Тарчумаи Сураи КАҲФ

Сураи КАҲФ(Ғор)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1. Сипос Худовандеро, ки бар бандааш (Муҳаммад) китоб (қуръонро) фуруд овард ва ҳеҷ каҷӣ дар он наниҳод.

2.  (Китобест) собит ва устувор (ва Худованд онро нозил кардааст), то мардумро аз азоби шадиди (дунявӣ ё ухравии) худ битарсонад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста мекунанд, хабари хуш диҳад, ки мукофоте некӯ (биҳишти барин) доранд,

3. ҷовидона дар он (биҳишти барин, ки неъмати хуби Худованди карим ҳаст) хоҳанд монд.

4. Ва (аз азоби шадиди ӯ) касонеро, ки мегӯянд: «Худо фарзанде ихтиёр кардааст»2, битарсонад,

5.  на худ ба он донише доранд ва на падаронашон доштаанд. Чӣ бузург аст сухане, ки аз даҳонашон берун меояд ва дурӯғ мегӯянд!

6. Пас агар ба ин сухан (қуръон) имон наёваранд, худатро ба хотири онҳо аз андӯҳ ҳалок созӣ?

7. Мо ҳар чӣ дар рӯи замин аст, зинати он қарор додем, то имтиҳонашон кунем, ки кадомашон ба амал беҳтаранд.

8. Ва низ мо ҳастем, ки рӯи заминро чун биёбоне хушк  хоҳем кард.

9. Оё пиндоштаӣ, ки Асҳоби Каҳф  ва Рақим2 аз нишонаҳои  аҷибу ғариби Мо будаанд?

10. Чун он ҷавонмардон ба ғорҳо паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, моро аз сӯи худ раҳмат иноят кун ва кори моро ба роҳи растагорӣ андоз».

11. Чанд соле дар он ғор ба хобашон кардем.

12. Сипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ ҳисоботи муддати орамиданашонро доштаанд.

13. Мо хабарашонро ба ростӣ барои ту ҳикоят мекунем: онҳо ҷавонмардоне буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва Мо низ  бар ҳидояташон афзудем.

14. Бар дилҳояшон нерӯ бахшидем. Он гоҳ, ки бархостанд ва гуфтанд: «Парвардигори мо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Ҷуз ӯ касеро Маъбуди барҳақ нахонем, ки ҳар гоҳ чунин кунем, сухане сахт куфромез гуфта бошем.

15. Инҳо, ки қавми мо ҳастанд, ба ғайри ӯ маъбудоне ихтиёр кардаанд. Чаро барои исботи худоии онҳо далели  равшане намеоваранд? Кист ситамкортар аз касе, ки ба Худо дурӯғ мебандад?

16. Агар аз онҳо канора ҷӯстаед ва ҷуз Худои барҳақ худои дигареро намепарастед, ба ғор паноҳ баред ва Худо раҳмати хеш бар шумо арзонӣ дорад ва неъмататонро дар он муҳайё дорад.

17. Ва хуршедро мебинӣ, ки чун бармеояд, аз ғорашон ба ҷониби рост майл мекунад ва чун ғуруб кунад, онҳоро вогузорад ва ба чап гардад. Ва онон дар саҳнаи ғоранд. Ва ин аз оёти Худост. Ҳар киро Худо ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар киро гумроҳ созад,  ҳаргиз корсозе роҳнамо барои ӯ нахоҳӣ  ёфт.

18. Мепиндоштӣ, ки бедоранд, ҳол он ки дар хоб буданд ва Мо ононро ба дасти росту дасти чап мегардонидем ва сагашон бар остонаи ғор ду дасти хеш дароз карда буд. Агар аз ҳоли онҳо огоҳ мешудӣ , гурезон бозмегаштӣ ва аз онҳо сахт метарсидӣ.

19.  Ҳамчунин бедорашон кардем, то бо якдигар гуфтугӯ кунанд. Яке аз онҳо пурсид: «Чанд вақт аст, ки орамидаед?» Гуфтанд: «Як рӯз ё порае аз рӯзро орамидаем». Гуфтанд: «Парвардигоратон беҳтар донад, ки чанд вақт орамидаед. Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бингарад, ки ғизои покиза кадом аст ва бароятон аз он, рӯзиятонро биёварад. Ва бояд, ки ба ҳушёрӣ (эҳтиёт) рафтор кунад, то касе ба шумо огоҳӣ наёбад.

20. Зеро агар шуморо биёбанд, сангсор хоҳанд кард ё ба дини хеш дароваранд. Ва агар чунин шавад, то абад растагор нахоҳед шуд».

21. Ба ин сон мардумро ба ҳолашон огоҳ кардем, то бидонанд, ки ваъдаи Худо рост аст ва ҳаройна, дар  (вуқӯъи) қиёмат шубҳае нест. Он гоҳ дар бораи онҳо бо якдигар ба гуфтугӯ пардохтанд ва гуфтанд: «Бар рӯи онҳо биное бароваред, Парвардигорашон ба корашон огоҳтар аст». Ва онон, ки бар ҳолашон огоҳтар шуда буданд, гуфтанд: «Албатта,  бар ғорашон масҷиде бисозем».

22. Хоҳанд гуфт: «Се тан буданд ва чаҳорумашон сагашон буд » ва мегӯянд:  «Панҷ тан буданд ва шашуминашон сагашон буд ба хаёли ғоибона». ва мегӯянд: «Ҳафт тан буданд ва ҳаштуминашон сагашон буд». Бигӯ: «Парвардигори ман ба адади онҳо донотар аст ва шумори онҳоро ҷуз андак касон намедонанд».  Ва ту дар бораи онҳо ҷуз ба зоҳир муҷодала макун ва мапурс дар бораашон аз кофирон касеро.

23. Ҳаргиз магӯй: «Фардо чунин мекунам»,

24. магар Худованд бихоҳад. Ва чун фаромӯш кунӣ, Парвардигоратро ба ёд ор ва бигӯ: «Шояд Парвардигори ман маро аз наздиктарин роҳ ҳидоят кунад».

25. Ва онон дар ғори худ сесад сол оромиданд ва нӯҳ сол ба он афзудаанд.

26. Бигӯ: «Худованд донотар аст, ки чанд сол орамиданд. Ғайби осмонҳову замин аз они ӯст. Чӣ  қадар биносту чӣ қадар шунавост! Ҷуз ӯ дӯсте надоранд ва касро дар фармони худ шарик насозад».

