Сураи АНКАБУТ
СУРАТУ-Л- ЪАНКАБУТ бо хати кирили
(69 ояҳ) (Сураи 29)
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
Алиф. Ламм. Мим. 1. Аҳасиба-н-насу ай ютраку ай яқулу аманна ва ҳум ла юфтанун. 2. Ва лақад фатанна-л-лазина мин қаблиҳим фа ла яъламанналлоҳу-л-лазина садақу ва ла яъламанна-л казибин. 3. Ам ҳасиба-л-лазина яъмалуна-с-саййиати ай ясбиқуна. Саа ма яҳкумун. 4. Ман кана ярҷу лиқоаллоҳи фа инна аҷалаллоҳи ла ат. Ва-Ҳува-с Самиъу-л-Ъалим. 5. Ва ман ҷаҳада фа иннама юҷаҳиду ли нафсиҳ. Инналлоҳа ла ғанийюн ъани-л-ъаламин. 6.
Ва-л-лазина аману ва ъамилу-с-солиҳати ла нукаффиранна ъанҳум саййиатиҳим ва ла наҷзияннаҳум аҳсана-л-лази кану яъмалун. 7. Ва вассайна-л-инсана би валидайҳи ҳусна. Ва ин ҷаҳадака ли тушрика би ма лайса лака биҳи ъилмун фа ла тутиъҳума. Илайя марҷиъукум фа унаббиукум би ма кунтум таъмалун. 8. Ва-л лазина аману ва ъамилу-с-солиҳати ла нудхиланнаҳум фи-с-солиҳин. 9. Ва мина-н-наси ма-и яқулу аманна биллаҳи фа иза узия филлаҳи ҷаъала фитната-н-наси ка-ъазабиллаҳи ва ла ин ҷаа насру-м ми-р-Раббика ла яқулунна инна кунна маъакум. А-ва лайсаллоҳу би аълама би ма фи судури-л-ъаламин. 10. Ва ла яъламанналлоҳу-л лазина аману ва ла яъламанна-л-мунафиқин. 11. Ва қола-л-лазина кафару лил лазина аману-т- табиъу сабилана ва-л наҳмил хатойакум ва ма ҳум би ҳамилина мин хатойаҳум-м мин шайъ. Иннаҳум ла казибун. 12. Ва ла-яҳмилунна асқолаҳум ва асқолам маъа асқолиҳим. Ва ла юс-алунна явма-л-қийамати ъам ма кану яфтарун. 13. Ва лақад арсална Нуҳан ила қавмиҳи фа лабиса фиҳим алфа санатин илла хамсина ъаман фа ахаза-ҳуму-т-туфану ва ҳум золимун. 14.
Фа анҷайнаҳу ва асҳаба-с-сафинати ва ҷаъалнаҳа айата-л лил ъаламин. 15. Ва Иброҳима из қола ли қавмиҳ-иъбудуллоҳа ва-т-тақуҳ. Заликум хайру-л лакум ин кунтум таъламун. 16. Иннама таъбудуна мин дуниллаҳи авсана-в ва тахлуқуна ифка. Инна-л лазина таъбудуна мин дуниллаҳи ла ямликуна лакум ризқан фабтағуу ъиндаллоҳи-р-ризқа ваъбудуҳу вашкуру лаҳ. Илайҳи турҷаъун. 17. Ва ин туказзибу фақад каззаба умаму-м мин қабликум. Ва ма ъала-р расули илла-л-балағу-л мубин. 18. А-ва лам ярав кайфа юбдиуллоҳу-л-халқа сумма юъидуҳ. Инна залика ъалаллоҳи ясир. 19. Қул сйру фи-л-арзи фанзуру кайфа бадаа-л-халқ. Суммаллоҳу юншиу-н-наш-ата-л-ахираҳ. Инналлоҳа ъала кулли шай-ин қадир. 20. Юъаззибу ма-и яшау ва ярҳаму ма-й яшаъ. Ва илайҳи туқлабун. 21. Ва ма антум би муъҷизина фи-л-арзи ва ла фи-с-самаъ. Ва ма лакум-м мин дуниллаҳи ми-в валиййи-в ва ла насир. 22. Ва-л лазина кафару би айатиллаҳи ва лиқоиҳй улайка яису ми-р-раҳмати ва улайка лаҳум ъазабун алим. 23.
