Сураи ДУХОН
СУРАТУ-Д-ДУХОН бо хати кирили
(59 ояҳ) (Сураи 44)
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
Ҳа.Мим. 1. Ва-л-китаби-л-мубин. 2. Инна анзалнаҳу фи лайлати-м-мубаракаҳ. Инна кунна мунзирин. 3. Фиҳа юфрақу куллу амрин Ҳаким. 4. Амра-м мин ъиндина. Инна кунна мурсилин. 5. Раҳмата-м ми-р-Раббик. Иннаҳу Ҳува-с-Самиъу-л Ъалим.6. Рабби-с-самавати ва-л-арзи ва ма байнаҳума. Ин кунтум-м муқинин. 7. Ла илаҳа илла Ҳува юҳйи ва юмит. Раббукум ва Раббу абайкуму-л аввалин. 8. Бал ҳум фи шакки-й ялъабун. 9. Фартақиб явма таъти-с-самау би духони-м мубин. 10. Яаша-н-нас. Ҳаза ъазабун алим. 11. Раббанакшиф ъанна-л-ъазаба инна муъмину. 12. Анна лаҳуму-з-зикро ва қад ҷааҳум расулу-м мубин. 13. Сумма таваллав ъанҳу ва қолу муъалламу-м маҷнун. 14. Инна кашифу-л-ъазаби қалила. Иннакум ъаидун. 15. Явма набтишу-л-батшата-л-кубро инна мунтақимун. 16.Ва лақад фатанна қаблаҳум қавма Фиръавна ва ҷааҳум расулун карим. 17. Ан адду илайя ъибадаллоҳ. Инни лакум расулун амин. 18.
Ва ал ла таълу ъалаллоҳ. Инни атикум би султони-м мубин. 19. Ва инни ъузту би Рабби ва Раббикум ан тарҷумун. 20. Ва ил лам туъмину ли фаътазилун. 21. Фа даъа Раббаҳу анна ҳаулаа қавму-м муҷримун. 22. Фа асри би ъибади лайлан иннакум-м муттабаъун. 23. Ватруки-л-баҳра раҳван иннаҳум ҷунду-м муврақун. 24. Кам тараку мин ҷаннати-в ва ъуйун. 25. Ва зуруъи-в ва мақомин карим. 26. Ва наъматин кану фиҳа факиҳин. 27. Казалик. Ва авраснаҳа қавман ахарин. 28. Фа ма бакат ъалайҳиму-с-самау ва-л-арзу ва ма кану мунзарин. 29. Ва лақад наҷҷайна бани Исроила мина-л-ъазаби-л муҳин. 30. Мин Фиръавн. Иннаҳу кана ъалия-м мина-л мусрифин. 31. Ва лақад-ихтаунаҳум ъала ъилмин ъала-л-ъаламин. 32. Ва атайнаҳум-м мина-л-айати ма фиҳи балау-м мубин. 33. Инна ҳаулаи ла яқулун. 34. Ин ҳия илла мавтатуна-л-ула ва ма наҳну би муншарин. 35. Фаъту би абаина ин кунтум содиқин. 36. А-ҳум хайрун ам қавму Туббаъи-в ва-л-лазина мин қаблиҳим. Аҳлакнаҳум. Иннаҳум кану муҷримин. 37. Ва ма халақна-с-самавати ва-л-арза ва ма байнаҳума лаъибин. 38. Ма халақнаҳума илла би-л-ҳаққи ва лакинна аксараҳум ла яъламун. 39.
