Тарчумаи Сураи МӯЪМИНУН

Сураи МӯЪМИНУН1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон:

2.онон, ки дар намозашон тарсу умед мекунанд

3.ва онон, ки аз беҳуда рӯй мегардонанд

4.ва онон, ки закотро мепардозанд

5.ва онон, ки шармгоҳи худро нигоҳ медоранд,

6.ҷуз ба ҳамсарон ё канизони хеш, ки дар наздикӣ бо онон мавриди маломат қарор намегиранд

7.ва касоне,  ки ғайр аз ин (ду роҳи машрӯъро)  биҷӯянд, аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд

8.ва онон, ки амонатҳо ва паймонҳои худ риоя мекунанд

9.ва онон, ки бар намозҳои худ давомдиҳандаанд (пойдоранд),

10.инҳо меросбарон ҳастанд,

11.ки ҷаннатро, ки ҳамеша дар он ҷовидонанд, ба мерос мебаранд.

12.Албатта, Мо инсонро аз гили холис офаридем,

13.Сипас ӯро нутфае дар ҷойгоҳе  устувор қарор додем,

14.он гоҳ аз он нутфа лахтахуне офаридем ва аз он лахтахун порагӯште ва аз он порагӯшт устухонҳо офаридем ва устухонҳоро ба гӯшт пӯшонидем; бори дигар ӯро офаринише дигар додем. Сазовори таъзим аст Худованд, он беҳтарини офаринандагон!

15.Ва баъд аз ин ҳамаи шумо хоҳед мурд.

16.Боз дар рӯзи қиёмат зинда мегардед.

17.Ва бар болои саратон ҳафт осмон биёфаридем, ҳол он ки аз ин махлуқ ғофил набудаем.

18.Ва аз осмон ба андозаи ниёз об фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо бар нобуд карданаш тавоно ҳастем.

19.Бо он об бароятон боғҳое аз хурмову ангур падид овардем. Шуморо дар он боғҳо меваҳои бисёрест, ки аз онҳо мехӯред.

20.Ва дарахтест, ки дар Тӯри Сино мерӯяд2. Равған медиҳад ва он равған барои хӯрандагон нонхӯришест.

21.Шуморо дар чорпоён ибратест. Аз шире, ки дар шикамашон ҳаст, серобатон мекунем ва аз онҳо судҳои бисёр мебаред ва аз онҳо мехӯред.

22.Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед.

23.Ба таҳқиқ, Нӯҳро бар қавмаш фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед. Шуморо Худованде ҷуз ӯ нест. Оё наметарсед?»

24.Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Худо мехост, фариштагонеро мефиристод. Мо ҳаргиз чунин чизе дар рӯзгори ниёгонамон нашунидаем.

25.ӯ марди девонае беш нест. Чанде бар ӯ сабр кунед»

26.Гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун, ки маро дурӯғгӯ мешуморанд, ёриам кун».

27.Ба ӯ ваҳй кардем, ки киштиро дар ҳузури Мо ва ба илҳоми Мо бисоз. Ва чун фармони Мо даррасид ва об аз танӯр берун зад3, аз ҳар ҷинсе  дуто ва низ касони худро ба он бибар. Ғайри он кас, ки пеш аз ин дар бораи ӯ сухан рафтааст. Ва дар бораи  ситамкорон бо Ман сухан магӯй, ки онҳо ҳама ғарқшудагонанд.

2.Тӯри Сино-  Тур, номи кӯҳ аст ва Сино (ба забони ибронӣ Синай) номи нимҷазираест, ки дар он Фаластин ҷой гирифтааст. Кӯҳест, ки Мӯсо (а) бар он муноҷот кард. Ва гӯянд, ки самараи он дарахти зайтун аст.

3.Ҷӯшиши об аз танӯре, ки дар хонаи ӯ буд, нишони оғози тӯфон буд. Ва низ гуфтаанд  «Фаварони танӯр» киноя аз тулӯъи субҳ аст. Яъне, чун субҳ равшан шуд.

28.Чун худ ва ҳамроҳонат ба киштӣ нишастед, бигӯ: «Сипос Худойро, ки моро аз мардуми ситамкор раҳоӣ бахшид».

29.Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро фуруд овар дар ҷойгоҳе муборак, ки Ту беҳтарини роҳбаронӣ».

30.Дар ин достон ибратҳову пандҳост ва мо  танҳо озмояндагоне будем.

