Тарчумаи Сураи АНБИЁ

Сураи  АНБИЁ1(Паёмбарон)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1. Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва онон ҳамчунон ба ғафлат рӯй гардонанд.

2.Аз сӯи Парвардигорашон барояшон ҳеҷ панди тозае наёмад, ҷуз он ки онро ба шӯхӣ мешунаванд ва ба бозӣ мегиранд.

3.Дилҳояшон ғофил шудааст. Ва он ситамкорон сар гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард ҷуз ин аст, ки инсоне монанди шумост? Оё бо он ки ба чашми худ мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»

4.Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва ӯ шунавову доност».

5.Гуфтанд: «На, хобҳои парешон аст ё дурӯғест, ки мебандад ё шоирест. Пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад».

6.Пеш аз онҳо мардуми шаҳреро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо имон меоваранд?

7.Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем, магар мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем ва агар худ намедонед, аз аҳли зикр (мӯъминон ва олимони аҳли китоб) бипурсед.

8.Онҳоро ҷасадҳое накардем, ки ба таъом мӯҳтоҷ набошанд ва умри ҷовидон ҳам надоштанд.

9.Сипас ҳар ваъдае, ки ба  онҳо кардем, баровардем ва онҳову ҳар касро, ки хостем, раҳонидем ва аз ҳад гузарандагонро ҳалок кардем.

10.Китобе бар шумо нозил кардаем, ки дар он панди  шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед?

1.Аз он ҷиҳат, ки дар ин сура сухан аз паёмбарон рафтааст, сурату-л-анбиё (Паёмбарон) ном гирифтааст. Ин сура дар Макка нозил шуда ва яксаду дувоздаҳ оят дорад.

11.Ва чӣ бисёр ситамкор мардумеро, ки ҳалок кардем ва ба                                                                                                                                                                                                                            ҷояшон  мардуме  дигар  биёфаридем.

12.Чун азоби моро ҳис мекарданд, ба ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд.

13.Магурезед! Ба (зиндагонии) нозу ишрат ва хонаҳои хеш (ва ба он фахр мекардед) бозгардед, то бозхост шавед!

14.Гуфтанд: «Вой бар мо, мо ситамкор будем!»

15.Ва ҳамеша суханашон ин буд, то ҳамаро чун киштаи даравида ва оташи хомӯшгашта гардонидем.

16.Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он ду ҳаст, барои шӯхӣ ва бозӣ наофаридаем.

17.Агар хостори бозича мебудем, Худ онро меофаридем.

18.Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ботил нобудшаванда  аст. Ва вой бар шумо аз он чӣ ба Худо нисбат медиҳед.

19.Аз они ӯст,  ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва онон, ки дар назди ӯ ҳастанд, аз ибодаташ ба такаббур сар наметобанд ва хаста намешаванд.

20.Шабу рӯз, бе он ки сустие дар онон падид ояд, тасбеҳ мегӯянд.

21.Оё дар замин худоёне интихоб кардаед, ки мурдагонро  аз гӯр бармеангезанд?

22.Агар дар замину осмон худоёне ҷуз Аллоҳи барҳақ мебуд, ҳар ду (замину осмон) табоҳ мешуданд. Пас Аллоҳ, Парвардигори Арш аз ҳар чӣ ба васфаш мегӯянд, пок аст.

23.ӯ дар баробари ҳеҷ як аз корҳое, ки мекунанд, бозхост намешавад, вале мардум бозхост мешаванд.

24.Оё ба ҷуз ӯ (Худои  барҳақ) худоёнеро интихоб кардаед? Бигӯ: «Ҳуҷҷати хеш биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд ва сухани касоне, ки пеш аз ман будаанд», На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд, пас, аз он рӯй мегардонанд.

25.Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, ҷуз он ки  ба ӯ ваҳй кардем, ки ҷуз Ман худое барҳақ нест. Пас, Маро бипарастед.

26.Ва гуфтанд, ки Худои Раҳмон фарзанд ихтиёр кардааст. Пок аст ӯ. Балки онон  (фариштагон) бандагоне гиромӣ ҳастанд2.

27.Дар сухан бар ӯ пешӣ намегиранд ва ба фармони ӯ кор мекунанд.

28.Медонад ҳар чӣ дар баробари онҳост ва ҳар чӣ пушти сари онҳост. Ва онон ҷуз касонеро, ки Худо аз онҳо хушнуд аст (ва иҷозаи шафоъатро додааст), шафоъат намекунанд ва аз бими ӯ ларзонанд.

