Сураи ТОҲО тарчумаи точики(хондан)

Сураи ТОҲО(То, Ҳо)

Ба номи Худои  бахшояндаи меҳрубон!

1. То, Ҳо.

2.Қуръонро бар ту нозил накардаем, ки дар ранҷ афтӣ.

3.Танҳо ҳӯшдорест барои касе, кӣ метарсад.

4.Аз ҷониби касе, ки замину осмонҳои баландро офарида, нозил шудааст.

5.Худои Раҳмон бар Арш истиво дорад2.

6.Аз они ӯст он чи дар осмонҳову замин ва миёни онҳост ва он чӣ дар зери замин аст.

7.Ва агар сухани баланд гӯӣ, ӯ ба рози ниҳон ва ниҳонтар огоҳ аст.

8.Аллоҳ, он ки ҳеҷ худое барҳақ ҷуз ӯ нест, номҳои хуб аз они ӯст.

9.Оё хабари Мӯсо ба ту расидааст?

10.Чун оташе дид ва ба хонаводаи худ гуфт: «Ин ҷо бошед, ки ман аз дур оташе мебинам, шояд бароятон шӯълаеро биёварам ё дар рӯшноии он роҳе биёбам».

11.Чун назди оташ омад, нидо дода шуд: «Эй Мӯсо!

12.Ман Парвардигори ту ҳастам. Пойафзоратро берун кун, ки инак, дар водии муқаддаси Туво3 ҳастӣ.

1.Номи сура аз аввалин ояти он гирифта шудааст ва яке аз номҳои шарифи Паёмбар  аст. Хитоб бо Паёмбар   аст, ки дар ибодат хештанро ба машаққат меафканд. Ин сура дар Макка нозил шуда ва яксаду сиву панҷ оят дорад.

2.     Барои фаҳмидани шарҳи маънои “Истиво” нигаред  ба  сураи Юнус ояти 3-юм.

3.Номи водиест. Номи дигараш Водии Эмин ё арзи муқаддас аст.

13.Ва ман туро интихоб кардам (ба пайғамбарӣ). Пас ба он чӣ ваҳй мешавад, гӯш дор.

14.ҳаройна,  Худои якто Ман ҳастам. Ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ман нест. Пас маро бипараст ва то Маро ёд кунӣ, намоз бигзор.

15. Албатта, қиёмат омаданӣ аст. Мехоҳам замони онро пинҳон дорам, то ҳар кас дар муқобили коре, ки кардааст, ҷазо бубинад.

16. Он кас, ки ба он  (вуқӯъи қиёмат) имон надорад ва пайрави ҳавои хеш аст, туро аз он (имони ба қиёмат) рӯйгардон накунад, то ба ҳалокат афтӣ.

17. Эй Мӯсо, он чист ба дасти ростат?

18. Гуфт: «Ин асои ман аст. Бар он такя мекунам ва барои гӯсфандонам бо он барг мерезонам. Ва маро бо (асо) он корҳои дигар аст».

19. Гуфт: «Эй Мӯсо, онро бияфкан».

20. Бияфкандаш. Ногаҳон море шуд, ки мехазид.

21. Гуфт: «Бигираш ва матарс. Бори дигар онро ба сурати нахустинаш бозмегардонем.

22. Дасти хеш дар бағал кун, бе ҳеҷ айбе сафед берун ояд. Ин ҳам мӯъҷизаест дигар,

23. то оятҳои бузургтари худро ба ту бинамоёнем.

24. назди Фиръавн бирав, ки саркашӣ кардааст».

25. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, синаи маро барои ман кушода гардон.

26. Ва кори маро осон кун.

27. Ва гиреҳ аз забони ман бикушой,

28. то гуфтори маро бифаҳманд.

29. Ва ёваре аз хонадони ман барои ман қарор деҳ,

30. Бародарам Ҳорунро.

31. Ба сабаби ӯ нотавонии маро бипӯшон.

32. Ва дар кори ман шарикаш гардон,

33. То Туро фаровон ситоиш кунем.

34. Ва Туро фаровон ёд кунем,

35. ки албатта, Ту бар ҳоли мо огоҳ ҳастӣ».

36. Гуфт: «Эй Мӯсо, ҳар чӣ хостӣ, ба ту дода шуд.

37. Ва Мо бори дигар ба ту миннат ниҳодем (неъмати фаровон додем).

38.Он гоҳ, ки бар модарат он чиро, ки  ваҳй шуданӣ буд, ваҳй кардем,

39.ки ӯро дар сандуқе бияфкан, сандуқро ба дарё афкан, то дарё ба соҳилаш андозад ва яке аз душманони Ман ва душманони ӯ сандуқро баргирад. Муҳаббати хеш бар ту арзонӣ доштам, то зери назари Ман парвариш ёбӣ.

40.(Ба ёд ор) он гоҳ, ки хоҳарат мерафт ва мегуфт: «Мехоҳед шуморо ба касе, ки нигаҳдорияш кунад, роҳ бинамоям?» Мо туро назди модарат бозгардонидем, то чашмонаш равшан гардад ва ғам нахӯрад. Ва ту якеро бикуштӣ ва Мо аз  ғам озодат кардем ва борҳо туро биёзмудем. Ва соле чанд миёни мардуми Мадян зистӣ. Ва акнун, эй Мӯсо, дар ин ҳангом, ки тақдир карда будем, омадаӣ.

41.Туро барои Худ баргузидем.

42.Ту ва бародарат оёти Маро бибаред ва дар рисолати Ман сустӣ макунед!

43.Ба сӯи Фиръавн  биравед, ки ӯ аз ҳад гузаштааст.

44.Бо ӯ ба нармӣ сухан гӯед, шояд панд гирад ё битарсад».

45.Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бим дорем, ки бар мо зулму ситам кунад ё дар саркашӣ аз ҳад бигузаронад».

