Сураи ТАВБА бо тарчумаи точики

Сураи ТАВБА1

1. Худову паёмбараш безоранд аз мушриконе, ки бо онҳо паймон бастаед.

2. Пас чаҳор моҳ ба шумо2 мӯҳлат дода шуд, ки дар ин сарзамин сайр кунед ва бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт ва ӯст, ки кофиронро расво месозад!

3. Дар рӯзи ҳаҷҷи бузург3 аз ҷониби Худову паёмбараш ба мардум эълон мешавад, ки Худову паёмбараш аз мушрикон безоранд. Пас агар тавба кунед, бароятон беҳтар аст. Вале  агар сарпечӣ кунед, бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт. Ва кофиронро ба азобе дардовар хабар деҳ.

4. Магар он гурӯҳ аз мушрикон, ки бо онҳо паймон бастаед ва дар паймони худ камбудие наёвардаанд ва бо ҳеҷ кас бар зидди шумо ҳамдаст нашудаанд. Бо инҳо ба паймони хеш то поёни муддаташ вафо кунед, зеро Худо парҳезгоронро дӯст дорад!

5. Ва чун моҳҳои ҳаром4  ба поён расид, ҳар ҷо, ки мушриконро ёфтед, бикушед ва бигиреду ба ҳабс афканед ва дар ҳама ҷо дар каминашон нишинед. Аммо агар тавба карданд ва намоз хонданд ва закот доданд, аз онҳо даст бардоред, зеро Худо омурзандаву меҳрубон аст!

6. Ва ҳар гоҳ яке аз мушрикон ба ту паноҳ овард, паноҳаш деҳ, то каломи Худоро (қуръонро) бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, зеро инҳо мардуме нодонанд.

7.Чӣ гуна мушриконро бо Худо ва паёмбари ӯ паймоне бошад? Магар онҳое, ки назди Масҷиду-л-ҳаром бо онҳо паймон бастед, агар бар сари паймонашон истоданд, бар сари паймонатон биистед. Худо парҳезгоронро дӯст дорад!

8.Чӣ гуна паймоне бошад, ки агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ  аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд. Бо забон хушнудатон месозанд ва дар дил сар мепечанд ва бештарин исёнгаронанд.

9.Оёти Худоро ба баҳои андак фурӯхтанд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва бадкорӣ карданд.

10.Аҳду савганд ва хешовандии ҳеҷ мӯъминеро риоят намекунанд ва мардуме таҷовузкоранд.

11.Пас агар тавба карданд ва намоз ба ҷой оварданд ва закот доданд, бародарони динии шумо ҳастанд. Мо оёти Худоро барои мардуме, ки аз доноӣ бархӯрдоранд, баён мекунем.

12.Агар пас аз бастани паймон савгандҳои худ шикастанд ва дар дини шумо таън заданд, бо пешвоёни куфр қитол кунед, ки онҳоро расми савганд нигоҳ доштан нест. Бошад, ки аз кирдори худ бозистанд.

13.Оё ба мардуме, ки савганди худро шикастанд ва оҳанги бадарғаи паёмбар карданд ва онҳо бар зидди шумо аввалин шуда душманӣ (азият, озор ва таъаддӣ) оғоз карданд, намеҷангед? Оё аз онҳо метарсед ва ҳол он ки агар имон оварда бошед, сазовортар аст, ки аз Худо битарседу бас.

14.Бо онҳо биҷангед. Худо ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад ва дилҳои мӯъминонро шифо мебахшад,

15.ва кина аз дилҳояшон дур кунад ва Худо тавбаи ҳар киро, ки бихоҳад, мепазирад. Ва Худост донову ҳаким!

16.  Оё пиндоштаед, ки шуморо ба ҳоли худ вомегузоранд, бе он ки Худо касоне аз шуморо, ки ҷиҳод мекунанд ва ҷуз Худову паёмбараш ва мӯъминонро ба ҳамрозӣ (маҳрами асрор) намегиранд, маълум дорад? Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!

17.Мушриконро лоиқ нест, ки дар ҳоле, ки ба куфри худ иқрор мекунанд, масҷидҳои Худоро иморат кунанд5. Аъмоли онҳо ночиз шуда ва дар оташ ҷовидонанд!

18.Масҷидҳои Худоро касоне ободон мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ҷуз аз Худо наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд!

19.Оё об додан ба ҳоҷиён ва сохтани Масҷидулҳаромро бо кардаи касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Худо ҷиҳод карда, баробар медонед? Назди Худо баробар нестанд ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!

20.Онон, ки имон оварданд ва муҳоҷират карданд ва дар роҳи Худо бо молу ҷони хеш ҷиҳод карданд, дар назди Худо дараҷоте азимтар доранд ва комёфтагонанд.

5. Иморат кардани масҷид, яъне ибодат кардан дар он.

21.Парвардигорашон ба раҳмату хушнудии худ ва ба биҳиште, ки дар он неъматҳои ҷовид бошад, хушхабарашон медиҳад.

22. Дар он биҳишт ҷовидон бимонанд. Зеро аҷру музди бузург дар назди Худованд аст!

23. Эй касоне, ки имон овардаед, агар падарону бародаронатон дӯст доранд, ки куфрро ба ҷои имон интихоб кунанд, онҳоро дӯст магиред ва ҳар кас аз шумо дӯсташон бидорад, аз ситамкорон хоҳад буд.

24.Бигӯ: «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатону амволе, ки касб кардаед ва тиҷорате, ки аз касоди он бим доред ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, барои шумо  аз Худову паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи ӯ маҳбубтар аст, мунтазир бошед, то Худо фармони хеш биёварад». Ва Худо нофармононро  ҳидоят нахоҳад кард!

25. Худо шуморо дар бисёре аз ҷойҳо  ёрӣ кард. Ва низ дар рӯзи Ҳунайн5 он гоҳ, ки фузунии лашкаратон шуморо ба шигифт оварда буд, вале барои шумо суде надошт ва замин бо ҳамаи фарохияш бар шумо танг шуд ва бозгаштед ва ба душман пушт кардед.

26.Сипас,  Худо оромиши хешро бар паёмбараш ва бар мӯъминон нозил кард ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед, фурӯ фиристод ва кофиронро азоб кард ва ин аст ҷазои кофирон.

27.Аз он пас Худо тавбаи ҳар касро, ки бихоҳад, мепазирад, ки омурзанда ва меҳрубон аст!

28.Эй касоне, ки имон овардаед, мушрикон палиданд ва аз соли баъд  аз ин сол набояд ба Масҷиду-л-ҳаром наздик шаванд. Ва агар аз бенавоӣ метарсед, Худо агар бихоҳад, ба фазли хеш тавонгаратон хоҳад кард. Зеро Худо донову ҳаким аст!

29.Бо касоне ки аз аҳли Китоб, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд ва чизҳоеро, ки Худову паёмбараш ҳаром кардааст, бар худ ҳаром намекунанд ва дини ҳақро намепазиранд, ҷанг кунед, то он гоҳ ки ба дасти худ,  дар айни хорӣ  ҷизя  бидиҳанд (ба ғайри ин ки касеро вакил кунанд).

30.Яҳуд гуфтанд, ки Узайр писари Худост ва насоро гуфтанд, ки Исо писари Худост. Ин суханест, ки асл надорад, монанди гуфтори касонест, ки пеш аз ин кофир буданд. Худо нобудашон кунад. Пас чӣ гуна аз ҳақ баргардонида мешаванд?

31.Олимону обидони хеш ва Масеҳ писари Марямро ба ҷои Аллоҳ ба худоӣ гирифтанд ва ҳол он, ки маъмур буданд, ки танҳо як худоро бипарастанд, ки ҳеҷ худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Пок аст аз он чӣ шарикаш месозанд!

32. Мехоҳанд нури Худоро (дини Худо, яъне Ислом)  бо даҳони худ (бо суханони дурӯғ ва шубҳаҳояшон) хомӯш кунанд ва Худо намехоҳад магар ба камол расонидани нури худро . Ҳарчанд кофиронро хуш наёяд.

33.   ӯ касест, ки паёмбари худро барои ҳидояти мардум фиристод бо дине дурусту барҳақ, то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро хуш наёяд.

34.  Эй касоне, ки имон овардаед, бисёре аз олимону обидон амволи   мардумро ношоиста  мехӯранд ва дигаронро аз роҳи Худо  бозмедоранд. Ва касонеро, ки тиллову нуқра захира мекунанд ва дар роҳи Худо харҷаш намекунанд, ба азобе дардовар хабар деҳ,

35.рӯзе, ки дар оташи ҷаҳаннам гудохта шавад ва пешониву паҳлӯ ва  пушташонро бо он доғ кунанд. Ин аст он чизе, ки барои худ андӯхта будед. Ҳоло таъми андӯхтаи хешро бичашед!

36.Шумораи моҳҳо дар ҳукм ва тақдири Худо, дар китоби Худо- аз он рӯз, ки осмонҳову заминро биёфарида, -дувоздаҳ аст. Чаҳор моҳ7 моҳҳои ҳароманд. Ин аст шеваи дуруст. Дар он моҳҳо бар хештан ситам макунед (аз фармони Худо сар мепечед). Ва ҳамчунон, ки мушрикон ҳамагӣ ба ҷанги шумо бархостанд, ҳамагӣ ба ҷанги онҳо бархезед. Ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст!

7. Муҳаррам, раҷаб, зулқаъда ва зулҳиҷҷа.

37.Ба таъхирандохтани моҳҳои ҳаром афзунӣ дар куфр аст8 ва мӯҷиби гумроҳии кофирон. Онон як сол он моҳро ҳалол мешуморанд ва як сол ҳаром, то бо он шумор, ки Худо ҳаром кардааст, тавофуқ ёбанд, пас он чиро, ки Худо ҳаром карда, ҳалол мешуморанд, кирдори нописандашон дар назарашон ороста гардида ва Худо кофиронро ҳидоят намекунад!

38.Эй касоне, ки имон овардаед, чист, ки чун ба шумо гӯянд, ки дар роҳи Худо шитобон берун оед, гарону беҳавсала ба сӯйи замин майл мекунед? Оё ба ҷои зиндагии ухравӣ ба зиндагии дунё розӣ шудаед? Матоъи ин дунё дар баробари матоъи охират ҷуз андаке нест.