29.Ҳар кас аз онҳо, ки бигӯяд: «Ман ғайри ӯ (Худои барҳақ) худоям», ҷазои чунин касеро ҷаҳаннам медиҳад ва золимонро чунин ҷазо медиҳем.

30.Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин баста буданд, Мо онҳоро кушудем3  ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Чаро имон намеоваранд?

31.Ва бар замин кӯҳҳо биёфаридем, то (замин қарор гирад ва) онҳоро наларзонад. Ва дар он (куҳҳо) роҳҳои фарох сохтем, бошад, ки роҳи хеш биёбанд.

32.Ва осмонро сақфе нигоҳдошташуда кардем ва боз ҳам аз ибратҳои он рӯй мегардонанд.

33.ӯст, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро, ки ҳар як дар фалаке шиноваранд, биёфарид.

34.Мо пеш аз ту  ҳеҷ башареро ҷовидон насохтаем. Чӣ сон агар ту низ бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд?

35.Ҳар кас таъми маргро мечашад. Ва шуморо ба  хайру (осудагӣ) шар (сахтӣ) меозмоем. Ва ҳама ба назди Мо бозмегардед.

36.Кофирон чун туро бубинанд, бешак масхараат хоҳанд кард, ки оё ин ҳамон мардест, ки аз худоёнатон ба бадӣ ёд мекунад? Ва инҳо худ  ёди Худои Раҳмонро мункиранд.

37.Одамӣ, шитобкор офаридашудааст. Оёти худро ба шумо нишон хоҳам дод, шитоб макунед.

38.Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъда куҷост?»

39.Кофирон он гоҳ, ки натавонанд оташро аз чеҳраву пушти хеш боздоранд ва касе ба ёриашон барнахезад, хоҳанд донист.

40.Аммо (қиёмат) ногаҳон биёяд ва ҳайронашон созад ва аз ӯҳдаи бозгардонидани он барнаёянд ва мӯҳлаташон дода намешаванд.

41.Паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фурӯд омад.

42.Бигӯ: «Кист, он ки шуморо шабу рӯз аз қаҳри Худои Раҳмон ҳифз мекунад?» Бо ин ҳама аз ёд кардани Парвардигорашон рӯйгардонӣ мекунанд.

43.Ё он ки худоёне доранд, ки ба ҷои мо ононро аз ҳодисаҳо нигоҳ медоранд? На, он худоён ёрии хештан натавонанд ва на дар баробари мо паноҳида шаванд.

44.Балки мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то умрашон ба дарозо кашид. Оё намебинанд, ки қасди  ин сарзамин мекунем ва аз атрофи он мекоҳем? Оё боз ҳам онҳо пирӯзанд?

45.Бигӯ: «Ман шуморо бо ваҳй бим медиҳам», вале каронро чун бим диҳанд, намешунаванд.

46.Ва агар андаке аз азоби  Парвардигорат ба онҳо бирасад, хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ки ситамкор будаем!»

47.Барои рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас чизе (камтарин) ситам намешавад. Агар чи амале ба вазни  як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисобро басандаем!

48.Ба Мӯсо ва Ҳорун китобе додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва равшаниву панд аст барои парҳезгорон.

49.Онон, ки аз Худои хеш дар ниҳон метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд.

50.Ин Қуръони муборак аст. ки нозил кардаем. Оё мункири он ҳастед?

51.Пеш аз ин ба Иброҳим нерӯи шинохташро ато кардем ва ба ӯ огоҳ будем.

52.Он гоҳ, ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин суратҳо, ки ба парастиши онҳо дил ниҳодаед, чистанд?»

53.Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд».

54.Гуфт: «Албатта, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед».

55.Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё моро ба бозӣ гирифтаӣ?»

56.Гуфт: «На, Парвардигори шумо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Он, ки онҳоро биёфаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам.

57.Ва ба Худо савганд, ки чун шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард».

58.Онҳоро пора –пора кард. Магар бузургтаринашонро, шояд, бар он руҷӯъ кунанд.

59.Гуфтанд: «Чӣ кас ба худоёни мо чунин  кардааст? Албатта, ӯ аз ситамкорон аст!»

60.Гуфтанд: «Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим (мухолифати) аз онҳо сухан мегуфтааст».

61.Гуфтанд: «ӯро ба назди мардум биёваред, то шаҳодат диҳанд».

62.Гуфтанд: «Эй Иброҳим, оё ту бо худоёни мо чунин кардаӣ?»

63.Гуфт: «Балки бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед».

64.Бо худашон гуфтугӯ карданд ва гуфтанд: «Шумо худ ситамкор ҳастед».

65.Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ доштанд ва гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд».

