Сураи ҶОСИЯ

СУРАТУ-Л-ҶАСИЯҲ бо хати кирили
(37 ояҳ) (Сураи 45)

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
Ҳа, Мим. 1. Танзилу-л-китаби миналлоҳу-л-Ъазизи-А Ҳаким. 2. Инна фи-с-самавати ва-л-арзи ла айати-л лил муъминин. 3. Ва фи халқикум ва ма ябуссу мин даббатин айату-л ли қавми-и йуқинун. 4. Вахтилафи-л-лайли ва-н-наҳари ва ма анзалаллоҳу мина-с-самаи ми-р-ризқин фа аҳйа биҳи-л-арза баъда мавтиҳа ва тасрифи-р-рийаҳи айату-л ли қавми-и яъқилун. 5. Тилка айатуллоҳи натлуҳа ъалайка би-л-ҳаққ. Фа би аййи ҳадисим баъдаллоҳи ва айтиҳи юъминун. 6. Вайлу-л ли кулли аффакин асйм. 7. Ясмаъу айатиллаҳи тутла ъалайҳи сумма юсирру мустакбиран ка ал лам ясмаъҳа. Фа башширҳу би ъазабин алим. 8. Ва иза ъалима мин айатина шай-аниттахазаҳа ҳузува. Улайка лаҳум ъазабу-м муҳин. 9. Ми-в-варбиҳим Ҷаҳаннам. Ва ла юани ъанҳум-м ма касабу шай-ав ва ла ма-т-тахазу мин дуниллаҳи авлийаъ. Ва лаҳум ъазабун Ъазим. 10. Ҳаза ҳуда. Ва-л-лазина кафару би айати Раббиҳим лаҳум ъазабу-м ми-р-риҷзин алим.Н.уАллоҳу-л-лазн саххара лакуму-л-баҳра ли таҷрия-л-фулку фиҳи би амриҳи ва ли табтағу мин фазлиҳи ва лаъаллакум ташкурун. 12. Ва саххара лакум-м ма фи-с-самавати ва ма фи-л-арзи ҷамиъа-м минҳ. Инна фи залика ла айати-лли қавми-й ятафаккарун. 13.
Қул лил-лазина аману яғфиру лил лазина ла ярҷуна аййамаллоҳи ли яҷзия қавмам би ма кану яксибун. 14. Ман ъамила солиҳан фа ли нафсиҳ. Ва ман асаа фаъалайҳа. Сумма ила Раббикум турҷаъун. 15. Ва лақад атайна бани Исроила-л китаба ва-л-ҳукма ва-н-нубуввата ва разақнаҳум-м мина-т-таййибати ва фаззалнаҳум ъала-л-ъаламин. 16. Ва атайнаҳум баййинати-м мина-л-амр. Фа махталафу илла мим баъди ма ҷааҳуму-л ъилму бағям байнаҳум. Инна Раббака яқзи байнаҳум явма-л-қийамати фи ма кануу фиҳи яхталифун. 17. Сумма ҷаъалнака ъала шарйъати-м мина-л-амри фа-т-табиъҳа ва ла таттабиъ аҳваа-л-лазина ла яъламун. 18. Иннаҳум ла-и юғну ъанка миналлоҳи шай-а. Ва инна-з-золимина баъзуҳум авлийау баъз. Валлоҳу валийю-л-муттақин. 