Тарчумаи Сураи ҲИҶР

Сураи  ҲИҶР1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.  Алиф, лом, ро. Ин  оёти китоби илоҳӣ ва Қуръони равшан аст.

2.  Борҳо,  кофирон орзу мекунанд (дар дунёи дигар), ки эй кош (дар ин дунё) мусалмон мебуданд.

3.  (Эй паёмбар) бигузорашон, то бихӯранд ва баҳравар шаванд ва орзу ба худ машғулашон дорад, ба зудӣ (натиҷаи аъмолашонро) хоҳанд донист.

4.Ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардаем, магар он ки замоне маълум2 дошт.

5.Ҳеҷ уммате аз аҷали хеш на пеш меафтад ва на пас мемонад.

6.Ва гуфтанд: «Эй марде, ки Қуръон ба ту нозил шуда, ҳаққо, ки ту  девонаӣ!

7.Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро барои мо намеоварӣ?»

8.Мо фариштагонро нозил намекунем, ҷуз ба ҳақ ва (агар ба он эмон наёваранд) дар он ҳангом дигар мӯҳлаташон надиҳанд (ва фавран азоби илоҳӣ гиребонгирашон мегардад).

9.Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва худ нигаҳбонаш ҳастем.

10. Ва мо расулони худро пеш аз ту ба миёни ақвоми пешин  фиристодаем.

11. Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, магар ки масхарааш  мекарданд.

12.  Роҳашродар дили гунаҳгорон инчунинмекушоем (ва аз ҳақ онҳоро меогоҳонем, то барояшон итмоми ҳуҷҷат шавад)!

13.  Ба он (қуръон) имон намеоваранд ва суннати пешиниён чунин будааст.

14.Агар барояшон аз осмон даре бикушоем, ки аз он боло раванд,

15. Албатта, гӯянд: «Чашмони моро ҷоду карданд, балки мо мардуме ҷодузада ҳастем!»

16. Ва ҳаройна, дар осмон бурҷҳое4 офаридем ва барои бинандагонашон биёростем.

17. Ва аз ҳар шайтони раҷиме ҳифзашон кардем.

18.  Магар он ки дуздона гӯш медод ва шиҳобе (оташпорае) равшан таъқибаш кард.

19. Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои азиме афкандем. Ва аз ҳар чиз ба шевае санҷида дар он рӯёнидем.

20. Ва маъишати шумо ва касонеро, ки шумо рӯзидеҳашон нестед, дар он ҷо қарор додем.

21. Ҳар чӣ ҳаст, хазинаҳои он назди Мост ва Мо ҷуз ба андозае муъайян онро фурӯ намефиристем.

22. Ва бодҳои обистанкунандаро фиристодем ва аз осмон обе нозил кардем ва шуморо бо он сероб сохтем ва шумо наметавонед, ки захиракунандаи он бошед.

23. Албатта,  Мо ҳастем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва баъд аз ҳама боқӣ мемонем.

24. Ва медонем чӣ касоне аз шумо аз ин пеш рафтаанд ва чӣ касоне вопас мондаанд.

25. Ва Парвардигори ту ҳамаро зинда карда, ҷамъ мегардонад, зеро ӯст, ки ҳакиму доност!

26.  Мо одамиро аз гили хушк, аз лойи сиёҳи мутағайир офаридем.

27. Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем.

28. Ва Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Мехоҳам башаре аз гили хушк, аз лойи сиёҳи мутағайир  биёфаринам.

29. Чун офаринишашро ба поён бурдам ва аз рӯҳи Худ дар он дамидам, дар баробари ӯ ба саҷда бияфтед».

30. Фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд,

31. магар Иблис, ки саркашӣ кард, ки бо саҷдакунандагон бошад.

32. Гуфт: «Эй Иблис, чаро ту  аз саҷдакунандагон набудӣ?»

33. Гуфт: «Ман барои башаре, ки аз гили хушк, аз лойи сиёҳи мутағайир офаридаӣ, саҷда намекунам».

34. Гуфт: «Аз он ҷо берун шав, ки ту рондашуда ҳастӣ.

35. То рӯзи қиёмат бар ту лаънат бод!»

36. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки дубора зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ”.

