Сураи САҶДА
СУРАТУ-С-САҶДАҲ бо хати кирили
(30 ояҳ) (Сураи 32)
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
Алиф, Ламм, Мим. 1. Танзилу-л-китаби ла райба фиҳи ми-р-Рабби-л-ъаламин. 2. Ам яқулун-афтароҳ. Бал ҳува-л-ҳаққу ми-р-Раббика ли тунзира қавма-м ма атаҳум-м мин-н-назири-м мин қаблика лаъаллаҳум яҳтадун. 3. Аллоҳу-л-лази халақа-с-самавати ва-л-арза ва ма байнаҳума фи ситтати аййамин суммастава ъала-л-Ъарш. Ма лакум-м мин дуниҳи ми-в валиййи-в ва ла шафиъ. А-фа ла татазаккарун. 4. Юдаббиру-л амра мина-с-самаи ила-л-арзи сумма яъруҷу илайҳи фи явмин кана миқдаруҳу алфа санати-м мим ма таъуддун. 5. Залика Ъалиму-л-ғайби ва-ш-шаҳадати-л Ъазизу-р-Раҳим. 6. Ал-лази аҳсана кулла шай-ин халақаҳ. Ва бадаа халқа-л-инсани мин тин. 7. Сумма ҷаъала наслаҳу мин сулалати-м ми-м май-м маҳин. 8. Сумма савваҳу ва нафаха фиҳи ми-р-руҳиҳ. Ва ҷаъала лакуму-с-самъа ва-л-абсора ва-л-афъидаҳ. Қалила-м ма ташкурун. 9. Ва қолу а-иза залална фи-л-арзи айнна лафи халқин ҷадйд. Бал ҳум би лиқои Раббиҳим кафирун. 10. Қул ятаваффакум-м малаку-л-мавти-л лази вуккила бикум сумма ила Раббикум турҷаъун. 11.
Ва лав таро изи-л-муҷримуна накису руусиҳим ъинда Раббиҳим Раббана абсауна ва самиъна фарҷиъна наъмал солиҳан инна муқинун. 12. Ва лав шиъна ла атайна кулла нафсин ҳудаҳа ва лакин ҳаққа-л-қавлу минни ла амлаанна Ҷаҳаннама мина-л ҷиннати ва-н-наси аҷмаъин. 13. Фазуф би ма наситум лиқоа явмикум ҳаза инна насинакум. Ва зуф ъазаба-л-хулди би ма кунтум таъмалун. 14. Иннама юъмину би айатина-л-лазина иза зуккиру биҳа харру суҷҷада-в ва саббаҳу би ҳамди Раббиҳим ва ҳум ла ястакбирун. 15. Татаҷафа ҷунубуҳум ъани-л-маздҷиъи ядъуна Раббаҳум хавфа-в ва тамаъа-в ва мим ма разақнаҳум юнфиқун. 16. Фа ла таъламу нафсум ма ухфия лаҳум-м мин қуррати аъюнин ҷазаам би ма кану яъмалун. 17. А-фа ман кана муъминан ка ман кана фасиқо. Ла яставун. 18. Амма-л-лазина аману ва ъамилу-с-солиҳати фа лаҳум Ҷаннату-л-маъва нузулам би ма кану яъмалун. 19. Ва амма-л-лазина фасақу фа маъваҳуму-н-Нар. Куллама ароду ай яхруҷу минҳа уъиду фиҳа ва қила лаҳум зуф ъазаба-н нари-л-лази кунтум биҳи туказзибун. 20.
Ва ла нузиқаннаҳум-м мина-л-ъазаби-л-адна дуна-л ъазаби-л-акбари лаъаллаҳум ярҷиъун. 21. Ва ман азламу мимман зуккира би айати Раббиҳи сумма аъраза ъанҳа. Инна мина-л муҷримина мунтақимун. 22. Ва лақад атайна Муса-л-китаба фа ла такун фи миряти-м ми-л лиқоиҳ. Ва ҷаъалнаҳу ҳуда-л ли бани Исроил. 23. Ва ҷаъална минҳум айммата-й яҳдуна би амрина ламма сабару. Ва кану би айатина йуқинун. 24. Инна Раббака Ҳува яфсилу байнаҳум явма-л қийамати фи ма кану фиҳи яхталифун. 25. А-ва лам яҳди лаҳум кам аҳлакна мин қаблиҳим-м мина-л қуруни ямшуна фи масакиниҳим. Инна фи залика ла айат. А-фа ла ясмаъун. 26. А-ва лам ярав анна насуқу-л-маа ила-л-арзи-л-ҷурузи фанухриҷу биҳи заръан таъкулу минҳу анъамуҳум ва анфусуҳум. А-фа ла юбсирун. 27. Ва яқулуна мата ҳазал фатҳу ин кунтум содиқин. 28. Қул явма-л-фатҳи ла янфаъу-л лазина кафару имануҳум ва ла ҳум юнзарун. 29. Фа аъриз ъанҳум вантазир иннаҳум-м мунтазирун. 30.
Тарчумаи Сураи САҶДА бо забони тоҷики
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Алиф, Лом, Мим.
2.Нозил шудани ин китоб, ки дар он ҳеҷ шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.
3. Оё мегӯянд: «Дӯруғест, ки худ ба ҳам бофта?» На, суханест барҳақ аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштаанд, тарсонӣ. Шояд ба роҳи ҳидоят афтанд.
4. Худост, ки осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид ва он гоҳ бар Арш муставӣ шуд2. Шуморо ҷуз ӯ корсозу шафеъе нест. Оё панд намегиред?
5. Корро аз осмон то замин сомон медиҳад. Сипас дар рӯзе, ки миқдори он ҳазор сол аст, чунон ки мешуморед, ба сӯи ӯ боло меравад.
6. ӯст, ки донои ниҳону ошкор аст. Пирӯзманду меҳрубон аст.
7.Он кӣ ҳар чиро офарид ба некӯтарин ваҷҳ офарид ва хилқати инсонро аз гил оғоз кард.
8. Сипас насли ӯро аз усораи (шираи) обе беқадр (нутфа) падид овард.
9. Он гоҳ аъзои ӯ рост кард ва аз рӯҳи худ дар он бидамид. Ва бароятон гӯшу чашмҳо ва дилҳо офарид. Чӣ андак шукр мегӯед!
10. Ва гуфтанд: «Оё вақте ки дар замин нопадид шавем, офариниши тозае хоҳем ёфт?» Оре, онҳо ба дидор бо Парвардигорашон имон надоранд!
11. Бигӯ: «Фариштаи марг, ки муваккал (гумошта) бар шумост, шуморо мемиронад. Сипас ба сӯи Парвардигоратон бозгардонида мешавед».
12. Ва туро аҷаб аст, он гоҳ ки гунаҳкоронро дар назди Парвардигорашон сарафканда бинӣ, ки (гӯянд): «Эй Парвардигори мо, дидем ва шунидем. Акнун моро бозгардон, то коре шоиста кунем, ки инак, ба яқин расидаем».
13. Агар мехостем, ҳидояти ҳар касро, албатта ба ӯ арзонӣ медоштем, вале ваъдаи Ман, ки ҳаройна, ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинниёну одамиён пур мекунам, ҳақ аст.
14. Ба ҷазои он, ки дидори чунин рӯзеро фаромӯш карда будед, акнун (азобро) бичашед. ҳаройна, Мо низ шуморо аз ёд бурдаем. Ба сазои корҳое, ки мекардед, азоби ҷовидро бичашед!
15. Танҳо касоне ба оёти Мо имон овардаанд, ки чун оёти Моро бишнаванд, ба саҷда бияфтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ биситоянд ва онҳо такаббур намекунанд.
16.Аз бистари хоб паҳлҳояшон дур мемонад3, Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, садақа мекунанд.
17. Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хушиву хурсандӣ хабар надорад, ки ба подоши корҳое, ки мекарда, барояш пинҳон карда шудааст!
18. Оё он кас, ки имон оварда, монанди касест, ки фисқ меварзад? Баробар нестанд!
19. Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба ҷазои неки аъмоле, ки мекарданд, барояшон манзилгоҳе дар боғҳои биҳишт мебошад.
20. Ва аммо фосиқон, манзилгоҳашон оташ аст. Ҳар гоҳ ки бихоҳанд аз он берун оянд, бори дигар онҳоро ба даруни оташ бозгардонанд ва бигӯяндашон: «Бичашед азоби оташеро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»
3. Мурод бархостан аз хоби хуш ва тарк кардани бистари гарму нарм аст.
21. Ва албатта, бичашонем онҳоро аз азоби наздик (яъне, дар дунё)4, пеш аз азоби бузург (яъне, дар охират), шояд онҳо бармегарданд!
22. Кист ситамкортар аз он касе, ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд диҳанд, вале рӯй гардонад? Мо, ҳаройна, аз гунаҳкорон интиқом мегирем!
23. Ҳақиқатан ба Мӯсо китоб додем. Аз дидори ӯ дар шубҳа мабош. Ва онро роҳнамои бани Исроил қарор додем.
24. Аз миёни он қавм пешвоёне падид овардем, ки чун сабр пеша карданд ва ба оёти Мо, яқин доштанд, бо фармони Мо ба ҳидояти мардум пардохтанд.
25. Албатта, Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф мекарданд, миёнашон доварӣ хоҳад кард.
26. Оё он ҳама мардумеро, ки пеш аз онҳо ҳалок кардем ва акнун инҳо дар хонаҳояшон роҳ мераванд, сабаби ҳидояташон нашуд? Албатта, дар ин (дидани диёри хеш аз истиқоматгоҳи ҷабборони гузашта), ҳаройна, ибратҳост, чаро намешунаванд?
27. Оё намебинанд, ҳаройна, Мо обро ба замини хушку бегиёҳ равона месозем, то киштзорҳо бирӯёнем ва чорпоён ва худашон аз он бихӯранд? Чаро намебинанд?
28. Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пирӯзӣ чӣ вақт хоҳад буд?»
29. Бигӯ: «Дар рӯзи пирӯзӣ имон овардани кофирон судашон надиҳад ва мӯҳлаташон надиҳанд».
30. Пас, аз онҳо рӯй гардон ва мунтазир бош, ки онҳо низ дар интизоранд.
4. Ба сабаби мусибатҳо ва нокомиҳову бемориҳо, ки бандагон бо инҳо озмуда мешаванд, то ки тавба кунанд.
Сураи САҶДА бо хати арабӣ
32|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ الم
32|2|تَنزيلُ الكِتٰبِ لا رَيبَ فيهِ مِن رَبِّ العٰلَمينَ
32|3|أَم يَقولونَ افتَرىٰهُ بَل هُوَ الحَقُّ مِن رَبِّكَ لِتُنذِرَ قَومًا ما أَتىٰهُم مِن نَذيرٍ مِن قَبلِكَ لَعَلَّهُم يَهتَدونَ
32|4|اللَّهُ الَّذى خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ وَما بَينَهُما فى سِتَّةِ أَيّامٍ ثُمَّ استَوىٰ عَلَى العَرشِ ما لَكُم مِن دونِهِ مِن وَلِىٍّ وَلا شَفيعٍ أَفَلا تَتَذَكَّرونَ
32|5|يُدَبِّرُ الأَمرَ مِنَ السَّماءِ إِلَى الأَرضِ ثُمَّ يَعرُجُ إِلَيهِ فى يَومٍ كانَ مِقدارُهُ أَلفَ سَنَةٍ مِمّا تَعُدّونَ
32|6|ذٰلِكَ عٰلِمُ الغَيبِ وَالشَّهٰدَةِ العَزيزُ الرَّحيمُ
32|7|الَّذى أَحسَنَ كُلَّ شَيءٍ خَلَقَهُ وَبَدَأَ خَلقَ الإِنسٰنِ مِن طينٍ
32|8|ثُمَّ جَعَلَ نَسلَهُ مِن سُلٰلَةٍ مِن ماءٍ مَهينٍ
32|9|ثُمَّ سَوّىٰهُ وَنَفَخَ فيهِ مِن روحِهِ وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمعَ وَالأَبصٰرَ وَالأَفـِٔدَةَ قَليلًا ما تَشكُرونَ