46.Гуфт: «Матарсед. Ман бо шумо ҳастам. Мешунаваму мебинам.

47.Пас, назди ӯ раведу гӯед: «Мо расулони Парвардигори туем. Бани Исроилро бо мо бифирист ва озорашон мадеҳ. Мо нишонае аз Парвардигорат бароят овардаем. Ва салом бар он кас, ки аз пайи ҳидоят қадам ниҳад.

48.Ҳаройна, ба мо ваҳй шудааст, ки азоб барои он касест, ки ростро дурӯғ шуморад ва аз он рӯй бартобад».

49.Гуфт: «Эй Мӯсо, Парвардигори шумо кист?»

50.Гуфт: «Парвардигори мо ҳамон касест, ки офариниши (сурату шакли) ҳар чизеро  арзонӣ дошта, сипас ҳидояташ кардааст».

51.Гуфт: «Ҳоли қавмҳое, ки аз ин пеш мезистанд, чист?»

52.Гуфт: «Илми он дар китобест назди Парвардигори ман, Парвардигори ман на хато мекунад ва на фаромӯш».

53.Касест, ки заминро оромгоҳи шумо сохт ва бароятон дар он (замин) роҳҳое падид овард ва аз осмон борон фиристод, то бо он анвоъе гуногун аз наботот бирӯёнем.

54.Бихӯред ва чорпоёнатонро бичаронед. Дар ин барои хирадмандон ибратҳост!

55.Шуморо аз замин офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар аз он берун меоварем.

56.Албатта ҳамаи оёти Худоро ба ӯ (Фиръавн) нишон додем, вале дурӯғ баровард ва саркашӣ кард.

57.Гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадаӣ, то бо сеҳрат моро аз сарзаминамон ҷудо кунӣ?

58.Мо низ дар баробари ту ҷодуе чун ҷодуи ту меоварем. Байни мову худ ваъдагоҳе дар замини ҳамвор бигузор, ки на мо ваъдаро хилоф кунем ва на ту».

59.Гуфт: « Ваъдагоҳи шумо рӯзи зинат (рӯзи иди бузурге, ки бахшида ба наҳри Нил аст ва мардум худро дар он меоростаанд) аст ва ҳамаи мардум  ба он ҳангом, ки офтоб баланд гардад, гирд оянд.

60.Фиръавн баргашт ва ёрони ҳилагари хешро гирд овард ва боз омад.

61.Мӯсо гуфташон (ҷодугаронро): «Вой бар шумо, бар Худо дурӯғ мабандед, ки ҳамаи шуморо ба азобе ҳалок кунад ва ҳар ки дурӯғ бандад, навмед шавад».

62.Пас ба якдигар дар кори худ ба машварат пардохтанд. Ва пинҳон розҳо гуфтанд.

63.Гуфтанд: «Ин ду ҷодугароне ҳастанд, ки мехоҳанд ба ҷодуи хеш шуморо аз сарзаминатон биронанд ва дини бартари шуморо маҳв кунанд.

64.Шумо тадбирҳои худ гирд оваред ва дар як саф биёед. Касе, ки имрӯз пирӯз шавад, растагорӣ ёбад».

65.Гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту меафканӣ ё мо нахуст бияфканем?»

66.Гуфт: «Шумо бияфканед». Ногаҳон аз ҷодуе, ки карданд, чунон дар назараш омад, ки он бандҳо ва асоҳо ба ҳар сӯ медаванд.

67.Мӯсо хештанро тарсон ёфт.

68.Гуфтем: «Матарс, ки ту  бартар ҳастӣ.

69.Он чӣ дар дасти рост дорӣ, бияфкан, то ҳар чиро, ки сохтаанд, фурӯ барад. Онон ҳилаи ҷодувон сохтаанд ва ҷодугар ҳеҷ гоҳ пирӯз намешавад».

70.Соҳирон ба саҷда водор шуданд. Гуфтанд: «Ба Парвардигори  Ҳоруну Мӯсо имон овардем».

71.Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, ба ӯ имон овардед? ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст. Дастҳову поҳотонро аз чапу рост мебурам ва бар танаи дарахти хурмо ба доратон  меовезам, то бидонед, ки азоби кадом як аз мо сахттару пояндатар аст».

72.Гуфтанд: «Савганд ба он зоте, ки моро офаридааст, ки туро бар  он нишонаҳои равшан, ки дидаем, тарҷеҳ намедиҳем (беҳтар намешуморем), ба ҳар чӣ хоҳӣ, ҳукм кун, ки ривоҷи ҳукми ту дар зиндагии инҷаҳонист.

73.Инак ба Парвардигори хеш имон овардем, то аз хатоҳои мо ва он ҷодугарӣ, ки моро ба он водоштӣ, даргузарад, ки Худо беҳтару пойдортар аст.

74.Албатта, ҳар кас, ки гунаҳкор назди Парвардигораш биёяд, ҷаҳаннам  ҷойгоҳи ӯст, ки дар он ҷо на мемирад ва на зинда мешавад.

75.Ва онон, ки бо имон назди ӯ (Парвардигор) оянд ва корҳои шоиста кунанд, соҳиби дараҷоте баланд бошанд.

76.(Барои онҳост) биҳиштҳои ҷовидон, ки дар он наҳрҳо равон аст ва абадӣ дар он ҷо бошанд. Ва ин аст подоши покон.

77.Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки бандагони Моро шабҳангом берун бибар ва барояшон (бо мӯъҷиза) дар баҳр гузаргоҳе хушк биҷӯй ва матарс, ки бар ту даст ёбанд ва тарс ба дил роҳ мадеҳ!

78.Фиръавн бо лашкарҳояш аз паяшон равон шуд. Ва баҳр чунон, ки бояд, ононро дар худ фурӯ гирифт.

