Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Сураи ҲУҶУРОТ

СУРАТУ-Л-ҲУҶУРОТ бо хати кирили
(18 оях) (Сураи 48)

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим
Йа айюҳа-л-лазина аману ла туқаддиму байна ядайиллаҳи ва расулиҳи ва-т-тақуллоҳ. Инналлоҳа Самиъун Ъалим. 1. Йа айюҳа-л-лазина аману ла тарфаъу асватакум фавқа савти-н-набиййи ва ла таҷҳару лаҳу би-л-қавли ка ҷаҳри баъзикум ли баъзин ан таҳбата аъмалукум ва антум ла ташъурун. 2. Инна-л-лазина яғуззуна асватаҳум ъинда расулиллаҳи улайка-л-лазинамтаҳаналлоҳу қулубаҳум ли-т-тақва. Лаҳум-м мағфирату-в ва аҷрун Ъазим. 3. Инна-л-лазина юнадунака ми-в варои-л-ҳуҷурдти аксаруҳум ла яъқилун. 4.
Ва лав аннаҳум сабару ҳатта тахруҷа илайҳим ла кана хайра-л-лаҳум. Валлоҳу Ғафуру-р-Раҳим. 5. Йа айюҳа-л-лазина аману ин ҷаакум фасиқум би набаин фа табайяну ан тусибу қавмам би ҷаҳалатин фа тусбиҳу ъала ма фаъалтум надимин. 6. Ваъламу анна фикум расулаллоҳ. Лав ютиъукум фи касири-м мина-л амри ла ъаниттум ва лакинналлоҳа ҳаббаба илайкуму-л-имана ва зайянаҳу фи қулубикум ва карраҳа илайкуму-л-куфра ва-л-фусуқа ва-л-ъисйан. Улайка ҳуму-р-рошидун. 7. Фазла-м миналлоҳи ва ниъмаҳ. Валлоҳу Ъалимун Ҳаким. 8. Ва ин тоифатани мина-л муъмининақтаталу фа аслиҳу байнаҳума. Фа им бағат иҳдаҳума ъала-л-ухро фақотилу-л-лати табғи ҳатта тафиа ила амриллаҳ. Фа ин фаат фа аслиҳу байнаҳума би-л-ъадли ва ақситу. Инналлоҳа юҳиббу-л-муқситин. 9. Иннама-л-муъминуна ихватун фа аслиҳу байна ахавайкум. Ва-т-тақуллоҳа лаъаллакум турҳамун. 10. Йа айюҳа-л-лазина аману ла ясхар қавму-м мин қавмин ъаса ай якуну хайра-м минҳум ва ла нисау-м мин-н-нисайн ъаса ай якунна хайра-м минҳунн. Ва ла талмизу анфусакум ва ла танабазу би-л-алқоб. Биъса-л-исму-л-фусуқу баъда-л иман. Ва ма-л лам ятуб фа улайка ҳуму-з-золимун. 11.
Йа айюҳа-л-лазина амануҷтанибу касира-м мина-з занни инна баъза-з-занни исм. Ва ла таҷассасу ва ла яғтабб баъзукум баъзо. А-юҳиббу аҳадукум ай яъкула лаҳма ахиҳи майтан фа кариҳтумуҳ. Ва-т-тақуллоҳ. Инналлоҳа Таввабу-р-Раҳим. 12. Йа айюҳа-н-насу инна халақнакум мин закари-в ва унса ва ҷаъалнакум шуъуба-в ва қабаила ли таъарафу. Инна акрамакум ъиндаллоҳи атқокум. Инналлоҳа Ъалимун Хабир. 13. Қолати-л-аърдбу аманна қул-л лам туъмину ва лакин қулу асламна ва ламма ядхули-л-иману фи қулубикум. Ва ин тутиъуллоҳа ва расрлаҳу ла ялиткум-м мин аъмаликум шай-а. Инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳим. 14. Иннама-л-муъминуна-л-лазина аману биллаҳи ва расулиҳи сумма лам яртабу ва ҷаҳаду би амвалиҳим ва анфусиҳим фи сабилиллаҳ. Улайка ҳуму-с-содиқун. 15. Қул а-туъаллимуналлоҳа би диникум валлоҳу яъламу ма фи-с-самавати ва ма фи-л-арз. Валлоҳу би кулли шай-ин Ъалим. 16. Ямуннуна ъалайка ан асламу. Қул ла тамунну ъалайя исламакум балиллаҳу ямунну ъалайкум ан ҳадакум лил имани ин кунтум содиқин. 17. Инналлоҳа яъламу ғайба-с-самавати ва-л-арз. Валлоҳу басирум би ма таъмалун. 18.

Сураи ҲУҶУРОТ бо хати арабӣ

49|1|بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا لا تُقَدِّموا بَينَ يَدَىِ اللَّهِ وَرَسولِهِ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ سَميعٌ عَليمٌ

49|2|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا لا تَرفَعوا أَصوٰتَكُم فَوقَ صَوتِ النَّبِىِّ وَلا تَجهَروا لَهُ بِالقَولِ كَجَهرِ بَعضِكُم لِبَعضٍ أَن تَحبَطَ أَعمٰلُكُم وَأَنتُم لا تَشعُرونَ

49|3|إِنَّ الَّذينَ يَغُضّونَ أَصوٰتَهُم عِندَ رَسولِ اللَّهِ أُولٰئِكَ الَّذينَ امتَحَنَ اللَّهُ قُلوبَهُم لِلتَّقوىٰ لَهُم مَغفِرَةٌ وَأَجرٌ عَظيمٌ

49|4|إِنَّ الَّذينَ يُنادونَكَ مِن وَراءِ الحُجُرٰتِ أَكثَرُهُم لا يَعقِلونَ

49|5|وَلَو أَنَّهُم صَبَروا حَتّىٰ تَخرُجَ إِلَيهِم لَكانَ خَيرًا لَهُم وَاللَّهُ غَفورٌ رَحيمٌ

49|6|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا إِن جاءَكُم فاسِقٌ بِنَبَإٍ فَتَبَيَّنوا أَن تُصيبوا قَومًا بِجَهٰلَةٍ فَتُصبِحوا عَلىٰ ما فَعَلتُم نٰدِمينَ

49|7|وَاعلَموا أَنَّ فيكُم رَسولَ اللَّهِ لَو يُطيعُكُم فى كَثيرٍ مِنَ الأَمرِ لَعَنِتُّم وَلٰكِنَّ اللَّهَ حَبَّبَ إِلَيكُمُ الإيمٰنَ وَزَيَّنَهُ فى قُلوبِكُم وَكَرَّهَ إِلَيكُمُ الكُفرَ وَالفُسوقَ وَالعِصيانَ أُولٰئِكَ هُمُ الرّٰشِدونَ

49|8|فَضلًا مِنَ اللَّهِ وَنِعمَةً وَاللَّهُ عَليمٌ حَكيمٌ

49|9|وَإِن طائِفَتانِ مِنَ المُؤمِنينَ اقتَتَلوا فَأَصلِحوا بَينَهُما فَإِن بَغَت إِحدىٰهُما عَلَى الأُخرىٰ فَقٰتِلُوا الَّتى تَبغى حَتّىٰ تَفيءَ إِلىٰ أَمرِ اللَّهِ فَإِن فاءَت فَأَصلِحوا بَينَهُما بِالعَدلِ وَأَقسِطوا إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ المُقسِطينَ

49|10|إِنَّمَا المُؤمِنونَ إِخوَةٌ فَأَصلِحوا بَينَ أَخَوَيكُم وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُم تُرحَمونَ

49|11|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا لا يَسخَر قَومٌ مِن قَومٍ عَسىٰ أَن يَكونوا خَيرًا مِنهُم وَلا نِساءٌ مِن نِساءٍ عَسىٰ أَن يَكُنَّ خَيرًا مِنهُنَّ وَلا تَلمِزوا أَنفُسَكُم وَلا تَنابَزوا بِالأَلقٰبِ بِئسَ الِاسمُ الفُسوقُ بَعدَ الإيمٰنِ وَمَن لَم يَتُب فَأُولٰئِكَ هُمُ الظّٰلِمونَ

49|12|يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنُوا اجتَنِبوا كَثيرًا مِنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعضَ الظَّنِّ إِثمٌ وَلا تَجَسَّسوا وَلا يَغتَب بَعضُكُم بَعضًا أَيُحِبُّ أَحَدُكُم أَن يَأكُلَ لَحمَ أَخيهِ مَيتًا فَكَرِهتُموهُ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ تَوّابٌ رَحيمٌ

49|13|يٰأَيُّهَا النّاسُ إِنّا خَلَقنٰكُم مِن ذَكَرٍ وَأُنثىٰ وَجَعَلنٰكُم شُعوبًا وَقَبائِلَ لِتَعارَفوا إِنَّ أَكرَمَكُم عِندَ اللَّهِ أَتقىٰكُم إِنَّ اللَّهَ عَليمٌ خَبيرٌ

49|14|قالَتِ الأَعرابُ ءامَنّا قُل لَم تُؤمِنوا وَلٰكِن قولوا أَسلَمنا وَلَمّا يَدخُلِ الإيمٰنُ فى قُلوبِكُم وَإِن تُطيعُوا اللَّهَ وَرَسولَهُ لا يَلِتكُم مِن أَعمٰلِكُم شَيـًٔا إِنَّ اللَّهَ غَفورٌ رَحيمٌ

49|15|إِنَّمَا المُؤمِنونَ الَّذينَ ءامَنوا بِاللَّهِ وَرَسولِهِ ثُمَّ لَم يَرتابوا وَجٰهَدوا بِأَموٰلِهِم وَأَنفُسِهِم فى سَبيلِ اللَّهِ أُولٰئِكَ هُمُ الصّٰدِقونَ

49|16|قُل أَتُعَلِّمونَ اللَّهَ بِدينِكُم وَاللَّهُ يَعلَمُ ما فِى السَّمٰوٰتِ وَما فِى الأَرضِ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيءٍ عَليمٌ

49|17|يَمُنّونَ عَلَيكَ أَن أَسلَموا قُل لا تَمُنّوا عَلَىَّ إِسلٰمَكُم بَلِ اللَّهُ يَمُنُّ عَلَيكُم أَن هَدىٰكُم لِلإيمٰنِ إِن كُنتُم صٰدِقينَ

49|18|إِنَّ اللَّهَ يَعلَمُ غَيبَ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَاللَّهُ بَصيرٌ بِما تَعمَلونَ

Тарчумаи Сураи ҲУҶУРОТ(ҳуҷраҳо)

Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон!

1.Эй касоне, ки имон овардаед, бар Худову паёмбари ӯ пешдастӣ макунед (ҳеҷ ҳукмеро бар ҳукми Худо ва паёмбараш муқаддам масозед ва пеш аз фаҳму дарёфти дастури Худо ва расул дар бораи ҳукм сухане нагӯед ва аз худ ҳукме накунед) ва аз Худо битарсед, зеро Худо шунавову доност (ба гуфтору кирдоратон)!

2.Эй касоне, ки имон овардаед, садои худро аз садои паёмбар баландтар макунед ва ҳамчунон, ки бо якдигар баланд сухан мегӯед, бо ӯ ба овози баланд сухан магӯед, ки аъмолатон ночиз шавад ва шумо огоҳ нашавед.

3.Ҳаройна, касоне, ки дар назди  паёмбари Худо садояшонро поин меоваранд, ҳамонҳоянд, ки Худо дилҳояшонро ба тақво озмудааст. Онҳорост омурзишу музди бисёр.

4.Ҳаройна, онҳое, ки аз он сӯи ҳуҷраҳо нидоят медиҳанд, бештарашон намедонанд (ки ту чӣ мақоми волое дар даргоҳи Худо дорӣ ва бояд бо ту боэҳтиром рафтор кунанд).

5.Агар сабр мекарданд, то ту худ берун меомадӣ ва назди онҳо мерафтӣ, албатта, барояшон беҳтар мебуд ва Худо омурзандаи меҳрубон аст!

6.Эй касоне, ки имон овардед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед.

7.Ва бидонед, ки ҳаройна, паёмбари Худо дар миёни шумост. Агар дар бисёре аз корҳо аз шумо фармон бибарад, ба ранҷ меафтед. Вале Худо имонро маҳбуби шумо сохт ва онро дар дилатон биорост ва куфру фисқу исёнро дар назаратон макрӯҳ гардонид. Инҳо худ роҳёфтагонанд.

8.Бахшишу неъматест аз ҷониби Худо ва Худо донову ҳаким аст!

9.ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон оштӣ афканед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре даст дарозӣ кард, бо он ки дастдарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Худо бозгардад. Пас, агар бозгашт, миёнашон сулҳе одилона барқарор кунед ва адолат варзед, ки ҳаройна, Худо одилонро дӯст дорад.

10.Ҳаройна, мӯъминон бародаронанд. Миёни бародаронатон оштӣ бияфканед ва аз Худо битарсед, то ки бар шумо раҳмат орад.

11.Эй касоне, ки имон овардаед, мабод, ки гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он  масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва мабод, ки гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки тавба намекунанд, худ ситамкоронанд.

12.Эй касоне, ки имон овардаед,аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Ҳаройна, баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст. Ва дар корҳои  пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, ҳаройна, Худо тавбапазиру меҳрубон аст!

13.Эй мардум, ҳаройна, Мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем. Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост. Ҳаройна, Худо огоҳ ва бохабар аст!

14.Арабҳои бодиянишин гуфтанд: «Имон овардем!» Бигӯ: «Имон наёвардаед. Бигӯед, ки таслим шудаем ва ҳанӯз имон дар дилҳоятон дохил нашудааст. Ва агар Худову паёмбарашро итоъат кунед, аз савоби аъмоли шумо кам карда намешавад, ҳаройна, Худо омурзандаву меҳрубон аст».

15.Ҳаройна, мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба  Худову паёмбари ӯ  имон овардаанд ва дигар шак  накардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод карданд. Инҳо ростгӯёнанд.

16.Бигӯ: «Оё мехоҳед Худоро аз диндории худ огоҳ кунед? Ҳол он ки Худо аз ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, огоҳ аст ва ӯ ба ҳар чизе дақиқан огоҳ аст!»

17.Аз ин ки ислом овардаанд, бар ту миннат мекунанд. Бигӯ: «Ба хотири исломатон бар ман миннат магузоред, балки Худо ба он сабаб, ки шуморо ба имон роҳ намудааст, бар шумо миннат мениҳад, агар рост мегӯед!»

18.Ҳаройна, Худо ғайби осмонҳову заминро медонад ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Один комментарий

  1. I do not even know how I ended up here, but I thought
    this post was great.
    I don’t know who you are but definitely you are going to a famous blogger if you aren’t already
    Cheers!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *