Сураи Фуссилат

41|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ حم

41|2|تَنزيلٌ مِنَ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ

41|3|كِتٰبٌ فُصِّلَت ءايٰتُهُ قُرءانًا عَرَبِيًّا لِقَومٍ يَعلَمونَ

41|4|بَشيرًا وَنَذيرًا فَأَعرَضَ أَكثَرُهُم فَهُم لا يَسمَعونَ

41|5|وَقالوا قُلوبُنا فى أَكِنَّةٍ مِمّا تَدعونا إِلَيهِ وَفى ءاذانِنا وَقرٌ وَمِن بَينِنا وَبَينِكَ حِجابٌ فَاعمَل إِنَّنا عٰمِلونَ

41|6|قُل إِنَّما أَنا۠ بَشَرٌ مِثلُكُم يوحىٰ إِلَىَّ أَنَّما إِلٰهُكُم إِلٰهٌ وٰحِدٌ فَاستَقيموا إِلَيهِ وَاستَغفِروهُ وَوَيلٌ لِلمُشرِكينَ

41|7|الَّذينَ لا يُؤتونَ الزَّكوٰةَ وَهُم بِالءاخِرَةِ هُم كٰفِرونَ

41|8|إِنَّ الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ لَهُم أَجرٌ غَيرُ مَمنونٍ

41|9|قُل أَئِنَّكُم لَتَكفُرونَ بِالَّذى خَلَقَ الأَرضَ فى يَومَينِ وَتَجعَلونَ لَهُ أَندادًا ذٰلِكَ رَبُّ العٰلَمينَ

41|10|وَجَعَلَ فيها رَوٰسِىَ مِن فَوقِها وَبٰرَكَ فيها وَقَدَّرَ فيها أَقوٰتَها فى أَربَعَةِ أَيّامٍ سَواءً لِلسّائِلينَ

41|11|ثُمَّ استَوىٰ إِلَى السَّماءِ وَهِىَ دُخانٌ فَقالَ لَها وَلِلأَرضِ ائتِيا طَوعًا أَو كَرهًا قالَتا أَتَينا طائِعينَ

41|12|فَقَضىٰهُنَّ سَبعَ سَمٰواتٍ فى يَومَينِ وَأَوحىٰ فى كُلِّ سَماءٍ أَمرَها وَزَيَّنَّا السَّماءَ الدُّنيا بِمَصٰبيحَ وَحِفظًا ذٰلِكَ تَقديرُ العَزيزِ العَليمِ

41|13|فَإِن أَعرَضوا فَقُل أَنذَرتُكُم صٰعِقَةً مِثلَ صٰعِقَةِ عادٍ وَثَمودَ

41|14|إِذ جاءَتهُمُ الرُّسُلُ مِن بَينِ أَيديهِم وَمِن خَلفِهِم أَلّا تَعبُدوا إِلَّا اللَّهَ قالوا لَو شاءَ رَبُّنا لَأَنزَلَ مَلٰئِكَةً فَإِنّا بِما أُرسِلتُم بِهِ كٰفِرونَ

41|15|فَأَمّا عادٌ فَاستَكبَروا فِى الأَرضِ بِغَيرِ الحَقِّ وَقالوا مَن أَشَدُّ مِنّا قُوَّةً أَوَلَم يَرَوا أَنَّ اللَّهَ الَّذى خَلَقَهُم هُوَ أَشَدُّ مِنهُم قُوَّةً وَكانوا بِـٔايٰتِنا يَجحَدونَ

41|16|فَأَرسَلنا عَلَيهِم ريحًا صَرصَرًا فى أَيّامٍ نَحِساتٍ لِنُذيقَهُم عَذابَ الخِزىِ فِى الحَيوٰةِ الدُّنيا وَلَعَذابُ الءاخِرَةِ أَخزىٰ وَهُم لا يُنصَرونَ

41|17|وَأَمّا ثَمودُ فَهَدَينٰهُم فَاستَحَبُّوا العَمىٰ عَلَى الهُدىٰ فَأَخَذَتهُم صٰعِقَةُ العَذابِ الهونِ بِما كانوا يَكسِبونَ

41|18|وَنَجَّينَا الَّذينَ ءامَنوا وَكانوا يَتَّقونَ

41|19|وَيَومَ يُحشَرُ أَعداءُ اللَّهِ إِلَى النّارِ فَهُم يوزَعونَ

41|20|حَتّىٰ إِذا ما جاءوها شَهِدَ عَلَيهِم سَمعُهُم وَأَبصٰرُهُم وَجُلودُهُم بِما كانوا يَعمَلونَ