79.Фиръавн қавмашро гумроҳ кард, на раҳнамоӣ.

80.«Эй банӣ Исроил, шуморо аз душманатон раҳонидем ва бо шумо дар ҷониби рости кӯҳи Тур ваъда ниҳодем ва бароятон манна (ширинӣ) ва салво  (бедона) нозил кардем.

81.Аз чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем, бихӯред ва аз ҳад магузаронедаш, то мабодо хашми Ман ба шумо расад, ки ҳар кас, ки хашми Ман ба ӯ бирасад, дар оташ афтад.

82.Ҳар кас, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста кунад ва ба роҳи ҳидоят равад, ҳаройна, Ман тавба пазирам.

83.Эй Мӯсо, чӣ чиз туро водошт, то бар қавмат пешӣ гирӣ?»

84.Гуфт: «Онҳо ҳамонҳоянд, ки аз пайи ман равонанд. Эй Парвардигори ман, ман ба сӯи Ту шитофтам, то хушнуд гардӣ».

85.Гуфт: «Мо қавми туро пас аз ту озмоиш кардем ва Сомирӣ гумроҳашон сохт».

86.Мӯсо хашмгин ва пурандӯҳ назди қавмаш бозгашту гуфт: «Эй қавми ман, оё Парвардигоратон шуморо ваъдаҳои некӯ надода буд? Оё дер кардани ман ба дароз кашид ё хостед, ки хашми Парвардигоратон ба шумо фурӯд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?»

87.Гуфтанд: «Мо ба ихтиёри хеш ваъдаи ту хилоф накардем. Аз зару зевари он қавм бардоштем. Онҳоро дар оташ андохтем. Ва Сомирӣ  низ андохт.

88.Ва барояшон пайкараи гӯсолае, ки садои говонро дошт, бисохт ва гуфтанд:  «Ин Худои шумо ва Худои Мӯсост. Ва Мӯсо фаромӯш кардааст».

89.Оё намедонанд, ки ҳеҷ посухе ба суханашон намедиҳад ва ҳеҷ суду зиёне барояшон надорад?

90.Ҳорун низ пеш аз ин ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, шуморо ба ин гӯсола  озмудаанд. Парвардигори шумо Худои Раҳмон аст. Аз паи ман биёед ва фармонбардори ман бошед!»

91.Гуфтанд: «Мо ҳамвора ба парастиши ӯ менишинем, то Мӯсо  ба назди мо бозгардад».

92.Гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки  дидӣ гумроҳ мешаванд, чи  туро боздошт?

93.Чаро аз пайи ман наомадӣ? Оё ту низ аз фармони ман сарпечӣ карда будӣ?»

94.Гуфт: «Эй писари модарам, чанг бар ришу сари ман маяндоз. Ман тарсидам, ки бигӯӣ: «Ту миёни бани Исроил ҷудоӣ афкандӣ ва гуфтори маро риъоят накардӣ».

95.Гуфт: «Ва ту, эй Сомирӣ, ин чӣ коре буд, ки кардӣ?»

96.Гуфт: «Ман чизе дидам, ки онҳо намедиданд. Муште аз хоке, ки нақши пои  расул (Ҷабраил) бар он буд, баргирифтам ва дар он қолаб афкандам ва нафси ман ин корро дар чашми ман биёрост».

97.Гуфт: «Бирав, дар зиндагии ин дунё чунон шавӣ, ки пайваста бигӯӣ: «Ба ман наздик машав». Ва низ туро ваъдаест, ки аз он раҳо нашавӣ ва инак, ба худоят, ки пайваста ибодаташ мекардӣ, бингар, ки месӯзонемаш ва ба дарё меафшонемаш.

98.Ҷуз ин нест, ки худои шумо Аллоҳ аст, ки ҳеҷ худое барҳақ ҷуз ӯ нест ва илмаш ҳама чизро дар бар гирифтааст».

99.Инчунин хабарҳои гузаштаро барои ту ҳикоят мекунем. Ва ба ту аз ҷониби Худ Қуръонро ато кардем.

100. Ҳар кас, ки аз он рӯй бартобад, рӯзи қиёмат бори гуноҳ бар дӯш мекашад.

101. Дар он кор ҳамвора бимонад. Ва бори рӯзи қиёмат барояшон бори бадест!

102. Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва гунаҳкоронро дар он рӯз кабудчашм гирд оварем.

103. Оҳиста бо ҳам сухан мегӯянд, ки даҳ рӯз беш дар дунё наистодаед.

104. Мо бар гуфтори онон огоҳтарем, он гоҳ ки некӯравиштарини онҳо мегӯяд: « Ҷуз як рӯз наистодаед»,

105. Туро аз кӯҳҳо мепурсанд. Бигӯ: «Парвардигори ман ҳамаро пароканда месозад.

106. ва онҳоро ба замини ҳамвор бадал мекунад;

107. дар он ҳеҷ каҷиву пастиву баландӣ намебинӣ».

108. Дар он рӯз аз пайи он доъӣ (Исрофил), ки ҳеҷ каҷиро дар ӯ роҳ нест, равон гарданд. Ва садоҳо дар баробари Худои Раҳмон паст мешаванд ва аз ҳеҷ кас ҷуз садои пое нахоҳӣ шунид.

109. Дар он рӯз шафоъат суд надиҳад, магар онро, ки Худои Раҳмон иҷозат диҳад ва суханашро биписандад.

110. Ҳар чиро дар пеши рӯи онҳост ва ҳар чиро дар пушти сарашон аст, медонад ва илми онон ӯро дарбар нагирад.

111. Ва чеҳраҳо дар баробари Худои зиндаи поянда мутеъ мешавад ва ҳар кӣ бори куфр бар дӯш мекашад, навмед мегардад.

