Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Сураи ФУРҚОН

СУРАТУ-Л-ФУРҚОН бо хати кирили
(77 ояҳ) (Сураи 25)

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
Табарака-л-лази наззала-л-Фурқона ъала ъабдиҳи ли якуна лил ъаламина назиро. 1. Ал-лази лаҳу мулку-с-самавати ва-л-арзи ва лам яттахиз валада-в ва лам яку-л лаҳу шарйкун фи-л-мулки ва халақа кулла шай-ин фа қаддараҳу тақдиро. 2.
Ваттахазу мин дуниҳи алиҳата-л ла яхлуқуна шай-а-в ва ҳум юхлақуна ва ла ямликуна ли анфусиҳим зарра-в ва ла нафъа-в ва ла ямликуна мавта-в ва ла ҳайата-в ва ла нушуро. 3. Ва қола-л-лазина кафару ин ҳаза илла ифкунифтароҳу ва аъанаҳу ъалайҳи қавмун ахарун. Фа қад ҷау зулма-в за зуро. 4. Ва қолу асатиру-л-аввалинактатабаҳа фа ҳия тумла ъалайҳи букрата-в ва асила. 5. Қул анзалаҳу-л-лази яъламу-с-сирра фи-с-самавати ва-л-арз. Иннаҳу кана Ғафура-р-Раҳима. 6. Ва қолу ма ли ҳаза-р-расули яъкулу-т-таъама ва ямши фи-л-асвақи лав ла унзила илайҳи малакун фа якуна маъаҳу назиро. 7. Ав юлқо илайҳи канзун ав такуну лаҳу ҷаннату-и яъкулу минҳа. Ва қола-з-золимуна ин таттабиъуна илла раҷула-м масҳуро. 8. Унзур кайфа зарабу лака-л амсала фазаллу фа ла ятатиъуна сабила. 9. Табарака-л-лази ин шаа ҷаъала лака хайра-м мин залика ҷаннатин таҷри мин таҳтиҳа-л-анҳару ва яҷъал-л лака қусуро. 10. Бал каззабу би-с-саъати ва аътаона ли ман каззаба би-с-саъати саъиро. 11.
Иза раатҳум-м мим маканим баъидин самиъу лаҳа тағайюза-в ва зафиро. 12. Ва иза улқу минҳа маканан заййиқа-м муқарранина даъав ҳуналика субурд. 13. Ла тадъу-л-явма субура-в ваҳида-в вадъу субуран касиро. 14. Қул а-залика хайрун ам ҷаннату-л-хулди-л-лати вуъида-л-муттақун. Канат лаҳум ҷазаа-в ва масиро. 15. Лаҳум фиҳа ма яшауна холидин. Кана ъала Раббика ваъда-м мас-ула. 16. Ва явма яҳшуруҳум ва ма яъбудуна мин дуниллаҳи фа яқулу а-антум азлалтум ъибади ҳаулаи ам ҳум заллу-с-сабил. 17. Қолу субҳанака ма кана ямбағи лана ан-н-наттахиза мин дуника мин авлийаа ва лаки-м маттаътаҳум ва абааҳум ҳатта насу-з зикра ва кану қавмам буро. 18. Фақад каззабукум би ма тақулуна фа ма тастатиъуна сарфа-в ва ла насро. Ва ма-й язлим-м минкум нузиқҳу ъазабан кабиро. 19. Ва ма арсална қаблака мина-л-мурсалина илла иннаҳум ла яъкулуна-т-таъама ва ямшуна фи-л-асвақ. Ва ҷаъална баъзакум ли баъзин фитнатан а-тасбирун. Ва кана Раббука Басиро. 20.
Ва қола-л-лазина ла ярҷуна лиқоана лавла унзила ъалайна-л малаикату ав наро Раббана. Ла қад-истакбару фи анфусиҳим ва ъатав ъутувван кабиро. 21. Явма яравна-л-малаиката ла бушро явмаизи-л лил муҷримина ва яқулууна ҳиҷра-м маҳҷуро. 22. Ва қадимна ила ма ъамилу мин ъамалин фа ҷаъалнаҳу ҳабаа-м мансуро. 23. Асҳабу-л-Ҷаннати явмаизин хайру-м мустақарра-в ва аҳсану мақила. 24. Ва явма ташаққақу-с-самау би-л-ғамами ва нуззила-л-малаикату танзила. 25. Ал-мулку явмаизини-л-ҳаққу ли-р-Раҳман. Ва кана явман ъала-л кафирина ъасиро. 26. Ва явма яъаззу-з-здлиму ъала ядайҳи яқулу йа лайтаниттахазту маъа-р-расули сабила. 27. Йа вайлата лайтани лам аттахиз фуланан халила. 28. Лақад азаллани ъани-з-зикри баъда из ҷаани. Ва кана-ш-шайтону лил инсани хазула. 29. Ва қола-р-расулу йа Рабби инна қавмиттахазу ҳаза-л-Қур-ана маҳҷуро. 30. Ва казалика ҷаъална ли кулли набиййин ъадувва-м мина-л муҷримин. Ва кафа би Раббика ҳадия-в ва насиро. 31. Ва қола-л-лазина кафару лавла нуззила ъалайҳи-л Қур-ану ҷумлата-в ваҳидаҳ. Казалика ли нусаббита биҳи фуадака ва ратталнаҳу тартила. 32.
Ва ла яътунака би масалин илла ҷиънака би-л-ҳаққи ва аҳсана тафсиро. 33. Ал-лазина юҳшаруна ъала вуҷуҳиҳим ила Ҷаҳаннама улаика шарру-м макана-в ва азаллу сабила. 34. Ва лақад атайна Муса-л-китаба ва ҷаъална маъаҳу ахоҳу Ҳаруна вазиро. 35. Фа қулназҳаба ила-л қавми-л-лазина каззабу би айатина фа даммаунаҳум тадмйрд. 36. Ва қавма Нуҳи-л ламма каззабу-р-русула ағрақнаҳум ва ҷаъалнаҳум ли-н-наси аяҳ. Ва аътаона ли-з-золимина ъазабан алима. 37. Ва Ъада-в ва вамуда ва асҳаба-р-расси ва қурунам байна залика касиро. 38. Ва куллан зарабна лаҳу-л-амсал. Ва куллан таббауна татбиро. 39. Ва лақад атав ъала-л-қаряти-л-лати умтират матара-с савъ. А-фа лам якуну яравнаҳа. Бал кану ла ярҷуна нушуро. 40. Ва иза раавка ий яттахизунака илла ҳузуван а-ҳаза-л-лази баъасаллоҳу расула.41. Ин када ла юзиллуна ъан алиҳатина лав ла ан сабауна ъалайҳа. Ва савфа яъламуна ҳина яравна-л-ъазаба ман азаллу сабила. 42. Араайта маниттахаза илаҳаҳу ҳаваҳу афа анта такуну ъалайҳи вакила. 43.
Ам таҳсабу анна аксараҳум ясмаъуна ав яъқилун. Ин ҳум илла ка-л-анъами бал ҳум азаллу сабила. 44. Алам тара ила Раббика кайфа мадда-з-зилла ва лав шаа лаҷаъалаҳу сакинан сумма ҷаъална-ш-шамса ъалайҳи далила. 45. Сумма қабазнаҳу илайна қабза-и ясиро. 46. Ва Ҳува-л-Лази ҷаъала лакуму-л-лайла либаса-в ва-н-навма субата-в ва ҷаъала-н-наҳара нушуро. 47. Ва Ҳува-л-лази арсала-р-рийаҳа бушрам байна ядай раҳматиҳ. Ва анзална мина-с-самаи маан таҳурд. 48. Ли нуҳйия биҳи балдата-м-майта-в-ва нусқияҳу мим ма халақна анъама-в ва анасийя касиро. 