошият чанд пул аст? Гуфт: Оё ту араб асти яъне оё арабиро медони? Имом гуфт: бале, сартарош гуфт: ибодатҳо нарх карда намешаванд, ва тарошидани сар дар инҷо барой зиннат нест балки ибодатест ки Худованд барой ба ҷо овардани у амр кардааст, имом гуфт: сипас дар зери дасти сартарош тавре нишастам ки руям ба тарафи қибла набуд, сартарош манро амр кард ки руямро тарафи қибла гардонам, сипас тарафи чапи сарамро ба тарафи у гардондам, сартарош гуфт: тарафи ростатро ба тарафи ман гардон,  имом мегуяд: ҳайрон шудам, сартароши фақиҳ! Бубин ки ман дар Куфа имому пешво, дар илм ҳастаму, дар инҷо ман аз сартарош одоби ба ҷо овардани ибодати фаризай ҳаҷро меомузам.

Хулоса имом мегуяд: ман тарафи ростамро ба сартарош гардондаму хомуш нишастам ва у сари манро метарошид, сартарош ногаҳон гуфт: чаро хомуш нишастай? Такбир бигу Аллоҳу акбар бигу ин ибодат аст. Пас шуруъ кардам ба такбир гуфтан то ин ки сартароширо тамом кард, ва аз ҷоям хестаму хостам ки биравам, сартарош гуфт: куҷо мерави? Гуфтам ба суй чорпоям, мехоҳам биравам, сартарош гуфт: пеш аз ин ки бирави ду ракаъат намоз бихон ин суннат аст, Имом Абуҳанифа мегуяд:аз сартарош пурсидам ки ту аз куҷо инҳоро ёд гирифтай? сартарош гуфт: Ато ибни Абурабоҳро дидам ки чунин мекард.

Бубинед азизони ман, мардуми онвақтаро чигуна илмро мегирифтанду ба дигарон мерасониданд, намегуфтанд ки ман сартарош ҳастам ё муаллим ё духтур ва вазифай ман ба масалаҳой дини робитае надорад, балки ҳар илму амале ки дар уламо медиданд аввал дар зиндагии худ амали мекарданду, сипас ба дигарҳо мерасониданд, инаст азизони ман масъулият, ҳаряк мусалмон  агар як ҳарфероҳам аз дин биёмузад бар у воҷиб аст ки бояд ба дигарҳо низ уро бирасонад.

Уламо ва мардуми одди замони имом Абуҳанифа ин чунин буданд

Ин чунин аз уламо ва  ки имом Абуҳанифа аз илмашон истифода бурда буд, Нофеъ буд.

Нофеъ илмашро аз Абдуллоҳ ибни Умар ва дигар саҳобаҳо мисли Абуҳурайра, ва занони Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам– гирифта буд, ва бисёре аз уламо ҳадисҳояшонро аз у ривоят кардаанд, мисли имом Молик аз у хело ҳадисҳой зиёде ривоят кардааст, имом Молик мегуяд: вақто ки ҳадисро аз Нофеъ аз ибни Умар мешунидам дигар парво надоштам ки уро аз дигарҳо бишнавам ё не, чунки у бениҳоят дар ривояти ҳадис дақиқу боэҳтйёт буд, барои ҳамин уламо мегуянд ки ривояти Шофеъи аз Молик аз Нофеъ аз ибни Умар аз Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам– силсилай заҳаби, яъне мисли занҷири тилой аст, ва бо дигар маъно, яъне яке аз боқувваттарин ривоят аст, ва дар он ҳадис тамоман шаке нест.

Ва яке аз масдарҳой илми имом Абуҳанифа аҳли байти

Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам–  буд, имом Абуҳанифа аҳли баити Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам-ро бениҳоят дуст медошт, ҳатто дар ҳар як намозаш ба онҳо салавоту салом мефиристод, яке аз устодони имом Абуҳанифа аз аҳли байти Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам– имом Муҳаммади Боқир буд.

Аввалин боре ки имом Абуҳанифа бо имом Муҳаммади Боқир вохурд, миёни онҳо дар борай масалаҳой фиқҳи гуфтугуе руи дод/

Қиссааш чунин аст, мадрасае ки имом Абуҳанифа тамом кунандай у буд, мадрасаи ба номи аҳли раъи буд, ва мадрасае ки имом Муҳаммади Боқир тамом кунандай у буд, мадрасай аҳли нақл буд, вақто ки ин ду имоми бузург бо ҳамдигар вохурданд, имом Боқир аз имом Абуҳанифа суол кард, ва гуфт: ин ту ҳасти ки дини бобой манро яъне Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам-ро бо қиёсу бо фикрат табдил додай?/