Инна явма-л-фасли миқотуҳум аҷмаъин. 40. Явма ла юғни мавлан ъам мавлан шай-ав ва ла хум юнсарун. 41. Илла ма-р-раҳималлоҳ. Иннаҳу Ҳува-л Ъазизур-Раҳим. 42. Инна ша ҷарата-з-заққум. 43. Таъаму-л-асим. 44. Кал муҳли яғли фи-л-бутун. 45. Ка ғалий-л-ҳамим. 46. Хузуҳу фаътилуҳу ила савай-л-Ҷаҳим. 47. Суммасуббу фавқа раъсиҳи мин ъазаби-л-ҳамим. 48. Зуқ иннака анта-л Ъазизу-л-карим. 49. Инна ҳаза ма кунтум биҳи тамтарун. 50. Инна-л-муттақина фи мақомин амин. 51. Фи ҷаннати-в ва ъуйун. 52. Ялбасуна мин сундуси-в ва истабрақи-м мутақдбилин. 53. Казалика ва завваҷнаҳум би ҳурин ъин. 54. Ядъуна фиҳа би кулли факиҳатин аминин. 55. Ла язуқуна фиҳа-л-мавта илла-л-мавтата-л ула ва вақдҳум ъазаба-л- Ҷаҳим. 56. Фазла-м ми-р-Раббик. Залика ҳува-л фавзу-л-Ъазим. 57. Фа иннама яссаунаҳу би лисаника лаъаллаҳум ятазаккарун. 58. Фартақиб иннаҳум-м муртақибун. 59.
Сураи ДУХОН бо хати арабӣ
44|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ حم
44|2|وَالكِتٰبِ المُبينِ
44|3|إِنّا أَنزَلنٰهُ فى لَيلَةٍ مُبٰرَكَةٍ إِنّا كُنّا مُنذِرينَ
44|4|فيها يُفرَقُ كُلُّ أَمرٍ حَكيمٍ
44|5|أَمرًا مِن عِندِنا إِنّا كُنّا مُرسِلينَ
44|6|رَحمَةً مِن رَبِّكَ إِنَّهُ هُوَ السَّميعُ العَليمُ
44|7|رَبِّ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَما بَينَهُما إِن كُنتُم موقِنينَ
44|8|لا إِلٰهَ إِلّا هُوَ يُحيۦ وَيُميتُ رَبُّكُم وَرَبُّ ءابائِكُمُ الأَوَّلينَ
44|9|بَل هُم فى شَكٍّ يَلعَبونَ
44|10|فَارتَقِب يَومَ تَأتِى السَّماءُ بِدُخانٍ مُبينٍ
44|11|يَغشَى النّاسَ هٰذا عَذابٌ أَليمٌ
44|12|رَبَّنَا اكشِف عَنَّا العَذابَ إِنّا مُؤمِنونَ
44|13|أَنّىٰ لَهُمُ الذِّكرىٰ وَقَد جاءَهُم رَسولٌ مُبينٌ
44|14|ثُمَّ تَوَلَّوا عَنهُ وَقالوا مُعَلَّمٌ مَجنونٌ
44|15|إِنّا كاشِفُوا العَذابِ قَليلًا إِنَّكُم عائِدونَ
44|16|يَومَ نَبطِشُ البَطشَةَ الكُبرىٰ إِنّا مُنتَقِمونَ
44|17|وَلَقَد فَتَنّا قَبلَهُم قَومَ فِرعَونَ وَجاءَهُم رَسولٌ كَريمٌ
44|18|أَن أَدّوا إِلَىَّ عِبادَ اللَّهِ إِنّى لَكُم رَسولٌ أَمينٌ
44|19|وَأَن لا تَعلوا عَلَى اللَّهِ إِنّى ءاتيكُم بِسُلطٰنٍ مُبينٍ
44|20|وَإِنّى عُذتُ بِرَبّى وَرَبِّكُم أَن تَرجُمونِ
44|21|وَإِن لَم تُؤمِنوا لى فَاعتَزِلونِ
44|22|فَدَعا رَبَّهُ أَنَّ هٰؤُلاءِ قَومٌ مُجرِمونَ
44|23|فَأَسرِ بِعِبادى لَيلًا إِنَّكُم مُتَّبَعونَ
44|24|وَاترُكِ البَحرَ رَهوًا إِنَّهُم جُندٌ مُغرَقونَ
44|25|كَم تَرَكوا مِن جَنّٰتٍ وَعُيونٍ
44|26|وَزُروعٍ وَمَقامٍ كَريمٍ
44|27|وَنَعمَةٍ كانوا فيها فٰكِهينَ
44|28|كَذٰلِكَ وَأَورَثنٰها قَومًا ءاخَرينَ
44|29|فَما بَكَت عَلَيهِمُ السَّماءُ وَالأَرضُ وَما كانوا مُنظَرينَ