39.Агар ба ҷанг ҷамъ нашавед, Худо шуморо ба шиканҷае дарднок азоб мекунад ва қавми дигареро ба ҷои шумо бармегузинад ва ба Худо низ зиёне намерасонед, ки Худо бар ҳар коре тавоност!

40.Агар шумо ёриаш накунед, он гоҳ, ки кофирон берунаш карданд, Худо ёриаш кард. Яке аз он ду ба ҳангоме, ки дар ғор буданд, ба рафиқаш мегуфт: «Андӯҳгин мабош, Худо бо мост!». Худо ба дилаш оромиш бахшид ва бо лашкарҳое, ки шумо онро намедидед, қувваташ дод. Ва каломи кофиронро паст гардонид, зеро каломи Худо  болост ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

8. “Насй”, яъне ба қафо андохтани моҳҳои ҳаром ва тағйир додани мавзеъи онҳост, мисли моҳи муҳаррамро сафар месохтанд ва сафарро муҳаррам ва ҷанги худро давом медоданд. Вақте ки Ислом зуҳӯр кард ин кори онҳоро зиёдаравӣ дар куфр донист.

41.Ба ҷанг шитобон биравед, хоҳ бар шумо осон бошад, хоҳ душвор ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кунед. Агар бидонед, хайри шумо дар ин аст!

42.Агар матоъе даст ёфтанӣ бувад ё сафаре бувад на чандон дароз, аз пайи ту меомаданд, вале акнун, ки роҳ дароз шудааст, паймуданашро душвор меҳисобанд. Ва ба Худо қасам мехӯранд, ки агар метавонистем, ҳамроҳи шумо  берун меомадем. Инҳо тан ба ҳалокат месупоранд (бо он савганди дурӯғашон). Худо медонад, ки дурӯғ мегӯянд.

43.  Худоят афв кунад, Чаро ба онон рухсати мондан додӣ? Мебоист онҳо, ки рост мегуфтанд, ошкор шаванд ва ту дурӯғгӯёнро ҳам бишносӣ.

44.Онон, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, ҳаргиз барои ҷиҳод кардан бо молу ҷонашон аз  ту рухсат намехоҳанд ва Худо парҳезгоронро мешиносад!

45.Касоне, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва дилҳояшонро шак фаро гирифтааст ва ин шак онҳоро ба ҳайронӣ афкандааст, аз ту рухсат мехоҳанд.

46.Агар мехостанд, ки ба ҷанг берун шаванд, барои хеш асбоби сафар омода карда буданд, вале Худо  сафарбар шудани ононро нохуш дошт ва аз ҷангашон боздошт (бо заиф кардани хоҳиш ва рағбаташон ба ҷанг) ва ба онҳо гуфта шуд, ки ҳамроҳи касоне, ки бояд дар хона бинишинанд, дар хона бинишинед.

47.Агар бо шумо ба ҷанг берун омада буданд, чизе ҷуз фасод миёни шумо намеафзуданд ва албатта маркаб метохтанд (кӯшиш мекарданд, ки дар байни шумо фасод ва фитна ангезанд) миёни шумо фитнаҷуён дар ҳаққи шумо. Ва дар миёни шумо суханчинонест барои онҳо. Ва Худо ба ситамкорон огоҳ аст!

48.Пеш аз ин ҳам фитнагарӣ мекарданд ва корҳоро барои ту вожгуна  ҷилва медоданд (яъне, кӯшиш мекарданд, ки ба ҳар роҳ аз пешрафти динат пешгирӣ кунанд) то он гоҳ, ки ҳақ ғолиб омад ва фармони Худованд ошкор шуд, дар ҳоле, ки аз он нописандӣ (нохушнудӣ) доштанд.

49.Баъзе аз онҳо мегӯянд: «Маро рухсат деҳ (боқӣ мондан дар Мадинаро) ва ба гуноҳ маяндоз»9. Огоҳ бош, ки инон худ дар гуноҳ афтодаанд ва ҷаҳаннам бар кофирон иҳота дорад.

50.Агар хайре ба ту расад, андӯҳгинашон созад ва агар ба ту мусибате расад, мегӯянд: «Мо чораи кори хеш пеш аз ин андешидаем». Он гоҳ шодмон бозмегарданд.

51.Бигӯ: «Мусибате ҷуз он чӣ Худо барои мо муқаррар кардааст, ба мо нахоҳад расид. ӯ мавлои мост ва мӯъминон бар Худо таваккул мекунанд».

52.Бигӯ:«Оё ҷуз яке аз он ду некӣ10  чизи дигареро барои  мо интизорӣ доред? Вале мо мунтазирем, ки азоби Худо ё аз ҷониби ӯ ё ба дасти мо ба шумо бирасад. Пас шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем».

53.Бигӯ: «Худо аз шумо намепазирад, чӣ аз рӯи ризо харҷ кунед11  чӣ аз рӯи норизоӣ, ҳаройна шумо қавми фосиқ (нофармон ва саркаш) ҳастед».

54.Ҳеҷ чиз монеъи қабули харҷҳояшон нашуда, магар он ки ба Худову паёмбараш имон надоранд ва бо бемайлӣ ба намоз ҳозир мешаванд ва ба норизоӣ инфоқ мекунанд.

55.Дороиву фарзандонашон туро ба ҳайрат наяфканад. Ҷуз ин нест, ки Худо мехоҳад бо онҳо дар ин дунё азобашон кунад ва дар ҳоле, ки ҳанӯз кофиранд, ҷонашон барояд.

56.Ба Худо савганд мехӯранд, ки аз шумоянд ва ҳол он ки аз шумо нестанд, инҳо аз шумо бимноканд.

57.Агар паноҳгоҳ ё ғор ё ниҳонгоҳе меёфтанд, шитобон ба он ҷо рӯй меоварданд.

58.Баъзе аз онҳо туро дар тақсими садақот ба зулм айб мегиранд, агар ба онҳо ато кунанд, хушнуд мешаванд ва агар ато накунанд, хашм мегиранд.

59.Чӣ мешавад, агар ба он чӣ Худову паёмбараш ба онон ато мекунад, хушнуд бошанд ва бигӯянд: «Худо моро басанда аст ва Худову паёмбараш моро аз фазли хеш бенасиб нахоҳанд гузошт ва мо ба Худо рағбат меварзем.»

60.Садақот (закот),  барои фақирон асту мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он. Ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагону қарздорон ва харҷ дар роҳи Худо ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он фаризаест аз ҷониби Худо. Ва Худо донову ҳаким аст!

61.Баъзе аз онҳо паёмбарро озор медиҳанду мегӯянд, ки ӯ ба сухани ҳар кас гӯш медиҳад (суханрав аст). Бигӯ: «ӯ барои шумо шунавандаи сухани хайр аст. Ба Худо имон дорад ва мӯъминонро бовар дорад ва раҳматест барои онҳое, ки аз миёни шумо имон овардаанд. Ва онон, ки Расули Худоро биёзоранд, ба шиканҷае дардовар гирифтор хоҳанд шуд.

62.Дар баробари шумо ба Худо савганд мехӯранд, то хушнудатон созанд ва ҳол он ки агар имон овардаанд, шоистатар аст, ки Худову расулашро хушнуд созанд.

63.Оё намедонанд, ки ҳар кас, ки ба Худову паёмбараш мухолифат мекунад, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳад буд ва ин расвоии бузургест?

64.Мунофиқон метарсанд, ки мабодо аз осмон дар бораи онҳо сурае нозил шавад ва аз он чӣ дар дил пинҳон кардаанд, бохабарашон созад. Бигӯ:  “ҳар қадар мехоҳед масхара кунед, ки Худо он чиро, ки аз он метарсед, ошкор хоҳад сохт».

65.Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ мекардед? Мегӯянд: «Мо бо ҳам ҳарф мезадем ва бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё Худо ва оёти ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед?»

66Узр маёваред. Пас аз имон кофир шудаед. Агар аз тақсири гурӯҳе аз шумо бигзарем, гурӯҳи дигарро, ки гунаҳкор будаанд, азоб хоҳем кард.

67.Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ҳама монанди якдигаранд. Ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз корҳои нек манъ мекунанд ва мушти худро аз харҷ дар роҳи Худо мебанданд. Худоро фаромӯш кардаанд12. Худо низ онҳоро фаромӯш кардааст (раҳматашро аз онҳо бурида ва ҳидояташро аз онҳо дареғ доштааст),  зеро мунофиқон фармоннопазир ҳастанд.

68.Худо бар мардони мунофиқу занони мунофиқ ва кофирон ваъдаи оташи ҷаҳаннам додааст. Дар он ҷовидонаанд. Ҳамин барояшон бас аст. Лаънати Худо бар онҳо бод ва ба азобе пойдор гирифтор хоҳанд шуд.

12. Мунофиқон тоъату зикри Худоро тарк карданд Худованд (ҷ) онҳоро тарк кард ва онҳоро аз ҳидоят ёфтан маҳрум сохт ва аз раҳматаш бенасиб гардиданд

69.Монанди касоне, ки пеш аз шумо буданд, бо нерӯи бештар ва дороиву фарзандони бештар. Онҳо  аз насиби хеш баҳраманд шуданд (дар дунё). Шумо низ аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон, ки касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд (дар дунё). Шумо суханони нописанд гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани нописанд мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд.

70. Оё хабари касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Оду Самуд ва қавми Иброҳиму асҳоби Мадяну (қавми Шуъайб) муътакифотро13 нашунидаанд, ки паёмбаронашон бо нишонаҳои ошкор ба сӯяшон омаданд. Худо ба онҳо ситам намекард, онон худ бар худ ситам мекарданд!

71.Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоиста бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст!

72.Худо бар мардони мӯъмин ва занони мӯъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷӯйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ хонаҳое некӯ дар  биҳишти ҷовид. Ва хушнудии  Худо аз ҳама бартар аст. Ин аст комёбии бузург (яъне, ноил шудан ба биҳишт ва неъматҳои он ва розигии Худованд)!

73.Эй паёмбар, (бо олоти ҷангӣ)  бо кофирону (бо забон) бо мунофиқон  биҷанг ва бо  онон ба шиддат рафтор кун, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки бад саранҷомест!

