ФУРУД ОМАДАНИ ВАҲЙИ ОСМОНӢ БАРОИ ИСБОТИ ПОКИИ ОИША

Яке аз бузургтарин фазилатҳои Оиша (р) ин аст, ки Худованд дар бораи вай дар Қуръон ояҳое фиристод, ки он то барпошавии қиёмат хонда мешавад. Дар он ояҳо Аллоҳи зул ҷалоли вал-икром покии Оишаро ало рағми гуфтаҳои тӯҳматчиёну бӯҳтонгарон исбот кард. Пас маълум шуд, ки он чӣ дар бораи Оиша гуфтанд ҳама тӯҳмату дурӯғ будааст.

Сухани Худо:

 Онҳое, ки он дурӯғи бузургеро сохтаву бофтанд гурӯҳе аз шумоянд. Мапиндоред, ки барои шумо дар он шарре (бадӣ) буд, балки он барои шумо хайр буд. Ҳар яке  аз онҳо он касе, ки бештарини ин бӯҳтонро ба ӯҳда дорад ба азобе бузург гирифтор мешавад.

Чаро ҳангоме, ки он бӯҳтонро шунидед мардон ва занони муъмин ба худ гумони нек набурданд ва нагуфтанд, ки ин тӯҳмати ошкор аст. Чаро чаҳор шоҳид бар иддаои худ наёварданд? Пас агар шоҳидоне наёварданд дар назди Худо дар зумраи дурӯғгӯёнанд.  Агар фазл ва раҳмати Худо дар дунёву охират бар шумо намебуд ба сазои он суханоне, ки гуфтед шуморо азоби бузург мерасид.

Он гоҳ, ки он суханро аз даҳони якдигар мегирифтед ва чизе ба забон мерондед, ки дар бораи он ҳеҷ чиз намедонистед ва гумон доштед, ки коре хурд аст ва ҳол он, ки назди Худо коре (дорои гуноҳи) азим буд. Чаро онгоҳ, ки ин суханро шунидед нагуфтед:

Моро нашояд, ки онро бозгӯем.  Парвардигоро, Ту муназзаҳӣ ин (сухан, ки дар бораи Оиша мегӯянд) тӯҳмати бузург аст. Худо шуморо панд медиҳад, ки агар мӯъмин ҳастед дигар гирди чунин коре нагардед. Худо оятро барои шумо баён мекунад ва Худо доно ва ҳаким аст. Барои касоне, ки дӯст медоранд тӯҳмати зино дар бораи мӯъминон паҳн шавад дар дунё ва охират азоби дардовар муҳаёст. Худо медонад ва шумо намедонед. Чӣ мешуд агар фазл ва раҳмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст намебуд? Ва  ба дурустӣ, Худо меҳрубону бахшоянда аст.

(Сураи Нур, ояҳои 11- 20)

Биёед, Оишаро бигзорем, то ин қиссаро бо тамоми муҳтавиёташ бо диққат барои мо нақл кунад.

Оиша (р) мегӯяд:

  • Чун Расули Худо (с) омодаи сафар мешуд дар миёни занонаш қуръа меандохт ва бо номи ҳар кадоме, ки қуръа мебаромад, Паёмбар(с) вайро ҳамроҳи худ мебурд.

Оиша (р) мегӯяд:

  • Дар яке аз ғазваҳо Расулуллоҳ (с) миёни ҳамсаронаш қуръа андохтанду қуръа ба номи ман омад.

Пас, ҳамроҳи он ҳазрат (с) ба сафар баромадем. Ин ҳодиса пас аз нузули ояти ҳиҷоб буд. Ман дар дохили каҷоваам мерафтам ва дар ҷойҳое, ки дар аснои сафар меистодем, мефуромадам. Чун Расули акрам (с) ғазваи худро анҷом дода, баргаштанд мо ба Мадина наздик шудем. Шабе,баъд аз истироҳат, хабар карданд, ки кучу боратонро бандед, ки ба роҳ мебароем. Ҳамин ҳолат ман барои қазои ҳоҷат аз урдугоҳ дур рафтаму баъди қазои ҳоҷат ба назди кӯчи худ омада бинам, мӯҳраи гарданам кандааст. Боз гаштаму ба ҷустуҷӯи гарданбандам машғул шудам. Ҷустуҷӯи он маро машғул сохт ва он гурӯҳе, ки ба бору банди ман вобаста буданд, каҷоваи маро бар уштурам бардошта бастанд ва хаёл карданд, ки ман дар дохили каҷоваам.