27. Аз китоби Парвардигорат ҳар чӣ бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Сухани ӯро тағйирдиҳандае нест. Ва ту ҷуз ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбӣ.

28. Ва ҳамроҳ бо касоне, ки ҳар субҳу шом Парвардигорашонро мехонанд ва хушнудии ӯро меҷӯянд, худро ба сабр водор. Ва набояд чашмони ту барои ёфтани зебу зиннатҳои ин зиндагии дунявӣ аз инҳо як сӯ гардад. Ва аз он, ки дилашро аз зикри худ бехабар сохтаем ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш исроф меварзад, пайравӣ макун.

29. Бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад». Мо барои кофирон оташе, ки он ҳамаро дар бар мегирад, омода кардаем ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, бихӯронандашон, чӣ оби баде  ва чӣ оромгоҳе бад!

30. Касоне, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, бидонанд, ки Мо подоши некӯкоронро барбод намекунем.

31. Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери пойҳошон наҳрҳо ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳое зар меороянд ва ҷомаҳое сабз аз дебои нозуку дебои захим (ғафс) мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ подоши некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯе!

32. Барояшон достони ду мардро баён кун, ки ба яке ду токзор дода будем ва бар гирди онҳо дарахтони хурмо ва дар миёнашон киштзор карда будем.

33. Он ду токзор меваи худро медоданд бе ҳеҷ каму кост. Ва наҳре байни он ду ҷорӣ гардонидем.

34. Ҳосил аз они ӯ буд. Ба дӯсташ, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Ман ба мол аз ту бештар ва ба афрод пирӯзтарам».

35. Ва он мард ситам бар хештан карда, ба боғи худ даромад ва гуфт: «Напиндорам, ки ин боғ ҳаргиз аз миён биравад.

36. Ва напиндорам, ки қиёмат ҳам биёяд. Ва агар ҳам маро назди Худо баранд, ҷойгоҳе беҳтар аз ин боғ хоҳам ёфт”?.

37. Дӯсташ, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Оё бар он кас, ки туро аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид ва боз туро марде комил сохт, кофир шудаӣ?

38. Вале, ӯ Худои  барҳақ, Парвардигори ман аст ва ман ҳеҷ касро шарики Парвардигорам намесозам.

39. Чаро он гоҳ, ки ба боғи худ даромадӣ, нагуфтӣ: «Ҳар чӣ Худованд хоҳад ва ҳеҷ нерӯе ҷуз нерӯи Худо нест?» Агар мебинӣ, ки дороиву фарзанди ман камтар аз ту  аст,

40. шояд Парвардигори ман маро чизе беҳтар аз боғи ту диҳад. Шояд бар он боғ соъиқае (оташаке) бифиристад ва онро ба замине софу лағжанда бадал созад.

41. Ё оби он бар замин фурӯ равад ва ҳаргиз ба ёфтани он қудрат наёбӣ.

42. Ба самараш офат расид ва бомдодон дасти пушаймонӣ бар даст месоид, ки чӣ хазинае карда буд ва акнун ҳамаи биноҳояш фурӯ рехтааст. Ва мегӯяд: «Эй кош, касеро шарики Парвардигорам насохта будам!»

43. Ҷуз Худо гурӯҳе, ки ба ёриаш бархезанд, набуд ва худ қудрат надошт.

44. Он ҷо ёрӣ кардан Худои барҳақро сазовор аст. Подоши ӯ беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст.

45. Барояшон зиндагии дунёро мисол ор, ки чун боронест, ки аз осмон фурӯд оварем ва бо он гиёҳони гуногун ба фаровонӣ бирӯяд. Ногоҳ хушк шавад ва бод ба ҳар сӯ парокандааш созад ва Худо бар ҳар коре тавоност!

46. Дороиву фарзанд зебу зинатҳои ин зиндагонии дунёст ва кирдорҳои нек, ки ҳамвора барҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст.

47. Рӯзе, ки кӯҳҳоро сайр медиҳем ва заминро бинӣ, ки ҳар чӣ андарун дорад, берун афкандааст ва ҳамаро барои ҳисоб гирд меоварем ва як тан аз ононро ҳам  раҳо намекунем.

48. Ҳама дар як саф  ба Парвардигорат арза мешаванд. Акнун назди Мо  омадед, ҳамчунон ки нахустин бор шуморо биёфаридем. Оё мепиндоштед, ки ҳаргиз бароятон ваъдагоҳе қарор нахоҳем дод?

49. Дафтари аъмол кушода шавад. Гунаҳкоронро бинӣ, ки аз он чӣ дар он омадааст, бимноканд ва мегӯянд: «Вой бар мо, ин чӣ дафтарест, ки ҳеҷ гуноҳи хурду бузургеро ҳисоб ношуда раҳо накардааст». Он гоҳ аъмоли худро дар муқобили худ биёбанд ва Парвардигори ту ба касе ситам намекунад.

50.  Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем, ки одамро саҷда кунед, ҳама ҷуз Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар битофт, саҷда карданд. Оё шайтон ва фарзандонашро ба ҷои ман ба дӯстӣ мегиред, ҳол он, ки душмани шумоянд? Золимон чизи бадеро ба ҷои Худо интихоб кардаанд.

51. Он гоҳ, ки осмонҳову замин ва худашонро меофаридам,  онҳоро ҳозир накарда будам. Зеро Ман гумроҳкунандагонро ба ёрӣ намегирам.

52. Ва рӯзе, ки мегӯяд: «Онҳоеро, ки мепиндоштед шарикони Мананд, садо кунед». Садо кунанд ва шарикон ҷавоб надиҳанд. Он гоҳ ҳалокатгоҳро миёнашон қарор диҳем.

53. Чун гунаҳкорон оташро бубинанд, бидонанд, ки дар он хоҳанд афтод ва роҳи раҳоӣ аз он нест.

54. Дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна достоне баён кардаем, вале одамӣ беш аз ҳама ба ҷадал (хусумат) бармехезад.

55. Мардумонро чун ба роҳи ҳидоят фаро хонданд, ҳеҷ чиз аз имон овардану омурзиш хостан бознадошт, магар он, ки мебоист ба шеваи пешиниён гирифтори азоб шаванд ё он ки азоби рӯшоду ошкоро бар онон фурӯд ояд.