44|30|وَلَقَد نَجَّينا بَنى إِسرٰءيلَ مِنَ العَذابِ المُهينِ
44|31|مِن فِرعَونَ إِنَّهُ كانَ عالِيًا مِنَ المُسرِفينَ
44|32|وَلَقَدِ اختَرنٰهُم عَلىٰ عِلمٍ عَلَى العٰلَمينَ
44|33|وَءاتَينٰهُم مِنَ الءايٰتِ ما فيهِ بَلٰؤٌا۟ مُبينٌ
44|34|إِنَّ هٰؤُلاءِ لَيَقولونَ
44|35|إِن هِىَ إِلّا مَوتَتُنَا الأولىٰ وَما نَحنُ بِمُنشَرينَ
44|36|فَأتوا بِـٔابائِنا إِن كُنتُم صٰدِقينَ
44|37|أَهُم خَيرٌ أَم قَومُ تُبَّعٍ وَالَّذينَ مِن قَبلِهِم أَهلَكنٰهُم إِنَّهُم كانوا مُجرِمينَ
44|38|وَما خَلَقنَا السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ وَما بَينَهُما لٰعِبينَ
44|39|ما خَلَقنٰهُما إِلّا بِالحَقِّ وَلٰكِنَّ أَكثَرَهُم لا يَعلَمونَ
44|40|إِنَّ يَومَ الفَصلِ ميقٰتُهُم أَجمَعينَ
44|41|يَومَ لا يُغنى مَولًى عَن مَولًى شَيـًٔا وَلا هُم يُنصَرونَ
44|42|إِلّا مَن رَحِمَ اللَّهُ إِنَّهُ هُوَ العَزيزُ الرَّحيمُ
44|43|إِنَّ شَجَرَتَ الزَّقّومِ
44|44|طَعامُ الأَثيمِ
44|45|كَالمُهلِ يَغلى فِى البُطونِ
44|46|كَغَلىِ الحَميمِ
44|47|خُذوهُ فَاعتِلوهُ إِلىٰ سَواءِ الجَحيمِ
44|48|ثُمَّ صُبّوا فَوقَ رَأسِهِ مِن عَذابِ الحَميمِ
44|49|ذُق إِنَّكَ أَنتَ العَزيزُ الكَريمُ
44|50|إِنَّ هٰذا ما كُنتُم بِهِ تَمتَرونَ
44|51|إِنَّ المُتَّقينَ فى مَقامٍ أَمينٍ
44|52|فى جَنّٰتٍ وَعُيونٍ
44|53|يَلبَسونَ مِن سُندُسٍ وَإِستَبرَقٍ مُتَقٰبِلينَ
44|54|كَذٰلِكَ وَزَوَّجنٰهُم بِحورٍ عينٍ
44|55|يَدعونَ فيها بِكُلِّ فٰكِهَةٍ ءامِنينَ
44|56|لا يَذوقونَ فيهَا المَوتَ إِلَّا المَوتَةَ الأولىٰ وَوَقىٰهُم عَذابَ الجَحيمِ
44|57|فَضلًا مِن رَبِّكَ ذٰلِكَ هُوَ الفَوزُ العَظيمُ
44|58|فَإِنَّما يَسَّرنٰهُ بِلِسانِكَ لَعَلَّهُم يَتَذَكَّرونَ
44|59|فَارتَقِب إِنَّهُم مُرتَقِبونَ
Тарчумаи Сураи ДУХОН(Дуд)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1. Ҳо, мим.
2. Савганд ба ин китоби равшангар!
3. ҳаройна, Мо онро дар муборак шабе нозил кардем. ҳаройна, Мо бимдиҳанда будаем.
4. Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад,
5. фармоне аз ҷониби Мо. Ва ҳаройна, Мо ҳамеша фиристодаи он будем.
6. Раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта, Парвардигори ту шунаво ва доност.
7. Парвардигори осмонҳо ва замин ва ҳар чи миёни онҳост, агар толиби яқин ҳастед.
8. Нест Худое барҳақ ба ҷуз ӯ. Зинда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори ниёгони шумост.
9. Балки, онҳо ҳамчунон дар шакке дилхушанд!
10. Чашминтизори рӯзе бош, ки осмон дуди ошкореро падидор мекунад.
11. Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ пӯшад. Ва ин азобест дардовар.