37. Гуфт: «Ту дар шумори мӯҳлатёфтагонӣ,

38. то он рӯзе, ки вақташ маълум аст».

39. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чун маро навмед кардӣ, дар рӯи замин бадиҳоро дар назарашон биёроям ва ҳамагонро гумроҳ кунам,

40. магар онҳо, ки бандагони боихлоси Ту бошанд».

41. Гуфт: «Роҳи ихлос, роҳи ростест, ки ба Ман мерасад.

42. Туро бар бандагони Ман ғолибияте нест, магар бар он гумроҳоне, ки туро пайравӣ кунанд.

43. Ва ҷаҳаннам ваъдагоҳи ҳамаи онон аст.

44. Ҳафт дар дорад ва барои ҳар дар гурӯҳе аз онон муъайян шудаанд.

45. Парҳезгорон дар биҳиштҳо, канори чашмасоронанд.

46. Ба саломату эминӣ ба он дохил шавед.

47. Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд, бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳамдигаранд.

48. Ҳеҷ ранҷе ба онҳо намерасад ва аз он ҷо берунашон наронанд.

49. Ба бандагонам хабар деҳ, ки ман омурзандаву меҳрубонам.

50. Ва азоби Ман азобе дардовар аст!

51. Ва аз меҳмонони Иброҳим5  хабардорашон кун».

52. Он гоҳ, ки бар ӯ дохил шуданд ва гуфтанд: «Салом!» Иброҳим гуфт: «Мо аз шумо метарсем!»

53. Гуфтанд: «Матарс, мо туро ба писаре доно мужда  медиҳем».

54. Гуфт: «Оё маро мужда медиҳед, бо он ки пир шудаам? Ба чӣ чиз муждаам медиҳед?»

55. Гуфтанд: «Ба ҳақ хушхабарат додем, аз навмедон мабош!»

56. Гуфт: «Ҷуз гумроҳон чӣ касе аз раҳмати Парвардигораш навмед мешавад?»

57. Гуфт: «Эй расулон, пас хабари шумо чист?»

58. Гуфтанд: «Мо ба сари мардуме гунаҳкор фиристода шудаем, (ва ҳамагонро нобуд мекунем),

59. магар хонадони Лутро, ки ҳамаашонро наҷот медиҳем,

60.  ҷуз занашро, ки муқаррар кардаем, ки аз боқимондагон бошад».

61. Чун расулон назди хонадони Лут омаданд,

62. Лут гуфт: «Шумо ношиносед».

63. Гуфтанд: «Балки, он чизеро (азоберо), ки дар он шак мекарданд, овардаем.

64. Мо туро хабари рост овардаем ва мо ростгӯёнем.

65. Чун посе аз шаб бигзарад, хонадони худро берун бибар ва худ аз паи онҳо рав ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба ақиб бингарад. Ва ҳар ҷо, ки фармонатон додаанд, биравед».

66. Ва барои ӯ ҳодисаро ҳикоят кардем, ки чун субҳ фаро расад, решаи онҳо барканда шавад.

67. Аҳли шаҳр (аз дидани меҳмонон (фариштагон)) шодикунон омаданд.

68. Гуфт: «Инҳо меҳмонони  мананд, маро расво макунед.

69. Аз Худованд битарсед ва маро шармсор масозед».

70. Гуфтанд: «Магар туро аз (меҳмондорӣ ва паноҳ додани) мардум манъ накарда будем?»

71. Гуфт: «Агар қасде (барои издивоҷ ва баровардани хоҳишоти шаҳвонӣ) доред, инҳо, духтарони (уммати) ман ҳастанд (никоҳ кунед)».

72.  (Эй паёмбар) ба ҷони ту савганд, ки онҳо дар мастии (шаҳват ва ҷаҳолати) хеш саргашта буданд.

73. Чун субҳ бидамид, ононро наърае сахт (садои ваҳшатноке)  фурӯ гирифт (ва нобудашон кард).

74. Шаҳрро зеру забар кардем ва бороне аз сиҷҷил (гили сангшуда) бар онон боронидем.

75. Дар ин ибратҳост барои ибратгирандагон.

76. Ва он шаҳр акнун дар сари роҳи корвониён аст.