19. Ҳаза басоиру ли-н-наси ва ҳуда-в ва раҳмату-л ли қавми-и йуқинун. 20. Ам ҳасиба-л-лазинаҷтараҳу-с саййиати ан-н-наҷъалаҳум ка-л-лазина аману ва ъамилу-с-солиҳати саваа-м маҳйаҳум ва маматуҳум. Саа ма яҳкумун. 21. Ва халақаллоҳу-с самавати ва-л-арза би-л-ҳаққи ва ли туҷзғ куллу нафсим би ма касабат ва ҳум ла юзламун. 22.
А-фа раайта маниттахаза илаҳаҳу ҳаваҳу ва азаллаҳуллоҳу ъала ъилми-в ва хатама ъала самъиҳи ва қалбиҳи ва ҷаъала ъала басариҳй айшаватан фа ма-й яҳдиҳи мим баъдиллаҳ. Афала тазаккарун. 23. Ва қолу ма ҳия илла ҳайатуна-д дунйа намуту ва наҳйа ва ма юҳликуна илла-д даҳр. Ва ма лаҳум би залика мин ъилмин ин ҳум илла язуннун. 24. Ва иза тутла ъалайҳим айатуна баййинати-м ма кана ҳуҷҷатаҳум илла ан қолуъту би абаина ин кунтум содиқин. 25. Қулиллаҳу юҳйикум сумма юмитукум сумма яҷмаъукум ила явми-л-қийамати ла райба фиҳи ва лакинна аксара-н наси ла яъламун. 26. Ва лиллаҳи мулку-с-самавати ва-л-арз. Ва явма тақуму-с-саъату явмаизи-и яхсару-л-мубтилун. 27. Ва таро кулла умматин ҷасияҳ. Куллу умматин тудъа ила китабиҳа-л-явма туҷзавна ма кунтум таъмалун. 28. Ҳаза китабуна янтиқу ъалайкум би-л-ҳаққ. Инна кунна настансиху ма кунтум таъмалун. 29. Фа амма-л-лазина аману ва ъамилу-с-солиҳати фаюдхилуҳум Раббуҳум фи раҳматиҳ. Залика ҳува-л-фавзу-л-мубин. 30. Ва амма-л-лазина кафару а-фа лам такун айати тутла ъалайкум фастакбартум ва кунтум қавма-м муҷримин.31. Ва иза қила инна ваъдаллоҳи ҳаққу-в ва-с-саъату ла райба фиҳа қултум-м ма надри ма-с-саъату ин-н-назунну илла занна-в ва ма наҳну би мустайқинин. 32.
Ва бада лаҳум саййиату ма ъамилу ва ҳақа биҳим-м ма кану биҳи ястаҳзиун. 33. Ва қила-л-явма нансакум кама наситум лиқоа явмикум ҳаза ва маъвакуму-н-нару ва ма лакум-м мин-н-насирин. 34. Заликум би аннакуму-т-тахазтум айатиллаҳи ҳузува-в ва варраткуму-л ҳайату-д-дунйа. Фа-л явма ла юхраҷуна минҳа ва ла ҳум юстаътабун. 35. Фа лиллаҳи-л-ҳамду Рабби-с-самавати ва Рабби-л арзи Рабби-л-ъаламин. 36. Ва лаҳу-л-кибрийау фи-с самавати ва-л-арзи ва Ҳува-л-Ъазизу-л-Ҳаким. 37.