56. Ва Мо паёмбаронро нафиристодем, ҷуз он ки ба мардум мужда диҳанд ё бим. Ва кофироне, ки мехоҳанд ба нерӯи ботил ҳақро аз миён бибаранд, ҷидол мекунанд ва оёту ҳӯшдорҳои Маро ба масхара мегиранд.

57. Кист ситамкортар аз он, ки оёти Парвардигорашро барояш бихонанд ва ӯ рӯй гардонад ва корҳое, ки аз пеш карда, фаромӯш кунад?  Бар дили онҳо парда афкандем, то оётро дарнаёбанд ва гӯшҳояшонро кар сохтем, ки агар ба роҳи ҳидояташон даъват кунӣ, ҳаргиз роҳ наёбанд.

58. Парвардигорат омурзандаву меҳрубон аст. Агар мехост, ба сабаби кирдорашон дар ин ҷаҳон бозхосташон кунад, бо шитоб ба азобашон месупурд. Аммо азобро замоне муъайян аст, ки чун фаро расад, ҳаргиз, паноҳгоҳе наёбанд.

59. Ва он шаҳрҳоро (яъне, мардуми он шаҳрҳо), чун кофир шуданд, ба ҳалокат расонидем ва барои ҳалокаташон ваъдае ниҳодем.

60. Ва Мӯсо ба шогирди худ гуфт: «Ман ҳамчунон хоҳам рафт, то он ҷо, ки ду баҳр ба ҳам расидаанд. Ё биравам муддатҳои дароз”

61. Чун он ду ба он ҷо, ки ду баҳр ба ҳам расида буданд, расиданд, моҳияшонро фаромӯш карданд ва моҳӣ роҳи баҳр гирифт ва дар об шуд.

62. Чун аз он ҷо гузаштанд, ба шогирди худ гуфт: «Хӯроки чоштамонро биёвар, ки дар ин сафарамон ранҷи фаровон дидаем».

63. Гуфт: «Оё ба ёд дорӣ он гоҳро, ки дар канори санг макон гирифта будем? Ман моҳиро фаромӯш кардам (он ҷо). Ва ин шайтон буд, ки сабаб шуд фаромӯш кунам, хабардодани қиссаашро (ки чи гуна) моҳӣ (зинда шуд ва) ба тариқи таъаҷҷубовар ба баҳр рафт».

64. Гуфт:  «Он ҷо ҳамон ҷоест, ки дар талабаш будаем». Ва ба нишони қадамҳои худ ҷустуҷӯкунон бозгаштанд.

65. (Дар он ҷо) бандае аз бандагони Моро, (яъне, Хизр) ки раҳмати хеш ба ӯ арзонӣ дошта будем ва худ ба ӯ дониш омӯхта будем, биёфтанд.

66. Мӯсо гуфташ: «Оё бо ту биёям, то аз он чӣ ба ту омӯхтаанд, ба ман ба ҳадди камол  биёмӯзӣ?»

67. (Хизр) Гуфт: «Туро сабри ҳамроҳӣ бо ман нест.

68. Ва чӣ гуна дар баробари чизе, ки ба он огаҳӣ наёфтаӣ, сабр хоҳӣ кард?»

69.(Мӯсо) Гуфт: «Агар Худо бихоҳад, маро собир хоҳӣ ёфт, он чунон ки дар ҳеҷ коре туро нофармонӣ накунам».

70. (Хизр) Гуфт: «Агар аз паи ман меоӣ, набояд, ки аз ман чизе бипурсӣ, то ман худ туро аз он огоҳ кунам».

71. Пас ба роҳ афтоданд, то ба киштӣ савор шуданд. Киштиро сӯрох кард. Гуфт: «Киштиро сӯрох мекунӣ, то мардумашро ғарқ созӣ? Коре, ки мекунӣ, коре сахт бузург (зишт) аст!»

72. (Хизр) Гуфт: «Нагуфтам, ки туро сабри ҳамроҳӣ бо ман нест?»

73. (Мӯсо) Гуфт: «Фаромӯш кардам, маро бозхост макун ва ба ин андоза бар ман сахт магир».

74. Ва рафтанд, то ба писаре расиданд, ӯро кушт. Мӯсо гуфт: «Оё шахси бегуноҳе,  бе он ки қатле карда бошад, мекушӣ? Муртакиби коре зишт гардидӣ».

75. Гуфт: «Нагуфтам, ки туро сабри ҳамроҳӣ бо ман нест?»

76. Гуфт: «Агар аз ин пас аз ту чизе бипурсам, бо ман ҳамроҳӣ макун, ки аз ҷониби ман маъзур бошӣ».

77. Пас бирафтанд, то ба шаҳре расиданд. Аз мардуми он шаҳр таъоме хостанд. Аз мизбониашон сар бартофтанд. Он ҷо деворе диданд, ки наздик буд, фурӯ резад. Деворро рост кард. Мӯсо гуфт: «Кош дар баробари ин кор музде мехостӣ».

78. Гуфт: «Акнун замони ҷудоӣ миёни ману туст ва туро аз сирри он корҳо, ки таҳаммулашонро надоштӣ, огоҳ мекунам.

79. Аммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар баҳр кор мекарданд. Хостам маъюбаш (нуқсондор) кунам, зеро дар пеши рӯяшон подшоҳе буд, ки киштиҳоро ба зӯрӣ мегирифт.

80. Аммо он писар падару модараш мӯъмин буданд. Тарсидем, ки он дуро ба исёну куфр дарандозад.

81. Хостем то дар ивази ӯ Парвардигорашон чизе насибашон созад ба покии беҳтар аз ӯ ва ба меҳрубонии наздиктар аз ӯ.

82. Аммо девор аз они ду писари ятим аз мардуми ин шаҳр буд, дар зераш ганҷе буд аз они писарон. Падарашон марде солеҳ буд. Парвардигори ту мехост он ду ба ҳадди балоғат расанд ва ганҷи худро берун оранд. Ва ман ин корро ба майли худ накардам. Раҳмати Парвардигорат буд. Ин аст рози он сухан, ки гуфтам: «Туро сабри он нест».

83. Ва аз ту дар бораи Зулқарнайн мепурсанд. Бигӯ: «Барои шумо аз ҳоли ӯ хабаре хоҳам дод».

84. Мо ӯро дар замин қудрат додем ва роҳи расидан ба ҳар чизеро ба ӯ нишон додем.

85. ӯ низ роҳро пай гирифт.

86. То ба ғурубгоҳи хуршед расид. Дид, ки дар чашмае гилолуду сиёҳ ғуруб мекунад ва дар он ҷо мардуме ёфт. Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, мехоҳӣ уқубаташон кун ва мехоҳӣ бо онҳо ба некӣ рафтор кун».

