Сангзанӣ ба рамзи шайтон

Вақте ҳоҷиён субҳи Иди Қурбон аз Муздалифа ба Мино расиданд, бояд дар ин рӯз корҳои зеринро анҷом диҳанд:

1.Рамйи “Ҷамратул ақаба” (санг задан ба рамзи Шайтон).

2.Забҳи қурбонӣ.

3.Тарошидан ва ё кӯтоҳ кардани мӯи сар.

4.Тавофи зиёрат ва саъйи байни Сафою Марва (агар қаблан саъй накарда бошад).

Рӯзи якуми Ид ҳоҷиён бо худ ҳафт адад сангрезаи аз Муздалифа чидаашонро гирифта, ба сӯи “Ҷамратул ақаба” равон мешаванд. Дар он ҷо ба рамзи Шайтон санг мезананд. Бо партоб кардани ҳар санг ба сӯи Шайтон такбир гуфта мешавад. Бо задани санги нахустин талбиягӯиро қотеъ мекунанд. Ҳангоми бозгашт ин дуоро мехонанд: “Аллоҳуммаҷъалҳу ҳаҷҷан мабруран ва саъян машкуран ва занбан мағфуро”.

Сипас, ҳоҷиён ба қурбонгоҳ рафта гӯсфанд ё шутур қурбонӣ мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ намоянда рафта мувофиқи рӯихат чорворо забҳ менамоянд. Аз гӯшти қурбонӣ соҳибонашон низ мехӯранд ва ба фақиру мискинон медиҳанд. “Қисми зиёди гӯшти қурбониро дар мошин – яхдонҳо ҷой карда ба кишварҳои қашшоқ мефиристанд”.

Баъди қурбонӣ ҳоҷиён мӯи сари худро кУтоҳ мекунанд. Тарошидани мӯйҳо аз кӯтоҳ кардани он савоби бештар дорад.Занон каме мӯи сарро кӯтоҳ мекунанд. Пас аз кӯтоҳ кардан ё тарошидани мӯи сар ҳоҷиён аз иҳром мебароянд.

Рӯзҳои дуюму сеюми Ид (11-12 Зулҳиҷҷа) ҳоҷиён 21-тоӣ санг гирифта, ба се рамзи Шайтон (ҳафтоӣ) санг мезананд. Таи ин муддат ҳоҷиён дар Мино будубош мекунанд. Онҳо асосан ба тиловати Қуръон, дуову зикр ва хондани намозҳои нафл машғул мешаванд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.