112. Ва ҳар кас, ки корҳои шоиста кунад ва мӯъмин бошад, набояд аз ҳеҷ ситаме ва шикасте битарсад.

113. Инчунин онро Қуръоне арабӣ нозил кардем ва дар он (ба шеваҳои) гуногун ҳӯшдор додем, шояд битарсанд ё панде тоза гиранд.

114.  Пас бартар аст Худои барҳақ, он подшоҳи ростин! Ва пеш аз он ки ваҳй  ба поён расад, дар хондани Қуръон шитоб макун. Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ба илми ман бияфзой».

115. Ва мо пеш аз ин бо Одам паймон бастем, вале фаромӯш кард ва босабраш наёфтем.

116.  Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Ҳама ғайри Иблис, ки сарпечӣ кард, саҷда карданд.

117. Гуфтем: «Эй Одам, ин душмани  ту  ва ҳамсари туст, шуморо аз биҳишт берун накунад, ки бадбахт шавӣ,

118.  ки албатта, ту дар биҳишт на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ

119.  ва на ташна мешавӣ ва на дучори тобиши офтоб».

120. Шайтон васвасааш карду гуфт: «Эй Одам, оё туро ба дарахти  ҷовидонӣ ва мулки заволнопазир роҳ бинамоям?»

121.  Аз он дарахт хӯрданд ва шармгоҳашон дар назарашон падидор шуд. Ва ҳамчунон барги дарахтони биҳишт бар онҳо мечаспониданд. Одам ба Парвардигори хеш осӣ шуд ва роҳ гум кард.

122.  Сипас Парвардигораш ӯро баргузид ва тавбаашро бипазируфт ва ҳидояташ кард.

123.  Гуфт: «Ҳамагӣ аз он ҷо поин равед, душманони якдигар! Агар аз ҷониби Ман шуморо роҳнамоӣ омад, ҳар кас аз он роҳнамоии ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на тирабахт.

124.  Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем».

125.  Гӯяд: « Эй Парвардигори ман, чаро маро нобино зинда кардӣ ва ҳол  он ки ман бино будам?»

126. Гӯяд: «Ҳамчунон ки ту оёти Моро фаромӯш мекардӣ, имрӯз худ фаромӯш гаштаӣ.

127.  Инчунин исрофкорон ва касонеро, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд, ҷазо медиҳем. Албатта, азоби охират сахттару пойдортар аст!

128.  Оё он ҳама мардуме, ки пеш аз ин дар масокини инҳо роҳ мерафтанд ва Мо ҳамаро ҳалок кардем, сабаби ҳидояташон нашуд? Инҳо нишонаҳоест барои хирадмандон!

129.  Агар на сухане буд, ки Парвардигорат пеш аз ин гуфта ва замонро  муъайян карда буд, азобашон дар ин ҷаҳон ҳатмӣ мебуд.

130.  Барои он чӣ мегӯянд, бо сабр бош ва Парвардигоратро пеш аз тулӯъи хуршед ва пеш аз ғуруби он ба покӣ ва ҳамд ёд кун. Ва дар соати шаб ва аввалу охири рӯз тасбеҳ гӯй. Шояд хушнуд гардӣ.

131. Агар занону мардоне аз онҳоро (кофиронро) аз як зиндагии хуш баҳраманд сохтаем, ту ба онҳо манигар. Ин барои он аст, ки имтиҳонашон кунем. Ризқи Парвардигорат беҳтару пойдортар аст!

132.  Касони худро ба намоз фармон деҳ ва худ дар он кор  пойфишорӣ кун. Аз ту  рӯзӣ намехоҳем. Мо ба ту рӯзӣ медиҳем. Ва оқибати хайр аз они парҳезгорон аст.

133. Ва гуфтанд: «Чаро мӯъҷизае аз Парвардигораш барои мо намеоварад?» Оё далелҳои равшане, ки дар саҳифаҳои пешин омада, ба онҳо нарасидааст?

134.  Агар пеш аз омадани паёмбаре азобашон мекардем, мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро расуле бар мо нафиристодӣ, то пеш аз он ки ба хориву расвоӣ афтем, аз оёти ту пайравӣ мекардем?»

135.  Бигӯ: «Ҳама мунтазиранд, шумо низ мунтазир бимонед. Ба зудӣ хоҳед донист, онҳо, ки ба роҳи рост мераванд ва онҳо, ки ҳидоят ёфтаанд, чӣ касоне ҳастанд».

Сураи ТОҲО

20|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ طه

20|2|ما أَنزَلنا عَلَيكَ القُرءانَ لِتَشقىٰ

20|3|إِلّا تَذكِرَةً لِمَن يَخشىٰ

20|4|تَنزيلًا مِمَّن خَلَقَ الأَرضَ وَالسَّمٰوٰتِ العُلَى

20|5|الرَّحمٰنُ عَلَى العَرشِ استَوىٰ

20|6|لَهُ ما فِى السَّمٰوٰتِ وَما فِى الأَرضِ وَما بَينَهُما وَما تَحتَ الثَّرىٰ

20|7|وَإِن تَجهَر بِالقَولِ فَإِنَّهُ يَعلَمُ السِّرَّ وَأَخفَى

20|8|اللَّهُ لا إِلٰهَ إِلّا هُوَ لَهُ الأَسماءُ الحُسنىٰ

20|9|وَهَل أَتىٰكَ حَديثُ موسىٰ

20|10|إِذ رَءا نارًا فَقالَ لِأَهلِهِ امكُثوا إِنّى ءانَستُ نارًا لَعَلّى ءاتيكُم مِنها بِقَبَسٍ أَو أَجِدُ عَلَى النّارِ هُدًى

