Тарчумаи Сураи ШУЪАРО

Сураи ШУЪАРО1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.То, син, мим.

2.Инҳост оёти ин китоби равшангар.

3.Шояд аз ин, ки имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ.

4.Агар бихоҳем, аз осмон барояшон ояте нозил мекунем, ки дар баробари он ба хузӯъ (фурутанӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ) сар фуруд оваранд.

5.Барояшон ҳеҷ сухане тоза аз Худои Раҳмон нозил намешавад, ҷуз он ки аз он рӯй мегардонанд.

6.Пас дурӯғаш бароварданд. Ба зудӣ хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо бирасад.

7.Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ дар он рӯёнидаем.

8.Дар ин ибратест, вале бештаринашон мӯъмин набудаанд.

9.Ба ростӣ, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

10.Ва Парвардигорат Мӯсоро нидо дод, ки эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамкор бирав,

11.қавми Фиръавн. Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд?

12.Гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд.

13.Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад. Ҳорунро пайғамбарӣ деҳ!

14.Ва бар ман гуноҳе даъво  доранд2, метарсам, ки маро бикушанд».

15.Гуфт: «Ҳаргиз, оёти Маро ҳарду назди онҳо бибаред, Мо низ бо шумо ҳастем ва гӯш фаро медиҳем”.

16.Пас назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули Парвардигори ҷаҳониён ҳастем,

17.ки бани Исроилро бо мо бифиристӣ»

18.Гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди  худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ?

19.Ва он кори кардаатро, кардӣ? Пас, ту кофири неъматӣ»3.

20.Гуфт: «Он вақт, ки чунон кардам, аз хатокорон будам.

21.Ва чун аз шумо тарсидам, гурехтам. Вале Парвардигори ман ба ман пайғамбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард.

22.Ва миннати ин неъматро бар ман мениҳӣ, ҳол он ки бани Исроилро ғулом сохтаӣ?»

23.Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист?»

24.Гуфт: «Агар ба яқин мепазиред, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост».

25.Ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё нашунидед?»

26.Гуфт: «Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумо»,

27.Фиръавн гуфт: «Ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст».

28.Гуфт: «ӯст Парвардигори Машриқу Мағриб ва ҳар чӣ миёни он ду аст, агар оқилона биандешед».

29.Фиръавн гуфт: «Агар ҷуз ман каси дигареро ба худоӣ гирӣ, ба зиндонат меафканам».

30.Гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизае равшан барои ту оварда бошам?»

31.Гуфт: «Агар рост мегӯӣ, биёвар».

32.Асояшро андохт. Ба ошкоро аждаҳое шуд.

33.Ва дасташро берун овард. Дар назари бинандагон сафед менамуд.

34.Ба бузургони қавмаш, ки канораш буданд, гуфт: «Ин мард ҷодугари доност.

35.Мехоҳад ба ҷодуи худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Чӣ раъй медиҳед?»

36.Гуфтанд: «Аз ӯ ва аз бародараш мӯҳлат бихоҳ ва касон ба шаҳрҳо бифирист,

37.то ҳар ҷодугари доноеро, ки ҳаст, назди ту биёранд».

38.Ҷодугаронро дар рӯзе муайян ба ваъдагоҳ оварданд.

39.Ва мардумро гуфтанд: «Оё шумо низ гирд меоед?

40.То агар ҷодугарон пирӯз омаданд, ҳама аз онҳо пайравӣ кунем!»

41.Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо пирӯз шавем, моро музде хоҳад буд?»

42.Гуфт: «Оре, ҳама аз наздиконам хоҳед буд».

43.Мӯсо ба онҳо гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳед, бияфканед!»

44.Онон ресмонҳову чӯбҳои худ бияфканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн, ки мо пирӯз шудем!»

45.Ва Мӯсо асояшро афканд. Ногоҳ ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта буданд, фурӯ бурд.

46.Ҷодугарон ба саҷда афтоданд.

47.Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем,

48.Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун!»

49.Гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, имон овардед? Албатта,  ин мард (яъне, Мӯсо) бузурги шумост, ки шуморо ҷоду омӯхтааст. Хоҳед дид. Акнун дастҳову пойҳоятонро аз чапу рост хоҳам бурид ва ҳамаатонро бар дор хоҳам кард!»

50.Гуфтанд: «Боке нест, мо назди Парвардигорамон бозмегардем.

51.Мо умед дорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем».

52.Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки шабҳангом бандагони Маро берун бибар, ки аз паи шумо биёянд.

53.Ва Фиръавн гирдоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод.

54.ҳаройна, ки инҳо гурӯҳе андаканд

55.ва моро ба таҳқиқ, ба хашм овардаанд

56.ҳаройна, ва мо ҳамагӣ омодаи ҷангем.

57.Пас онҳоро аз боғҳову чашмасорҳо берун кардем

58.ва аз ганҷҳову хонаҳои некӯ,

59.ба ин сон ҳамаро ба бани Исроил вогузоштем4.

60.Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд.

61.Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «ҳаройна, гирифтор шудем!»