74.Ба Худо савганд мехӯранд,  ки нагуфтаанд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки Ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва қасдкорӣ карданд, аммо ба он ноил нашуданд (қасди шикаст ва зарар ба паёмбарро доштанд).  Инкор ва айбҷӯи накарданд, магар ин ки Худову паёмбараш аз ғаниматҳо бениёзашон карданд. Пас, агар тавба кунанд, хайрашон дар он аст ва агар рӯй гардонанд, Худо ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд ва на мададгоре!

75.Баъзе аз онҳо бо Худо паймон бастанд, ки аз фазли худ моле насибамон кунад, закот медиҳем ва дар зумраи солеҳон дармеоем.

76.Чун Худо аз фазли худ моле насибашон кард, бухл варзиданд, сарпечӣ карданд ва рӯй гардонданд.

77.Ва аз он пас, то рӯзе, ки ҳамроҳ бо он хилофи ваъдаи бо Худо ва он дурӯғҳо, ки мегуфтанд, бо ӯ мулоқот мекунанд, нифоқро дар дилҳояшон падидор ва пойдор  сохт.

78.Оё намедонанд, ки Худо рози дили онҳоро медонад ва аз зери лаб сухан карданашон огоҳ аст? Зеро ӯст, ки донои ниҳонҳост.

79.Худованд ба масхара мегирад касонеро, ки бар мӯъминоне, ки ба рағбат садақа медиҳанд ва беш аз тавоноии хеш чизе намеёбанд, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд. Ва онҳоро азобе дардовар аст14.

14. Ба сабаби ин ки онҳо аз мӯъминон тамасхур карданд, Худованд низ тамасхурашон кард.

80.Мехоҳӣ  барояшон омурзиш бихоҳ, мехоҳӣ омурзиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор ҳам барояшон омурзиш бихоҳӣ, Худояшон нахоҳад омурзид, зеро ба Худову паёмбараш имон надоранд ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!

81.Онон, ки дар хона нишастаанд ва аз ҳамроҳӣ бо расули Худо хилоф варзидаанд, хушҳоланд. Ҷиҳод бо молу ҷони хешро дар роҳи Худо нохуш шумурданду гуфтанд: «Дар ҳавои гарм ба ҷанг наравед!» Агар мефаҳманд, бигӯ: «Гармои оташи ҷаҳаннам бештар аст!»

82.Ба сазои  аъмоле, ки анҷом додаанд, бояд, ки андак биханданд ва фаровон бигирянд!

83.Агар Худо туро аз ҷанг бозгардонид ва бо гурӯҳе аз онҳо дидор кардӣ ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар  берун оянд, бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас акнун ҳам бо онон, ки аз фармон сарпечӣ кардаанд,  дар хона бимонед!»

84.Чун бимиранд, бар ҳеҷ як аз онон намоз макун ва бар сари қабрашон маист. Инҳо ба Худо ва расулаш кофир шудаанд ва нофармон мурдаанд!

85.Амволу авлодашон ба ҳайратат наяфкананд, Худо мехоҳад ба сабаби онҳо дар дунё азобашон кунад ва дар айни куфр ҷон бисупоранд.

86.Чун сурае нозил шуд, ки ба Худо имон биёваред ва бо паёмбараш ба ҷанг биравед, тавонгаронашон аз ту рухсат хостанду гуфтанд: «Моро бигзор, то бо онҳое, ки бояд дар хона нишинанд, дар хона бинишинем!»

87. Ба он розӣ шудаанд, ки ҳамроҳи бозмондагон (занони хонанишин, кӯдакон ва пирони барҷомонда) дар хона  бимонанд,  бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуда ва намефаҳманд.

88. Вале паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон оварданд, бо молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, ки наҷотёфтагонанд!

89. Худо барояшон биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо дар он равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд, омода кардааст. Ин аст наҷоти бузург!

90. Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин омаданд ва узр оварданд, то онҳоро рухсат диҳанд, ки ба ҷанг нараванд ва онҳое, ки  ба Худову паёмбараш дурӯғ гуфта буданд, дар хона нишастаанд. Ба зудӣ ба кофиронашон азобе дардовар хоҳад расид!

91. Бар нотавонону беморон ва онон, ки маводи ҷангии хеш намеёбанд, ҳар гоҳ дар амал барои Худову паёмбараш ихлос варзанд, гуноҳе нест, агар ба ҷанг наёянд, ки бар некӯкорон ҳеҷ гуна  итобе нест  ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

92.   Ва низ бар онон, ки назди ту омаданд, то маркаб барои набардашон диҳӣ ва ту гуфтӣ, ки маркабе надорам ва онҳо барои харҷ кардан ҳеҷ наёфтанд ва ашкрезону маҳзун бозгаштанд, гуноҳе нест.

93.  Хашму азоби Худо бар касонест, ки дар айни тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва ба он хушнуданд, ки ҳамроҳи бозмондагон (занони хонанишин, кӯдакон ва пирони барҷомонда)  дар хона бимонанд. Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст онҳо намедонанд.

94. Чун шумо ба наздашон бозгардед, меоянду узр меоваранд. Бигӯ: «Узр маёваред, гуфторатонро бовар надорем, ки Худо моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст. Ба зудӣ Худову паёмбараш ба аъмоли  шумо хоҳанд расид. Он гоҳ шуморо назди он Худованде, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!»

95. Чун ба наздашон бозгардед, бароятон савганд мехӯранд, то аз хатояшон даргузаред. Аз онҳо рӯй гардонед, ки мардуме палиданд ва ба хотири аъмолашон ҷой дар ҷаҳаннам доранд!

96. Бароятон савганд мехӯранд, то аз онон хушнуд шавед. Агар шумо ҳам хушнуд шавед, Худо аз ин мардуми нофармон  хушнуд нахоҳад шуд!

97. Арабҳои бодиянишин кофиртару мунофиқтар аз дигаронанд ва ба бехабарӣ аз аҳкоме, ки Худо бар паёмбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ва Худо донову ҳаким аст!

98. Баъзе аз арабҳои бодиянишин он чиро ки харҷ мекунанд, чун зиёне мепиндоранд ва мунтазиранд, то ба шумо мусибатҳо бирасад. Мусибати бад бар худашон бод ва Худо шунавову доност!

99. Ва порае аз арабҳои бодиянишин ба Худову рӯзи қиёмат имон доранд ва он чиро, ки харҷ мекунанд, барои наздик шудан ба Худо ва ба хотири дуъои паёмбар харҷ мекунанд. Бидонед, ки ҳамин сабаби наздикияшон ба Худо хоҳад шуд ва Худо ба раҳмати хеш дохилашон хоҳад кард, зеро омурзандаву меҳрубон аст!

100. Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирин ва аҳли Мадина, ки пешқадам шуданд ва онон, ки ба некӣ аз паяшон рафтанд, Худо хушнуд аст ва эшон низ аз Худо хушнуданд. Барояшон биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург!

101. Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин, ки гирди шуморо гирифтаанд,   мунофиқанд ва гурӯҳе аз мардуми Мадина  низ дар нифоқ исрор меварзанд. Ту онҳоро намешиносӣ, мо мешиносемашон ва ду бор азобашон хоҳем кард (як бор дар дунё бо нобуд шудани молу фарзандонашон ва бори дуюм азоби қабр) ва ба азоби бузург гирифтор мешаванд.

102.  Ва гурӯҳе дигар ба гуноҳи худ эътироф карданд, ки аъмоли некӯро  бо корҳои зишт омехтанд. Шояд Худо тавбаашонро бипазирад, ҳамоно Худо омурзандаву меҳрубон аст!

103. Аз дороиҳояшон садақа биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ вамартабаашонро аз мартабаи мунофиқон баланд бардорӣ. Барояшон дуъо кун, зеро дуъои ту мояи оромиши онҳост ва Худо шунавову доност!

104. Оё ҳануз надонистаанд, ки Худост, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва садақотро меситонад ва Худост, ки тавбапазиру меҳрубон аст?

105.  Бигӯ: «Амал кунед, Худову паёмбараш ва мӯъминон аъмоли шуморо хоҳанд дид ва шумо ба назди донои ниҳону ошкоро бозгардонида мешавед ва ӯ аз аъмолатон огоҳатон хоҳад кард».

106.  Ва гурӯҳе дигар ба хости Худованд вогузошта шудаанд, ки ё азобашон мекунад ё тавбаашонро мепазирад. Ва Худо донову ҳаким аст!

107. Худо  шаҳодат медиҳад: «Онҳое, ки масҷиде месозанд, то ба мӯъминон зиён расонанд15 ва миёнашон куфру тафриқа андозанд ва то барои касоне, ки мехоҳанд бо Худову паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад, он гоҳ савганд мехӯранд, ки моро қасде ҷуз некӯкорӣ набудааст, дурӯғ мегӯянд».

108.  Ҳаргиз дар он масҷид намоз магузор. Масҷиде, ки аз рӯзи нахуст бар парҳезгорӣ бунёд шуда16, шоистатар аст, ки дар он ҷо намоз кунӣ. Дар он ҷо мардоне ҳастанд, ки дӯст доранд покиза бошанд, зеро Худо покизагонро дӯст дорад.

109.  Оё касе, ки бинои масҷидро бар тарс аз Худо  ва хушнудии ӯ  ниҳода, беҳтар аст ё он касе, ки таҳкурсии масҷидро бар канораи селгоҳе, ки об зери онро шуста бошад, ниҳодааст, то бо ӯ дар оташи ҷаҳаннам сарнагун гардад? Ва Худо мардуми ситамгарро ҳидоят намекунад.

110.  Он бино, ки баровардаанд, ҳамвора  мояи ташвиш дар дилашон хоҳад буд, то он ҳангом, ки дилашон пора-пора гардад (яъне, бимиранд). Ва Худо донову ҳаким аст!

111. Худо аз мӯъминон ҷонҳову молҳояшонро харид, то биҳишт аз онон бошад. Дар роҳи Худо ҷанг мекунанд, чӣ бикушанд ё кушта  шаванд, ваъдае, ки Худо дар  Тавроту Инҷил ва қуръон додааст, ба ҳақ бар  ӯҳдаи ӯст. Ва чӣ касе беҳтар аз Худо ба аҳди худ вафо хоҳад кард? Ба ин хариду фурӯш, ки кардаед, шод бошед, ки комёбии бузургест!