77. Ва мӯъминонро дар он ибратест.

78. Ва мардуми Айка6 низ ситамкор буданд.

79. Аз онон интиқом гирифтем ва шаҳрҳои он ду қавм ошкоро бар сари роҳанд.

80. Мардуми Ҳиҷр7 низ паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд.

81. Оёти Хешро бар онон расонидем, вале аз он рӯй гардониданд.

82. Хонаҳои худро, то эмин бошанд, дар кӯҳҳо меканданд.

83.  Субҳгоҳон ононро наъраи сахте (садои ваҳшатноке) гирифт.

84. Чизе, ки касб карда буданд (аз ҷамъоварии мол ва сохтани қасрҳо) аз онон дафъи бало накард.

85. Осмонҳову замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ наёфаридаем. Ва бешак, қиёмат, ҳатман,  фаро  мерасад. Пас (эй паёмбар, аз беодобиҳои эшон) гузашт кун, гузаште некӯ (ва бузургворона ва ҳакимона ба даъвати худ идома бидеҳ ва дар баробари азият ва озори куффор, бурдбору шикебо бош).

86. Ҳаройна Парвардигори ту офаринандае доност!

87. Мо сабъаммасонӣ8 ва Қуръони бузургро ба ту  додем.

88. Агар баъзе эшонро (кофиронро)  ба чизе  баҳравар сохтаем, ту ба он нигоҳ макун. Ва ғами ононро (кофиронро) махӯр (ки чаро ба ту имон намеоваранд). Ва дар баробари мӯъминон хоксор бош.

89. Ва (ба кофирон) бигӯ: «Ман бимдиҳандаи ошкорам».

90. (Фуруд хоҳем овард азобро) монанди азобе, ки бар тақсимкунандагон (касоне, ки ба таҷзия ва тақсими аҳкоми илоҳӣ даст мезаданд ва қисматеро, ки ба суди эшон буд мепазируфтанд ва қисматеро, ки ба хости эшон набуд тарк мекарданд (мурод яҳуд ва насоро)) нозил кардем:

91. онон, ки Қуръонро ба қисмҳо тақсим карда буданд (қисматеро ҳақ ва қисматеро ботил медонистанд  ва ё онро шеър, сеҳр, кизб ва асотир меномиданд).

92. Ба Парвардигорат савганд, ки ҳамаро, ҳатман, (дар рӯзи қиёмат аз он чи мардум дар дунё анҷом медиҳанд) бозхост кунем,

93. ба хотири корҳое, ки мекарданд!

94.  Ба ҳар чӣ амр шудаӣ (даъват ба сӯйи ҳақ), сареҳу баланд бигӯ ва аз мушрикон рӯйгардон бош (ва аҳамият надеҳ, ки чӣ мегӯянд ва чӣ мекунанд)!

95. Мо (макру азият ва озори) масхаракунандагонро аз ту бозмедорем,

96. онон (масхаракунандагон), ки бо Аллоҳ маъбуде дигар қоил мешаванд (ва бутонро бо Худо мепарастанд). Пас,  ба зудӣ (он гоҳ ки азоби дардноки дӯзах онҳоро фаро мегирад, натиҷаи ширкашонро) хоҳанд донист.

97. Ва медонем, ки ту аз гуфторашон дилтанг мешавӣ (ва аз истеҳзо, таҳқир ва алфози ширколудашон дилат ба дард меояд).

98. Пас, ба поки ёд кун Парвардигоратро (ҳангоми ҳуҷуми ғаму андӯҳ) ва аз (зумраи) саҷдакунандагон  (ва намозгузорон) бош!

99. Ва Парвардигоратро бипараст, то лаҳзаи маргат фаро расад (ва сарои фониро видоъ мегӯӣ ва сарои боқӣ оғоз мегардад ва пардаҳо бардошта шуда, ҳақиқатро мебинӣ)!