31.Ва баъд аз онҳо мардуме дигар биёфаридем.

32.Ва аз худашон ба миёнашон паёмбаре фиристодем, ки Худои якторо бипарастед, шуморо худое ҷуз ӯ нест. Оё наметарсед?

33.Гурӯҳе аз бузургони қавмаш, ки кофир буданд ва дидори охиратро дурӯғ мешумурданд ва дар  ин дунёяшон айшу неъмат дода будем, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, аз он чӣ мехӯред, мехӯрад ва аз он чӣ меошомед, меошомад.

34.Ва агар аз инсоне ҳамонанди худ итоъат кунед, зиён кардаед.

35.Оё ба шумо ваъда медиҳад, ки чун  мурдед ва хоку устухон  шудед, шуморо  аз гӯр берун меоваранд?

36.Ин ваъдае, ки ба шумо дода шуда, дур аст, дур!

37.Ҷуз ҳамин зиндагонии дунявии мо ҳеҷ нест, ба дунё меоему мемирем ва дигар бор зинда намешавем.

38.Ин мардест, ки ба Худои якто дурӯғ мебандад ва мо ба ӯ имон намеоварем».

39.Гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун ки маро дурӯғгӯ мебароранд, ёриам кун!»

40.Гуфт: «Ба ҳамин зудӣ аз карда пушаймон мешаванд».

41.Пас ба ҳақ бонге сахт ононро фурӯ гирифт. Монанди гиёҳ хушкашон кардем. Насиби  мардуми ситамкор, дурӣ аз раҳмати Худо бод!

42.Ва баъд аз онҳо мардуме дигар биёфаридем.

43.Ҳеҷ миллате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на дертар мекунад.

44.Сипас пай дар пай паёмбарони худро фиристодем. Ҳар бор, ки паёмбаре ба миллате омад, дурӯғгӯяш бароварданд ва Мо низ онҳоро аз паси якдигар ба ҳалокат расонидем ва ононро достонҳо кардем. Насиби мардуме, ки имон намеоваранд, дурӣ аз раҳмати Худо бод!

45.Он гоҳ Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти Худ ва далелҳои  равшан фиристодем;

46.назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Пас гарданкашӣ карданд, ки мардуме бартариҷӯй буданд

47.ва гуфтанд: «Оё ба ду инсон, ки монанди  мо ҳастанд ва қавмашон бандагони мо буданд, имон биёварем?»

48.Онҳоро дурӯғгӯ бароварданд ва хештан ба ҳалокат афканданд.

49.Албатта, Мо ба Мӯсо китоб додем, бошад, ки ҳидоят шаванд.

50.Ва писари Марям ва модарашро ояте сохтем ва он дуро бар ҷое баланд, ки қароргоҳе ва оби равон дошт, ҷой додем.

51.Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву хуш бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки Ман ба корҳое, ки мекунед, огоҳам!

52.Албатта, ин дини шумо динест, ягона ва Ман Парвардигори шумоям, аз Ман битарсед.

53.Пас дини худро фирқа-фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки интихоб карда буд, дилхуш буд.

54.Ононро то чанде дар гумроҳияшон раҳо кун.

55.Оё мепиндоранд, ки он молу фарзанд, ки арзонияшон медорем,

56.барои он аст, ки мекӯшем хайре ба онҳо бирасонем? На, онон дарнамеёбанд!

57.Онҳое, ки аз хавфи Парвардигорашон ларзонанд

58.ва онҳое, ки ба оёти Парвардигорашон имон меоваранд

59.ва онҳое, ки  ба Парвардигорашон ширк намеоваранд

60.ва онҳое, ки ҳамаи он чиро бояд адо кунад, адо мекунанд ва боз ҳам дилҳояшон тарсон аст, ки бояд назди Парвардигорашон бозгарданд,

61.инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва  дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд.

62.Бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунем. Ва назди Мо китобест, ки барҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ситаме намеравад.

63.На, дилҳояшон аз ин сухан дар пардаи ғафлат аст. Ва онҳоро корҳоест ҷуз ин корҳо, ки мекунанд.

64.То он гоҳ, ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем ва нола сар диҳанд.

65.Имрӯз нола сар мадиҳед, ки шуморо аз азоби Мо касе нараҳонад!

66.Оёти Ман бароятон хонда мешуд ва шумо намепазируфтед ва пуштнокӣ мерафтед.

67.Бар он такаббур мекардед ва шабҳангом дар афсонасароӣ носазо мегуфтед.

