СӮҲБАТИ ОН ҲАЗРАТ БО ОИША (Р) ДАР САФАР

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт:

«Расули Худо (с) ҳар гоҳе, ки ба сафаре мебаромаданд миёни ҳамсарони худ қуръа[1]меандохтанд. Қуръа ба номи ҳар кӣ мебаромад, дар он сафар вай он ҳазратро ҳамроҳӣ мекард. Боре қуръа ба номи Оишаву Ҳафса баромад, пас ҳарду ҳамроҳи он ҳазрат ба сафар баромаданд. Чун шаб шуд, Расули акрам (с) ҳамроҳи Оиша сайр намуда, бо вай сӯҳбат мекард.

 Ҳафса ба Оиша гуфт:

  • Оё ту ба уштури ман савор намешавӣ ва ман ба уштури ту савор  шавам, то ончиро, ки ту мебинӣ, ман ҳам бубинам?

Оиша гуфт:

  • Бале  савор мешавам.

 Пас Оиша уштури Ҳафсаро савор шуд ва Ҳафса ба уштури Оиша. Расули акрам (с) ба назди уштури Оиша, ки акнун Ҳафса бар он савор буд омада, салом карду ҳамроҳи вай сайр намуд ва дар ҷое фурӯд омад. Оиша (р) чун ин ҳолатро дид, ғайраташ  ҷӯш зад. Чун фурӯд омаданд, Оиша пойҳои худро дар миёни гиёҳҳои изхир (найи хушбӯй, муаттар) гузошт ва мегуфт:

Худоё каждуме ё мореро бар ман мусаллат гардон, то маро неш бизанад. Чун шавҳарам расули туст наметавонам чизе бигӯям.

 (Ин ҳадисро Имом  Муслим ривоят кардааст).

БА ИҶРО РАСОНИДАНИ ПАЁМБАР ХОҲИШОТИ ОИШАРО

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки гуфт:

  • Мо ба ҷониби Макка руй овардем, дар ҳоле, ки эҳроми ҳаҷ баста будем ва Оиша ҳаҷҷи Умраро ният карда буд. Замоне, ки ба мавзеи Сарф расидем Оиша ҳайз дид. Расули Худо даромаду вайро дар ҳоле дарёфт, ки мегирист. Расулуллоҳ (с) ба вай гуфт:
  • Сабаби гиряат чист?

Оиша гуфт:

  • Ман ҳайз дидам.

Расулуллоҳ (с) гуфт:

  • Ин чизест, ки онро Худо бар духтарони одамизод нивиштааст, пас ғусл бикуну баъдан эҳроми ҳаҷро ният бикун.

Оиша ҳамин тавр карда, ғайр аз тавоф дигар ҳамаи ибодатҳои ҳаҷро анҷом бидод ва чун аз ҳайз пок шуд тавофи Каъба ва саъйи Сафову Марваро ба ҷо овард.

Баъдан Расулуллоҳ (с) ба вай гуфт:

  • Ту, ҳам аз ҳаҷҷат ва ҳам аз умраат, аз ҳарду, пурра ҳалол шудӣ.

Оиша гуфт:

  • Эй Расули Худо, дар дилам фикрҳои ҳархеларо меёбам, ки ман аввал ҳаҷро анҷом дода, пас аз он тавоф кардам, ҳол он ки бояд пеш аз ҳама тавоф мекардам. Расулуллоҳ (с) марди нармахлоқ ва поксиришт буд. Агар

Оиша чизе мехост, дархости ӯро анҷом медод. Пас, Оишаро ҳамроҳи бародараш Абдурраҳмон ибни Абубакр фиристод ва вай аз минтақаи Танъим аз нав эҳроми умра баст.

(Ин ҳадис бо ривояти Муслим аст).

РАСУЛУЛЛОҲ (С) ИНТИЗОР ШУДАНД, ТО ОИША УМРААШРО АНҶОМ ДИҲАД

     Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) дар минтақаи Муҳассаб интизор шуданд, то он ки Оиша аз «Танъим» дубора эҳроми умра баста ва умраро анҷом дода, нисфи шаб ҳамроҳи бародараш баргашт. Баъдан расулуллоҳ (с) ёронро хабар кард, то кӯч барбанданд. Пас аз Муҳассаб берун рафта, ба хонаи Каъба гузашта, ба гирдаш пеш аз намози субҳ тавоф намуд.