Сураи ҶОСИЯ бо хати арабӣ

45|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ حم

45|2|تَنزيلُ الكِتٰبِ مِنَ اللَّهِ العَزيزِ الحَكيمِ

45|3|إِنَّ فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ لَءايٰتٍ لِلمُؤمِنينَ

45|4|وَفى خَلقِكُم وَما يَبُثُّ مِن دابَّةٍ ءايٰتٌ لِقَومٍ يوقِنونَ

45|5|وَاختِلٰفِ الَّيلِ وَالنَّهارِ وَما أَنزَلَ اللَّهُ مِنَ السَّماءِ مِن رِزقٍ فَأَحيا بِهِ الأَرضَ بَعدَ مَوتِها وَتَصريفِ الرِّيٰحِ ءايٰتٌ لِقَومٍ يَعقِلونَ

45|6|تِلكَ ءايٰتُ اللَّهِ نَتلوها عَلَيكَ بِالحَقِّ فَبِأَىِّ حَديثٍ بَعدَ اللَّهِ وَءايٰتِهِ يُؤمِنونَ

45|7|وَيلٌ لِكُلِّ أَفّاكٍ أَثيمٍ

45|8|يَسمَعُ ءايٰتِ اللَّهِ تُتلىٰ عَلَيهِ ثُمَّ يُصِرُّ مُستَكبِرًا كَأَن لَم يَسمَعها فَبَشِّرهُ بِعَذابٍ أَليمٍ

45|9|وَإِذا عَلِمَ مِن ءايٰتِنا شَيـًٔا اتَّخَذَها هُزُوًا أُولٰئِكَ لَهُم عَذابٌ مُهينٌ

45|10|مِن وَرائِهِم جَهَنَّمُ وَلا يُغنى عَنهُم ما كَسَبوا شَيـًٔا وَلا مَا اتَّخَذوا مِن دونِ اللَّهِ أَولِياءَ وَلَهُم عَذابٌ عَظيمٌ

45|11|هٰذا هُدًى وَالَّذينَ كَفَروا بِـٔايٰتِ رَبِّهِم لَهُم عَذابٌ مِن رِجزٍ أَليمٌ

45|12|اللَّهُ الَّذى سَخَّرَ لَكُمُ البَحرَ لِتَجرِىَ الفُلكُ فيهِ بِأَمرِهِ وَلِتَبتَغوا مِن فَضلِهِ وَلَعَلَّكُم تَشكُرونَ

45|13|وَسَخَّرَ لَكُم ما فِى السَّمٰوٰتِ وَما فِى الأَرضِ جَميعًا مِنهُ إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِقَومٍ يَتَفَكَّرونَ

45|14|قُل لِلَّذينَ ءامَنوا يَغفِروا لِلَّذينَ لا يَرجونَ أَيّامَ اللَّهِ لِيَجزِىَ قَومًا بِما كانوا يَكسِبونَ

45|15|مَن عَمِلَ صٰلِحًا فَلِنَفسِهِ وَمَن أَساءَ فَعَلَيها ثُمَّ إِلىٰ رَبِّكُم تُرجَعونَ

45|16|وَلَقَد ءاتَينا بَنى إِسرٰءيلَ الكِتٰبَ وَالحُكمَ وَالنُّبُوَّةَ وَرَزَقنٰهُم مِنَ الطَّيِّبٰتِ وَفَضَّلنٰهُم عَلَى العٰلَمينَ

45|17|وَءاتَينٰهُم بَيِّنٰتٍ مِنَ الأَمرِ فَمَا اختَلَفوا إِلّا مِن بَعدِ ما جاءَهُمُ العِلمُ بَغيًا بَينَهُم إِنَّ رَبَّكَ يَقضى بَينَهُم يَومَ القِيٰمَةِ فيما كانوا فيهِ يَختَلِفونَ

45|18|ثُمَّ جَعَلنٰكَ عَلىٰ شَريعَةٍ مِنَ الأَمرِ فَاتَّبِعها وَلا تَتَّبِع أَهواءَ الَّذينَ لا يَعلَمونَ

45|19|إِنَّهُم لَن يُغنوا عَنكَ مِنَ اللَّهِ شَيـًٔا وَإِنَّ الظّٰلِمينَ بَعضُهُم أَولِياءُ بَعضٍ وَاللَّهُ وَلِىُّ المُتَّقينَ

45|20|هٰذا بَصٰئِرُ لِلنّاسِ وَهُدًى وَرَحمَةٌ لِقَومٍ يوقِنونَ

45|21|أَم حَسِبَ الَّذينَ اجتَرَحُوا السَّيِّـٔاتِ أَن نَجعَلَهُم كَالَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ سَواءً مَحياهُم وَمَماتُهُم ساءَ ما يَحكُمونَ