Сураи  ҲИҶР

15|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ الر تِلكَ ءايٰتُ الكِتٰبِ وَقُرءانٍ مُبينٍ

15|2|رُبَما يَوَدُّ الَّذينَ كَفَروا لَو كانوا مُسلِمينَ

15|3|ذَرهُم يَأكُلوا وَيَتَمَتَّعوا وَيُلهِهِمُ الأَمَلُ فَسَوفَ يَعلَمونَ

15|4|وَما أَهلَكنا مِن قَريَةٍ إِلّا وَلَها كِتابٌ مَعلومٌ

15|5|ما تَسبِقُ مِن أُمَّةٍ أَجَلَها وَما يَستَـٔخِرونَ

15|6|وَقالوا يٰأَيُّهَا الَّذى نُزِّلَ عَلَيهِ الذِّكرُ إِنَّكَ لَمَجنونٌ

15|7|لَو ما تَأتينا بِالمَلٰئِكَةِ إِن كُنتَ مِنَ الصّٰدِقينَ

15|8|ما نُنَزِّلُ المَلٰئِكَةَ إِلّا بِالحَقِّ وَما كانوا إِذًا مُنظَرينَ

15|9|إِنّا نَحنُ نَزَّلنَا الذِّكرَ وَإِنّا لَهُ لَحٰفِظونَ

15|10|وَلَقَد أَرسَلنا مِن قَبلِكَ فى شِيَعِ الأَوَّلينَ

15|11|وَما يَأتيهِم مِن رَسولٍ إِلّا كانوا بِهِ يَستَهزِءونَ

15|12|كَذٰلِكَ نَسلُكُهُ فى قُلوبِ المُجرِمينَ

15|13|لا يُؤمِنونَ بِهِ وَقَد خَلَت سُنَّةُ الأَوَّلينَ

15|14|وَلَو فَتَحنا عَلَيهِم بابًا مِنَ السَّماءِ فَظَلّوا فيهِ يَعرُجونَ

15|15|لَقالوا إِنَّما سُكِّرَت أَبصٰرُنا بَل نَحنُ قَومٌ مَسحورونَ

15|16|وَلَقَد جَعَلنا فِى السَّماءِ بُروجًا وَزَيَّنّٰها لِلنّٰظِرينَ

15|17|وَحَفِظنٰها مِن كُلِّ شَيطٰنٍ رَجيمٍ

15|18|إِلّا مَنِ استَرَقَ السَّمعَ فَأَتبَعَهُ شِهابٌ مُبينٌ

15|19|وَالأَرضَ مَدَدنٰها وَأَلقَينا فيها رَوٰسِىَ وَأَنبَتنا فيها مِن كُلِّ شَيءٍ مَوزونٍ

15|20|وَجَعَلنا لَكُم فيها مَعٰيِشَ وَمَن لَستُم لَهُ بِرٰزِقينَ

15|21|وَإِن مِن شَيءٍ إِلّا عِندَنا خَزائِنُهُ وَما نُنَزِّلُهُ إِلّا بِقَدَرٍ مَعلومٍ

15|22|وَأَرسَلنَا الرِّيٰحَ لَوٰقِحَ فَأَنزَلنا مِنَ السَّماءِ ماءً فَأَسقَينٰكُموهُ وَما أَنتُم لَهُ بِخٰزِنينَ

15|23|وَإِنّا لَنَحنُ نُحيۦ وَنُميتُ وَنَحنُ الوٰرِثونَ

15|24|وَلَقَد عَلِمنَا المُستَقدِمينَ مِنكُم وَلَقَد عَلِمنَا المُستَـٔخِرينَ

15|25|وَإِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَحشُرُهُم إِنَّهُ حَكيمٌ عَليمٌ

15|26|وَلَقَد خَلَقنَا الإِنسٰنَ مِن صَلصٰلٍ مِن حَمَإٍ مَسنونٍ

15|27|وَالجانَّ خَلَقنٰهُ مِن قَبلُ مِن نارِ السَّمومِ

15|28|وَإِذ قالَ رَبُّكَ لِلمَلٰئِكَةِ إِنّى خٰلِقٌ بَشَرًا مِن صَلصٰلٍ مِن حَمَإٍ مَسنونٍ