(Ин ҳадис ривоят аз Бухорӣ  ва Муслим аст).

Дар ривояте аз ривоятҳои Бухорӣ чунин аст:

Абдурраҳмон ва Оиша (р) ҳар ду омаданд, пас Расулуллоҳ (с) гуфтанд:

  • Ҳар дуятон умраро анҷом додед?

Гуфтанд:

  • Оре.

Пас, дар миёни ёрон нидо кард, то кӯч барбанданд. Пас, мардум аз он ҷо ба Мадина баргаштанд.

НАПАЗИРУФТАНИ ОН ҲАЗРАТ (С) ДАЪВАТИ ҲАМСОЯАШРО БА ХОТИРИ ОИША

Аз Анас (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) ҳамсояе дошт, ки форсизабон буд ва ниҳоят шӯрбои болаззат мепухт.

Рӯзе барои Расулуллоҳ (с) шӯрбо пухта омад, то он касро даъват кунад , Расулуллоҳ (с):

-Инро ҳам даъват кунед, – гуфта, ба Оиша ишорат намуд.

Он мард гуфт:

  • На, фақат шуморо.

Расулуллоҳ (с) гуфтанд:

  • Дар ин сурат даъвати туро намепазирам.

Он мард боз баргашта  Паёмбар (с)-ро  даъват намуд ва он ҳазрат боз гуфт:

 -Ва инро ҳам?

Он мард гуфт:

  • На, фақат шуморо

Расулуллоҳ (с) гуфт:

  • На, дар  ин сурат даъватро қабул намекунам.

Он мард дафъаи саввум омада он ҳазратро даъват карданд ва он ҳазрат боз гуфтанд:

  • Инро ҳам?

Он мард дар дафъаи саввум розӣ шуд:

Пас, Расулуллоҳ (с) ва Оиша аз ҷой бархоста,  ҳамроҳ ба хонаи он мард рафтанд.

(Ин ҳадисро имом Муслим ривоят кардааст)

ИҶОЗА ДОДАНИ ОН ҲАЗРАТ (С) ОИШАРО БАРОИ МУШОҲИДАИ БОЗИИ ҲАБАШИҲО

Оиша (р) мегӯяд:

  • Расули Худоро дидам, ки ба  дари ҳуҷраи ман истода буд ва ҳабашиҳо дар масҷид бо найзаҳои худ найзапартои мекарданд. Расулуллоҳ (с) маро ба чодари худ пушонд, то ба хубӣ бозии онҳоро  тамошо кунам. Расулуллоҳ (с) чунин мекард ва ба хотири ман меистод, то ки ман худам ба хоҳиши худ аз тамошо даст бикашам. Пас, шумо қадри духтарони  навҷавонро, ки ба бозӣ шавқу завқ доранд, бидонед.

(Инро Бухориву Муслим ривоят кардаанд )

Дар ривояте бо чунин лафз омадааст, ки рӯзи ид буд ва сиёҳпустон бо сипару найзаҳо ба бозӣ машғул буданд дар чунин ҳолатҳо ё ман аз он ҳазрат хоҳиш мекардам ва ё худашон мегуфтанд:

  • Хоҳиши тамошо дорӣ?

Мегуфтам:

  • Оре
  • Пас, маро дар пушти худ қарор дода, ба ҳабашиҳо мегуфтанд:
  • Бозӣ кунед, эй бани Арфида[2]

Ман он андоза тамошо мекардам, ки малолу хаста мешудам.

Он ҳазрат мепурсиданд:

  • Бас аст?

мегуфтам:

  • Оре.

Бароям мегуфтанд:

  • Акнун бирав.

(Инро Бухориву Муслим ривоят кардааст)

Расули Худо аввалин шуда, Оишаро ихтиёр кард ва Оишаро  низ Худо барои Расули акрам (с) насиб гардонид. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки гуфт:

  • Абубакр (р) омад, то аз Паёмбар (с) иҷозати даромадан гирад. Мардумро дид, ки дар пушти дари он ҳазрат нишастаанд ва ба ҳеҷ яке иҷозати духул дода нашудааст.

Ҷобир мегӯяд:

  • Ба Абубакр (р) иҷозат шуд, то ба хонаи он ҳазрат дарояд. Баъдан Умар (р) омаду иҷозат хост ва пас аз иҷозат вориди хона шуд. Пас дид, ки Паёмбар (с) ғамгину хомӯш нишастааст ва ҳамсаронаш дар атрофаш давра гирифтанд.