Фа ма кана ҷаваба қавмиҳи илла ан қолуқтулуҳу ав ҳарриқуҳу фа анҷаҳуллоҳу мина-н-нар. Инна фи залика ла айати-л ли қавми-и юъминун. 24. Ва қола иннама-т-тахазтум-м мин дуниллаҳи авсана-м маваддата байникум фи-л-ҳайати-д-дунйа. Сумма явма-л-қийамати якфуру баъзукум би баъзи-в ва ялъану баъзукум баъза-в ва маъвакуму-н-нару ва ма лакум-м мин-н-насирин. 25. у Фа амана лаҳу Лут. Ва қола инни мухрҷррун ила Рабби. Иннаҳу Ҳува-л Ъазизу-л-Ҳаким. 26. Ва ваҳабна лаҳу Исҳақа ва Яъқуба ва ҷаъална фи зуррийятиҳи-н-нубуввата ва- л-китаба ва атайнаҳу аҷраҳу фи-д-дунйа. Ва иннаҳу фи-л-ахирати ламина-с-солиҳин. 27. Ва Лутан из қола ли қавмиҳи иннакум латаътуна-л фаҳишата ма сабақакум биҳа мин аҳади-м мина-л ъаламин. 28. А-иннакум ла таътуна-р-риҷала ва тақтаъуна-с- сабила ва таътуна фи надикуму-л мункар. Фа ма кана ҷаваба қавмиҳи илла ан қолуътина би ъазабиллаҳи ин кунта мина-с-содиқин. 29. Қола Раббинсууни ъала-л-қавми-л муфсидин. 30.
Ва ламма ҷаат русулуна Иброҳима би-л-бушро қолу инна муҳлику аҳли ҳазиҳи-л-қаряҳ. Инна аҳлаҳа кану золимин. 31. Қола инна фиҳа Лутд. Қолу наҳну аъламу би ман фиҳа. Ла нуна ҷҷияннаҳу ва аҳлаҳу илламраатаҳу канат мина-л-ғобирин. 32. Ва ламма ан ҷаат русулуна Лутан сиа биҳим ва здқа биҳим заръа-в ва қолу ла тахаф ва ла таҳзан. Инна мунаҷҷука ва аҳлака илламраатака канат мина-л ғобирин. 33. Инна мунзилуна ъала аҳли ҳазиҳи-л қаряти риҷза-м мина-с-самаи би ма кану яфсуқун. 34. Ва лақа-т-таракна минҳа аятам баййината-л ли қавми-и яъқцлун. 35. Ва ила Мадяна аҳаҳум Шуъайбан фа қола йа қавм-иъбудуллоҳа варҷу-л явма-л-ахира ва ла таъсав фи-л-арзи муфсидин. 36. Фа каззабуҳу фа ахазатҳуму-р-ра ҷфату фа асбаҳу фи дариҳцм ҷасимйн. 37. Ва Ъада-в ва £амуда ва қа-т-табайяна лакум-м мим масакиниҳцм. Ва зайяна лаҳуму-ш-шайтону аъмалаҳум фа саддаҳум ъани-с-сабили ва кану мустабсирин. 38.
Ва Қоруна ва Фиръавна ва Ҳаман. Ва лақад ҷааҳум-м Муса би-л-баййинати фастакбару фи-л арзи ва ма кану сабиқйн. 39. Фа куллан ахазна би замбиҳ. Фа минҳум-м ман арсална ъалайҳи ҳасиба-в ва минҳум-м ман ахазатҳу-с-сайҳату ва минҳум-м ман хасафна биҳи-л-арза ва минҳум-м ман ағрақна. Ва ма каналлоҳу ли язлимаҳум ва лакин кану анфусаҳум язлимун. 40. Масалу-л лазина-т-тахазу мин дуниллаҳи авлийаа ка масали-л-ъанкабут-иттахазат байта. Ва инна авҳана-л-буйути ла байту-л-ъанкабут. Лав кану яъламун. 41. Инналлоҳа яъламу ма ядъуна мин дуниҳи мин шайъ. Ва Ҳува-л-Ъазизу-л-Ҳаким. 42. Ва тилка-л-амсалу назрибуҳа ли-н-нас. Ва ма яъқилуҳа илла-л-ъалимун. 43. Халақаллоҳу-с самавати ва-л-арза би-л-ҳаққ. Инна фи залика ла аята-л лил муъминин. 44. Утлу ма уҳия илайка мина-л-китаби ва ақими-с-салаҳ. Инна-с-салата танҳа ъани-л-фаҳшай ва-л-мункар. Ва ла зикруллоҳи акбар. Валлоҳу яъламу ма таснаъун. 45.
Ва ла туҷадилу аҳла-л-китаби илла биллати ҳия аҳсану илла-л-лазина заламу минҳум. Ва қулу аманна би-л-лази унзила илайна ва унзила илайкум ва Илаҳуна ва Илаҳукум Ваҳиду-в ва наҳну лаҳу муслимун. 46. Ва казалика анзална илайка-л-китаб. Фа-л-лазина атайнаҳуму-л-китаба юъминуна биҳ. Ва мин ҳаулаи ма-й юъмину биҳ. Ва ма яҷҳаду би айатина илла-л-кафирун. 47. Ва ма кунта татлу мин қаблиҳи мин китаби-в ва ла тахуттуҳу би яминик. Иза-л лартаба-л-мубтилун. 48. Бал ҳува айатум баййинатун фи судури-л-лазина уту-л-ъилм. Ва ма яҷҳаду би айатина илла-з-золимун. 49. Ва қолу лавла унзила ъалайҳи айату-м ми-р-Раббиҳ. Қул иннама-л айату ъиндаллоҳи ва иннама ана назиру-м мубин. 50. А-ва лам якфиҳим анна анзална ъалайка-л-китаба ютла ъалайҳим. Инна фи залика ла раҳмата-в ва зикро ли қавми-й юъминун. 51. Қул кафа биллаҳи байни ва байнакум шаҳида. Яъламу ма фи-с самавати ва-л-арз. Ва-л-лазина аману би-л-батили ва кафару биллаҳи улайка ҳуму-л-хосирун. 52.
Ва ястаъҷилунака би-л-ъазаб. Ва лав ла аҷалу-м мусамма-л лаҷааҳуму-л-ъазабу ва ла яътияннаҳум бағтата-в ва ҳум ла яшъурун. 53. Ястаъ ҷилунака би-л ъазаби ва инна Ҷаҳаннама ла муҳитатум би-л кафирин. 54. Явма яғшаҳуму-л-ъазабу мин фавқиҳим ва мин таҳти арҷулиҳим ва яқулу зуқу ма кунтум таъмалун. 55. Йа ъибадия-л-лазина аману инна арзи васиъатун фа иййая фаъбудун.56. Куллу нафсин зайқату-л-мавт. Сумма илайна турҷаъун. 57. Ва-л лазина аману ва ъамилу-с-солиҳати ла нубаввианнаҳум-м мина-л-Ҷаннати ғурафан таҷри мин таҳтиҳа-л-анҳару холидина фиҳа. Ниъма аҷру-л ъамилин. 58. Ал- лазина сабару ва ъала Раббиҳим ятаваккалун. 59. Ва ка-аййи-м мин даббати-л ла таҳмилу ризқаҳаллоҳу ярзуқуҳа ва иййакум. Ва Ҳува-с Самиъу-л- Ъалим. 60. Ва лайн саалтаҳум-м ман халақа-с самавати ва-л-арза ва саххара-ш-шамса ва-л-қамара ла яқулунналлоҳ. Фа анна юъфакун. 61. Аллоҳу ябсуту-р ризқа ли ма-й яшау мин ъибадиҳи ва яқдиру лаҳ. Инналлоҳа би кулли шай-ин Ъалим. 62. Ва лайн саалтаҳум-м ман-н-наззала мина-с-самаи маан фа аҳйа биҳи-л-арза мим баъди мавтиҳа ла яқулунналлоҳ. Қули-л-ҳамду лиллаҳ. Бал аксаруҳум ла яъқилун. 63.
Ва ма ҳазиҳи-л ҳайату-д-дунйа илла лаҳву-в ва лаъиб. Ва инна-д-дара-л ахирата лаҳия-л-ҳаяван. Лав кану яъламун. 64. Фа иза ракибу фи-л-фулки даъавуллоҳа мухлисина лаҳу-д-дина фа ламма наҷҷаҳум ила-л-барри иза ҳум юшрикун. 65. Ли якфуру би ма атайнаҳум ва ли ятаматтаъу фа савфа яъламун. 66. А-ва-лам ярав анна ҷаъална ҳараман амина-в ва ютахаттафу-н-насу мин ҳавлиҳим. А-фа би-л-батили юъминуна ва би ниъматиллаҳи якфурун. 67. Ва ман азламу мим манифтаро ъалаллоҳи казибан ав каззаба би-л-ҳаққи ламма ҷааҳ. А-лайса фи Ҷаҳаннама масва-л лил кафирин. 68. Ва-л-лазина ҷаҳаду фина ла наҳдияннаҳум субулана. Ва инналлоҳа ла маъа-л-муҳсинин. 69.
Тарчумаи Сураи АНКАБУТ(Тортанак)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Алиф, лом, мим.
2.Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигӯянд: «Имон овардаем (ва ба ягонагии Худо ва рисолати паёмбар иқрор кардаем), раҳо шаванд ва дигар (бо таколиф ва вазоиф ва ранҷу сахтиҳое, ки бояд дар роҳи дини Худо таҳаммул кард) озмоиш нашаванд”.
3.Албатта, мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд (бо навъҳои таколиф ва машаққатҳо ва бо неъматҳои гуногун ва сахтиҳо), озмудаем, то ба таҳқиқ, Худо касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум дорад ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад.
4.Оё инҳо, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, пиндоштаанд, ки аз Мо пешдастӣ мекунанд (ва аз ҳавзаи қудрати мо мегурезанд ва аз чанголи кайфари мо раҳоӣ меёбанд )? Чӣ бад доварӣ мекунанд!
5. Ҳар кас, ки ба дидори Худо2 умед дорад, бидонад, ки ваъдаи
Худо, ҳатман, омаданист ва ӯ шунавову доност!
6. Ҳар кӣ (дар роҳи пешрафти дини Худо ва анҷоми ибодатҳо) ҷиҳод кунад, бе шак, ба суди худ кардааст. ба таҳқиқ Худо аз ҳамаи ҷаҳониён (ва тоъату ибодати онҳо) бениёз аст.
7. Гуноҳони ононро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, ҳатман, нест мекунем ва албатта, беҳтар аз он чӣ амал кардаанд, подошашон медиҳем.
8.Ба одамӣ супориш кардаем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду бикӯшанд, ки ту чизеро, ки ба он огоҳ нестӣ, шарики Ман қарор диҳӣ, итоъаташон макун. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва шуморо ба корҳое, ки мекардед, ҳатман, огоҳ мекунам!
9.Касонеро, ки имон овардаанд ва кирдорҳои шоиста кардаанд, дар гурӯҳи солеҳон даровардаем.
10. Баъзе аз мардум мегӯянд: «Ба Худо имон овардаем. Ва чун дар роҳи Худо озоре бубинанд, он озорро чун азоби Худо ба шумор меоваранд. Ва чун аз сӯи Парвардигори ту мададе расад, мегӯянд: «ҳаройна, мо низ бо шумо будаем».Оё Худо ба он чӣ дар дилҳои мардуми ҷаҳон мегузарад, огоҳтар нест?
11.Албатта, Худо медонад, ки мӯъминон чӣ касонанд ва мунофиқон чӣ касон.
12. Кофирон ба мӯъминон гуфтанд: «Ба роҳи мо биёед, бори гуноҳатон бар гардани мо. Ҳол он ки инҳо бори гуноҳи касеро бар гардан нахоҳанд гирифт ва ҳатман, дурӯғ мегӯянд.