45|22|وَخَلَقَ اللَّهُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ بِالحَقِّ وَلِتُجزىٰ كُلُّ نَفسٍ بِما كَسَبَت وَهُم لا يُظلَمونَ

45|23|أَفَرَءَيتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلٰهَهُ هَوىٰهُ وَأَضَلَّهُ اللَّهُ عَلىٰ عِلمٍ وَخَتَمَ عَلىٰ سَمعِهِ وَقَلبِهِ وَجَعَلَ عَلىٰ بَصَرِهِ غِشٰوَةً فَمَن يَهديهِ مِن بَعدِ اللَّهِ أَفَلا تَذَكَّرونَ

45|24|وَقالوا ما هِىَ إِلّا حَياتُنَا الدُّنيا نَموتُ وَنَحيا وَما يُهلِكُنا إِلَّا الدَّهرُ وَما لَهُم بِذٰلِكَ مِن عِلمٍ إِن هُم إِلّا يَظُنّونَ

45|25|وَإِذا تُتلىٰ عَلَيهِم ءايٰتُنا بَيِّنٰتٍ ما كانَ حُجَّتَهُم إِلّا أَن قالُوا ائتوا بِـٔابائِنا إِن كُنتُم صٰدِقينَ

45|26|قُلِ اللَّهُ يُحييكُم ثُمَّ يُميتُكُم ثُمَّ يَجمَعُكُم إِلىٰ يَومِ القِيٰمَةِ لا رَيبَ فيهِ وَلٰكِنَّ أَكثَرَ النّاسِ لا يَعلَمونَ

45|27|وَلِلَّهِ مُلكُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَيَومَ تَقومُ السّاعَةُ يَومَئِذٍ يَخسَرُ المُبطِلونَ

45|28|وَتَرىٰ كُلَّ أُمَّةٍ جاثِيَةً كُلُّ أُمَّةٍ تُدعىٰ إِلىٰ كِتٰبِهَا اليَومَ تُجزَونَ ما كُنتُم تَعمَلونَ

45|29|هٰذا كِتٰبُنا يَنطِقُ عَلَيكُم بِالحَقِّ إِنّا كُنّا نَستَنسِخُ ما كُنتُم تَعمَلونَ

45|30|فَأَمَّا الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ فَيُدخِلُهُم رَبُّهُم فى رَحمَتِهِ ذٰلِكَ هُوَ الفَوزُ المُبينُ

45|31|وَأَمَّا الَّذينَ كَفَروا أَفَلَم تَكُن ءايٰتى تُتلىٰ عَلَيكُم فَاستَكبَرتُم وَكُنتُم قَومًا مُجرِمينَ

45|32|وَإِذا قيلَ إِنَّ وَعدَ اللَّهِ حَقٌّ وَالسّاعَةُ لا رَيبَ فيها قُلتُم ما نَدرى مَا السّاعَةُ إِن نَظُنُّ إِلّا ظَنًّا وَما نَحنُ بِمُستَيقِنينَ

45|33|وَبَدا لَهُم سَيِّـٔاتُ ما عَمِلوا وَحاقَ بِهِم ما كانوا بِهِ يَستَهزِءونَ

45|34|وَقيلَ اليَومَ نَنسىٰكُم كَما نَسيتُم لِقاءَ يَومِكُم هٰذا وَمَأوىٰكُمُ النّارُ وَما لَكُم مِن نٰصِرينَ

45|35|ذٰلِكُم بِأَنَّكُمُ اتَّخَذتُم ءايٰتِ اللَّهِ هُزُوًا وَغَرَّتكُمُ الحَيوٰةُ الدُّنيا فَاليَومَ لا يُخرَجونَ مِنها وَلا هُم يُستَعتَبونَ

45|36|فَلِلَّهِ الحَمدُ رَبِّ السَّمٰوٰتِ وَرَبِّ الأَرضِ رَبِّ العٰلَمينَ

45|37|وَلَهُ الكِبرِياءُ فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَهُوَ العَزيزُ الحَكيمُ

Тарчумаи Сураи ҶОСИЯ(зонузананда)

Ба номи Худо бахшояндаи меҳрубон!

1.Ҳо, мим.

2. Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманду ҳаким аст.

3. Албатта,  дар осмонҳову замин нишонаҳои ибратест барои мӯъминон!

4.Ва дар офариниши  шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон (ҷонварон) ибратҳост барои аҳли яқин.

5. Омаду шуди шабу рӯз ва ризқе, ки Худо аз осмон мефиристад ва замини мурдаро  ба он зинда мекунад ва низ дар  вазиши  бодҳо, ибратҳост барои оқилон.

6.Инҳо оёти Худост, ки ба ростӣ бар ту тиловат мекунем. Ҷуз Худову оёташ ба кадом сухан имон меоваранд?

7. Вой, ба ҳар дурӯғпардози гунаҳкоре!

8. Оёти Худоро, ки  бар ӯ хонда мешавад, мешунавад. Он гоҳ ба гарданкашӣ пой мефишурад, чунонки гӯйи ҳеҷ нашунидааст. Пас, ба азобе дардовар башораташ деҳ.

9. Чун чизе аз оёти Моро фаро гирад, онро барои масхара фаро мегирад, инҳо сазовори азобе хоркунандаанд.

10. Пеши рӯяшон ҷаҳаннам  аст. Ва моле, ки ба даст овардаанд, ва касоне, ки ғайри Худои (барҳақ) ба худоӣ гирифтаанд, ба ҳолашон суд накунад. Онҳорост азобе бузург!

11.Ин раҳнамудест. Ва онон, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд, барояшон азобест аз (навъи) сахттарин азобҳои дардовар.

12. Худост, ки баҳрро роми шумо кард, то дар он ба фармони ӯ киштиҳо равон бошанд ва талаби маъишат кунед, то ки сипосгузор бошед!

13.Роми шумо сохт он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар замин аст. Ҳама аз они ӯст. Ҳаройна, дар ин барои андешамандон ибратҳоест.

14.  Ба касоне, ки имон овардаанд бигӯ: «Аз хатои касоне, ки ба рӯзҳои (муносибатҳои) Худо бовар надоранд (яъне, мӯътақид нестанд, ки ҳодисаҳо ҷазои аъмоли эшон аст) даргузаред, то Худо он мардумро ба ҷазои аъмоле,  ки муртакиб шудаанд, подош диҳад.

15. Ҳар кас кори шоистае кунад, ба суди худи ӯст ва  ҳар кас муртакиби кори баде шавад, ба зиёни ӯст. Сипас ҳама ба сӯи Парвардигоратон бозгардонда мешавед.

16.Мо бани Исроилро китоб ва илми довариву нубувват ато кардем ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиашон додем. Ва бар ҷаҳониён (асри худашон) бартариашон додем.

17.Ва онҳоро дар бораи он амр (кори нубувват ва шариъат) далелҳое равшан додем. Ва дар он аз рӯи ҳасаду кина ихтилоф накарданд, магар он гоҳ ки дониш (дар бораи ҳақиқати дин ва аҳкоми он) ёфтанд. Худо дар рӯзи қиёмат  дар он чӣ ихтилоф мекарданд, доварӣ хоҳад кард.

18. Пас, туро ба роҳи зоҳир аз дин  (яъне, шариъат) андохтем. Пас, аз он  роҳ бирав ва аз хоҳишҳои нодонон пайравӣ макун.

19. Ҳаройна, инҳо туро ҳеҷ аз Худо бениёз намекунанд ва ҳаройна,  золимон дӯстдорони якдигаранд ва Худо дӯстдори парҳезгорон аст.

20. Ин Қуръон мояи басирати мардум ва ҳидояту раҳматест барои аҳли яқин.