41|21|وَقالوا لِجُلودِهِم لِمَ شَهِدتُم عَلَينا قالوا أَنطَقَنَا اللَّهُ الَّذى أَنطَقَ كُلَّ شَيءٍ وَهُوَ خَلَقَكُم أَوَّلَ مَرَّةٍ وَإِلَيهِ تُرجَعونَ

41|22|وَما كُنتُم تَستَتِرونَ أَن يَشهَدَ عَلَيكُم سَمعُكُم وَلا أَبصٰرُكُم وَلا جُلودُكُم وَلٰكِن ظَنَنتُم أَنَّ اللَّهَ لا يَعلَمُ كَثيرًا مِمّا تَعمَلونَ

41|23|وَذٰلِكُم ظَنُّكُمُ الَّذى ظَنَنتُم بِرَبِّكُم أَردىٰكُم فَأَصبَحتُم مِنَ الخٰسِرينَ

41|24|فَإِن يَصبِروا فَالنّارُ مَثوًى لَهُم وَإِن يَستَعتِبوا فَما هُم مِنَ المُعتَبينَ

41|25|وَقَيَّضنا لَهُم قُرَناءَ فَزَيَّنوا لَهُم ما بَينَ أَيديهِم وَما خَلفَهُم وَحَقَّ عَلَيهِمُ القَولُ فى أُمَمٍ قَد خَلَت مِن قَبلِهِم مِنَ الجِنِّ وَالإِنسِ إِنَّهُم كانوا خٰسِرينَ

41|26|وَقالَ الَّذينَ كَفَروا لا تَسمَعوا لِهٰذَا القُرءانِ وَالغَوا فيهِ لَعَلَّكُم تَغلِبونَ

41|27|فَلَنُذيقَنَّ الَّذينَ كَفَروا عَذابًا شَديدًا وَلَنَجزِيَنَّهُم أَسوَأَ الَّذى كانوا يَعمَلونَ

41|28|ذٰلِكَ جَزاءُ أَعداءِ اللَّهِ النّارُ لَهُم فيها دارُ الخُلدِ جَزاءً بِما كانوا بِـٔايٰتِنا يَجحَدونَ

41|29|وَقالَ الَّذينَ كَفَروا رَبَّنا أَرِنَا الَّذَينِ أَضَلّانا مِنَ الجِنِّ وَالإِنسِ نَجعَلهُما تَحتَ أَقدامِنا لِيَكونا مِنَ الأَسفَلينَ

41|30|إِنَّ الَّذينَ قالوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ استَقٰموا تَتَنَزَّلُ عَلَيهِمُ المَلٰئِكَةُ أَلّا تَخافوا وَلا تَحزَنوا وَأَبشِروا بِالجَنَّةِ الَّتى كُنتُم توعَدونَ

41|31|نَحنُ أَولِياؤُكُم فِى الحَيوٰةِ الدُّنيا وَفِى الءاخِرَةِ وَلَكُم فيها ما تَشتَهى أَنفُسُكُم وَلَكُم فيها ما تَدَّعونَ

41|32|نُزُلًا مِن غَفورٍ رَحيمٍ

41|33|وَمَن أَحسَنُ قَولًا مِمَّن دَعا إِلَى اللَّهِ وَعَمِلَ صٰلِحًا وَقالَ إِنَّنى مِنَ المُسلِمينَ

41|34|وَلا تَستَوِى الحَسَنَةُ وَلَا السَّيِّئَةُ ادفَع بِالَّتى هِىَ أَحسَنُ فَإِذَا الَّذى بَينَكَ وَبَينَهُ عَدٰوَةٌ كَأَنَّهُ وَلِىٌّ حَميمٌ

41|35|وَما يُلَقّىٰها إِلَّا الَّذينَ صَبَروا وَما يُلَقّىٰها إِلّا ذو حَظٍّ عَظيمٍ

41|36|وَإِمّا يَنزَغَنَّكَ مِنَ الشَّيطٰنِ نَزغٌ فَاستَعِذ بِاللَّهِ إِنَّهُ هُوَ السَّميعُ العَليمُ