Ҷобир (р) мегӯяд:

Умар худ ба худ гуфт:

  • Албатта, чизе хоҳам гуфт, ки Паёмбаро хушнуд созам.

 Пас, гуфт:

  • Эй Расулуллоҳ! Агар духтари Хориҷа, ки хонуми ман аст аз ман нафақаи бештар ва аз он андоза, ки лозимист талаб кунад аз ҷоям хеста аз гулӯяш гирам, чӣ мешавад? Расули Худо (с) хандида гуфтанд:
  • Инҳо дар атрофи ман ҳамон гунае, ки мебинӣ аз ман нафақаи бештар талаб доранд.

Абубакр (р) аз ҷой бархоста ба Оиша ва Умар ба Ҳафса, ки духтаронашон буданд рӯй оварда маломаткунон гуфтанд:

Шумо аз Расули Худо (с) он чиро талаб доред, ки вай онро надорад?

Онҳо гуфтанд:

  • Қасам ба Худо дигар ҳеҷ гоҳе аз Расулуллоҳ (с)  он чизро, ки надорад талаб намекунем. Баъдан Расулуллоҳ (с) як моҳ ё худ бисту нуҳ рӯз аз онҳо канорагирӣ кардаанд, то ин ки ояти зерин ба он ҳазрат нозил шуд:

Сухани Худо:

 Эй Паёмбар, ба занонат бигуй:

Агар хоҳони зиндагии дунё ва зинатҳои он бошед, биёед, то шуморо баҳраманд созам ва ба ваҷҳи неку раҳоятон кунам. Ва агар хоҳони Худову Паёмбари Ӯ ва саройи охират бошед Худо ба некукоронатон подоше бузург хоҳад дод».

(Сураи Аҳзоб, оятҳои 28-29)

Ҷобир гуфт:

Расули Худо (с) пурсишро аз Оиша оғоз карда, гуфтанд:

  • Эй Оиша ман мехоҳам фармонеро ба ту арз намоям, вале мехоҳам, ки дар ҷавоби он шитоб  накунӣ ва аз падару модарат  машварату маслиҳат бипурсӣ.

 Оиша гуфт:

-Он чи гуна амру фармон аст, эй Расулуллоҳ? Пас, ҳазрати Муҳаммад (с) оятҳои фавқро тиловат карданд.

Оиша гуфт:

-Оё дар мавриди ту, эй расули Худо, аз падару модарам маслиҳат пурсам? Ман Худо ва расули Ӯ ва саройи охиратро ихтиёр мекунам ва аз шумо хоҳиш дорам, ки ба ҳамсарони дигаратон интихоби маро хабар надиҳед.

Расулуллоҳ (с)  гуфт:

  • Ҳар касе аз ҳамсаронам ҷавоби туро аз ман пурсон шавад  ҳатман, ба вай хабар медиҳам. Зеро Худо маро машаққатбарангезу хоҳандаи лағжиши дигарон нафиристода, балки  муаллим  ва  роҳнамо фиристодааст.

 (Ин ҳадисро Имом  Муслим ривоят кардааст).

Ин ҳадис далолат бар он аст, ки Паёмбар (с) дар ҳар чизе, ки хайру хубии ҳамсаронаш дар он буд, кӯшиш мекарданд онҳоро ба ҷониби он роҳнамо бошанд. Нисбати онҳо  дилсӯз ва ғамхору ғамгусор буданд ва дар таълими ҳақ касеро  канор намегузоштанд. Аз ҳамин ҷиҳат талаби Оишаро, ки ҷавобашро ба ҳеҷ яке аз дигар ҳамсарон нарасонад, напазируфтанд, зеро ҷавоби Оиша (р) ҷавоби хирадмандона ва ба манфиати азвоҷи мутаҳҳарот буд.

ШАФҚАТУ МЕҲРУБОНИИ ПАЁМБАР (С) НИСБАТ БА ОИША (Р)

Оиша (р) гуфт:

  • Оё барои шумо қиссае аз расули Худо ва худамро бикунам?

Гуфтанд:

  • Оре.

Гуфт:

  • Яке аз шабҳое, ки Паёмбар (с) меҳмонам буд ҳазрат ба наздам баргашту чодарашро гузошт ва пойпушҳояшро  аз по кашид ва дар поёни ҷойи хоб дар назди пойҳояш гузошт ва як тарафи руйпушашро бар ҷойгаҳаш густурд ва якпаҳлӯ хобид. Он миқдор қарор гирифт, ки гумон кард хоби ман бурдааст. Пас, боло шуду оҳиста пойпушҳояшро гирифт ва дарро кушоду берун шуд ва оҳиста дарро баст. Ман либосамро пушида, рӯймоламро ба сарам кардам ва аз пайи он ҳазрат равон шудам. Эшон ба гуристони «Бақиъ» рафта, дуру дароз рост истоданд ва се бор даст бардошта, баргаштанд. Ман ҳам, ки аз эшон дуртар меистодам  баргаштам. Паёмбар (с) каме шитоб кард, ман ҳам шитофтам, давид, ман ҳам давидам. Тезтар давид, ман ҳам суст наомадам.

Ба ҳамин минвол пеш аз эшон ба хона даромада, зуд ба паҳлӯ дароз кашидам. Дере нагузашта, эшон вориди хона шуданд ва  ман, ки  бедор будам бо тааҷҷуб пурсиданд:

  • Ба ту чи шудааст эй Оиша? Чаро зуд-зуд ба мисли шахси давида нафас гирифта истодаӣ?

Гуфтам:

  • Ягон чизи нохуш нашудааст.

Он ҳазрат гуфтанд:

  • Ё маро хабар медиҳӣ ё Худованди меҳрубон ва аз ҳама чиз огоҳ маро хабар хоҳад дод.

Гуфтам:

  • Падару модарам фидоятон, эй расули Худо ва ҳамаи воқеаро аз аввал то охир нақл кардам.

Расулуллоҳ (с)  гуфтанд:

  • Пас, он шахсе, ки пеш-пешам медавид, ту будӣ?

Оиша гуфт:

Оре.

  • Пас навозишкорона бо дасташ ба синаам фишор дод,  ки каме дард ёфтам.

Сипас гуфтанд:

  • Оё ту мепиндорӣ, ки Худо ва расули вай ба ту зулму ҷабр мекунанд?

Оиша  гуфт:

  • Мардум ҳар андоза амалҳояшонро пинҳонтар кунанд, Худо онро медонад.

Расулуллоҳ (с)  гуфт:

  • Ҷабраил ба наздам омада буд.

Пас, маро ҷеғ зад ва  аз  ту пинҳон шуд. Вай ба хонаи ту надаромад,  чунки ту кайҳо ба ҷойгоҳи хоб даромада будӣ ва ман пиндоштам, ки ту хобидаӣ. Пас, нохуш шуморидам, ки бедорат кунам.  Тарсидам, ки ваҳшатзада хоҳӣ шуд.

Пас, Ҷабраил гуфт:

  • Парвардигорат ба ту амр менамояд, ки ба назди аҳли «Бақиъ» биравӣ ва барояшон талаби омӯрзиш намоӣ.

Оиша гуфт:

Ман ҳангоме, ки барои аҳли «Бақиъ» истиғфор хостанӣ шавам, чӣ гуна барояшон истиғфор гӯям?» Паёмбар гуфт:

-Бигӯй, ки Ассалому ало аҳлиддиёри миналмуъминина вал муслимина ва ярҳамуллоҳул мустақдимина минно вал мустаъхирина ва инно иншоаллоҳу бикум лоҳиқун. (Салом бар аҳли диёр, ки муъмину мусулмон буданд ва Худо пешрафтагони мо ва боқимондагонро раҳмат кунад ва мо агар Худо хоҳад, ба шумо хоҳем пайваст).

(Ин ҳадисро Имом муслим ривоят кардааст).

Аз ин ҳадис меҳрубонии Паёмбар (с) нисбат ба Оиша (р) фаҳмида мешавад. Паёмбар нахост, ки ҳамсарашро аз хоби ноз  бедор кунад, аз ин хотир дарро оҳиста кушод ва оҳиста  баст. Тарзе аз таҷриба маълум аст, шахси бедор, шабона, аз танҳоӣ бим мекунад, вале одами хоб танҳоиро ҳис намекунад.

(Шарҳи «Саҳеҳ»-и Муслим с. 46-47, ҷ.7.)