62.Гуфт: «ҳаргиз, Парвардигори ман ҳаройна, бо ман аст ва маро роҳнамоӣ хоҳад кард».

63.Пас ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба баҳр бизан. Баҳр аз ҳам бишикофт ва ҳар пора чун кӯҳе азим гашт.

64.Ва он гурӯҳи дигарро низ ба баҳр расонидем.

65.Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро раҳонидем.

66.Ва он дигарро ғарқ сохтем.

67.Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наоварданд!

68.Ҳаройна, Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст!

69.     Ва достони Иброҳимро барояшон тиловат кун!

70.Он гоҳ, ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ мепарастед?»

71.Гуфтанд: «Бутонеро мепарастем ва муқими остонашон ҳастем».

72.      Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, садоятонро мешунаванд?

73.     Ё барои шумо суду зиёне доранд?»

74.    Гуфтанд: «На, падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд».

75.     Гуфт: «Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед

76.шумо ва ниёгонатон?

77.Онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст.

78.Он, ки маро биёфарида, сипас роҳнамоиям мекунад

79.ва он, ки ба ман таъом медиҳад ва маро сероб месозад

80.ва чун бемор шавам, шифоям мебахшад

81.ва он, ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад

82.ва он, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд.

83.Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба шоистагон бипайванд.

84.Ва зикри ҷамили маро дар даҳони ояндагон андоз

85.ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ

86.ва падарамро5 биёмурз, ки аз гумроҳон аст

87.ва дар рӯзи қиёмат маро расво масоз,

88.рӯзе, ки на мол суд медиҳад ва на фарзандон,

89.магар он кас, ки бо қалбе раста аз ширк ба назди Худо биёяд!»

90.Ва биҳиштҳоро барои парҳезгорон наздик оранд.

91.Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд.

92.Ба онҳо гӯянд: «Чизҳое, ки  мепарастидед (ғайри Аллоҳ), куҷоянд?

93.(Маъбудҳое), ғайр аз Худо оё ёриатон мекунанд (дар баробари азоби Худо)  ё худ ёрӣ меҷӯянд?»

94.Онҳо (бутҳо)  ва кофиронро сарнагун  дар ҷаҳаннам андозанд

95.Ва ҳамаи лашкари Иблисро.

96.Ва дар ҳоле, ки дар ҷаҳаннам бо якдигар ба низоъ пардохтаанд, мегӯянд:

97.«Ба Худо савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем,

98. он гоҳ, ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем.

99. Ва моро бадкорон гумроҳ сохтанд

100.  ва акнун моро шафеъоне нест

101.  ва моро дӯсти меҳрубоне нест.

102.  Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем».

103.  Ба таҳқиқ, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.

104.  Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

105.  Қавми Нӯҳ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

106. Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Магар парҳезгорӣ намекунед?

107. Ба таҳқиқ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам.

108. Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед.

109. Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде  наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.

110. Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!»

111. Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки бенавоён (бечизу бемақом) пайрави ту ҳастанд?»

112.  Гуфт: «дониши ман ба корҳое, ки мекунанд, намерасад.

113.  Агар мефаҳмед, ҳисобашон танҳо бо Парвардигори ман аст.

114.  Ва ман мӯъминонро дур намекунам.

115.  Бимдиҳандае ошкор ҳастам».

116.  Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, агар бас накунӣ, сангсор мешавӣ».

117.  Гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғгӯ мебароранд.

118.  Миёни ману онҳо роҳе баркушой ва марову мӯъминони ҳамроҳи маро раҳоӣ бахш».

119. ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пур наҷот додем.

120. Ва боқиро ғарқ кардем.

121. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.

122. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

123. Қавми Од паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

124.  Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё наметарсед?

125. ҳаройна, ман барои шумо паёмбаре  амин ҳастам.

126. Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед.

127. Ман аз барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.

128. Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ бурҷе месозед?

129. Ва ба ин пиндор, ки ҳамеша зиндаед, қасрҳое бино мекунед?

130. Ва чун интиқом гиред,  бераҳмона интиқом мегиред?

131.  Пас аз Худо битарсед ва ба  ман итоъат кунед.

132. Ва битарсед аз он Худое, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст.

133. Ва ба шумо чорпоёну фарзандон арзонӣ доштааст

134.  ва боғҳову чашмасорон.

135. Ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо бимнокам».

136. Гуфтанд: «Барои мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ.

137.  Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён нест.

138.  Ва мо азоб нахоҳем шуд».

139. Пас дурӯғгӯяш бароварданд ва Мо ононро ҳалок кардем. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд!

140. Ҳаройна, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

141. Қавми Самуд6 паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

142. Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё наметарсед?

143. ҳаройна, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам.

144.  Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!

145.  Ман аз шумо барои ҳидояти худ  музде наметалабам. Музди ман  танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст!

146. Оё пиндоред, ки шуморо дар ин неъматҳо эмин раҳо мекунанд?

147. Дар боғҳову чашмасорҳо?