49. Ва лақад саррафнаҳу байнаҳум ли яззаккару фа аба аксару-н-наси илла куфуро. 50. Ва лав шиъна ла баъасна фи кулли қарятин-н-назирд. 51. Фа ла тутиъи-л-кафирина ваҷрҳрдҳум биҳи ҷиҳадан кабирд.52. ф Ва Ҳува-л-лази мараҷа-л-баҳрайни ҳаза ъазбун фуроту-в ва ҳаза милҳун уҷаҷу-в ва ҷаъала байнаҳума барзаха-в ва ҳиҷра-м маҳҷурд. 53. Ва Ҳува-л-лази халақа мина-л-маи башаран фа ҷаъалаҳу насаба-в ва сиҳро. Ва кана Раббука қадиро. 54. Ва яъбудуна мин дуниллаҳи ма ла янфаъуҳум ва ла язурруҳум. Ва кана-л-кафиру ъала Раббиҳи заҳиро. 55.
Ва ма арсалнака илла мубашшира-в ва назиро. 56. Қул ма ас-алукум ъалайҳи мин аҷрин илла ман шаа аи яттахиза ила Раббиҳи сабила. 57. Ва таваккал ъала-л-Ҳаййи-л-лази ла ямуту ва саббиҳ би ҳамдиҳ. Ва кафа биҳи би зунуби ъибадиҳи Хабиро. 58. Ал-лази халақа-с-самавати ва-л-арза ва ма байнаҳума фи ситтати аййамин суммастава ъала-л-Ъарш. Ар-Раҳману фас-ал биҳи Хабиро. 59. Ва иза қила лаҳумусҷуду ли-р Раҳмани қолу ва ма-р-Раҳману анасҷуду ли ма таъмуруна ва задаҳум нуфуро. 60. Табарака-л лази ҷаъала фи-с-самаи буруҷа-в ва ҷаъала фиҳа сироҷа-в ва қамара-м мунйрд. 61. Ва Ҳува-л-лази ҷаъала-л-лайла ва-н-наҳара хилфата-л-лиман ардда аи яззаккара ав ардда шукуро. 62. Ва ъибаду-р-Раҳмани-л-лазина ямшуна ъала-л-арзи ҳавна-в ва иза ҳатабаҳуму-л- ҷаҳилуна қолу салама. 63. Ва-л-лазина ябитуна ли Раббиҳим суҷҷада-в ва қийама. 64. Ва-л-лазина яқулуна Раббанасриф ъанна ъазаба Ҷаҳаннам. Инна ъазабаҳа кана ғарома. 65. Иннаҳа саат мустақарра-в ва муқома. 66. Ва-л-лазина иза анфақу лам юсрифу ва лам яқтуру ва кана байна залика қавама. 67.
Ва-л-лазина ла ядъуна маъаллоҳи илаҳан ахара ва ла яқтулуна-н-нафса-л-лати ҳаррамаллоҳу илла би-л қаққи ва ла язнун. Ва ма-й яфъал залика ялқа асама. 68. Юзоъаф лаҳу-л-ъазабу явма-л-қийамати ва яхлуд фиҳи муҳана. 69. Илла ман таба ва амана ва ъамила ъамалан солиҳан фа улаика юбаддилуллоҳу саййиатиҳим ҳасанат. Ва каналлоҳу Ғафура-р Раҳима. 70. Ва ман таба ва ъамила солиҳан фа иннаҳу ятубу илаллоҳи матаба. 71. Ва-л-лазина ла яшҳадуна-з-зура ва иза марру би-л-лағви марру кирома. 72. Ва-л-лазина иза зуккиру би айати Раббиҳим лам яхирру ъалайҳа сумма-в ва ъумиана. 73. Ва-л-лазина яқулуна Раббана ҳаб лана мин азваҷина ва зурриййатина қуррата аъюни-в ваҷъална лил муттақина имама. 74. Улаика юҷзавна-л-ғурфата би ма сабару ва юлаққавна фиҳа таҳийята-в ва ъалама. 75. Холидина фиҳа ҳасунат мустақарра-в ва муқома. 76. Қул ма яъбау бикум Рабби лав ла дуъаукум фақад каззабтум фа савфа якуну лизама. 77.