68.Оё дар ин сухан намеандешанд ё барои онҳо чизе нозил шуда, ки барои ниёгонашон нозил нашуда буд?

69.Ё он ки паёмбаронашонро нашинохтаанд, ки инкораш мекунанд?

70.Ё мегӯянд, ки девона аст? На, паёмбарашон ба  дини ҳақ бар онҳо фиристода шуд, вале бештарашон аз ҳақ бадбинӣ доранд.

71.Агар ҳақ аз паи ҳавасҳояшон мерафт, осмонҳову замин ва ҳар кӣ дар онҳост, ҳалок мешуд. Вале Мо пандашон фиристодем ва онҳо аз пандашон рӯй гардониданд.

72.Ё ту аз онҳо музде металабӣ? Музди Парвардигорат беҳтар аст, ки ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!

73.Албатта, ту ба роҳи росташон мехонӣ.

74.Ва касоне, ки ба охират имон надоранд, аз роҳи рост каҷраванд!

75.Агар бар онҳо раҳмат меоварем ва озореро, ки ба он гирифторанд, аз онҳо дур месохтем, боз ҳам ҳамчунон бо сарсахтӣ дар туғёни хеш саргашта мемонданд.

76.Ба азоб гирифторашон кардем, на фурӯтанӣ карданд ва на тазаррӯъ.

77.То он гоҳ, ки даре аз азоби сахт ба рӯяшон кушудем, чунонки аз ҳама ҷо навмед гаштанд.

78.Ва ӯст, он Худое, ки бароятон гӯшу чашму дил биёфарид. Чӣ андак сипос мегузоред!

79.ӯст, он Худое, ки шуморо дар рӯи замин падид овард ва ҳама назди ӯ гирд оварда мешавед.

80.Ва ӯст, он Худое, ки зинда мекунад ва мемиронад ва рафтуомади шабу рӯз аз они ӯст.Чаро оқилона  намеандешед?

81.Балки, онҳо низ ҳамон суханон гуфтанд, ки пешиниён мегуфтанд.

82.Гуфтанд: «Оё агар мо бимирем ва хоку устухон шавем, боз ҳам зинда мешавем?»

83.Ба мо ва падаронамон низ пеш аз ин чунин ваъдаҳое дода шуда буд. Инҳо чизе  ҷуз афсонаҳое пешиниён нест!»

84. Бигӯ: «Агар медонед, ин замин ва ҳар кӣ дар он аст, аз они кист?»

85.Хоҳанд гуфт: «Аз они Худо». Бигӯ: «Оё панд намегиред?»

86.Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳои ҳафтгона ва Парвардигори Арши бузург?»

87.Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё наметарсед?»

88.Бигӯ: «Агар медонед, подшоҳии ҳама чизҳо ба дасти кист? Кист, он ки ба ҳама кас паноҳ диҳад ва касеро аз ӯ паноҳ нест?»

89.Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: « Пас чаро фиреб мехӯред?»

90.Балки, Мо бар онҳо сухани рост фиристодем ва онон дурӯғ мегӯянд!

91.Худо ҳеҷ фарзанде надорад ва ҳеҷ худое  бо ӯ нест. Агар чунин мебуд, ҳар Худое бо офаридагони худ ба як сӯ мекашид ва бар якдигар бартарӣ меҷӯстанд. Худо аз он гуна, ки ӯро васф мекунанд, пок аст.

92.Донои ниҳону ошкор аст ва аз ҳар чӣ шарики ӯ месозанд, бартар аст.

93.Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, кош чизеро, ки ба онон ваъда дода шуда, ба ман намоён мекардӣ.

94.Эй Парвардигори ман, маро дар зумраи ситамкорон қарор мадеҳ».

95. Ва ҳаройна,  Мо агар бихоҳем, ки он чиро ба онон ваъда додаем, метавонем, бар ту бинамоёнем.

96.Сухани бади ононро ба ҳар чӣ некӯтарат меояд, посух гӯй. Мо ба сухани онон огоҳтар ҳастем.

97.Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шайтон ба ту паноҳ мебарам.

98.Ва ба Ту паноҳ мебарам, эй Парвардигори ман, агар назди ман ҳозир оянд!»

99.Чун якеашонро марг фаро расад, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро бозгардон.

100.  Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Ин суханест, ки ӯ мегӯяд ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъаест, ки бозгаштан натавонанд.

