Муҳаббати Паёмбар (С) Ба Оиша

Аз Анас (р) ривоят мекунанд, ки гуфт:

-Аввалин муҳаббате, ки дар Ислом рӯй дод, муҳаббати пайғамбар ба Оиша буд»

(Аз «Тазҳибу ҳилятил-авлиё», с.271,ҷ.1.)

Аз  Амр ибни Ғолиб ривоят аст, ки марде дар ҳузури Аммор ибни Ёсир(р) нисбати  Оиша (р) суханони  носазо гуфт.

Аммор ба вай гуфт:

«Дур шав аз наздам зиштрӯй, оё ту дӯстдоштаи Расулуллоҳро  носазо мегӯӣ!?»

 (Инро Имом Тирмизӣ ривоят карда ҳадисро ҳасану саҳеҳ гуфта аст).

Амр ибни Ос (р) ривоят кардаанд, ки вай назди Расулуллоҳ рафта, гуфт:

– Киро аз ин мардум  бештар дӯст медорӣ, эй Расулуллоҳ?

Гуфт:

-Оишаро Амр гуфт:

-Аз мардҳо чӣ?

Гуфт:

-Падари Оишаро.

Амр гуфт:

Пас аз ин киро? Гуфт:

-Умарро

(Ин ҳадисро Бухориву Муслим ривоят кардаанд).

Табаронӣ аз Оиша (р) ривоят кардааст, ки вай гуфт:

  • Маҳбубтарини мардум дар назди шумо чӣ касест, ё Расулуллоҳ?

Расули акрам (с) гуфтанд:

 -Чаро мепурсӣ?

Оиша гуфт:

  • То он касеро, ки ту дӯст медорӣ ман низ дӯст бидорам.

Расули акрам гуфтанд:

  • Оишаро

Табаронӣ аз Умми Салама (р) ривоят кардааст, ки умми Салама рӯзи вафоти Оиша (р) гуфт:

  • Имрӯз дӯсдоштатарин шахси Расулуллоҳ (с) вафот кард.

(Субулалҳудо варрашод, с.170,ҷ.11.)

1. Умми Салама (р) ва Оиша (р) ҳарду зани Паёмбар мебошанд. Субҳонака ё муқаллибалқулуб.

ШАФҚАТИ РАСУЛИ ХУДО (С) БА ОИША

Имом Муслим аз Оиша (р) ривоят кардааст, ки гуфт:

  «Расулуллоҳ (с) маро амр мекард, то аз зарари чашм, ки ба ман мерасад талаби руқъа кунам». Яъне Оиша (р)-ро чашм мерасид, пас Расули Худо аз ҷиҳати дилсӯзияш нисбати вай ӯро иҷозат медод, то аз касе бихоҳад, ки ӯро дуъохонӣ кунад, то зарари чашми бад рафъ шавад[1].

ВАЙ ДУХТАРИ АБУБАКР АСТ

Расули Худо (с) дӯст медоштанд, ки ҳангоме ба Оиша ситаме карда шавад ва ё ба вай таънае зада шавад, Оиша худаш аз худаш дифоъ бикунад. Агар касе, дар ҳаққи Оиша чизе мегуфт, Расулуллоҳ сухани он касро намепазируфт, зеро парҳезкор ва диндории Оишаро медонист ва низ медонист, ки дигар занҳояш ба хотири обурӯяш ва мақому манзалаташ дар назди вай ба Оиша рашк мекунанд. Аз  ҷумла ҳазрати Оиша (р) онро ривоят карда, мегӯяд:

 «Занони дигари Паёмбар (с) Фотима духтари гиромии он ҳазратро ба назди Расулуллоҳ фиристоданд. Фотима ба дари хона омада, иҷозат хост ва расули Худо ба вай иҷозати даромадан доданд дар ҳоле, ки он ҳазрат ҳамроҳи ман дар зери чодари  ман як паҳлӯ дароз кашида буд. Фотима арз кард.

Эй Расули Худо, занони дигаратон маро ба наздатон фиристоданд ва онҳо хоҳиши онро доранд, ки миёни онҳо ва набераи Абуқуҳофа (яъне Оиша)  дар муҳаббат  низ баробарӣ  бикунед.

 Оиша (р) мегӯяд:

  • Ман хомӯш истода чизе нагуфтам. Расулуллоҳ ба Фотима (р) гуфтанд:
  • Эй духтарҷонам, оё ту онеро, ки ман дӯст медорам дӯст намедорӣ?

Фотима гуфт: – Бале, (дӯст медорам) Расулуллоҳ гуфтанд:

  • Пас, агар чунин аст,  Оишаро дӯст бидор.

Фотима чун ин суханро аз Расулуллоҳ шунид бар хоста назди он занҳо рафт ва  ба онҳо он чиро, ки Паёмбар гуфт, пурра фаҳмонид. Он занҳо гуфтанд:

Ба фикри мо ҳоҷати  моро бароварда насохтӣ, пас аз нав ба назди Расулуллоҳ бирав ва ба он кас бигуй:

  • Занҳои дигаратон аз шумо талаб доранд, ки миёни онҳо ва набераи Абуқуҳофа (яъне Оиша) дар муҳаббат низ баробарӣ бинамоед.

Фотима дар посухи онҳо гуфт:

  • Савганд ба номи Аллоҳ, ки дигар бо падарам дар ин  мавзӯъ гуфтугӯ намекунам.

Оиша мегӯяд:

  • Пас аз ин занҳои дигари Паёмбар Зайнаб духтари Ҷаҳшро, ки яке аз ҳамсарони он ҳазрат буд ба наздаш фиристоданд. Зайнаб дар миёни занҳои Паёмбар дар мартаба ва манзалату мақом бо ман баробарӣ мекард[2]. Ман занеро надидаам, ки дар диндорӣ аз Зайнаб беҳтар бошад ва аз вай парҳезкортару худотарс ва ростгӯй, бо хешовандон бамуросо  ва дар садақа додан дастболотар бошад.

Ҳеҷ занеро надидаам, ки дар садоқат  ва дар анҷоми корҳое, ки касро ба Худо наздик мекунад ҷонфидотар аз Зайнаб бошад. Лек зуд хашмнок мешуд, аммо дар ҳол хашмашро фурӯ мебурд.

Пас, ба Зайнаб иҷозати даромадан дода шуд. Чун даромад Расулуллоҳро дар ҳамон аҳволе, ки Фотима гуфа буд, дар зери  чодари Оиша дид. Зайнаб суханро оғоз карда гуфт:

  • Эй Расулуллоҳ (с) занони дигаратон маро ба хотири он ба наздатон фиристоданд, ки ин хоҳишашонро ба шумо расонам, ки шумо миёни онҳо ва набераи Абуқуҳофа дар муҳаббат баробарӣ кунед. Оиша (р) мегӯяд:
  • Пас  аз ин Зайнаб ба ман рӯй овард ва бо ман муноқиша кард. Ман бошам интизор будам, ки Расулуллоҳ чӣ мегӯяд ва ба чашмонаш менигаристам, ки оё ишорае мекунад, то ман ҷавоби Зайнабро бидиҳам. Оиша мегӯяд:
  • Зайнаб аз ҷояш  як су нашуда буд, ки бароям маълум гашт, ки Расулуллоҳ (с)  пуштибониямро аз худам зишт намешуморад.

Оиша мегӯяд:

  • Чун ман ба ҷавоби Зайнаб пардохтам, дигар барояш маҷоли ҳарф задан надодам ва дар гуфтугӯ шикасташ додам. Расулуллоҳ (с) пас аз ин табассум карда, фармуд: – Вай духтари Абубакр аст Имом Нававӣ мегӯяд:
  • Бидон, ки дар ин ҳадис далеле бар ин нест, ки Расулуллоҳ (с) Оишаро иҷозат дода бошад ва ё ба чашму дигар узве ба вай ишорае кардааст, балки чунин гумон ҳалол нест, зеро хиёнат ба чашм барои Расули Худо ҳаром аст. Дар ин ҳадис ҳамин қадар далолат аст, ки Оиша аз худаш пуштибонӣ кард ва Расули Худо вайро аз ин кораш манъ накард. Аммо, сухани Расули акрам, ки:

«Вай духтари Абубакр аст».

Маънояш ин аст, ки Расулуллоҳ ба камоли фаҳму заковати Оиша ишорат кардаанд.

(Шарҳи «Саҳеҳ»-и Муслим, с. 203,ҷ.15.)

Ин ҳадис маънои онро надорад, ки Расули акрам (с) Оишаро ба зулму ситам нигоҳ дошта бошад, зеро Зайнаб аввалин шуда ба танқиду мазаммати Оиша пардохта буд. Пас, Оиша ҳақ дошт,  бо роҳе, ки хилофи шариат нест, аз худаш дифоъ кунад ва ҷавоби Зайнабро бидиҳад. Худованд аз Зайнабу Оиша ва ҳамаи ҳамсарони поки Расули акрам (с) хушнуду розӣ бод.

МУҲАББАТИ РАСУЛИ АКРАМ (С)  НИСБАТ БА ОИША

Мардуми замони Паёмбар (с) медонистанд, ки Расули Худо ба Оиша муҳаббати зиёде дорад. Аз ҳамин ҷиҳат ҳадяҳои худро ба Паёмбар (с) дар рӯзи навбати вай мефиристоданд ва ё меоварданд.

Оиша (р) мегӯяд:

– Мардум кӯшиш мекарданд, то ҳадяҳояшонро рӯзи навбати ман фиристанд. Мақсади онҳо аз ин, касби ризои Расулуллоҳ (с) буд.

(Ҳадис аз Бухорӣ ривоят шудааст).

МАРО ДАР МУҲАББАТАМ НИСБАТ БА ОИША (Р) АЗИЯТ МАДЕҲ

Аз Оиша ривоят мекунанд, ки ҳамсарони Расулуллоҳ (с) ду гурӯҳ шуда буданд.

Дар гурӯҳе: Оишаву, Ҳафсаву Сафияву, Савда ва дар гурӯҳи дигар: Умми Салама, бо дигар ҳамсарони он ҳазрат буданд. Мусалмонон медонистанд, ки Расули акрам(с) Оишаро бештар дӯст медорад. Аз ин сабаб  ҳар касе, ки ҳадя кардан мехост, он ҳадяашро замоне мефиристод, ки Расули Худо(с) дар хонаи Оиша мебуд. Гурӯҳи Умми Салама (р) бо ҳамдигар сӯҳбат карда ба вай маслиҳат доданд, ки бирав ва ба Расулуллоҳ бигӯй, то ба мардум бифармояд, ки ҳар, ки барои Паёмбар ҳадя дорад фақат замони дар хонаи Оиша будани он кас нафиристонанд, балки вақти дар хонаи ҳар кадоме аз ҳамсарони дигар буданаш низ фиристанд. Умми Салама ин дархостро ба Расули акрам (с) расонд, аммо Расулуллоҳ чизе нагуфт. Гурӯҳи Умми Салама аз вай натиҷа пурсиданд. Ба онҳо гуфт:

  • Ба он ҳазрат арзи шуморо расонидам, аммо чизе нагуфт.

Онҳо ба вай гуфтанд:

  • Бори дигар бирав ва ин арзро такрор намой.

Умми Салама мегӯяд:

  • Ман боз ин арзро ба он ҳазрат расонидам, лек ин дафъа ҳам чизе нагуфт.

Пас, занҳои Расули акрам (с) боз аз Умми Салама дар ин маврид пурсон шуданд.

Гуфт:

  • Ба ман ҷавобе надод.

Онҳо ба вай гуфтанд:

  • Туин арзро то оне, ки ҷавобе бигирӣ, такрор бикун.

Пас, боз дар навбати Оиша рафтаму ин арзро такрор намудам.

Пас, Расули акрам ба Умми Салама гуфт:

«Маро дар муҳаббату алоқаам бо Оиша азият мадеҳ, зеро ба ҷуз аз бистари хоби Оиша бароям дар бистари дигар азвоҷи мутаҳҳарот ваҳй наомадааст».

Умми Салама гуфт:

  • Ман ба Худо тавба мекунам, эй расули Худо аз ин, ки туро азият додам.

 (Ин ҳадисро Имом Бухорӣ ривоят кардааст).

Ин ҳадис сабаби зиёд будани муҳаббати Паёмбар (с)-ро  ба Оиша баён медорад.  Ин бар он далолат мекунад, ки Оиша дар назди Худованди азизу ҷалил соҳиби фазилат аст. Пас, чи гуна Паёмбар касеро дӯст надорад, ки Худо вайро дӯст медорад.


[1] Аз ин маълум шуд, ки захми чашмро муњраи чашмию хори пушти дарвозаву наъли асп ва латтасўзї фоида надоштааст, балки бо ќуръонхонї ё дуоњое, ки дар њадис омадааст муъолиља бояд кард.

[2] Зайнаб (р) адлу баробариро дар муњаббат талаб карда буд, ки ин номумкин аст, зеро дили кас дар ихтиёраш нест. Оиша (р) гуфтааст: Расулуллоњ (с) дар шаббошию навбати нафаќаву таъминот ва њуќуќи шаръї дар миёни занњояш адлу инсоф ва баробариро одилона риоят мекарданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.