Дуъои хатми Қуръон ва фотиҳа барои Гузаштагон

Дуьои хатми Қуръон ва фотиҳа барои Гузаштагон

Парнардигоро, ҳидоят кун моёнро бо ҳидояти Қуръон, икром кун моёнро бо каромати Қуръон, бошараф кун моёнро бо шарофати Қурон, осон гардон корҳои диниву дунёии моёнро бо баракати Қуръон, равшан гардон дилҳои хасгаи моёнро бо нури Қуръон, бикшо синаҳои моёнро бо тиловаги Қуръон, зиннат дсҳ ахлоқи моёнро бо зиннати Қур-он, бинӯшон ҷисмҳои нотавони моёнро бо хилъати Қуръон, бимурз гуноҳҳои моёнро бо инояти Қуръон, осон гардон азоби ҷонкандани моёнро бо фазилати Қуръон, вазнин гардон паллаи тарозуи аъмоли неки моёнро бо бузургии Қуръон. эмин дор моёнро аз ҷамеъи балоҳои дунёву охират бо ҳурмати Қуръон, раҳмат кун ба ҷамеъи уммати Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ба раҳматат, эй беҳтарини бахшояндаго*. Омин. Бираҳматик* ё арҳамар-роҳимин.

Илоҳӣ, омин, ҳадя кардем савобу самараи ин оятҳои каломи Раббониро ба ризоии Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ба рӯҳонияти ҷамеъи анбиёи мотақаддам ва анбиёи мурсалин,. хусусан ба рӯҳи пурфутӯҳи мутаҳхари мунаввари ҳазрати рисолатпаноҳй саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам. Ва ба рӯҳонияти хулафои рошидин ва ҷамеъи саҳоба ва тобиъин ва табаъа гобиъин. Ва ба рӯҳонияти ҷамеъи муҷтаҳидин, хусусан Имоми Аъзами куфиву суфӣ раҳмачуллоҳи ъалайҳ. Ва ба рӯҳонияти падарону модарон ва ҷамеъи мӯъминину мӯьминот ва муслимину муслимот, хусусан ба гузаштагони ин манзилу макон. Аллоҳуммаҳфазно ё файёз мин ҷамиъил- балоёи вал-амроз. Ва саллаллоҳу таъоло ъало хайри халқиҳи муҳаммадив-ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Омин.

Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. Аввал такя ба зоти поки Лллоҳи Лҳаду Аллоҳи Самад ва ба ризогии Ҳақ субҳонаҳу таборак ва таьоло. Бахшидем савобу самараи тиловати оятҳои каломи раббониро ба ризогии Худои ъазза ва ҷшша ба рӯҳонияги ҷамсьи пайгамбарони гузашта. алалхусус ба рӯҳонияти Одами Сафийюллоҳ, Нӯҳи Набийюллоҳ, Иброҳими Халилуллоҳ, Мӯсои Калимуллоҳ, Довуди Халифатуллоҳ, Исои Рӯҳуллоҳ ва алалхусус ба рӯҳи пурфутӯҳи мутаҳҳари мунаввари хазрати рисолатпаноҳ, дастгири осиён дар рӯзи ҷазо-Муҳаммади Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ва ба рӯҳонияти ҷамеъи хулафои рошидин, саҳобагону тобиъин ва табаъа тобиъин, хусусан ба рӯҳи Имоми Лъзам раҳмагуллоҳи ъалайҳ. Бахшидем ба рӯҳи поки 124-ҳазор пайгамбарони мурсалин, ба рӯҳи анбиёхои сиҳибмӯъҷиза ва авлиёҳои соҳибкаромоти мутақаддам. Бахшидем савоби каломи раббониро аз Одам то ба Хотам ва аз Хотам то ба ин дам ва ба рӯҳонияти сайидону шаҳидон, гарибону бекасон ва мустамондону фотиҳаҷӯёни аҳли ислом. Бахшидем савобашро ба гузаштагони ҳамин манзилу макон аз падару модарон, бобову бибиён, пиру устодон ва хешу ақрабоён, аз ҳафт пушт то ҳафтод пушташонро тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат кунад. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимии.

Тиловати Қур-он, ҳаловати имон, хушнудии Холиқи Раҳмон, камоли кӯдакон, бақои пиру ҷавон, сиҳҳату саломатии мусофирони аҳли ислом. Парвардигоро, бирасон савобу       самараҳои                  оятҳои               тиловатшудаи                           Қур-они

азимушшаъиро ба Ҳазрати Одами Сафийюллоҳ, ба Нӯҳи Набийгюллоҳ,   ба Шиси Набишоллоҳ, ба Иброҳими

Халилуллоҳ,       ба      Мӯсои       Калимуллоҳ, ба Довуди

Халифатуллоҳ, хусусан ба рӯҳи пурфутӯҳи Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва олу асҳобу хонаводаашон. Ҳафт қорӣ, чаҳордаҳ ровӣ, даҳ ёри биҳиштй, нӯҳ ҷуфти пок, азвоҷи мутаҳҳирот, саҳобагони кибор, табаъа тобиъин, ҷамеьи муҷтаҳидин, Имоми Аъзами кӯфиву сӯфй ва раҳматуллоҳи ъалайҳ. Хусусан шаҳидону

гарибону бекасон, шаҳидони дашти Карбало, пирони тариқаи нақшбандия, пирони тариқаи қодирия, хусусан падарону модарон ва бобоёну бибиён, фарзандону хешону ақрабоён, гузаштагони ин манзилу макон, гузаштагони ин ҷамоати муслимин на устодони илму касб. Ва саллаллоҳу гаьоло муҳаммадин ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи тайибина ваг- гоҳирин. Парвардигоро, биёмурз тамоми уммати ҳабибатро ба рахмати файзбори худ, зеро ки дарёи раҳмати ту беноён асг. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.