101. Чун дар сур дамида шавад, ҳеҷ хешовандие миёнашон намонад ва ҳеҷ аз ҳоли якдигар напурсанд.

102. Онон, ки тарозӯяшон (тарозӯи аъмоли некашон)  вазнин бошад, худ растагоранд.

103. Ва онон, ки тарозӯяшон (тарозӯи аъмоли некашон) сабук бошад, ба худ зиён расонидаанд ва дар ҷаҳаннам ҷовидмондагонанд.

104. Оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад  ва дар дӯзах туршрӯянд.

105. Оё оёти Ман бароятон хонда намешуд ва онҳоро дурӯғ меҳисобидед?

106. Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, шӯрбахтиямон бар мо ғалаба кард ва мо мардуме гумроҳ будем.

107. Эй Парвардигори мо, моро аз ин оташ берун овар. Агар дигар бор баргаште (ба сӯйи гуноҳ) кардем, ҳаройна,  аз ситамкорон бошем».

108. Гӯяд: «Дар оташ гум шавед ва бо Ман сухан магӯед».

109. Оре, гурӯҳе аз бандагони Ман мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоварандагонӣ».

110. Ва шумо масхараашон мекардед, то ёди Маро аз хотиратон рабуданд. Ва шумо ҳамчунон ба онҳо механдидед.

111. Имрӯз, ҳаройна,  онҳоро ба хотири сабре, ки мекарданд, подош медиҳам. Онҳо ба муроди худ расидаанд.

112. Гӯяд: «Ба шумори солҳо чӣ муддат дар замин  зистаед?»

113. Гӯяд: «Як рӯз ё қисмате аз як рӯз. Аз онҳо, ки мешумурданд4, бипурс».

114. Гӯяд: «Агар огоҳӣ доштед, медонистед, ки ҷуз андаке назистаед.

115. Оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба назди Мо бозгардонида намешавед?»

116. Пас бартар аст, Худои якто, он фармонравои ростин. Ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест! Парвардигори Арши гиромиқадр аст.

117. Он кас, ки ҷуз Худои якто худои дигареро мехонад, ки ба ҳаққонияташ ҳеҷ бурҳоне надорад, ҳаройна,  ҳисобаш назди Парвардигораш хоҳад буд. Албатта, кофирон наҷот намеёбанд.

118. Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, биёмурзу раҳмат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳастӣ!»

Сураи МӯЪМИНУН

23|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ قَد أَفلَحَ المُؤمِنونَ

23|2|الَّذينَ هُم فى صَلاتِهِم خٰشِعونَ

23|3|وَالَّذينَ هُم عَنِ اللَّغوِ مُعرِضونَ

23|4|وَالَّذينَ هُم لِلزَّكوٰةِ فٰعِلونَ

23|5|وَالَّذينَ هُم لِفُروجِهِم حٰفِظونَ

23|6|إِلّا عَلىٰ أَزوٰجِهِم أَو ما مَلَكَت أَيمٰنُهُم فَإِنَّهُم غَيرُ مَلومينَ

23|7|فَمَنِ ابتَغىٰ وَراءَ ذٰلِكَ فَأُولٰئِكَ هُمُ العادونَ

23|8|وَالَّذينَ هُم لِأَمٰنٰتِهِم وَعَهدِهِم رٰعونَ

23|9|وَالَّذينَ هُم عَلىٰ صَلَوٰتِهِم يُحافِظونَ

23|10|أُولٰئِكَ هُمُ الوٰرِثونَ

23|11|الَّذينَ يَرِثونَ الفِردَوسَ هُم فيها خٰلِدونَ

23|12|وَلَقَد خَلَقنَا الإِنسٰنَ مِن سُلٰلَةٍ مِن طينٍ

23|13|ثُمَّ جَعَلنٰهُ نُطفَةً فى قَرارٍ مَكينٍ

23|14|ثُمَّ خَلَقنَا النُّطفَةَ عَلَقَةً فَخَلَقنَا العَلَقَةَ مُضغَةً فَخَلَقنَا المُضغَةَ عِظٰمًا فَكَسَونَا العِظٰمَ لَحمًا ثُمَّ أَنشَأنٰهُ خَلقًا ءاخَرَ فَتَبارَكَ اللَّهُ أَحسَنُ الخٰلِقينَ