12. «Эй Павардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки ҳаройна, мо имон овардаем».
13. Аз куҷо панд мепазиранд? Ҳоло он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуд,
14. аз ӯ рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: «Девонаест таълимёфта!»
15.ҳаройна, азобро андаке бармедорем ва шумо, албатта, боз ба ойини хеш бармегардед.
16. Рӯзе онҳоро ба савлате (ҳамлае) сахт фурӯ гирем, ки ҳаройна, Мо интиқомгирандаем!
17.ҳаройна, пеш аз онҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор (Мӯсо) наздашон омад,
18. ки бандагони Худоро ба ман бисупоред, ки ҳаройна, ман паёмбаре аминам.
19. Ва низ бар Худо бартарӣ маҷӯед, ки ҳаройна, ман бо ҳуҷҷате равшан назди шумо омадаам.
20. Ва агар бихоҳед ба ман санг бизанед, ҳаройна, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам,
21. ва агар ба (паёмбарии) ман имон намеоваред, аз ман канор гиред».
22. Пас, Парвардигорашро хонд, ки инон мардуме гунаҳкоранд.
23. Бандагони Маро шабҳангом равона кун, ҳаройна, шумо дунболагирӣ карда мешавед.
24. Баҳрро ором пушти сар гузор, (яъне, ҳангоми убури шумо баҳр ба ду ним тақсим шуда буд, онро ҳамон тавр гузор ва аз убури фиръавниён матарс) ки ҳаройна, он сипоҳ (сипоҳи фиръавн) ғарқшудагонанд.
25. Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд,
26. бо киштзорҳову хонаҳои некӯ,
27. бо неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.
28. Ба ин сон буданд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар вогузоштем.
29. На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд.
30. Ва ҳаройна, мо бани Исроилро аз он азоби хоркунанда раҳонидем,
31. аз Фиръавн, ҳаройна, ӯ аз бартарӣҷӯёни (мутакаббир) ситамкор буд.
32. ҳаройна, онҳоро (бани Исроилро) дониста бар оламиён баргузидем. (ва ононро миллати баргузидаи асри худашон кардем)
33. Ва оёте ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳоне ошкор буд.
34.Албатта, инҳо мегӯянд:
35. «Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин нест ва мо дигар бор зинда намешавем.
36. Ва агар рост мегӯед, падарони моро ба ҷаҳон бозоваред».
37. Оё инҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ3 ва касоне, ки пеш аз он қавм буданд? Ҳамаро ҳалок кардем, ки ҳаройна, онҳо гунаҳгорон буданд.
38. Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем.
39. Онҳоро барҳақ офаридаем, вале бештаринашон намедонанд.
40. Ҳаройна, Ваъдагоҳи ҳама дар рӯзи доварӣ, қиёмат аст.
41. Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд набошад ва аз сӯи касе ёрӣ нашавад,
42. магар касе, ки Худо бар ӯ бубахшояд, ҳаройна, ӯст пирӯзманду меҳрубон.
43. Ҳаройна, дарахти Заққум
44. таъоми гунаҳкорон аст.
45. Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷӯшад.
46. Монанди ҷӯшидани оби сӯзон.
47. Бигиредаш ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед
48. ва бар сараш оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.
49.(ба гунаҳкор гӯем), бичаш, (ин азобро) ки ту пирӯзманду бузургворӣ! (ба гумони худат)
50.ҳаройна, ин ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед.
51. ҳаройна, Парҳезкорон дар ҷои амне ҳастанд,
52.дар боғҳову чашмасорҳо
53. либосҳои аз сундусу истабрақ4 мепӯшанд ва рӯ ба рӯи ҳамдигар менишинанд.
54.Ҳамчунин ҳурулъийнро (ҳурони шаҳлочашм) ба ҳамсарияшон дароварем.
55. Дар эминӣ ҳар меваеро, ки бихоҳанд, металабанд.
56. Дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги нахустин. Ва онҳоро Худо аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.
57. Ин бахшишест аз ҷониби Парвардигорат ва ин пирӯзии бузургест!
58. ҳаройна, Мо адои сухани хеш ба забони ту осон кардем, то, ки панд гиранд!
59. Ту мунтазир бош, ки ҳаройна, онҳо низ мунтазиранд.