41|37|وَمِن ءايٰتِهِ الَّيلُ وَالنَّهارُ وَالشَّمسُ وَالقَمَرُ لا تَسجُدوا لِلشَّمسِ وَلا لِلقَمَرِ وَاسجُدوا لِلَّهِ الَّذى خَلَقَهُنَّ إِن كُنتُم إِيّاهُ تَعبُدونَ

41|38|فَإِنِ استَكبَروا فَالَّذينَ عِندَ رَبِّكَ يُسَبِّحونَ لَهُ بِالَّيلِ وَالنَّهارِ وَهُم لا يَسـَٔمونَ

41|39|وَمِن ءايٰتِهِ أَنَّكَ تَرَى الأَرضَ خٰشِعَةً فَإِذا أَنزَلنا عَلَيهَا الماءَ اهتَزَّت وَرَبَت إِنَّ الَّذى أَحياها لَمُحىِ المَوتىٰ إِنَّهُ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ قَديرٌ

41|40|إِنَّ الَّذينَ يُلحِدونَ فى ءايٰتِنا لا يَخفَونَ عَلَينا أَفَمَن يُلقىٰ فِى النّارِ خَيرٌ أَم مَن يَأتى ءامِنًا يَومَ القِيٰمَةِ اعمَلوا ما شِئتُم إِنَّهُ بِما تَعمَلونَ بَصيرٌ

41|41|إِنَّ الَّذينَ كَفَروا بِالذِّكرِ لَمّا جاءَهُم وَإِنَّهُ لَكِتٰبٌ عَزيزٌ

41|42|لا يَأتيهِ البٰطِلُ مِن بَينِ يَدَيهِ وَلا مِن خَلفِهِ تَنزيلٌ مِن حَكيمٍ حَميدٍ

41|43|ما يُقالُ لَكَ إِلّا ما قَد قيلَ لِلرُّسُلِ مِن قَبلِكَ إِنَّ رَبَّكَ لَذو مَغفِرَةٍ وَذو عِقابٍ أَليمٍ

41|44|وَلَو جَعَلنٰهُ قُرءانًا أَعجَمِيًّا لَقالوا لَولا فُصِّلَت ءايٰتُهُ ءَأَعجَمِىٌّ وَعَرَبِىٌّ قُل هُوَ لِلَّذينَ ءامَنوا هُدًى وَشِفاءٌ وَالَّذينَ لا يُؤمِنونَ فى ءاذانِهِم وَقرٌ وَهُوَ عَلَيهِم عَمًى أُولٰئِكَ يُنادَونَ مِن مَكانٍ بَعيدٍ

41|45|وَلَقَد ءاتَينا موسَى الكِتٰبَ فَاختُلِفَ فيهِ وَلَولا كَلِمَةٌ سَبَقَت مِن رَبِّكَ لَقُضِىَ بَينَهُم وَإِنَّهُم لَفى شَكٍّ مِنهُ مُريبٍ

41|46|مَن عَمِلَ صٰلِحًا فَلِنَفسِهِ وَمَن أَساءَ فَعَلَيها وَما رَبُّكَ بِظَلّٰمٍ لِلعَبيدِ

41|47|إِلَيهِ يُرَدُّ عِلمُ السّاعَةِ وَما تَخرُجُ مِن ثَمَرٰتٍ مِن أَكمامِها وَما تَحمِلُ مِن أُنثىٰ وَلا تَضَعُ إِلّا بِعِلمِهِ وَيَومَ يُناديهِم أَينَ شُرَكاءى قالوا ءاذَنّٰكَ ما مِنّا مِن شَهيدٍ

41|48|وَضَلَّ عَنهُم ما كانوا يَدعونَ مِن قَبلُ وَظَنّوا ما لَهُم مِن مَحيصٍ

41|49|لا يَسـَٔمُ الإِنسٰنُ مِن دُعاءِ الخَيرِ وَإِن مَسَّهُ الشَّرُّ فَيَـٔوسٌ قَنوطٌ

41|50|وَلَئِن أَذَقنٰهُ رَحمَةً مِنّا مِن بَعدِ ضَرّاءَ مَسَّتهُ لَيَقولَنَّ هٰذا لى وَما أَظُنُّ السّاعَةَ قائِمَةً وَلَئِن رُجِعتُ إِلىٰ رَبّى إِنَّ لى عِندَهُ لَلحُسنىٰ فَلَنُنَبِّئَنَّ الَّذينَ كَفَروا بِما عَمِلوا وَلَنُذيقَنَّهُم مِن عَذابٍ غَليظٍ