15|29|فَإِذا سَوَّيتُهُ وَنَفَختُ فيهِ مِن روحى فَقَعوا لَهُ سٰجِدينَ

15|30|فَسَجَدَ المَلٰئِكَةُ كُلُّهُم أَجمَعونَ

15|31|إِلّا إِبليسَ أَبىٰ أَن يَكونَ مَعَ السّٰجِدينَ

15|32|قالَ يٰإِبليسُ ما لَكَ أَلّا تَكونَ مَعَ السّٰجِدينَ

15|33|قالَ لَم أَكُن لِأَسجُدَ لِبَشَرٍ خَلَقتَهُ مِن صَلصٰلٍ مِن حَمَإٍ مَسنونٍ

15|34|قالَ فَاخرُج مِنها فَإِنَّكَ رَجيمٌ

15|35|وَإِنَّ عَلَيكَ اللَّعنَةَ إِلىٰ يَومِ الدّينِ

15|36|قالَ رَبِّ فَأَنظِرنى إِلىٰ يَومِ يُبعَثونَ

15|37|قالَ فَإِنَّكَ مِنَ المُنظَرينَ

15|38|إِلىٰ يَومِ الوَقتِ المَعلومِ

15|39|قالَ رَبِّ بِما أَغوَيتَنى لَأُزَيِّنَنَّ لَهُم فِى الأَرضِ وَلَأُغوِيَنَّهُم أَجمَعينَ

15|40|إِلّا عِبادَكَ مِنهُمُ المُخلَصينَ

15|41|قالَ هٰذا صِرٰطٌ عَلَىَّ مُستَقيمٌ

15|42|إِنَّ عِبادى لَيسَ لَكَ عَلَيهِم سُلطٰنٌ إِلّا مَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الغاوينَ

15|43|وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمَوعِدُهُم أَجمَعينَ

15|44|لَها سَبعَةُ أَبوٰبٍ لِكُلِّ بابٍ مِنهُم جُزءٌ مَقسومٌ

15|45|إِنَّ المُتَّقينَ فى جَنّٰتٍ وَعُيونٍ

15|46|ادخُلوها بِسَلٰمٍ ءامِنينَ

15|47|وَنَزَعنا ما فى صُدورِهِم مِن غِلٍّ إِخوٰنًا عَلىٰ سُرُرٍ مُتَقٰبِلينَ

15|48|لا يَمَسُّهُم فيها نَصَبٌ وَما هُم مِنها بِمُخرَجينَ

15|49|نَبِّئ عِبادى أَنّى أَنَا الغَفورُ الرَّحيمُ

15|50|وَأَنَّ عَذابى هُوَ العَذابُ الأَليمُ

15|51|وَنَبِّئهُم عَن ضَيفِ إِبرٰهيمَ

15|52|إِذ دَخَلوا عَلَيهِ فَقالوا سَلٰمًا قالَ إِنّا مِنكُم وَجِلونَ

15|53|قالوا لا تَوجَل إِنّا نُبَشِّرُكَ بِغُلٰمٍ عَليمٍ

15|54|قالَ أَبَشَّرتُمونى عَلىٰ أَن مَسَّنِىَ الكِبَرُ فَبِمَ تُبَشِّرونَ

15|55|قالوا بَشَّرنٰكَ بِالحَقِّ فَلا تَكُن مِنَ القٰنِطينَ

15|56|قالَ وَمَن يَقنَطُ مِن رَحمَةِ رَبِّهِ إِلَّا الضّالّونَ

15|57|قالَ فَما خَطبُكُم أَيُّهَا المُرسَلونَ

15|58|قالوا إِنّا أُرسِلنا إِلىٰ قَومٍ مُجرِمينَ

15|59|إِلّا ءالَ لوطٍ إِنّا لَمُنَجّوهُم أَجمَعينَ

15|60|إِلَّا امرَأَتَهُ قَدَّرنا إِنَّها لَمِنَ الغٰبِرينَ

15|61|فَلَمّا جاءَ ءالَ لوطٍ المُرسَلونَ

15|62|قالَ إِنَّكُم قَومٌ مُنكَرونَ

15|63|قالوا بَل جِئنٰكَ بِما كانوا فيهِ يَمتَرونَ

15|64|وَأَتَينٰكَ بِالحَقِّ وَإِنّا لَصٰدِقونَ

15|65|فَأَسرِ بِأَهلِكَ بِقِطعٍ مِنَ الَّيلِ وَاتَّبِع أَدبٰرَهُم وَلا يَلتَفِت مِنكُم أَحَدٌ وَامضوا حَيثُ تُؤمَرونَ

15|66|وَقَضَينا إِلَيهِ ذٰلِكَ الأَمرَ أَنَّ دابِرَ هٰؤُلاءِ مَقطوعٌ مُصبِحينَ

15|67|وَجاءَ أَهلُ المَدينَةِ يَستَبشِرونَ

15|68|قالَ إِنَّ هٰؤُلاءِ ضَيفى فَلا تَفضَحونِ

15|69|وَاتَّقُوا اللَّهَ وَلا تُخزونِ

15|70|قالوا أَوَلَم نَنهَكَ عَنِ العٰلَمينَ

15|71|قالَ هٰؤُلاءِ بَناتى إِن كُنتُم فٰعِلينَ

15|72|لَعَمرُكَ إِنَّهُم لَفى سَكرَتِهِم يَعمَهونَ

15|73|فَأَخَذَتهُمُ الصَّيحَةُ مُشرِقينَ

15|74|فَجَعَلنا عٰلِيَها سافِلَها وَأَمطَرنا عَلَيهِم حِجارَةً مِن سِجّيلٍ

15|75|إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِلمُتَوَسِّمينَ

15|76|وَإِنَّها لَبِسَبيلٍ مُقيمٍ

15|77|إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايَةً لِلمُؤمِنينَ

15|78|وَإِن كانَ أَصحٰبُ الأَيكَةِ لَظٰلِمينَ

15|79|فَانتَقَمنا مِنهُم وَإِنَّهُما لَبِإِمامٍ مُبينٍ

15|80|وَلَقَد كَذَّبَ أَصحٰبُ الحِجرِ المُرسَلينَ

15|81|وَءاتَينٰهُم ءايٰتِنا فَكانوا عَنها مُعرِضينَ

15|82|وَكانوا يَنحِتونَ مِنَ الجِبالِ بُيوتًا ءامِنينَ

15|83|فَأَخَذَتهُمُ الصَّيحَةُ مُصبِحينَ

15|84|فَما أَغنىٰ عَنهُم ما كانوا يَكسِبونَ

15|85|وَما خَلَقنَا السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ وَما بَينَهُما إِلّا بِالحَقِّ وَإِنَّ السّاعَةَ لَءاتِيَةٌ فَاصفَحِ الصَّفحَ الجَميلَ

15|86|إِنَّ رَبَّكَ هُوَ الخَلّٰقُ العَليمُ

15|87|وَلَقَد ءاتَينٰكَ سَبعًا مِنَ المَثانى وَالقُرءانَ العَظيمَ

15|88|لا تَمُدَّنَّ عَينَيكَ إِلىٰ ما مَتَّعنا بِهِ أَزوٰجًا مِنهُم وَلا تَحزَن عَلَيهِم وَاخفِض جَناحَكَ لِلمُؤمِنينَ

15|89|وَقُل إِنّى أَنَا النَّذيرُ المُبينُ

15|90|كَما أَنزَلنا عَلَى المُقتَسِمينَ

15|91|الَّذينَ جَعَلُوا القُرءانَ عِضينَ

15|92|فَوَرَبِّكَ لَنَسـَٔلَنَّهُم أَجمَعينَ

15|93|عَمّا كانوا يَعمَلونَ

15|94|فَاصدَع بِما تُؤمَرُ وَأَعرِض عَنِ المُشرِكينَ

15|95|إِنّا كَفَينٰكَ المُستَهزِءينَ

15|96|الَّذينَ يَجعَلونَ مَعَ اللَّهِ إِلٰهًا ءاخَرَ فَسَوفَ يَعلَمونَ

15|97|وَلَقَد نَعلَمُ أَنَّكَ يَضيقُ صَدرُكَ بِما يَقولونَ

15|98|فَسَبِّح بِحَمدِ رَبِّكَ وَكُن مِنَ السّٰجِدينَ

15|99|وَاعبُد رَبَّكَ حَتّىٰ يَأتِيَكَ اليَقينُ

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.