148.  Ва киштзорҳову нахлҳо бо он шукуфаҳои  нарму латиф?

149.  Ва шодмон дар кӯҳҳо хонаҳое  метарошед?

150.  Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!

151.  Ва фармони ин исрофкоронро мапазиред,

152.  Инҳо, ки дар замин ба ҷои ислоҳ фасод мекунанд»

153.  Гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд.

154.  Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ.  Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар».

155.  Гуфт: «Ин модашутури ман аст.  Як рӯз об хӯрдан ҳаққи ӯ бошад ва як рӯз ҳаққи шумо.

156.  Ба он осебе марасонед, ки азоби рӯзи бузург ба саратон меояд».

157. Онро куштанд ва пушаймон шуданд.

158. Пас азоб онҳоро фурӯ гирифт. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд

159.  Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

160. Қавми Лут паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

161. Он гоҳ, бародарашон Лут гуфт: «Оё наметарсед?

162. ҳаройна, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам.

163.  Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!

164.  Ман аз шумо барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст!

165. Чаро аз миёни мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед?

166.  Ва ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон офаридааст, тарк мегӯед? Балки, шумо мардуми таҷовузкор ҳастед!»

167.  Гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, ҳатман, аз шаҳр берунат мекунем».

168.  Гуфт: «ҳаройна, ман ба кори шумо душманам.

169. Эй Парвардигори ман, маро ва касонамро аз оқибати амале, ки мекунанд, раҳоӣ бахш!»

170.  ӯ ва ҳамаи касонашро раҳонидем,

171.  ғайри пиразане, ки хост бимонад.

172.  Сипас дигаронро ҳалок кардем,

173.  Бар онҳо бороне боронидем ва чӣ бад буд борони таҳдидшудагон!

174. Ҳаройна, дар  ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.

175. Ҳаройна, Парвардигори  ту  пирӯзманду меҳрубон аст!

176. Мардуми Айка7 паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

177.  Он гоҳ, ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё аз Худо наметарсед?

178. ҳаройна, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам.

179.  Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!

180.  Ман аз шумо барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён  аст.

181. Паймонаро тамом бипардозед ва камфурӯшӣ макунед.

182.  Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед.

183. Ба мардум кам мадиҳед ва бебокона дар замин фасод макунед.

184. Аз он Кас, ки шумо ва халоиқи пеш  аз шуморо офаридааст, битарсед».

185. Гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду  кардаанд.

186. Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки дурӯғ мегӯӣ.

187. Агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар сари мо андоз».

188. Гуфт: «Парвардигори ман ба коре, ки мекунед, донотар аст».

189.  Пас дурӯғгӯяш бароварданд ва дар он рӯзи абрнок азоб ононро фурӯ  гирифт. Он ҳаройна, азоби рӯзи бузург буд!

190. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.

191. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст.

192. Ва ҳаройна, ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.

193.  Онро Рӯҳуламин8 нозил кардааст.

194. Бар дили ту, то аз бимдиҳандагон бошӣ,

195. ба забони арабии равшан.

196. Ва ҳаройна, он дар навиштаҳои пешиниён низ ҳаст.

197. Оё ин нишона бар онҳо басанда нест,ки уламои бани Исроил аз он огоҳанд?

198.  Агар онро бар яке аз аҷамиён ( ғайри арабҳо) нозил карда будем

199.  ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд.

200. Ба ин сон Қуръонро дар дилҳои гунаҳгорон роҳ додем.

201.  Ба он имон намеоваранд, то азоби дардоварро бингаранд.

202.  Ва он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фурӯд меояд.

203.  Мегӯянд: «Оё моро мӯҳлате хоҳанд дод?»

204.  Оё ба азоби мо мешитобанд?

205.  Дидӣ, ки ҳарчанд солҳо баҳрамандашон  сохтем,

206.  боз ҳам азобе, ки ба онҳо ваъда шуда  буд,  бар сарашон омад.

207. Он баҳрамандиҳо ба ҳолашон суд накард?

208. Мо ҳеҷ аҳли ободӣ ва шаҳреро ҳалок накардем, ҷуз он ки барояшон бимдиҳандагоне буданд,

209. То пандашон диҳанд. Зеро  мо ситамкор нестем.

210.  Ва ин Қуръонро шайтонҳо нозил накардаанд.

211.  Онон на лоиқи ин коранд ва на тавони он доранд.

212.  ҳаройна, шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд.

213.  Пас ба Худои якто худои дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дароӣ.

214. Хешовандони наздикатро битарсон.

215.  Дар баробари  ҳар як аз мӯъминон, ки аз ту пайравӣ мекунад, хоксор бош.

216. Ва агар  бар ту нофармонӣ карданд, бигӯ: «ҳаройна, ман аз корҳои шумо безорам!»

217. Ва бар Худои пирӯзманду меҳрубон таваккул кун.

218.  Он, ки туро мебинад, он гоҳ бармехезӣ

219.  ва намоз хонданатро бо дигар намозгузорон мебинад.

220.  Албатта, ӯст шунавою доно!