66.Гуфт: «Оё ғайри Аллоҳ чизеро мепарастед, ки шуморо на суд мерасонад, на зиён.

67.Безорам аз шумо ва аз он чизҳое, ки аз ғайри Аллоҳ мепарастед. Оё ба ақл дарнамеёбед?

68.Гуфтанд: «Агар мехоҳед коре бикунед, бисӯзонедаш ва худоёни худро нусрат диҳед».

69.Гуфтем: «Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош!»

70.Мехостанд барои ӯ (Иброҳим) макре бияндешанд, вале мо зиёнкорашон гардонидем.

71.ӯ ва Лутро раҳонидаем ва ба сарзамине, ки онро баракати ҷаҳониён қарор додаем, бурдем.

72.Ва ба ӯ Исҳоқ ва фарзандзодае чун Яъқубро бахшидем. Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем.

73.Ва ҳамаро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо  ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд.

74.Ва ба Лут ҳукму илм додем ва аз он ободӣ ва шаҳре, ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. ҳаройна, онҳо мардуме баду фосиқ буданд!

75.ӯро дар раҳмати хеш дохил кардем, ки бе шак, ӯ аз шоистагон буд.

76.Ва Нӯҳро (ёд кун), ки пеш аз он Моро нидо дод ва Мо ба ӯ посух додем ва ӯву хонадонашро аз ранҷи бузург раҳонидем.

77.Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Онон мардуми бад буданд ва Мо ҳамаро ғарқ сохтем.

78.Ва Довуду Сулаймонро (ёд кун), он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони он қавм шабона дар он ҷо мечариданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем.

79.Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳар якеро  ҳукму илм додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳамаро Мо кардем.

80.Ва ба ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад. То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Оё сипосгузорӣ мекунед?

81.Ва тундбодро фармонбардори Сулаймон кардем, ки ба амри ӯ дар он сарзамин, ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва мо ба ҳар чизе огоҳем.

82.Ва гурӯҳе аз шайтонҳо (девон) барояш дар баҳр  шиноварӣ  мекарданд ва ҷуз он ба корҳои дигар машғул буданд  ва Мо ҳофизи онҳо будем.

83.Ва Айюбро (ёд кун), он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ».

84.Дуъояшро иҷобат кардем. Ва озор  аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо, то худопарастон ҳамеша ба ёд дошта бошанд.

85.Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро (ёд кун), ки ҳама  аз собирон буданд.

86.Ононро сазовори бахшоиши хеш гардонидем ва ҳама аз шоистагон буданд.

87.  Ва Зуннунро4 (ёд кун) он гоҳ, ки хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо дод: «Ҳеҷ худое барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам».

88.Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ӯро  аз андӯҳ раҳонидем ва мӯъминонро инчунин мераҳонем.

89.Ва Закариёро (ёд кун), он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!»

90.Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва занашро барояш шоиста гардонидем. Инҳо дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан буданд.

91.Ва он занро (ёд кун), ки шармгоҳи худро нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар ӯ дамидем, ӯ ва фарзандашро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем.

92.Ин миллати шумост, миллати ягона. Ва Ман Парвардигори шумоям, Маро бипарастед!

93.Ва дар дини хеш фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд!

94.Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ва имон оварда бошад, кӯшиши ӯро носипосӣ нест ва Мо аъмолашонро менависем.

95.Ва ободӣ ва шаҳреро, ки ба ҳалокат расонидаем (мардумашро), муҳол аст, ки бозгашт дошта бошанд5.

96.То он гоҳ, ки Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушуда шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд.

97.Ва он ваъдаи ростин наздик гардад ва чашмони кофирон ҳамчунон хира монад: «Вой бар мо, дар ҳақиқат мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки ситамкор будем!»

98. Шумо ва он чизҳое, ки ғайри Аллоҳ мепарастидед, ҳезумҳои ҷаҳаннамед. Шумо ба ҷаҳаннам хоҳед рафт!

99.Агар инҳо худоён мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама дар ҷаҳаннам ҷовидонанд.

100. Онон (бутпарастон) дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва ҳол он ки онҳо дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд (фарёди якдигарашонро).

101. Касоне, ки пеш аз ин муқаррар кардаем, ки ба онҳо некӯӣ кунем, аз ҷаҳаннам барканоранд.

5.  Яъне  ба ин дунё бозгаште надоранд, набозгашти миъодӣ.

102. Инҳо садои дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чӣ хоҳад, муҳайёст, ҷовидонаанд.

103. Он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода буданд.

104. Рӯзе, ки осмонро чун тӯморе навишта  дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, офариниш аз сар гирем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯҳдаи Мост ва Мо чунон хоҳем кард.

105. Ва пас аз Таврот, мо дар Забур, навиштаем, ки ин заминро бандагони солеҳи  Ман6 ба мерос хоҳанд бурд.

106. Ва дар ин китоб таблиғест барои мардуми худопараст!

107. Ва нафиристодем туро ҷуз он, ки  ба мардуми ҷаҳон раҳмате арзонӣ дорем.

108. Бигӯ: «Ба ман ваҳй шуда, ки Худои шумо Худоест якто, оё ба он гардан мениҳед?»

109. Пас агар рӯй гардониданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама  дар огоҳӣ яксон бошед. Ва ман намедонам, он чӣ шуморо ваъда кардаанд, наздик аст ё дур.

110. ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред.

111. Ва намедонам шояд ин озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ, то ба ҳангоми марг бошад».

112. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ҳақ доварӣ кун. Ва Парвардигори мо бахшоянда аст ва бо вуҷуди он чӣ мегӯед, ҳама аз ӯ ёрӣ меҷӯянд».

6. Яъне, дар охирзамон паёмбаре мабъус шавад ва уммати ӯ бар замин ғолиб шавад.

Сураи  АНБИЁ

21|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ اقتَرَبَ لِلنّاسِ حِسابُهُم وَهُم فى غَفلَةٍ مُعرِضونَ

21|2|ما يَأتيهِم مِن ذِكرٍ مِن رَبِّهِم مُحدَثٍ إِلَّا استَمَعوهُ وَهُم يَلعَبونَ

21|3|لاهِيَةً قُلوبُهُم وَأَسَرُّوا النَّجوَى الَّذينَ ظَلَموا هَل هٰذا إِلّا بَشَرٌ مِثلُكُم أَفَتَأتونَ السِّحرَ وَأَنتُم تُبصِرونَ

21|4|قالَ رَبّى يَعلَمُ القَولَ فِى السَّماءِ وَالأَرضِ وَهُوَ السَّميعُ العَليمُ

21|5|بَل قالوا أَضغٰثُ أَحلٰمٍ بَلِ افتَرىٰهُ بَل هُوَ شاعِرٌ فَليَأتِنا بِـٔايَةٍ كَما أُرسِلَ الأَوَّلونَ

21|6|ما ءامَنَت قَبلَهُم مِن قَريَةٍ أَهلَكنٰها أَفَهُم يُؤمِنونَ

21|7|وَما أَرسَلنا قَبلَكَ إِلّا رِجالًا نوحى إِلَيهِم فَسـَٔلوا أَهلَ الذِّكرِ إِن كُنتُم لا تَعلَمونَ

21|8|وَما جَعَلنٰهُم جَسَدًا لا يَأكُلونَ الطَّعامَ وَما كانوا خٰلِدينَ

21|9|ثُمَّ صَدَقنٰهُمُ الوَعدَ فَأَنجَينٰهُم وَمَن نَشاءُ وَأَهلَكنَا المُسرِفينَ

21|10|لَقَد أَنزَلنا إِلَيكُم كِتٰبًا فيهِ ذِكرُكُم أَفَلا تَعقِلونَ

21|11|وَكَم قَصَمنا مِن قَريَةٍ كانَت ظالِمَةً وَأَنشَأنا بَعدَها قَومًا ءاخَرينَ

21|12|فَلَمّا أَحَسّوا بَأسَنا إِذا هُم مِنها يَركُضونَ

21|13|لا تَركُضوا وَارجِعوا إِلىٰ ما أُترِفتُم فيهِ وَمَسٰكِنِكُم لَعَلَّكُم تُسـَٔلونَ

21|14|قالوا يٰوَيلَنا إِنّا كُنّا ظٰلِمينَ

21|15|فَما زالَت تِلكَ دَعوىٰهُم حَتّىٰ جَعَلنٰهُم حَصيدًا خٰمِدينَ

21|16|وَما خَلَقنَا السَّماءَ وَالأَرضَ وَما بَينَهُما لٰعِبينَ

21|17|لَو أَرَدنا أَن نَتَّخِذَ لَهوًا لَاتَّخَذنٰهُ مِن لَدُنّا إِن كُنّا فٰعِلينَ

21|18|بَل نَقذِفُ بِالحَقِّ عَلَى البٰطِلِ فَيَدمَغُهُ فَإِذا هُوَ زاهِقٌ وَلَكُمُ الوَيلُ مِمّا تَصِفونَ

21|19|وَلَهُ مَن فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَمَن عِندَهُ لا يَستَكبِرونَ عَن عِبادَتِهِ وَلا يَستَحسِرونَ

21|20|يُسَبِّحونَ الَّيلَ وَالنَّهارَ لا يَفتُرونَ

21|21|أَمِ اتَّخَذوا ءالِهَةً مِنَ الأَرضِ هُم يُنشِرونَ

21|22|لَو كانَ فيهِما ءالِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتا فَسُبحٰنَ اللَّهِ رَبِّ العَرشِ عَمّا يَصِفونَ

21|23|لا يُسـَٔلُ عَمّا يَفعَلُ وَهُم يُسـَٔلونَ

21|24|أَمِ اتَّخَذوا مِن دونِهِ ءالِهَةً قُل هاتوا بُرهٰنَكُم هٰذا ذِكرُ مَن مَعِىَ وَذِكرُ مَن قَبلى بَل أَكثَرُهُم لا يَعلَمونَ الحَقَّ فَهُم مُعرِضونَ

21|25|وَما أَرسَلنا مِن قَبلِكَ مِن رَسولٍ إِلّا نوحى إِلَيهِ أَنَّهُ لا إِلٰهَ إِلّا أَنا۠ فَاعبُدونِ

21|26|وَقالُوا اتَّخَذَ الرَّحمٰنُ وَلَدًا سُبحٰنَهُ بَل عِبادٌ مُكرَمونَ

21|27|لا يَسبِقونَهُ بِالقَولِ وَهُم بِأَمرِهِ يَعمَلونَ

21|28|يَعلَمُ ما بَينَ أَيديهِم وَما خَلفَهُم وَلا يَشفَعونَ إِلّا لِمَنِ ارتَضىٰ وَهُم مِن خَشيَتِهِ مُشفِقونَ

21|29|وَمَن يَقُل مِنهُم إِنّى إِلٰهٌ مِن دونِهِ فَذٰلِكَ نَجزيهِ جَهَنَّمَ كَذٰلِكَ نَجزِى الظّٰلِمينَ

21|30|أَوَلَم يَرَ الَّذينَ كَفَروا أَنَّ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ كانَتا رَتقًا فَفَتَقنٰهُما وَجَعَلنا مِنَ الماءِ كُلَّ شَيءٍ حَىٍّ أَفَلا يُؤمِنونَ

21|31|وَجَعَلنا فِى الأَرضِ رَوٰسِىَ أَن تَميدَ بِهِم وَجَعَلنا فيها فِجاجًا سُبُلًا لَعَلَّهُم يَهتَدونَ

21|32|وَجَعَلنَا السَّماءَ سَقفًا مَحفوظًا وَهُم عَن ءايٰتِها مُعرِضونَ

21|33|وَهُوَ الَّذى خَلَقَ الَّيلَ وَالنَّهارَ وَالشَّمسَ وَالقَمَرَ كُلٌّ فى فَلَكٍ يَسبَحونَ

21|34|وَما جَعَلنا لِبَشَرٍ مِن قَبلِكَ الخُلدَ أَفَإِي۟ن مِتَّ فَهُمُ الخٰلِدونَ

21|35|كُلُّ نَفسٍ ذائِقَةُ المَوتِ وَنَبلوكُم بِالشَّرِّ وَالخَيرِ فِتنَةً وَإِلَينا تُرجَعونَ

21|36|وَإِذا رَءاكَ الَّذينَ كَفَروا إِن يَتَّخِذونَكَ إِلّا هُزُوًا أَهٰذَا الَّذى يَذكُرُ ءالِهَتَكُم وَهُم بِذِكرِ الرَّحمٰنِ هُم كٰفِرونَ

21|37|خُلِقَ الإِنسٰنُ مِن عَجَلٍ سَأُو۟ريكُم ءايٰتى فَلا تَستَعجِلونِ

21|38|وَيَقولونَ مَتىٰ هٰذَا الوَعدُ إِن كُنتُم صٰدِقينَ

21|39|لَو يَعلَمُ الَّذينَ كَفَروا حينَ لا يَكُفّونَ عَن وُجوهِهِمُ النّارَ وَلا عَن ظُهورِهِم وَلا هُم يُنصَرونَ

21|40|بَل تَأتيهِم بَغتَةً فَتَبهَتُهُم فَلا يَستَطيعونَ رَدَّها وَلا هُم يُنظَرونَ

21|41|وَلَقَدِ استُهزِئَ بِرُسُلٍ مِن قَبلِكَ فَحاقَ بِالَّذينَ سَخِروا مِنهُم ما كانوا بِهِ يَستَهزِءونَ

21|42|قُل مَن يَكلَؤُكُم بِالَّيلِ وَالنَّهارِ مِنَ الرَّحمٰنِ بَل هُم عَن ذِكرِ رَبِّهِم مُعرِضونَ

21|43|أَم لَهُم ءالِهَةٌ تَمنَعُهُم مِن دونِنا لا يَستَطيعونَ نَصرَ أَنفُسِهِم وَلا هُم مِنّا يُصحَبونَ

21|44|بَل مَتَّعنا هٰؤُلاءِ وَءاباءَهُم حَتّىٰ طالَ عَلَيهِمُ العُمُرُ أَفَلا يَرَونَ أَنّا نَأتِى الأَرضَ نَنقُصُها مِن أَطرافِها أَفَهُمُ الغٰلِبونَ

21|45|قُل إِنَّما أُنذِرُكُم بِالوَحىِ وَلا يَسمَعُ الصُّمُّ الدُّعاءَ إِذا ما يُنذَرونَ

21|46|وَلَئِن مَسَّتهُم نَفحَةٌ مِن عَذابِ رَبِّكَ لَيَقولُنَّ يٰوَيلَنا إِنّا كُنّا ظٰلِمينَ

21|47|وَنَضَعُ المَوٰزينَ القِسطَ لِيَومِ القِيٰمَةِ فَلا تُظلَمُ نَفسٌ شَيـًٔا وَإِن كانَ مِثقالَ حَبَّةٍ مِن خَردَلٍ أَتَينا بِها وَكَفىٰ بِنا حٰسِبينَ

21|48|وَلَقَد ءاتَينا موسىٰ وَهٰرونَ الفُرقانَ وَضِياءً وَذِكرًا لِلمُتَّقينَ

21|49|الَّذينَ يَخشَونَ رَبَّهُم بِالغَيبِ وَهُم مِنَ السّاعَةِ مُشفِقونَ

21|50|وَهٰذا ذِكرٌ مُبارَكٌ أَنزَلنٰهُ أَفَأَنتُم لَهُ مُنكِرونَ

21|51|وَلَقَد ءاتَينا إِبرٰهيمَ رُشدَهُ مِن قَبلُ وَكُنّا بِهِ عٰلِمينَ

21|52|إِذ قالَ لِأَبيهِ وَقَومِهِ ما هٰذِهِ التَّماثيلُ الَّتى أَنتُم لَها عٰكِفونَ

21|53|قالوا وَجَدنا ءاباءَنا لَها عٰبِدينَ

21|54|قالَ لَقَد كُنتُم أَنتُم وَءاباؤُكُم فى ضَلٰلٍ مُبينٍ

21|55|قالوا أَجِئتَنا بِالحَقِّ أَم أَنتَ مِنَ اللّٰعِبينَ

21|56|قالَ بَل رَبُّكُم رَبُّ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ الَّذى فَطَرَهُنَّ وَأَنا۠ عَلىٰ ذٰلِكُم مِنَ الشّٰهِدينَ

21|57|وَتَاللَّهِ لَأَكيدَنَّ أَصنٰمَكُم بَعدَ أَن تُوَلّوا مُدبِرينَ

21|58|فَجَعَلَهُم جُذٰذًا إِلّا كَبيرًا لَهُم لَعَلَّهُم إِلَيهِ يَرجِعونَ

21|59|قالوا مَن فَعَلَ هٰذا بِـٔالِهَتِنا إِنَّهُ لَمِنَ الظّٰلِمينَ

21|60|قالوا سَمِعنا فَتًى يَذكُرُهُم يُقالُ لَهُ إِبرٰهيمُ

21|61|قالوا فَأتوا بِهِ عَلىٰ أَعيُنِ النّاسِ لَعَلَّهُم يَشهَدونَ

21|62|قالوا ءَأَنتَ فَعَلتَ هٰذا بِـٔالِهَتِنا يٰإِبرٰهيمُ

21|63|قالَ بَل فَعَلَهُ كَبيرُهُم هٰذا فَسـَٔلوهُم إِن كانوا يَنطِقونَ

21|64|فَرَجَعوا إِلىٰ أَنفُسِهِم فَقالوا إِنَّكُم أَنتُمُ الظّٰلِمونَ

21|65|ثُمَّ نُكِسوا عَلىٰ رُءوسِهِم لَقَد عَلِمتَ ما هٰؤُلاءِ يَنطِقونَ

21|66|قالَ أَفَتَعبُدونَ مِن دونِ اللَّهِ ما لا يَنفَعُكُم شَيـًٔا وَلا يَضُرُّكُم

21|67|أُفٍّ لَكُم وَلِما تَعبُدونَ مِن دونِ اللَّهِ أَفَلا تَعقِلونَ

21|68|قالوا حَرِّقوهُ وَانصُروا ءالِهَتَكُم إِن كُنتُم فٰعِلينَ

21|69|قُلنا يٰنارُ كونى بَردًا وَسَلٰمًا عَلىٰ إِبرٰهيمَ

21|70|وَأَرادوا بِهِ كَيدًا فَجَعَلنٰهُمُ الأَخسَرينَ

21|71|وَنَجَّينٰهُ وَلوطًا إِلَى الأَرضِ الَّتى بٰرَكنا فيها لِلعٰلَمينَ

21|72|وَوَهَبنا لَهُ إِسحٰقَ وَيَعقوبَ نافِلَةً وَكُلًّا جَعَلنا صٰلِحينَ

21|73|وَجَعَلنٰهُم أَئِمَّةً يَهدونَ بِأَمرِنا وَأَوحَينا إِلَيهِم فِعلَ الخَيرٰتِ وَإِقامَ الصَّلوٰةِ وَإيتاءَ الزَّكوٰةِ وَكانوا لَنا عٰبِدينَ

21|74|وَلوطًا ءاتَينٰهُ حُكمًا وَعِلمًا وَنَجَّينٰهُ مِنَ القَريَةِ الَّتى كانَت تَعمَلُ الخَبٰئِثَ إِنَّهُم كانوا قَومَ سَوءٍ فٰسِقينَ

21|75|وَأَدخَلنٰهُ فى رَحمَتِنا إِنَّهُ مِنَ الصّٰلِحينَ

21|76|وَنوحًا إِذ نادىٰ مِن قَبلُ فَاستَجَبنا لَهُ فَنَجَّينٰهُ وَأَهلَهُ مِنَ الكَربِ العَظيمِ

21|77|وَنَصَرنٰهُ مِنَ القَومِ الَّذينَ كَذَّبوا بِـٔايٰتِنا إِنَّهُم كانوا قَومَ سَوءٍ فَأَغرَقنٰهُم أَجمَعينَ

21|78|وَداوۥدَ وَسُلَيمٰنَ إِذ يَحكُمانِ فِى الحَرثِ إِذ نَفَشَت فيهِ غَنَمُ القَومِ وَكُنّا لِحُكمِهِم شٰهِدينَ

21|79|فَفَهَّمنٰها سُلَيمٰنَ وَكُلًّا ءاتَينا حُكمًا وَعِلمًا وَسَخَّرنا مَعَ داوۥدَ الجِبالَ يُسَبِّحنَ وَالطَّيرَ وَكُنّا فٰعِلينَ

21|80|وَعَلَّمنٰهُ صَنعَةَ لَبوسٍ لَكُم لِتُحصِنَكُم مِن بَأسِكُم فَهَل أَنتُم شٰكِرونَ

21|81|وَلِسُلَيمٰنَ الرّيحَ عاصِفَةً تَجرى بِأَمرِهِ إِلَى الأَرضِ الَّتى بٰرَكنا فيها وَكُنّا بِكُلِّ شَيءٍ عٰلِمينَ

21|82|وَمِنَ الشَّيٰطينِ مَن يَغوصونَ لَهُ وَيَعمَلونَ عَمَلًا دونَ ذٰلِكَ وَكُنّا لَهُم حٰفِظينَ

21|83|وَأَيّوبَ إِذ نادىٰ رَبَّهُ أَنّى مَسَّنِىَ الضُّرُّ وَأَنتَ أَرحَمُ الرّٰحِمينَ

21|84|فَاستَجَبنا لَهُ فَكَشَفنا ما بِهِ مِن ضُرٍّ وَءاتَينٰهُ أَهلَهُ وَمِثلَهُم مَعَهُم رَحمَةً مِن عِندِنا وَذِكرىٰ لِلعٰبِدينَ

21|85|وَإِسمٰعيلَ وَإِدريسَ وَذَا الكِفلِ كُلٌّ مِنَ الصّٰبِرينَ

21|86|وَأَدخَلنٰهُم فى رَحمَتِنا إِنَّهُم مِنَ الصّٰلِحينَ

21|87|وَذَا النّونِ إِذ ذَهَبَ مُغٰضِبًا فَظَنَّ أَن لَن نَقدِرَ عَلَيهِ فَنادىٰ فِى الظُّلُمٰتِ أَن لا إِلٰهَ إِلّا أَنتَ سُبحٰنَكَ إِنّى كُنتُ مِنَ الظّٰلِمينَ