Тарчумаи Сураи ФУРҚОН

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Бузургу боазамат аст, он  ки ин Фурқонро (яъне, ҷудосозандаи ҳақ аз ботилро)  бар бандаи Худ  (Муҳаммад) нозил  кард, то ҷаҳониёнро (ба воситаи он) бимдиҳандае бошад (ва даъвати қуръонро ба гӯши онҳо бирасонад).

2.Он кас, ки аз они ӯст фармонравоии осмонҳову замин ва фарзанде (барои Худ) нагирифтааст ва ӯро (дар ҳукуммат ва моликият) шарике дар фармонравоӣ нест ва ҳар чизро биёфаридааст ва онро ба андоза офаридааст.

3.Ғайри ӯ худоёне дигар гирифтанд, ки ҳеҷ чиз намеофаринанд ва худ махлуқанд. На молики зиён ва на суди худ  ҳастанд   ва молики  маргу зиндагӣ ва растохез нестанд.

4.Ва кофирон гуфтанд, ки ин ҷуз дурӯғе, ки худ бофтааст2 ва гурӯҳе дигар ӯро бар он ёрӣ додаанд, ҳеҷ нест. Ҳаққо, он чӣ мегӯянд, ситаму ботил аст.

5.Ва гуфтанд: «Ин афсонаҳои пешиниён аст, ки ҳар субҳу шом  бар ӯ имло мешавад ва ӯ менависадаш».

6.Бигӯ: «Ин китобро касе нозил кардааст, ки ниҳони осмонҳову заминро медонад. ҳаройна,  ӯ омурзандаву меҳрубон аст!»

7.Гуфтанд: «Чист ин паёмбарро, ки ғизо мехӯрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? Чаро фариштае бар ӯ фурӯд намеояд, то бо ӯ бимдиҳанда бошад?

8.Чаро аз осмон ганҷе барояш афканда нашавад? Чаро ӯро  боғе нест, ки аз он бихӯрад?» Ва ситамкорон гуфтанд: «Шумо аз марди ҷодушудае пайравӣ мекунед!»

9.Бингар, ки чӣ гуна бароят достонҳо меоваранд. Гумроҳ шудаанд ва тавони роҳ ёфтанашон нест!

10.Бузургу бузургвор аст он кас, ки агар хоҳад, беҳтар аз он ба ту арзонӣ дорад, боғҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорӣ бошад ва бароят қасрҳо падид оварад.

11.Балки инҳо қиёматро дурӯғ ҳисобанд. Ва  барои касоне, ки қиёматро дурӯғ ҳисобанд, оташи сӯзон  омода кардаем,

12.ки чун аз роҳи дур бубинадашон (дӯзах кофиронро), ҷӯшу хурӯшашро бишнаванд.

13.Ва чун дастҳо бар гардан баста дар тангное аз он афтанд, ба дуъо марги хеш мехоҳанд.

14.Имрӯз на як бор марги хеш хоҳед, марги хеш фаровон хоҳед!

15.Бигӯ: «Оё ин беҳтар аст ё он биҳишти ҷовидон, ки ба парҳезгорон ваъда шудааст, ки подошу саранҷоми онон хоҳад буд?»

16.То абад ҳар чӣ бихоҳанд, дар он ҷо  ҳаст. Ваъдаест, ки анҷом додани он аз Парвардигорат хоста омадааст.

17.Рӯзе, ки ононро бо чизҳое, ки ғайри Худои якто мепарастиданд, ба маҳшар гирд оварад ва сипас пурсад: «Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ мекардед ё онҳо худ роҳро гум карда буданд?»

18.Гӯянд: «Покӣ Ту! Моро сазовор набудааст, ки ҷуз ту касеро ба ёрӣ гирем. Валекин, Ту худ онҳо ва падаронашонро бархурдор сохтӣ, чунон ки ёди Туро фаромӯш карданд ва мардуме шуданд ба ҳалокат афтода.

19.Инҳо он чиро мегуфтед, дурӯғ мехонданд ва акнун натавонед азоберо аз худ дур созед ё хештанро ёрӣ диҳед. Ва ҳар кас аз шумо, ки ситам кунад, азобе бузургаш мечашонем.

20.Пеш аз ту паёмбароне фиристодаем, ки таъом мехӯрданд ва дар бозорҳо роҳ мерафтанд. Ва шуморо василаи озмоиши якдигар қарор додем. Оё сабр тавонед кард? Ва Парвардигори ту биност.

21.Касоне, ки ба дидори Моумед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагон бар мо нозил намешаванд? Ё чаро Парвардигори худро намебинем?» Ба ростӣ, ки худро бузург шумурданд ва саркашӣ карданд, саркашие бузург.

22.Рӯзе, ки фариштагонро бубинанд, дар он рӯз гунаҳкоронро ҳеҷ муждае надиҳанд ва ба онҳо гӯянд: «Мужда бар шумо ҳаром аст!»

23.Ва ба аъмоле, ки кардаанд, пардозем ва ҳамаро чун зарраҳои хок (ғубор) барбод диҳем.

24.Аҳли биҳишт дар ин рӯз дар беҳтарин ҷойгоҳ ва беҳтарин макон барои оромиш ҳастанд.