13. Балки бори гуноҳи худ ва борҳое бо бори худ бар гардан хоҳанд гузошт ва дар рӯзи қиёмат ба сабаби дурӯғҳое, ки бар ҳам мебофанд, бозхост хоҳанд шуд.
14. Мо Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. ӯ панҷоҳ сол кам ҳазор сол дар миёни онон бизист. Ва чун мардуме ситампеша буданд, тӯфонашон фурӯ гирифт.
15. ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ буданд, наҷот додем ва он тӯфонро нишони ибрате барои ҷаҳониён гардонидем.
16. Ва низ Иброҳимро ба паёмбарӣ фиристодем, он гоҳ ки ба мардумаш гуфт: «Худои якторо бипарастед ва аз ӯ битарсед. Ин бароятон беҳтар аст, агар мардуме доно бошед.
17. ҳаройна, шумо ғайри Худои якто бутонеро мепарастед ва дурӯғҳои бузург мебофед. Онҳоеро, ки ғайри Худои якто мепарастед, бе шак, наметавонанд шуморо рӯзӣ диҳанд. Аз Худои якто рӯзӣ биҷӯед ва ӯро ибодат кунед ва сипос гӯед, зеро ба сӯи ӯ бозгардонида мешавед».
18. Агар шумо дурӯғ мебароред, мардумоне ҳам, ки пеш аз шумо буданд, дурӯғ мешумориданд. Ва бар ӯҳдаи паёмбар ҷуз таблиғе равшангар ҳеҷ нест.
19. Оё намебинанд, ки Худо чӣ гуна махлуқро меофаринад ва пас аз нестӣ бозаш мегардонад? Бе шубҳа, ин кор бар Худо осон аст.
20. Бигӯ: «Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки чӣ гуна Худо мавҷудотро офарида. Сипас офариниши охиринро падид меоварад. Ба таҳқиқ, Худованд бар ҳар чизе тавоност!
21. Ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва бар ҳар кӣ хоҳад, раҳмат меоварад ва ҳам ба ӯ бозгардонида мешавед.
22. Шумо наметавонед аз Худо бигурезед, на дар замин ва на дар осмон ва шуморо ҷуз ӯ ҳеҷ корсозу ёваре нест!»
23. Ва онҳо, ки ба оёти Худо ва дидори ӯ имон надоранд, аз раҳмати ман навмеданд ва онҳорост азоби дардовар.
24. Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки гуфтанд: «Бикушедаш ё бисӯзонедаш». Ва Худояш аз оташ бираҳонид. Ва бе шак, дар ин барои мӯъминон ибратҳост.
25. Гуфт: «ҳаройна, шумо бутонеро ба ҷои Худои якто ба худоӣ гирифтаед, то дар ин зиндагонии дунё миёнатон дӯстӣ бошад, вале дар рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва якдигарро лаънат мекунед ва ҷоятон дар оташ аст ва ҳеҷ ёваре надоред.
26. Лут ба ӯ имон овард ва гуфт «Бе шубҳа, ман ба сӯи Парвардигорам ҳиҷрат мекунам, ҳаройна, ӯ пирӯзманду ҳаким аст!»
27. Ва Исҳоқу Яъқубро ба ӯ бахшидем ва дар фарзандони ӯ паёмбариву китоб ниҳодем. Ва подошашро дар дунё додем ва ӯ дар охират аз солеҳон аст.
28.Ва Лутро паёмбарӣ додем. Ба қавми худ гуфт: «Шумо коре зиштро пеша кардаед, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо чунин намекардааст.
29. Оё, ҳаройна, шумо бо мардон меомезед ва роҳзанӣ мекунед ва дар маҳфили худ муртакиби корҳои нописанд мешавед?» Ҷавоби қавмаш ин буд, ки гуфтанд: «Агар рост мегӯӣ, азоби Худоро бар сари мо биёвар!»
30. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бар мардуми табаҳкор нусрат деҳ!»
31. Чун фиристодагони Мо Иброҳимро мужда оварданд, гуфтанд: «Мо, бе шубҳа, мардуми ин деҳаро ҳалок хоҳем кард, ки мардуме ситамкор ҳастанд».