41|51|وَإِذا أَنعَمنا عَلَى الإِنسٰنِ أَعرَضَ وَنَـٔا بِجانِبِهِ وَإِذا مَسَّهُ الشَّرُّ فَذو دُعاءٍ عَريضٍ

41|52|قُل أَرَءَيتُم إِن كانَ مِن عِندِ اللَّهِ ثُمَّ كَفَرتُم بِهِ مَن أَضَلُّ مِمَّن هُوَ فى شِقاقٍ بَعيدٍ

41|53|سَنُريهِم ءايٰتِنا فِى الءافاقِ وَفى أَنفُسِهِم حَتّىٰ يَتَبَيَّنَ لَهُم أَنَّهُ الحَقُّ أَوَلَم يَكفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ شَهيدٌ

41|54|أَلا إِنَّهُم فى مِريَةٍ مِن لِقاءِ رَبِّهِم أَلا إِنَّهُ بِكُلِّ شَيءٍ مُحيطٌ

Тарчумаи Сураи Фуссилат

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Ҳо, мим.

2.Китобест,  ки аз ҷониби он бахшояндаи меҳрубон нозил шудааст.

3.Китобест, ки оятҳояш ба тафсилу фаҳмо баён шуда, Қуръонест ба забони арабӣ барои мардуме, ки медонанд.

4.Ҳам муждадиҳанда аст ва ҳам бимдиҳанда. Бештарашон аз он эъроз кардаанд (рӯй гардонидаанд) ва онҳо намешунаванд.

5.Гуфтаанд: «Дилҳои мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар парда аст ва гӯшҳоямон вазнин аст ва миёни мову ту ҳиҷобест. Ту ба кори худ пардоз ва мо низ ба кори худ мепардозем».

6.Бигӯ: «Ман инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй шуда, ки худоятон, Худоест якто. Пас, ба  ӯ рӯй оваред ва аз ӯ омурзиш бихоҳед. Ва вой, бар ҳоли  мушрикон:

7.онҳое, ки закот намедиҳанд ва ба охират имон надоранд.

8.Ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, барояшон подошест (мукофотест) тамомношуданӣ».

9.Бигӯ: «Оё ба зоте, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, кофир мешавед ва барои ӯ шарикҳо қарор медиҳед? ӯст Парвардигори ҷаҳониён!

10.Бар болои замин кӯҳҳо падид овард ва ононро пурбаракат сохт ва ризқи ҳамаро дар чаҳор рӯз, яксон барои ҳамаи пурсандагон (ризқталабон) муъайян кард.

11.Сипас ба осмон пардохт2 ва он дудмонанд  буд. Пас,  ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем».

12.Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рӯз офарид. Ва ба ҳар осмоне фармони лозимаашро ваҳй кард. ва осмони дунёро ба чароғҳое биёростем ва ҳифзаш кардем. Ин аст тадбири  (Худои) ғолибу доно».

13.Пас, агар рӯй гардонанд, бигӯ: «Шуморо аз раъду барқе монанди раъду барқе, ки бар Оду Самуд фурӯд омад, метарсонам.

14.Он гоҳ ки расулони пеш ва баъди онҳо наздашон омаданд ва гуфтанд, ки ҷуз Худои барҳақро мапарастед, гуфтанд: «Агар Парвардигори мо мехост,  ҳаройна,  фариштагонеро  аз осмон нозил мекард. Мо ба он чӣ шумо ба он фиристода шудаед, имон намеёварем».

15.Аммо қавми Од ба ноҳақ дар рӯи замин гарданкашӣ карданд ва гуфтанд: «Чӣ касе аз мо нерӯмандтар аст?» Оё намедиданд, ки албатта, Худое, ки онҳоро офаридааст, аз онҳо нерӯмандтар аст ва оёти Моро инкор мекарданд?

16.Мо низ боде сахту ғуррон дар рӯзҳое шум бар сарашон фиристодем, то дар дунё азоби хориро ба онҳо бичашонем. Ва албатта,  азоби охират хоркунандатар аст ва касе ба ёриашон барнахезад!

17.Аммо қавми Самудро ҳидояташон кардем. Ва онҳо кӯриро аз ҳидоят бештар дӯст медоштанд, то он ки ба хотири аъмоле, ки мекарданд, оташаки азоби хоркунанда онҳоро фурӯ гирифт.