112.Тавбакунандагонанд, парастандагонанд, ситояндагонанд, рӯзадоронанд, рукӯъкунандагонанд, саҷдакунандагонанд, амркунандагон ба маъруф ва манъкунандагон аз мункаранд ва ҳофизони ҳудуди Худоянд! Ва мӯъминонро хушхабар деҳ!

113. Набояд паёмбар ва касоне, ки имон овардаанд, барои мушрикон, ҳарчанд аз хешовандон бошанд, пас аз он ки донистанд, ки ба ҷаҳаннам мераванд, талаби омурзиш кунанд.

114.  Омурзиш хостани Иброҳим барои падараш набуд, магар ба хотири ваъдае, ки ба ӯ дода буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Худост, аз ӯ безорӣ ҷуст. Зеро Иброҳим бисёр худотарсу бурдбор буд!

115.  Худо қавмеро, ки ҳидоят кардааст, гумроҳ намекунад, то барояшон равшан кунад, ки аз чӣ чиз бояд бипарҳезанд, ки Худо бар ҳар  чизе доност!

116. Фармонравоии осмонҳову замин аз они Худост! Зинда  мекунаду мемиронад ва шуморо ҷуз Худо дӯстдору ёваре нест.

117.  Худо тавбаи паёмбару муҳоҷирин ва ансорро, ки дар он соати усрат17 ҳамроҳи ӯ буданд, аз он пас, ки наздик буд, ки гурӯҳеро дил аз ҷанг бигардад, пазируфт. Тавбаашон пазируфт, зеро ба эшон рауфу (мушфиқу) меҳрубон аст!

118.  Ва низ Худо пазируфт тавбаи он се танро, ки аз ҷанг хилоф карданд,  то он гоҳ, ки замин бо ҳамаи кушодияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид ва яқин донистанд, ки ҷуз Худованд ҳеҷ паноҳгоҳе, ки ба он рӯй оваранд, надоранд. Пас Худованд тавбаи онон пазируфт, то ба ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст!

119.   Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва бо ростгӯён бошед!

120.   Аҳли Мадина ва арабҳои бодиянишини атрофи онро нарасад, ки аз ҳамроҳӣ бо паёмбари Худо қафокашӣ кунанд ва набояд, ки аз ӯ ба худ  (яъне  аз ӯ гузашта ба ҳифзи ҷони худ бошанд), пардозанд. Зеро дар роҳи Худо ҳеҷ ташнагӣ ба онҳо чира (ғолиб) нашавад ё ба ранҷ наафтанд ё ба гуруснагӣ дучор нагарданд ё қадаме, ки кофиронро хашмгин созад, барнадоранд, ё ба душман дастбурде назананд (мисли ғанимат гирифтан аз душманон), магар он ки амали солеҳе барояшон навишта шавад, ки Худо подоши некӯкоронро нобуд намесозад!

121.  Ва ҳеҷ моле, чи андаку чи бисёр, харҷ накунанд ва аз ҳеҷ водие нагузаранд, магар  он ки ба ҳисобашон навишта шавад, то Худо подошашон диҳад, чун подоши некӯтарин коре, ки мекардаанд.

122.  Ва натавонанд мӯъминон, ки ҳамагӣ ба сафар раванд (барои фаро гирифтани улуми исломӣ). Чаро аз ҳар гурӯҳе дастае ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмӯзанд ва чун бозгаштанд, мардуми худро ҳушдор диҳанд, бошад, ки аз зишткорӣ ҳазар кунанд18 .

18. Маънии дигари оят ин аст, ки шоиста нест, ки мӯъминон ҳамагӣ ба сӯй майдони набард берун бираванд. Аз ҳар гурӯҳе бархе аз онон ба корзор раванд ва бархе дигар дар Мадина ҳамроҳи расули Худо бимонанд ва илм биомӯзанд ва он илме, ки омӯхтаанд ба қавми худ  биёмӯзанд, шояд қавмашон ҳам аз нофармонии Худо (ҷ) ҳазар кунанд.

123. Эй касоне, ки имон овардаед, бо кофироне, ки наздики шумоянд, ҷанг кунед, то дар шумо шиддату дуруштӣ ёбанд ва бидонед,  ки Худо бо парҳезгорон аст!

124. Ва чун сурае нозил шавад, баъзе мепурсанд: «Ин сура ба имони кадом як аз шумо дарафзуд?» Онон, ки имон овардаанд, ба имонашон афзуда шавад ва худ шодмонӣ мекунанд.

125.  Аммо онон, ки дар дилҳояшон маразест, ҷуз шакку нифоқе бар шакку нифоқашон наяфзуд ва ҳамчунон кофир бимурданд.

126.  Оё намебинанд, ки дар ҳар сол як ё ду бор мавриди озмоиш воқеъ мешаванд? Вале на тавба мекунанд ва на панд мегиранд.

127.  Ва чун сурае нозил шавад, баъзе ба баъзе дигар нигоҳ мекунанд: «Оё касе шуморо мебинад?» Ва бозмегарданд. Худо дилҳояшонро аз имон мунсариф сохта  (баргардонда), зеро мардуме нофаҳманд!

128.  Албатта, паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристода шуд, ҳар он чӣ шуморо ранҷ медиҳад бар ӯ гарон меояд. Сахт ба шумо дилбаста аст ва бо мӯъминон мушфиқу меҳрубон аст.

129.  Агар бозгарданд (аз тоъати Худо ва расулаш), бигӯ: «Худо барои ман кофист, худое барҳақ ҷуз ӯ нест, бар ӯ таваккул кардам ва ӯст Парвардигори Арши бузург!

Забони Арабӣ

9|1|بَراءَةٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسولِهِ إِلَى الَّذينَ عٰهَدتُم مِنَ المُشرِكينَ

9|2|فَسيحوا فِى الأَرضِ أَربَعَةَ أَشهُرٍ وَاعلَموا أَنَّكُم غَيرُ مُعجِزِى اللَّهِ وَأَنَّ اللَّهَ مُخزِى الكٰفِرينَ

9|3|وَأَذٰنٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسولِهِ إِلَى النّاسِ يَومَ الحَجِّ الأَكبَرِ أَنَّ اللَّهَ بَريءٌ مِنَ المُشرِكينَ وَرَسولُهُ فَإِن تُبتُم فَهُوَ خَيرٌ لَكُم وَإِن تَوَلَّيتُم فَاعلَموا أَنَّكُم غَيرُ مُعجِزِى اللَّهِ وَبَشِّرِ الَّذينَ كَفَروا بِعَذابٍ أَليمٍ

9|4|إِلَّا الَّذينَ عٰهَدتُم مِنَ المُشرِكينَ ثُمَّ لَم يَنقُصوكُم شَيـًٔا وَلَم يُظٰهِروا عَلَيكُم أَحَدًا فَأَتِمّوا إِلَيهِم عَهدَهُم إِلىٰ مُدَّتِهِم إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ المُتَّقينَ

9|5|فَإِذَا انسَلَخَ الأَشهُرُ الحُرُمُ فَاقتُلُوا المُشرِكينَ حَيثُ وَجَدتُموهُم وَخُذوهُم وَاحصُروهُم وَاقعُدوا لَهُم كُلَّ مَرصَدٍ فَإِن تابوا وَأَقامُوا الصَّلوٰةَ وَءاتَوُا الزَّكوٰةَ فَخَلّوا سَبيلَهُم إِنَّ اللَّهَ غَفورٌ رَحيمٌ

9|6|وَإِن أَحَدٌ مِنَ المُشرِكينَ استَجارَكَ فَأَجِرهُ حَتّىٰ يَسمَعَ كَلٰمَ اللَّهِ ثُمَّ أَبلِغهُ مَأمَنَهُ ذٰلِكَ بِأَنَّهُم قَومٌ لا يَعلَمونَ

9|7|كَيفَ يَكونُ لِلمُشرِكينَ عَهدٌ عِندَ اللَّهِ وَعِندَ رَسولِهِ إِلَّا الَّذينَ عٰهَدتُم عِندَ المَسجِدِ الحَرامِ فَمَا استَقٰموا لَكُم فَاستَقيموا لَهُم إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ المُتَّقينَ

9|8|كَيفَ وَإِن يَظهَروا عَلَيكُم لا يَرقُبوا فيكُم إِلًّا وَلا ذِمَّةً يُرضونَكُم بِأَفوٰهِهِم وَتَأبىٰ قُلوبُهُم وَأَكثَرُهُم فٰسِقونَ

9|9|اشتَرَوا بِـٔايٰتِ اللَّهِ ثَمَنًا قَليلًا فَصَدّوا عَن سَبيلِهِ إِنَّهُم ساءَ ما كانوا يَعمَلونَ

9|10|لا يَرقُبونَ فى مُؤمِنٍ إِلًّا وَلا ذِمَّةً وَأُولٰئِكَ هُمُ المُعتَدونَ

9|11|فَإِن تابوا وَأَقامُوا الصَّلوٰةَ وَءاتَوُا الزَّكوٰةَ فَإِخوٰنُكُم فِى الدّينِ وَنُفَصِّلُ الءايٰتِ لِقَومٍ يَعلَمونَ

9|12|وَإِن نَكَثوا أَيمٰنَهُم مِن بَعدِ عَهدِهِم وَطَعَنوا فى دينِكُم فَقٰتِلوا أَئِمَّةَ الكُفرِ إِنَّهُم لا أَيمٰنَ لَهُم لَعَلَّهُم يَنتَهونَ

9|13|أَلا تُقٰتِلونَ قَومًا نَكَثوا أَيمٰنَهُم وَهَمّوا بِإِخراجِ الرَّسولِ وَهُم بَدَءوكُم أَوَّلَ مَرَّةٍ أَتَخشَونَهُم فَاللَّهُ أَحَقُّ أَن تَخشَوهُ إِن كُنتُم مُؤمِنينَ

9|14|قٰتِلوهُم يُعَذِّبهُمُ اللَّهُ بِأَيديكُم وَيُخزِهِم وَيَنصُركُم عَلَيهِم وَيَشفِ صُدورَ قَومٍ مُؤمِنينَ