23|15|ثُمَّ إِنَّكُم بَعدَ ذٰلِكَ لَمَيِّتونَ

23|16|ثُمَّ إِنَّكُم يَومَ القِيٰمَةِ تُبعَثونَ

23|17|وَلَقَد خَلَقنا فَوقَكُم سَبعَ طَرائِقَ وَما كُنّا عَنِ الخَلقِ غٰفِلينَ

23|18|وَأَنزَلنا مِنَ السَّماءِ ماءً بِقَدَرٍ فَأَسكَنّٰهُ فِى الأَرضِ وَإِنّا عَلىٰ ذَهابٍ بِهِ لَقٰدِرونَ

23|19|فَأَنشَأنا لَكُم بِهِ جَنّٰتٍ مِن نَخيلٍ وَأَعنٰبٍ لَكُم فيها فَوٰكِهُ كَثيرَةٌ وَمِنها تَأكُلونَ

23|20|وَشَجَرَةً تَخرُجُ مِن طورِ سَيناءَ تَنبُتُ بِالدُّهنِ وَصِبغٍ لِلءاكِلينَ

23|21|وَإِنَّ لَكُم فِى الأَنعٰمِ لَعِبرَةً نُسقيكُم مِمّا فى بُطونِها وَلَكُم فيها مَنٰفِعُ كَثيرَةٌ وَمِنها تَأكُلونَ

23|22|وَعَلَيها وَعَلَى الفُلكِ تُحمَلونَ

23|23|وَلَقَد أَرسَلنا نوحًا إِلىٰ قَومِهِ فَقالَ يٰقَومِ اعبُدُوا اللَّهَ ما لَكُم مِن إِلٰهٍ غَيرُهُ أَفَلا تَتَّقونَ

23|24|فَقالَ المَلَؤُا۟ الَّذينَ كَفَروا مِن قَومِهِ ما هٰذا إِلّا بَشَرٌ مِثلُكُم يُريدُ أَن يَتَفَضَّلَ عَلَيكُم وَلَو شاءَ اللَّهُ لَأَنزَلَ مَلٰئِكَةً ما سَمِعنا بِهٰذا فى ءابائِنَا الأَوَّلينَ

23|25|إِن هُوَ إِلّا رَجُلٌ بِهِ جِنَّةٌ فَتَرَبَّصوا بِهِ حَتّىٰ حينٍ

23|26|قالَ رَبِّ انصُرنى بِما كَذَّبونِ

23|27|فَأَوحَينا إِلَيهِ أَنِ اصنَعِ الفُلكَ بِأَعيُنِنا وَوَحيِنا فَإِذا جاءَ أَمرُنا وَفارَ التَّنّورُ فَاسلُك فيها مِن كُلٍّ زَوجَينِ اثنَينِ وَأَهلَكَ إِلّا مَن سَبَقَ عَلَيهِ القَولُ مِنهُم وَلا تُخٰطِبنى فِى الَّذينَ ظَلَموا إِنَّهُم مُغرَقونَ

23|28|فَإِذَا استَوَيتَ أَنتَ وَمَن مَعَكَ عَلَى الفُلكِ فَقُلِ الحَمدُ لِلَّهِ الَّذى نَجّىٰنا مِنَ القَومِ الظّٰلِمينَ

23|29|وَقُل رَبِّ أَنزِلنى مُنزَلًا مُبارَكًا وَأَنتَ خَيرُ المُنزِلينَ

23|30|إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ وَإِن كُنّا لَمُبتَلينَ

23|31|ثُمَّ أَنشَأنا مِن بَعدِهِم قَرنًا ءاخَرينَ

23|32|فَأَرسَلنا فيهِم رَسولًا مِنهُم أَنِ اعبُدُوا اللَّهَ ما لَكُم مِن إِلٰهٍ غَيرُهُ أَفَلا تَتَّقونَ

23|33|وَقالَ المَلَأُ مِن قَومِهِ الَّذينَ كَفَروا وَكَذَّبوا بِلِقاءِ الءاخِرَةِ وَأَترَفنٰهُم فِى الحَيوٰةِ الدُّنيا ما هٰذا إِلّا بَشَرٌ مِثلُكُم يَأكُلُ مِمّا تَأكُلونَ مِنهُ وَيَشرَبُ مِمّا تَشرَبونَ

23|34|وَلَئِن أَطَعتُم بَشَرًا مِثلَكُم إِنَّكُم إِذًا لَخٰسِرونَ

23|35|أَيَعِدُكُم أَنَّكُم إِذا مِتُّم وَكُنتُم تُرابًا وَعِظٰمًا أَنَّكُم مُخرَجونَ