221.  Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд?

222.  Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд.

223.  Гӯш фаро медиҳанд ва бештаринашон дурӯғгӯёнанд.

224.  Ва гумроҳон аз паи шоъирон мераванд.

225.  Оё надидаӣ, ки шоъирон дар ҳар водие саргаштаанд?

226.  Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд?

227.  Магар онон, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро фаровон ёд карданд ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зудӣ хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд.

Сураи ШУЪАРО

26|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ طسم

26|2|تِلكَ ءايٰتُ الكِتٰبِ المُبينِ

26|3|لَعَلَّكَ بٰخِعٌ نَفسَكَ أَلّا يَكونوا مُؤمِنينَ

26|4|إِن نَشَأ نُنَزِّل عَلَيهِم مِنَ السَّماءِ ءايَةً فَظَلَّت أَعنٰقُهُم لَها خٰضِعينَ

26|5|وَما يَأتيهِم مِن ذِكرٍ مِنَ الرَّحمٰنِ مُحدَثٍ إِلّا كانوا عَنهُ مُعرِضينَ

26|6|فَقَد كَذَّبوا فَسَيَأتيهِم أَنبٰؤُا۟ ما كانوا بِهِ يَستَهزِءونَ

26|7|أَوَلَم يَرَوا إِلَى الأَرضِ كَم أَنبَتنا فيها مِن كُلِّ زَوجٍ كَريمٍ

26|8|إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايَةً وَما كانَ أَكثَرُهُم مُؤمِنينَ

26|9|وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ العَزيزُ الرَّحيمُ

26|10|وَإِذ نادىٰ رَبُّكَ موسىٰ أَنِ ائتِ القَومَ الظّٰلِمينَ

26|11|قَومَ فِرعَونَ أَلا يَتَّقونَ

26|12|قالَ رَبِّ إِنّى أَخافُ أَن يُكَذِّبونِ

26|13|وَيَضيقُ صَدرى وَلا يَنطَلِقُ لِسانى فَأَرسِل إِلىٰ هٰرونَ

26|14|وَلَهُم عَلَىَّ ذَنبٌ فَأَخافُ أَن يَقتُلونِ

26|15|قالَ كَلّا فَاذهَبا بِـٔايٰتِنا إِنّا مَعَكُم مُستَمِعونَ

26|16|فَأتِيا فِرعَونَ فَقولا إِنّا رَسولُ رَبِّ العٰلَمينَ

26|17|أَن أَرسِل مَعَنا بَنى إِسرٰءيلَ

26|18|قالَ أَلَم نُرَبِّكَ فينا وَليدًا وَلَبِثتَ فينا مِن عُمُرِكَ سِنينَ

26|19|وَفَعَلتَ فَعلَتَكَ الَّتى فَعَلتَ وَأَنتَ مِنَ الكٰفِرينَ

26|20|قالَ فَعَلتُها إِذًا وَأَنا۠ مِنَ الضّالّينَ

26|21|فَفَرَرتُ مِنكُم لَمّا خِفتُكُم فَوَهَبَ لى رَبّى حُكمًا وَجَعَلَنى مِنَ المُرسَلينَ

26|22|وَتِلكَ نِعمَةٌ تَمُنُّها عَلَىَّ أَن عَبَّدتَ بَنى إِسرٰءيلَ

26|23|قالَ فِرعَونُ وَما رَبُّ العٰلَمينَ

26|24|قالَ رَبُّ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَما بَينَهُما إِن كُنتُم موقِنينَ

26|25|قالَ لِمَن حَولَهُ أَلا تَستَمِعونَ

26|26|قالَ رَبُّكُم وَرَبُّ ءابائِكُمُ الأَوَّلينَ

26|27|قالَ إِنَّ رَسولَكُمُ الَّذى أُرسِلَ إِلَيكُم لَمَجنونٌ

26|28|قالَ رَبُّ المَشرِقِ وَالمَغرِبِ وَما بَينَهُما إِن كُنتُم تَعقِلونَ

26|29|قالَ لَئِنِ اتَّخَذتَ إِلٰهًا غَيرى لَأَجعَلَنَّكَ مِنَ المَسجونينَ

26|30|قالَ أَوَلَو جِئتُكَ بِشَيءٍ مُبينٍ

26|31|قالَ فَأتِ بِهِ إِن كُنتَ مِنَ الصّٰدِقينَ

26|32|فَأَلقىٰ عَصاهُ فَإِذا هِىَ ثُعبانٌ مُبينٌ

26|33|وَنَزَعَ يَدَهُ فَإِذا هِىَ بَيضاءُ لِلنّٰظِرينَ

26|34|قالَ لِلمَلَإِ حَولَهُ إِنَّ هٰذا لَسٰحِرٌ عَليمٌ

26|35|يُريدُ أَن يُخرِجَكُم مِن أَرضِكُم بِسِحرِهِ فَماذا تَأمُرونَ

26|36|قالوا أَرجِه وَأَخاهُ وَابعَث فِى المَدائِنِ حٰشِرينَ

26|37|يَأتوكَ بِكُلِّ سَحّارٍ عَليمٍ

26|38|فَجُمِعَ السَّحَرَةُ لِميقٰتِ يَومٍ مَعلومٍ

26|39|وَقيلَ لِلنّاسِ هَل أَنتُم مُجتَمِعونَ

26|40|لَعَلَّنا نَتَّبِعُ السَّحَرَةَ إِن كانوا هُمُ الغٰلِبينَ

26|41|فَلَمّا جاءَ السَّحَرَةُ قالوا لِفِرعَونَ أَئِنَّ لَنا لَأَجرًا إِن كُنّا نَحنُ الغٰلِبينَ

26|42|قالَ نَعَم وَإِنَّكُم إِذًا لَمِنَ المُقَرَّبينَ

26|43|قالَ لَهُم موسىٰ أَلقوا ما أَنتُم مُلقونَ

26|44|فَأَلقَوا حِبالَهُم وَعِصِيَّهُم وَقالوا بِعِزَّةِ فِرعَونَ إِنّا لَنَحنُ الغٰلِبونَ

26|45|فَأَلقىٰ موسىٰ عَصاهُ فَإِذا هِىَ تَلقَفُ ما يَأفِكونَ

26|46|فَأُلقِىَ السَّحَرَةُ سٰجِدينَ

26|47|قالوا ءامَنّا بِرَبِّ العٰلَمينَ

26|48|رَبِّ موسىٰ وَهٰرونَ

26|49|قالَ ءامَنتُم لَهُ قَبلَ أَن ءاذَنَ لَكُم إِنَّهُ لَكَبيرُكُمُ الَّذى عَلَّمَكُمُ السِّحرَ فَلَسَوفَ تَعلَمونَ لَأُقَطِّعَنَّ أَيدِيَكُم وَأَرجُلَكُم مِن خِلٰفٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُم أَجمَعينَ

26|50|قالوا لا ضَيرَ إِنّا إِلىٰ رَبِّنا مُنقَلِبونَ

26|51|إِنّا نَطمَعُ أَن يَغفِرَ لَنا رَبُّنا خَطٰيٰنا أَن كُنّا أَوَّلَ المُؤمِنينَ

26|52|وَأَوحَينا إِلىٰ موسىٰ أَن أَسرِ بِعِبادى إِنَّكُم مُتَّبَعونَ

26|53|فَأَرسَلَ فِرعَونُ فِى المَدائِنِ حٰشِرينَ

26|54|إِنَّ هٰؤُلاءِ لَشِرذِمَةٌ قَليلونَ

26|55|وَإِنَّهُم لَنا لَغائِظونَ

26|56|وَإِنّا لَجَميعٌ حٰذِرونَ

26|57|فَأَخرَجنٰهُم مِن جَنّٰتٍ وَعُيونٍ

26|58|وَكُنوزٍ وَمَقامٍ كَريمٍ

26|59|كَذٰلِكَ وَأَورَثنٰها بَنى إِسرٰءيلَ

26|60|فَأَتبَعوهُم مُشرِقينَ

26|61|فَلَمّا تَرٰءَا الجَمعانِ قالَ أَصحٰبُ موسىٰ إِنّا لَمُدرَكونَ

26|62|قالَ كَلّا إِنَّ مَعِىَ رَبّى سَيَهدينِ

26|63|فَأَوحَينا إِلىٰ موسىٰ أَنِ اضرِب بِعَصاكَ البَحرَ فَانفَلَقَ فَكانَ كُلُّ فِرقٍ كَالطَّودِ العَظيمِ

26|64|وَأَزلَفنا ثَمَّ الءاخَرينَ

26|65|وَأَنجَينا موسىٰ وَمَن مَعَهُ أَجمَعينَ

26|66|ثُمَّ أَغرَقنَا الءاخَرينَ

26|67|إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايَةً وَما كانَ أَكثَرُهُم مُؤمِنينَ

