Дуъои баъд аз намоз

Парвардигоро, намозу рӯза, зориву фурӯтании моро ба даргоҳат қабул кун ва кӯтоҳиҳои моро бубахшу дуъои моро иҷобат          гардон.           Ва зиндагонро омурзиш намуда, мурдагонамонро раҳмат фармо, эй мавлоямон. Худовандо. ба фазлу карамат моро аз ҷамеъи дарду ранҷҳову балоҳо сихҳату саломат ва боамону офият нигаҳ дор, эй бахшандатарини бахшандаҳо ва эй беҳтарини ёридиҳандаҳо. Дуруди Худо бар беҳтарини халқаш Муҳаммад ва хонадону ёрони ӯ бод. Эй меҳрубонтарини меҳрубонон, чашми умед ба раҳмати ту дорсм. Омин. Бираҳмагика ё арҳамар-роҳимин,

Худовандо, бигардон дини моёнро мисли дини пайгамбарон ва имони моёнро мисли имони мӯъминон ва исломи моёнро мисли исломи мусалмонон ва намози моёнро мисли намози оҷизикунандагон ва рукӯъи моёнро мисли рукӯъи шикастагикунандагон ва саҷдаҳои моёнро мисли саҷдаҳои тарсандагои ва «Ашҳаду ал-ло илоха иллаллоҳу ва ашҳаду анна муҳаммадар-расулуллоҳ» гуфтани моёнро мисли «ашҳаду ал-ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадар-Расулуллоҳ» гуфтани малоикаи муқаррабин ва қасди моёнро мисли қасди фирӯзмандон ва амалҳои моёнрмисли амалҳои солеҳои ва гуноххои моёнро мисли гуноҳҳои голибони мағфират, пас маъбуди барҳақ беҳтар аст аз ҷиҳати ҳифз ва ӯ меҳрубонтари меҳрубонон аст. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.


Дуъоҳои хайр

Худоё, Худовандо, шармандаи ин дунёву бозори қиёмат накунӣ, аз тӯҳмати ногаҳону балои охируззамон, аз марги мафоҷову қазои муаллақ худат дар паноҳи исматат нигоҳ дорӣ. Намозу рӯзаи ҷумла бандагони калиматгӯю уммати Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва салламро ба даргоҳат қабул гардонӣ. Аз дасти гирову пои равон, аз чашми бинову забони гӯёву гӯши шунаво намононда барӣ, мӯҳтоҷи касу нокас нагардонӣ, гуноҳони кардаи моро магфират куни, оқибати корҳоро бахайр гардонӣ, пешомади корҳоро нек гардонӣ, баракати оби равону дони деҳқон ва тинҷии замону ободии маконро диҳӣ, моро аз ризқу рӯзии ҳалолу фаровони худ ато намоӣ, ҷумла уммати калимагӯйро фарзандони боодобу оқилу солех ато фармуда, хизматгузори падару модаронашон гардони ва ҳамаро феълу хӯи нек ато фармои. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.


Малико, Подшоҳо, Парвардигоро, забони моро, ки тӯтии қафаси ғани мост ба нидои «фазкуруллоҳи зикран касиро» гӯё дорӣ. Илоҳӣ, дидаҳои моро, ки талояи ниҳоди мост ба назари «фанзуру ило осори раҳматиллоҳ» бино гардонӣ. Илоҳи, гӯшҳои моро ба истимоъи шунаво дорӣ. Илоҳӣ, синаҳои моро аз васвоси «ювасвису фӣ судурии-носи, минал- ҷиннати ван-нос» эмин гардонӣ. Илоҳӣ, айвони ҷалоли дили моро, ки саводи аъзами султони вилояти имон аст аз бори Бояд, ки ин дуъоро пайваста дар ақиби ҳар намоз бихонад, мустаҷоб гардад ва ҳашри ӯ бо ин тоифае гирдад, ки зикр мешавад.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.