20|11|فَلَمّا أَتىٰها نودِىَ يٰموسىٰ

20|12|إِنّى أَنا۠ رَبُّكَ فَاخلَع نَعلَيكَ إِنَّكَ بِالوادِ المُقَدَّسِ طُوًى

20|13|وَأَنَا اختَرتُكَ فَاستَمِع لِما يوحىٰ

20|14|إِنَّنى أَنَا اللَّهُ لا إِلٰهَ إِلّا أَنا۠ فَاعبُدنى وَأَقِمِ الصَّلوٰةَ لِذِكرى

20|15|إِنَّ السّاعَةَ ءاتِيَةٌ أَكادُ أُخفيها لِتُجزىٰ كُلُّ نَفسٍ بِما تَسعىٰ

20|16|فَلا يَصُدَّنَّكَ عَنها مَن لا يُؤمِنُ بِها وَاتَّبَعَ هَوىٰهُ فَتَردىٰ

20|17|وَما تِلكَ بِيَمينِكَ يٰموسىٰ

20|18|قالَ هِىَ عَصاىَ أَتَوَكَّؤُا۟ عَلَيها وَأَهُشُّ بِها عَلىٰ غَنَمى وَلِىَ فيها مَـٔارِبُ أُخرىٰ

20|19|قالَ أَلقِها يٰموسىٰ

20|20|فَأَلقىٰها فَإِذا هِىَ حَيَّةٌ تَسعىٰ

20|21|قالَ خُذها وَلا تَخَف سَنُعيدُها سيرَتَهَا الأولىٰ

20|22|وَاضمُم يَدَكَ إِلىٰ جَناحِكَ تَخرُج بَيضاءَ مِن غَيرِ سوءٍ ءايَةً أُخرىٰ

20|23|لِنُرِيَكَ مِن ءايٰتِنَا الكُبرَى

20|24|اذهَب إِلىٰ فِرعَونَ إِنَّهُ طَغىٰ

20|25|قالَ رَبِّ اشرَح لى صَدرى

20|26|وَيَسِّر لى أَمرى

20|27|وَاحلُل عُقدَةً مِن لِسانى

20|28|يَفقَهوا قَولى

20|29|وَاجعَل لى وَزيرًا مِن أَهلى

20|30|هٰرونَ أَخِى

20|31|اشدُد بِهِ أَزرى

20|32|وَأَشرِكهُ فى أَمرى

20|33|كَى نُسَبِّحَكَ كَثيرًا

20|34|وَنَذكُرَكَ كَثيرًا

20|35|إِنَّكَ كُنتَ بِنا بَصيرًا

20|36|قالَ قَد أوتيتَ سُؤلَكَ يٰموسىٰ

20|37|وَلَقَد مَنَنّا عَلَيكَ مَرَّةً أُخرىٰ

20|38|إِذ أَوحَينا إِلىٰ أُمِّكَ ما يوحىٰ

20|39|أَنِ اقذِفيهِ فِى التّابوتِ فَاقذِفيهِ فِى اليَمِّ فَليُلقِهِ اليَمُّ بِالسّاحِلِ يَأخُذهُ عَدُوٌّ لى وَعَدُوٌّ لَهُ وَأَلقَيتُ عَلَيكَ مَحَبَّةً مِنّى وَلِتُصنَعَ عَلىٰ عَينى

20|40|إِذ تَمشى أُختُكَ فَتَقولُ هَل أَدُلُّكُم عَلىٰ مَن يَكفُلُهُ فَرَجَعنٰكَ إِلىٰ أُمِّكَ كَى تَقَرَّ عَينُها وَلا تَحزَنَ وَقَتَلتَ نَفسًا فَنَجَّينٰكَ مِنَ الغَمِّ وَفَتَنّٰكَ فُتونًا فَلَبِثتَ سِنينَ فى أَهلِ مَديَنَ ثُمَّ جِئتَ عَلىٰ قَدَرٍ يٰموسىٰ

20|41|وَاصطَنَعتُكَ لِنَفسِى

20|42|اذهَب أَنتَ وَأَخوكَ بِـٔايٰتى وَلا تَنِيا فى ذِكرِى

20|43|اذهَبا إِلىٰ فِرعَونَ إِنَّهُ طَغىٰ

20|44|فَقولا لَهُ قَولًا لَيِّنًا لَعَلَّهُ يَتَذَكَّرُ أَو يَخشىٰ

20|45|قالا رَبَّنا إِنَّنا نَخافُ أَن يَفرُطَ عَلَينا أَو أَن يَطغىٰ

20|46|قالَ لا تَخافا إِنَّنى مَعَكُما أَسمَعُ وَأَرىٰ

20|47|فَأتِياهُ فَقولا إِنّا رَسولا رَبِّكَ فَأَرسِل مَعَنا بَنى إِسرٰءيلَ وَلا تُعَذِّبهُم قَد جِئنٰكَ بِـٔايَةٍ مِن رَبِّكَ وَالسَّلٰمُ عَلىٰ مَنِ اتَّبَعَ الهُدىٰ

20|48|إِنّا قَد أوحِىَ إِلَينا أَنَّ العَذابَ عَلىٰ مَن كَذَّبَ وَتَوَلّىٰ

20|49|قالَ فَمَن رَبُّكُما يٰموسىٰ

20|50|قالَ رَبُّنَا الَّذى أَعطىٰ كُلَّ شَيءٍ خَلقَهُ ثُمَّ هَدىٰ

20|51|قالَ فَما بالُ القُرونِ الأولىٰ

20|52|قالَ عِلمُها عِندَ رَبّى فى كِتٰبٍ لا يَضِلُّ رَبّى وَلا يَنسَى

20|53|الَّذى جَعَلَ لَكُمُ الأَرضَ مَهدًا وَسَلَكَ لَكُم فيها سُبُلًا وَأَنزَلَ مِنَ السَّماءِ ماءً فَأَخرَجنا بِهِ أَزوٰجًا مِن نَباتٍ شَتّىٰ

20|54|كُلوا وَارعَوا أَنعٰمَكُم إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِأُولِى النُّهىٰ

20|55|مِنها خَلَقنٰكُم وَفيها نُعيدُكُم وَمِنها نُخرِجُكُم تارَةً أُخرىٰ

20|56|وَلَقَد أَرَينٰهُ ءايٰتِنا كُلَّها فَكَذَّبَ وَأَبىٰ

20|57|قالَ أَجِئتَنا لِتُخرِجَنا مِن أَرضِنا بِسِحرِكَ يٰموسىٰ

20|58|فَلَنَأتِيَنَّكَ بِسِحرٍ مِثلِهِ فَاجعَل بَينَنا وَبَينَكَ مَوعِدًا لا نُخلِفُهُ نَحنُ وَلا أَنتَ مَكانًا سُوًى

20|59|قالَ مَوعِدُكُم يَومُ الزّينَةِ وَأَن يُحشَرَ النّاسُ ضُحًى

20|60|فَتَوَلّىٰ فِرعَونُ فَجَمَعَ كَيدَهُ ثُمَّ أَتىٰ

20|61|قالَ لَهُم موسىٰ وَيلَكُم لا تَفتَروا عَلَى اللَّهِ كَذِبًا فَيُسحِتَكُم بِعَذابٍ وَقَد خابَ مَنِ افتَرىٰ

20|62|فَتَنٰزَعوا أَمرَهُم بَينَهُم وَأَسَرُّوا النَّجوىٰ

20|63|قالوا إِن هٰذٰنِ لَسٰحِرٰنِ يُريدانِ أَن يُخرِجاكُم مِن أَرضِكُم بِسِحرِهِما وَيَذهَبا بِطَريقَتِكُمُ المُثلىٰ

20|64|فَأَجمِعوا كَيدَكُم ثُمَّ ائتوا صَفًّا وَقَد أَفلَحَ اليَومَ مَنِ استَعلىٰ

20|65|قالوا يٰموسىٰ إِمّا أَن تُلقِىَ وَإِمّا أَن نَكونَ أَوَّلَ مَن أَلقىٰ

20|66|قالَ بَل أَلقوا فَإِذا حِبالُهُم وَعِصِيُّهُم يُخَيَّلُ إِلَيهِ مِن سِحرِهِم أَنَّها تَسعىٰ

20|67|فَأَوجَسَ فى نَفسِهِ خيفَةً موسىٰ

20|68|قُلنا لا تَخَف إِنَّكَ أَنتَ الأَعلىٰ

20|69|وَأَلقِ ما فى يَمينِكَ تَلقَف ما صَنَعوا إِنَّما صَنَعوا كَيدُ سٰحِرٍ وَلا يُفلِحُ السّاحِرُ حَيثُ أَتىٰ

20|70|فَأُلقِىَ السَّحَرَةُ سُجَّدًا قالوا ءامَنّا بِرَبِّ هٰرونَ وَموسىٰ

20|71|قالَ ءامَنتُم لَهُ قَبلَ أَن ءاذَنَ لَكُم إِنَّهُ لَكَبيرُكُمُ الَّذى عَلَّمَكُمُ السِّحرَ فَلَأُقَطِّعَنَّ أَيدِيَكُم وَأَرجُلَكُم مِن خِلٰفٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُم فى جُذوعِ النَّخلِ وَلَتَعلَمُنَّ أَيُّنا أَشَدُّ عَذابًا وَأَبقىٰ

20|72|قالوا لَن نُؤثِرَكَ عَلىٰ ما جاءَنا مِنَ البَيِّنٰتِ وَالَّذى فَطَرَنا فَاقضِ ما أَنتَ قاضٍ إِنَّما تَقضى هٰذِهِ الحَيوٰةَ الدُّنيا

20|73|إِنّا ءامَنّا بِرَبِّنا لِيَغفِرَ لَنا خَطٰيٰنا وَما أَكرَهتَنا عَلَيهِ مِنَ السِّحرِ وَاللَّهُ خَيرٌ وَأَبقىٰ

20|74|إِنَّهُ مَن يَأتِ رَبَّهُ مُجرِمًا فَإِنَّ لَهُ جَهَنَّمَ لا يَموتُ فيها وَلا يَحيىٰ

20|75|وَمَن يَأتِهِ مُؤمِنًا قَد عَمِلَ الصّٰلِحٰتِ فَأُولٰئِكَ لَهُمُ الدَّرَجٰتُ العُلىٰ

20|76|جَنّٰتُ عَدنٍ تَجرى مِن تَحتِهَا الأَنهٰرُ خٰلِدينَ فيها وَذٰلِكَ جَزاءُ مَن تَزَكّىٰ

20|77|وَلَقَد أَوحَينا إِلىٰ موسىٰ أَن أَسرِ بِعِبادى فَاضرِب لَهُم طَريقًا فِى البَحرِ يَبَسًا لا تَخٰفُ دَرَكًا وَلا تَخشىٰ

20|78|فَأَتبَعَهُم فِرعَونُ بِجُنودِهِ فَغَشِيَهُم مِنَ اليَمِّ ما غَشِيَهُم

20|79|وَأَضَلَّ فِرعَونُ قَومَهُ وَما هَدىٰ

20|80|يٰبَنى إِسرٰءيلَ قَد أَنجَينٰكُم مِن عَدُوِّكُم وَوٰعَدنٰكُم جانِبَ الطّورِ الأَيمَنَ وَنَزَّلنا عَلَيكُمُ المَنَّ وَالسَّلوىٰ

20|81|كُلوا مِن طَيِّبٰتِ ما رَزَقنٰكُم وَلا تَطغَوا فيهِ فَيَحِلَّ عَلَيكُم غَضَبى وَمَن يَحلِل عَلَيهِ غَضَبى فَقَد هَوىٰ