87. Гуфт: «Аммо ҳар кас, ки ситам кунад, мо уқубаташ хоҳем кард. Он гоҳ ӯро назди Парвардигораш баргардонида шавад, то ӯ низ ба сахтӣ азобаш кунад.

88. Ва аммо ҳар кас,  ки  имон овард ва корҳои шоиста кунад, аҷре некӯ дорад. Ва дар бораи ӯ фармонҳои осон хоҳем ронд».

89. Боз ҳам роҳро пай гирифт.

90. То ба макони баромадани офтоб расид. Дидаш, ки бар қавме тулӯъ мекунад, ки ғайр аз партави он барояшон ҳеҷ пӯшише қарор надодаем.

91. Чунин буд. Ва мо бар аҳволи ӯ хабар дорем.

92. Боз ҳам роҳро пай гирифт.

93. То ба миёни ду кӯҳ расид. Дар паси он ду кӯҳ мардумеро дид, ки  гӯӣ ҳеҷ суханеро намефаҳманд.

94. Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар замин фасод мекунанд. Пас, оё барои ту хироҷе муқаррар кунем, то ту миёни мову онҳо садде (деворе) бисозӣ?»

95. Гуфт: «Он чӣ Парвардигори ман маро ба он тавоноӣ додааст, беҳтар аст. Маро ба нерӯи хеш мадад кунед, то миёни шумову онҳо садде (деворе) бисозам.

96. Барои ман тиккаҳои оҳан биёваред». Чун миёни он ду кӯҳ ҷамъ карда шуд, гуфт: «Бидамед!». То он оҳанро бигудохт. Ва гуфт: «Миси гудохта биёваред, то бар он резам».

97. Натавонистанд (Яъҷуҷу Маъҷуҷ )аз он боло раванд ва на дар он сӯрох кунанд.

98. Гуфт: «Ин раҳмате буд аз ҷониби Парвардигори ман ва чун ваъдаи Парвардигори ман даррасид, онро зеру  забар кунад ва ваъдаи Парвардигори ман рост аст».

99. Ва дар он рӯз баъзе онҳоро вогузорем, то (чун мавҷ) дарҳам омезанд ва чун дар сур дамида шавад, ҳамаро як ҷо гирд оварем.

100. Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ба кофирон, чунон ки бояд, нишон хоҳем дод.

101. Он касон (кофирон), ки чашмонашон аз ёди ман дар парда буда ва тавони шунидан надоштаанд.

102. Оё кофирон пиндоранд, ки ба ҷои Ман бандагони Маро ба худоӣ гиранд? Мо ҷаҳаннамро омода сохтаем, то манзилгоҳи кофирон бошад.

103. Бигӯ: «Оё шуморо огоҳ кунем, ки кирдори чӣ касоне беш аз ҳама ба зиёнашон буд?

104. Онҳое, ки кӯшиданашон дар зиндагии дунё табоҳ шуд ва мепиндоштанд, коре некӯ мекунанд.

105. Онон ба оёти Парвардигорашон ва ба мулоқот бо ӯ имон наёварданд, пас аъмолашон ночиз шуд ва Мо дар рӯзи қиёмат барояшон вазне қоил нестем.

106. Ҳамчунин ҷазои онон ба сабаби куфрашон ва низ ба он сабаб, ки оёту паёмбарони Маро масхара мекарданд, ҷаҳаннам аст.

107. Касоне, ки имон оварданд ва корҳое шоиста карданд, меҳмонсарояшон боғҳои фирдавс аст.

108. Дар он ҷо ҷовидонанд ва ҳаргиз ҳаваси кӯчидан накунанд.

109. Бигӯ: «Агар баҳр барои навиштани калимоти (суханон, илму ҳикмат) Парвардигори ман ранг шавад, баҳр ба поён мерасад ва калимоти Парвардигори ман ба поён намерасад, ҳарчанд баҳри дигаре ба мадади он биёварем».

110. Бигӯ: «Ман инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй мешавад. Албатта, Худои шумо, худоест якто. Ҳар кас дидори Парвардигори хешро умед мебандад, бояд кирдори шоиста дошта бошад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад».

Сураи КАҲФ

18|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ الحَمدُ لِلَّهِ الَّذى أَنزَلَ عَلىٰ عَبدِهِ الكِتٰبَ وَلَم يَجعَل لَهُ عِوَجا

18|2|قَيِّمًا لِيُنذِرَ بَأسًا شَديدًا مِن لَدُنهُ وَيُبَشِّرَ المُؤمِنينَ الَّذينَ يَعمَلونَ الصّٰلِحٰتِ أَنَّ لَهُم أَجرًا حَسَنًا

18|3|مٰكِثينَ فيهِ أَبَدًا

18|4|وَيُنذِرَ الَّذينَ قالُوا اتَّخَذَ اللَّهُ وَلَدًا

18|5|ما لَهُم بِهِ مِن عِلمٍ وَلا لِءابائِهِم كَبُرَت كَلِمَةً تَخرُجُ مِن أَفوٰهِهِم إِن يَقولونَ إِلّا كَذِبًا

18|6|فَلَعَلَّكَ بٰخِعٌ نَفسَكَ عَلىٰ ءاثٰرِهِم إِن لَم يُؤمِنوا بِهٰذَا الحَديثِ أَسَفًا

18|7|إِنّا جَعَلنا ما عَلَى الأَرضِ زينَةً لَها لِنَبلُوَهُم أَيُّهُم أَحسَنُ عَمَلًا

18|8|وَإِنّا لَجٰعِلونَ ما عَلَيها صَعيدًا جُرُزًا

18|9|أَم حَسِبتَ أَنَّ أَصحٰبَ الكَهفِ وَالرَّقيمِ كانوا مِن ءايٰتِنا عَجَبًا

18|10|إِذ أَوَى الفِتيَةُ إِلَى الكَهفِ فَقالوا رَبَّنا ءاتِنا مِن لَدُنكَ رَحمَةً وَهَيِّئ لَنا مِن أَمرِنا رَشَدًا

18|11|فَضَرَبنا عَلىٰ ءاذانِهِم فِى الكَهفِ سِنينَ عَدَدًا

18|12|ثُمَّ بَعَثنٰهُم لِنَعلَمَ أَىُّ الحِزبَينِ أَحصىٰ لِما لَبِثوا أَمَدًا

18|13|نَحنُ نَقُصُّ عَلَيكَ نَبَأَهُم بِالحَقِّ إِنَّهُم فِتيَةٌ ءامَنوا بِرَبِّهِم وَزِدنٰهُم هُدًى