ХУШБӮЙИ МОЛИДАНИ ОИША (Р) ПАЁМБАРРО ВА ШОНА КАРДАНАШ МӮЙИ ОН ҲАЗРАТРО

Аз Оиша (р) ривоят мекунанд, ки гуфт:

  • Дар дасти ман  атри «Зарира» буд ва дар ҳаҷҷатулвадоъ (ҳаҷҷи вопасин) Расули Худоро ҳангоми ҳалол шуданаш (аз маҳзуроти иҳром баъди санг задан ва сарро тарошидан) ва ҳангоми иҳромбандияш хушбӯй намудам.

 (Ин ҳадисро Имом Муслим ривоят кардааст) Боз аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт:

  • Расулуллоҳ (с)  ҳангоме, ки эътикоф менишаст сарашро ба ман наздик меовард  (дар ҳоле, ки Ӯ худ дар масҷид буду ман даруни хуҷраам). Пас, ман сарашро шона мезадам. Ба ғайр аз ҳоҷати инсонӣ дигар барои чизе ҳангоми эътикоф дохили хона намегашт. Дар ривояте бо ин лафз омадааст, ки Оиша сари Расулуллоҳ (с)-ро  шона мекард, ҳол он ки Оиша дар ҳолати ҳайз буду ( дар дохили ҳуҷрааш буд ва он ҳазрат дар масҷид эътикоф нишаста буд. Он ҳазрат сарашро аз дари ҳуҷра, ки дар шафати девори масҷид буд ба Оиша, ки дар ҳуҷрааш буд наздик  месохт ва Ӯ сарашро шона мекард.

(Ривояти Бухориву Муслим)

ҒУСЛ КАРДАНИ ОИША (Р) ҲАМРОҲИ РАСУЛУЛЛОҲ (С) АЗ ЯК ЗАРФИ ОБ

Оиша (р) гуфтааст:

– Ман ва Расулуллоҳ (с)  аз як зарф ғусл мекардем. Зарфро дар байни ҳардуямон гузошта, аз он ҳар кадомамон барои худ об мегирифтем, то он ки мегуфтам:

Барои ман ҳам об бимон. Ба қавли Оиша (р) ғусли ҳарду аз ҷанобат буд.

(Ҳадис бо ривояти Имом Муслим).

НАМОЗ ХОНДАНИ ОН ҲАЗРАТ ДАР БИСТАРЕ, КИ ОИША (Р) БАР ВАЙ ХОБИДА БУД

Оиша (р) гуфтааст:

– Расули Худо намоз мегузориданд. Ман бошам дар миёни вай ва қибла дар ҳолати хоб қарор доштам.

(Ҳадис бо ривояти Бухориву Муслим).

БЕДОР КАРДАНИ ОН ҲАЗРАТ ОИШАРО БАРОИ НАМОЗИ ВИТР

 Оиша (р) мегӯяд:

  Расулуллоҳ (с)  намози шабро мегузорид ва чун витр мехонд мегуфт:

– Эй Оиша бархез ва витрро бигузор!

(Ин ҳадисро Имом Муслим ривоят кардааст)

Боз  Оиша (р) мегӯяд:

Расулуллоҳ (с)  намози шаб мегузорид, ҳол он ки ман дар пеши руйи ӯ хуфта будам. Чун витр боқӣ мемонд он ҳазрат маро бедор мекард ва ман витрро мегузоридам. (Ҳадис бо ривояти Имом Муслим)

СӮҲБАТ КАРДАНИ ОН ҲАЗРАТ БО ОИША, ПАС АЗ СУННАТИ БОМДОД

Оиша (р) мегӯяд:

– Чун Расулуллоҳ (с)  ду ракаъат суннати бомдодро мехонд, агар ман бедор мебудам бо ман сӯҳбат мекард,14 дар ғайри он якпаҳлӯ дароз мекашид.

(Ин ҳадисро Имом Муслим ривоят кардааст).


[1] Барои кашидани Ќуръа масалан, чањор пора коѓазро мегирифтанд ва дар яке аз онњо сафар навишта, боќиро холї мегузоштанд ва ба чањор зан мегуфтанд, то аз онњо якеро интихоб кунанд. Коѓази сафарнавишташуда ба дасти касе, ки меафтид вай сафар мекард.

[2] Бани Арфида -яке аз лаќабњои њабашиён аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.