25.Рӯзе, ки осмон бо абрҳо мешикофад ва фариштагон бар замин фиристода шаванд,

26.Фармонравоӣ дар он рӯз, ба ростӣ, аз они Худои раҳмон аст. Ва барои кофирон рӯзе душвор хоҳад буд.

27.Рӯзе, ки кофир дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки расул дар пеш гирифта буд, дар пеш гирифта будам.

28.Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам;

29.бо он ки Қуръон барои ман нозил шуда буд, маро аз пайравиаш бозмедошт. Ва ин шайтон ҳамвора одамиро танҳо (хору залил) мегузорад.

30.Паёмбар гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман тарки Қуръон гуфтанд!»

31.Инчунин ҳар паёмбареро аз миёни кофирон душмане падид овардем. Ва Парвардигори ту  барои роҳнамоиву ёрии ту кофист!

32.Кофирон гуфтанд: «Чаро ин Қуръон якбора бар ӯ нозил намешавад?». Барои он аст, ки дили туро ба он нерӯмандӣ диҳем ва онро ба оҳистагиву тартиб фурӯ хонем.

33.Ҳеҷ масале барои ту наёваранд, магар он, ки посухашро ба ростӣ ва некӯтарин баён биёварем.

34.Касонеро, ки бар рӯй мекашанду дар ҷаҳаннам гирд меоваранд, ба ҷойгоҳ бадтару ба роҳ гумгаштатаранд.

35.Ба Мӯсо китоб додем ва бародараш Ҳорунро мададгораш сохтем.

36.Ва гуфтем: «Назди мардуме, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд, биравед». Ва он қавмро ба сахтӣ ҳалок кардем.

37.Қавми Нӯҳро, чун паёмбаронро  дурӯғгӯ шумурдаанд, ғарқ кардем ва онҳоро барои мардум ибрате сохтем. Ва барои ситамгорон азобе дардовар омода кардем

38.ва Одро ва Самудро ва асҳоби Рассро3 ва наслҳои бисёреро, ки миёни онҳо буданд.

39.Ва барои ҳама мисолҳое овардем ва ҳамаро несту нобуд сохтем.

40.Ва бар ободӣ ва шаҳре, ки бар он борони азоб боронида будем, гузар мекарданд. Оё ононро намедиданд? Оре, ба қиёмат умед надоштанд.

41.Чун туро диданд, масхараат карданд, ки оё ин аст он паёмбаре, ки Худо бар мо фиристодааст?

42.Агар ба хотири худоёнамон сарсахтӣ намекардем, наздик буд, ки моро аз парастишашон гумроҳ кунад. Чун азобро бубинанд, хоҳанд донист чӣ касе гумроҳтар будааст.

43.Оё он касро, ки ҳавои нафсро ба худоӣ гирифта буд, дидӣ? Оё ту зомини ӯ ҳастӣ?

44.    Ё гумон кардаӣ, ки бештаринашон мешунаванду мефаҳманд? Инҳо чун чорпоёне беш нестанд, балки аз чорпоён ҳам гумроҳтаранд.

45.   Надидаӣ, ки Парвардигори ту чӣ гуна  сояро мекашад? Агар  мехост, дар як ҷо сокинаш мегардонд. Он гоҳ офтобро бар ӯ далел гардонидем4.

46.  Сипас баргирифтемаш5, гирифтани андак-андак.

47.ӯст, ки шабро пӯшиши шумо кард ва хобро оромишатон ва   рӯзро замони бархостанатон.

48.ӯст, ки пешопеши раҳмати худ (борон) бодҳоро ба мужда додан фиристод. Ва аз осмон обе пок нозил кардем,

49. то сарзамини мурдаро ба он зиндагӣ бахшем ва чорпоён ва     мардуми бисёреро, ки офаридаем, ба он сероб кунем.

50. Ва то бияндешанд, онро6 (боронро) миёнашон тақсим кардем. Вале бештари мардум носипосӣ карданд!

51.  Агар мехостем, ба ҳар шаҳре бимдиҳандае мефиристодем.

52.  Ба кофирон итоъат макун ва ба ҳукми Худо (қуръон) бо онҳо ҷиҳод кун, ҷиҳоде бузург!

53. ӯст, ки ду дарё  ба ҳам биёмехт, яке ширину гуворо ва дигаре  шӯробе бадмазза. Ва миёни он ду монеъае ва садде устувор қарор дод.