18.Ва Мо касонеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем.

19.Ва рӯзе, ки душманони Худоро гирд оваранд ва ба саф биронандашон,

20.чун ба канори оташ оянд, гӯшу чашмҳо ва пӯстҳояшон ба аъмоле, ки кардаанд, бар зиддашон шаҳодат диҳанд.

21.Ба пӯстҳои худ гӯянд: «Чаро бар зидди мо шаҳодат додед?». гӯянд: «Он Худое, ки ҳар чизеро ба сухан меоварад ва шуморо нахустин бор биёфарид ва ба ӯ бозгашт мекунед, моро ба сухан овардааст».

22.Аз ин ки гӯшу чашмҳо ва пӯстҳоятон ба зиёни шумо шаҳодат медиҳанд, чизе ниҳон намедоштед (зеро ба қиёмат бовар надоштед), балки мепиндоштед, ки Худо бар бисёре аз корҳое, ки мекунед, огоҳ нест.

23.Ва ин буд гумоне, ки ба Парвардигоратон доштед (гумони ботил).  Ҳалокатон  кард ва дар шумори зиёнкардагон даромадед.

24.Пас,  агар сабр варзанд, ҷойгоҳашон  дар оташ аст ва агар ҳам толиби афв шаванд, касе онҳоро афв накунад.

25.Ва барояшон (мушрикон) ҳамдамоне муқаррар кардем (аз шаётин) ва онон (аъмоли зишти) ҳолу ояндаро дар назарашон биёростанд. Ва бар онҳо низ ҳамонанди пешиниёнашон аз ҷинну инс, азоб муқаррар шуд. Зеро зиёнкор буданд (дар дунё).

26.Кофирон гуфтанд: «Ба ин  Қуръон гӯш мадиҳед ва сухани беҳуда ба он биёмезед, шояд пирӯз гардед!»

27.ҳаройна, кофиронро азобе сахт мечашонем ва бадтар аз он чӣ мекардаанд, ҳатман, подош медиҳем.

28.Ин аст кайфари (ҷазои) душманони Худо: оташ. Дар даруни он хонае ҳамешагӣ доранд. Ин ҷазои онҳост, зеро оёти Моро инкор мекарданд.

29.Кофирон гӯянд: «Эй Парвардигори мо, он ду танро аз ҷину инс, ки моро гумроҳ карданд, ба мо бинамоён, то пой бар сари онҳо ниҳем, то аз мо фурӯтар раванд!»

30.Бар онон, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ аст» ва пойдорӣ варзиданд, фариштагон фуруд меоянд, ки матарсед ва ғамгин мабошед, шуморо ба биҳиште, ки ба шумо ваъда додамешуд, (тавассути паёмбарон), хушхабар аст.

31.(Фариштагон мегӯянд) мо дар дунё дӯстони шумо будем ва низ дар охират дӯстони шумоем. Дар биҳишт ҳар чӣ дилатон бихоҳад ва ҳар чӣ талаб кунед, бароятон фароҳам аст.

32.Меҳмоннавозист аз ҷониби Худои омурзандаи меҳрубон.

33.Чӣ касеро сухан некӯтар аз сухани он, ки ба сӯи Худо даъват мекунад ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам?

34.Хубиву бадӣ баробар нестанд. Ҳамеша ба некӯтарин тарзе посух деҳ, то касе, ки миёни туву ӯ душманӣ аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад.

35.Бархурдор нашаванд аз ин магар касоне, ки босабр бошанд ва касоне, ки соҳиби насиби бузурганд (имон ва парҳезгорӣ).

36.Ва агар аз ҷониби шайтон гирифтори васвасае гардӣ, ба Худо паноҳ бибар, ки албатта, ӯ шунавову доност!

37.Ва аз нишонаҳои қудрати ӯ шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед. Ба Худои барҳақ, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар хос ӯро мепарастед!

38.Агар онон такаббур меварзанд (мушрикон), онҳо, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд (фариштагони муқарраб), бе он ки малул шаванд, шабу рӯз тасбеҳи ӯ мегӯянд.

39.Ва аз оёти қудрати ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ.Чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад. Он зоте, ки онро зинда  мекунад, албатта,  зиндакунандаи мурдагон аст ва ҳаройна,  ӯ бар ҳар чизе тавоност!