32. Гуфт: «Лут дар он ҷост». Гуфтанд: «Мо беҳтар медонем, чӣ касе дар куҷост. ӯ ва хонадонаш, ҷуз занашро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем».
33. Чун фиристодагони Мо назди Лут омаданд, ғамгин шуд ва дар ғами корашон бимонд. Гуфтанд: «Матарс ва ғамгин мабош, туву хонадонат, ҷуз занатро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем.
34. Мо ба мардуми ин деҳа ба сабаби фисқе, ки мекунанд, аз осмон азоб нозил мекунем».
35. Ҳаройна, аз он деҳа барои хирадмандон ибрате равшан бар ҷой гузоштем.
36. Ва бародарашон Шуъайбро ба Мадян3 фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худоро бипарастед ва ба рӯзи қиёмат умедвор бошед ва дар замин ба табаҳкорӣ макӯшед.
37. Пас, дурӯғгӯяш шумориданд ва зилзила ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ ба зону афтода, мурданд.
38. Ва Оду Самудро4 ҳалок кардем. Ва ин аз ҷойгоҳи сукунаташон бароятон ошкор аст. Шайтон корҳояшонро дар назарашон биёрост ва ононро аз роҳ боздошт. Ва ҳол он ки мардуме соҳиби ақлу ҳуш буданд.
39. Ва низ Қоруну Фиръавн ва Ҳомонро, ки Мӯсо бо далелҳои равшани худ назди онҳо омад. Онҳо дар замин саркашӣ мекарданд, вале натавонистанд аз Худо бигурезанд.
40. Ҳамаро ба гуноҳашон фурӯ гирифтем: ба баъзе бодҳои регбор фиристодем, баъзеро наъраи даҳшатнок фурӯ гирифт, баъзеро дар замин фурӯ бурдем, баъзеро ғарқ сохтем. Ва Худо ба онҳо ситам накарда буд, онҳо худ ба хештан ситам карда буданд.
41. Мисоли онон, ки ғайри Худоро авлиё (дӯст) ирифтанд, масали анкабут (тортанак) аст, ки хонае бисохт. Ва кош медонистанд, ҳаройна, сустарин хонаҳо хонаи анкабут аст.
42. Ба таҳқиқ, Худои якто медонад, ки чӣ чизҳоро ба ҷои ӯ ба худоӣ мехонанд ва ӯст пирӯзманду ҳаким!
43. Ин масалҳоро барои мардум меорем ва онро ҷуз доноён дарнамеёбанд.
44. Худо осмонҳову заминро ба ростӣ биёфарид ва бе шак, дар ин ибратест барои мӯъминон.
45. Ҳар чиро аз ин китоб бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ва намоз бигзор, ки ҳаройна, намоз одамиро аз фаҳшову мункар бозмедорад ва зикри Худо бузургтар аст ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!
46. Бо аҳли китоб ба некӯтарин шевае муҷодала кунед. Магар бо онҳое, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ бар шумо нозил шудааст, имон овардем. Ва Худои мову Худои шумо якест ва мо дар баробари ӯ гардан ниҳодем.
47.(Чунонки китобҳои собиқро фурӯд овардем) ҳамчунон ин китобро (қуръонро) бар ту нозил кардем. Пас, аҳли Китоб ба он имон меоваранд ва аз инҳо (араб) низ касе ҳаст, ки ба он имон меварад ва ҷуз кофирон касе оёти Моро инкор намекунад.
48. Ту пеш аз Қуръон ҳеҷ китоберо намехондӣ ва ба дасти хеш китобе наменавиштӣ. Агар чунон буд, аҳли ботил ба шак афтода буданд.
49. Балки Қуръон оётест равшан, ки дар синаи аҳли дониш ҷой дорад. Ва оёти Моро ситамкорон инкор мекунанд.
50. Ва гуфтанд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш оёте бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Оёт (нишонаҳо) дар назди Худост ва ман бимдиҳандае ошкор ҳастам».