26|68|وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ العَزيزُ الرَّحيمُ

26|69|وَاتلُ عَلَيهِم نَبَأَ إِبرٰهيمَ

26|70|إِذ قالَ لِأَبيهِ وَقَومِهِ ما تَعبُدونَ

26|71|قالوا نَعبُدُ أَصنامًا فَنَظَلُّ لَها عٰكِفينَ

26|72|قالَ هَل يَسمَعونَكُم إِذ تَدعونَ

26|73|أَو يَنفَعونَكُم أَو يَضُرّونَ

26|74|قالوا بَل وَجَدنا ءاباءَنا كَذٰلِكَ يَفعَلونَ

26|75|قالَ أَفَرَءَيتُم ما كُنتُم تَعبُدونَ

26|76|أَنتُم وَءاباؤُكُمُ الأَقدَمونَ

26|77|فَإِنَّهُم عَدُوٌّ لى إِلّا رَبَّ العٰلَمينَ

26|78|الَّذى خَلَقَنى فَهُوَ يَهدينِ

26|79|وَالَّذى هُوَ يُطعِمُنى وَيَسقينِ

26|80|وَإِذا مَرِضتُ فَهُوَ يَشفينِ

26|81|وَالَّذى يُميتُنى ثُمَّ يُحيينِ

26|82|وَالَّذى أَطمَعُ أَن يَغفِرَ لى خَطيـَٔتى يَومَ الدّينِ

26|83|رَبِّ هَب لى حُكمًا وَأَلحِقنى بِالصّٰلِحينَ

26|84|وَاجعَل لى لِسانَ صِدقٍ فِى الءاخِرينَ

26|85|وَاجعَلنى مِن وَرَثَةِ جَنَّةِ النَّعيمِ

26|86|وَاغفِر لِأَبى إِنَّهُ كانَ مِنَ الضّالّينَ

26|87|وَلا تُخزِنى يَومَ يُبعَثونَ

26|88|يَومَ لا يَنفَعُ مالٌ وَلا بَنونَ

26|89|إِلّا مَن أَتَى اللَّهَ بِقَلبٍ سَليمٍ

26|90|وَأُزلِفَتِ الجَنَّةُ لِلمُتَّقينَ

26|91|وَبُرِّزَتِ الجَحيمُ لِلغاوينَ

26|92|وَقيلَ لَهُم أَينَ ما كُنتُم تَعبُدونَ

26|93|مِن دونِ اللَّهِ هَل يَنصُرونَكُم أَو يَنتَصِرونَ

26|94|فَكُبكِبوا فيها هُم وَالغاوۥنَ

26|95|وَجُنودُ إِبليسَ أَجمَعونَ

26|96|قالوا وَهُم فيها يَختَصِمونَ

26|97|تَاللَّهِ إِن كُنّا لَفى ضَلٰلٍ مُبينٍ

26|98|إِذ نُسَوّيكُم بِرَبِّ العٰلَمينَ

26|99|وَما أَضَلَّنا إِلَّا المُجرِمونَ

26|100|فَما لَنا مِن شٰفِعينَ

26|101|وَلا صَديقٍ حَميمٍ

26|102|فَلَو أَنَّ لَنا كَرَّةً فَنَكونَ مِنَ المُؤمِنينَ

26|103|إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايَةً وَما كانَ أَكثَرُهُم مُؤمِنينَ

26|104|وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ العَزيزُ الرَّحيمُ

26|105|كَذَّبَت قَومُ نوحٍ المُرسَلينَ

26|106|إِذ قالَ لَهُم أَخوهُم نوحٌ أَلا تَتَّقونَ

26|107|إِنّى لَكُم رَسولٌ أَمينٌ

26|108|فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطيعونِ

26|109|وَما أَسـَٔلُكُم عَلَيهِ مِن أَجرٍ إِن أَجرِىَ إِلّا عَلىٰ رَبِّ العٰلَمينَ

26|110|فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطيعونِ

26|111|قالوا أَنُؤمِنُ لَكَ وَاتَّبَعَكَ الأَرذَلونَ

26|112|قالَ وَما عِلمى بِما كانوا يَعمَلونَ

26|113|إِن حِسابُهُم إِلّا عَلىٰ رَبّى لَو تَشعُرونَ

26|114|وَما أَنا۠ بِطارِدِ المُؤمِنينَ

26|115|إِن أَنا۠ إِلّا نَذيرٌ مُبينٌ

26|116|قالوا لَئِن لَم تَنتَهِ يٰنوحُ لَتَكونَنَّ مِنَ المَرجومينَ

26|117|قالَ رَبِّ إِنَّ قَومى كَذَّبونِ

26|118|فَافتَح بَينى وَبَينَهُم فَتحًا وَنَجِّنى وَمَن مَعِىَ مِنَ المُؤمِنينَ

26|119|فَأَنجَينٰهُ وَمَن مَعَهُ فِى الفُلكِ المَشحونِ

26|120|ثُمَّ أَغرَقنا بَعدُ الباقينَ

26|121|إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايَةً وَما كانَ أَكثَرُهُم مُؤمِنينَ

26|122|وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ العَزيزُ الرَّحيمُ

26|123|كَذَّبَت عادٌ المُرسَلينَ

26|124|إِذ قالَ لَهُم أَخوهُم هودٌ أَلا تَتَّقونَ

26|125|إِنّى لَكُم رَسولٌ أَمينٌ

26|126|فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطيعونِ

26|127|وَما أَسـَٔلُكُم عَلَيهِ مِن أَجرٍ إِن أَجرِىَ إِلّا عَلىٰ رَبِّ العٰلَمينَ

26|128|أَتَبنونَ بِكُلِّ ريعٍ ءايَةً تَعبَثونَ

26|129|وَتَتَّخِذونَ مَصانِعَ لَعَلَّكُم تَخلُدونَ

26|130|وَإِذا بَطَشتُم بَطَشتُم جَبّارينَ

26|131|فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطيعونِ

26|132|وَاتَّقُوا الَّذى أَمَدَّكُم بِما تَعلَمونَ

26|133|أَمَدَّكُم بِأَنعٰمٍ وَبَنينَ

26|134|وَجَنّٰتٍ وَعُيونٍ

26|135|إِنّى أَخافُ عَلَيكُم عَذابَ يَومٍ عَظيمٍ

26|136|قالوا سَواءٌ عَلَينا أَوَعَظتَ أَم لَم تَكُن مِنَ الوٰعِظينَ

26|137|إِن هٰذا إِلّا خُلُقُ الأَوَّلينَ

26|138|وَما نَحنُ بِمُعَذَّبينَ

26|139|فَكَذَّبوهُ فَأَهلَكنٰهُم إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايَةً وَما كانَ أَكثَرُهُم مُؤمِنينَ

26|140|وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ العَزيزُ الرَّحيمُ

26|141|كَذَّبَت ثَمودُ المُرسَلينَ

26|142|إِذ قالَ لَهُم أَخوهُم صٰلِحٌ أَلا تَتَّقونَ

26|143|إِنّى لَكُم رَسولٌ أَمينٌ

26|144|فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطيعونِ

26|145|وَما أَسـَٔلُكُم عَلَيهِ مِن أَجرٍ إِن أَجرِىَ إِلّا عَلىٰ رَبِّ العٰلَمينَ

26|146|أَتُترَكونَ فى ما هٰهُنا ءامِنينَ

26|147|فى جَنّٰتٍ وَعُيونٍ

26|148|وَزُروعٍ وَنَخلٍ طَلعُها هَضيمٌ

26|149|وَتَنحِتونَ مِنَ الجِبالِ بُيوتًا فٰرِهينَ

26|150|فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطيعونِ

26|151|وَلا تُطيعوا أَمرَ المُسرِفينَ

26|152|الَّذينَ يُفسِدونَ فِى الأَرضِ وَلا يُصلِحونَ

26|153|قالوا إِنَّما أَنتَ مِنَ المُسَحَّرينَ

26|154|ما أَنتَ إِلّا بَشَرٌ مِثلُنا فَأتِ بِـٔايَةٍ إِن كُنتَ مِنَ الصّٰدِقينَ

26|155|قالَ هٰذِهِ ناقَةٌ لَها شِربٌ وَلَكُم شِربُ يَومٍ مَعلومٍ

26|156|وَلا تَمَسّوها بِسوءٍ فَيَأخُذَكُم عَذابُ يَومٍ عَظيمٍ

26|157|فَعَقَروها فَأَصبَحوا نٰدِمينَ

26|158|فَأَخَذَهُمُ العَذابُ إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايَةً وَما كانَ أَكثَرُهُم مُؤمِنينَ

26|159|وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ العَزيزُ الرَّحيمُ

26|160|كَذَّبَت قَومُ لوطٍ المُرسَلينَ

26|161|إِذ قالَ لَهُم أَخوهُم لوطٌ أَلا تَتَّقونَ

26|162|إِنّى لَكُم رَسولٌ أَمينٌ

26|163|فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطيعونِ

26|164|وَما أَسـَٔلُكُم عَلَيهِ مِن أَجرٍ إِن أَجرِىَ إِلّا عَلىٰ رَبِّ العٰلَمينَ

26|165|أَتَأتونَ الذُّكرانَ مِنَ العٰلَمينَ

26|166|وَتَذَرونَ ما خَلَقَ لَكُم رَبُّكُم مِن أَزوٰجِكُم بَل أَنتُم قَومٌ عادونَ

26|167|قالوا لَئِن لَم تَنتَهِ يٰلوطُ لَتَكونَنَّ مِنَ المُخرَجينَ

26|168|قالَ إِنّى لِعَمَلِكُم مِنَ القالينَ

26|169|رَبِّ نَجِّنى وَأَهلى مِمّا يَعمَلونَ

26|170|فَنَجَّينٰهُ وَأَهلَهُ أَجمَعينَ

26|171|إِلّا عَجوزًا فِى الغٰبِرينَ

26|172|ثُمَّ دَمَّرنَا الءاخَرينَ

26|173|وَأَمطَرنا عَلَيهِم مَطَرًا فَساءَ مَطَرُ المُنذَرينَ

26|174|إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايَةً وَما كانَ أَكثَرُهُم مُؤمِنينَ

26|175|وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ العَزيزُ الرَّحيمُ

26|176|كَذَّبَ أَصحٰبُ لـَٔيكَةِ المُرسَلينَ

26|177|إِذ قالَ لَهُم شُعَيبٌ أَلا تَتَّقونَ

26|178|إِنّى لَكُم رَسولٌ أَمينٌ

26|179|فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطيعونِ

26|180|وَما أَسـَٔلُكُم عَلَيهِ مِن أَجرٍ إِن أَجرِىَ إِلّا عَلىٰ رَبِّ العٰلَمينَ