23|36|هَيهاتَ هَيهاتَ لِما توعَدونَ

23|37|إِن هِىَ إِلّا حَياتُنَا الدُّنيا نَموتُ وَنَحيا وَما نَحنُ بِمَبعوثينَ

23|38|إِن هُوَ إِلّا رَجُلٌ افتَرىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا وَما نَحنُ لَهُ بِمُؤمِنينَ

23|39|قالَ رَبِّ انصُرنى بِما كَذَّبونِ

23|40|قالَ عَمّا قَليلٍ لَيُصبِحُنَّ نٰدِمينَ

23|41|فَأَخَذَتهُمُ الصَّيحَةُ بِالحَقِّ فَجَعَلنٰهُم غُثاءً فَبُعدًا لِلقَومِ الظّٰلِمينَ

23|42|ثُمَّ أَنشَأنا مِن بَعدِهِم قُرونًا ءاخَرينَ

23|43|ما تَسبِقُ مِن أُمَّةٍ أَجَلَها وَما يَستَـٔخِرونَ

23|44|ثُمَّ أَرسَلنا رُسُلَنا تَترا كُلَّ ما جاءَ أُمَّةً رَسولُها كَذَّبوهُ فَأَتبَعنا بَعضَهُم بَعضًا وَجَعَلنٰهُم أَحاديثَ فَبُعدًا لِقَومٍ لا يُؤمِنونَ

23|45|ثُمَّ أَرسَلنا موسىٰ وَأَخاهُ هٰرونَ بِـٔايٰتِنا وَسُلطٰنٍ مُبينٍ

23|46|إِلىٰ فِرعَونَ وَمَلَإِي۟هِ فَاستَكبَروا وَكانوا قَومًا عالينَ

23|47|فَقالوا أَنُؤمِنُ لِبَشَرَينِ مِثلِنا وَقَومُهُما لَنا عٰبِدونَ

23|48|فَكَذَّبوهُما فَكانوا مِنَ المُهلَكينَ

23|49|وَلَقَد ءاتَينا موسَى الكِتٰبَ لَعَلَّهُم يَهتَدونَ

23|50|وَجَعَلنَا ابنَ مَريَمَ وَأُمَّهُ ءايَةً وَءاوَينٰهُما إِلىٰ رَبوَةٍ ذاتِ قَرارٍ وَمَعينٍ

23|51|يٰأَيُّهَا الرُّسُلُ كُلوا مِنَ الطَّيِّبٰتِ وَاعمَلوا صٰلِحًا إِنّى بِما تَعمَلونَ عَليمٌ

23|52|وَإِنَّ هٰذِهِ أُمَّتُكُم أُمَّةً وٰحِدَةً وَأَنا۠ رَبُّكُم فَاتَّقونِ

23|53|فَتَقَطَّعوا أَمرَهُم بَينَهُم زُبُرًا كُلُّ حِزبٍ بِما لَدَيهِم فَرِحونَ

23|54|فَذَرهُم فى غَمرَتِهِم حَتّىٰ حينٍ

23|55|أَيَحسَبونَ أَنَّما نُمِدُّهُم بِهِ مِن مالٍ وَبَنينَ

23|56|نُسارِعُ لَهُم فِى الخَيرٰتِ بَل لا يَشعُرونَ

23|57|إِنَّ الَّذينَ هُم مِن خَشيَةِ رَبِّهِم مُشفِقونَ

23|58|وَالَّذينَ هُم بِـٔايٰتِ رَبِّهِم يُؤمِنونَ

23|59|وَالَّذينَ هُم بِرَبِّهِم لا يُشرِكونَ

23|60|وَالَّذينَ يُؤتونَ ما ءاتَوا وَقُلوبُهُم وَجِلَةٌ أَنَّهُم إِلىٰ رَبِّهِم رٰجِعونَ

23|61|أُولٰئِكَ يُسٰرِعونَ فِى الخَيرٰتِ وَهُم لَها سٰبِقونَ

23|62|وَلا نُكَلِّفُ نَفسًا إِلّا وُسعَها وَلَدَينا كِتٰبٌ يَنطِقُ بِالحَقِّ وَهُم لا يُظلَمونَ

23|63|بَل قُلوبُهُم فى غَمرَةٍ مِن هٰذا وَلَهُم أَعمٰلٌ مِن دونِ ذٰلِكَ هُم لَها عٰمِلونَ

23|64|حَتّىٰ إِذا أَخَذنا مُترَفيهِم بِالعَذابِ إِذا هُم يَجـَٔرونَ

23|65|لا تَجـَٔرُوا اليَومَ إِنَّكُم مِنّا لا تُنصَرونَ

23|66|قَد كانَت ءايٰتى تُتلىٰ عَلَيكُم فَكُنتُم عَلىٰ أَعقٰبِكُم تَنكِصونَ

23|67|مُستَكبِرينَ بِهِ سٰمِرًا تَهجُرونَ

23|68|أَفَلَم يَدَّبَّرُوا القَولَ أَم جاءَهُم ما لَم يَأتِ ءاباءَهُمُ الأَوَّلينَ

23|69|أَم لَم يَعرِفوا رَسولَهُم فَهُم لَهُ مُنكِرونَ

23|70|أَم يَقولونَ بِهِ جِنَّةٌ بَل جاءَهُم بِالحَقِّ وَأَكثَرُهُم لِلحَقِّ كٰرِهونَ

23|71|وَلَوِ اتَّبَعَ الحَقُّ أَهواءَهُم لَفَسَدَتِ السَّمٰوٰتُ وَالأَرضُ وَمَن فيهِنَّ بَل أَتَينٰهُم بِذِكرِهِم فَهُم عَن ذِكرِهِم مُعرِضونَ

23|72|أَم تَسـَٔلُهُم خَرجًا فَخَراجُ رَبِّكَ خَيرٌ وَهُوَ خَيرُ الرّٰزِقينَ

23|73|وَإِنَّكَ لَتَدعوهُم إِلىٰ صِرٰطٍ مُستَقيمٍ

23|74|وَإِنَّ الَّذينَ لا يُؤمِنونَ بِالءاخِرَةِ عَنِ الصِّرٰطِ لَنٰكِبونَ

23|75|وَلَو رَحِمنٰهُم وَكَشَفنا ما بِهِم مِن ضُرٍّ لَلَجّوا فى طُغيٰنِهِم يَعمَهونَ

23|76|وَلَقَد أَخَذنٰهُم بِالعَذابِ فَمَا استَكانوا لِرَبِّهِم وَما يَتَضَرَّعونَ

23|77|حَتّىٰ إِذا فَتَحنا عَلَيهِم بابًا ذا عَذابٍ شَديدٍ إِذا هُم فيهِ مُبلِسونَ

23|78|وَهُوَ الَّذى أَنشَأَ لَكُمُ السَّمعَ وَالأَبصٰرَ وَالأَفـِٔدَةَ قَليلًا ما تَشكُرونَ

23|79|وَهُوَ الَّذى ذَرَأَكُم فِى الأَرضِ وَإِلَيهِ تُحشَرونَ

23|80|وَهُوَ الَّذى يُحيۦ وَيُميتُ وَلَهُ اختِلٰفُ الَّيلِ وَالنَّهارِ أَفَلا تَعقِلونَ

23|81|بَل قالوا مِثلَ ما قالَ الأَوَّلونَ

23|82|قالوا أَءِذا مِتنا وَكُنّا تُرابًا وَعِظٰمًا أَءِنّا لَمَبعوثونَ

23|83|لَقَد وُعِدنا نَحنُ وَءاباؤُنا هٰذا مِن قَبلُ إِن هٰذا إِلّا أَسٰطيرُ الأَوَّلينَ

23|84|قُل لِمَنِ الأَرضُ وَمَن فيها إِن كُنتُم تَعلَمونَ

23|85|سَيَقولونَ لِلَّهِ قُل أَفَلا تَذَكَّرونَ

23|86|قُل مَن رَبُّ السَّمٰوٰتِ السَّبعِ وَرَبُّ العَرشِ العَظيمِ

23|87|سَيَقولونَ لِلَّهِ قُل أَفَلا تَتَّقونَ

23|88|قُل مَن بِيَدِهِ مَلَكوتُ كُلِّ شَيءٍ وَهُوَ يُجيرُ وَلا يُجارُ عَلَيهِ إِن كُنتُم تَعلَمونَ

23|89|سَيَقولونَ لِلَّهِ قُل فَأَنّىٰ تُسحَرونَ

23|90|بَل أَتَينٰهُم بِالحَقِّ وَإِنَّهُم لَكٰذِبونَ

23|91|مَا اتَّخَذَ اللَّهُ مِن وَلَدٍ وَما كانَ مَعَهُ مِن إِلٰهٍ إِذًا لَذَهَبَ كُلُّ إِلٰهٍ بِما خَلَقَ وَلَعَلا بَعضُهُم عَلىٰ بَعضٍ سُبحٰنَ اللَّهِ عَمّا يَصِفونَ