Оиша  дар идомаи суханаш афзуд:

  • Занҳо он вақт сабук буданд, фарбеҳу сергушт набуданд, зеро хуроки кам мехурданд. Пас, чун онҳо каҷоваи маро бастанд, парвои сабукию вазниниро накарданд, зеро ман духтари ҷавон будам. Онҳо уштурро ба роҳ даровардарафтанд. Ман мӯҳраи гарданамро пас аз рафтани аскарон ёфтаму ба ҷои пешина омада дидам, ки аз онҳо дараке нест. Пас, дар ҳамон ҷое, ки пештар бору бандам буд, истодаму гумон кардам, ки қавм ба ҷустуҷӯи ман хоҳанд омад. Нишастаму хоб бар ман ғолиб омад. Сафвон ибни Муттали Суламӣ дар ақибгоҳи лашкар аввали шаб хобида будааст ва охири шаб ба ҷониби Мадина роҳсипор шудааст. Ҳангоми субҳ вай ба бошишгоҳи ман  расиду сиёҳии инсонро дида, наздик омад. Чун маро бидид шинохт, зеро пеш аз фарзияти ҳиҷоб маро дида буд. Ӯ чун маро дид:

«Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун» гуфт. Аз садои вай ман аз хоб бедор шудам ва бо чодари худ руйямро пушонидам. Савганд ба Худо, вай  бо ман  гап назад ва ба ғайр аз сухани аввалинаш, дигар сухане нагуфта, уштурашро хобонд ва бо дасташ ишора карду ман ба уштур  савор шудам. Вай ресмони уштурро гирифта, пеш-пеш  роҳ мерафт, то он,  ки ба лашкар расидем, зеро онҳо аз сахтии гармои пешин фурӯд омада буданд. Сарварии тӯҳматгаронро Абдуллоҳ ибни Убай ва Ибни Салули  мунофиқ ба ӯҳда дошт. Чун ба Маддина расидем, ман як  моҳ бемор шудам. Ҳама мардум дар тӯҳмати дурӯғбофон фурӯ рафта буданду ман бехабар. Ман он нармию лутф  ва  меҳрубоние, ки расули Худо(с) ҳангоми бемориҳоям бо ман мекард, ин дафъа эҳсос накардам. Аз ин рӯ ман дар тааҷҷуб мондам.

Танҳо даромада «Чӣ тавр ҳастанд?» мегуфт:

  • Ва ман гумону шубҳа мекардам, вале асли ҳодисаро эҳсос наменамудам. Пас аз он, ки каме сиҳат ёфтам, ҳамроҳи Умми Мистаҳ ба тарафи мавзеи қазои ҳоҷат равон шудем. Мо танҳо аз ин шаб ба он шаб ба он ҷо мерафтем. Ин пеш аз он буд, ки дар наздики хонаҳоямон ҳоҷатхона бисозем. Одати мо монанди арабҳои аввалин буд, ки  барои қазои ҳоҷат саҳро мерафтем ва дар наздики хона хоҷатхонаҳо надоштем. Хулоса ману модари Мистаҳ роҳ мерафтем, ки ногоҳ вай дар чодари пашмини худ дар монда, қариб меафтид ва дар ҳамин ҳоли саросемагӣ гуфт:
  • Мистаҳ ҳалок шавад.

Оиша мегӯяд:

 Ман ба вай гуфтам:

  • Оё ту мардеро, ки дар ҷанги Бадр иштирок кардааст, дашном медиҳӣ?

Умми Мистаҳ гуфт:

  • Эй зани нодон! Оё ту намедонӣ, ки вай дар ҳаққи ту чӣ гуфтааст?

Гуфтам:

  • Чӣ ҳам мегуфт?

 Умми Мистаҳ бехабар будани маро фаҳмида, гапу калочаи тӯҳматчиёнро ба ман нақл карда дод. Баъд аз шунидани ин суханон, бемориям шиддат гирифт. Ба хона баргаштам.

Чун Расулуллоҳ (с)  ин дафъа дохили хона шуду салом дод ва «Чӣ тавр ҳастанд?» гуфт:

Ман гуфтам:

  • Оё ба ман иҷозат медиҳед, ки ба хонаи падару модарам равам?

Оиша мегӯяд:

  • Ман мехостам ин воқеаро ба таври аниқ аз онҳо бифаҳмам.

Расулуллоҳ(с)  ба ман иҷозат доду ман ба хонаи падару модарам рафтам ва ба модарам гуфтам:

  • Модарҷон мардум чиҳо мегӯянд?

 Модарам гуфт:

  • Духтаракам! Худатро ба даст гир. Савганд ба  Худо ҳар зане, ки зебо бошад ва шавҳараш вайро дӯст дорад ва ғайр аз ӯ занҳоидигар дошта бошад, ҳатман, дар ҳаққи вай бисёр чизҳо мегӯянд.

Оиша  мегӯяд:

  • Субҳоналлоҳ! Оё мардум  аллакай чунин суханони дурӯғро дар ҳаққи ман гуфтанд?

Оиша мегӯяд:

  • Ман он шаб то саҳар хоб нарафта, беист гиристам. Субҳ дамид, вале ашки чашмонам намехушкид. Ба Расули Худо (с), доир ба ин масъала ваҳй дер боз наёмад, Алӣ ибни Абутолиб ва Усома ибни Зайдро даъват кард, то бо онҳо маслиҳат кунад, ки оё аз ҳамсараш ҷудо шавад ё не.

Оиша мегӯяд:

  • Усома ибни Зайд мувофиқи он чӣ аз покии хонадони Расулуллоҳ (с) медонист  ва муҳаббате, ки ба онҳо дошт маслиҳат дода гуфт, ки эй расули Худо, онҳо аҳли хонадони ту ҳастанд, ман ба ҷуз хубию покию покдоманӣ чизе дар бораи онҳо намедонам. Аммо Алӣ ибни Абутолиб чунин гуфт:
  • Худованд  барои ту маҳдудият наофаридааст. Ғайри Оиша занҳо бисёранд ва агар духтаракеро, ки ҳамеша ҳамроҳи Оиша аст бипурсӣ росташро бароят хоҳад гуфт. Оиша мегӯяд:

Пас Расулуллоҳ(с)  Барираро даъват карда гуфт:

  • Оё ту ягон ҳаракати ноҷоеро аз Оиша дидаӣ, ки туро дар шубҳа андозад?

Барира дар ҷавоб гуфт, ки қасам ба зоте, ки туро барҳақ фиристод, ман аз вай ягон кореро надидаам, ки ӯро айбдор намоям. Он айбе, ки мепурсед, дар Оиша вуҷуд надорад, фақат ҳамин қадар, ки ӯ духтари ҷавон аст ва дар назди хамири хонавода агар хобаш барад ва мурғҳо хамирро канда баранд, азхоб бедор намешавад, ки ин одати бисёре аздухтарон аст ва ба ин намешавад духтарро айбдор кард.

Оиша мегӯяд:

  • Пас, Расулуллоҳ (с)  болои минбар баромад, то бар зидди Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салули мунофиқ ёридиҳанда бихоҳад. Ба ин хотир ҳазрат болои  минбар баромада гуфт:
  • Эй ҷамоаи мусалмонон! Кӣ маро ёрӣ медиҳад бар зидди марде, ки озору азиятҳои вай ба аҳли хонадони ман расидааст? Ман аз аҳли хонадони худ ба ҷуз некӣ чизи дигареро намедонам.

Ва ин ашхоси тӯҳматчӣ мардеро бо Оиша тӯҳмат мебанданд, ки ман аз он мард ҷуз хайру хубӣ надидаам ва ба хонадонам танҳо ҳамроҳи худам дохил мешавад. Пас, Саъд ибни Муъози Ансорӣ аз ҷой баланд шуд ва чунин  гуфт:

  • Ман шуморо ёрӣ хоҳам кард. Агар аз қабилаи Авс бошад, гарданашро мезанем ва агар аз бародарони Хазраҷии мо бошад, пас ҳар чӣ ту фармоӣ ,ҳамон гуна мекунем.  Саъд ибни Убода аз ҷояш бархоста, гуфт:
  • Қасам ба Худо дурӯғ гуфтӣ. Ту вайро намекушӣ ва қудрати куштан ҳам надорӣ. Саъд ибни Убода марди солеҳе буд, лекин ғазаб ақлашро тира сохт. Вай яке аз бузургони Хазраҷ ба шумор мерафт. Писари  амаки  Саъд ибни Муъоз-Усайд ибни Ҳузайр хест ва ба Саъд ибни Убода гуфт:
  • Қасам ба Худо, ту дурӯғ гуфтӣ, мо тӯҳматчиро хоҳем кушт. Ту аз ин ҷиҳат вайро пуштибонӣ карда истодаӣ, ки ту мунофиқӣ ва аз мунофиқон пуштибонӣ мекунӣ. Қабилаи Авсу Хазраҷ ба ҳам шӯриданд, ҳатто наздик буд ба куштор даст бизананд. Вале расули Худо, ки болои минбар  буд,  онҳоро ором сохт. Ҳамаитоаткорона сукут карданд.