20|82|وَإِنّى لَغَفّارٌ لِمَن تابَ وَءامَنَ وَعَمِلَ صٰلِحًا ثُمَّ اهتَدىٰ

20|83|وَما أَعجَلَكَ عَن قَومِكَ يٰموسىٰ

20|84|قالَ هُم أُولاءِ عَلىٰ أَثَرى وَعَجِلتُ إِلَيكَ رَبِّ لِتَرضىٰ

20|85|قالَ فَإِنّا قَد فَتَنّا قَومَكَ مِن بَعدِكَ وَأَضَلَّهُمُ السّامِرِىُّ

20|86|فَرَجَعَ موسىٰ إِلىٰ قَومِهِ غَضبٰنَ أَسِفًا قالَ يٰقَومِ أَلَم يَعِدكُم رَبُّكُم وَعدًا حَسَنًا أَفَطالَ عَلَيكُمُ العَهدُ أَم أَرَدتُم أَن يَحِلَّ عَلَيكُم غَضَبٌ مِن رَبِّكُم فَأَخلَفتُم مَوعِدى

20|87|قالوا ما أَخلَفنا مَوعِدَكَ بِمَلكِنا وَلٰكِنّا حُمِّلنا أَوزارًا مِن زينَةِ القَومِ فَقَذَفنٰها فَكَذٰلِكَ أَلقَى السّامِرِىُّ

20|88|فَأَخرَجَ لَهُم عِجلًا جَسَدًا لَهُ خُوارٌ فَقالوا هٰذا إِلٰهُكُم وَإِلٰهُ موسىٰ فَنَسِىَ

20|89|أَفَلا يَرَونَ أَلّا يَرجِعُ إِلَيهِم قَولًا وَلا يَملِكُ لَهُم ضَرًّا وَلا نَفعًا

20|90|وَلَقَد قالَ لَهُم هٰرونُ مِن قَبلُ يٰقَومِ إِنَّما فُتِنتُم بِهِ وَإِنَّ رَبَّكُمُ الرَّحمٰنُ فَاتَّبِعونى وَأَطيعوا أَمرى

20|91|قالوا لَن نَبرَحَ عَلَيهِ عٰكِفينَ حَتّىٰ يَرجِعَ إِلَينا موسىٰ

20|92|قالَ يٰهٰرونُ ما مَنَعَكَ إِذ رَأَيتَهُم ضَلّوا

20|93|أَلّا تَتَّبِعَنِ أَفَعَصَيتَ أَمرى

20|94|قالَ يَبنَؤُمَّ لا تَأخُذ بِلِحيَتى وَلا بِرَأسى إِنّى خَشيتُ أَن تَقولَ فَرَّقتَ بَينَ بَنى إِسرٰءيلَ وَلَم تَرقُب قَولى

20|95|قالَ فَما خَطبُكَ يٰسٰمِرِىُّ

20|96|قالَ بَصُرتُ بِما لَم يَبصُروا بِهِ فَقَبَضتُ قَبضَةً مِن أَثَرِ الرَّسولِ فَنَبَذتُها وَكَذٰلِكَ سَوَّلَت لى نَفسى

20|97|قالَ فَاذهَب فَإِنَّ لَكَ فِى الحَيوٰةِ أَن تَقولَ لا مِساسَ وَإِنَّ لَكَ مَوعِدًا لَن تُخلَفَهُ وَانظُر إِلىٰ إِلٰهِكَ الَّذى ظَلتَ عَلَيهِ عاكِفًا لَنُحَرِّقَنَّهُ ثُمَّ لَنَنسِفَنَّهُ فِى اليَمِّ نَسفًا

20|98|إِنَّما إِلٰهُكُمُ اللَّهُ الَّذى لا إِلٰهَ إِلّا هُوَ وَسِعَ كُلَّ شَيءٍ عِلمًا

20|99|كَذٰلِكَ نَقُصُّ عَلَيكَ مِن أَنباءِ ما قَد سَبَقَ وَقَد ءاتَينٰكَ مِن لَدُنّا ذِكرًا

20|100|مَن أَعرَضَ عَنهُ فَإِنَّهُ يَحمِلُ يَومَ القِيٰمَةِ وِزرًا

20|101|خٰلِدينَ فيهِ وَساءَ لَهُم يَومَ القِيٰمَةِ حِملًا

20|102|يَومَ يُنفَخُ فِى الصّورِ وَنَحشُرُ المُجرِمينَ يَومَئِذٍ زُرقًا

20|103|يَتَخٰفَتونَ بَينَهُم إِن لَبِثتُم إِلّا عَشرًا

20|104|نَحنُ أَعلَمُ بِما يَقولونَ إِذ يَقولُ أَمثَلُهُم طَريقَةً إِن لَبِثتُم إِلّا يَومًا

20|105|وَيَسـَٔلونَكَ عَنِ الجِبالِ فَقُل يَنسِفُها رَبّى نَسفًا

20|106|فَيَذَرُها قاعًا صَفصَفًا

20|107|لا تَرىٰ فيها عِوَجًا وَلا أَمتًا

20|108|يَومَئِذٍ يَتَّبِعونَ الدّاعِىَ لا عِوَجَ لَهُ وَخَشَعَتِ الأَصواتُ لِلرَّحمٰنِ فَلا تَسمَعُ إِلّا هَمسًا

20|109|يَومَئِذٍ لا تَنفَعُ الشَّفٰعَةُ إِلّا مَن أَذِنَ لَهُ الرَّحمٰنُ وَرَضِىَ لَهُ قَولًا