9|15|وَيُذهِب غَيظَ قُلوبِهِم وَيَتوبُ اللَّهُ عَلىٰ مَن يَشاءُ وَاللَّهُ عَليمٌ حَكيمٌ

9|16|أَم حَسِبتُم أَن تُترَكوا وَلَمّا يَعلَمِ اللَّهُ الَّذينَ جٰهَدوا مِنكُم وَلَم يَتَّخِذوا مِن دونِ اللَّهِ وَلا رَسولِهِ وَلَا المُؤمِنينَ وَليجَةً وَاللَّهُ خَبيرٌ بِما تَعمَلونَ

9|17|ما كانَ لِلمُشرِكينَ أَن يَعمُروا مَسٰجِدَ اللَّهِ شٰهِدينَ عَلىٰ أَنفُسِهِم بِالكُفرِ أُولٰئِكَ حَبِطَت أَعمٰلُهُم وَفِى النّارِ هُم خٰلِدونَ

9|18|إِنَّما يَعمُرُ مَسٰجِدَ اللَّهِ مَن ءامَنَ بِاللَّهِ وَاليَومِ الءاخِرِ وَأَقامَ الصَّلوٰةَ وَءاتَى الزَّكوٰةَ وَلَم يَخشَ إِلَّا اللَّهَ فَعَسىٰ أُولٰئِكَ أَن يَكونوا مِنَ المُهتَدينَ

9|19|أَجَعَلتُم سِقايَةَ الحاجِّ وَعِمارَةَ المَسجِدِ الحَرامِ كَمَن ءامَنَ بِاللَّهِ وَاليَومِ الءاخِرِ وَجٰهَدَ فى سَبيلِ اللَّهِ لا يَستَوۥنَ عِندَ اللَّهِ وَاللَّهُ لا يَهدِى القَومَ الظّٰلِمينَ

9|20|الَّذينَ ءامَنوا وَهاجَروا وَجٰهَدوا فى سَبيلِ اللَّهِ بِأَموٰلِهِم وَأَنفُسِهِم أَعظَمُ دَرَجَةً عِندَ اللَّهِ وَأُولٰئِكَ هُمُ الفائِزونَ

9|21|يُبَشِّرُهُم رَبُّهُم بِرَحمَةٍ مِنهُ وَرِضوٰنٍ وَجَنّٰتٍ لَهُم فيها نَعيمٌ مُقيمٌ

9|22|خٰلِدينَ فيها أَبَدًا إِنَّ اللَّهَ عِندَهُ أَجرٌ عَظيمٌ

9|23|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا لا تَتَّخِذوا ءاباءَكُم وَإِخوٰنَكُم أَولِياءَ إِنِ استَحَبُّوا الكُفرَ عَلَى الإيمٰنِ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِنكُم فَأُولٰئِكَ هُمُ الظّٰلِمونَ

9|24|قُل إِن كانَ ءاباؤُكُم وَأَبناؤُكُم وَإِخوٰنُكُم وَأَزوٰجُكُم وَعَشيرَتُكُم وَأَموٰلٌ اقتَرَفتُموها وَتِجٰرَةٌ تَخشَونَ كَسادَها وَمَسٰكِنُ تَرضَونَها أَحَبَّ إِلَيكُم مِنَ اللَّهِ وَرَسولِهِ وَجِهادٍ فى سَبيلِهِ فَتَرَبَّصوا حَتّىٰ يَأتِىَ اللَّهُ بِأَمرِهِ وَاللَّهُ لا يَهدِى القَومَ الفٰسِقينَ

9|25|لَقَد نَصَرَكُمُ اللَّهُ فى مَواطِنَ كَثيرَةٍ وَيَومَ حُنَينٍ إِذ أَعجَبَتكُم كَثرَتُكُم فَلَم تُغنِ عَنكُم شَيـًٔا وَضاقَت عَلَيكُمُ الأَرضُ بِما رَحُبَت ثُمَّ وَلَّيتُم مُدبِرينَ

9|26|ثُمَّ أَنزَلَ اللَّهُ سَكينَتَهُ عَلىٰ رَسولِهِ وَعَلَى المُؤمِنينَ وَأَنزَلَ جُنودًا لَم تَرَوها وَعَذَّبَ الَّذينَ كَفَروا وَذٰلِكَ جَزاءُ الكٰفِرينَ

9|27|ثُمَّ يَتوبُ اللَّهُ مِن بَعدِ ذٰلِكَ عَلىٰ مَن يَشاءُ وَاللَّهُ غَفورٌ رَحيمٌ

9|28|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا إِنَّمَا المُشرِكونَ نَجَسٌ فَلا يَقرَبُوا المَسجِدَ الحَرامَ بَعدَ عامِهِم هٰذا وَإِن خِفتُم عَيلَةً فَسَوفَ يُغنيكُمُ اللَّهُ مِن فَضلِهِ إِن شاءَ إِنَّ اللَّهَ عَليمٌ حَكيمٌ

9|29|قٰتِلُوا الَّذينَ لا يُؤمِنونَ بِاللَّهِ وَلا بِاليَومِ الءاخِرِ وَلا يُحَرِّمونَ ما حَرَّمَ اللَّهُ وَرَسولُهُ وَلا يَدينونَ دينَ الحَقِّ مِنَ الَّذينَ أوتُوا الكِتٰبَ حَتّىٰ يُعطُوا الجِزيَةَ عَن يَدٍ وَهُم صٰغِرونَ

9|30|وَقالَتِ اليَهودُ عُزَيرٌ ابنُ اللَّهِ وَقالَتِ النَّصٰرَى المَسيحُ ابنُ اللَّهِ ذٰلِكَ قَولُهُم بِأَفوٰهِهِم يُضٰهِـٔونَ قَولَ الَّذينَ كَفَروا مِن قَبلُ قٰتَلَهُمُ اللَّهُ أَنّىٰ يُؤفَكونَ

9|31|اتَّخَذوا أَحبارَهُم وَرُهبٰنَهُم أَربابًا مِن دونِ اللَّهِ وَالمَسيحَ ابنَ مَريَمَ وَما أُمِروا إِلّا لِيَعبُدوا إِلٰهًا وٰحِدًا لا إِلٰهَ إِلّا هُوَ سُبحٰنَهُ عَمّا يُشرِكونَ

9|32|يُريدونَ أَن يُطفِـٔوا نورَ اللَّهِ بِأَفوٰهِهِم وَيَأبَى اللَّهُ إِلّا أَن يُتِمَّ نورَهُ وَلَو كَرِهَ الكٰفِرونَ

9|33|هُوَ الَّذى أَرسَلَ رَسولَهُ بِالهُدىٰ وَدينِ الحَقِّ لِيُظهِرَهُ عَلَى الدّينِ كُلِّهِ وَلَو كَرِهَ المُشرِكونَ

9|34|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا إِنَّ كَثيرًا مِنَ الأَحبارِ وَالرُّهبانِ لَيَأكُلونَ أَموٰلَ النّاسِ بِالبٰطِلِ وَيَصُدّونَ عَن سَبيلِ اللَّهِ وَالَّذينَ يَكنِزونَ الذَّهَبَ وَالفِضَّةَ وَلا يُنفِقونَها فى سَبيلِ اللَّهِ فَبَشِّرهُم بِعَذابٍ أَليمٍ

9|35|يَومَ يُحمىٰ عَلَيها فى نارِ جَهَنَّمَ فَتُكوىٰ بِها جِباهُهُم وَجُنوبُهُم وَظُهورُهُم هٰذا ما كَنَزتُم لِأَنفُسِكُم فَذوقوا ما كُنتُم تَكنِزونَ

9|36|إِنَّ عِدَّةَ الشُّهورِ عِندَ اللَّهِ اثنا عَشَرَ شَهرًا فى كِتٰبِ اللَّهِ يَومَ خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ مِنها أَربَعَةٌ حُرُمٌ ذٰلِكَ الدّينُ القَيِّمُ فَلا تَظلِموا فيهِنَّ أَنفُسَكُم وَقٰتِلُوا المُشرِكينَ كافَّةً كَما يُقٰتِلونَكُم كافَّةً وَاعلَموا أَنَّ اللَّهَ مَعَ المُتَّقينَ

9|37|إِنَّمَا النَّسيءُ زِيادَةٌ فِى الكُفرِ يُضَلُّ بِهِ الَّذينَ كَفَروا يُحِلّونَهُ عامًا وَيُحَرِّمونَهُ عامًا لِيُواطِـٔوا عِدَّةَ ما حَرَّمَ اللَّهُ فَيُحِلّوا ما حَرَّمَ اللَّهُ زُيِّنَ لَهُم سوءُ أَعمٰلِهِم وَاللَّهُ لا يَهدِى القَومَ الكٰفِرينَ

9|38|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا ما لَكُم إِذا قيلَ لَكُمُ انفِروا فى سَبيلِ اللَّهِ اثّاقَلتُم إِلَى الأَرضِ أَرَضيتُم بِالحَيوٰةِ الدُّنيا مِنَ الءاخِرَةِ فَما مَتٰعُ الحَيوٰةِ الدُّنيا فِى الءاخِرَةِ إِلّا قَليلٌ

9|39|إِلّا تَنفِروا يُعَذِّبكُم عَذابًا أَليمًا وَيَستَبدِل قَومًا غَيرَكُم وَلا تَضُرّوهُ شَيـًٔا وَاللَّهُ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ قَديرٌ

9|40|إِلّا تَنصُروهُ فَقَد نَصَرَهُ اللَّهُ إِذ أَخرَجَهُ الَّذينَ كَفَروا ثانِىَ اثنَينِ إِذ هُما فِى الغارِ إِذ يَقولُ لِصٰحِبِهِ لا تَحزَن إِنَّ اللَّهَ مَعَنا فَأَنزَلَ اللَّهُ سَكينَتَهُ عَلَيهِ وَأَيَّدَهُ بِجُنودٍ لَم تَرَوها وَجَعَلَ كَلِمَةَ الَّذينَ كَفَرُوا السُّفلىٰ وَكَلِمَةُ اللَّهِ هِىَ العُليا وَاللَّهُ عَزيزٌ حَكيمٌ