18|14|وَرَبَطنا عَلىٰ قُلوبِهِم إِذ قاموا فَقالوا رَبُّنا رَبُّ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ لَن نَدعُوَا۟ مِن دونِهِ إِلٰهًا لَقَد قُلنا إِذًا شَطَطًا

18|15|هٰؤُلاءِ قَومُنَا اتَّخَذوا مِن دونِهِ ءالِهَةً لَولا يَأتونَ عَلَيهِم بِسُلطٰنٍ بَيِّنٍ فَمَن أَظلَمُ مِمَّنِ افتَرىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا

18|16|وَإِذِ اعتَزَلتُموهُم وَما يَعبُدونَ إِلَّا اللَّهَ فَأوۥا إِلَى الكَهفِ يَنشُر لَكُم رَبُّكُم مِن رَحمَتِهِ وَيُهَيِّئ لَكُم مِن أَمرِكُم مِرفَقًا

18|17|وَتَرَى الشَّمسَ إِذا طَلَعَت تَزٰوَرُ عَن كَهفِهِم ذاتَ اليَمينِ وَإِذا غَرَبَت تَقرِضُهُم ذاتَ الشِّمالِ وَهُم فى فَجوَةٍ مِنهُ ذٰلِكَ مِن ءايٰتِ اللَّهِ مَن يَهدِ اللَّهُ فَهُوَ المُهتَدِ وَمَن يُضلِل فَلَن تَجِدَ لَهُ وَلِيًّا مُرشِدًا

18|18|وَتَحسَبُهُم أَيقاظًا وَهُم رُقودٌ وَنُقَلِّبُهُم ذاتَ اليَمينِ وَذاتَ الشِّمالِ وَكَلبُهُم بٰسِطٌ ذِراعَيهِ بِالوَصيدِ لَوِ اطَّلَعتَ عَلَيهِم لَوَلَّيتَ مِنهُم فِرارًا وَلَمُلِئتَ مِنهُم رُعبًا

18|19|وَكَذٰلِكَ بَعَثنٰهُم لِيَتَساءَلوا بَينَهُم قالَ قائِلٌ مِنهُم كَم لَبِثتُم قالوا لَبِثنا يَومًا أَو بَعضَ يَومٍ قالوا رَبُّكُم أَعلَمُ بِما لَبِثتُم فَابعَثوا أَحَدَكُم بِوَرِقِكُم هٰذِهِ إِلَى المَدينَةِ فَليَنظُر أَيُّها أَزكىٰ طَعامًا فَليَأتِكُم بِرِزقٍ مِنهُ وَليَتَلَطَّف وَلا يُشعِرَنَّ بِكُم أَحَدًا

18|20|إِنَّهُم إِن يَظهَروا عَلَيكُم يَرجُموكُم أَو يُعيدوكُم فى مِلَّتِهِم وَلَن تُفلِحوا إِذًا أَبَدًا

18|21|وَكَذٰلِكَ أَعثَرنا عَلَيهِم لِيَعلَموا أَنَّ وَعدَ اللَّهِ حَقٌّ وَأَنَّ السّاعَةَ لا رَيبَ فيها إِذ يَتَنٰزَعونَ بَينَهُم أَمرَهُم فَقالُوا ابنوا عَلَيهِم بُنيٰنًا رَبُّهُم أَعلَمُ بِهِم قالَ الَّذينَ غَلَبوا عَلىٰ أَمرِهِم لَنَتَّخِذَنَّ عَلَيهِم مَسجِدًا

18|22|سَيَقولونَ ثَلٰثَةٌ رابِعُهُم كَلبُهُم وَيَقولونَ خَمسَةٌ سادِسُهُم كَلبُهُم رَجمًا بِالغَيبِ وَيَقولونَ سَبعَةٌ وَثامِنُهُم كَلبُهُم قُل رَبّى أَعلَمُ بِعِدَّتِهِم ما يَعلَمُهُم إِلّا قَليلٌ فَلا تُمارِ فيهِم إِلّا مِراءً ظٰهِرًا وَلا تَستَفتِ فيهِم مِنهُم أَحَدًا

18|23|وَلا تَقولَنَّ لِشَا۟يءٍ إِنّى فاعِلٌ ذٰلِكَ غَدًا

18|24|إِلّا أَن يَشاءَ اللَّهُ وَاذكُر رَبَّكَ إِذا نَسيتَ وَقُل عَسىٰ أَن يَهدِيَنِ رَبّى لِأَقرَبَ مِن هٰذا رَشَدًا

18|25|وَلَبِثوا فى كَهفِهِم ثَلٰثَ مِا۟ئَةٍ سِنينَ وَازدادوا تِسعًا

18|26|قُلِ اللَّهُ أَعلَمُ بِما لَبِثوا لَهُ غَيبُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ أَبصِر بِهِ وَأَسمِع ما لَهُم مِن دونِهِ مِن وَلِىٍّ وَلا يُشرِكُ فى حُكمِهِ أَحَدًا

18|27|وَاتلُ ما أوحِىَ إِلَيكَ مِن كِتابِ رَبِّكَ لا مُبَدِّلَ لِكَلِمٰتِهِ وَلَن تَجِدَ مِن دونِهِ مُلتَحَدًا

18|28|وَاصبِر نَفسَكَ مَعَ الَّذينَ يَدعونَ رَبَّهُم بِالغَدوٰةِ وَالعَشِىِّ يُريدونَ وَجهَهُ وَلا تَعدُ عَيناكَ عَنهُم تُريدُ زينَةَ الحَيوٰةِ الدُّنيا وَلا تُطِع مَن أَغفَلنا قَلبَهُ عَن ذِكرِنا وَاتَّبَعَ هَوىٰهُ وَكانَ أَمرُهُ فُرُطًا

18|29|وَقُلِ الحَقُّ مِن رَبِّكُم فَمَن شاءَ فَليُؤمِن وَمَن شاءَ فَليَكفُر إِنّا أَعتَدنا لِلظّٰلِمينَ نارًا أَحاطَ بِهِم سُرادِقُها وَإِن يَستَغيثوا يُغاثوا بِماءٍ كَالمُهلِ يَشوِى الوُجوهَ بِئسَ الشَّرابُ وَساءَت مُرتَفَقًا