26|181|أَوفُوا الكَيلَ وَلا تَكونوا مِنَ المُخسِرينَ

26|182|وَزِنوا بِالقِسطاسِ المُستَقيمِ

26|183|وَلا تَبخَسُوا النّاسَ أَشياءَهُم وَلا تَعثَوا فِى الأَرضِ مُفسِدينَ

26|184|وَاتَّقُوا الَّذى خَلَقَكُم وَالجِبِلَّةَ الأَوَّلينَ

26|185|قالوا إِنَّما أَنتَ مِنَ المُسَحَّرينَ

26|186|وَما أَنتَ إِلّا بَشَرٌ مِثلُنا وَإِن نَظُنُّكَ لَمِنَ الكٰذِبينَ

26|187|فَأَسقِط عَلَينا كِسَفًا مِنَ السَّماءِ إِن كُنتَ مِنَ الصّٰدِقينَ

26|188|قالَ رَبّى أَعلَمُ بِما تَعمَلونَ

26|189|فَكَذَّبوهُ فَأَخَذَهُم عَذابُ يَومِ الظُّلَّةِ إِنَّهُ كانَ عَذابَ يَومٍ عَظيمٍ

26|190|إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايَةً وَما كانَ أَكثَرُهُم مُؤمِنينَ

26|191|وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ العَزيزُ الرَّحيمُ

26|192|وَإِنَّهُ لَتَنزيلُ رَبِّ العٰلَمينَ

26|193|نَزَلَ بِهِ الرّوحُ الأَمينُ

26|194|عَلىٰ قَلبِكَ لِتَكونَ مِنَ المُنذِرينَ

26|195|بِلِسانٍ عَرَبِىٍّ مُبينٍ

26|196|وَإِنَّهُ لَفى زُبُرِ الأَوَّلينَ

26|197|أَوَلَم يَكُن لَهُم ءايَةً أَن يَعلَمَهُ عُلَمٰؤُا۟ بَنى إِسرٰءيلَ

26|198|وَلَو نَزَّلنٰهُ عَلىٰ بَعضِ الأَعجَمينَ

26|199|فَقَرَأَهُ عَلَيهِم ما كانوا بِهِ مُؤمِنينَ

26|200|كَذٰلِكَ سَلَكنٰهُ فى قُلوبِ المُجرِمينَ

26|201|لا يُؤمِنونَ بِهِ حَتّىٰ يَرَوُا العَذابَ الأَليمَ

26|202|فَيَأتِيَهُم بَغتَةً وَهُم لا يَشعُرونَ

26|203|فَيَقولوا هَل نَحنُ مُنظَرونَ

26|204|أَفَبِعَذابِنا يَستَعجِلونَ

26|205|أَفَرَءَيتَ إِن مَتَّعنٰهُم سِنينَ

26|206|ثُمَّ جاءَهُم ما كانوا يوعَدونَ

26|207|ما أَغنىٰ عَنهُم ما كانوا يُمَتَّعونَ

26|208|وَما أَهلَكنا مِن قَريَةٍ إِلّا لَها مُنذِرونَ

26|209|ذِكرىٰ وَما كُنّا ظٰلِمينَ

26|210|وَما تَنَزَّلَت بِهِ الشَّيٰطينُ

26|211|وَما يَنبَغى لَهُم وَما يَستَطيعونَ

26|212|إِنَّهُم عَنِ السَّمعِ لَمَعزولونَ

26|213|فَلا تَدعُ مَعَ اللَّهِ إِلٰهًا ءاخَرَ فَتَكونَ مِنَ المُعَذَّبينَ

26|214|وَأَنذِر عَشيرَتَكَ الأَقرَبينَ

26|215|وَاخفِض جَناحَكَ لِمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ المُؤمِنينَ

26|216|فَإِن عَصَوكَ فَقُل إِنّى بَريءٌ مِمّا تَعمَلونَ

26|217|وَتَوَكَّل عَلَى العَزيزِ الرَّحيمِ

26|218|الَّذى يَرىٰكَ حينَ تَقومُ

26|219|وَتَقَلُّبَكَ فِى السّٰجِدينَ

26|220|إِنَّهُ هُوَ السَّميعُ العَليمُ

26|221|هَل أُنَبِّئُكُم عَلىٰ مَن تَنَزَّلُ الشَّيٰطينُ

26|222|تَنَزَّلُ عَلىٰ كُلِّ أَفّاكٍ أَثيمٍ

26|223|يُلقونَ السَّمعَ وَأَكثَرُهُم كٰذِبونَ

26|224|وَالشُّعَراءُ يَتَّبِعُهُمُ الغاوۥنَ

26|225|أَلَم تَرَ أَنَّهُم فى كُلِّ وادٍ يَهيمونَ

26|226|وَأَنَّهُم يَقولونَ ما لا يَفعَلونَ

26|227|إِلَّا الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ وَذَكَرُوا اللَّهَ كَثيرًا وَانتَصَروا مِن بَعدِ ما ظُلِموا وَسَيَعلَمُ الَّذينَ ظَلَموا أَىَّ مُنقَلَبٍ يَنقَلِبونَ

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.