9|41|انفِروا خِفافًا وَثِقالًا وَجٰهِدوا بِأَموٰلِكُم وَأَنفُسِكُم فى سَبيلِ اللَّهِ ذٰلِكُم خَيرٌ لَكُم إِن كُنتُم تَعلَمونَ

9|42|لَو كانَ عَرَضًا قَريبًا وَسَفَرًا قاصِدًا لَاتَّبَعوكَ وَلٰكِن بَعُدَت عَلَيهِمُ الشُّقَّةُ وَسَيَحلِفونَ بِاللَّهِ لَوِ استَطَعنا لَخَرَجنا مَعَكُم يُهلِكونَ أَنفُسَهُم وَاللَّهُ يَعلَمُ إِنَّهُم لَكٰذِبونَ

9|43|عَفَا اللَّهُ عَنكَ لِمَ أَذِنتَ لَهُم حَتّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكَ الَّذينَ صَدَقوا وَتَعلَمَ الكٰذِبينَ

9|44|لا يَستَـٔذِنُكَ الَّذينَ يُؤمِنونَ بِاللَّهِ وَاليَومِ الءاخِرِ أَن يُجٰهِدوا بِأَموٰلِهِم وَأَنفُسِهِم وَاللَّهُ عَليمٌ بِالمُتَّقينَ

9|45|إِنَّما يَستَـٔذِنُكَ الَّذينَ لا يُؤمِنونَ بِاللَّهِ وَاليَومِ الءاخِرِ وَارتابَت قُلوبُهُم فَهُم فى رَيبِهِم يَتَرَدَّدونَ

9|46|وَلَو أَرادُوا الخُروجَ لَأَعَدّوا لَهُ عُدَّةً وَلٰكِن كَرِهَ اللَّهُ انبِعاثَهُم فَثَبَّطَهُم وَقيلَ اقعُدوا مَعَ القٰعِدينَ

9|47|لَو خَرَجوا فيكُم ما زادوكُم إِلّا خَبالًا وَلَأَوضَعوا خِلٰلَكُم يَبغونَكُمُ الفِتنَةَ وَفيكُم سَمّٰعونَ لَهُم وَاللَّهُ عَليمٌ بِالظّٰلِمينَ

9|48|لَقَدِ ابتَغَوُا الفِتنَةَ مِن قَبلُ وَقَلَّبوا لَكَ الأُمورَ حَتّىٰ جاءَ الحَقُّ وَظَهَرَ أَمرُ اللَّهِ وَهُم كٰرِهونَ

9|49|وَمِنهُم مَن يَقولُ ائذَن لى وَلا تَفتِنّى أَلا فِى الفِتنَةِ سَقَطوا وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحيطَةٌ بِالكٰفِرينَ

9|50|إِن تُصِبكَ حَسَنَةٌ تَسُؤهُم وَإِن تُصِبكَ مُصيبَةٌ يَقولوا قَد أَخَذنا أَمرَنا مِن قَبلُ وَيَتَوَلَّوا وَهُم فَرِحونَ

9|51|قُل لَن يُصيبَنا إِلّا ما كَتَبَ اللَّهُ لَنا هُوَ مَولىٰنا وَعَلَى اللَّهِ فَليَتَوَكَّلِ المُؤمِنونَ

9|52|قُل هَل تَرَبَّصونَ بِنا إِلّا إِحدَى الحُسنَيَينِ وَنَحنُ نَتَرَبَّصُ بِكُم أَن يُصيبَكُمُ اللَّهُ بِعَذابٍ مِن عِندِهِ أَو بِأَيدينا فَتَرَبَّصوا إِنّا مَعَكُم مُتَرَبِّصونَ

9|53|قُل أَنفِقوا طَوعًا أَو كَرهًا لَن يُتَقَبَّلَ مِنكُم إِنَّكُم كُنتُم قَومًا فٰسِقينَ

9|54|وَما مَنَعَهُم أَن تُقبَلَ مِنهُم نَفَقٰتُهُم إِلّا أَنَّهُم كَفَروا بِاللَّهِ وَبِرَسولِهِ وَلا يَأتونَ الصَّلوٰةَ إِلّا وَهُم كُسالىٰ وَلا يُنفِقونَ إِلّا وَهُم كٰرِهونَ

9|55|فَلا تُعجِبكَ أَموٰلُهُم وَلا أَولٰدُهُم إِنَّما يُريدُ اللَّهُ لِيُعَذِّبَهُم بِها فِى الحَيوٰةِ الدُّنيا وَتَزهَقَ أَنفُسُهُم وَهُم كٰفِرونَ

9|56|وَيَحلِفونَ بِاللَّهِ إِنَّهُم لَمِنكُم وَما هُم مِنكُم وَلٰكِنَّهُم قَومٌ يَفرَقونَ

9|57|لَو يَجِدونَ مَلجَـًٔا أَو مَغٰرٰتٍ أَو مُدَّخَلًا لَوَلَّوا إِلَيهِ وَهُم يَجمَحونَ

9|58|وَمِنهُم مَن يَلمِزُكَ فِى الصَّدَقٰتِ فَإِن أُعطوا مِنها رَضوا وَإِن لَم يُعطَوا مِنها إِذا هُم يَسخَطونَ

9|59|وَلَو أَنَّهُم رَضوا ما ءاتىٰهُمُ اللَّهُ وَرَسولُهُ وَقالوا حَسبُنَا اللَّهُ سَيُؤتينَا اللَّهُ مِن فَضلِهِ وَرَسولُهُ إِنّا إِلَى اللَّهِ رٰغِبونَ

9|60|إِنَّمَا الصَّدَقٰتُ لِلفُقَراءِ وَالمَسٰكينِ وَالعٰمِلينَ عَلَيها وَالمُؤَلَّفَةِ قُلوبُهُم وَفِى الرِّقابِ وَالغٰرِمينَ وَفى سَبيلِ اللَّهِ وَابنِ السَّبيلِ فَريضَةً مِنَ اللَّهِ وَاللَّهُ عَليمٌ حَكيمٌ

9|61|وَمِنهُمُ الَّذينَ يُؤذونَ النَّبِىَّ وَيَقولونَ هُوَ أُذُنٌ قُل أُذُنُ خَيرٍ لَكُم يُؤمِنُ بِاللَّهِ وَيُؤمِنُ لِلمُؤمِنينَ وَرَحمَةٌ لِلَّذينَ ءامَنوا مِنكُم وَالَّذينَ يُؤذونَ رَسولَ اللَّهِ لَهُم عَذابٌ أَليمٌ

9|62|يَحلِفونَ بِاللَّهِ لَكُم لِيُرضوكُم وَاللَّهُ وَرَسولُهُ أَحَقُّ أَن يُرضوهُ إِن كانوا مُؤمِنينَ

9|63|أَلَم يَعلَموا أَنَّهُ مَن يُحادِدِ اللَّهَ وَرَسولَهُ فَأَنَّ لَهُ نارَ جَهَنَّمَ خٰلِدًا فيها ذٰلِكَ الخِزىُ العَظيمُ

9|64|يَحذَرُ المُنٰفِقونَ أَن تُنَزَّلَ عَلَيهِم سورَةٌ تُنَبِّئُهُم بِما فى قُلوبِهِم قُلِ استَهزِءوا إِنَّ اللَّهَ مُخرِجٌ ما تَحذَرونَ

9|65|وَلَئِن سَأَلتَهُم لَيَقولُنَّ إِنَّما كُنّا نَخوضُ وَنَلعَبُ قُل أَبِاللَّهِ وَءايٰتِهِ وَرَسولِهِ كُنتُم تَستَهزِءونَ

9|66|لا تَعتَذِروا قَد كَفَرتُم بَعدَ إيمٰنِكُم إِن نَعفُ عَن طائِفَةٍ مِنكُم نُعَذِّب طائِفَةً بِأَنَّهُم كانوا مُجرِمينَ

9|67|المُنٰفِقونَ وَالمُنٰفِقٰتُ بَعضُهُم مِن بَعضٍ يَأمُرونَ بِالمُنكَرِ وَيَنهَونَ عَنِ المَعروفِ وَيَقبِضونَ أَيدِيَهُم نَسُوا اللَّهَ فَنَسِيَهُم إِنَّ المُنٰفِقينَ هُمُ الفٰسِقونَ

9|68|وَعَدَ اللَّهُ المُنٰفِقينَ وَالمُنٰفِقٰتِ وَالكُفّارَ نارَ جَهَنَّمَ خٰلِدينَ فيها هِىَ حَسبُهُم وَلَعَنَهُمُ اللَّهُ وَلَهُم عَذابٌ مُقيمٌ

9|69|كَالَّذينَ مِن قَبلِكُم كانوا أَشَدَّ مِنكُم قُوَّةً وَأَكثَرَ أَموٰلًا وَأَولٰدًا فَاستَمتَعوا بِخَلٰقِهِم فَاستَمتَعتُم بِخَلٰقِكُم كَمَا استَمتَعَ الَّذينَ مِن قَبلِكُم بِخَلٰقِهِم وَخُضتُم كَالَّذى خاضوا أُولٰئِكَ حَبِطَت أَعمٰلُهُم فِى الدُّنيا وَالءاخِرَةِ وَأُولٰئِكَ هُمُ الخٰسِرونَ

9|70|أَلَم يَأتِهِم نَبَأُ الَّذينَ مِن قَبلِهِم قَومِ نوحٍ وَعادٍ وَثَمودَ وَقَومِ إِبرٰهيمَ وَأَصحٰبِ مَديَنَ وَالمُؤتَفِكٰتِ أَتَتهُم رُسُلُهُم بِالبَيِّنٰتِ فَما كانَ اللَّهُ لِيَظلِمَهُم وَلٰكِن كانوا أَنفُسَهُم يَظلِمونَ

9|71|وَالمُؤمِنونَ وَالمُؤمِنٰتُ بَعضُهُم أَولِياءُ بَعضٍ يَأمُرونَ بِالمَعروفِ وَيَنهَونَ عَنِ المُنكَرِ وَيُقيمونَ الصَّلوٰةَ وَيُؤتونَ الزَّكوٰةَ وَيُطيعونَ اللَّهَ وَرَسولَهُ أُولٰئِكَ سَيَرحَمُهُمُ اللَّهُ إِنَّ اللَّهَ عَزيزٌ حَكيمٌ

9|72|وَعَدَ اللَّهُ المُؤمِنينَ وَالمُؤمِنٰتِ جَنّٰتٍ تَجرى مِن تَحتِهَا الأَنهٰرُ خٰلِدينَ فيها وَمَسٰكِنَ طَيِّبَةً فى جَنّٰتِ عَدنٍ وَرِضوٰنٌ مِنَ اللَّهِ أَكبَرُ ذٰلِكَ هُوَ الفَوزُ العَظيمُ

9|73|يٰأَيُّهَا النَّبِىُّ جٰهِدِ الكُفّارَ وَالمُنٰفِقينَ وَاغلُظ عَلَيهِم وَمَأوىٰهُم جَهَنَّمُ وَبِئسَ المَصيرُ

9|74|يَحلِفونَ بِاللَّهِ ما قالوا وَلَقَد قالوا كَلِمَةَ الكُفرِ وَكَفَروا بَعدَ إِسلٰمِهِم وَهَمّوا بِما لَم يَنالوا وَما نَقَموا إِلّا أَن أَغنىٰهُمُ اللَّهُ وَرَسولُهُ مِن فَضلِهِ فَإِن يَتوبوا يَكُ خَيرًا لَهُم وَإِن يَتَوَلَّوا يُعَذِّبهُمُ اللَّهُ عَذابًا أَليمًا فِى الدُّنيا وَالءاخِرَةِ وَما لَهُم فِى الأَرضِ مِن وَلِىٍّ وَلا نَصيرٍ

9|75|وَمِنهُم مَن عٰهَدَ اللَّهَ لَئِن ءاتىٰنا مِن فَضلِهِ لَنَصَّدَّقَنَّ وَلَنَكونَنَّ مِنَ الصّٰلِحينَ

9|76|فَلَمّا ءاتىٰهُم مِن فَضلِهِ بَخِلوا بِهِ وَتَوَلَّوا وَهُم مُعرِضونَ

9|77|فَأَعقَبَهُم نِفاقًا فى قُلوبِهِم إِلىٰ يَومِ يَلقَونَهُ بِما أَخلَفُوا اللَّهَ ما وَعَدوهُ وَبِما كانوا يَكذِبونَ

9|78|أَلَم يَعلَموا أَنَّ اللَّهَ يَعلَمُ سِرَّهُم وَنَجوىٰهُم وَأَنَّ اللَّهَ عَلّٰمُ الغُيوبِ

9|79|الَّذينَ يَلمِزونَ المُطَّوِّعينَ مِنَ المُؤمِنينَ فِى الصَّدَقٰتِ وَالَّذينَ لا يَجِدونَ إِلّا جُهدَهُم فَيَسخَرونَ مِنهُم سَخِرَ اللَّهُ مِنهُم وَلَهُم عَذابٌ أَليمٌ

9|80|استَغفِر لَهُم أَو لا تَستَغفِر لَهُم إِن تَستَغفِر لَهُم سَبعينَ مَرَّةً فَلَن يَغفِرَ اللَّهُ لَهُم ذٰلِكَ بِأَنَّهُم كَفَروا بِاللَّهِ وَرَسولِهِ وَاللَّهُ لا يَهدِى القَومَ الفٰسِقينَ

9|81|فَرِحَ المُخَلَّفونَ بِمَقعَدِهِم خِلٰفَ رَسولِ اللَّهِ وَكَرِهوا أَن يُجٰهِدوا بِأَموٰلِهِم وَأَنفُسِهِم فى سَبيلِ اللَّهِ وَقالوا لا تَنفِروا فِى الحَرِّ قُل نارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرًّا لَو كانوا يَفقَهونَ

9|82|فَليَضحَكوا قَليلًا وَليَبكوا كَثيرًا جَزاءً بِما كانوا يَكسِبونَ

9|83|فَإِن رَجَعَكَ اللَّهُ إِلىٰ طائِفَةٍ مِنهُم فَاستَـٔذَنوكَ لِلخُروجِ فَقُل لَن تَخرُجوا مَعِىَ أَبَدًا وَلَن تُقٰتِلوا مَعِىَ عَدُوًّا إِنَّكُم رَضيتُم بِالقُعودِ أَوَّلَ مَرَّةٍ فَاقعُدوا مَعَ الخٰلِفينَ

9|84|وَلا تُصَلِّ عَلىٰ أَحَدٍ مِنهُم ماتَ أَبَدًا وَلا تَقُم عَلىٰ قَبرِهِ إِنَّهُم كَفَروا بِاللَّهِ وَرَسولِهِ وَماتوا وَهُم فٰسِقونَ

9|85|وَلا تُعجِبكَ أَموٰلُهُم وَأَولٰدُهُم إِنَّما يُريدُ اللَّهُ أَن يُعَذِّبَهُم بِها فِى الدُّنيا وَتَزهَقَ أَنفُسُهُم وَهُم كٰفِرونَ

9|86|وَإِذا أُنزِلَت سورَةٌ أَن ءامِنوا بِاللَّهِ وَجٰهِدوا مَعَ رَسولِهِ استَـٔذَنَكَ أُولُوا الطَّولِ مِنهُم وَقالوا ذَرنا نَكُن مَعَ القٰعِدينَ

9|87|رَضوا بِأَن يَكونوا مَعَ الخَوالِفِ وَطُبِعَ عَلىٰ قُلوبِهِم فَهُم لا يَفقَهونَ

9|88|لٰكِنِ الرَّسولُ وَالَّذينَ ءامَنوا مَعَهُ جٰهَدوا بِأَموٰلِهِم وَأَنفُسِهِم وَأُولٰئِكَ لَهُمُ الخَيرٰتُ وَأُولٰئِكَ هُمُ المُفلِحونَ

9|89|أَعَدَّ اللَّهُ لَهُم جَنّٰتٍ تَجرى مِن تَحتِهَا الأَنهٰرُ خٰلِدينَ فيها ذٰلِكَ الفَوزُ العَظيمُ

9|90|وَجاءَ المُعَذِّرونَ مِنَ الأَعرابِ لِيُؤذَنَ لَهُم وَقَعَدَ الَّذينَ كَذَبُوا اللَّهَ وَرَسولَهُ سَيُصيبُ الَّذينَ كَفَروا مِنهُم عَذابٌ أَليمٌ

9|91|لَيسَ عَلَى الضُّعَفاءِ وَلا عَلَى المَرضىٰ وَلا عَلَى الَّذينَ لا يَجِدونَ ما يُنفِقونَ حَرَجٌ إِذا نَصَحوا لِلَّهِ وَرَسولِهِ ما عَلَى المُحسِنينَ مِن سَبيلٍ وَاللَّهُ غَفورٌ رَحيمٌ

9|92|وَلا عَلَى الَّذينَ إِذا ما أَتَوكَ لِتَحمِلَهُم قُلتَ لا أَجِدُ ما أَحمِلُكُم عَلَيهِ تَوَلَّوا وَأَعيُنُهُم تَفيضُ مِنَ الدَّمعِ حَزَنًا أَلّا يَجِدوا ما يُنفِقونَ

9|93|إِنَّمَا السَّبيلُ عَلَى الَّذينَ يَستَـٔذِنونَكَ وَهُم أَغنِياءُ رَضوا بِأَن يَكونوا مَعَ الخَوالِفِ وَطَبَعَ اللَّهُ عَلىٰ قُلوبِهِم فَهُم لا يَعلَمونَ

9|94|يَعتَذِرونَ إِلَيكُم إِذا رَجَعتُم إِلَيهِم قُل لا تَعتَذِروا لَن نُؤمِنَ لَكُم قَد نَبَّأَنَا اللَّهُ مِن أَخبارِكُم وَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُم وَرَسولُهُ ثُمَّ تُرَدّونَ إِلىٰ عٰلِمِ الغَيبِ وَالشَّهٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِما كُنتُم تَعمَلونَ

9|95|سَيَحلِفونَ بِاللَّهِ لَكُم إِذَا انقَلَبتُم إِلَيهِم لِتُعرِضوا عَنهُم فَأَعرِضوا عَنهُم إِنَّهُم رِجسٌ وَمَأوىٰهُم جَهَنَّمُ جَزاءً بِما كانوا يَكسِبونَ

9|96|يَحلِفونَ لَكُم لِتَرضَوا عَنهُم فَإِن تَرضَوا عَنهُم فَإِنَّ اللَّهَ لا يَرضىٰ عَنِ القَومِ الفٰسِقينَ

9|97|الأَعرابُ أَشَدُّ كُفرًا وَنِفاقًا وَأَجدَرُ أَلّا يَعلَموا حُدودَ ما أَنزَلَ اللَّهُ عَلىٰ رَسولِهِ وَاللَّهُ عَليمٌ حَكيمٌ

9|98|وَمِنَ الأَعرابِ مَن يَتَّخِذُ ما يُنفِقُ مَغرَمًا وَيَتَرَبَّصُ بِكُمُ الدَّوائِرَ عَلَيهِم دائِرَةُ السَّوءِ وَاللَّهُ سَميعٌ عَليمٌ

9|99|وَمِنَ الأَعرابِ مَن يُؤمِنُ بِاللَّهِ وَاليَومِ الءاخِرِ وَيَتَّخِذُ ما يُنفِقُ قُرُبٰتٍ عِندَ اللَّهِ وَصَلَوٰتِ الرَّسولِ أَلا إِنَّها قُربَةٌ لَهُم سَيُدخِلُهُمُ اللَّهُ فى رَحمَتِهِ إِنَّ اللَّهَ غَفورٌ رَحيمٌ

9|100|وَالسّٰبِقونَ الأَوَّلونَ مِنَ المُهٰجِرينَ وَالأَنصارِ وَالَّذينَ اتَّبَعوهُم بِإِحسٰنٍ رَضِىَ اللَّهُ عَنهُم وَرَضوا عَنهُ وَأَعَدَّ لَهُم جَنّٰتٍ تَجرى تَحتَهَا الأَنهٰرُ خٰلِدينَ فيها أَبَدًا ذٰلِكَ الفَوزُ العَظيمُ

9|101|وَمِمَّن حَولَكُم مِنَ الأَعرابِ مُنٰفِقونَ وَمِن أَهلِ المَدينَةِ مَرَدوا عَلَى النِّفاقِ لا تَعلَمُهُم نَحنُ نَعلَمُهُم سَنُعَذِّبُهُم مَرَّتَينِ ثُمَّ يُرَدّونَ إِلىٰ عَذابٍ عَظيمٍ

9|102|وَءاخَرونَ اعتَرَفوا بِذُنوبِهِم خَلَطوا عَمَلًا صٰلِحًا وَءاخَرَ سَيِّئًا عَسَى اللَّهُ أَن يَتوبَ عَلَيهِم إِنَّ اللَّهَ غَفورٌ رَحيمٌ

9|103|خُذ مِن أَموٰلِهِم صَدَقَةً تُطَهِّرُهُم وَتُزَكّيهِم بِها وَصَلِّ عَلَيهِم إِنَّ صَلوٰتَكَ سَكَنٌ لَهُم وَاللَّهُ سَميعٌ عَليمٌ

9|104|أَلَم يَعلَموا أَنَّ اللَّهَ هُوَ يَقبَلُ التَّوبَةَ عَن عِبادِهِ وَيَأخُذُ الصَّدَقٰتِ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوّابُ الرَّحيمُ

9|105|وَقُلِ اعمَلوا فَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُم وَرَسولُهُ وَالمُؤمِنونَ وَسَتُرَدّونَ إِلىٰ عٰلِمِ الغَيبِ وَالشَّهٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِما كُنتُم تَعمَلونَ

9|106|وَءاخَرونَ مُرجَونَ لِأَمرِ اللَّهِ إِمّا يُعَذِّبُهُم وَإِمّا يَتوبُ عَلَيهِم وَاللَّهُ عَليمٌ حَكيمٌ

9|107|وَالَّذينَ اتَّخَذوا مَسجِدًا ضِرارًا وَكُفرًا وَتَفريقًا بَينَ المُؤمِنينَ وَإِرصادًا لِمَن حارَبَ اللَّهَ وَرَسولَهُ مِن قَبلُ وَلَيَحلِفُنَّ إِن أَرَدنا إِلَّا الحُسنىٰ وَاللَّهُ يَشهَدُ إِنَّهُم لَكٰذِبونَ

9|108|لا تَقُم فيهِ أَبَدًا لَمَسجِدٌ أُسِّسَ عَلَى التَّقوىٰ مِن أَوَّلِ يَومٍ أَحَقُّ أَن تَقومَ فيهِ فيهِ رِجالٌ يُحِبّونَ أَن يَتَطَهَّروا وَاللَّهُ يُحِبُّ المُطَّهِّرينَ

9|109|أَفَمَن أَسَّسَ بُنيٰنَهُ عَلىٰ تَقوىٰ مِنَ اللَّهِ وَرِضوٰنٍ خَيرٌ أَم مَن أَسَّسَ بُنيٰنَهُ عَلىٰ شَفا جُرُفٍ هارٍ فَانهارَ بِهِ فى نارِ جَهَنَّمَ وَاللَّهُ لا يَهدِى القَومَ الظّٰلِمينَ

9|110|لا يَزالُ بُنيٰنُهُمُ الَّذى بَنَوا ريبَةً فى قُلوبِهِم إِلّا أَن تَقَطَّعَ قُلوبُهُم وَاللَّهُ عَليمٌ حَكيمٌ

9|111|إِنَّ اللَّهَ اشتَرىٰ مِنَ المُؤمِنينَ أَنفُسَهُم وَأَموٰلَهُم بِأَنَّ لَهُمُ الجَنَّةَ يُقٰتِلونَ فى سَبيلِ اللَّهِ فَيَقتُلونَ وَيُقتَلونَ وَعدًا عَلَيهِ حَقًّا فِى التَّورىٰةِ وَالإِنجيلِ وَالقُرءانِ وَمَن أَوفىٰ بِعَهدِهِ مِنَ اللَّهِ فَاستَبشِروا بِبَيعِكُمُ الَّذى بايَعتُم بِهِ وَذٰلِكَ هُوَ الفَوزُ العَظيمُ

9|112|التّٰئِبونَ العٰبِدونَ الحٰمِدونَ السّٰئِحونَ الرّٰكِعونَ السّٰجِدونَ الءامِرونَ بِالمَعروفِ وَالنّاهونَ عَنِ المُنكَرِ وَالحٰفِظونَ لِحُدودِ اللَّهِ وَبَشِّرِ المُؤمِنينَ

9|113|ما كانَ لِلنَّبِىِّ وَالَّذينَ ءامَنوا أَن يَستَغفِروا لِلمُشرِكينَ وَلَو كانوا أُولى قُربىٰ مِن بَعدِ ما تَبَيَّنَ لَهُم أَنَّهُم أَصحٰبُ الجَحيمِ

9|114|وَما كانَ استِغفارُ إِبرٰهيمَ لِأَبيهِ إِلّا عَن مَوعِدَةٍ وَعَدَها إِيّاهُ فَلَمّا تَبَيَّنَ لَهُ أَنَّهُ عَدُوٌّ لِلَّهِ تَبَرَّأَ مِنهُ إِنَّ إِبرٰهيمَ لَأَوّٰهٌ حَليمٌ

9|115|وَما كانَ اللَّهُ لِيُضِلَّ قَومًا بَعدَ إِذ هَدىٰهُم حَتّىٰ يُبَيِّنَ لَهُم ما يَتَّقونَ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيءٍ عَليمٌ

9|116|إِنَّ اللَّهَ لَهُ مُلكُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ يُحيۦ وَيُميتُ وَما لَكُم مِن دونِ اللَّهِ مِن وَلِىٍّ وَلا نَصيرٍ

9|117|لَقَد تابَ اللَّهُ عَلَى النَّبِىِّ وَالمُهٰجِرينَ وَالأَنصارِ الَّذينَ اتَّبَعوهُ فى ساعَةِ العُسرَةِ مِن بَعدِ ما كادَ يَزيغُ قُلوبُ فَريقٍ مِنهُم ثُمَّ تابَ عَلَيهِم إِنَّهُ بِهِم رَءوفٌ رَحيمٌ

9|118|وَعَلَى الثَّلٰثَةِ الَّذينَ خُلِّفوا حَتّىٰ إِذا ضاقَت عَلَيهِمُ الأَرضُ بِما رَحُبَت وَضاقَت عَلَيهِم أَنفُسُهُم وَظَنّوا أَن لا مَلجَأَ مِنَ اللَّهِ إِلّا إِلَيهِ ثُمَّ تابَ عَلَيهِم لِيَتوبوا إِنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوّابُ الرَّحيمُ

9|119|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكونوا مَعَ الصّٰدِقينَ

9|120|ما كانَ لِأَهلِ المَدينَةِ وَمَن حَولَهُم مِنَ الأَعرابِ أَن يَتَخَلَّفوا عَن رَسولِ اللَّهِ وَلا يَرغَبوا بِأَنفُسِهِم عَن نَفسِهِ ذٰلِكَ بِأَنَّهُم لا يُصيبُهُم ظَمَأٌ وَلا نَصَبٌ وَلا مَخمَصَةٌ فى سَبيلِ اللَّهِ وَلا يَطَـٔونَ مَوطِئًا يَغيظُ الكُفّارَ وَلا يَنالونَ مِن عَدُوٍّ نَيلًا إِلّا كُتِبَ لَهُم بِهِ عَمَلٌ صٰلِحٌ إِنَّ اللَّهَ لا يُضيعُ أَجرَ المُحسِنينَ

9|121|وَلا يُنفِقونَ نَفَقَةً صَغيرَةً وَلا كَبيرَةً وَلا يَقطَعونَ وادِيًا إِلّا كُتِبَ لَهُم لِيَجزِيَهُمُ اللَّهُ أَحسَنَ ما كانوا يَعمَلونَ

9|122|وَما كانَ المُؤمِنونَ لِيَنفِروا كافَّةً فَلَولا نَفَرَ مِن كُلِّ فِرقَةٍ مِنهُم طائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهوا فِى الدّينِ وَلِيُنذِروا قَومَهُم إِذا رَجَعوا إِلَيهِم لَعَلَّهُم يَحذَرونَ

9|123|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا قٰتِلُوا الَّذينَ يَلونَكُم مِنَ الكُفّارِ وَليَجِدوا فيكُم غِلظَةً وَاعلَموا أَنَّ اللَّهَ مَعَ المُتَّقينَ

9|124|وَإِذا ما أُنزِلَت سورَةٌ فَمِنهُم مَن يَقولُ أَيُّكُم زادَتهُ هٰذِهِ إيمٰنًا فَأَمَّا الَّذينَ ءامَنوا فَزادَتهُم إيمٰنًا وَهُم يَستَبشِرونَ

9|125|وَأَمَّا الَّذينَ فى قُلوبِهِم مَرَضٌ فَزادَتهُم رِجسًا إِلىٰ رِجسِهِم وَماتوا وَهُم كٰفِرونَ

9|126|أَوَلا يَرَونَ أَنَّهُم يُفتَنونَ فى كُلِّ عامٍ مَرَّةً أَو مَرَّتَينِ ثُمَّ لا يَتوبونَ وَلا هُم يَذَّكَّرونَ

9|127|وَإِذا ما أُنزِلَت سورَةٌ نَظَرَ بَعضُهُم إِلىٰ بَعضٍ هَل يَرىٰكُم مِن أَحَدٍ ثُمَّ انصَرَفوا صَرَفَ اللَّهُ قُلوبَهُم بِأَنَّهُم قَومٌ لا يَفقَهونَ

9|128|لَقَد جاءَكُم رَسولٌ مِن أَنفُسِكُم عَزيزٌ عَلَيهِ ما عَنِتُّم حَريصٌ عَلَيكُم بِالمُؤمِنينَ رَءوفٌ رَحيمٌ

9|129|فَإِن تَوَلَّوا فَقُل حَسبِىَ اللَّهُ لا إِلٰهَ إِلّا هُوَ عَلَيهِ تَوَكَّلتُ وَهُوَ رَبُّ العَرشِ العَظيمِ

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.