18|30|إِنَّ الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ إِنّا لا نُضيعُ أَجرَ مَن أَحسَنَ عَمَلًا

18|31|أُولٰئِكَ لَهُم جَنّٰتُ عَدنٍ تَجرى مِن تَحتِهِمُ الأَنهٰرُ يُحَلَّونَ فيها مِن أَساوِرَ مِن ذَهَبٍ وَيَلبَسونَ ثِيابًا خُضرًا مِن سُندُسٍ وَإِستَبرَقٍ مُتَّكِـٔينَ فيها عَلَى الأَرائِكِ نِعمَ الثَّوابُ وَحَسُنَت مُرتَفَقًا

18|32|وَاضرِب لَهُم مَثَلًا رَجُلَينِ جَعَلنا لِأَحَدِهِما جَنَّتَينِ مِن أَعنٰبٍ وَحَفَفنٰهُما بِنَخلٍ وَجَعَلنا بَينَهُما زَرعًا

18|33|كِلتَا الجَنَّتَينِ ءاتَت أُكُلَها وَلَم تَظلِم مِنهُ شَيـًٔا وَفَجَّرنا خِلٰلَهُما نَهَرًا

18|34|وَكانَ لَهُ ثَمَرٌ فَقالَ لِصٰحِبِهِ وَهُوَ يُحاوِرُهُ أَنا۠ أَكثَرُ مِنكَ مالًا وَأَعَزُّ نَفَرًا

18|35|وَدَخَلَ جَنَّتَهُ وَهُوَ ظالِمٌ لِنَفسِهِ قالَ ما أَظُنُّ أَن تَبيدَ هٰذِهِ أَبَدًا

18|36|وَما أَظُنُّ السّاعَةَ قائِمَةً وَلَئِن رُدِدتُ إِلىٰ رَبّى لَأَجِدَنَّ خَيرًا مِنها مُنقَلَبًا

18|37|قالَ لَهُ صاحِبُهُ وَهُوَ يُحاوِرُهُ أَكَفَرتَ بِالَّذى خَلَقَكَ مِن تُرابٍ ثُمَّ مِن نُطفَةٍ ثُمَّ سَوّىٰكَ رَجُلًا

18|38|لٰكِنّا۠ هُوَ اللَّهُ رَبّى وَلا أُشرِكُ بِرَبّى أَحَدًا

18|39|وَلَولا إِذ دَخَلتَ جَنَّتَكَ قُلتَ ما شاءَ اللَّهُ لا قُوَّةَ إِلّا بِاللَّهِ إِن تَرَنِ أَنا۠ أَقَلَّ مِنكَ مالًا وَوَلَدًا

18|40|فَعَسىٰ رَبّى أَن يُؤتِيَنِ خَيرًا مِن جَنَّتِكَ وَيُرسِلَ عَلَيها حُسبانًا مِنَ السَّماءِ فَتُصبِحَ صَعيدًا زَلَقًا

18|41|أَو يُصبِحَ ماؤُها غَورًا فَلَن تَستَطيعَ لَهُ طَلَبًا

18|42|وَأُحيطَ بِثَمَرِهِ فَأَصبَحَ يُقَلِّبُ كَفَّيهِ عَلىٰ ما أَنفَقَ فيها وَهِىَ خاوِيَةٌ عَلىٰ عُروشِها وَيَقولُ يٰلَيتَنى لَم أُشرِك بِرَبّى أَحَدًا

18|43|وَلَم تَكُن لَهُ فِئَةٌ يَنصُرونَهُ مِن دونِ اللَّهِ وَما كانَ مُنتَصِرًا

18|44|هُنالِكَ الوَلٰيَةُ لِلَّهِ الحَقِّ هُوَ خَيرٌ ثَوابًا وَخَيرٌ عُقبًا

18|45|وَاضرِب لَهُم مَثَلَ الحَيوٰةِ الدُّنيا كَماءٍ أَنزَلنٰهُ مِنَ السَّماءِ فَاختَلَطَ بِهِ نَباتُ الأَرضِ فَأَصبَحَ هَشيمًا تَذروهُ الرِّيٰحُ وَكانَ اللَّهُ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ مُقتَدِرًا

18|46|المالُ وَالبَنونَ زينَةُ الحَيوٰةِ الدُّنيا وَالبٰقِيٰتُ الصّٰلِحٰتُ خَيرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوابًا وَخَيرٌ أَمَلًا

18|47|وَيَومَ نُسَيِّرُ الجِبالَ وَتَرَى الأَرضَ بارِزَةً وَحَشَرنٰهُم فَلَم نُغادِر مِنهُم أَحَدًا

18|48|وَعُرِضوا عَلىٰ رَبِّكَ صَفًّا لَقَد جِئتُمونا كَما خَلَقنٰكُم أَوَّلَ مَرَّةٍ بَل زَعَمتُم أَلَّن نَجعَلَ لَكُم مَوعِدًا

18|49|وَوُضِعَ الكِتٰبُ فَتَرَى المُجرِمينَ مُشفِقينَ مِمّا فيهِ وَيَقولونَ يٰوَيلَتَنا مالِ هٰذَا الكِتٰبِ لا يُغادِرُ صَغيرَةً وَلا كَبيرَةً إِلّا أَحصىٰها وَوَجَدوا ما عَمِلوا حاضِرًا وَلا يَظلِمُ رَبُّكَ أَحَدًا

18|50|وَإِذ قُلنا لِلمَلٰئِكَةِ اسجُدوا لِءادَمَ فَسَجَدوا إِلّا إِبليسَ كانَ مِنَ الجِنِّ فَفَسَقَ عَن أَمرِ رَبِّهِ أَفَتَتَّخِذونَهُ وَذُرِّيَّتَهُ أَولِياءَ مِن دونى وَهُم لَكُم عَدُوٌّ بِئسَ لِلظّٰلِمينَ بَدَلًا

18|51|ما أَشهَدتُهُم خَلقَ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَلا خَلقَ أَنفُسِهِم وَما كُنتُ مُتَّخِذَ المُضِلّينَ عَضُدًا

18|52|وَيَومَ يَقولُ نادوا شُرَكاءِىَ الَّذينَ زَعَمتُم فَدَعَوهُم فَلَم يَستَجيبوا لَهُم وَجَعَلنا بَينَهُم مَوبِقًا

18|53|وَرَءَا المُجرِمونَ النّارَ فَظَنّوا أَنَّهُم مُواقِعوها وَلَم يَجِدوا عَنها مَصرِفًا

18|54|وَلَقَد صَرَّفنا فى هٰذَا القُرءانِ لِلنّاسِ مِن كُلِّ مَثَلٍ وَكانَ الإِنسٰنُ أَكثَرَ شَيءٍ جَدَلًا

18|55|وَما مَنَعَ النّاسَ أَن يُؤمِنوا إِذ جاءَهُمُ الهُدىٰ وَيَستَغفِروا رَبَّهُم إِلّا أَن تَأتِيَهُم سُنَّةُ الأَوَّلينَ أَو يَأتِيَهُمُ العَذابُ قُبُلًا

18|56|وَما نُرسِلُ المُرسَلينَ إِلّا مُبَشِّرينَ وَمُنذِرينَ وَيُجٰدِلُ الَّذينَ كَفَروا بِالبٰطِلِ لِيُدحِضوا بِهِ الحَقَّ وَاتَّخَذوا ءايٰتى وَما أُنذِروا هُزُوًا

18|57|وَمَن أَظلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـٔايٰتِ رَبِّهِ فَأَعرَضَ عَنها وَنَسِىَ ما قَدَّمَت يَداهُ إِنّا جَعَلنا عَلىٰ قُلوبِهِم أَكِنَّةً أَن يَفقَهوهُ وَفى ءاذانِهِم وَقرًا وَإِن تَدعُهُم إِلَى الهُدىٰ فَلَن يَهتَدوا إِذًا أَبَدًا

18|58|وَرَبُّكَ الغَفورُ ذُو الرَّحمَةِ لَو يُؤاخِذُهُم بِما كَسَبوا لَعَجَّلَ لَهُمُ العَذابَ بَل لَهُم مَوعِدٌ لَن يَجِدوا مِن دونِهِ مَوئِلًا

18|59|وَتِلكَ القُرىٰ أَهلَكنٰهُم لَمّا ظَلَموا وَجَعَلنا لِمَهلِكِهِم مَوعِدًا

18|60|وَإِذ قالَ موسىٰ لِفَتىٰهُ لا أَبرَحُ حَتّىٰ أَبلُغَ مَجمَعَ البَحرَينِ أَو أَمضِىَ حُقُبًا

18|61|فَلَمّا بَلَغا مَجمَعَ بَينِهِما نَسِيا حوتَهُما فَاتَّخَذَ سَبيلَهُ فِى البَحرِ سَرَبًا

18|62|فَلَمّا جاوَزا قالَ لِفَتىٰهُ ءاتِنا غَداءَنا لَقَد لَقينا مِن سَفَرِنا هٰذا نَصَبًا

18|63|قالَ أَرَءَيتَ إِذ أَوَينا إِلَى الصَّخرَةِ فَإِنّى نَسيتُ الحوتَ وَما أَنسىٰنيهُ إِلَّا الشَّيطٰنُ أَن أَذكُرَهُ وَاتَّخَذَ سَبيلَهُ فِى البَحرِ عَجَبًا

18|64|قالَ ذٰلِكَ ما كُنّا نَبغِ فَارتَدّا عَلىٰ ءاثارِهِما قَصَصًا

18|65|فَوَجَدا عَبدًا مِن عِبادِنا ءاتَينٰهُ رَحمَةً مِن عِندِنا وَعَلَّمنٰهُ مِن لَدُنّا عِلمًا

18|66|قالَ لَهُ موسىٰ هَل أَتَّبِعُكَ عَلىٰ أَن تُعَلِّمَنِ مِمّا عُلِّمتَ رُشدًا

18|67|قالَ إِنَّكَ لَن تَستَطيعَ مَعِىَ صَبرًا

18|68|وَكَيفَ تَصبِرُ عَلىٰ ما لَم تُحِط بِهِ خُبرًا

18|69|قالَ سَتَجِدُنى إِن شاءَ اللَّهُ صابِرًا وَلا أَعصى لَكَ أَمرًا

18|70|قالَ فَإِنِ اتَّبَعتَنى فَلا تَسـَٔلنى عَن شَيءٍ حَتّىٰ أُحدِثَ لَكَ مِنهُ ذِكرًا

18|71|فَانطَلَقا حَتّىٰ إِذا رَكِبا فِى السَّفينَةِ خَرَقَها قالَ أَخَرَقتَها لِتُغرِقَ أَهلَها لَقَد جِئتَ شَيـًٔا إِمرًا

18|72|قالَ أَلَم أَقُل إِنَّكَ لَن تَستَطيعَ مَعِىَ صَبرًا

18|73|قالَ لا تُؤاخِذنى بِما نَسيتُ وَلا تُرهِقنى مِن أَمرى عُسرًا

18|74|فَانطَلَقا حَتّىٰ إِذا لَقِيا غُلٰمًا فَقَتَلَهُ قالَ أَقَتَلتَ نَفسًا زَكِيَّةً بِغَيرِ نَفسٍ لَقَد جِئتَ شَيـًٔا نُكرًا

18|75|قالَ أَلَم أَقُل لَكَ إِنَّكَ لَن تَستَطيعَ مَعِىَ صَبرًا

18|76|قالَ إِن سَأَلتُكَ عَن شَيءٍ بَعدَها فَلا تُصٰحِبنى قَد بَلَغتَ مِن لَدُنّى عُذرًا

18|77|فَانطَلَقا حَتّىٰ إِذا أَتَيا أَهلَ قَريَةٍ استَطعَما أَهلَها فَأَبَوا أَن يُضَيِّفوهُما فَوَجَدا فيها جِدارًا يُريدُ أَن يَنقَضَّ فَأَقامَهُ قالَ لَو شِئتَ لَتَّخَذتَ عَلَيهِ أَجرًا

18|78|قالَ هٰذا فِراقُ بَينى وَبَينِكَ سَأُنَبِّئُكَ بِتَأويلِ ما لَم تَستَطِع عَلَيهِ صَبرًا

18|79|أَمَّا السَّفينَةُ فَكانَت لِمَسٰكينَ يَعمَلونَ فِى البَحرِ فَأَرَدتُ أَن أَعيبَها وَكانَ وَراءَهُم مَلِكٌ يَأخُذُ كُلَّ سَفينَةٍ غَصبًا

18|80|وَأَمَّا الغُلٰمُ فَكانَ أَبَواهُ مُؤمِنَينِ فَخَشينا أَن يُرهِقَهُما طُغيٰنًا وَكُفرًا