51. Оё ононро басанда нест, ки бар ту, ба таҳқиқ, китоб фиристодаем ва бар онҳо хонда мешавад. Дар ин китоб барои мӯъминон раҳмату панд аст!
52. Бигӯ: «Худо ба гувоҳӣ миёни ману шумо кофист. Он чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад. Касоне, ки ба ботил гаравиданд ва ба Худо кофир шуданд, онҳо зиёнкоронанд».
53. Аз ту ба шитоб азобро металабанд. Агар онро замоне муъайян набуд, бе шубҳа, бар онҳо меомад. Ва ҳатман, ногаҳон ва бе он, ки хабар шаванд, бар онҳо фурӯд хоҳад омад.
54. Аз ту ба шитоб азобро металабанд, ҳол он ки ҷаҳаннам, ҳаройна, бар кофирон иҳота дорад.
55. Рӯзе, ки азоб аз болои сару зери пой онҳоро дарбар гирад ва Худо бигӯяд: «Ба хотири аъмоле, ки мекардед, инак, азобро бичашед!»
56. Эй бандагони ман, ки ба ман имон овардед, ба таҳқиқ, замини ман фарох аст, пас танҳо маро бипарастед.
57. Ҳар касе чашандаи таъми марг аст. Ва ба сӯи Мо бозгардонида шавед.
58. Касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ҳатман, дар ғурфаҳои биҳишт ҷой диҳем. Аз зери он ҷӯйҳои об равон аст. Дар он ҷо ҷовидона бимонанд. Амалкунандагонро чӣ некӯ муздест,
59. онҳо, ки сабр варзиданд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд.
60. Чӣ бисёр ҷунбандагоне, ки тавони таҳсили (ба даст овардани) рӯзии хеш надоранд ва Худо онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад. Ва ӯ шунавою доност!
61. Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офарида ва офтобу моҳро ром кардааст?» ҳатман, хоҳанд гуфт: «Худои якто». Пас, аз чӣ рӯй ақидат дигаргун мекунанд?
62. Худо рӯзии ҳар як аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё бар ӯ танг мегирад. ҳаройна, Худо ба ҳама чиз доност!
63. Агар аз онҳо бипурсӣ «Чӣ касе аз осмон борон фиристод ва замини мурдаро ба он зинда кард?» ҳатман, хоҳанд гуфт: «Худои якто». Бигӯ: «Сипос Худорост!» Вале бештаринашон дарнамеёбанд!
64. Зиндагонии ин дунё лаҳву лаъаб (бозӣ) аст. Агар бидонанд, сарои охират, ба таҳқиқ, сарои зиндагонист (чунки ба дунболи зиндагии ин ҷаҳонӣ марг аст, вале зиндагии ухравӣ ҷовидона аст).
65. Чун ба киштӣ нишастанд (мушрикон), Худоро бо ихлос илтиҷову ибодат кунанд (бар асари тарсу нигаронӣ) ва чун наҷоташон дод ва ба хушкӣ овард, ширк меоваранд,
66. то неъматеро, ки ба онон ато карда будем, куфрон кунанд ва (чанд рӯзе аз лаззатҳои зудгузар) бархурдор шаванд. Ба зудӣ хоҳанд донист (ки чӣ сарнавишти шуме дар интизори онҳо аст).
67. Оё надонистаанд, ки ҳарамро ҷои амни мардум қарор додем, ҳол он ки мардум дар атрофашон ба асорат рабуда мешаванд (ва дар ҳама ҷойи берун аз ҳарам куштору ғорат мекунанд)? Оё ба (бутҳои) ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро куфрон мекунанд?
68. Пас, кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад ё ба ҳангоме ки ҳақ ба сӯи ӯ ояд, дурӯғ мешуморад? Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои кофирон нест?
69. Касонеро, ки дар роҳи (пирӯзии дини) Мо ҷиҳод кунанд, ҳатман, ба роҳҳои хеш ҳидояташон мекунем (ва шомили ҳимояти хеш мекунемашон) ва Худо, ҳаройна, бо некӯкорон аст (ва касоне, ки Худо ҳамроҳашон бошад, ҳатман, пирӯзу беҳрӯзанд)!