54. ӯст, ки одамиро аз об (нутфа) биёфарид ва ӯро насабу пайванд сохт ва   Парвардигори ту ба ин корҳо тавоност!

55.  Ғайри Худои якто чизҳоеро мепарастанд, ки ба онҳо на суд   медиҳад ва на зиён. Ва кофир ҳамеша пуштибони мухолифони  Парвардигори хеш аст.

4.Яъне, агар офтоб намебуд, сояе намебуд ва ин вуҷуди офтоб аст, ки сабаби кӯтоҳ шудану баланд шудани соя мешавад.

5.Сояро.

6.Баъзе муфассирон мурод аз замири “онро” қуръонро донистаанд.

56. Мо туро фиристодем, барои он ки башорат  диҳӣ ва битарсонӣ.

57.   Бигӯ: «Ман аз шумо ҳеҷ музде наметалабам, магар ин ки ҳар ки хоҳад, ба сӯи Парвардигораш роҳе биёбад».

58.   Ва бар Он зиндае, ки намемирад, таваккул кун ва ба ситоиши ӯ тасбеҳ гӯй ва ӯ худ барои огоҳӣ  аз гуноҳони бандагонаш кофист,

59.  он,  ки осмонҳову замин ва ҳар чиро дар миёни онҳост, ба шаш  рӯз биёфарид, он гоҳ ба Арш муставӣ шуд7 . ӯст Худои Раҳмон ва дар  бораи ӯ аз касе бипурс, ки огоҳ бошад.

60.  Ва чун ба онон гуфта шуд, ки Раҳмонро саҷда кунед, гуфтанд: «Раҳмон кист? Оё бар ҳар кас, ки ту фармон медиҳӣ, саҷда кунем?»    Ва бар нафраташон афзуда шуд.

61.  Бузургу боазамат  аст, он касе, ки дар осмон бурҷҳо8 биёфарид ва дар онҳо чароғеву моҳе тобон падид овард.

62.  Ва ӯст, ки шабу рӯзро барои касоне, ки мехоҳанд ибрат гиранд ё шукргузорӣ кунанд, аз паи ҳам қарор дод.

63.  Бандагони Худои  Раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба фурӯтанӣ роҳ мераванд. Ва чун ҷоҳилон ононро хитоб кунанд, ба мулоимат сухан гӯянд.

64. Ва онон, ки шабро дар саҷда ё дар қиём барои Парвардигорашон ба субҳ меоваранд.

65. Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори  мо, азоби ҷаҳаннамро аз мо бигардон, зеро азоби ҷаҳаннам азобест доим!

66.  Ҷаҳаннам бад қароргоҳу бад маконест».

67.  Ва онон, ки чун нафақа (харҷи зиндагӣ) мекунанд, исроф намекунанд ва хасисӣ намеварзанд, балки миёни ин (ду роҳ, исроф ва хасисӣ) миёнаро мегиранд.

68.  Ва онон, ки бо Худои якто худои дигаре намегиранд ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда, магар барҳақ, намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад.

69.  Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он  азоб хоҳад буд,

70.  ғайри он касон, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Худо гуноҳонашонро ба некиҳо бадал мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон  аст!

71.  Ва ҳар кӣ тавба кунад ва кори шоиста кунад, ба шоистагӣ назди Худо бозгардад.

72.   Ва онон, ки ба дурӯғ шаҳодат медиҳанд ва чун бар нописанде (амали ношоиста) бигзаранд, ба шитоб аз он дурӣ меҷӯянд.

73.   Ва онон, ки чун ба оёти Парвардигорашон пандашон диҳанд, дар баробари он чун карону кӯрон набошанд.

74.  Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод дор ва моро пешвои парҳезгорон гардон!»

75.  Инҳо ҳамон касонанд, ки ба хотири сабре, ки таҳаммул кардаанд, ғурфаҳои биҳиштро подош ёбанд ва дар он ҷо ба дуруду саломашон бинавозанд.

76.  Ҷовидона дар он ҷо бошанд. Чӣ некӯ қароргоҳу маконест!

77. Бигу: «Агар ибодат ва дуъоятон набошад Парвардигори ман эътиное бар шумо надорад. Аммо шумо (куффор) рисолати осмониро дурӯғ шуморидед. Пас, (оқибати) он мулозими шумо хоҳад шуд (сазои куфр ва исёни худро хоҳед дид)».

1 2Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *