ЛУТФУ МЕҲРУБОНИИ РАСУЛУЛЛОҲ (С) БА ОИША (Р)

Оиша (р) лутфу меҳрубонӣ ва нармахлоқии Расули акрамро бо ҳамсаронаш ривоят карда мегӯяд:

Расулуллоҳ ба ман гуфт:

«Ман ҳолатеро, ки ту аз ман хушҳолу розӣ мешавӣ ва ҳолатеро, ки бар ман хашм мегирӣ, медонам» Оиша гуфт:

  • Аз куҷо ин ҳолатҳои маро мефаҳмӣ?

Расулуллоҳ гуфт:

  «Аммо ҳолате, ки аз ман хушҳолу розӣ бошӣ пас дар суханонат мегуӣ: Не, савганд ба Парвардигори Муҳаммад ва агар норозӣ бошӣ мегӯӣ: Не, савганд ба Парвардигори Иброҳим».

Оиша гуфт:

  • Оре,  Эй расули Худо, қасам ба Худо ман ба ҷуз номатон чизеро тарк намекунам.

(Ин ҳадисро Бухориву Муслим ривоят кардаанд).

Бар тамоми мардони уммат лозим аст, ки аз расули Худо муомила карданро бо ҳамсар омӯзанд. Зан таъсирпазир буда, сухани нармро  меписандад ва бо меҳр ва бо табассуму хушҳолӣ бо вай муомила намуданро дӯст медорад. Агар шавҳар бо вай чунин муомила намояд зан худро бисёр хушнуд меҳисобад, аз хушию шодмонӣ ба фараҳ меояд.

ФОИДАҲОИ ИЛМИЕ, КИ АЗ ИН ҲАДИС ВА ҲАДИСИ ҚАБЛӢ ҲОСИЛ МЕШАВАНД

   Дар ин ҳадис маноқиб ва авсофи ҳамидаи Оиша(р) ба таври равшан инъикос ёфтааст. Онҳое, ки интизорӣ кашида ҳадяҳои худро танҳо дар навбати Оиша ба Расули акрам (с) тақдим мекарданд, ин корро ба ихтиёри худашон мекарданд, бе он ки Паёмбар (с) ба онҳо амр ё пешниҳод карда бошад. Паёмбар (с) ба он хотир онҳоро аз ин амал боз намедошт, ки даст задан ба чунин коре аз камоли ахлоқ дур аст, зеро он маънои талабидани ҳадя аз мардумро дорад. Аз ин ҳадис бармеояд, ки мардум ҳангоми хурсандӣ ҳадя медодаанд, то ки он сабаби зиёд шудани муҳаббати якдигар гардад. Аз ин маълум мешавад,  занҳо барои ба даст овардани муҳаббати шавҳар бо якдигар мусобиқа мекардаанд ва ба якдигар рашк мебурдаанд. Мард метавонад ҳангоми баҳси занҳояш сукут карда, аз ҳеҷ кадомаш пуштибонӣ накунад.

Аз ин дониста мешавад, ки шикояту гила кардан ба шавҳар, ҳатто ба василаи миёнарав ,ҷоиз аст. Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, ки ҳамсарони Паёмбар (с) вайро ниҳоят эҳтиром намуда, аз эшон ҳаё мекардаанд, бори аввал ҳатто худашон  нарафта,  азизтарин кас дар назди Расулуллоҳ, яъне Фотима (р)-ро ҳамчун намоянда фиристоданд.

Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, ки ҳамсарони он ҳазрат ниҳоят занҳои бофаҳм буда, дарҳол ба ҳақ бармегаштанд.

Умми Саламаро бубин, ки дарҳол аз кори худ пушаймон шуда, тавба намуд. Аз ин ҳадис маълум шуд, ки дигар ҳамсарони Расулуллоҳ(с) ба хотири он ҳамсарашон Зайнаб духтари Ҷаҳшро намоянда фиристоданд, ки Зайнаб инчунин духтари аммаи пайғамбар буд.

Паёмбар (с) Зайнабро маъзур шуморида, ҷазояш надод бо он, ки вай аз Расулуллоҳ дар муҳаббат адлу баробарӣ талаб кард, зеро оташи рашк бар ӯ ғалаба карда буд, ҳол он ки Зайнаб худаш медонист, ки одилтарини мардум Расулуллоҳ (с) аст.

(«Фатҳ-ул -борӣ, с. 246, ҷ.5.)

МУСОБИҚАИ ПАЁМБАР (С) БО ОИША

Аз худи Оиша ривоят аст, ки гуфт:

Дар сафаре ҳамроҳи Расули акрам (с) будам.

Расулуллоҳ ба ман гуфт:

«Биё бо ту мусобиқа бикунам».

Оиша мегӯяд:

-Ман бо он ҳазрат ба мусобиқаи давидан пардохта, он касро дар давидан пешдастӣ кардам. Баъдан чун ман синну солам бузургтар шуд ва боз бо он ҳазрат ба мусобиқа пардохтем он кас маро мағлуб сохту гуфт:

«Эй Оиша ин дар баробари он бохти пешина»

(Ин ҳадисро Аҳмад ва Абудовуд ривоят карда,  Албонӣ саҳеҳаш гуфтааст.)

ФАЗЛУ БАРТАРИИ ОИША БАР ЗАНОНИ ДИГАР

Аз Анас ибни Молик(р) ривоят кардаанд, ки гуфт:

– Аз Паёмбар(с) шунида будам, ки мегуфт: «Бартарии Оиша бар занон мисли  бартарии  сарид[1] аст бар хӯрокҳои дигар»

(Ин ҳадисро Бухориву Муслим ривоят кардаанд).

САЛОМ ФИРИСТОДАНИ ҶАБРАИЛ (Ъ) БАР ОИША

    Аз Оиша ривоят кардаанд, ки Паёмбар (с) ба вай гуфт: «Ҷабраил ба ту салом мегӯяд».

Оиша дар ҷавоб гуфт:

Салом ва раҳмати Худо бар вай бод.

(Ин ҳадис бо ривояти Бухориву Муслим аст).

ФОИДАҲОИ ИЛМИИ ИН ҲАДИС

Нававӣ гуфтааст:

– Дар ин ҳадис баёни фазилати Оиша (р) равшан аст. Аз ин ҳадис бармеояд, ки салом фиристодан мустаҳаб аст. Намояндаро лозим аст, ки саломро ба шахси маълумшуда бирасонад. Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, ки агар хавфи фасод набошад, марди бегонаи солеҳ метавонад ба зане салом бифиристад ва бояд мард ҷавоби саломи фиристодашударо бидиҳад.

РАСУЛИ АКРАМ БА ҶУЗ ОИША (Р) ЗАНИ ДӮШИЗАИ ДИГАРЕ НАГИРИФТА БУД

 Аз Оиша ривоят аст, ки ба Расули Худо гуфт:

– Фикри хешро барои ман дар ин бора баён кунед, ки агар ба водие фурӯд оед ва дар он ҷо буттае бошад, ки он хурда шудааст ва буттаи дигаре бошад, ки онро чорпое даҳон назада бошад, шумо уштуратонро дар кадоми он мечаронед (мурод аз буттаи хурдашуда, зани шавҳардида ва буттаи нохӯрда, духтари шавҳар надида аст). Расули акрам фармуд:

 «Уштури худро дар он буттае хоҳам чаронд, ки ба он чорпое даҳон назадааст». Оиша мехоҳад бо ин масалаш баён кунад, ки  Расулуллоҳ (с) ғайр  аз ман зани шавҳарнодидае нагирифтааст.

(Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст).


[1] Сарид – бењтарини навъе аз таом дар он давр, ки порањои нонро дар шўрбои гуштї тар мекарданд.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.