 Азизони ман Мақсади имом Боқир инаст ки яъне ту баҷой ин ки пайрави аз ҳадисҳой Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам–  куни қиёсу фикри худатро пеш мекуни, имом Абуҳанифа гуфт: Худо нишон надиҳад наход ки ман ин корро карда бошам, имом Абуҳанифа баъди ин сухан каме нороҳат шуду ба имом Боқир гуфт: акнун шумо бо камоли эҳтиром дар ҷоятон бишинед, ва ман ҳам дар ҷоям мешинам, сипас имом Абуҳанифа гуфт: эй имом шумо дар назди ман онқадар эҳтирому бузурге доред ки бобой шумо дар назди саҳобаҳояш дошт, яъне мақсади имом инаст ки чигунае ки саҳобаҳо Паёмбар  -саллалоҳу

алайҳи ва саллам-ро эҳтиром мекарданду дусташ медоштанд ман ҳам шуморо ҳамон қадар эҳтиром мекунаму дустатон медорам, сипас имом Абуҳанифа имом Боқирро дар баланди ва ҷой мулойм шинонду худаш ҷой пасти ва замини сахт нишаст, инҳам барои он буд ки имом Абуҳанифа фазлу бузургии аҳли байтро медонист, инаст азизони ман одоби олимон бо олимон, бубинед чиқадар онҳо ҳамдигарро эҳтиром мекарданд, пас ҳар касе ки даъвой пайрави аз имом Абуҳанифа мекунад инаст одобу эҳтироми имом Абуҳанифа бо олимон.

Сипас имом Абуҳанифа ба имом Боқир гуфт: эй имом ман ба шумо се суол дорам хоҳиш мекунам ҷавоб диҳед.

Имом Абуҳанифа гуфт: мард қави аст ё зан? Имом Боқир гуфт: мард, имом Абуҳанифа гуфт? Дар мерос ҳақи зан чиқадар асту ҳақи мард чи қадар? Имом Боқир гуфт: мард мисли ду баробари ҳақи занро мегирад, имом Абуҳанифа гуфт: ин сухани шумост гуфт бале,имом Абуҳанифа гуфт: инаст мазҳаби ман агар ман дини бобой шуморо мувофиқи ақлам мегардондаму ба оятҳову ҳадисҳо аҳамияте намегузоштаму бо фикри худам мекардам, барой зан ҳақи ду баробари мардро медодам, чунки зан аз мард ҳам заъифтар аст локин ин корро накардам балки ҳар чи ки Худову Расулаш  гуфтаанд, аз гуфтаҳой онҳо берун набаромадам, имом Боқир вақто инро аз имом Абуҳанифа шунид, фаҳмид ки У бо шахси оддие сухан нагуфта истодааст.

Имом Абуҳанифа суоли дуюмашро пурсид: намоз беҳтараст ё руза? Имом Боқир гуфт: намоз, имом Абуҳанифа гуфт: инҳам сухани бобоят аст яъне сухани Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам– ва инҳам мазҳаби ман аст, агар ман динро бо ақлам мегардондам зане ки ба хотири ҳайзаш яъне касали моҳонааш рузаашро мехурад, ва боз ки пок шуд рузаашро қазо медораду локин намозашро не, ман уро амр мекардам ки намозашро қазо бидораду рузаашро не чунки намоз беҳтараст, аммо ман

ин корро чуноне ки аз Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам–   ба мо расидааст яъне зан рузаашро қазо медораду намозашро не ана ҳамин хел бе ягон каму зиёдати пайрави карда истодаам.

Сипас имом Абуҳанифа суоли сеюмашро пурсида, гуфт: эй имом пешоб палидтараст ё оби мани? Имом Боқир гуфт: пешоб палид тараст, имом Абуҳанифа гуфт: ин дини бобоят Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам–  аст, ва инҳам мазҳаби ман аст, агар ман дини бобоятро бо ақл мегардондам амр мекардам ки аз пешоб ғусл кунанду аз баромадани оби мани таҳорат, чунки пешоб палидтараст, локин эй имом ба Худо паноҳ мебарам ки чизеро дар дин аз ақли худам ҳамроҳ карда бошам, дар ин вақт имом Боқир аз хурсанди аз ҷояш хесту имом Абуҳанифаро дар оғуш гирифта аз пешонияш бусид.

Ин буд қиссай имом Абуҳанифа бо имом Боқир.

Ин чунин аз устодони имом Абуҳанифа Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Ҳасан ибни Али ва имом Ҷаъфари содиқ ибни Муҳаммади Боқир низ буданд, ки онҳо аз бузургони аҳли байти Паёмбар  -саллалоҳу алайҳи ва саллам– мебошанд.

Азизони ман Имом Абуҳанифа тамомкунандай мадрасаи ин устодону бузургворон буд, Худованд ҳамаи онҳоро дар оғуши раҳматаш бигираду ҷояшонро фирдавси аъло гардонад.

Бародарони азиз! мо дар ин силсилай саргузашти имом Абуҳанифа, фақат дар борай нашъунамо ва талаби илму устодони имом Абуҳанифа суҳбат кардаем, ва дар ҷузъи дуюми ин китоб, иншоолоҳ дар бораи илму фазлу бузурги ва ахлоқу заковати имом Абуҳанифа суҳбат хоҳем кард. 

test

Добавить комментарий