Оиша(р) мегӯяд:

  • Ман он рӯз ва шаби ояндааш мижа таҳ накардам. Аз  гиряи зиёд ашки чашмонам хушкид. Дар ҳамин ҳол будам, ки зане аз ансор иҷозати духул пурсид. Ман ба вай иҷозат додам. Вай даромаду нишаст ва ҳоли маро дида ба гиря омад. Оиша мегӯяд:
  • Дар ҳамин ҳолат Расулуллоҳ (с) дохил шуду салом дода нишаст.  Аз замоне, ки маро тӯҳмат карданд то ба ин вақт Расулуллоҳ (с) дар назди ман нанишаста буд. Як моҳ гузашт, аммо дар бораи ман ваҳй нозил нашуд. Оиша мегӯяд:
  • Расулуллоҳ (с) пас аз нишастанашон калимаи шаҳодат гуфта, баъдан фармуданд:
  • Аммо баъд,  эй Оиша, ба ман дар ҳаққи ту чунин гапҳо расидааст. Агар ту пок бошӣ, албатта, Худо покии туро хоҳад маълум сохт ва агар, мабодо, гуноҳе карда бошӣ аз Худо мағфират бихоҳ ва ба сӯи ӯ тавба намо зеро банда чун ба гуноҳи худ иқрор шуда, тавба кунад Худованд тавбаашро мепазирад. Чун Расулуллоҳ (с) суханашро ба поён расонд аз таъсири ин суханон хостам бигирям, вале дар чашмонам оби дидаро пайдо накардам.

Ба падарам гуфтам:

  • Аз ҷониби ман ба суханони гуфтаи расули Худо ҷавоб бидеҳ.

Падарам гуфт:

  • Қасам ба Худо, ман намедонам ба Расулуллоҳ (с) чӣ бигӯям.

Ба модарам гуфтам:

  • Аз ҷониби ман ба расули Худо посух бидеҳ.

Модарам гуфт:

  • Савганд ба Худо, ман ҳам намедонам ба Расули Худо чӣ бигӯям.

Пас, ман гуфтам:

  • Ҳарчанд ман ҷавонам ва Қуръонро бисёр наомӯхтаам, бо вуҷуди ин посух медиҳам ва мегӯям:
  • Қасам ба Худо, ман намедонистам, ки шумо ин суханро, ки тӯҳмате беш нест шунидаед ва дар дилатон ҷой гирифтаасту онро бовар кардаед. Агар ман бигӯям, ки ман пок ҳастам ва Худо худаш медонад, ки ман пок ҳастам, аммо шумо маро бовар намекунед ва агар ман эътироф кунам ва бардурӯғ иқрор намоям, ки ин ҷиноятро кардаам, ҳол он ки Худо медонад, ки ман пок ҳастам, шумо инро бовар хоҳед кард.

 Қасам ба Худо, масале беҳтар барои худам ва шумо аз масали падари Юсуфро намедонам, ки гуфта буд:

«Фасабрун ҷамил; валлоҳу-л-мустаону ало мо тасифун»

 Яъне, акнун барои ман сабри ҷамил беҳтар аст ва Худост, ки дар ин бора аз ӯ ёрӣ бояд хост.

(Сураи Юсуф, ояи 18)

Оиша мегӯяд:

  • Пас аз ин ба ҷониби дигар гашта, болои бистарам хобидам. Қасам ба Худо, он вақт медонистам, ки ман пок ҳастам ва албатта, Худо покии маро исбот мекунад. Лекин қасам ба Худо, гумон надоштам, ки дар бораи покии ман ваҳйи осмонӣ ва оятҳои Қуръонии тиловатшаванда нозил шавад. Ман худамро пасттар ва поёнтар аз ин меҳисобидам, ки Худованд дар бораи ман сухане гӯяд, ки тиловат карда мешавад. Ман чунин умед доштам, ки Расули Худо (с) хобе бинанду Худо дар он хоб покии маро ба он кас маълум созад.

Оиша мегӯяд:

  • Қасам ба Худо, Расули Худо ҳоло он маҷлисро тарк накарда буд ва касе аз аҳли хонадон набаромада буд, ки Худованд ба Паёмбараш ваҳй нозил кард ва он сахтию сангинӣ, ки ҳангоми ваҳй Расулуллоҳро  фишор медод ӯро фаро гирифт. Дар ҳолати ваҳй ҳангоми зимистон ҳам аз вазнинии қабули ваҳй арақ аз рӯи муборак мисли донаҳои марворид берун омадан мегирифтанд.