20|110|يَعلَمُ ما بَينَ أَيديهِم وَما خَلفَهُم وَلا يُحيطونَ بِهِ عِلمًا

20|111|وَعَنَتِ الوُجوهُ لِلحَىِّ القَيّومِ وَقَد خابَ مَن حَمَلَ ظُلمًا

20|112|وَمَن يَعمَل مِنَ الصّٰلِحٰتِ وَهُوَ مُؤمِنٌ فَلا يَخافُ ظُلمًا وَلا هَضمًا

20|113|وَكَذٰلِكَ أَنزَلنٰهُ قُرءانًا عَرَبِيًّا وَصَرَّفنا فيهِ مِنَ الوَعيدِ لَعَلَّهُم يَتَّقونَ أَو يُحدِثُ لَهُم ذِكرًا

20|114|فَتَعٰلَى اللَّهُ المَلِكُ الحَقُّ وَلا تَعجَل بِالقُرءانِ مِن قَبلِ أَن يُقضىٰ إِلَيكَ وَحيُهُ وَقُل رَبِّ زِدنى عِلمًا

20|115|وَلَقَد عَهِدنا إِلىٰ ءادَمَ مِن قَبلُ فَنَسِىَ وَلَم نَجِد لَهُ عَزمًا

20|116|وَإِذ قُلنا لِلمَلٰئِكَةِ اسجُدوا لِءادَمَ فَسَجَدوا إِلّا إِبليسَ أَبىٰ

20|117|فَقُلنا يٰـٔادَمُ إِنَّ هٰذا عَدُوٌّ لَكَ وَلِزَوجِكَ فَلا يُخرِجَنَّكُما مِنَ الجَنَّةِ فَتَشقىٰ

20|118|إِنَّ لَكَ أَلّا تَجوعَ فيها وَلا تَعرىٰ

20|119|وَأَنَّكَ لا تَظمَؤُا۟ فيها وَلا تَضحىٰ

20|120|فَوَسوَسَ إِلَيهِ الشَّيطٰنُ قالَ يٰـٔادَمُ هَل أَدُلُّكَ عَلىٰ شَجَرَةِ الخُلدِ وَمُلكٍ لا يَبلىٰ

20|121|فَأَكَلا مِنها فَبَدَت لَهُما سَوءٰتُهُما وَطَفِقا يَخصِفانِ عَلَيهِما مِن وَرَقِ الجَنَّةِ وَعَصىٰ ءادَمُ رَبَّهُ فَغَوىٰ

20|122|ثُمَّ اجتَبٰهُ رَبُّهُ فَتابَ عَلَيهِ وَهَدىٰ

20|123|قالَ اهبِطا مِنها جَميعًا بَعضُكُم لِبَعضٍ عَدُوٌّ فَإِمّا يَأتِيَنَّكُم مِنّى هُدًى فَمَنِ اتَّبَعَ هُداىَ فَلا يَضِلُّ وَلا يَشقىٰ

20|124|وَمَن أَعرَضَ عَن ذِكرى فَإِنَّ لَهُ مَعيشَةً ضَنكًا وَنَحشُرُهُ يَومَ القِيٰمَةِ أَعمىٰ

20|125|قالَ رَبِّ لِمَ حَشَرتَنى أَعمىٰ وَقَد كُنتُ بَصيرًا

20|126|قالَ كَذٰلِكَ أَتَتكَ ءايٰتُنا فَنَسيتَها وَكَذٰلِكَ اليَومَ تُنسىٰ

20|127|وَكَذٰلِكَ نَجزى مَن أَسرَفَ وَلَم يُؤمِن بِـٔايٰتِ رَبِّهِ وَلَعَذابُ الءاخِرَةِ أَشَدُّ وَأَبقىٰ

20|128|أَفَلَم يَهدِ لَهُم كَم أَهلَكنا قَبلَهُم مِنَ القُرونِ يَمشونَ فى مَسٰكِنِهِم إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِأُولِى النُّهىٰ

20|129|وَلَولا كَلِمَةٌ سَبَقَت مِن رَبِّكَ لَكانَ لِزامًا وَأَجَلٌ مُسَمًّى

20|130|فَاصبِر عَلىٰ ما يَقولونَ وَسَبِّح بِحَمدِ رَبِّكَ قَبلَ طُلوعِ الشَّمسِ وَقَبلَ غُروبِها وَمِن ءانائِ الَّيلِ فَسَبِّح وَأَطرافَ النَّهارِ لَعَلَّكَ تَرضىٰ

20|131|وَلا تَمُدَّنَّ عَينَيكَ إِلىٰ ما مَتَّعنا بِهِ أَزوٰجًا مِنهُم زَهرَةَ الحَيوٰةِ الدُّنيا لِنَفتِنَهُم فيهِ وَرِزقُ رَبِّكَ خَيرٌ وَأَبقىٰ

20|132|وَأمُر أَهلَكَ بِالصَّلوٰةِ وَاصطَبِر عَلَيها لا نَسـَٔلُكَ رِزقًا نَحنُ نَرزُقُكَ وَالعٰقِبَةُ لِلتَّقوىٰ

20|133|وَقالوا لَولا يَأتينا بِـٔايَةٍ مِن رَبِّهِ أَوَلَم تَأتِهِم بَيِّنَةُ ما فِى الصُّحُفِ الأولىٰ

20|134|وَلَو أَنّا أَهلَكنٰهُم بِعَذابٍ مِن قَبلِهِ لَقالوا رَبَّنا لَولا أَرسَلتَ إِلَينا رَسولًا فَنَتَّبِعَ ءايٰتِكَ مِن قَبلِ أَن نَذِلَّ وَنَخزىٰ

20|135|قُل كُلٌّ مُتَرَبِّصٌ فَتَرَبَّصوا فَسَتَعلَمونَ مَن أَصحٰبُ الصِّرٰطِ السَّوِىِّ وَمَنِ اهتَدىٰ

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.