32|10|وَقالوا أَءِذا ضَلَلنا فِى الأَرضِ أَءِنّا لَفى خَلقٍ جَديدٍ بَل هُم بِلِقاءِ رَبِّهِم كٰفِرونَ
32|11|قُل يَتَوَفّىٰكُم مَلَكُ المَوتِ الَّذى وُكِّلَ بِكُم ثُمَّ إِلىٰ رَبِّكُم تُرجَعونَ
32|12|وَلَو تَرىٰ إِذِ المُجرِمونَ ناكِسوا رُءوسِهِم عِندَ رَبِّهِم رَبَّنا أَبصَرنا وَسَمِعنا فَارجِعنا نَعمَل صٰلِحًا إِنّا موقِنونَ
32|13|وَلَو شِئنا لَءاتَينا كُلَّ نَفسٍ هُدىٰها وَلٰكِن حَقَّ القَولُ مِنّى لَأَملَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ الجِنَّةِ وَالنّاسِ أَجمَعينَ
32|14|فَذوقوا بِما نَسيتُم لِقاءَ يَومِكُم هٰذا إِنّا نَسينٰكُم وَذوقوا عَذابَ الخُلدِ بِما كُنتُم تَعمَلونَ
32|15|إِنَّما يُؤمِنُ بِـٔايٰتِنَا الَّذينَ إِذا ذُكِّروا بِها خَرّوا سُجَّدًا وَسَبَّحوا بِحَمدِ رَبِّهِم وَهُم لا يَستَكبِرونَ
32|16|تَتَجافىٰ جُنوبُهُم عَنِ المَضاجِعِ يَدعونَ رَبَّهُم خَوفًا وَطَمَعًا وَمِمّا رَزَقنٰهُم يُنفِقونَ
32|17|فَلا تَعلَمُ نَفسٌ ما أُخفِىَ لَهُم مِن قُرَّةِ أَعيُنٍ جَزاءً بِما كانوا يَعمَلونَ
32|18|أَفَمَن كانَ مُؤمِنًا كَمَن كانَ فاسِقًا لا يَستَوۥنَ
32|19|أَمَّا الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ فَلَهُم جَنّٰتُ المَأوىٰ نُزُلًا بِما كانوا يَعمَلونَ
32|20|وَأَمَّا الَّذينَ فَسَقوا فَمَأوىٰهُمُ النّارُ كُلَّما أَرادوا أَن يَخرُجوا مِنها أُعيدوا فيها وَقيلَ لَهُم ذوقوا عَذابَ النّارِ الَّذى كُنتُم بِهِ تُكَذِّبونَ
32|21|وَلَنُذيقَنَّهُم مِنَ العَذابِ الأَدنىٰ دونَ العَذابِ الأَكبَرِ لَعَلَّهُم يَرجِعونَ
32|22|وَمَن أَظلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـٔايٰتِ رَبِّهِ ثُمَّ أَعرَضَ عَنها إِنّا مِنَ المُجرِمينَ مُنتَقِمونَ
32|23|وَلَقَد ءاتَينا موسَى الكِتٰبَ فَلا تَكُن فى مِريَةٍ مِن لِقائِهِ وَجَعَلنٰهُ هُدًى لِبَنى إِسرٰءيلَ
32|24|وَجَعَلنا مِنهُم أَئِمَّةً يَهدونَ بِأَمرِنا لَمّا صَبَروا وَكانوا بِـٔايٰتِنا يوقِنونَ
32|25|إِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَفصِلُ بَينَهُم يَومَ القِيٰمَةِ فيما كانوا فيهِ يَختَلِفونَ
32|26|أَوَلَم يَهدِ لَهُم كَم أَهلَكنا مِن قَبلِهِم مِنَ القُرونِ يَمشونَ فى مَسٰكِنِهِم إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ أَفَلا يَسمَعونَ
32|27|أَوَلَم يَرَوا أَنّا نَسوقُ الماءَ إِلَى الأَرضِ الجُرُزِ فَنُخرِجُ بِهِ زَرعًا تَأكُلُ مِنهُ أَنعٰمُهُم وَأَنفُسُهُم أَفَلا يُبصِرونَ
32|28|وَيَقولونَ مَتىٰ هٰذَا الفَتحُ إِن كُنتُم صٰدِقينَ
32|29|قُل يَومَ الفَتحِ لا يَنفَعُ الَّذينَ كَفَروا إيمٰنُهُم وَلا هُم يُنظَرونَ
32|30|فَأَعرِض عَنهُم وَانتَظِر إِنَّهُم مُنتَظِرونَ