Оиша мегӯяд:

  • Чун ваҳй поён ёфт ва он ҳолат аз Расулуллоҳ(с) дур шуд, он ҳазрат табассум кард. Аввалин ҳарфе зад, ин буд, ки «Бароят муждаю хушхабар аст, эй Оиша!

Хушхабар ин ки, Худо покии туро ошкор кард».

Модарам ба ман гуфт:

  • Ба хотири Расулуллоҳро хидмат кардан аз ҷой бархез ва он касро ташаккур бигӯ.

Ман гуфтам:

  • Ғайр аз Худо касеро ҳамду ситоиш ва шукру сипос намегӯям, зеро Аллоҳ буд, ки покии маро тавассути ваҳй собит сохт.

Оиша мегӯяд:

  • Худо ин оятҳоро фиристод, ки «Инналазина ҷоу бил-ифки усбатумминкум»  Худо дар ана ҳамин оятҳо покии маро таввасути ваҳй собит кард. Ҳазрати Абубакр (р) хонадони Мистаҳро, ки хешу табораш буда ва нодор буданд, аз хӯрокаву либос таъмин мекард ва тамоми хароҷоти онҳоро бар дӯш дошт. Пас, чун Мистаҳ бо вуҷуди ин ҳама дар сафи касоне қарор гирифт, ки Оишаро тӯҳмат заданд, Абубакр гуфтанд, ки дигар ба Мистаҳ чизе нахоҳам дод. Пас, Худованд ин оятро нозил кард.

      Сухани худо:

Тавонгарон ва онҳое, ки кушоише дар кори онҳост набояд савганд бихуранд, ки ба хешовандон ва мискинон ва муҳоҷирони дар роҳи Худо чизе нахоҳанд дод. Бояд бибахшанду, бибахшоянд. Оё намехоҳед, ки Худо шуморо биомурзад? Ва Худост омӯрзандаи меҳрубон.

(Сураи Нур, ояи 22)

 Пас аз нузули оят Абубакр гуфт:

  • Қасам ба Худо, ман мехоҳам, ки Худо маро биомӯрзад.

Пас, мисли пештара ба таъминоти хонадони Мистаҳ пардохт ва гуфт:

  • Ҳеҷ гоҳ ин хароҷотро аз вай боз нахоҳам дошт.

Оиша мегӯяд:

  • Пеш аз нузули оятҳо расули Худо аз ҳамсарашон Зайнаб бинти Ҷаҳш дар бораи ман пурсида буд, ки оё дар бораи вай чизе намедонӣ ё надидаӣ?

Зайнаб гуфтааст:

  • Эй Расули Худо, ман гушу чашмамро нигоҳ медорам ва чизе, ки нашунидаву надидаам намегӯям.  Қасам ба Худо, ман дар бораи Оиша ба ғайр аз хубӣ чизе намедонам.

Оиша мегӯяд:

  • Зайнаб дар миёни ҳамсарони он ҳазрат ягона касе буд, ки дар зебогию шараф ва манзалату мартаба бо ман муқобилат ва муфохарат ва баробарӣ мекард, аммо чун зани парҳезкору порсо буд, Худо нигоҳаш дошту нахост ба тӯҳмат маро шикаст диҳад. Хоҳари Зайнаб муқобилат карда, бо тӯҳматчиён ҳамроҳ шуда буд. Пас дар зумраи ононе даромад, ки дар ин воқеа ба гуноҳи бузурге мубтало шуданд.

 (Инро Бухориву Муслим ривоят кардаанд).

Ҳассон аз ин ҳадис гуфт:

Зане пок зи гумону аз шубҳаҳо, Барӣ аз зинову ҳаме порсо. Ба ақлу хирад беназир, устувор, Басе дур аз ғайбати ногувор.

Варо покиву зӯҳд бадон даргаҳ аст, Ки Аллоҳ покаш бигуфт в-ин бас аст.

Мегӯянд, ки  Ҳассон ибни Собит (р)15 низ аз касоне будааст, ки дар аввал сухани аҳли тӯҳматро ҳамроҳӣ кардааст ва баъдан аз ин кори худ пушаймон шудааст. Ҳазрати Оишаро, Худо аз вай розӣ бод,  Худо аз ҳар бадӣ ва зиштӣ покаш сохтааст, агар касе Ҳассонро дар наздаш дашном медод,  нороҳат шуда мегуфт:

– Ҳассон буд, ки  Расулуллоҳ (с)-ро  ҳимоят карда гуфтааст: Падарам, падараш  ва обрӯям фидои нигаҳбони обрӯи Муҳаммад (с).

test

Добавить комментарий