40.Касоне, ки дар оёти Мо роҳи ботил пеш мегирад, бар Мо пӯшида нестанд. Оё он ки ба оташ афканда мешавад, беҳтар аст ё он ки рӯзи қиёмат бе ҳеҷ ваҳшате меояд?  Ҳар чӣ мехоҳед бикунед, ҳаройна,  ӯ ба корҳоятон биност!

41. онон, ки ба Қуръон, ки барои ҳидояташон омадааст, имон намеоваранд (бар мо пӯшида намемонанд ва ба сазои хеш расанд), ҳол он ки китобе арҷманд аст.

42.На аз пеши рӯй ботил ба ӯ роҳ ёбад ва на аз пас. Нозилшуда аз ҷониби Худованде ҳакиму сутуданист.

43.Ҳар чӣ дар бораи ту мегӯянд, дар бораи паёмбарони пеш аз ту низ гуфтаанд. Албатта, Парвардигори  ту ҳам омурзанда аст ва ҳам соҳиби уқубатест дардовар!

44.агар Қуръонро ба забони Аҷам мефиристодем, ҳаройна,  мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе бо забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ: « Ин китоб барои онҳое, ки имон оварданд ҳидоят ва шифо аст. Ва касоне, ки имон намеоранд (ин қуръон) вазнинии гӯшҳояшон ва кӯрии чашмонашон аст (яъне, мояи шақоват ва бадбахтии онҳост), чунонанд, ки гӯӣ онҳоро аз ҷое дур нидо медиҳанд.

45.ҳаройна, Мӯсоро китоб додем, аммо дар он ихтилоф карда шуд. Ва агар набуд он сухане, ки Парвардигорат аз пеш гуфта буд, ҳаройна,  миёнашон кор ба поён меомад. Ва, албатта, ҳанӯз ба сахтӣ дар шубҳаанд.

46.Ҳар кас, ки коре шоиста кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад, ба зиёни ӯст. Ва  Парвардигори ту ба бандагон ситам раво намедорад.

47.Илми (вуқӯъи)  қиёмат назди Худо аст (яъне, соати барпошавии қиёматро танҳо Худо медонад). Ва ҳеҷ мевае аз ғилофи хеш берун намеояд ва ҳеҷ модае ҳомила намешаваду  намезояд, магар он ки ӯ ба он огоҳ аст. Ва он рӯз, ки онҳоро (мушриконро) нидо диҳад, ки шарикони Ман куҷоянд? Гӯянд: «Огоҳат кардем, ки касе аз мо ба ширк гувоҳӣ намедиҳад!

48.Ва он чиро пеш аз ин ба худоӣ мехонданд, аз даст доданд ва донистанд, ки роҳи гурузе надоранд.

49.Одамӣ ҳар чӣ талаби хайр кунад, хаста намешавад, аммо чун бадӣ ба ӯ бирасад, бадандешу навмед мегардад.

50.Агар пас аз ранҷе, ки ба ӯ расида, раҳмате ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва напиндорам, ки қиёмате барпо шавад. Ва агар ҳам маро назди Парвардигорам баргардонанд, албатта, ки назди ӯ ҳолате хуштар бошад». Пас, ҳатман,  кофиронро ба аъмоле, ки кардаанд, огоҳ мекунем ва ба онҳо азобе сахт мечашонем.

51.Чун ба одамӣ неъмате арзонӣ дорем, рӯйгардон мешавад ва ба такаббур гардан боло мекунад. Ва агар ба ӯ шарре бирасад, бисёр фарёду фиғон мекунад.

52.Бигӯ: «Чӣ мепиндоред?» Агар ин китоб аз ҷониби Худост ва шумо ба он имон намеоваред, гумроҳтар аз касе, ки ҳамчунон роҳи мухолифат дар пеш гирифтааст, кист?

53.Ба зудӣ, оёти қудрати Худро дар атрофи олам ва дар вуҷуди худашон ба онҳо нишон хоҳем дод, то барояшон ошкор шавад, ки ҳаройна, ӯ ҳақ аст. Оё ин ки Парвардигори ту ҳаройна, дар ҳама ҷо ҳозир аст, кофӣ нест?

54.Баҳуш (огоҳ) бош, ки ҳаройна, онҳо аз дидори Парвардигорашон дар шубҳаанд. Баҳуш бош, ки ӯ ҳаройна, бар ҳар чизе иҳота дорад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.