18|81|فَأَرَدنا أَن يُبدِلَهُما رَبُّهُما خَيرًا مِنهُ زَكوٰةً وَأَقرَبَ رُحمًا

18|82|وَأَمَّا الجِدارُ فَكانَ لِغُلٰمَينِ يَتيمَينِ فِى المَدينَةِ وَكانَ تَحتَهُ كَنزٌ لَهُما وَكانَ أَبوهُما صٰلِحًا فَأَرادَ رَبُّكَ أَن يَبلُغا أَشُدَّهُما وَيَستَخرِجا كَنزَهُما رَحمَةً مِن رَبِّكَ وَما فَعَلتُهُ عَن أَمرى ذٰلِكَ تَأويلُ ما لَم تَسطِع عَلَيهِ صَبرًا

18|83|وَيَسـَٔلونَكَ عَن ذِى القَرنَينِ قُل سَأَتلوا عَلَيكُم مِنهُ ذِكرًا

18|84|إِنّا مَكَّنّا لَهُ فِى الأَرضِ وَءاتَينٰهُ مِن كُلِّ شَيءٍ سَبَبًا

18|85|فَأَتبَعَ سَبَبًا

18|86|حَتّىٰ إِذا بَلَغَ مَغرِبَ الشَّمسِ وَجَدَها تَغرُبُ فى عَينٍ حَمِئَةٍ وَوَجَدَ عِندَها قَومًا قُلنا يٰذَا القَرنَينِ إِمّا أَن تُعَذِّبَ وَإِمّا أَن تَتَّخِذَ فيهِم حُسنًا

18|87|قالَ أَمّا مَن ظَلَمَ فَسَوفَ نُعَذِّبُهُ ثُمَّ يُرَدُّ إِلىٰ رَبِّهِ فَيُعَذِّبُهُ عَذابًا نُكرًا

18|88|وَأَمّا مَن ءامَنَ وَعَمِلَ صٰلِحًا فَلَهُ جَزاءً الحُسنىٰ وَسَنَقولُ لَهُ مِن أَمرِنا يُسرًا

18|89|ثُمَّ أَتبَعَ سَبَبًا

18|90|حَتّىٰ إِذا بَلَغَ مَطلِعَ الشَّمسِ وَجَدَها تَطلُعُ عَلىٰ قَومٍ لَم نَجعَل لَهُم مِن دونِها سِترًا

18|91|كَذٰلِكَ وَقَد أَحَطنا بِما لَدَيهِ خُبرًا

18|92|ثُمَّ أَتبَعَ سَبَبًا

18|93|حَتّىٰ إِذا بَلَغَ بَينَ السَّدَّينِ وَجَدَ مِن دونِهِما قَومًا لا يَكادونَ يَفقَهونَ قَولًا

18|94|قالوا يٰذَا القَرنَينِ إِنَّ يَأجوجَ وَمَأجوجَ مُفسِدونَ فِى الأَرضِ فَهَل نَجعَلُ لَكَ خَرجًا عَلىٰ أَن تَجعَلَ بَينَنا وَبَينَهُم سَدًّا

18|95|قالَ ما مَكَّنّى فيهِ رَبّى خَيرٌ فَأَعينونى بِقُوَّةٍ أَجعَل بَينَكُم وَبَينَهُم رَدمًا

18|96|ءاتونى زُبَرَ الحَديدِ حَتّىٰ إِذا ساوىٰ بَينَ الصَّدَفَينِ قالَ انفُخوا حَتّىٰ إِذا جَعَلَهُ نارًا قالَ ءاتونى أُفرِغ عَلَيهِ قِطرًا

18|97|فَمَا اسطٰعوا أَن يَظهَروهُ وَمَا استَطٰعوا لَهُ نَقبًا

18|98|قالَ هٰذا رَحمَةٌ مِن رَبّى فَإِذا جاءَ وَعدُ رَبّى جَعَلَهُ دَكّاءَ وَكانَ وَعدُ رَبّى حَقًّا

18|99|وَتَرَكنا بَعضَهُم يَومَئِذٍ يَموجُ فى بَعضٍ وَنُفِخَ فِى الصّورِ فَجَمَعنٰهُم جَمعًا

18|100|وَعَرَضنا جَهَنَّمَ يَومَئِذٍ لِلكٰفِرينَ عَرضًا

18|101|الَّذينَ كانَت أَعيُنُهُم فى غِطاءٍ عَن ذِكرى وَكانوا لا يَستَطيعونَ سَمعًا

18|102|أَفَحَسِبَ الَّذينَ كَفَروا أَن يَتَّخِذوا عِبادى مِن دونى أَولِياءَ إِنّا أَعتَدنا جَهَنَّمَ لِلكٰفِرينَ نُزُلًا

18|103|قُل هَل نُنَبِّئُكُم بِالأَخسَرينَ أَعمٰلًا

18|104|الَّذينَ ضَلَّ سَعيُهُم فِى الحَيوٰةِ الدُّنيا وَهُم يَحسَبونَ أَنَّهُم يُحسِنونَ صُنعًا

18|105|أُولٰئِكَ الَّذينَ كَفَروا بِـٔايٰتِ رَبِّهِم وَلِقائِهِ فَحَبِطَت أَعمٰلُهُم فَلا نُقيمُ لَهُم يَومَ القِيٰمَةِ وَزنًا

18|106|ذٰلِكَ جَزاؤُهُم جَهَنَّمُ بِما كَفَروا وَاتَّخَذوا ءايٰتى وَرُسُلى هُزُوًا

18|107|إِنَّ الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ كانَت لَهُم جَنّٰتُ الفِردَوسِ نُزُلًا

18|108|خٰلِدينَ فيها لا يَبغونَ عَنها حِوَلًا

18|109|قُل لَو كانَ البَحرُ مِدادًا لِكَلِمٰتِ رَبّى لَنَفِدَ البَحرُ قَبلَ أَن تَنفَدَ كَلِمٰتُ رَبّى وَلَو جِئنا بِمِثلِهِ مَدَدًا

18|110|قُل إِنَّما أَنا۠ بَشَرٌ مِثلُكُم يوحىٰ إِلَىَّ أَنَّما إِلٰهُكُم إِلٰهٌ وٰحِدٌ فَمَن كانَ يَرجوا لِقاءَ رَبِّهِ فَليَعمَل عَمَلًا صٰلِحًا وَلا يُشرِك بِعِبادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.