23|92|عٰلِمِ الغَيبِ وَالشَّهٰدَةِ فَتَعٰلىٰ عَمّا يُشرِكونَ

23|93|قُل رَبِّ إِمّا تُرِيَنّى ما يوعَدونَ

23|94|رَبِّ فَلا تَجعَلنى فِى القَومِ الظّٰلِمينَ

23|95|وَإِنّا عَلىٰ أَن نُرِيَكَ ما نَعِدُهُم لَقٰدِرونَ

23|96|ادفَع بِالَّتى هِىَ أَحسَنُ السَّيِّئَةَ نَحنُ أَعلَمُ بِما يَصِفونَ

23|97|وَقُل رَبِّ أَعوذُ بِكَ مِن هَمَزٰتِ الشَّيٰطينِ

23|98|وَأَعوذُ بِكَ رَبِّ أَن يَحضُرونِ

23|99|حَتّىٰ إِذا جاءَ أَحَدَهُمُ المَوتُ قالَ رَبِّ ارجِعونِ

23|100|لَعَلّى أَعمَلُ صٰلِحًا فيما تَرَكتُ كَلّا إِنَّها كَلِمَةٌ هُوَ قائِلُها وَمِن وَرائِهِم بَرزَخٌ إِلىٰ يَومِ يُبعَثونَ

23|101|فَإِذا نُفِخَ فِى الصّورِ فَلا أَنسابَ بَينَهُم يَومَئِذٍ وَلا يَتَساءَلونَ

23|102|فَمَن ثَقُلَت مَوٰزينُهُ فَأُولٰئِكَ هُمُ المُفلِحونَ

23|103|وَمَن خَفَّت مَوٰزينُهُ فَأُولٰئِكَ الَّذينَ خَسِروا أَنفُسَهُم فى جَهَنَّمَ خٰلِدونَ

23|104|تَلفَحُ وُجوهَهُمُ النّارُ وَهُم فيها كٰلِحونَ

23|105|أَلَم تَكُن ءايٰتى تُتلىٰ عَلَيكُم فَكُنتُم بِها تُكَذِّبونَ

23|106|قالوا رَبَّنا غَلَبَت عَلَينا شِقوَتُنا وَكُنّا قَومًا ضالّينَ

23|107|رَبَّنا أَخرِجنا مِنها فَإِن عُدنا فَإِنّا ظٰلِمونَ

23|108|قالَ اخسَـٔوا فيها وَلا تُكَلِّمونِ

23|109|إِنَّهُ كانَ فَريقٌ مِن عِبادى يَقولونَ رَبَّنا ءامَنّا فَاغفِر لَنا وَارحَمنا وَأَنتَ خَيرُ الرّٰحِمينَ

23|110|فَاتَّخَذتُموهُم سِخرِيًّا حَتّىٰ أَنسَوكُم ذِكرى وَكُنتُم مِنهُم تَضحَكونَ

23|111|إِنّى جَزَيتُهُمُ اليَومَ بِما صَبَروا أَنَّهُم هُمُ الفائِزونَ

23|112|قٰلَ كَم لَبِثتُم فِى الأَرضِ عَدَدَ سِنينَ

23|113|قالوا لَبِثنا يَومًا أَو بَعضَ يَومٍ فَسـَٔلِ العادّينَ

23|114|قٰلَ إِن لَبِثتُم إِلّا قَليلًا لَو أَنَّكُم كُنتُم تَعلَمونَ

23|115|أَفَحَسِبتُم أَنَّما خَلَقنٰكُم عَبَثًا وَأَنَّكُم إِلَينا لا تُرجَعونَ

23|116|فَتَعٰلَى اللَّهُ المَلِكُ الحَقُّ لا إِلٰهَ إِلّا هُوَ رَبُّ العَرشِ الكَريمِ

23|117|وَمَن يَدعُ مَعَ اللَّهِ إِلٰهًا ءاخَرَ لا بُرهٰنَ لَهُ بِهِ فَإِنَّما حِسابُهُ عِندَ رَبِّهِ إِنَّهُ لا يُفلِحُ الكٰفِرونَ

23|118|وَقُل رَبِّ اغفِر وَارحَم وَأَنتَ خَيرُ الرّٰحِمينَ

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.