Дуъои ифтори рӯзаи моҳи Рамазон

Рӯза доштам ба номат,

Кушодам ба фармонат.

Дуъои тарбузу харбуза

Ширин набот, манзил обод, ба Пайгамбари Худо салавот. Илохӣ, ба коштагиҳову овардагиҳову хӯрдагиҳо раҳмат намуда ба муроду мақсадҳояшон расонӣ. Омин.

Бираҳматика ё арҳамар-роҳими.

Як ривояти халқӣ

Рӯзе Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) бо саҳобагонашон дар масҷиди Мадинаи мунаввара нишаста буданд, ки шахсе аз ҷои худ бархоста аз Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) пурсид, ки: Эй Пайгамбари Худо, ман наваду нӯҳ гуноҳи кабира кардам, яъне наваду нӯҳ касро куштам. оё оқибати кори ман чи мешуда бошад? Ман дар назди Худованду шариъати ислом гунаҳгори азимам, чӣ кор кунам, ки Худованд аз гуноҳи ман гузарад? Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) гуфтанд, ки: Харбуза кишт кун ва ба раҳгазарон садақа кун ва юғи ҷуфти говатро ба замин халонида мон ва ҳар вақте ки юғи шинондагият сабз шавад, бидон ки ту аз гуноҳ пок шудаӣ.

Он шахе, ки Ширин ном доштааст, дар назди як чорроҳае замин дошт ва дар ҳамон заминаш харбуза кошта ба роҳгузарон садақа мекард. Рӯзе аз роҳ як нафар шахси саворае даргузар шуд ва Ширин аз рӯи одат он шахсро таклифи аз савори фаромадану харбуза хӯрдан кард. Аммо он шахе илтимоси Ширинро қабул накарда, хост биравад. Ширин ҳар чанд зориву илтиҷо кард, он шахс кабул накард. Ширин аз ин рафтори ӯ дар газаб гардида, он шахсро аз гиребонаш гирифта аз асп фуруд оварда, сарашро бурид. Пас бо худ гуфт, ки: «Ман яқин дӯзахиям, ки сад гуноҳи кабираро анҷом додам». Ва аз ин рафтори худ пушаймону ноумед буд. Аз байн чанд рӯзе гузашт, рӯзе дид, ки он юғи шинондагияш сабзидааст. Шитобон ба назди Пайгамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) рафт, ки Он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) бо чаҳор ёронашон нишастаанд ва Ширин воқеъаи рӯйдодаро ба онҳо нақл кард. Он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) қиссаи Ширинро шунида гуфтанд: Аз ҳамин рӯз сар карда ту аз банда гуноҳ озодӣ ва он шахс, ки ту ӯро куштӣ муханнасс буд, ки бо нияти қасди ҷони мусалмоне мерафт. Аз ҳамон вақт ин ҷониб ин дуъои зеринро пас аз хӯрдани харбуза мехонанд. Дуъо ин аст:

Ширин озод, манзил обод, Абӯбакру Умару Усмону Алӣ исбот, ба Пайғамбари Худо салавот, ба коштагиҳову овардагиҳову хӯрдагиҳо раҳмат. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.

test

Добавить комментарий