21.Оё онон, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, мепиндоранд, ки дар шумори касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд қарорашон медиҳем? Ва оё зиндагиву маргашон яксон аст? Чӣ бад доварӣ мекунанд.

22.Ва Худо осмонҳову заминро барҳақ биёфарид, то ҳар касеро баробари коре, ки кардааст, подош диҳад ва ба онҳо ситам нашавад.

23. Оё он касро, ки ҳавасашро чун худои худ гирифт ва Худо  бо вуҷуди огоҳии он кас (аз ҳаққу ботил) гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод ва бар дидагонаш парда афканд, дидаӣ? Агар Худо ҳидоят накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? чаро панд намегиред?

24.Ва гуфтанд: «Ҷуз зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест. Мемирему зинда мешавем ва моро ҷуз даҳр ҳалок накунад». Ононро ба он донише нест ва ҷуз дар пиндоре нестанд.

25. Ва чун оёти равшангари Мо  тиловат шавад, ҳуҷҷаташон ин аст, ки мегӯянд: «Агар рост мегӯед, падарони моро зинда кунед».

26. Бигӯ: «Худост, ки шуморо зинда мекунад, пас мемиронад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, ки шакке дар он нест, гирд меоварад. Вале бештари мардум намедонанд!»

27.Аз они Худованд аст фармонравоии осмону замин. Ва он рӯз, ки  қиёмат барпо шавад, аҳли ботил зиён хоҳанд кард.

28. Ҳар умматеро бубинӣ, ки ба зону даромадааст ва ҳар умматеро барои гирифтани номаи аъмолаш бихонад. Дар чунин рӯзе дар баробари аъмоле, ки кардаед, подош мебинед.

29. Ин навиштаи Мост, ки барҳақ сухан мегӯяд, ҳаройна, Мо корҳоеро, ки мекардаед, менавиштем.

30.Аммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, Парвардигорашон дохил дар раҳмати Хеш мекунад ва ин комёбии ошкор аст.

31. Аммо, касоне, ки кофир мешаванд (ба онҳо гуфта мешавад), магар оёти Мо бар шумо хонда намешуд ва шумо такаббур меварзидед ва мардуме гунаҳкор будед?

32. Чун гуфта мешуд, ки ҳаройна, ваъдаи Худо ҳақ аст ва дар қиёмат шакке нест, мегуфтед: «Мо намедонем қиёмат чист? Ҷуз гумоне намебарем ва ба яқин нарасидаем».

33.Аъмоли зишташон дар баробарашон ошкор шуд ва он чизе, ки масхарааш мекарданд (азоби дӯзах), гирд ба гирдашонро бигирифт.

34.(Аз сӯйи Худо) ба онҳо гуфта шавад: «Имрӯз фаромӯшатон мекунем (ва дар азоб раҳоятон месозем), ҳамчунон, ки шумо дидори чунин рӯзатонро, фаромӯш карда будед (ва Моро аз ёд бурдед ва масоил ва ҳаводиси қиёматро нодида гирифтед). Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест.

35. Ва ин (гирифтор шуданатон ба ин сарнавишти асафнок) ба ҷазои он аст, ки оёти Худоро ба масхара мегирифтед ва ҳаёти дунё шуморо бифирефт». Пас, имрӯз аз ин оташ касе берунашон набарад ва касе узрашонро напазирад.

36.Ситоиш аз они Худост, Парвардигори осмонҳову Парвардигори замин ва Парвардигори ҷаҳониён (ки ҷуз ӯ аҳаде шоистаи он нест, чунки ӯ холиқ ва молики ҷамеъи махлуқот ва коинот аст).

37.Бузургворӣ  (шукуҳу бақову пойдориву камол) дар осмонҳову замин (дар ҳама умур) хоси ӯст ва ӯст пирӯзманду ҳаким, (ки дар сунъ ва амал соҳибтадбир аст).!

test

Добавить комментарий