Тарчумаи Сураи Муҳаммад

47|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ الَّذينَ كَفَروا وَصَدّوا عَن سَبيلِ اللَّهِ أَضَلَّ أَعمٰلَهُم

47|2|وَالَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ وَءامَنوا بِما نُزِّلَ عَلىٰ مُحَمَّدٍ وَهُوَ الحَقُّ مِن رَبِّهِم كَفَّرَ عَنهُم سَيِّـٔاتِهِم وَأَصلَحَ بالَهُم

47|3|ذٰلِكَ بِأَنَّ الَّذينَ كَفَرُوا اتَّبَعُوا البٰطِلَ وَأَنَّ الَّذينَ ءامَنُوا اتَّبَعُوا الحَقَّ مِن رَبِّهِم كَذٰلِكَ يَضرِبُ اللَّهُ لِلنّاسِ أَمثٰلَهُم

47|4|فَإِذا لَقيتُمُ الَّذينَ كَفَروا فَضَربَ الرِّقابِ حَتّىٰ إِذا أَثخَنتُموهُم فَشُدُّوا الوَثاقَ فَإِمّا مَنًّا بَعدُ وَإِمّا فِداءً حَتّىٰ تَضَعَ الحَربُ أَوزارَها ذٰلِكَ وَلَو يَشاءُ اللَّهُ لَانتَصَرَ مِنهُم وَلٰكِن لِيَبلُوَا۟ بَعضَكُم بِبَعضٍ وَالَّذينَ قُتِلوا فى سَبيلِ اللَّهِ فَلَن يُضِلَّ أَعمٰلَهُم

47|5|سَيَهديهِم وَيُصلِحُ بالَهُم

47|6|وَيُدخِلُهُمُ الجَنَّةَ عَرَّفَها لَهُم

47|7|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا إِن تَنصُرُوا اللَّهَ يَنصُركُم وَيُثَبِّت أَقدامَكُم

47|8|وَالَّذينَ كَفَروا فَتَعسًا لَهُم وَأَضَلَّ أَعمٰلَهُم

47|9|ذٰلِكَ بِأَنَّهُم كَرِهوا ما أَنزَلَ اللَّهُ فَأَحبَطَ أَعمٰلَهُم

47|10|أَفَلَم يَسيروا فِى الأَرضِ فَيَنظُروا كَيفَ كانَ عٰقِبَةُ الَّذينَ مِن قَبلِهِم دَمَّرَ اللَّهُ عَلَيهِم وَلِلكٰفِرينَ أَمثٰلُها

47|11|ذٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ مَولَى الَّذينَ ءامَنوا وَأَنَّ الكٰفِرينَ لا مَولىٰ لَهُم

47|12|إِنَّ اللَّهَ يُدخِلُ الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ جَنّٰتٍ تَجرى مِن تَحتِهَا الأَنهٰرُ وَالَّذينَ كَفَروا يَتَمَتَّعونَ وَيَأكُلونَ كَما تَأكُلُ الأَنعٰمُ وَالنّارُ مَثوًى لَهُم

47|13|وَكَأَيِّن مِن قَريَةٍ هِىَ أَشَدُّ قُوَّةً مِن قَريَتِكَ الَّتى أَخرَجَتكَ أَهلَكنٰهُم فَلا ناصِرَ لَهُم

47|14|أَفَمَن كانَ عَلىٰ بَيِّنَةٍ مِن رَبِّهِ كَمَن زُيِّنَ لَهُ سوءُ عَمَلِهِ وَاتَّبَعوا أَهواءَهُم

47|15|مَثَلُ الجَنَّةِ الَّتى وُعِدَ المُتَّقونَ فيها أَنهٰرٌ مِن ماءٍ غَيرِ ءاسِنٍ وَأَنهٰرٌ مِن لَبَنٍ لَم يَتَغَيَّر طَعمُهُ وَأَنهٰرٌ مِن خَمرٍ لَذَّةٍ لِلشّٰرِبينَ وَأَنهٰرٌ مِن عَسَلٍ مُصَفًّى وَلَهُم فيها مِن كُلِّ الثَّمَرٰتِ وَمَغفِرَةٌ مِن رَبِّهِم كَمَن هُوَ خٰلِدٌ فِى النّارِ وَسُقوا ماءً حَميمًا فَقَطَّعَ أَمعاءَهُم

47|16|وَمِنهُم مَن يَستَمِعُ إِلَيكَ حَتّىٰ إِذا خَرَجوا مِن عِندِكَ قالوا لِلَّذينَ أوتُوا العِلمَ ماذا قالَ ءانِفًا أُولٰئِكَ الَّذينَ طَبَعَ اللَّهُ عَلىٰ قُلوبِهِم وَاتَّبَعوا أَهواءَهُم

47|17|وَالَّذينَ اهتَدَوا زادَهُم هُدًى وَءاتىٰهُم تَقوىٰهُم

47|18|فَهَل يَنظُرونَ إِلَّا السّاعَةَ أَن تَأتِيَهُم بَغتَةً فَقَد جاءَ أَشراطُها فَأَنّىٰ لَهُم إِذا جاءَتهُم ذِكرىٰهُم

47|19|فَاعلَم أَنَّهُ لا إِلٰهَ إِلَّا اللَّهُ وَاستَغفِر لِذَنبِكَ وَلِلمُؤمِنينَ وَالمُؤمِنٰتِ وَاللَّهُ يَعلَمُ مُتَقَلَّبَكُم وَمَثوىٰكُم

47|20|وَيَقولُ الَّذينَ ءامَنوا لَولا نُزِّلَت سورَةٌ فَإِذا أُنزِلَت سورَةٌ مُحكَمَةٌ وَذُكِرَ فيهَا القِتالُ رَأَيتَ الَّذينَ فى قُلوبِهِم مَرَضٌ يَنظُرونَ إِلَيكَ نَظَرَ المَغشِىِّ عَلَيهِ مِنَ المَوتِ فَأَولىٰ لَهُم

47|21|طاعَةٌ وَقَولٌ مَعروفٌ فَإِذا عَزَمَ الأَمرُ فَلَو صَدَقُوا اللَّهَ لَكانَ خَيرًا لَهُم

47|22|فَهَل عَسَيتُم إِن تَوَلَّيتُم أَن تُفسِدوا فِى الأَرضِ وَتُقَطِّعوا أَرحامَكُم

47|23|أُولٰئِكَ الَّذينَ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فَأَصَمَّهُم وَأَعمىٰ أَبصٰرَهُم

47|24|أَفَلا يَتَدَبَّرونَ القُرءانَ أَم عَلىٰ قُلوبٍ أَقفالُها

47|25|إِنَّ الَّذينَ ارتَدّوا عَلىٰ أَدبٰرِهِم مِن بَعدِ ما تَبَيَّنَ لَهُمُ الهُدَى الشَّيطٰنُ سَوَّلَ لَهُم وَأَملىٰ لَهُم

47|26|ذٰلِكَ بِأَنَّهُم قالوا لِلَّذينَ كَرِهوا ما نَزَّلَ اللَّهُ سَنُطيعُكُم فى بَعضِ الأَمرِ وَاللَّهُ يَعلَمُ إِسرارَهُم

47|27|فَكَيفَ إِذا تَوَفَّتهُمُ المَلٰئِكَةُ يَضرِبونَ وُجوهَهُم وَأَدبٰرَهُم

47|28|ذٰلِكَ بِأَنَّهُمُ اتَّبَعوا ما أَسخَطَ اللَّهَ وَكَرِهوا رِضوٰنَهُ فَأَحبَطَ أَعمٰلَهُم

47|29|أَم حَسِبَ الَّذينَ فى قُلوبِهِم مَرَضٌ أَن لَن يُخرِجَ اللَّهُ أَضغٰنَهُم

47|30|وَلَو نَشاءُ لَأَرَينٰكَهُم فَلَعَرَفتَهُم بِسيمٰهُم وَلَتَعرِفَنَّهُم فى لَحنِ القَولِ وَاللَّهُ يَعلَمُ أَعمٰلَكُم

47|31|وَلَنَبلُوَنَّكُم حَتّىٰ نَعلَمَ المُجٰهِدينَ مِنكُم وَالصّٰبِرينَ وَنَبلُوَا۟ أَخبارَكُم

47|32|إِنَّ الَّذينَ كَفَروا وَصَدّوا عَن سَبيلِ اللَّهِ وَشاقُّوا الرَّسولَ مِن بَعدِ ما تَبَيَّنَ لَهُمُ الهُدىٰ لَن يَضُرُّوا اللَّهَ شَيـًٔا وَسَيُحبِطُ أَعمٰلَهُم

47|33|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا أَطيعُوا اللَّهَ وَأَطيعُوا الرَّسولَ وَلا تُبطِلوا أَعمٰلَكُم

47|34|إِنَّ الَّذينَ كَفَروا وَصَدّوا عَن سَبيلِ اللَّهِ ثُمَّ ماتوا وَهُم كُفّارٌ فَلَن يَغفِرَ اللَّهُ لَهُم

47|35|فَلا تَهِنوا وَتَدعوا إِلَى السَّلمِ وَأَنتُمُ الأَعلَونَ وَاللَّهُ مَعَكُم وَلَن يَتِرَكُم أَعمٰلَكُم

47|36|إِنَّمَا الحَيوٰةُ الدُّنيا لَعِبٌ وَلَهوٌ وَإِن تُؤمِنوا وَتَتَّقوا يُؤتِكُم أُجورَكُم وَلا يَسـَٔلكُم أَموٰلَكُم

47|37|إِن يَسـَٔلكُموها فَيُحفِكُم تَبخَلوا وَيُخرِج أَضغٰنَكُم

47|38|هٰأَنتُم هٰؤُلاءِ تُدعَونَ لِتُنفِقوا فى سَبيلِ اللَّهِ فَمِنكُم مَن يَبخَلُ وَمَن يَبخَل فَإِنَّما يَبخَلُ عَن نَفسِهِ وَاللَّهُ الغَنِىُّ وَأَنتُمُ الفُقَراءُ وَإِن تَتَوَلَّوا يَستَبدِل قَومًا غَيرَكُم ثُمَّ لا يَكونوا أَمثٰلَكُم

Тарчумаи Сураи Муҳаммад 1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Худо аъмоли (неки) касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боз доштанд, ботил сохтааст.

2.Худо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ бар Муҳаммад нозил шуда, ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон омада, имон овардаанд, гуноҳонашонро аз онҳо дур кард ва корҳояшонро ба салоҳ овард.

3.Ва ин (зоеъ сохтани аъмоли неки кофирон ва бахшидани гуноҳи мӯъминон) ба он сабаб аст, ки кофирон аз ботил пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, аз ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд, пайравӣ кардаанд. Худо барои мардум инчунин мисолҳои (некиҳо ва бадиҳояшонро) баён мекунад.

4.Чун бо кофирон  рӯ ба рӯ шудед (дар майдони набард), гарданашонро бизанед. Ва чун онҳоро сахт фурӯ кӯфтед (бо куштан ва захмӣ кардан), асирашон кунед ва сахт бибандед (яъне, сахт назорат ва нигаҳбонияшон кунед). Он гоҳ ё ба миннат озод кунед ё ба фидя (ба ивази пул). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Худо. Ва агар Худо мехост (аз роҳҳои дигаре, мисли тӯфон, заминларза, сел, ғарқ сохтан ва дигар офатҳо) аз онон (кофирон) интиқом мегирифт, вале хост, то шуморо ба якдигар биёзмояд (ва мӯъминонро бо ҷиҳод кардан бар зидди кофирон, имтиҳон кунад). Ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, ҳаргиз (савоби) аъмолашонро ботил намекунад.

5.Ба зудӣ, ки ҳидояташон кунад ва корҳояшонро ба салоҳ оварад.

6.Ва ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохилашон созад.

7.Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид.

8.Бар кофирон: “Ҳалокату шӯрбахтӣ бод”. Худо аъмолашонро ботил кардааст.

9.Зеро онон чизеро, ки Худо нозил кардааст, нохуш доранд. Худо низ аъмолашонро нобуд кард.

10.Оё (кофирон) дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, (ва паёмбаронашонро дурӯғгӯ баровардаанд) чӣ гуна будааст? Худо ҳалокашон кард ва кофирон низ оқибате ончунон хоҳанд дошт.

11.Ин (яъне, ёрӣ додани мӯъминон ва ҳалок кардани кофирон) ба он сабаб аст, ки Худо ёвари касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ ёваре нест.

12.Худо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо дар онҳо ҷорист, дохил хоҳад кард. Вале кофирон аз ин ҷаҳон баҳраманд мешаванд ва чун чорпоён мехӯранд ва ҷойгоҳашон оташ аст.

13.Чӣ қарияҳое (ободӣ ва шаҳрҳо), ки мардумаш аз мардуми қарияи ту2, ки аз он берунат карданд, хеле нерӯмандтар буданд, ки ҳалокашон кардем ва ҳеҷ ёрикунандае надоштанд.

14.Оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далели равшане дорад, монанди касест, ки кирдори бадаш дар назараш ороста шудааст ва (монанди касоне аст, ки) аз паи ҳавасҳои худ мераванд?

15.Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва наҳрҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳое аз шароб, ки  ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, ҳаст ва низ омурзиши Парвардигорашон. (Оё биҳиштиён) монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҷовидонаанд ва ононро аз обе ҷӯшон меошомонанд, чунон ки рӯдаҳояшон тика-тика мешавад?

16.Баъзе (аз мунофиқон) ба ту гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандон (асҳоби паёмбар, ки Худованд ба онҳо илм додааст) мепурсанд: «Ин чӣ суханоне буд, ки (Муҳаммад) алҳол (чанд лаҳза пештар) гуфт?» Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва аз пайи ҳавою ҳавасҳои худ рафтаанд.

17.Онон, ки ҳидоят ёфтаанд, Худо  ба ҳидояташон меафзояд ва парҳезгориашон арзонӣ медорад.

18.Оё танҳо мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳаройна, нишонаҳои қиёмат ошкор шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашонро чӣ фоида?

19.Пас, бидон ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи  мардону занони мӯъмин омурзиш бихоҳ. Худо медонад, ки рӯз ба куҷо меравед ва шаб дар куҷо меоромед.

20.Касоне, ки имон овардаанд мегӯянд: «Кошки аз ҷониби Худо сурае нозил мешуд (ва моро ба ҷанги зидди душманон мехонд)?» Чун сурае аз мӯҳкамот3 нозил шавад, ки дар он сухан аз ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон маразе ҳаст, бинӣ, ки чун касе, ки беҳушии марг бар ӯ ғолиб шуда, ба ту менигаранд. Пас барояшон шоистатар

21. фармонбардорист ва сухани некӯ гуфтан. Ва чун тасмим ба ҷанг гирифта шуд, агар бо Худо садоқат варзанд, барояшон беҳтар аст.

22.(Эй, касоне, ки аз Ислом рӯй гардонидед ва ё касоне, ки аз ҷиҳод саркашӣ кардед) Оё агар ба ҳукумат расидед, мехоҳед дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред, (мисле, ки пешиниёнатон карданд)?

23.Инҳоянд (фасодкунандагон ва қатъкунандагони пайванди хешутаборӣ), ки Худо лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро (аз шунидани ҳақ) кару чашмонашонро (аз дидани роҳи ҳидоят) кӯр сохтааст.

24.Оё дар Қуръон намеандешанд  ё бар дилҳо қуфлҳост (яъне, қуфлҳои он дилҳо)?

25.Шайтон аъмоли касонеро, ки баъд аз ошкор шудани роҳи ҳидоят ҳаройна муртад шуданд (аз дин гаштанд) ва боз гаштанд, (ба куфр гумроҳияшон) дар назарашон биорост ва орзуяшонро дароз кард.

26.Ва ин (аз дин баргаштанашон) ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, ки   оёти Худоро нохуш медоштанд мегуфтанд: “Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем”. Ва Худо аз розашон огоҳ аст.

27.Чӣ гунаанд он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар чеҳраҳову пуштҳояшон мезананд?

28.Ин ба ҷазои он аст, ки аз он чӣ Худоро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва аз он чӣ хушнудаш месохта бадбинӣ доштаанд. Худо низ аъмолашонро (савоби амалҳои некашонро) нобуд кард.

29.Оё онон, ки дар дилашон маразест, мепиндоранд, ки Худо кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд, ҳаргиз, ошкор нахоҳад кард?

30.Ва агар бихоҳем онҳоро ба ту менамоёнем, пас, ҳаройна, ту онҳоро ба симоҳояшон ва ҳатман, аз шеваи суханашон хоҳӣ шинохт ва Худо аз аъмолатон огоҳ аст.

31.Ва албатта, шуморо меозмоем (бо вуҷуди огоҳӣ аз аъмолатон), то муҷоҳидон ва собиронатонро (аз муҷоҳиднамоҳо ва ношикебоҳо) маълум дорем ва ҳадисатонро ошкор кунем, (ки оё дар роҳи Ислом содиқона сухан гуфтаед ё не).

32.Албатта, касоне, ки имон наёварданд ва аз роҳи Худо рӯй гардонданд ва бо он ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, бо паёмбар мухолифат варзидаанд ҳаргиз, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳанд расонид ва Худо аъмолашонро нобуд хоҳад кард.

33.Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худо ва ба паёмбар итоъат кунед ва аъмоли хешро (бо муртад шудан) ботил масозед.

34.Албатта, Худо касонеро, ки куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва дар куфр мурданд, ҳаргиз нахоҳад омурзид.

35.Сустӣ наварзед, то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо бартар ҳастед ва Худо бо шумост ва аз подошҳоятон (савоби амалҳоятон) ҳаргиз, кам нахоҳад кард.

36.Зиндагии инҷаҳонӣ фақат бозиву беҳудагист (магар он ки барои Худо бошад). Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Худо подошҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо амволатонро наметалабад.

37.Агар аз шумо моле талабад ва ба исрор ҳам талабад, он гоҳ бухл меварзед ва кинаҳои нуҳӯфтаатонро ошкор месозад.

38.Огоҳ бошед, ки шуморо даъват мекунанд, то дар роҳи Худо бахшиш кунед. Баъзе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар кас ки бухл варзад, дар ҳаққи худ бухл варзидааст. Зеро Худо бениёз аст ва шумо ниёзмандонед. Ва агар рӯй бартобед, ба ҷойи шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз ҳамсони шумо набошанд4.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.