Хусусиятҳои Оиша (Р)

Ибни Саъд аз Оиша ривоят кардааст, ки гуфт:

– Ман бо даҳ хусусият аз дигар занони Паёмбар (с) бартарӣ дода шудаам:

  1. Расули акрам ба ҷуз ман зани бокирае нагирифта буд;
  2. Ҳеҷ яке аз ҳамсарони он ҳазрат ғайр аз ман падару модари муҳоҷир надоштанд;
  3. Худо аз осмон барои исботи покии ман оятҳо фиристод;
  4. Ҷабраил сурати маро дар дохили порчаи ҳарир барои он ҳазрат (с) овард;
  5. Гуфт: «Инро ба никоҳ дарор, ки ин ҳамсари туст»;
  6. Ман ҳамроҳи он ҳазрат аз як зарф ғусл мекардам ва он ҳазрат ин амалро бо ҳеҷ яке аз ҳамсарони дигараш накарда буд;
  7. Ҳангоми бо ман дар хонаи ман будани он ҳазрат, барояш ваҳй нозил мешуд ва ҳеҷ боре дар вақти бо дигар ҳамсаронаш будан ва дар хонаи онҳо будан барояш ваҳй наомада буд;
  8. Худованд рӯҳи он ҳазратро дар ҳолате қабз фармуд, ки он кас дар бағали ман буданд;
  9. Дар ҳамон шабе фавтид, ки мутобиқ ба навбати ман буд;
  10. Дар хонаи ман гӯронда шуд.

Боз ибни Саъд аз Оиша чунин ривоятеро меорад, ки гуфт:

– Маро хислатҳое дода шуд, ки ба ҳеҷ зане дода нашудааст:

  1. Расулуллоҳ (с)  маро дар ҳафтсолагиам никоҳ кард;
  2. Малоика дар болои дастонаш сурати маро овард пас, расулуллоҳ (с)  онро дид;
  3. Расулуллоҳ (с)  дар нӯҳсолагиам бо ман ҳамбистар шуд;
  4. Ман Ҷабраилро дидаам ва ҳеҷ як зани дигаре вайро надидааст;
  5. Ман дӯстдоштатарин зани он ҳазрат (с)  будам;
  6. Падарам маҳбубтарин ёри Паёмбар буданд;
  7. Расулуллоҳ (с)  бемор шуд ва ман он касро бемордорӣ  кардам;
  8. Қабзи рӯҳ шудани он ҳазратро ба ғайри ману фариштагон касе аз махлуқот надид.

(Аз китоби «Субулалҳудо варрашод», с. 187,ҷ.11.)

ҒАЙРАТИ  (РАШКИ)  ОИША БА ХОТИРИ РАСУЛУЛЛОҲ (С)

Оиша мегӯяд:

  • Расули акрам шабона аз наздам  берун рафтанд.

Пас, ман аз рашк пешонӣ гирондам. Он ҳазрат омада ин ҳоли манро диду гуфт:

  • Оё шайтонат ба наздат омад?

Гуфтам:

  • Эй расули Худо, оё ҳамроҳи ман низ шайтон вуҷуд дорад?

Гуфт:

  • Оре.

Гуфтам:

  • Ҳамроҳи шумо ҳам, ё Расулуллоҳ (с)?

Гуфт:

  • Оре, лекин Парвардигорам маро бар зидди вай ёрӣ кард, то он ки ислом овард.

 (Ин ҳадис бо  ривояти Муслим)

ПАДАРУ МОДАРАМ ФИДОИ ТУ БОД!

 Аз Оиша ривоят аст, ки гуфт:

  • Шабе расули Худоро надидаму гумон кардам, ки маро гузошта ба назди ягон ҳамсари дигараш рафтааст. Пас, ҷустуҷӯ карда бинам, ки он кас дар рукӯъ ё саҷда чунин гуфта истодаанд:
  • Субҳонака ва биҳамдика ло илоҳа илло анта.

Пас, гуфтам:

  • Падару модарам фидоят, эй расули Худо, ман кимчӣ фикрҳо кардаму ту бошӣ, дар  ибодат қарор дорӣ.

(Ин ҳадис бо ривояти Имом Муслим ва Насоӣ).

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.