21|88|فَاستَجَبنا لَهُ وَنَجَّينٰهُ مِنَ الغَمِّ وَكَذٰلِكَ نُۨجِى المُؤمِنينَ

21|89|وَزَكَرِيّا إِذ نادىٰ رَبَّهُ رَبِّ لا تَذَرنى فَردًا وَأَنتَ خَيرُ الوٰرِثينَ

21|90|فَاستَجَبنا لَهُ وَوَهَبنا لَهُ يَحيىٰ وَأَصلَحنا لَهُ زَوجَهُ إِنَّهُم كانوا يُسٰرِعونَ فِى الخَيرٰتِ وَيَدعونَنا رَغَبًا وَرَهَبًا وَكانوا لَنا خٰشِعينَ

21|91|وَالَّتى أَحصَنَت فَرجَها فَنَفَخنا فيها مِن روحِنا وَجَعَلنٰها وَابنَها ءايَةً لِلعٰلَمينَ

21|92|إِنَّ هٰذِهِ أُمَّتُكُم أُمَّةً وٰحِدَةً وَأَنا۠ رَبُّكُم فَاعبُدونِ

21|93|وَتَقَطَّعوا أَمرَهُم بَينَهُم كُلٌّ إِلَينا رٰجِعونَ

21|94|فَمَن يَعمَل مِنَ الصّٰلِحٰتِ وَهُوَ مُؤمِنٌ فَلا كُفرانَ لِسَعيِهِ وَإِنّا لَهُ كٰتِبونَ

21|95|وَحَرٰمٌ عَلىٰ قَريَةٍ أَهلَكنٰها أَنَّهُم لا يَرجِعونَ

21|96|حَتّىٰ إِذا فُتِحَت يَأجوجُ وَمَأجوجُ وَهُم مِن كُلِّ حَدَبٍ يَنسِلونَ

21|97|وَاقتَرَبَ الوَعدُ الحَقُّ فَإِذا هِىَ شٰخِصَةٌ أَبصٰرُ الَّذينَ كَفَروا يٰوَيلَنا قَد كُنّا فى غَفلَةٍ مِن هٰذا بَل كُنّا ظٰلِمينَ

21|98|إِنَّكُم وَما تَعبُدونَ مِن دونِ اللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنتُم لَها وٰرِدونَ

21|99|لَو كانَ هٰؤُلاءِ ءالِهَةً ما وَرَدوها وَكُلٌّ فيها خٰلِدونَ

21|100|لَهُم فيها زَفيرٌ وَهُم فيها لا يَسمَعونَ

21|101|إِنَّ الَّذينَ سَبَقَت لَهُم مِنَّا الحُسنىٰ أُولٰئِكَ عَنها مُبعَدونَ

21|102|لا يَسمَعونَ حَسيسَها وَهُم فى مَا اشتَهَت أَنفُسُهُم خٰلِدونَ

21|103|لا يَحزُنُهُمُ الفَزَعُ الأَكبَرُ وَتَتَلَقّىٰهُمُ المَلٰئِكَةُ هٰذا يَومُكُمُ الَّذى كُنتُم توعَدونَ

21|104|يَومَ نَطوِى السَّماءَ كَطَىِّ السِّجِلِّ لِلكُتُبِ كَما بَدَأنا أَوَّلَ خَلقٍ نُعيدُهُ وَعدًا عَلَينا إِنّا كُنّا فٰعِلينَ

21|105|وَلَقَد كَتَبنا فِى الزَّبورِ مِن بَعدِ الذِّكرِ أَنَّ الأَرضَ يَرِثُها عِبادِىَ الصّٰلِحونَ

21|106|إِنَّ فى هٰذا لَبَلٰغًا لِقَومٍ عٰبِدينَ

21|107|وَما أَرسَلنٰكَ إِلّا رَحمَةً لِلعٰلَمينَ

21|108|قُل إِنَّما يوحىٰ إِلَىَّ أَنَّما إِلٰهُكُم إِلٰهٌ وٰحِدٌ فَهَل أَنتُم مُسلِمونَ

21|109|فَإِن تَوَلَّوا فَقُل ءاذَنتُكُم عَلىٰ سَواءٍ وَإِن أَدرى أَقَريبٌ أَم بَعيدٌ ما توعَدونَ

21|110|إِنَّهُ يَعلَمُ الجَهرَ مِنَ القَولِ وَيَعلَمُ ما تَكتُمونَ

21|111|وَإِن أَدرى لَعَلَّهُ فِتنَةٌ لَكُم وَمَتٰعٌ إِلىٰ حينٍ

21|112|قٰلَ رَبِّ احكُم بِالحَقِّ وَرَبُّنَا الرَّحمٰنُ المُستَعانُ عَلىٰ ما تَصِفونَ

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.